ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

БОҶИ ГУМРУКӢ ЯКЕ АЗ ПАРДОХТҲОИ АСОСИИ ГУМРУКӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 09/11/2023 - 10:36
БОҶИ ГУМРУКӢ ЯКЕ АЗ ПАРДОХТҲОИ АСОСИИ ГУМРУКӢ
        
         Боҷи гумрукӣ, дар низоми ҳуқуқӣ пардохти ҳатмие, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ ворид кардани мол ва содир намудани мол аз ин ҳудуд ситонида мешавад ва шарти ногузири чунин воридоту содирот мебошад.
         Боҷи гумрукӣ ба буҷети умумиҷумҳуриявӣ танҳо ҳангоми воридоти молҳо аз кишварҳои хориҷӣ бо тартиботи махсус ҳисоб карда мешавад, ки моҳият ва муҳтавои он дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
          Андозаҳои боҷи гумрукӣ аз рӯйи таъиноти худ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: адвалорӣ, махсус ва омехта.
         Боҷи адвалорӣ як навъи боҷи гумрукӣ аст, ки ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешавад. Боҷи махсус тибқи ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қароргириф­та ҳисоб карда мешавад. Боҷи омехта ҳар ду навъи дар боло зикршударо дар бар мегиранд. (моддаҳои 341, 342 Ко­декси гумруки ҶТ). Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои танзими фаъолияти тиҷорати хориҷӣ боҷи гумрукии мавсимӣ муқаррар намояд. Дар ин ҳолат ставкаҳои боҷи гумрукии муқаррарнамудаи тарифи гум­рукӣ истифода карда намешаванд. Муҳлати амали боҷи гумрукии мавсимӣ дар як сол аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад (моддаи 343 Кодекси гумруки ҶТ).
         Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон нисбат ба моли воридотӣ мумкин аст муваққатан боҷҳои хосси гумрукӣ: махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ истифода кар­да шаванд. Боҷи гумрукии махсус ба сифати тадбири муҳофизатӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки агар мол ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ба чунин миқдор ё шартҳое ворид шавад, ки тавонад ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ ва ё моли бевосита рақобаткунанда зарар расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд. Инчунин ҳамчун тадбири ҷавобӣ ба амалҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) ва амалҳои дигари баъзе кишварҳо ё иттиҳодияҳои онҳо, ки манфиати Тоҷикистонро халалдор менамоянд, истифода мешавад.
         Боҷи зиддидемпингӣ дар сурати ворид намудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи нисбатан ба нархи гумрукии миёнаи омории дар киш­вари содиркунанда дар лаҳзаи воридот ниҳоят пасттар, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони дохилии мо­ли шабеҳ зарари моддӣ расонад, ё таҳдиди зарар расондан намояд, ё ба ташкил ва ё ба бештар истеҳсол намудани чу­нин мол дар Тоҷикистон мамониат кунад, истифода мегарданд.
         Боҷи ҷубронӣ дар сурати ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ворид намудани моле, ки ҳангоми истеҳсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия исти­фода шудааст ва, агар чунин воридот ба истеҳсолкунан­дагони ватании моли шабеҳ зарари моддӣ расонад, ё таҳ­диди зарар расондан намояд ё ба ташкил ва ё ба истеҳсоли бештари моли шабеҳ дар Тоҷикистон мамониат кунад, истифода бурда мешавад. Боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ пардохта мешаванд.
         Намудҳои зерини воридот аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд:
         1) воридоти пули миллӣ ё асъор (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;
         2) воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
         3) воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти молҳое, ки ройгон ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ барои мақсадҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо дода мешаванд;
         4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг), барои ташаккул ё пурра кардани сармояи (фонди) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман барои истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошанд. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, боҷҳои гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин баъд пардохта нашудаанд, ба буҷет ситонида мешаванд, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);
         5) воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти муосири ташхису табобат, дорувории тиббӣ, ба истиснои дорувории тиббии дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
         6) воридоти молҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ;
         7) воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандае, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
         8) воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда. Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда ва маводи дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;
         9) воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) бевосита аз ҷониби истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
         10) воридоти алюминийи аввалия;
   11) воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, арзиши хизматрасонӣ ва таъмир;
        12) воридоти молҳои махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мутобиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
   13) воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва (ё) воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи парранда ва чорво;
         14) воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
     15) воридоти техника ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии зерин, ба истиснои воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:
- техникаи кишоварзӣ;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсол, инчунин фурӯши моли (маҳсулоти) ниҳоии истеҳсолшуда;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсоли худӣ;
      16) воридоти автомобилҳои нав бевосита аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (агар аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаи онҳо то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо рамзҳои молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 тибқи номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 50 фоиз;
  17) воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо (моддаи 345 Кодекси гумруки ҶТ).
         Ҳамин тавр, боҷи гумрукӣ андози ғайримустақим аст, ки аз гардиши савдои берунии мол ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ ситонида мешавад. Ин андозро дар ниҳоят кор истеъмолкунанда мепардозад, зеро он ба нархҳои маҳсулот дохил мешавад ва ҳамин тариқ ба рақобатпазирии он таъсир мерасонад.
      Вобаста ба сиёсати савдои берунии давлат, меъёри боҷҳои гумрукӣ метавонад арзишҳои молҳоеро, ки аз сарҳад интиқол дода мешавад ба таври фарқкунанда зиёд кунад.
 
Одиназода Фарида Шамсулло
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллииқонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)