ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 11:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
74
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.12.2002

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи алоқаи фелдегерӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №11, мод. 705)

 

Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии мақомоти алоқаи фелдегерӣ ва ҳамкории онро бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Таъиноти алоқаи фелдегерӣ

Алоқаи фелдегерӣ яке аз намудҳои алоқаи почтавӣ мебошад, ки тавассути он ҳуҷҷатҳои муҳим ва асосан махфиро хаткашонҳои махсуси низомӣ бурда мерасонанд.

Алоқаи фелдегериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ - хадамоти давлатии фелдегерӣ таъмин менамояд, ки он қисми таркибии қувва ва воситаҳои таъмини амнияти давлатӣ буда, муҳофизати манфиатҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро ба амал мебарорад, инчунин ба мақсади муҳофизати манфиатҳои давлатӣ амал мекунад. Сохтор ва тартиби фаъолияти мақомоти мазкур бо Низомномае, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

 

Моддаи 2. Вазифаҳои алоқаи фелдегерӣ

Алоқаи фелдегерӣ вазифадор аст, ки

дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии Созишномаи алоқаи байниҳукуматии фелдегерӣ бурда расонидан ва аз он ҷо овардани муросилоти фавқулодда муҳим, комилан махфӣ, махфӣ ва дигар муросилоти хизматии (минбаъд муросилот);

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар баъзе ҳолатҳо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

мақомоти идораи ҳарбӣ, амният, корҳои дохилӣ ва хизмати сарҳадӣ;

объектҳои саноатӣ ва ҳарбӣ, ки аҳамияти фавқулодда муҳими давлатӣ доранд - тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба хориҷа бурда расонидани муросилот, инчунин ҳуҷҷатҳои техникӣ ва намунаҳои маснуоти саноатӣ - тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

расонидани муросилоти сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо, мақомоти ҳокимияти давлатии - иштирокчиёни Созишномаи алоқаи байниҳукуматии фелдегериро таъмин намояд.

Рӯйхати мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хадамоти алоқаи фелдегерӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои ташкили алоқаи фелдегерӣ

Алоқаи фелдегерӣ дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

қонуният;

маҳфуздории кафолатнок ва фаврӣ ҳангоми расонидани муросилот;

ягонагии ташкилии системаи мақомоти алоқаи фелдегерӣ;

муҳофизати сирри давлатӣ, инчунин дигар маълумотҳое, ки Қонун муҳофизат мекунад;

яккасардорӣ ва масъулияти шахсӣ барои вазифаи супоридашуда мутобиқи ҳамин Қонун;

таҳти назорат қарор доштани мақомот ва шахсони мансабдори алоқаи фелдегерӣ.

Дар алоқаи фелдегерӣ таъсис ва фаъолият кардани сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки мақсадаҳои сиёсӣ доранд, манъ аст.

 

Моддаи 5. Ҳамкории хадамоти алоқаи фелдегерӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроия

Хадамоти фелдегерӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳо, мақомоти тобеи ҳокимияти иҷроия ҳал менамояд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, мақомоти ҳудудии онҳо ӯҳдадоранд дар доираи ваколатҳояшон дар ташкили таъҷилан расонидани муросилот ва таъмини шароити маҳфуздории кафолатноки он ба хадамоти фелдегерӣ мусоидат намоянд, инчунин ба кормандони хадамоти фелдегерӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон оиди расонидани муросилот кӯмак расонанд.

 

БОБИ II. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӢ

 

Моддаи 6. Ҳуқуқи мақомоти алоқаи фелдегерӣ

Ба мақомоти алоқаи фелдегерӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳуқуқ дода мешавад, ки:

тартиби қабул ва расонидани муросилот, меъёр, андоза ва нархи хизмати алоқаи фелдегериро муқаррар менамояд;

аз рӯи тарифи дар нақлиёт муқарраргардида муросилот ва кормандони ҳамроҳикунандаи онро дар хатҳои амалкунандаи сайри нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ кашонанд. Муросилоти шахсон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки моддаи 2 ҳамин Қонун муайян кардааст, дахлнопазир буда, он боздошта ва аз назар гузаронида намешавад;

дар фурӯдгоҳҳои ҳавоӣ ва вокзалҳои роҳи оҳан барои муваққатан ҷойгир кардани муросилот ва кормандони ҳамроҳикунандаи он аз биноҳои алоҳидаи мақомоти минтақавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;

барои таъмини бурдарасонӣ ва маҳфузияти муросилот ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои алоқаеро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, истифода баранд. Мақомоти алоқаи фелдегерӣ бо талаби соҳибони воситаҳои алоқа хароҷоти соҳибони онро дар ин ҳолатҳо ҷуброн мекунанд;

ба шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ иҷозат диҳанд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар мавридҳои зарурӣ қувваи ҷисмониро ба кор баранд, инчунин дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро нигоҳ доранд, гирифта гарданд ва истифода баранд;

барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда биноҳо ё иншоотҳои заруриро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон созанд ё ба иҷора гиранд. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд барои ҷойгир кардани мақомоти минтақавии хадамоти фелдегерӣ кӯмак расонанд;

автомобилҳоеро, ки сабти ягон хел навиштаҷоти фарқкунанда ва рангубори махсус надоранд, вале бо маякҳои шӯълапоши кабудранг, сигналҳои махсуси овозӣ ва воистаҳои алоқа ҷиҳозонида нашудаанд, истифода баранд. Автомобилҳои мақомоти алоқаи фелдегерӣ ба қатори «мошинҳои махсус» дохил гардида, бе розигии онҳо ба манфиати дигар мақомот ва ташкилотҳо истифода бурда намешаванд.

 

Моддаи 7. Ӯҳдадории мақомоти алоқаи фелдегерӣ

Мақомоти алоқаи фелдегерӣ мутобиқи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ӯҳдадоранд:

расонидани муросилоти шахсон ва мақомоти ба ҳамин Қонун муайяншударо ташкил ва таъмин намоянд;

шабакаи доимо амалкунанда ва дар сурати зарурат хатҳои сайри махсуси фелдегериро низ, ки расонидани таъҷилии муросилотро таъмин менамоянд, муқаррар кунанд ва такмил диҳанд;

чорабиниҳоро оиди муҳофизати муросилоти расонидашуда то нобуд кардани он ҳангоми имконнопазир будани таъмини маҳфуздории он ба амал бароранд;

дар фаъолияти худ маҳфуздории сирри давлатӣ ва дигар маълумотҳоеро, ки қонун мухофизат мекунад, таъмин намоянд;

тайёриро барои сафарбаркунии мақомоти хадамоти алоқаи фелдегерӣ барои кор дар вақти ҷанг ва дар шароити ҳолати фавқулодда таъмин кунанд;

дар доираи салоҳияти худ бо ҳамин гуна мақомоти давлатҳои иштирокчии Созишномаи алоқаи байниҳукуматаи фелдегерӣ ҳамкорӣ намоянд;

тайёрии касбии кормандони хадамоти алоқаи фелдегериро таъмин намоянд;

барои таъмини амнияти шахсӣ чораҳо бинанд.

 

БОБИ III. ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӢ

 

Моддаи 8. Кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Барои хизмат ба алоқаи фелдегерӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ ва корӣ, маълумот ва вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони хадамоти фелдегерӣ гузошташуда қобиланд, қабул карда мешаванд. Ҳайати шахсии хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати сардорикунандаи марбути кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиён ва кормандони кироя тақсим мешаванд. Тартиби пурра кардани ҳайати шахсӣ, таъин, озодкунӣ ва ба вазифаи дигар гузаронидани шахсоне, ки дар вазифаҳои ҳайати сардорикунандаи хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Кодекси меҳнат ва Низомномаи хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ хизматро мутобиқи Низомномаи амалкунандаи хизмати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адо мекунад.

Ба ҳайати кормандони кирояи алоқаи фелдегерӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат амал мекунад.

 

Моддаи 9. Воситаҳои техникии хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Барои таъмини ҳифзи кафолатнок ҳангоми расонидани муросилот мақомоти хадамоти фелдегерӣ дар доираи салоҳияти худ воситаҳои махсуси техникии ҳифз, нақлиёт ва алоқаро истифода мебаранд. Воситаҳои техникии ҳифз, алоқа, ки аз тарафи мақомоти алоқаи фелдегерӣ истифода мешаванд, усулҳои истифодаи онҳо набояд ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид кунад, инчунин ба муҳити зист зарар расонад.

 

БОБИ IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӢ

 

Моддаи 10. Мақоми ҳуқуқии кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ намояндаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, таҳти ҳимояи давлатӣ буда ва ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ шахси дахлнопазир мебошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба фаъолияти хизматии корманди хадамоти алоқаи фелдегерӣ дахолат намояд, ба ғайр аз сардорони бевосита, инчунин шахсоне, ки ба онҳо Қонуни мазкур ваколат додааст.

Халалрасонӣ ба вазифаҳои хизматиашро иҷро намудани корманди хадамоти алоқаи фелдегерӣ, дар ҳама шаклҳояш бетаъхир бо ҳама гуна воситаҳо ва усулҳое, ки Қонуни мазкур иҷозат додааст, пешгирӣ карда мешавад.

Ба корманди хадамоти алоқаи фелдегерӣ дар ташкил намудани корпартоӣ ва иштирок дар гузаронидани он манъ карда мешавад. Ба шахсони ҳайати сардорикунанда ва хизматчиёни алоқаи фелдегерӣ шомил будан ба ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин дар як вақт дар чанд ҷой кор кардан манъ аст, ба истиснои фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ.

Кормандони кирояи алоқаи фелдегерӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои касбӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ҳақ доранд дар асоси ихтиёрӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ дар иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) касаба муттаҳид ё дохил шаванд. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) касаба ҳақ надоранд ба фаъолияти раёсатҳо, шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳои сохтории алоқаи фелдегерӣ оиди иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда дахолат намоянд.

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ, ки ба сафари хизмати фиристода шудаанд, аз ҳуқуқи бенавбат харидани ҳуҷҷатҳои рафтуомад ба ҳамаи намудҳои нақлиёт ва аз ҳуқуқи бенавбат ҷой гирифтан дар меҳмонхона аз рӯи шаҳодатномаи сафари хизмати мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматии соҳаи алоқаи фелдегерӣ истифода мебаранд.

 

Моддаи 11. Ҳифзи иҷтимоии кормандони хадамоти фелдегерӣ

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ барои шахсони ҳайати сардорикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо истифода мебаранд. Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ, ки дар нақлиёти ҳавоӣ вазифаи хизматиро иҷро менамоянд, барои гирифтани музди иловагии барои соати парвоз дар ҳаҷми меъёри соатбайъи роҳбаладҳои ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ доранд. Ба хизматчиён ва коргарони хадамоти фелдегерӣ барои собиқаи кор музди иловагӣ муқаррар карда мешаванд.

Дар сурати ба ҳалокат расидани шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти хизматиаш ба оилаи шахси ҳалокгардида, ки барои беҳдошти шароити манзилӣ эҳтиёҷ дорад, ҳуқуқи гирифтани манзилгоҳ, аз ҷумла аз ҷой хизмати мазкур нигоҳ дошта мешавад. Дар ин маврид манзилгоҳ ба оилаи шахсӣ ҳалокгардида на дертар аз як соли баъди ҳалок шудани ӯ дода мешавад.

 

Моддаи 12. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ ва талофии зарари шахсони ҳайати сардорикупандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Ҳаёт ва саломатии шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешавад.

Талофии зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ, тибқи фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

БОБИ V. АЗ ТАРАФИ ШАХСОНИ ҲАЙАТИ САРДОРИКУНАНДАИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӢ ИСТИФОДА ШУДАНИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН

 

Моддаи 13. Шартҳо ва ҳади истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро барои иҷрои вазифаҳои ба зимагузоштаашон танҳо дар ҳолатҳо ва тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур истифода баранд.

Номгӯи намудҳои воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро, ки хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ вазифадоранд, ки аз тайёрии махсус, инчунин аз тафтиши давра ба давра гузаранд, ки ба талаботҳои шароити истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон вобастагӣ доранд.

Ҳангоми ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ вазифадоранд, ки дар бораи нияти истифодаашон он шахсеро, ки ба муқобили вай қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон истифода хоҳад шуд, огоҳ намояд, бо дарназардошти муҳлате, ки барои иҷрои талаботи қонунии шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерии давлатӣ зарур аст, ба истиснои мавридҳое, ки таъхир кардан дар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон нисбати ҳифзи муросилоти расонидашаванда, барои ҳаёт ва саломатии кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ хавфи бевосита дошта ва ё огоҳонидан дар ҳолати рухдода ҷоиз ё мумкин нест.

Зараре, ки аз тарафи шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ дар ҳолати мудофиаи зарурӣ расонда шудааст, агар дар ин бобат ҳудуди ин амал вайрон нашуда бошад, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси талофӣ намешавад.

Дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ё дар ҳолатҳои зарурати ниҳоӣ шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳангоми мавҷуд набудани воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон ҳуқуқ дорад, ки аз ҳамаи воситаҳои дастрас истифода барад.

Дар бораи ҳар мавриди истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ дар муҳлати 24 соат аз лаҳзаи истифодаи онҳо вазифадор аст, ки ба сардори мақоми хадамоти алоқаи фелдегерии маҳали хадамоти худ ё маҳали истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон гузориш пешниҳод кунад.

Сардори мақоми хадамоти алоқаи фелдегерӣ ба прокурор, дар бораи ҳама мавридҳо ҳалокшавӣ ё маҷруҳшавии ашхосе, ки ба муқобили онҳо аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон истифода шудааст, хабар расонад.

 

Моддаи 14. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳорибаро барои бартараф кардани кӯшиши аз худ кардани муросилот, муқобилат намудан ба талаботи қонунии шахсони ҳайати хадамоти алоқаи фелдегерӣ истифода баранд, агар усулҳои ғайриистифодаи қувва боиси таъмин нашудани вазифаҳои ба онҳо гузошташуда гардад.

Истифодаи усулҳои ҷангии муҳорибаи дастӣ нисбати занон бо аломати аёни ҳомиладорӣ, шахсони дорои аломатҳои маъюбӣ ва хурдсолон, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур муқовимати силоҳнок нишон додан, ҳамлаи гурӯҳӣ ва ё силоҳнок шуданаш, ки ин боиси таҳдид ба расонидани муросилот, ҳаёт ва саломатии кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ гардад, манъ аст.

 

Моддаи 15. Истифодаи воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишони дар ихтиёри хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон бударо дар мавридҳои зерин кор фармоянд:

- барои зада гардонидани ҳамлаи гурӯҳӣ ё силоҳнок, ки бо мақсади аз худ кардани муросилоти расонидашаванда сурат мегирад;

- барои зада гардонидани қасди ба даст даровардани силоҳи шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ;

- барои зада гардонидани ҳамла ба кормандони алоқаи фелдегерӣ, агар ин ба ҳаёт ва саломатии онҳо хавф ворид созад;

- барои зада гардонидани ҳамлаи гурӯҳӣ ё силоҳнок ба воситаҳои нақлиёти мутааллиқи мақомоти хадамоти фелдегерӣ, ба дигар объектҳое, ки дар онҳо муросилот дар ҳифозатшаванда ҷойгир аст, аз ҷумла ба биноҳо ва иншоот, ки мақомоти мазкур онҳоро банд кардаанд, инчунин дар зарурат барои озод кардани воситаҳои нақлиётӣ ва объектҳои мазкур.

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки силоҳи дастии оташфишонро барои огоҳсозии нияти истифодаи силоҳ, инчунин барои додани ишораи хатар ё кӯмакпурсӣ истифода баранд.

Истифодаи воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон нисбати занон, шахсони дорои аломатҳои маъюбӣ ва ноболиғон, ки синну соли онҳо аён аст ё ба шахси ҳайати сардори алоқаи фелдегерӣ маълум аст, манъ аст, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур руҳ додани муқовимати силоҳнок, аз тарафи онҳо сурат гирифтани ҳамлаи гурӯҳӣ ё силоҳнок, ки ба ҳифзи муросилоти расонидашаванда ва ҳаёти кормандони хадамоти фелдегерӣ таҳдид ба амал меорад.

 

Моддаи 16. Кафолати амнияти шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки силоҳи оташфишони худро намоён кунанд ва онро ба ҳолати омодагӣ қарор диҳанд, агар зарур донанд, ки дар ҳолати ба амал омада, асосҳое, ки барои истифодаи он, мувофиқи моддаи 15 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, асос ҳаст.

 

БОБИ VI. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ, МОДДӢ ВА ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӢ

 

Моддаи 17. Таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Хадамоти алоқаи фелдегерӣ бо тартиби мақсаднок аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии хадамоти алоқаи фелдегерӣ бо таъиноти мақсаднок бо тартиб ва меъёрҳои муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳангоми ҷойгир кардани воҳидҳои сохторӣ ё кормандони хадамоти фелдегерӣ бевосита дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар моддаи 2 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, таъминоти моддию техникии онҳо, аз ҷумла ҷудо кардани бино, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки барои қонеъ кардани талаботи ин мақомот ба хизмати алоқаи фелдегерӣ зарур аст, аз ҳисоби маблағҳои ин мақомот сурат мегирад.

Амволи хадамоти алоқаи фелдегерӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет ба вуҷуд омада ва ё харида шудааст, моликияти давлатӣ мебошанд. Идоракунии фаврии ин амволро Хадамоти давлатӣ фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

 

БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ НИҲОӢ

 

Моддаи 18. Масьулияти кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ

Барои амал ё беамалии зиддиҳуқуқӣ кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ ва гражданӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Назорат аз болои алоқаи фелдегерӣ

Назорати иҷрои қонуниятро дар фаъолияти мақоми алоқаи фелдегерӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои дар тобеият он буда, анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 20. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи татбиқи амали баъзе муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милиса" ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №10, моддаи 156) "Дар бораи татбиқи амали баъзе муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милиса" ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон " беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                   Э. РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе 2 декабри соли 2002

№74