ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҲАМГИРОИИ ФАРҲАНГҲО

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 04/03/2026 - 11:41
      Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии фарҳангҳо ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаҳоро ба ҳам наздик месозанд, масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Яке аз муҳимтарин рукнҳои чунин арзишҳо забони модарӣ мебошад.
    Забони модарӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили ташаккули худшиносии миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ ва пойдории давлатдорӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баррасии робитаи забони модарӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити муосир аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
     Дар илми иҷтимоиёт ва сиёсатшиносӣ худшиносии миллӣ ҳамчун дарки тааллуқияти шахс ба як миллат, эҳсоси ифтихор аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои он маънидод карда мешавад. Ин худшиносӣ бе мавҷудияти фазои ягонаи забонӣ наметавонад ба таври комил ташаккул ёбад. Забони модарӣ муҳити маънавиест, ки тавассути он арзишҳо, анъанаҳо, ҷаҳонбинӣ ва хотираи таърихии миллат аз насл ба насл интиқол меёбанд.
     Маҳз тавассути забон инсон худро узви ҷомеаи муайян эҳсос мекунад ва ҷойгоҳи худро дар низоми иҷтимоӣ дарк менамояд.
     Забони модарӣ, пеш аз ҳама, пояи фарҳанги миллӣ мебошад. Адабиёт, осори таърихӣ ва мероси маънавии ҳар миллат дар қолаби забон шакл гирифтаанд. Агар забон заиф гардад, пайванди наслҳо низ коста мешавад. Бе донистани забони модарӣ фаҳмидани осори классикӣ, анъанаҳо ва рамзҳои миллӣ душвор мегардад. Дар натиҷа, эҳсоси ифтихори миллӣ ва тааллуқияти фарҳангӣ метавонад коҳиш ёбад.
     Аз ҷиҳати сиёсӣ низ забони модарӣ омили муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа мебошад. Ваҳдати забонӣ, ба ташаккули шуури умуми миллӣ мусоидат мекунад. Дар ҷомеае, ки шаҳрвандон бо як забон муошират мекунанд, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ бештар мегардад. Ин омил барои таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ замина фароҳам меорад.
     Баръакс, беэътиноӣ ба забони модарӣ метавонад ба бегонашавии фарҳангӣ ва заъфи ҳамгироии иҷтимоӣ оварда расонад.
     Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи забони модарӣ боз ҳам мубрамтар мегардад. Имрӯз таъсири забонҳои ҷаҳонӣ, махсусан тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хеле густурда аст. Ҷавонон бештар аз муҳтавои хориҷӣ истифода мебаранд, ки ин метавонад ба тағйири одатҳои забонӣ ва воридшавии истилоҳоти зиёди бегона мусоидат намояд.
     Гарчанде мубодилаи фарҳангӣ падидаи мусбат аст, аммо ҳифзи асолати забони модарӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад. Зеро маҳз забон пояи устувори худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
     Нақши оила ва низоми маориф дар ташаккули худшиносии миллӣ тавассути забон хеле муҳим аст. Кӯдак нахустин арзишҳои фарҳангиро дар муҳити оила тавассути забони модарӣ меомӯзад. Баъдан, мактаб ва муассисаҳои таълимӣ доираи дониш ва ҷаҳонбинии ӯро васеъ менамоянд. Агар таълим бо сатҳи баланди фарҳанги забондонӣ ба роҳ монда шавад, эҳсоси ифтихор аз забон ва миллат тақвият меёбад.
     Ҳамзамон, мутобиқсозии забони модарӣ ба шароити муосир зарур аст. Забон бояд қобилияти ифодаи мафҳумҳои нави илмӣ, техникӣ ва сиёсиро дошта бошад. Таҳияи истилоҳоти миллӣ, рушди луғатшиносӣ ва густариши истифодаи забон дар фазои рақамӣ ба таҳкими мавқеи он мусоидат мекунад. Забоне, ки бо замон ҳамқадам аст, метавонад дар зеҳни насли ҷавон ҷойгоҳи устувор пайдо намояд.
     Бояд таъкид кард, ки худшиносии миллӣ маънои инкори фарҳангҳои дигарро надорад. Баръакс, шахсе, ки забон ва фарҳанги худро хуб мешиносад, метавонад бо дигарон дар асоси эҳтироми мутақобил ҳамкорӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳифзи забони модарӣ заминаи муколамаи созанда бо ҷаҳон мебошад, на монеаи он.
     Мустаҳкам гардидани имконоти забон, аз ҷумла: баёни нозук ва дақиқ мафҳумҳои мураккаби илмию фалсафӣ, фарҳангӣ, адабию ҳунарӣ барои баланд бардоштани маънавият замина фароҳам меоварад.Аз ин рӯст, ки рушди забон ва маънавият бо ҳамдигар ҳамбастагии зич дошта, вазъи дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро нишон медиҳанд. Забон аст, ки як халқро аз халқи дигар фарқ мекунонад, илму адабиёт, фарҳанги мардумро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, иқтидори маънавии онро муаррифӣ месозад. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳар як забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ, ҳам тағйироти зиёдеро паси сар намудааст, ки баъзан метавонист пояи маърифативу маънавии онро суст гардонад. Новобаста аз ин, забон дар шакли воҳиди диалектӣ бошад ҳам, пояи миллатро нигаҳ дошт, сайқал дод, арзишҳои милливу фарҳангиро муаррифӣ мекард. Дар сурати маҳрум гардидан аз забони миллӣ, мансубияти миллии ҳар як халқу миллат низ тағйир меёбад.
     Аз нуқтаи назари таърихӣ забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба шумор рафта, давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки ҳар як давра ба он таъсири худро расонидааст. Садҳо адибону донишварон бо ин забон асарҳои худро офаридаанд, ки аксарияти онҳо дар адабиёти форсу тоҷик мақоми худро ишғол намудаанд. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ осори адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзодаю Лоиқ шуда метавонад. Таърих гувоҳ аст, забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули таърихӣ тағйироти зиёдеро паси сар намуда, дар забони муоссир яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
     Баҳри пос нигаҳ доштани забон ҳамчун рукни давлатдорӣ 5-уми октябри соли 2009, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида то имрӯз амал мекунад.
     Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.      Хотиррасон мешавем, ки аз соли 2009 то инҷониб, дар Тоҷикистон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифта, барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардиданд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ шуд. Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур дониста шудааст.
     Забони тоҷикӣ ҳарфҳои гузаштагони мо, дониш ва маърифатҳои ҳазорсолаеро дар худ ҷамъ кардааст, ки ин забонро ҳамчун ганҷинаи маънавӣ нишон медиҳад. Тарҷума ва пахши таърих ва фарҳанги тоҷикон ҳам бо ҳамин забон сурат гирифтааст ва дар ҷаҳон шинохта шудааст.
         Аз ин рӯ, ҳифзи ҳувияти миллӣ тавассути забон муҳим аст. Забон миллатро муттаҳид мекунад ва ҳамчунин ягонагии давлатро таъмин менамояд.
         Ҳар сол истилоҳоти нави илмӣ ворид мешаванд, аммо бояд онҳоро ба шакли тоҷикӣ мутобиқ сохта, истифода барем. Ин кор на танҳо зарур, балки воқеияти таърихии миллат аст.
         Аз ин рӯ, забон асоси рушд ва камоли миллат аст ва забон ва давлат ҳамеша дар якдигар паноҳ ва пуштибон доранд.
         Мавзуъи асолату ҳувияти миллӣ набояд касеро бетараф гузорад. Ин масъала барои ҳар шахси миллатдӯст муҳим аст. Онҳое, ки ҳисси баланди миллӣ доранд ва забони модарии худро дӯст медоранд, бояд дар ҳифзи забон фаъол бошанд.
         Дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ рушду такомул ёфта, дар ҷомеа мавқеи баландро соҳиб шудааст. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «забон хишти аввалини кохи миллат аст»
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад