ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 11:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1106
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.12.1994
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ
 
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 1. Шахсоне, ки амали Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ мегардад
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мешаванд:
а) сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1151):
шахсоне, ки хамчун афсар ва прапоршик ё аз рўи қарордод ба сифати сарбоз, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кўшуни cарҳаддӣ ва дохилӣ, кўшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва оилаҳои онҳо;
шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии зиёдамўҳлат, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кўшун ва мақомоти бехатарии давлатӣ, қўшунҳои дохилӣ ва роҳи оҳанӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди ҶШС хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264);
шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд - судяҳои суди ҳарбӣ) ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264);
шахсони дар моддаи 4-уми Қонуни мазкур нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо - ба шарте ки дар аҳдномаҳо (созишномаҳо) оиди таъмини иҷтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё собиқ Иттиҳоди ҶШС бо он давлатҳо бастааст, ба роҳ мондани таъмини нафақаи онҳо тибқи қонунгузории давлате, ки дар қаламрави он номбаршудагон зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
б) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати афсар, прапоршик ва мичман ё аз рўи қарордод ба сифати сарбоз, матрос, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кўшунҳои cарҳадӣ, дохилӣ ва воҳидҳои алоқаи ҳукуматӣ, кўшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва кашфи хориҷӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди ҶШС, ки мувофиқи қонун ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос, ки маскуни давлатҳои собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС буда ва ин давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намебошанд, агар дар қонунгузориҳои давлатҳои мазкур таъмини нафақаи ашхоси номбурда дар асоси барои шахсони хизмати ҳарбиро баҷооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Таъмини нафақаи шахсони ҳайати кироя, кормандони техникӣ ва хизматрасони Қувваҳои Мусаллаҳ, қўшун ва мақомоти дар қисми якуми ҳамин модда номбаршуда дар асоси шароиту тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ таъин кардани нафақа ба ашхосе, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд ва аҳли оилаи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12, аз 25.12.2015 № 1264)
Таъмини нафақаи ашхосе, ки аз рўи даъват ба сифати аскар, сержант ва старшина (пештар хизмати ҳақиқии мўҳлатдори ҳарбӣ) дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбии дар банди "а"-и қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Бо хоҳиши шахсони дар қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тибқи шароит ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" мумкин аст, ки нафақа таъин карда шавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ҳамчунин ба собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дар қисми аввали моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз рутбаҳои ҳарбӣ ва махсус маҳрум карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо дар сурати мувофиқи Қонуни мазкур ба таъмини нафақа ҳуқуқ доштанашон нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар ташкилотҳои худмаблағгузори ҳарбикунонидашуда хизмат мекунанд ва таъминоти пулии онҳо аз ҳисоби ин ташкилот пардохт мешавад, таъин ва пардохти нафақаашон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 3. Шахсоне, ки дар таъмини нафақа ба шахсони ҳамчун афсар ё аз рўи қарордод хизмати ҳарбиро баҷооварда баробар карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо
Ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар отряд ва воҳидҳои партизании шуравӣ дар мансабҳои фармондеҳии ба мансабҳои аз ҷониби афсарон ишғолшаванда мувофиқбуда хизмат кардаанд ва аҳли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони ба сифати афсар хизмати ҳарбиро баҷооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар хизмати ҳарбии зиёда аз мўҳлат (собиқ хизматчиёни ҳарбии зиёдамўҳлат) мондаанд, занҳое, ки ба таври ихтиёрӣ дар мансабҳои сарбоз, матрос, сержант ва старшина (собиқ хизматчиёни ҳарбӣ - занон) хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, ва аҳли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони аз рўи қарордод ба сифати сарбоз, матрос, сержант ва старшина хизмати ҳарбиро адокарда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 4. Таъмини нафақаи ашхосе, ки хизмати ҳарбиро, хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар дигар давлатҳо ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12)
Таъмини нафақаи шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карда, ба сифати афсар, прапоршик, мичман, хизматчии ҳарбии зиёдамўҳлат, ё дар асоси қарордод ба ҳайси сарбоз, матрос, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, (артиш, кўшун), мақомоти бехатарӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбии дар асоси қонунгузорӣ ташкилшуда хизмати ҳарбиро адо кардаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсоне, ки рутбаҳои махсус дошта, дар мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд, инчунин судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии дигар давлатҳо, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ ИҶШС дар бораи таъминоти иҷтимоӣ аҳднома (созишнома) бастаанд, инчунин аҳли оилаҳои шахсони мазкур мувофиқи тартиби пешбининамудаи ин аҳдномаҳо (созишномаҳо) ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 2, аз 22.04.2003 № 12, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 5. Намудҳои нафақа
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда барои нафақаҳои зайл ҳуқуқ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) барои собиқаи хизмат, агар онҳо собиқа дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) собиқа дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ ва дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264);
б) барои маъюбӣ, агар онҳо дар шароите, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, маъюб шуда бошанд.
Ҳангоми ҳалокат ё вафоти ашхоси дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур зикршуда оилаи онҳо дар сурати мавҷуд будани шароити дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Оилаи нафақахўрони вафоткарда аз зумраи ашхоси дар қисми якуми моддаи 1-уми хамин Қонун зикршуда дар асосҳои умумӣ бо оилаи ашхосе, ки дар давраи адои хизмат вафот кардаанд, бо гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Моддаи 6. Татбиқи ҳуқуқ барои таъмини нафақа
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки барои таъмини нафақа ҳуқуқ доранд, баъди ҷавоб шудан аз хизмат нафақа таъин карда ва дода мешавад. Ба ин шахсон нафақа ба сабаби маъюбӣ ва бинобар бе саробон мондан ба оилаҳои онҳо, сарфи назар аз давомнокии хизмат, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 7. Ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар як вақт ба нафақаҳои гуногуни давлатӣ ҳуқуқ доранд, бо интихоби онҳо як нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 8. Таъмини нафақаи ашхосе, ки ба таъсири радиатсионӣ ги-рифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки ҳангоми таркондан ва озмудани силоҳи хастаӣ (ядроӣ) ё дар натиҷаи садама дар объектҳои хастаии таъиноти гражданӣ ва низомӣ, ҳамчунин ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои ин садамаҳо ба таъсири радиатсионӣ гирифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо шартҳои иловагии имтиёзноки таъин кардани нафақа дода шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон ба таъсири радиатсионӣ гирифторшуда ба нафақа, ёрдампулӣ ва ҷубронпулии онҳо иловапулӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499,  аз 27.11.2014 № 1151).
Моддаи 9. Додани ёрдампулӣ
Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, нафақахўрон - маъюбон аз зумраи ин шахсон, ки аз хизмат ҷавоб дода шудаанд ва ба аъзои оилаҳои нафақахўрони вафоткарда ёрдампулӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 10. Маблағҳо барои пардохти нафақа
Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо (ба истиснои шахсони дар қисми чоруми моддаи 2 ҳамин Қонун зикршуда) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264)
Моддаи 11. Мақомоте, ки таъмини нафақаро амалӣ менамоянд
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо вобаста ба ҷои охирони хизмати онҳо аз тарафи мақомоти зерин ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 27.11.2014 № 1151):
а) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбии аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобдодашуда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд (ба ғайр аз сохторҳои дар бандҳои "б", "г", ва "д"-и ҳамин модда номбаршуда), шахсони дар қисми якуми моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикршуда, инчунин оилаҳои онҳо (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264);
б) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбии аз кўшунҳои дохилӣ рухсатшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии аз мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб додашуда, инчунин аҳли оилаи онҳо;
в) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни низомии аз мақомоти амният ва сохторҳои ҳарбии таҳти тобеъияти идоравии ин вазорат ҷавобшуда, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
г) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти гумрук ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
д) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳие, ки аз муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудаанд, инчунин оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12, аз 25.12.2015 № 1264);
е) аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агентӣ ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
ж) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агенти ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002  № 2, аз 26.03.2009 № 499).
з) аз тарафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
и) аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Таъмини нафақаи категорияҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, мақомоти суди ҳарбӣ ва прокуратураи ҳарбии собиқ Иттиҳоди ҶШС, дигар давлатҳо ва оилаҳои онҳо, ки дар қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишон дода шудаанд, мувофиқи мансубияти идоравии номбаршудагони ҳамин модда амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, аз 22.04.2003 № 12, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 12. Ёрии иҷтимоӣ ба нафақахўрон
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Дущшанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда ҳақ, доранд, ки аз ҳисоби буҷетҳои дахлдори вилояти мухтор, вилоят, шаҳр ва ноҳия ба нафақаҳои мувофиқи ҳамин Қонун таъиншаванда иловапулиҳо, ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар банди "а"-и қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикр шуда ва ба аҳли оилаи онҳо намудҳои иловагии таъминоти моддӣ ва имтиёзот муқаррар намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 27.11.2014 № 1151).
БОБИ 2. НАФАҚА БАРОИ СОБИҚАИ ХИЗМАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 13. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаро аз рўи собиқаи хизмат муайян мекунанд
Барои аз рўи собиқаи хизмат ба нафақа баромадан шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки то рўзи аз хизмат ҷавоб шуданашон дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат доранд, ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 14. Андозаи нафақа
Андозаи нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки 25 сол собиқаи хизмат доранд, 65 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст ва барои ҳар соли зиёда аз 25 сол 3 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, вале ҷамъан на зиёда аз 80 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, муқаррар карда мешавад.
Дар мавриди такроран ба хизмати ҳарбӣ ё ба мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва инчунин дар хизмати давлатӣ ба хизмат таъин шудани шахсони дар ҳамин модда зикршуда, ки нафақа мегиранд, нафақаи онҳо қатъ карда мешавад ва ҳангоми минбаъд аз хизмат ҷавоб додани онҳо пардохти нафақа ба онҳо дар асоси собиқаи хизмат дар рўзи охирини аз хизмат ҷавоб шуданашон аз нав барқарор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 15. Андозаҳои ҳадди ниҳоӣ ва ҳадди ақалли нафақа
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394)
Андозаи ҳадди ниҳоии нафақа барои собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Нафақа барои собиқаи хизматӣ, ки тибқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад, аз андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол (пиронсолӣ), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бояд камтар набошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394).
Моддаи 16. Зиёд кардани андозаи нафақа аз рўи собиқаи хизмат ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб гардидаанд
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб гардидаанд, нафақа аз рўи собиқаи хизмат ба андозаи ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ, ки банди "а"-и моддаи 23-юми ҳамин Қонун барои маьюбон аз ҷумлаи ин шахсон аз рўи гурўҳи дахлдори маъюбӣ пешбинӣ намудааст, зиёд карда мешавад. Зиёдкунии мазкурро дар як вақт бо афзоиши пешбининамудаи бандҳои "г"- ё "д"-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 17. Иловапулиҳо ба нафақа аз рўи собиқаи хизмат
Ба нафақа аз рўи собиқаи хизмат, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда таъин карда мешавад (аз ҷумла ба нафақаи ҳадди ақал ҳисоб кардашуда), иловапулиҳои зайл ҳамроҳ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) ба нафақахўрон - маъюбонӣ гурўҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, ҳамчунин ба нафақахўроне, ки аз рўи вазъи саломатӣ тибқи хулосаи "муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кўмак, назорати) доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, - барои нигоҳубин кардани нафақахўр ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол, ки дар банди аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст ва онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
б) ба нафақахўрони кор намекардагии ба синни 55-солагӣ расида ё маъюб буда, ки дар таъминоташон аьзои ғайри қобили меҳнати оилаҳои дар модаҳои 29, 31, 33, 34-уми ҳамин Қонун зикршуда доранд, - ба ҳар сари онҳо, вале на зиёда ба се аъзои ғайри қобили меҳнати оила, ба андозаи 50 фоиз, ба узви ғайриқобили меҳнати оила, ки маъюбӣ гурўҳи 3 мебошад, - 30 фоизи амдозаи ҳадди ақали нафақаи пиронсолии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст. Дар сурати дар як вақт доштани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақа нисбати узви ғайри қобили меҳнати оила, ба яке аз аъзои оила нафақаи иҷтимоӣ таъин карда ё ба нафақа барои ин узви оила иловапулӣ ҳамроҳ кардан мумкин аст.
Иловапулии дар банди "а"-и ҳамин модда нишондодашуда ба нафақаҳои нафақахўроне, ки ба зиёд кардани нафақаи пешбининамудаи моддаи 16-уми ҳамин Қонун ҳуқуқ доранд, ҳисоб карда намешавад.
Моддаи 18. Ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа
Ба собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа мувофиқи моддаи 13-уми ҳамин Қонун инҳо ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264):
хизмати ҳарбӣ; хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ; хизмат дар отряди партизании шўравӣ; хизмат дар мақомоти гумрук, хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат дар воҳидҳои полиси андоз, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ; мўҳлати кор дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ; вазорату идораҳо ва ташкилотҳои гражданӣ ва ҳамзамон боқи мондан дар хизмати ҳарбӣ ё дар кадрҳои вазоратҳову идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон; вақти дар асирӣ будан, агар асирӣ ихтиёрӣ набошад ва хизматии харбӣ ҳангоми асир буданаш ба Ватан ҷиноят накарда бошад; мўҳлати сипарӣ кардани ҷазо ва дар ҳабс будани хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва муассисаю мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, воҳидҳои полиси андоз, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё табъид шуда, баъдан сафед карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, Қонун аз 22.04.2003 № 12, аз 26.03.2009 № 499, аз 27.11.2014 № 1151, аз 25.12.2015 № 1264). 
Давраи хизмат дар шароити махсус бояд ба собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми аввали моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишон додашуда ба ҳисоби ймтиёзнок дохил карда шавад.
Тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Ба собиқаи хизматии умумӣ барои таъин намудани нафақа ба шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ҳисоб намудани собиқаи ғайринизомӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
БОБИ 3. НАФАҚАИ МАЪЮБӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 19. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаи маъюбиро муайян мекунанд
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки маъюб шудаанд, ба нафақаи маъюбӣ ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар давраи хизмат ё то семоҳи баъди аз хизмат ҷавоб шудан ё агар онҳо баъди ин мўҳлат дар натиҷаи захм, контузия, маслуқӣ ё касалии дар давраи хизмат гирифтор шудаашон маъюб шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 20. Муқаррар кардани маъюбӣ
Гурўҳ, ва сабабҳои маъюбӣ, инчунин вақти расидани маъюбшавиро комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) муқаррар менамояд, ки он дар асоси Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда амал мекунад.
Вобаста ба дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ маъюбон ба 3 гурўҳ тақсим карда мешаванд.
Моддаи 21. Категорияҳои маьюбон
Маъюбон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда вобаста ба сабабҳои маъюбӣ ба категорияҳои зерин тақсим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) маъюбон дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ - шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ, контузия ё маслуқшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё иҷрои дигар вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазоифи хизматӣ) ва ё дар натиҷаӣ касалии вобаста ба давраи ҷанг ё адои хизмат дар хориҷа - дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣ сурат гирифтаанд, маъюб шудаанд. Ба маъюбон дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ ҳамчунин собиқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ, контузия, маслуқшавӣ ё касалии дар давраи асирӣ (дар сурати риояи шартҳои пешбининамудаи қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун) ё дар давраи ба сифати тарбиягиранда ва юнга (малоҳписар) дар артиши амалкунанда будан гирифтор шуда, маъюб гардидаанд, дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
б) маъюбон дар натиҷаи касалӣ, ки дар давраи хизматӣ ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд, - шахсоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуше маъюб шудаанд ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) вобаста нест ва ё дар натиҷаи касалие маъюб шудаанд, ки ба иштирок кардан дар фронт ё хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣ сурат гирифтаанд, вобастагӣ надорад.
Моддаи 22. Андозаи нафақаҳо
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур нишон додашуда нафақаи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) ба маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2-юми дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ85 фоиз, гурўҳи 3-50 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст;
б) ба маъюбон дар натиҷаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшудаи гурўҳҳои 1 ва 2-75 фоиз, гурўҳи 3-30 фоизи маблағҳои дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст.
Моддаи 23. Андозаҳои ҳадди ақали нафақа
Нафақаи маъюбӣ ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда набояд аз андозаҳои зайл камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) барои маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2 дар натиҷаӣ ҷароҳати ҳарбӣ- 200 фоиз, гурўҳи 3-100 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, ки дар қисми 2-юми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;
б) барои маъюбони гурўҳи 1 ва 2 дар натиҷаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшуда - 100 фоиз, гурўҳи 3-80 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, ки дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.
Моддаи 24. Иловапулиҳо ба нафақа бинобар маъюбӣ
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки маъюбӣ гурўҳи 1 дониста шудаанд ё ба синни 80-солагӣ расидаанд ё мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кўмак, назорати) доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин ба маъюбони кор намекардагии гурўҳи 1 ва 2-и дар таъминоташон аъзои ғайриқобили меҳнат дошта ба нафақаи бинобар маъюбии ба онҳо таъиншаванда (аз ҷумла ба нафақаи ҳадди ақал, ки ҳисоб шудааст) мувофиқи тартибу андозаҳое, ки моддаи 17-уми Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, иловапулӣ зам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 25. Даврае, ки барои он нафақа аз рўи маъюбӣ таъин карда мешавад
Ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда нафақа аз рўи маъюбӣ барои давраи маъюбии комиссияи экспертизаи тиббию меҳнатӣ муқаррарнамуда, ба мардони маъюбӣ аз 63-сола боло ва занони маъюби аз 58-сола боло бошад, барои як умр, бо роҳи аз нав муоина кардан фақат бо аризаи шахсиашон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Дар мавриди қобили меҳнат донистани нафақахўре, ки ба синни дар ин модда зикршуда нарасидааст, нафақа ба вай то охири моҳе дода мешавад, ки ўро қобили меҳнат донистаанд, вале на бештар аз рўзе, ки то он маъюбӣ муқаррар карда шудааст.
Моддаи 26. Тағйир додани андозаи нафақа ҳангоми аз нав дида баромадани гурўҳи маъюбӣ
Ҳангоми аз нав дида баромадани гурўҳи маъюбӣ мутаносибан андозаи нафақа низ тағйир меёбад. Агар дар натиҷаӣ ҷароҳати ҳарбӣ маъюбии шахси маъюб вобаста ба касалии умумӣ, маслукии меҳнатӣ ё бемории касбӣ авҷ гирад, нафақа аз рўи гурўҳи нави маъюбӣ бо маҳфуз доштани сабаби пештараи он аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 27. Боздоштан ва аз нав оғоз намудани пардохти нафақа ҳангоми гузаштани мўҳлати муоинаи такрорӣ
Агар маъюб аз зумраи шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда дар комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ) сари вақт аз муоинаи такрорӣ нагузарад, пардохти нафақаи таъиншуда аз рўзе, ки то он ба вай маъюбӣ муқаррар карда шудааст, боздошта мешавад, дар мавриди аз нав маъюб донистани вай аз рўзи ба ў аз нав муқаррар намудани маъюбӣ нафақаи таъиншуда пардохта мешавад.
Дар сурати аз мўҳлати муоинаи такрорӣ бо сабаби узрнок дер кардани маъюб ва аз тарафи КЭТМ ба ў муқаррар кардани маъюбӣ барои давраи гузашта, пардохти нафақа аз он рўзе оғоз меёбад, ки вай маъюб дониста шудааст. Агар ҳангоми муоинаи такрорӣ ба маъюб дигар гурўҳи маъюбӣ (нисбатан баландтар ё пастар) муқаррар шавад, ба вай нафақа барои давраи гузаштаи пеш аз рўзи муоинаи такрорӣ аз рўи гурўҳи пештараи маъюбӣ пардохта мешавад.
БОБИ 4. НАФАҚАИ БИНОБАР БЕ САРОБОН МОНДАН
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 28. Шартҳои муайянкунандаи ҳуқуқи нафақа
Ба оилаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда нафақаи бинобар бе саробон мондан таъин карда мешавад, агар саробон дар давраи адои хизмат ё на дертар аз се моҳи баъди рўзи аз хизмат ҷавоб шудан ё аз ин мўҳлат дертар дар натиҷаи захм, контузия, маслукӣ ё касалии дар давраи адои хизмат гирифтор шудааш вафот карда (ҳалок шуда) бошад ва ба оилаи нафақахўрон, аз ҷумлаи ин ашхос - агар саробон дар давраи нафақа гирифтан вафот карда бошад, новобаста аз вақти баъди рўзи вафоти саробон гузашта. Дар айни замон оилаҳои собиқ хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар вақти асир буданашон вафот кардаанд (дар сурати риояи шартҳои дар қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун нишондодашуда) ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар давраи амалиёти ҷангӣ беномунишон гумшуда, ба оилаҳои шахсони дар фронт ҳалокгардида баробар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 29. Аъзои оила, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Аъзои оилаи ғайри қобили меҳнати шахсони вафоткардаи (ҳалокгардидаи) дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар таъминоти онҳо буданд, барои нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Сарфи назар аз нонхури саробон будан, нафақа ба бачаҳои ғайри қобили меҳнат, волидони қобилияти кори надошта, ҳамсар, агар онҳо баъди фавти саробон манбаи ризқу рўзии барои зиндагиашон зарурро гум карда бошанд; волидони ғайри қобили меҳнат ва ҳамсарони шахсоне, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун зикршуда вафот кардаанд; ҳамсар, яке аз волидон ё дигар аъзои сила, ки дар банди "в"-и ҳамин модда нишон дода шудаанд, таъин карда мешавад.
Аъзои ғайри қобили меҳнат инҳо дониста мешаванд:
а) фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд ё аз ин синну сол калонтар мебошанд, агар онҳо то ба синни 18-солагӣ расидан маъюб шуда бошанд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд (ба ғайр аз муассисаҳои таълимие, ки таълимгирандагони онҳо дар хизмати ҳарбӣ ё хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дониста мешаванд) - то хатми таҳсил, вале на дертар ба синни 23-солагӣ расидани онҳо. Бародарон, хоҳарон ва наберагон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо волидони қобили меҳнат надошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12);
б) падар, модар ва ҳамсар, агар онҳо ба синну соли мардон63-сола, занон - 58-сола расида бошанд ва ё маъюб бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
в) ҳамсар ё яке аз волидон ва ё бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти кори, агар вай ба нигоҳубини бачаҳо, бародарону хоҳарон ё наберагони ба синни 8-солагӣ нарасидаи саробони вафоткарда машғул бошад ва кор накунад;
г) бобо ва бибӣ - дар сурати набудани шахсоне, ки аз рўи Қонун вазифадоранд онҳоро нигоҳубин кунанд.
Моддаи 30. Ҳуқуқи нафақа бо шартҳои имтиёзнок
Ҳамсари шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаркардашуда вафот кардаанд, ки бо нигоҳубини фарзандони то ба синни 8-солагӣ нарасидаи шахсони вафоткарда машғул мебошанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти кори ва аз он, ки зан кор мекунад ё не, ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Ба модарон ва ҳамсари шахсони дар қисми якуми 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаршуда вафот кардаанд, нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳангоми ба синни 50-солагӣ расидани онҳо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 31. Аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд
Аъзои оилаи шахси вафоткарда дар мавриде нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо пурра дар таъминоти ў бошанд ё аз вай ёрие мегирифта бошанд, ки он барои онҳо манбаи доими ва асосии ризқу рўзӣ барои зиндагӣ бошад.
Ба аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки барои онҳо ёрии вай манбаи доими ва асосии ризқу рўзӣ барои зиндагӣ бошад, вале худи онҳо ягон навъи нафақа гиранд, бинобар бе саробон мондан нафақа таъин кардан мумкин аст.
Моддаи 32. Пардохти нафақаи бинобар бе саробон мондан ба фарзандоне, ки пурра дар таъминоти давлат мебошанд
Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин карда бошанд.
Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
Моддаи 33. Ҳуқуқи нафақаи падархондҳо ва фарзандхондҳо
Падархондҳо дар баробари волидон ва фарзандхондҳо дар баробари бачаҳои аслӣ ба нафақаи бинобар бесаробон мондан ҳуқуқ доранд.
Ноболиғоне, ки бинобар бе саробон мондан ба нафақа ҳуқуқ доранд, ин ҳуқуқашонро ҳангоми фарзандхонд шуданашон нигоҳ медоранд.
Моддаи 34. Ҳуқуқи нафақаи падарандар, модарандар, писарандар ва духтарандар
Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин карда бошанд.
Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
Моддаи 35. Гирифтани нафақа ҳангоми аз нав никоҳ кардан
Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба зани шахси фавтида таъин шуда буд, ҳангоми бори дигар шавҳар карданаш ба ў дода мешавад.
Моддам 36. Андозаи нафақа
Нафақаи бинобар бе саробон мондан ба андозаҳои зайл муқаррар карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нмшондодашуда вафот кардаанд, - 40 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила пешбинӣ намудааст. Ба оилаҳои нафақахўрони вафоткарда, ки рўзи фавт дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб мебошанд ва ба фарзандоне, ки волидонашон вафот кардаанд, сарфи назар аз марги саробон, аз рўи ҳамин меъёр нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "б"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нишондодашуда вафот кардаанд, - 30 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 37. Андозаи ҳадди ақали нафақа
Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба оилаҳои шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда таъин карда мешавад, аз рўи ҳисоб ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила набояд аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) ҳангоми мувофиқи банди "а"-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи син-синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;
б) ҳангоми мувофиқи банди "б"-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст.
Моддаи 38. Иловапулиҳо ба нафақаи бинобар бе саробон мондан
Ба аъзои оилаи маъюбони гурўҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, инчунин дигар аъзои оилае, ки мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ аз рўи саломатӣ ба нигоҳубини (ёрӣ, назорати доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, ба нафақаи бинобар бе саробон модан таъиншаванда аз ҷумла ба нафақаи ба андозаи ҳадди ақал ҳисобкардашуда барои нигоҳубини нафақахўр ба андозаи пешбининамуда банди "а"-и моддаи 17-уми ҳамин Қонун иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.
Моддаи 39. Даврае, ки барои он нафақа таъин карда мешавад
Нафақаи бинобар бе саробон мондан барои тамоми даврае, ки дар муддати он аъзои оилаи вафоткарда мувофиқи моддаи 29-уми ҳамин Қонун ғайри қобили меҳнат дониста мешавад, ба аъзои оилаи ба сини:
мардон - 63-солагӣ, занон - 58-солагӣ расида бошад, якумра таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 40. Ҷудо кардани як қисми нафақа
Дар асоси аризаи аъзои оила як қисми ба вай тааллуқдоштаи нафақаи бинобар бе саробон мондан алоҳида ҷудо карда пардохта мешавад. Қисми нафақа бо назардошти меъёрҳои ҳисоб кардани нафақа, ки ҳамин Қонун барои узви оилаи барои ҷудо кардани он муроҷиатнамуда пешбинӣ кардааст, ҷудо карда мешавад.
Як ҳиссаи нафақа аз рўзи якуми моҳи баъди моҳи ворид гаштани ариза ҷудо карда мешавад.
Моддаи 41. Қатъ гардидани пардохти нафақа ҳангоми аз даст додани ҳуқуқи он
Агар дар ҳайати оилае, ки ба он бинобар бе саробон мондан нафақа таъин шуда буд, тағйироте ба амал ояд, ки дар натиҷаи он аъзои алоҳида ё, тамоми оила ҳуқуқи нафақаро аз даст диҳанд, андозаи он аз рўзи якуми моҳи баъди мохе, ки тагйирот ба амал омадааст, кам гардида ё пардохти он катъ мегардад.
Моддаи 42. Тартиб ва мўҳлати муқаррар намудани маъюбии аъзои оилаи шахси вафоткарда
Ба он аъзои оила, ки маъюбанд, қоидаҳо дар бораи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррар кардани маъюбӣ ва пардохти нафақа ҳангоми танаффус дар муоинаи такрории комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ), ки дар моддаҳои 20, 25 ва 27-и ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, татбиқ мегарданд.
БОБИ 5. ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 43. Таъминоти пулӣ барои ҳисоб кардани нафақа
Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешавад, аз таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ шахсоне, ки дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ва шахсоне, ки дар мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои махсус доранд, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад. Барои он ба онҳо ҳисоб кардани нафақа мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳо аз рўи мансаб, маошҳо аз рўи рутбаҳои ҳарбӣ ё махсус (бе дар назардошти баланд бардоштани маошҳо барои хизмат дар маҳалҳои дурдасти баландкўҳ, ва дигар шароитҳои махсус ва ҷубронпулиҳо бар ивази сару либоси махсус ва хўрокворӣ) ва изофапулиҳои фоизӣ барои собиқаи хизмат, аз ҷумла пардохтҳо вобаста ба индексасияи таъминоти пулӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 2, аз 22.04.2003 № 12,аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 44. Ҳисоб кардани нафақа ба оилаҳои нафақахўрон
Ба оилаҳои нафақахўрон, аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашуда нафақаи бинобар бе саробон мондан аз ҳисоби таъминоти пулии саробон ҳисоб карда мешавад, ки аз он ба вай нафақа ҳисоб карда шуда буд (аз нав ҳисоб карда шуда буд) ё бояд аз нав ҳисоб карда мешуд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 45. Зиёд кардани нафақаи баъзе категорияҳои нафақахўрон
Нафақа барои собиқаи хизмат бинобар маъюбӣ ва бинобар бе саробон мондан, ки мувофиқи ҳамин Қонун (аз ҷумла ҳисобкунӣ ба андозаи ҳадди ақал) таъин мегардад, зиёд карда мешавад:
а) ба Каҳрамонони Иттиҳоди Шўрави ва шахсони ба ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шуда, шахсони бо унвони Каҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардида-50 фоизи нафақа, вале на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки дар қисми якўми моддаи 46 ҳамин Қонун зикр шудааст (Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 622);
б) ба Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ - 25 фоизи андозаи нафақа, вале на камтар аз 50 Фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;
в) ба шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнатӣ, ҳар се дараҷаи ордени Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё бо орденҳои Ситораи Президенти Тоҷикистон, Спитамен мукофотонида шудаанд ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақали нафака аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 622);
г) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар амалиёти ҷангӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҳайати артишҳои амалкунанда хизмат кардаанд ва партизанке; ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумлаи ҳайати хизматгузори ғайринизомӣ, тарбиягирандагон ва юнгаҳои (малоҳписарони) қисмҳои артиши амалкунанда; ба иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар хориҷа аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда- ба андозаи 75 фоизи нафақаи ҳадди ақали аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
д) ба шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3-юми сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарбӣ будаанд (ба ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда қарор доштаанд), инчунин ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар маҳалҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақибгоҳ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳои ИҶШС, медали "Барои мудофиаи Ленинград" ё нишони "Сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонидашуда - ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи аз рўи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;
е) собиқ маҳбусони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, гето ва дигар маҳалҳои нигоҳдории маҷбурӣ, ки фашистони немис ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷахон ташкил карда буданд - ба андозаи 100 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр гардидааст;
ж) ба шахсоне, ки бо сабабҳои сиёсӣ беасос табъид гашта, баъд сафед карда шудаанд, - ба андозаи 50 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми аввали моддаи 45-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.
Моддаи 46. Қоидаҳои татбиқи андозаҳои ҳадди ақали нафақа, ҳисоб кардани иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд кардани нафақаҳо
Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд кардани нафақаҳо, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бе зиёд кардани он барои собиқаи кории зиёдтар аз собиқаи корие, ки барои таъин кардани нафақаи пурра лозим аст, муайян карда мешавад.
Нафақаҳо бо иловапулиҳо ва зиёдкуниҳо бо андозаҳои ниҳоии онҳо маҳдуд карда намешаванд.
Дар мавриди мавҷуд будани ду ва зиёда нафақахўри кор намекардагӣ барои ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оила, ки дар таъминоти умумии онҳо мебошанд, ба нафақаи танҳо яке аз нафақахўрон, вале аз рўи интихоби худашон иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.
Зиёдкуниҳои пешбиникардаи бандҳои "а", "б", ва "в"-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ба нафақае, ки бе иловапуливу дигар зиёдкуниҳо ҳисоб карда шудааст, ҳамроҳ карда мешавад. Ҳангоми ба якчанд узви ғайри қобили меҳнати оила таъин кардани нафақаи бинобар бе саробон мондан зиёдкуниҳои мазкур ба нафақае, ҳамроҳ карда мешавад, ки он ба ҳар як узви оилаи ба зиёд кардани нафақа ҳуқуқдошта бояд дода шавад.
Моддаи 47. Зиёд кардани андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулӣ ва андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ
Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд кардани кафақаҳо, ки дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст, муайян карда мешавад, инчунин андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа пурра ба ҳисоб гирифта мешавад ва дар асоси андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда зиёд кардани андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ё андозаи ҳадди ақали музди кор, баланд бардошта мешавад.
Моддаи 48. Татбиқи коэффисиентҳои ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкўҳ ба андозаҳои нафақаҳо
(Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264)
Ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар маҳалҳое, ки дар он ҷо ба музди кори коргарону хизматчиён коэиффисенти ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкўҳ муқаррар карда мешавад, дар давраи дар ин маҳалҳо зиндагӣ кардани онҳо, нафақаҳо, иловапулиҳо ба ин нафақаҳо, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад ва зиёдкуниҳои пешбининамудаи моддаи 45-уми ҳамин Қонун бо татбиқи коэффисиенти дахлдори ноҳиявӣ, ки дар он маҳал барои коргарону хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқаррар шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 49. Аз нав дида баромадани нафақаҳо ҳангоми баландшавии арзиши знндагӣ ва музди меҳнат
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394)
Нафақаҳои таиншудаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми баландшавии арзиши зиндагӣ ва музди меҳнат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз нав дида баромада шавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394).
БОБИ 6. ТАЪИН КАРДАН ВА ПАРДОХТАНИ НАФАҚАҲО
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 50. Ташкили кор оид ба таъмини нафақа
Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинигардида ва аҳли оилаи онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби таъин кардан ва пардохтани нафақаҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардаанд, амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 51. Муроҷиат барои таъин намудани нафақа
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо (ба ғайр аз шахсони дар қисми 2-юми моддаи 2 зикргардида) дар бораи таъин кардани нафақа бо ариза бо мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Шахсони дар моддаи 2-юми ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо дар бораи таъин кардани нафақа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" бо ариза ба шуъбаҳои (раёсатҳои) ноҳиявии (шаҳрии) ҳифзи иҷтимоии ҷои истиқоматашон муроҷиат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа якҷоя бо хуҷҷатҳои дахлдори барои ҳалли масъала зарур ба мақомоти нафақавӣ (мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) пешниҳод мешаванд.
Моддаи 52. Баррасии аризаҳо дар бораи таъини нафақа
Аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳи онҳо пешниҳодшуда барои таъини нафақа ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда ва аҳли оилаҳои онҳо аз тарафи мақомоти нафақа на дертар аз 10 рўзи баъди расидани ариза ё на дертар аз 10 рўзи баъди расидани ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ки ҳангоми ариза додан пешниҳод карда нашудаанд, баррасӣ мешаванд.
Моддаи 53. Мўҳлатҳои таъин кардани нафақаҳо
Нафақаҳо мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешаванд:
а) ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, аз рўзи аз хизмат ҷавоб шудан, вале на барвақттар аз рўзе, ки то он ба онҳо ҳангоми ҷавоб шудан маблағи пулӣ дода шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳои зайли дар мўҳлатҳои дертар ба онҳо таъин кардани нафақка (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
ҳангоми муқаррар кардани маъюбӣ баъди ба охир расидани се моҳи баъди аз хизмат ҷавоб шудан ё дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё касалӣ, ки баъди аз хизмат ҷавоб шудан ба он гирифтор шудааст, - аз рўзи муқаррар кардани маъюбӣ;
ҳангоми аз хизмат ҷавоб шудан вобаста ба маҳкум шудан ба маҳрумӣ аз озодӣ - аз рўзи барои нафақа муроҷиат кардан баъди аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ҷавоб шудан;
б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаи нафақахўрон аз ҷумлаи ин шахсон - аз рўзи фавти саробон, вале на барвақттар аз рўзе, ки ба вай маблағи пулӣ пардохта ё нафақа дода шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳои зайли таъин кардани нафақа ба аьзои оилаҳо аз мўҳлатҳои нисбатан дертар (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
ба аъзои оила, ки баъди фавти саробон нисбати расидан ба синни нафақа ё ба онҳо муқаррар кардани маъюбӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд - аз рўзи ба ин синну сол расидан ё муқаррар кардани маъюбӣ;
ба волидон ё ҳамсаре, ки бинобар аз даст додани манбаи ризқу рўзии зиндагӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо кардаанд - аз рўзи барои нафақа муроҷиат кардан.
Дар сурати сари вақт муроҷиат накардан нафақа барои вақти гузашта аз рўзи пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа, вале на зиёда аз 6 моҳи пеш аз муроҷиат кардан таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 54. Рўзи муроҷиат кардан барои таъин намудани нафақа
Рўзи муроҷиат кардан барои таъин намудани нафақа рўзи додани ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомоти дахлдори нафақа дар бораи таъин намудани нафақа ва ҳангоми ба воситаи почта фиристодани ариза ва ҳуҷҷатҳо - рўзии фиристодани онҳо ҳисоб меёбад.
Дар мавридҳое, ки ба ариза дар бораи таъин кардани нафақа на ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ҳалли масъала зарур ҳамроҳ карда шудаанд, ба аризадиҳанда фаҳмонида мешавад, ки вай боз кадом ҳуҷҷатҳоро оварад. Агар аз рўзи гирифтани тавзеҳоти мазкур се моҳ нагузашта ин ҳуҷҷатҳо пешниҳод шаванд, рўзи барои нафақа муроҷиат кардан, рўзи ариза додан ё рўзи ба воситаи почта фиристодани ҳуҷҷатҳои дар қисми 2-юми ҳамин модда зикршуда ҳисоб меёбад.
Моддаи 55. Мўҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаҳои таъиншуда
Ҳангоми фаро расидани ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо мегарданд, нафақаҳо аз рўзи якуми моҳи баъди моҳе, ки ҳолатҳои мазкур ба миён омадаанд, аз нав ҳисоб карда мешаванд. Дар мавриде, ки нафақахўр ба баланд шудани нафақа ҳуқуқ пайдо мекунад, фарқи байни андозаҳои нав ва пештараи нафақа дар сурати сари вақт муроҷиат накардани вай ба нафақахўр барои вақти гузашта, вале барои на зиёда аз 6 моҳи пеш аз рўзи муроҷиат кардан барои аз нав ҳисоб кардани нафақа пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 56. Тартиби умумии пардохти нафақа ва мақомоте, ки нафақаро мепардозанд
Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешаванд, дар ҷои истиқомати нафақахўрон аз тарафи мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаҳои (филиалҳои) дахлдори бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ба пасандозҳо гузаронидани маблағи нафақа ё ба воситаи муассисаҳои алоқа то ба хона расонидани онҳо пардохта мешаванд. Интиқоли нафақа ба воситаи почта ва ба хона бурда расонидани он аз ҳисоби давлат ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 2, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Нафақа барои моҳи ҷорӣ дар мўҳлате пардохта мешавад, ки онро мақомоти таъини нафақа дар асоси мувофиқа бо муассисаҳои бонки амонатгузорӣ ва алоқа муайян кардааст.
Дар асоси қарори бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи вазорати дахлдор нафақаҳоеро, ки мақомоти нафақаи ин вазорат таъин мекунанд, нисбат ба тартиби пешбининамудаи қисми 1-уми ҳамин модда аз рўи тартиби дигар пардохтан мумкин аст (аз ҷумла ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар асоси шартнома).
Тартиби пардохти нафақаро ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар банди "б"-и қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикргардида ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қаламрави давлатҳои собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС истиқомат намуда, узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нестанд, аз ҷумла бо асъори давлати марбута, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои бо ин давлатҳо басташаванда муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 57. Пардохти нафақа ба нафақахўрон зимни гирифтани музди меҳнат ё дигар даромад
Нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин мегардад, сарфи назар аз гирифтани музди меҳнат ё дигар навъи даромад, пурра пардохта мешавад. Ба нафақахўроне, ки ба кор дохил шудаанд ё аз фаъолияти соҳибкорӣ даромад мегиранд, фақат иловапулиҳо ба нафақа, ки барои нафақахўрони бекор дар банди "б"-и моддаи 17 ва моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, пардохта намешавад.
Моддаи 58. Пардохти нафақаҳое, ки нафақахўрон сари вақт нагирифтаанд
Маблағи нафақаи ба нафақахўр, аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо ҳисоб кардашуда, ки сари вақт нагирифтаанд, барои давраи гузашта, вале на зиёда аз 2 соли пеш аз муроҷиат барои гирифтани он, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Маблағи нафақа, ки нафақахўр бо айби мақомоти таъинкунанда ё пардохткунандаи нафақа, сари вақт нагирифтааст, барои давраи гузашта бе маҳдудияти ҳама гуна мўҳлат пардохта мешавад.
Моддаи 59. Пардохти нафақа ба нафақахўроке, ки дар хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиндагӣ мекунанд
Ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пиронсолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд, фарқи байни маблағи нафақаи онҳо ва арзиши зиндагӣ ҳар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, шахсони дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюбгардида ё иштирокчиёни ҷанг ё ашхоси аз рўи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафед кардашуда, ки дар банди "а"-и моддаи 21, бандҳои "г" ва "л"-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд - на камтар аз 25 фоизи маблағи нафақаи таъинкардашуда пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Дар мавриде, ки нафақахўри дар хона-интернати (пансионати) пиронсолон ва маъюбон зиндагикунанда дар таъминоти худ аъзои оилаи ғайри қобили меҳнат дошта бошад, нафақаи ба вай таъиншуда мувофиқи тартиби зайл пардохта мешавад:
ба як узви оилаи нафақахўр чоряк, ба ду узви оилаи вай сеяк ва ба се узв ва зиёда аз он нисфи нафақаи таъиншуда; нафақаи боқимонда бо ситонидани арзиши нигоҳубин дар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, аммо нисбати нафақахўре, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҷангӣ маъюб гардидааст ё иштирокчии ҷанг ва ё аз ҷумлаи ашхоси аз рўи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафедшуда мебошад, - на камтар аз 25 фоизи андозаи он ба худи нафақахўр пардохта мешавад.
Моддаи 60. Пардохти нафақа дар давраи табобати статсионарӣ
Дар давраи дар табобати статсионарӣ (дар беморхона, клиника, госпитал, махавхона ва дигар муассисаҳои табобатӣ) будани нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикргардида ва аъзои оилаҳои онҳо, нафақаи ба онҳо таъингардида дар асосҳои умумӣ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 61. Кать гардидани пардохти нафақа дар давраи аз озодӣ маҳрум шудани нафақахўр
Дар сурати аз озодӣ маҳрум шудани нафақахўр пардохти нафақаи ба вай таъингардида дар давраи аз озодӣ маҳрум буданаш қагъ мегардад. Агар нафақахўр дар оилааш аъзои ғайри қобили меҳнат дошта бошад, қисми нафақа ба нонхуронаш дода мешавад, ки манбаи ризқу рузии зиндагиашонро гум кардаанд, вале на зиёдтар аз 50 фоизи нафақаи таъиншуда бо назардошти шароити моддии оила.
Моддаи 62. Нигоҳ доштан аз нафақа
Аз нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун пардохта мешавад, дар асоси қарорҳо, таъинот, қарордод ва ҳукми суд (дар бобати ҷазои молу мулкӣ), навиштаҷоти иҷроияи идорахои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иҷрои онҳо мувофиқи қонунгузорӣ аз рўи тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраршуда амалӣ мегардад, нигоҳ дошта мешавад. Маблағи нафақа ё кўмакпулиеро, ки ба нафақахўр дар натиҷаи сўистифода аз тарафи вай барзиёд пардохта шудааст, аз нафақа дар асоси қарори мақоми дахлдори нафақа ҳар моҳ ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи нафақаи пардохташаванда илова аз маблағе, ки аз рўи дигар асосҳо нигоҳ дошта мешавад, нигоҳ доштан мумкин аст. Дар ҳамаи ҳолатҳои муқаррар кардани ҷазо нисбат ба нафақа ба нафақахўр на камтар аз 50 фоизи нафақааш пардохта мешавад.
Дар мавриди қатъ гардидани пардохти нафақа то вақти пурра пардохтани қарз аз рўи маблағи барзиёд пардохташудаи нафақа ё кўмакпули қарзи боқимонда аз тариқи суд ситонида мешавад.
Моддаи 63. Пардохти нафақа дар мавриди фавти нафақахўр
Маблағи нафақаи мутааллиқ ба нафақахўр аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ба сабаби фавти вай пурра гирифта нашудааст, ба аъзои оилаи нафақахўри вафоткарда дода мешавад, агар онҳо маъракаи дафнро бе дохил кардани ин маблағ ба ҳисоби мерос анҷом дода бошанд. Дар дигар мавридҳо маблағи нафақа, ки бинобар фавт аз ҷониби нафақахўр пурра гирифта нашудааст, ба меросхурони вай дар асосҳои умумии муқаррарнамудаи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 64. Таъмини нафақа ҳангоми ба хориҷа рафтан
Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки барои истиқомати доими ба хориҷа рафтаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои (созишномаҳои) оид ба таъминоти иҷтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ Иттиҳоди ҶШС бо дигар давлатҳо бастаанд, ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 65. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои нафақа
Баҳсҳои оид ба масъалаҳои таъин кардан ва пардохтани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо, руёнидани маблағҳои барзиёд пардохташудаи нафақаҳо аз ҷониби мақомоти болои тибқи тартиби тобеияти мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз тариқи суд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, аз 26.03.2009 № 499, 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 66. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 
 1 декабри соли 1994 № 1106