ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, мод. 681; соли 2007, №7, мод. 686; соли 2010, №1, мод.)
Қонуни мазкур принсипҳои умумӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Он барои таъмини ташкили санҷишу тафтиши воридот ва истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти кафолати он ҷалб карда мешаванд, грантҳо, кумаки башардустона ва амволи давлатӣ дар шароити инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули бахши хусусӣ нигаронида шудааст.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузорӣ дар бораи назорати давлатии молиявӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати давлатии молиявӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 2. Вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ
Вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ аз инҳо иборатанд:
ташкил ва амалигардонии санҷиш ва тафтиши иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ аз рӯи ҳаҷм, сохтор ва таъиноти мақсаднок, инчунин самарабахшии маблағгузории давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ;
таҳлил намудани асоснокии қисмҳои даромад ва хароҷоти лоиҳаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;
назорати маблағгузории саривақтӣ ва пурраи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табий ҷудошаванда, ҳамчунин назорати тақсими кӯмаки башардустона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад;
назорати қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми таркибии захираҳои тиллою асъории давлат мебошанд;
санҷиш ва тафтиши ҳаракати қонунӣ ва саривақтии маблағҳои буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ дар бонкҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои молиявию қарзӣ;
назорати истифодаи мақсадноки захираҳои қарзӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд;
таҳлили камбудиҳои ошкоргардида дар нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ва таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рафъи онҳо нигаронида шудаанд;
тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомотҳое, ки вазифаҳои назорати молиявии дохилиидоравиро анҷом медиҳанд;
назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ, инчунин таъмини ҳифзи маблағҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ аз ҷониби онҳо;
ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилоот ва хулосаҳо оид ба натиҷаҳои корҳои таҳлилию назоратӣ ва дар бораи иҷрои буҷети давлатии соли сипаришуда, инчунин ҳисоботи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои анҷом додашуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 3. Принсипҳои амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ
Назорати давлатии молиявӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ҳаққоният, мустақилият ва ошкорбаёнӣ ба роҳ монда мешавад.
Назорати давлатии молиявӣ ба стандартҳои корҳои назоратию тафтишотие, ки дар амалияи байналмилалӣ истифода бурда мешаванд, асос меёбад.
БОБИ II. МАҚОМИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 4. Мақоми назорати давлатии молиявӣ
Бо мақсади амалї намудани назорати давлатии молиявӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти назорати давлатии молиявӣ, (минбаъд «Мақоми назорат»), таъсис дода мешавад, ки он мақоми асосии назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Низомнома, сохтор, теъдод ва фонди пардохти музди меҳнати Мақоми назоратро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ҳангоми баррасии мавод оид ба натиҷаи санҷишу тафтишот, дар ҷаласаҳои Мақоми назорат ахборот, ҳисобот ва тавзеҳоти роҳбарон, шахсони мансабдори вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ шунида мешаванд.
Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти назорати давлатии молиявӣ
Дар ҷараёни татбиқи вазифаҳои дар ин Қонун зикргардида ва мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти санҷишию тафтишотӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои фаъолият анҷом дода шуда, системаи ягонаи назорати давлатии молиявӣ ба фаъоляти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатй, ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ истифодаи амволи давлатӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад, ки он чунин намудҳои назоратро пешбинӣ менамояд:
- гузаронидани тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзӯӣ оид ба иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ, аз ҷумла барои нигоҳ доштани мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии қарзи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи кӯмаки хориҷие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо кафолати он гирифта мешавад, маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои давлатии дар хориҷа амалкунанда, инчунин истифода ва ҳифзи амволи давлатӣ;
- ташкили тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзуии фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатӣ;
- гузаронидани санҷишҳои мавзӯӣ оид ба масъалаҳои қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми захираҳои тиллою асъори давлат мебошад;
- доир намудани санҷишҳо оиди хизматрасонии маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ;
- гузаронидани санҷишҳо оид ба хизматрасонии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти семоҳа оид ба натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва тадбирҳои нисбати онҳо андешидашуда.
Моддаи 6. Ташкил ва банақшагирии фаъолияти назоратӣ
Фаъолияти назоратӣ дар асоси нақшаҳои дусолаи тафтишотии комплексӣ ва нақшаҳои солонаи санҷишҳои мавзӯӣ, ки бинобар зарурати таъмини назорати системавии ҳамаҷонибаи истифодаи воситаҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ, бо назардошти ҳамаи самтҳои фаъолияти тафтишотӣ тартиб дода шудааст, созмон дода мешавад.
Банақшагирӣ дар асоси меъёрҳои техникию иқтисодӣ, стандартҳои назоратӣ ва тафтишотӣ, дастурҳои методӣ анҷом дода мешавад. Нақшаи тафтишот ва санҷишҳои мавзӯӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Чорабиниҳои назоратии ғайринақшавӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ҳангоми дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат гузаронида мешаванд.
Санљиши мавзўии соњибкорони инфиродї ва шахсони њуќуќии ѓайридавлатї оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблаѓњои давлатї, фондњои давлатї, ќарзњои аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва ё бо кафолати ў љалбшаванда аз љониби маќомоти назорати давлатии молиявї мутобиќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор дар Љумњурии Тољикистон» танњо оид ба њамин маблаѓњо ба амал бароварда мешавад. Санљиши фаъолияти шахсони њуќуќии давлатї бо тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур татбиќ карда мешавад.
БОБИ III. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ НАЗОРАТ
Моддаи 7. Доираи татбиқи ваколатҳои назоратии мақоми назорат
Барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, Мақоми назорат ҳуқуқ дорад, ки тафтишот ва санҷишҳо доир намояд, инчунин самарабахшии истифодаи маблағҳо ва амволи давлатиро дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Ваколатҳои назоратӣ ҳамчунин нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, агар онҳо маблағҳоро аз буҷети давлатӣ гиранд, ба воситаи суратҳисобҳо гузаронанд ё истифода баранд, моликияти давлатиро истифода ё идора намоянд, татбиқ мегардад.
Тафтишот на зиёда аз як бор дар ду сол ва санҷишҳои мавзӯӣ мутобиқи нақшаи солонаи тасдиқгардида дар маҳалли ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат дар бораи гузаронидани тафтишот ё санҷиш анҷом дода мешавад.
Санҷишҳои мавзӯи дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар қисмати гирифтан, ба воситаи суратҳисобҳо гузарондан ё истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби онҳо, иҷрои фармоиши давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки ин санҷишҳо бинобар зарурати доир намудани санҷиши мутаққобила аз рӯи далелҳои мушаххас ба миён омаданд.
Монеа ба фаъолияти кормандони Мақоми назорат дар доираи ваколатҳои додашуда, таъсиррасонӣ ба онҳо бо мақсади қабули қарор ба манфиати ин ё он тараф, амали зуроварӣ, ҳамҷунин тӯҳмат ё паҳн намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
Моддаи 8. Пешниҳоди иттилоот бо дархости мақоми назорати давлатии молиявӣ
Ҳамаи мақоми ҷумҳуриявй ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ вазифадоранд вобаста ба дархости Мақоми назорат оид ба тафтишоту санҷишҳои гузаронидаистода иттилооти заруриро пешниҳод намоянд.
Бонкҳои ҳамаи сатҳҳо вазифадоранд дар хусуси ҳаракати маблағҳои пулии давлатӣ, тавассути ҳисобномаҳои мизоҷон, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба Мақоми назорат иттилооти зарурӣ пешниҳод намоянд.
Ҳангоми гузаронидани тафтишоту санҷишҳо Мақоми назорат аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва бонкҳо тибқи Қонуни мазкур иттилоот ва нусхаи ҳуҷҷатҳоро мегирад. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд тасдиқи ҳуҷҷатии амалиёти гузаронидашуда, маълумотномаҳо ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро оид ба ин амалиётҳо ва ҳисобҳо, пешниҳод кунанд.
Рад намудан ва саркашии шахсони мансабдор ва алоҳидаи мақомоти дар боло зикргардида, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз пешниҳоди саривақтии иттилоот ё ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо дархости Мақоми назорат, ҳамчунин дидаю дониста пешниҳод намудани иттилооти бардурӯғ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.
Моддаи 9. Тафтишҳои комплекс ва санҷишхои мавзӯӣ
Тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзӯӣ мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида дар мавқеи ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда анҷом дода мешавад.
Оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои гузаронидашуда санад таҳия мегардад, ки дар он асос, мақсад, мавзӯъ, объекти тафтишшаванда, номгӯи ҳуҷҷатҳо ва объектҳои омухташуда, номгӯи ҳуҷҷатҳои дастраснагардида, маълумот оид ба норасоиҳо, зиён ва зарари ошкоршуда, инчунин тавсияҳо оид ба андешидани тадбирҳо баҳри рафъи камбудиҳои ошкоргадида дарҷ карда мешаванд.
Роҳбари объекти тафтишшаванда дар мӯҳлати се рӯз вазифадор аст, ки бо санади тафтиш ё санҷиш шинос шуда, ба он имзо гузорад. Ҳангоми бо камбудиҳои ошкоршудаи рафти тафтиш ва санҷиш розӣ набудани шахси мансабдори масъул, санад бо зикри мавҷудияти эродҳо ва ё эътироз имзо карда мешавад. Дар сурати аз ҷониби шахси мансабдор рад намудани шиносоӣ бо санад ё имзогузорӣ ба он, тафтишкунанда бояд бо зикри сана ва ҳолатҳои рад бо иштироки шоҳидон дар санад сабти дахлдор гузорад.
Ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санҷиш шахсони тафтишгар ба фаъолияти амалию хоҷагии объекти тафтишшаванда набояд дахолат кунанд, инчунин хулосаҳои худро то анҷоми тафтиш (санҷиш) ва барасмиятдарории он дар шакли санад (хулоса) ошкор намоянд.
Маълумоте, ки ба тафтишгарон ва шахсони ҷалбшуда дар чараёни тафтиш ва санҷиш дастрас гардидааст, набояд ба мақсадҳои шахси истифода бурда шавад.
Моддаи 10. Тафтиши иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи фондҳои давлатӣ
Дар рафти иҷрои буҷети давлатӣ тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомоти андоз, гумрук, хазинадорӣ, молиявӣ, бонкӣ ва дигар мақомотҳои идоракунии давлатӣ ҷиҳати аз ҷониби онҳо пурра ва сари вақт таъмин намудани ҷамъоварии воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷет, инчунин назорати хароҷоти воқеии маблағҳои буҷети анҷом дода мешавад. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буљети давлатӣ таҳлили онҳо гузаронида шуда, ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо, барои рафъи онҳо пешниҳод ирсол карда мешавад. (Ќ ЉТ аз 12.01.2010с, №583).
Инчунин ташаккул ва истифодаи самарабахши маблағҳои фондҳои давлатӣ таҳти назорат қарор дода мешавад.
Моддаи 11. Назорати вазъи қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати вазъи қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ ба таври зайл анҷом дода мешавад:
идоракунӣ ва хизматрасонии қарзҳои давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
қонуни, мақсаднок ва самарбахш будани истифодаи қарзҳои хориҷӣ, грантҳо, кӯмакҳои башардустона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, инчунин қарзҳое, ки субъектҳои хоҷагидорӣ бо кафолати давлат мегиранд;
додани қарзҳои давлатӣ ва кафолати давлатӣ, инчунин ба ихтиёри давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ беподош додани воситаҳои давлатӣ.
Моддаи 12. Назорати хароҷоти маблағҳо аз ҷониби намояндагиҳо ва муассисаҳое, ки дар хориҷа фаъолият доранд
Назорати хароҷоти маблағҳои давлатӣ дар ташкилотҳо, намояндагиҳо ва муассисаҳои давлатие, ки дар хориҷа амал мекунанд ва аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, вобаста ба ҳаҷм, таркиб, таъиноти мақсаднок ва мувофиқи матлаб будани хароҷоти онҳо, анҷом дода мешавад.
Моддаи 13. Назорати фаъолияти сармоягузорй
Фаъолияти мақомоти ҳокимияти идоракунӣ ва субъектҳои хоҷагидории давлатӣ оиди мувофиқи мақсад истифода гардидани маблағҳое, ки барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла барои бунёд ва рушди корхонаҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ шудаанд, назорат карда мешавад.
Моддаи 14. Тафтиши воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз ихтиёрдорӣ ва идоракунии моликияти давлатӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо
Тафтиши воридоти маблағҳои буҷети давлатӣ аз фаъолияти зайл бадастовардашуда ва истифодаи мақсадноки онҳо анҷом дода мешавад:
- аз ихтиёрдорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ (аз ҷумла хусусигардонӣ, фурӯхтан ё иҷораи он), даромадҳо аз дивиденди саҳмияҳои давлатӣ;
- аз истифодаи захираҳои табий.
Моддаи 15. Назорат дар соҳаи фаъолияти бонкӣ
Фаъолияти бонкҳои давлатй ва тиҷоратй дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатй ва қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.
Моддаи 16. Ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазоратњои корњои дохилї ва молия, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Бонки миллии Тољикистон, Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар мақомоти давлатӣ ҳангоми гузаронидани санҷишу тафтишот: (Ќ ЉТ аз 12.01.2010с, №583).
- ба фаъолияти Мақоми назорат мусоидат менамоянд;
- бо Мақоми назорат зарурат ва мутобиқи мақсад будани гузаронидани тафтиш ва санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатиро (ё бо иштироки давлатро) пешакӣ мувофиқа мекунанд;
- татбиқи вазифаҳои назоратии худро, ки бо зарурати ташкили гузаронидани санҷиш ва тафтиш алоқаманданд, бо Мақоми назорат ҳамоҳанг месозанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки оид ба маводи тафтиш ва санҷиши ба онҳо пешниҳодшуда чорабиниҳои тафтишотӣ анҷом медиҳанд, бояд оид ба тадбирҳои андешидашуда ба Мақоми назорат иттилоот пешниҳод намоянд.
Ҳангоми пешбурди фаъолияти назоратию тафтишотӣ дар доираи салоҳияташ, Мақоми назорат ҳуқуқ дорад барои иштирок дар чорабиниҳои нақшвии худ мақомоти назоратии зикргардида ва намояндагони онҳо, инчунин дар асоси шартнома хадамоти ғайридавлатии аудиторӣ ва мутахассисони алоҳидаро ҷалб намояд.
Моддаи 17. Пешниҳодот ва нишондодҳои назоратӣ
Дар бораи натиҷаи чорабиниҳои назоратии гузаронидашуда ва баррасии маводи тафтишоту санҷишҳо ба мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ва ба роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тафтишшаванда ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида, ҷуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва ҷалби шахсони гунаҳгор ба ҷазоҳои интизомӣ ва моддӣ, нишондодҳои хаттӣ равон карда мешаванд.
Дар сурати ошкор намудани дуздии маблағҳо ё молу мулки давлатӣ, ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санҷиш, инчунин дигар нишонаҳои ҷиноят ва суиистифода, дар давоми панҷ рӯзи пас аз баррасии онҳо, маводи тафтиш ё санҷиш ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарор нисбати онҳо ба мақомоти прокуратура ирсол карда мешавад.
Пешниҳодот ва нишондодҳои хаттии назоратӣ бояд дар мӯҳлатҳои дар он зикргардида ва ё агар ин мӯҳлатҳо зикр нашуда бошанд, дар давоми 20 рӯзи гирифтани онҳо баррасӣ гарданд. Ташкилот ва муассисае, ки нишондодҳои хаттӣ гирифтаанд, бояд оиди тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар онҳо зикргардида, иттилоот диҳанд.
Ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби пешниҳодот ва нишондодҳои назоратӣ, дар ин бора мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои андешидани чораҳои дахлдор ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот фиристода мешавад.
Бозхонд, ворид намудани тағйирот ва бекор кардани пешниҳодот ва нишондодҳои хаттӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақоми назорат анҷом дода мешавад.
БОБИ IV. ҲУҚУҚ ВА МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МАҚОМИ НАЗОРАТ
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ваколатҳои кормандон
Кормандон ва шахсони мансабдори Мақоми назорат дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда ҳуқуқ доранд:
- дар ташкилотҳои тафтишшаванда ҳуҷҷатҳои пулӣ, муҳосибавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба мавзӯи тафтиш, мавҷудияти воқеии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қимматнок, арзишҳои моддӣ ва истифодаи дурусти онҳоро санҷанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҷумҳуриявии идоракунӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаю муассисаҳои давлатӣ, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки маблағҳои давлатӣ ё амволи давлатиро истифода мебаранд, маълумоти барои анҷом додани фаъолияташон заруриро дархост намоянд;
- аз шахсони мансабдор, шахсони аз нигоҳи моддӣ масъул ва дигар шахсони ташкилотҳои тафтишшаванда оид ба масъалаҳои дар ҷараёни тафтиш (санҷиш) ба миён омада, тавзеҳот, аз ҷумла тавзеҳоти хаттӣ гиранд;
- аз роҳбарони ташкилотҳои тафтишшаванда гузаронидани баҳисобгирии ҳатмии амволро талаб намоянд;
- ҳангоми ошкор намудани далелҳои дуздӣ, суиистифода аз вазифа ва вайрон шудани амвол, ошкор намудани фиреб, сохтакорӣ ва ё дигар намудҳои суиистифода хазинаҳо, биноҳои хазинадорӣ, анборҳо, бойгониҳо ва дигар ҷойҳои заруриро муҳр гузоранд, ҳуҷҷатҳои заруриро гиранд ва дар чои гирифти онҳо санади гирифтан, рӯйхат ва нусхаи ҳуҷҷатҳои гирифташударо гузоранд;
- ҳангоми ошкор намудани хулосаҳои ғайриобъективӣ, ки аз ҷониби аудитор ё ташкилоти аудиторӣ дода шудааст, оид ба бозхонди литсензияи пешбурди фаъолияти аудитории онҳо таклифҳо пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти ҷумҳуриявии идоракунӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо), ба роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тафтишшаванда барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоршуда, ҷуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва ҷаримабандии шахсони мансабдоре, ки ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ роҳ додаанд, мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ё нишондодҳои хаттӣ ирсол намоянд.
Бо мақсади ҷуброни зиёни ба давлат расонидашуда, ки дар ҷараёни тафтиш ё санҷиши объекти тафтишшаванда ошкор гардидааст, кормандони Мақоми назорати давлатии молиявӣ ҳуқуқ доранд, тавассути шахсони сеюм (мақоми молиявӣ, бонк ё дигар муассисаи молиявию қарзӣ) огоҳинома (фармоиш) ирсол намоянд то корхона, муассиса ва ташкилотро вазифадор созад, ки пардохти мустақими маблағи дахлдорро дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз пас аз гирифтани огоҳинома ба буҷети дахлдор анҷом диҳад.
Роҳбарони объектҳои тафтишшаванда вазифадоранд барои фаъолияти тафтишгарон, ки тафтиш ё санҷишро анҷом медиҳанд, шароити мусоид фароҳам оваранд, барои онҳо бино, воситаҳои алоқа ҷудо кунанд ва иҷрои корҳоро вобаста ба коргузорӣ таъмин намоянд.
Моддаи 19. Масьулияти кормандони Мақоми назорат
Кормандони Мақоми назорат барои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи пешбурди тафтиш ва санҷиш, ошкор ва паҳн намудани натиҷаҳои тафтиш ва санҷиши гузаронидаашон, инчунин сирри давлатӣ, бонкӣ ва ё сирри дигари қонунан ҳифзшаванда, ки дар ҷараёни фаъолияташон барои онҳо муайян гардидааст, инчунин суиистифода аз мансаб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд ҷавобгарии зикргардида нисбат ба ҳамин кормандон метавонад ҳамчунин пас аз қатъи хизмати давлатӣ низ татбиқ гардад.
Арзу шикоятҳо нисбати амалиёти ғайриқонунии кормандони Мақоми назорат мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва баррасӣ мегарданд.
БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Вазъи ҳуқуқии кормандони Мақоми назорат
Қабул ва аз кор озод намудани кормандони Мақоми назорат дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ сурат мегирад.
Кормандони Мақоми назорат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:
а) ба охиррасии мӯҳлати шартнома (қарордоди) меҳнатӣ;
б) аризаи шахсӣ дар бораи озод намудан аз кор;
в) расидан ба синну соли ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан;
г) иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои хизмати, ва суиистифода аз он;
д) ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд нисбати онҳо;
е) баъди эътибор пайдо намудани қарори суд дар бораи ғайри қобили амал донистани онҳо;
ж) гум кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кормандони Мақоми назорат ҳуқуқ надоранд:
- ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсан ё тавассути миёнаравон машғул шаванд, инчунин дар назди шахсони сеюм оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти хизматии онҳо шахси ваколатдор бошанд;
- мустақилона ё тавассути миёнаравон дар идораи субъектҳои хоҷагидорӣ иштирок намоянд. Кормандони Мақоми назорат наметавонанд ба мақомоти намояндагӣ интихоб шаванд, ба дигар фаъолияти музднок, ба истиснои фаъолияти илмиву омузгорӣ ва эҷодӣ машғул шаванд.
Моддаи 21. Маблағгузории фаъолияти Мақоми назорат
Маблағҳо барои таъмини фаъолияти Мақоми назорат дар буҷети ҷумҳуриявӣ бо сатри алоҳида пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 22. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони Мақоми назорат
Давлат ҷиҳати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони Мақоми назорат чораҳои заруриро меандешад. Маоши вазифавии кормандони Мақоми назорат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Иловапулиҳо ба маоши вазифавии кормандон тибқи тартиб ва андозае, ки барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешаванд.
Нисбат ба кормандони Мақоми назорат тартиби хизматрасонии тиббӣ, санаторию осоишгоҳӣ, маишӣ ва нақлиёт, ки барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, татбиқ карда мешавад.
Моддаи 23. Робитаҳои байналмилалӣ
Мақоми назорат бо палатаҳои баҳисобгирӣ ва назорат, мақомоти назорати давлатии молиявии кишварҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои байналмилалии онҳо робитаҳо барқарор намуда, барои ҳамкорӣ бо онҳо созишномаҳо мебандад.
Моддаи 24. Иттилоот оид ба фаъолияти Мақоми назорат
Мақоми назорат дар бораи фаъолияти хеш, ки метавонад нашр гардад, ба воситаҳои ахбори умум иттилоот пешниҳод менамояд.
Мақоми назорат бо дархосги Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи санҷишҳои мушаххаси доиргашта маълумоти пурра пешниҳод менамояд.
Маводи натиҷаҳои санҷиш, ки ба ҳифзи сирри давлатӣ алоқаманданд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 2 декабри соли 2002,
№66
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда таклифҳо пешниҳод намояд;
- Қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 апрели соли 2002,
№615
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2002,
№ 321