ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОНСТИТУТСИЯ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 03/11/2025 - 10:54
     Дар натиҷаи сиёсати «бозсозӣ» ва дигар омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ давлати нируманди Шӯравӣ барҳам хӯрд ва понздаҳ республикаи он, аз ҷумла Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибихтиёр шуд ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ – Созмони Миллали Муттаҳид гардид.
     Таҳти раванди сиёсати «Бозсозӣ» ва рӯи кор омадани падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ шароити сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дигаргун шуд.
     Бо назардошти ҳолати баамаломада барои дигаргун кардан ва ба хости замон созгор кардани қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии онвахтаи кишвар, аз ҷумла Конститусияи он зарурият ба миён омад. Зеро Конститутсияи онвақтаи кишвар ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ бо назардошти сиёсати замони Шӯравӣ, аз ҷумла сиёсати яккаҳизбиву банақшагирии иқтисодӣ таҳияву қабул шуда буданд ва дигар ба дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодии солҳои даврони Озодӣ ё соҳибихтиёрӣ созгор ва посухгӯ буда наметавонистанд.
     Барои ҳамроҳу ҳамрадиф ва ҳамдӯшу ҳамдам гаштани Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаву фарҳангӣ, бо мақсади дар кишвар рушду нумӯ бахшидани равандҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба монанди ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, мардумсолорӣ (ба мардум мансуб будани ҳокимият) ва ба шохаҳо ҷудо будани он, гуногунадешии сиёсӣ, ба сифати арзишҳои олӣ шинохтани инсон ва ҳуқуқҳои ӯ, инчунин гуногуншаклии моликият, аз он шумор рушди иқтисоди бозаргонӣ ва соҳибкорӣ, эътироф намудан ва кафолати озодона амал намудани моликияти хусусӣ бояд чораҳои жарфу густурда ва босамар анҷом дода шаванд.
     Барои дастёб шудан ба чунин мақсаду ҳадафҳои олӣ бидуни дигар намудани қонунҳои онвахта, бахусус бо роҳи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабули қонунҳои нави дархӯри манофеи номбурда, ҳамроҳ шудан ва эътироф намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, пеш аз ҳама гаравидан ба он санадҳое, ки ба арзишҳои эътирофгаштаи умумибашарӣ сахт пайванди доранд, номумкин буд.
     Бо дарки чунин вазъият ҷиҳати омода намудани лоиҳаи нави Конститутсия (Сарқонуни) кишвар бо роҳбарии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ ва ҳамчунин таҳти низоми ин комиссия аз ҷумлаи коршиносони соҳаҳои гуногун, хоса аз шумори ҳуқуқшиносони варзида ва шинохтаи кишвар гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Ва дар назди ин гурӯҳи корӣ бо назардошти ҳолати онрӯзаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар омода намудани тарҳи Сарқонуни нави Тоҷикистон вазифа гузошта шуд.
     Пайванд ба ин, дар асоси дастуру раҳнамоиҳои Сарвари кишвар ва вазъияти онвахтаи ҷомеа аз сӯи гурӯҳи корӣ тарҳи нави Сарқонун омода ва ба муҳокимаи мардуми кишвар гузошта шуд.
      Инчунин, ҷиҳати густариш бахшидан ба ин раванд ва муайян намудани бархе масоили ташкиливу ҳуқуқӣ 20 июли соли 1994 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон” ба имзо расид.
     Дар асоси моддаи 2 Қонуни номбурда Мансаби Президенти Тоҷикистон созмон дода шуд ва ҳамзамон такя ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Тоҷикистон» дар рӯзи ройпурсии мардумӣ оид ба Конститутсия интихоботи умумихалқии  Президенти Тоҷикистон низ гумошта шуд.
     Бо назардошти таклифу дархости мардум ва ройу андешаҳои коршиносону донишмандон лоиҳаи нави Сарқонуни кишвар барои қабул ба ройпурсии мардум пешниҳод карда шуд.
      Рӯзи ройпурсӣ ё қабули Сарқонун ва интихоботи Президенти Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 муайян гардид. Ва ин санади сарнавиштсозу ҳаётан муҳим бори нахуст дар рузгори мардуми тоҷик бо роҳи демократӣ-бо роҳи ройпурсӣ ва иштироку овоздиҳии бевоситаи шаҳрвандони кишвар дар ин рӯз қабул гардид.
     Пайванд ба ин, дар асоси Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 6 ноябр ҳамчу рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон бо шодмониву хуррамӣ, ҳамчун рӯзи бахту шодӣ ва озодиву ободӣ ҷашн гирифта мешавад. Хушбахтона дар ин рӯз бо тарафдории аксари мардум муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Президенти Тоҷикистон интихоб гардиданд.
     Дарҷ бояд кард, ки Конститутсия санади асосӣ ва ҳасту ҳамворкунандаи шоҳроҳи зисту зиндагии ҳар давлату кишвар, ҷомеа ва мардум аст. Дигар ҳама санадҳо дар асос ва доираи раводиди он таҳияву қабул карда мешаванд. Зеро санади ҳуқуқие, ки ба Конститутсия созгор нест ё ба он мухолифат мекунад нерӯ ва ё эътибори ҳуқуқӣ дошта наметавонад.
     Боис ба ёдоварист, ки ин санади муҳиму муқаддас ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст. Зеро халқ дар муҳокимаи он пешравона ширкат варзид ва таклифу дархостҳои судманд низ пешниҳод намуд, гузашта аз ин худи шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳи овоздиҳии бевосита ин санади сарнавиштсозро қабул намуданд.Асосҳое, ки ба таҳияву қабули ин Ҳуҷҷати сарнавиштсоз, Санади асосии Кишвар боис гаштанд, пеш аз ҳама дар боби якуми он ҷой дода шуданд.
     Дар асоси моддаи якуми он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ва дар асоси моддаи шашуми он халқ баёнгари ҳокимияти ягонаи давлатӣ дар Тоҷикистон эътироф шуд.
     Конститутсия танзимкунандаи рӯзгори мардум ва муайянкунандаи ҳуқуқҳои инсону шаҳрванд ва сохтору фаъолияти давлат аст. Он дар заминаи ҳуқуқҳои табиӣ, ҳамчунин таҷрибаи зиндагиву давлатдории мардуми тоҷик ва мардумони пешрафти ҷаҳон, меъёрҳои пазируфтаи умумибашарӣ таҳия ва қабул шудааст.
     Яке аз нуқтаҳои асосии Конститутсия ин шинохт ё эътирофи гуногунандешии сиёсӣ ва бо ин роҳ фаро гирифтани иштироки васеи намояндагони зинаҳои гуногуни ҷомеа дар идораи корҳои давлатӣ мебошад, ки дар моддаи ҳаштуми Конститутсия дарҷ гардидааст. Чи тавре, ки дар боло ёдрас гардид, дар замони Шӯравӣ ниру ё ядрои пешбарандаи ҷомеа ҳизби коммунистӣ буд ва он дар кишвари Шӯравӣ танҳо амал менамуд. Арзи ҳастӣ намудани ҳизбҳои дигарро Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва конститутсияи республикаҳои он нораво медонист. Ҳаёти сиёсии даврони истиқлол маҳз ҳаминро талаб менамуд, ки яккаҳизби аз байн бурда шавад ва дар кишвар гуногунҳизбӣ, ки хоси ҷомеаи мардумист, арзи ҳастӣ намояд. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ ва шумори зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд, ки барои пешрафти самтҳои гуногуни рӯзгори ҷомеа саҳми босазо доранд.
     Яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзия ё ба шохаҳо ҷудо будани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ва мувофиқи моддаи нӯҳуми Конститутсияи Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳокимияти қонунбарор, иҷро ва судӣ таҷзия шадааст. Пайванд ба ин, дар Конститутсия бобҳои алоҳида ба сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти ин шохаҳои ҳокимият бахшида шудааст. Моддаи 12 Конститутсия барои рушду нумуи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муҳим дорад. Пеш аз ҳама онсон, ки дар боло дарҷ карда шуд, ҷиҳати дар ҳаёти кишвар фароҳам сохтани раванди муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар ин модда арзи ҳастӣ кардани соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ҷой дода шуд. Ва дар асоси талаботи ин модда қонуну қарорҳои дахлдор дар ин самт қабул гардиданд, ки барои рушди ояндаи ҳаёти кишвар нақши муҳим касб намуданд.
     Дар Конститутсияи Кишвар ҳуқуқҳои инсону шаҳрванд мавқеи асосӣ доранд. Боис ба ёдоварист, ки аз 100 модда 34 модда ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба инсон ва ҳуқуқҳои он бахшида шудааст. Махсусан пас аз дигаргуниҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва моҳи майи соли 2016 тавассути ройпурсии мардум ба Конститутсия ворид гардиданд, онро беҳдошт бахшид ва пурратар сохт, хоса моддаи панҷуми он ҷиддан дигар шуд ва бо ин дигаргуни инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуданд. Аз ин бармеояд, ки гавҳари асосии давлат ва мазмуну моҳияти он инсон ва ҳуқуқҳои ӯст. Он бо назардошти ченакҳои пазируфтаи умумибашарӣ, хоса Баёнияи Куруши кабир оид ба ҳуқуқи инсон, андешаҳои шоир ва файласуфи шинохтаи порсу тоҷик Умар Хайёми Нишопурӣ ва Баёнияи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1948  таҳия ва қабул карда шудааст. Ҳамзамон, бо ин дигаргуниҳои конститутсия сохтор ва кори шохаҳои ҳокимият, бахусус ҳокимияти қонунгузор ва суд устувор гардиданд.
     Пайванд ба ин, Конститутсияи Тоҷикистон аз сӯи коршиносони шинохтаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт ва ба даҳгонаи конститутсияҳои беҳтарини кишварҳои ҷаҳон ҳамто дониста шуд. Ворид намудани дигаргуниҳо хоси ҳамаи кишварҳост, чун қонун андеша ва ройи шахшуда нест ва бо назардошти рушди ҷомеа, падид омадани муносибатҳои нав дигаргун карда мешавад.
     Бояд дарҷ кард, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон тавассути ройпурсии шаҳрвандони Кишвар, махсусан дар он ҷой додани падидаҳои демократӣ, арзишҳои пазируфтаи умумибашарӣ, бахусус эътирофи ҳуқуқи инсон барои аз тарафи мамолики мутараққию ҷомеаи мутамаддин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидани Тоҷикистон, барқарор кардани равобити сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ бо онҳо нақши муҳим бозид. Бахусус, солҳое, ки Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт қабули ин санад бо ин тарзу шева ва мазмуну моҳият барои аз вартаи нобасомониҳо бурун кашидани кишвар дар баробари дигар омилҳои муҳим нақши ҳалкунандаву калидӣ бозид.
     Бо чунин тарзу шева қабул кардани Конститутсия аз як сӯ агар созгор ба принсипҳои ҷомеаи демократӣ, мардумӣ пайванд бошад, аз ҷиҳати дигар пайванд ба устувор кардани пояҳои давлату ҳукумат ва ҷомеа аст.Зеро дар солҳои навади садаи бист  мо гувоҳи он гардидем, ки дар ҳар ҳолати барошон созгор гурӯҳҳои сиёсӣ ва ё диниву ҷамъияти Конститутсияро бо ҳар роҳ, бахусус бо роҳи фишор ба суди хеш дигар мекарданд.
     Бо роҳи раъйпурсӣ қабул намудану ба он ворид кардани дигаргунӣ имкон намедиҳад, ки гурӯҳҳои гуногун дигар онро ба суди худ дигар кунанд. 
Конститутсияи мо - Шоҳқонун, Санади асосӣ, Сарқонуни кишвар, Ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст ва моро ба фардои умед, озоду обод ва раҳнамо аст. Умед аст, ки он бардавому поянда ба Тоҷикистону тоҷикистониён хидмат мекунад.
     Аз ин рӯ, Конститутсияи Тоҷикистон барои мардуми мо - санади сарнавиштсоз буда, ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гиромиву пурарзиш аст ва чунин хоҳад монд. Ва бошад, ки мардуми Тоҷику Тоҷикистон ба он эҳтиром гузорад ва ченакҳои онро риоя кунад. Худ аз 10 боб ва 100 модда иборат будани Конститутсияи Тоҷикистон намоди аст, намоди пирӯзӣ, озодӣ, ободӣ, хушбахтӣ,орзуҳои неку нав, тару тоза, умедбахш, роҳи дурусту ҳамвор ва пешрафти мардуми тоҷик аст.
     Боби чаҳоруми Конститутсия ба Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он тартиби интихоб, салоҳият ва бархе дигар масоили марбут ба он бахшида шудааст.
     Мувофиқи моддаи 64 Конститутсия Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, муратабиву муназзамии  фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон дониста шудааст.
     Бояд гуфт, ки инҳо ҳама вазифаҳои басо муҳиму муқаддас ва ҳамзамон душвору масъулиятхоҳ буда, сиёсати санҷидаву дурбинона, донишу биниш ва фарҳанги жарфу густурдаро мехоҳад. Хушбахтона Тоҷикистон ва мардуми он дар ин самтҳо хеле комёб ҳастанд ва дар сатҳи боризу басанда амали гаштани ин сиёсат дар дарун, беруни кишвар возеҳу рӯшан ба чашм мерасад. Албатта ҷой доштани Президент дар боби сеюми Конститутсия хеле беҳтару хубтар аст, чун Президент Сарвари Кишвар ва пешбару пешоҳанги ҷомеа аст. Мазмуни Президент ҳам ҳамин аст. Ва он дар Конститутсия, дигар санадҳои ҳуқуқӣ, чорабиниҳои расмиву норасмӣ пеш аз ҳама ниҳодҳои давлатӣ ҷойгир бошад. Дар ин самт Конститутсияи Русия метавонад намуна бошад.
     Ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон ба мардуми Тоҷику Тоҷикистон ва Тоҷикони ҷаҳон шоду фархунда бод.

 

Шоназаров Содиқ Ашурович
Сардори шуъбаи қонунгузории сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳизи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3
   
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)