ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ИПОТЕКА: ТАҲҚИҚОТИ НАЗАРИЯВӢ ҲУҚУҚӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 14/04/2026 - 10:08
     Дар шароити муосири рушди иқтисоди бозорӣ ипотека ҳамчун яке аз механизмҳои асосии ҳуқуқии таъмини уҳдадориҳо баромад намуда, дар соҳаи қарздиҳӣ ва гардиши молу мулки ғайриманқул нақши муҳим мебозад. Мафҳум ва моҳияти ипотека хусусияти мураккаб ва бисёрҷанба дошта, масъалаҳои ҳуқуқи маданӣ ва ва молиявию иқтисодиро дар бар мегирад. Омӯзиши ҷанбаҳои мазкур имкон медиҳад, ки хусусиятҳои табиати ҳуқуқии ипотека, вазифаҳо ва аҳамияти он дар низоми таъмини устувории муносибатҳои молумулкӣ муайян карда шаванд. Дар асоси ташаккули равиши муосир нисбат ба истифодаи қарздиҳии ипотекӣ ҳамчун воситаи таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи сохтмон, зарур шумурда мешавад, ки эволютсияи меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои ипотекиро дар маҷмӯъ танзим менамоянд ва аз объекти мушаххаси гарав вобаста нестанд, мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Маҳз ҳамин меъёрҳо заминаи асосии ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ки дар асоси онҳо таърихан танзими намудҳои алоҳидаи ипотека, аз ҷумла қарздиҳии ипотекӣ ҳамчун яке аз шаклҳои калидии он, ташаккул ёфта, то имрӯз рушд ёфта истодааст.
     Калимаи «hypotheke» дар юнони қадим пайдо шудааст. Соли 594 пеш аз милод роҳбари ҳукумати Афина Солон ба ҷойи масъулияти шахсии қарздор дар уҳдадориҳои қарзӣ масъулияти молумулкиро ҷорӣ намуд [1, c. 17]. Ин навоварӣ дар он зоҳир мегардид, ки дар сурати барнагардонидани маблағи қарзӣ, қарздиҳанда метавонист талаботи худро аз ҳисоби молу мулки муайяни қарздор қонеъ гардонад. Баъдтар чунин тартиб муқаррар гардид, ки бори гарони амволи қарздор (дар ибтидо он танҳо ба замин дахл дошт) ҳамзамон бо бастани шартномаи қарз, дар асоси тартиби шартномавӣ, муайян карда шавад. Дар сурати мавҷуд будани созишнома, ки тибқи он барои таъмини баргардонидани қарз қисми муайяни замин пешбинӣ мегардид, санге бо навиштаҷот дар бораи мавҷудияти қарз гузошта мешуд, ки дар он замин, маблағи қарз ва муҳлати баргардонидани он нишон дода мешуд. Маҳз ҳамин санг номи «hypotheke»-ро гирифт, ки дар тарҷума аз забони юнонӣ маънои «такягоҳ», «поягоҳ»-ро онро дорад [2, c. 22].
     Ш.К. Ғаюров қайд менамояд, ки ташаккул ва рушди устувори низоми самараноки қарздиҳии ипотекӣ метавонад ҳамчун омили муҳими ҷалби захираҳои молиявии дарозмуддат, ҳам аз ҳисоби сармоягузорони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояд. Ба андешаи ӯ, ин раванд, дар навбати худ, ба ҳалли масъалаи манзилии аҳолӣ мусоидат намуда, боиси фаъол гардидани бозори амволи ғайриманқул, ҳавасмандгардонии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бахши хизматрасониҳои молиявӣ мегардад, инчунин дар маҷмӯъ ба динамикаи рушди иқтисодии кишвар таъсири мусбат мерасонад [3, с. 43].
     Таҳлили равишҳои илмӣ нисбат ба шарҳи моҳияти истилоҳи «ипотека» имкон медиҳад ба чунин хулоса омад, ки дар баррасии ин мафҳум равиши ягона вуҷуд дорад.
     Мафҳуми «ипотека» дар адабиёти илмӣ аз мавқеъҳои гуногуни назариявӣ ва амалӣ шарҳ дода мешавад. Дар доираи равиши таъминоти молиявӣ он ҳамчун шакли қарздиҳӣ баррасӣ мегардад, ки дар он уҳдадорӣ бо гарави амволи истиқоматӣ, қитъаҳои замин ва дигар объектҳои молу мулки ғайриманқул таъмин карда мешавад [4, c. 65]. Аз нуқтаи назари воситаҳои молиявӣ ипотека ҳамчун унсури механизми молиявию қарзӣ баромад намуда, дар низоми бозтақсимкунии захираҳои пулӣ фаъолият мекунад. Дар ҷанбаи амалӣ ипотека маҷмӯи шаклҳо, усулҳо ва воситаҳои татбиқи он, инчунин роҳҳои амалии фаъолияти он ва истифодаи онро дар муносибатҳои иқтисодӣ дар бар мегирад.
     Дар асоси далелҳои ҷонибдорони консепсияи ҳуқуқи молу мулкӣ оид ба табиати ипотека, мавқеи онҳоро метавон дар шакли таснифшудаи зерин пешниҳод намуд.
     Пеш аз ҳама, ба ипотека ҳуқуқи ба истилоҳ «пайравӣ» хос аст, зеро муқаррар гардидани муносибатҳои ҳуқуқии ипотекӣ робитаи махсуси ҳуқуқиро байни гаравдеҳ ва объекти дахлдори молу мулк ба вуҷуд меорад.     Моҳияти ин ҳуқуқ дар он ифода меёбад, ки ипотека, новобаста аз гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулк ба шахсони дигар, қувваи худро нисбат ба он нигоҳ медорад. Ин хусусият ба ҳамаи ҳуқуқҳои молу мулкӣ хос мебошад.
     Дуюм, гаравдеҳ соҳиби ҳуқуқҳои мутлақ мегардад, яъне ҳуқуқи ӯ барои қонеъ гардонидани манфиатҳои худ аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда на танҳо нисбат ба худи ӯ, балки нисбат ба ҳамаи шахсони дигари манфиатдор низ эътибор дорад. Ин яке аз нишонаҳои асосии муайянкунандаи ҳуқуқи молу мулкӣ ба ҳисоб меравад.
     Сеюм, ипотека ба ипотекагир ҳуқуқи афзалиятнок медиҳад, ки талаботи худро аз ҳисоби объекти гарав нисбат ба дигар кредиторони қарздор қонеъ намояд. Дар адабиёти илмӣ ин аломат, ки табиати ҳуқуқи воқеии ипотекаро инъикос мекунад, аксаран ҳамчун «ҳуқуқи бартарият» номида мешавад. Ҳамзамон, ин афзалият хусусияти мутлақ надорад, зеро метавонад, аз ҷумла, ҳангоми рӯёндани маблағ аз молу мулки ба гарав гузошташуда ба манфиати кредитороне, ки талаботи имтиёзнок доранд, маҳдуд гардад.
     Ҳамзамон, мафҳуми ҳуқуқии ипотека дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, №1918, ки тибқи қисми дуюми моддаи 389 он «ипотека намуди гаравест, ки молу мулки ба гарав гузошташуда дар соҳибӣ ва истифодаи гаравдеҳ ё шахси сеюм боқӣ мемонад. Мавзуи ипотека корхонаҳо, иморатҳо, бино, иншоот, хона, объектҳои кайҳонӣ ва молу мулки дигари ғайриманқуле, ки аз муомилоти маданӣ гирифта нашудаанд, буда метавонанд. Қоидаҳои ипотекаро нисбат ба гарави ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун татбиқ намудан мумкин аст.» [5]. Кодекси мазкур бартариятро ба қонуни соҳавӣ дода, яъне ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» аз 20 марти соли 2008, №364. Тибқи моддаи 1 Қонуни болозикр «ипотека – гарави молу мулки ғайриманқул, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қайди давлатӣ гузаштааст» [6].
     Бо дарназардошти мафҳуми додашудаи ипотека, таҳлили мазмун ва мундариҷаи «қарздиҳии ипотекӣ» мувофиқи мақсад мебошад.
     А.А. Волков қарздиҳии ипотекиро ҳамчун як навъи махсуси муносибатҳои қарзӣ муайян мекунад, ки дар он пешниҳоди воситаҳои қарзӣ бо таъминот дар шакли амволи ғайриманқул, аз ҷумла қитъаҳои замин, объектҳои таъиноти истеҳсолӣ ва биноҳои истиқоматӣ, амалӣ мегардад [7, c. 325].
     Қарздиҳии ипотекӣ низоми мукаммалест, ки дар асоси ҳамбастагии зич ва вобастагии мутақобилаи унсурҳои сохтории он ташаккул ёфтааст. Дар доираи ин низом субъектҳои гуногун ҷудо карда мешаванд, ки пеш аз ҳама ташкилотҳои қарзӣ ва қарзгирандагон ҳамчун иштирокчиёни калидӣ, инчунин баҳогузорони молу мулки ғайриманқул, ширкатҳои риелторӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, мақомоти давлатӣ, ки танзим ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро амалӣ менамоянд, ва бюроҳои қарзӣ, ки маълумот дар бораи қобилияти пардохтии мизоҷонро пешниҳод мекунанд, ба онҳо дохил мешаванд [8, c. 76]. Объекти низоми мазкур молу мулки ғайриманқул мебошад, ки ба гарав гузошта мешавад, дар ҳолате ки соҳаи предметии он намудҳои гуногуни молу мулки гаравиро фаро мегирад.
     Тавре ки А.А. Старитсина қайд менамояд: «Қарздиҳии ипотекӣ – ин истифодаи воситаҳои қарзӣ маҳз барои ба даст овардани (сохтмон, иншоот ва ғайра) объекти молу мулки ғайриманқул бо пешниҳоди ҳамин молу мулк ҳамчун таъминоти қарз мебошад, дар ҳолате ки қарздиҳӣ бо ипотека ин пешниҳоди воситаҳои қарзӣ барои ҳар гуна мақсадҳои дигар бо пешниҳоди объекти ипотека ҳамчун таъминот мебошад» [9, c. 143].
     Н.Б. Косарева мафҳуми ипотекаро ба таври зерин ифода менамояд: «Ипотека – ин усули таъмини иҷрои уҳдадориҳои қарзгиранда дар назди қарздиҳанда дар шакли гарави молу мулки ғайриманқул мебошад, ки тибқи он қарздиҳанда қонеъ гардонидани талаботи пулии худро аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқули ба гарав гузошташуда амалӣ менамояд» [10, c. 89]. Равиши мазкур қобили дастгирӣ мебошад, зеро он нисбат ба дигар равишҳо маҷмӯи пурраи ҳамаи унсурҳои муносибатҳои ипотекиро инъикос намуда, ҳам таркиби субъектии онҳоро ва ҳам объектҳоро фаро мегирад. Илова бар ин, он барои амиқтар ва муфассал ошкор намудани хусусияти ҳамкории байни иштирокчиён мусоидат менамояд.
     Ҳамин тавр, қарздиҳии ипотекӣ бо як қатор нишонаҳои устувор тавсиф карда мешавад, ки табиати ҳуқуқӣ ва таъиноти функсионалии онро инъикос менамоянд. Пеш аз ҳама, ба он принсипи оммавӣ будан хос аст, ки дар зарурати ҳатмии бақайдгирии объекти ипотека дар феҳристҳои дахлдор зоҳир мегардад ва дастрасии шахсони манфиатдорро ба иттилооти пурра ва боэътимод дар он таъмин мекунад. Ҳамчунин, нишонаи махсусият аҳамияти муҳим дорад, ки муқаррар намудани ипотекаро танҳо нисбат ба молу мулки ба таври инфиродӣ муайяншуда пешбинӣ намуда, номуайянии объекти таъминотро истисно месозад. Маънои нишонаи мазкур дар таъмини муайяннокии ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҳамаи иштирокчиёни муносибатщои мадань ифода меёбад. Қарздиҳанда бояд дақиқ дарк намояд, ки кадом молу мулк ба гарав гузошта шудааст, дар ҳолате ки шахсони сеюм бояд имконияти муайян намудан дошта бошанд, ки оё молу мулки мушаххас бо ипотека маҳдуд шудааст ё не. Бе чунин инфиродисозӣ норавшанӣ ба вуҷуд меояд, ки метавонад ба баҳсҳо ва сӯиистифодаҳо оварда расонад [8, c. 79].
     Ҳамзамон, принсипи афзалиятнокӣ низ муҳим ба ҳисоб меравад, ки мувофиқи он ҳуқуқи ипотекагир, ки қаблан ба вуҷуд омадааст, нисбат ба ҳуқуқҳои баъдан ба вуҷуд меоянд нисбат ба ҳамон як объект бартарӣ дорад ва ин ҳолат дар асоси принсипи навбатнокӣ амалӣ мегардад. Ипотека ҳамчун воситаи таъмини иҷрои уҳдадориҳо баромад намуда, ба таври механизми боэътимоди ҳуқуқии кафолати ҳифзи манфиатҳои қарздиҳанда хизмат мекунад.
     Бо дарназардошти фаҳмиши моҳиятии чунин мафҳумҳо, ба мисли «ипотека» ва «қарздиҳии ипотекӣ», муаллиф пешниҳод менамояд, ки мафҳуми «қарздиҳии ипотекӣ» ҳамчун маҷмӯи унсурҳои ба ҳам алоқаманд (субъектҳои қарздиҳии ипотекӣ), ки тавассути механизми фаъолияти муносибатҳои қарзии ипотекӣ (механизми ипотекӣ) ҳамкорӣ менамоянд, баррасӣ гардад; мақсади асосии ин низом амалӣ намудани қарздиҳии ипотекӣ мебошад.
     Дар натиҷаи таҳқиқоти назариявӣ ва ҳуқуқии мафҳум ва моҳияти ипотека метавон хулоса намуд, ки ипотека ҳамчун як институти мураккаби ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар низоми муосири муносибатҳои молиявӣ ва молу мулкӣ мавқеи калидӣ дорад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ипотека шакли махсуси таъмини иҷрои уҳдадориҳо буда, дар асоси он молу мулки ғайриманқул ҳамчун гарав барои иҷрои уҳдадории қарзӣ истифода мешавад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ бошад, ипотека воситаи муҳими истифодаи захираҳои молиявӣ ва рушди бозори молу мулки ғайриманқул ба ҳисоб меравад.
     Мақсади асосии ипотека таъмин намудани иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ тавассути таъсиси кафолати боэътимод барои қарздиҳанда мебошад. Ҳамзамон, вазифаи муҳими он фароҳам овардани имконияти дастрасӣ ба манзили истиқоматӣ ва дигар намудҳои молу мулки ғайриманқул барои аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад. Маҳз тавассути механизми ипотека шахсоне, ки дорои захираҳои кофии молиявӣ нестанд, метавонанд бо ҷалби қарз молу мулки ғайриманқулро ба даст оранд.
     Таҳлил нишон медиҳад, ки ипотека дар шароити иқтисоди бозоргонӣ на танҳо воситаи таъмини уҳдадориҳо, балки механизми иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди бахши сохтмон ва густариши бозори манзил мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, самаранокии амалисозии ин институт аз сатҳи танзими ҳуқуқӣ, дастрасии захираҳои молиявӣ, фоизҳои қарз ва ҳифзи ҳуқуқи иштирокчиёни муносибатҳои ипотекӣ вобастагии зич дорад.
     Ҳамин тариқ, ипотека воқеан метавонад ҳамчун воситаи муассири таъмин намудани дастрасӣ ба манзили истиқоматӣ ва дигар объектҳои молу мулки ғайриманқул арзёбӣ гардад, ба шарте ки механизми ҳуқуқӣ ва иқтисодии он ба таври муназзам ва шаффоф ба роҳ монда шуда бошад.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Коростилева Т.С., Кириллов А.В. Равишҳои методологӣ барои муайян намудани моҳияти қарздиҳии ипотекӣ ва нақши он дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа // Маҷмӯаи корҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии Русия «Масъалаҳои иқтисод, молия ва идоракунии истеҳсолот». –  2014. –  № 35. – С. 17-24.
  2. Литвинова С.А. Қарздиҳии ипотекӣ: воситаи таълимӣ. – М.: «Директ-Медиа», 2015. – 182 с.
3. Ғаюров Ш.К. Ҳуқуқи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: воситаи таълимӣ. – Душанбе: «Сино», 2005. – 216 с.
4. Саъдиев И.З. Ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми махсус): воситаи таълимӣ. – Душанбе: «Матбааи АИД», 2024. – 224 с.
5. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, №1918 // [Захираи электронӣ]. Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 20.02.2026).
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» аз 20 марти соли 2008, №364 // [Захираи электронӣ]. Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 20.02.2026).
7. Волков А.А. Қарздиҳии ипотекӣ: моҳият, функсия ва таснифбандӣ // Ахбори Академияи донишҳо. – 2020. – №3. – С. 324-334.
8. Зокирзода З.Х. Ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми якум: воситаи таълимӣ: нашри аввал. – Душанбе: «Ашӯриён», 2022. – 152 с.
9. Старитсина А.А. Мафҳуми қарздиҳии ипотекаи манзили истиқоматӣ ва танзими ҳуқуқии мадании он // Олими ҷавон. – 2021. – № 9 (351). – С. 143-145.
10. Косарева Н.Б. Асосҳои қарздиҳии ипотекӣ. – Москва: «ИНФРА-М», 2007. – 576 с.
 
Мирзозода Меҳриддин Сайфиддин,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)