ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН - ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ ҶОМЕАИ АМН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 14/03/2026 - 15:15
     Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият ҳамчун рукни асосии Конститутсионӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин ҳама, савдои  одамон дар шаклҳои гуногуни зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) бо ин гуна ҷиноятҳои  муташаккили фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳони рӯ ба рӯ мешавад. Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.
     Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд [1].
      Дар ҷараёни амалишавии ҳуқуқҳои зикршуда, дар баробари терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад.
     Савдои одамон хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад [2] фаҳмида мешавад.
     Сабабҳои асосии савдои одамон аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, ноустувории вазъи оилавӣ, молиявӣ ва осебпазирии иҷтимоии шахс ба шумор меравад. Савдои одамон ин яке аз поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ки дар он ҷинояткор аз ҳолати ноилоҷии ҷабрдида истифода бурда, ӯро ба «мол» табдил  медиҳад.  Гуруҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда ҳадафи нопокии худро амалӣ менамоянд. Аз рӯи баҳодиҳии созмони Anti Slavery Internation дар ҷаҳон зиёда аз 27 милион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд [3].
      Бо назардошти муҳимияти масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат бо ин падида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26-уми июли соли 2014, №1096 қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.
     Дар баробари Қонуни болозикр дар ин раванд бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чор марҳила (солҳои 2016-2018, 2029-2021, 2022-2024, 2025-2027) Нақшаи милли муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст [4].
     Нақшаҳои мазкур вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба савдои одамон, ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
     Ҳадафи санадҳои зикршуда ҳифзи ҳуқуқҳои одамон ва густариши ҳамкории вазорату идораҳо вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифати дар байни аҳолӣ аз ҷумла ноболиғон ҷавонон, заноно, муҳоҷирони меҳанатӣ бо мақсади огоҳонидани шаҳрвандон вобаста ба оқибатҳои савдои одамон ва нашри маводҳо дар телевизион ва радио, ташкил ва гузаронидани тренингҳо вобаста ба ин масъала, муттаҳид намудани фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо дигар вазорату идораҳо, мубориза бо коруппсия, ки ба савдои одамон мусоидат мекунад, таҳкими назорати сарҳадӣ ва низоми шиносномадиҳӣ, таъсиси марказҳо барои ҷабрдидангон, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва равонии ройгон, кафолати амнияти ҷабрдидагон, такмили маҳорати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкор кардани ҷиноятҳо муташаккилона ва ғайраҳо мебошад.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи муқовимат ба савдои одамон ҳамчун маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ аз ҷониби субъектҳои пешгирикунанда низ таваҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
     Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, инҳо мебошанд:
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
     Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат ба савдои одамон пайвста тадбирҳои судманду саривақтӣ андешида ҳамчун узви фаъолу комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили савдои одамон ва истифодаи онҳо барои фоҳишагӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2000), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромилӣ (соли 2000) ва санадҳои дигари аҳамияти ҳуқуқидоштаи байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қонунгузории миллиро дар ин самт пурзур намуда, барои ҳифзи шаҳрвандон, бахусус, кӯдакону занон аз зуроварӣ, таҳқир ва дигар рафтори ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ тадбирҳо меандешад. 
     Инчунин, бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозӣ фаъолияти ҷабрдидагон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2023 Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ташкил гардид.
     Комиссияи байниидоравӣ мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ташкили ҳамкории онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шудааст.
     Комиссияи байниидоравӣ ваколатҳои ҳамоҳангсозандаи миллиро дар самти муқовимат ба савдои одамон иҷро менамояд [5].
     Дар баробари ҳамаи инҳо ҳоло, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.
     Бояд қайд намуд, ки қонунгузор вобаста ба муқовимат ба савдои одамон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
Чуноне, ки дар моддаи 130 (1) гуфта шудааст:
      Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол, аз ҳашт то дувоздаҳ сол, аз дувоздаҳ то понздаҳ сол, ҷазо дода мешавад.
     Ҳаминтавр боз бо дига моддаҳо, масалан моддаи 167 (Савдои кӯдакон), моддаи 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), моддаи 335(1) ( Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон), моддаи 335(2) (Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ), моддаи 339 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр), моддаи 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), моддаи 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он), моддаи 352 (Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё тарҷума кардан) банду баст гардида вобаста ба дараҷаи зарар ё таҳдид ҷазоҳои мувофиқро пешбинӣ менамояд [6].
     Таҳлили масъалаҳои зикршуда нишон медиҳад, ки савдои одамон ҳамчун ҷинояти муташаккили фаромиллӣ ба асосҳои конститутсионии давлатдорӣ ва ҳуқуқҳои фитрии инсон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
    Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ҷиҳати муқовимат ба ин кирдори ношоям пешниҳод мекунам, ки ҷорӣ намудани «ID-корти рақамии муҳоҷири бехатар» (Blockchain-based ID) ба роҳ монда шавад.
     ​То имрӯз мушкили асосӣ дар он аст, ки ҷинояткорон шиносномаи қурбониёнро мегиранд ва онҳоро бе ҳуҷҷат мегузоранд.
     ​Вобаста ба ин  таҳияи як замимаи мобилии давлатӣ (ё ID-корти дорои чипи махсус), ки бо технологияи Блокчейн (Blockchain) ҳифз шудааст лозим аст. Ҳар як шаҳрванде, ки ба хориҷа меравад, дар ин низом ба қайд гирифта шавад. Агар шиносномаашро зӯран гиранд ҳам, ҳуҷҷатҳои электронии вай дар "абр" (cloud) боқӣ мемонад. Дар замима тугмаи "SOS" ҳатто бе интернет (тавассути сигнал ё SMS-и рамзӣ) макони ҷойгиршавии қурбонӣ ба Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
 
           

 ОДИНАЗОДА ФАРИДА ШАМСУЛЛО

муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
Руйхати адабиётҳои истифодашуда:
 
  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2026);
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз аз 26-уми июли соли 2014, №1096// Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 12.03.2026);
  3. Дарси омӯзиши дар мавзуи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, Манбаи дастрасӣ: https://cs.gov.tj/muқovimat-ba-savdoi-odamon/ (санаи муроҷиат: 12.03.2026);
  4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи милли муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27-уми июли соли 2026, №326, 1-уми марти соли 2029, №80, 26-уми феврали соли 2022, 55, 24-уми июли соли 2025, 403 «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2026);
  5. Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон аз 2-юми марти соли 2023, №84 «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2026);
  6. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, №574 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2026).
 
 
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)