ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОНСТИТУТСИЯ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 03/11/2023 - 16:18
КОНСТИТУТСИЯ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 29 - солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумӯи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.
Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.
Конститутсияи амалкунанда, дар муқоиса аз дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада истодааст. Он як қатор арзишҳои демократии сохтори конститутсиониро ба монанди: соҳибихтиёрӣ ва мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мавкуравӣ, инкишофи худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентӣ ва ғайраҳоро дар худ таҷассум намуд, ки конститутсияҳои қаблӣ ин гуна арзишҳоро надоштанд. Конститутсия истиқололияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хеле зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурра танзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем. Бинобар ин бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қавитар намудани ваҳдати миллӣ лозим омад дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем. Ин тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шохаро фаро гирифт: таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ; таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ; ислоҳоти ҳуқуқии низоми судӣ. Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти сиёсӣ асосан барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равона гардида аст. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣ ва доимоамалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд, ки онҳо минбаъд ба рушд ёфтани гуногунандешии сиёсӣ, озодии виҷдон  ва озодии сухан шароит ба вуҷуд оваранд.
Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Президетни Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад ”.
Тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад, ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
Ин талабот дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Дар қисми аввали моддаи мазкури ин ҳуҷҷати муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ғайра) муқаррар шудаанд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишварамон қабул карда шудааст. Аммо то кадом сатҳ дар амал истифода шудани ин меъёрҳо ва аз бар намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони кишварамон низ вобаста мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд. Ҷамъияте, ки одамони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ баланд мебошад.
 
   Ғафуров Қиёмуддин,
мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ
ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.7 (6 овоз)