ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМИНАИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 19/12/2025 - 14:50
     Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  Пшвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамгироии Тоҷикистонро ба кишварҳои олам дар меҳвари асосӣ қарор дода, таъкид намуданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”. Сарвари давлати мо ҳамчун ташаббускори масоили ҷаҳонӣ аз минбари бонуфузи СММ ҷомеаи ҷаҳониро аз паёмадҳои даҳшатбори терроризму экстремизм ҳушдор намуда, ҳамагонро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ даъват намуданд.
     Дар шароити муосири ҷаҳон, ки таҳдидҳои амниятӣ ҳамеша дар ҳоли таҳаввул ва густаришанд, муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатҳо ба шумор меравад.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳои худро дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ пайваста тақвият дода, бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин замина ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.
     Терроризм яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он уҳдадории ҳар як инсони комил мебошад.
     Яке аз қадамҳои муҳими сиёсати давлатӣ таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, №187 ба тасвиб расид, ки муборизаи дастаҷаъмонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро бар зидди ин падидаи хатарнок тақозо менамояд.
     Ин Стратегия идомаи мантиқии талошҳои қаблии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм аст, ки дар доираи Стратегияи миллии солҳои 2016-2020 оғоз шуда буд. Он бо мақсади муттаҳидсозии неруҳои мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таҳия шуда, ба таҳкими субот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз радикализатсия нигаронида шудааст. Стратегия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" аз 2 январи соли 2020, № 1655 ва "Дар бораи муқовимат ба терроризм" аз 23 декабри соли 2021, №1808, инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таҳия гардидааст.
     Аҳамияти ин санад дар он аст, ки он на танҳо ба пешгирӣ ва муқовимат бо хатарҳои мавҷуда равона шудааст, балки барои бартараф кардани сабабҳои аслии экстремизм ва терроризм чораҳои фарогирро пешбинӣ мекунад. Ин чораҳо аз таҳкими маърифати динӣ ва сиёсӣ то беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва ҳамкории байналмилалиро дар бар мегиранд.
     Бояд зикр намуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” мафҳуми экстремизм чунин шаҳр ёфтааст: “экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зуроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст”. Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» мафҳуми терроризмро чунин муайян менамояд: “терроризм – ин мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад”.
     Замони муосир моро водор месозад, ки тамоми кӯшишҳоямонро бар зидди ин амалҳои номатлуб равона намоем. Зеро, терроризм тули солҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёдеро аз худ боқӣ мондааст ва монеи инкишофи озодонаи ҷомеаи ором гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳони имрӯза гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ ба ҳам муттаҳид кардааст: аввалан онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст кардани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида, баъдан ин амалҳо ва ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоварад. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кишварҳои дунё ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.
     Ҳамин тавр, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
 
Исмоилӣ Ифтихор Исроил
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ
                                                                  
Паҳлавонов Сулаймон Каримович
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ
 оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)