ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ»

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 11/01/2022 - 19:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1822
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.12.2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ»
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарвариро муайян намуда, ба рушди соҳа ва таъмини бозори истеъмолии кишвар равона гардидааст. 
        
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- соҳаи парандапарварӣ – соҳаи кишоварзӣ, ки истеҳсоли гӯшти паранда, тухми озуқавӣ, инкубатсионӣ ва намуди дигари маҳсулотро таъмин мекунад;
- субъекти хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ – субъекти хоҷагидор, ки ба истеҳсоли гӯшти паранда, тухми озуқавӣ, инкубатсионӣ, чӯҷабарорӣ, инчунин, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти соҳа машғул мебошад;
- парандаҳо – гурӯҳи ҳайвоноти сутунмуҳрадори гармхуни тухмзо ва болу пардор, ки синфи алоҳидаи олами ҳайвонотро ташкил медиҳанд;
- парандаҳои кишоварзӣ – ҳамаи намуди парандаҳое, ки бо мақсади истеҳсоли гӯшт, тухми озуқавӣ, инкубатсионӣ ва намуди дигари маҳсулот парвариш карда мешаванд;
- парандаҳои дурага – парандаҳое, ки дар натиҷаи ҷуфткунии парандаҳои дорои хусусияту аломатҳои асосии авлодӣ ё модарии мувофиқ ба вуҷуд омадаанд;
- зоти паранда – маҷмуи дохилинамудӣ ва гурӯҳҳои сершумори як намуди парандаи кишоварзӣ, ки сифатҳои ба ҳам монанди маҳсулнокӣ, сохти бадан ва шакли берунӣ доранд;
- кросс – маҷмуи авлод ва дурагаҳои парандаҳои кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардидаи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилияти устувори ҳаётӣ доранд;
- тухми инкубатсионӣ – тухми бордоршуда, ки барои чӯҷабарорӣ истифода бурда мешавад;
- маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ – маҳсулоти асосӣ - гӯшту тухми паранда, чӯҷаи зинда ва маҳсулоти иловагӣ - партови забҳи паранда пар, пат ва пору.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи парандапарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи парандапарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ
Фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ташаккули низоми устувори таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- бартарии ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- таъмини самаранокӣ ва рақобати озод дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- шаффофияти баҳисобгирии натиҷаи фаъолият ва ҳисоботдиҳӣ;
- истифодаи технологияи муосири истеҳсоли маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- ояндабинӣ ва банақшагирии истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- таъмини риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ оид ба бехатарии маҳсулоти истеҳсолшаванда. 
Моддаи 4. Субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ 
1. Ба субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ мансубанд:
1) корхонаи (хоҷагии) зотпарварии парандаҳо, ки ба такрористеҳсолкунӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зоту кроссҳои муайяни парандаҳо машғул мебошад;
2) корхонаи (хоҷагии) парвариши парандаҳои хушзоти тартиби I, ки барои парвариши шаклҳои авлодии парандаҳои дорои маҳсулнокии баланд ва омилҳои дигари фарқкунанда махсус гардонда шудааст;
3) корхонаи (хоҷагии) парвариши парандаҳои хушзоти тартиби II, ки ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва парвариши парандаҳои дурага дар натиҷаи ҷуфткунонии ду ва ё зиёда шаклҳои авлодии аз ҷиҳати ирсӣ фарқкунанда бадастомада махсус гардонда шудааст;
4) корхонаи (хоҷагии) чӯҷабарорӣ;
5) фермаи парандапарварӣ (ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бо мақсади истеҳсоли гӯшти паранда ва тухми озуқавӣ ба парвариши парандаи кишоварзӣ машғул мебошад.
2. Субъектҳои хоҷагидор барои машғул шудан ба фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузаранд.
3. Таъсисдиҳӣ ва муайян намудани шакли фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 
4. Субъекти хоҷагидор метавонад бо риояи таносуби мувофиқ фаъолияти гуногуни соҳаи парандапарвариро якбора амалӣ намояд.
5. Шахсони воқеӣ, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, метавонанд барои қонеъ гардондани талаботи шахсӣ ба парвариши паранда машғул шаванд.
 
БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
Моддаи 5. Усулҳои танзими давлатии соҳаи парандапарварӣ
Танзими давлатии соҳаи парандапарварӣ бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- назорати давлатии истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидори соҳа, аз ҷумла маблағгузорӣ барои рушди соҳа;
- муқаррар намудани талаботи зиддиинҳисорӣ нисбат ба муомилоти маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ. 
Моддаи 6. Самтҳои дастгирии давлатии соҳаи парандапарварӣ
Дастгирии давлатии соҳаи парандапарварӣ дар самтҳои зерин анҷом дода мешавад:
- ҷалби сармоя барои бунёди корхонаҳои соҳаи парандапарварӣ, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳа;
- таъмини дастрасӣ ба техника ва технологияи муосири парвариши ҳамаи намуди парандаҳои кишоварзӣ;
- ҷорӣ намудани механизми маблағгузории тадқиқоти илмии муассисаҳои илмӣ дар муайян намудани зотҳо, офаридани кроссҳои нави паранда, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда ва таҳкими пойгоҳҳои истеҳсоли хӯроки паранда аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ;
- рушди инфрасохтори бозори маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ  ва таъмини иттилоот оид ба ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши он;
- шаклҳои дигари дастгирӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи парандапарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи парандапарварӣ мансубанд:
- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими соҳаи парандапарварӣ;
- муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатии соҳаи парандапарварӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи парандапарварӣ;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ
1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ;
- таҳияи санадҳои меъёрии техникии танзими истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳои амалисозии фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар истеҳсоли маҳсулоти хушсифат;
- мониторинги  давлатии вазъи соҳаи паранда-парварӣ;
- ташкил ва истифодабарии махзани маълумот оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- ҷорӣ намудани низоми ягонаи хизматрасонии иттилоотию  машваратӣ дар соҳаи парандапарварӣ;
- мусоидат ба рушди бозори фурӯши маҳсулоти соҳа;
- ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба муайян намудани зотҳо, офаридани кроссҳои нав, дору, ваксинаҳо ва хӯроки серғизои омехта барои парандаҳо; 
- пешбурди феҳристи намуд, зоту кроссҳои парандаҳо;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи парандапарварӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ оид ба танзими соҳаи парандапарварӣ ваколатҳои зеринро дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳа;
- назорати риояи меъёрҳои байторию санитарӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ;
- назорати иҷрои чораҳои пешгирии пайдоиш, паҳншавӣ ё барҳам додани касалиҳои паранда, безараргардонӣ ва нобудсозии парандаҳои ба касалиҳои сироятии барои ҳайвонот ва инсон хатарнок дучоргардида;
- назорати бехатарии воридоти маҳсулоти парандапарварӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ ва танзими соҳаи парандапарварӣ ваколатҳои зеринро дорад:
- назорати давлатии риояи талаботи стандартҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои санҷиши сифати маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ аз рӯйи натиҷаи таҳқиқот барои истифодаи мақсаднок корношоям донистан, имконияти истифода ва ё нобудсозии минбаъдаи онҳо;
- амалисозии фаъолият доир ба қабули стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ ва муқаррар намудани талаботи техникӣ ба маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ ваколатҳои зеринро дорад:
- таҳияи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи парандапарварӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- мусоидат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ;
- назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ оид ба истифодаи самараноки захираҳои иқтисодии маҳал;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисону кормандони соҳаи парандапарварӣ
Раванди омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон ва кормандони соҳаи парандапарварӣ дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- амалисозии шартномаҳои субъектҳои ҳамкорӣ оид ба тайёр намудан, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи парандапарварӣ; 
- ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии мутахассисону кормандони соҳа бо мақсади ташаккул, таҳким ва такмили дониш, маҳорат ва малакаи кории онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ;
- мутобиқгардонии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими рушди соҳаи парандапарварӣ;
- таъмини субъектҳои фаъолияти парандапарварӣ бо иттилоот ва дигар маводи дахлдор дар бораи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадами рушди соҳа.
 
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
Моддаи 11. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ
1. Субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ ҳуқуқ доранд:
- азнавтаҷҳизонии техникӣ, таъмири маҷмуӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолиро амалӣ намоянд;
- барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартномаҳо ба имзо расонанд;
- технологияҳои муосири парвариши паранда ва истеҳсоли хӯроки серғизои омехтаро аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ ҷорӣ намоянд;
- барои истеҳсоли хӯроки паранда қитъаҳои заминро ба иҷора гиранд; 
- нархи фурӯши маҳсулоти соҳаро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намоянд;
- дар гузарондани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба муайян намудани зотҳо, офаридани кроссҳо ва парандаҳои дурагаи сермаҳсул, такмили хусусиятҳои ирсии зотҳои мавҷуда ва истеҳсоли хӯроки серғизои омехтаи паранда ҳамкорӣ намоянд;
- дар ташкил ва баргузории семинар, машварат ва конференсияҳо оид ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи парандапарварӣ иштирок намоянд;
- бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва содироти маҳсулоти соҳаро ба роҳ монанд.
2. Субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ уҳдадоранд:
- қоидаҳои ташкил ва амалисозии ҷараёнҳои технологии муқарраргардидаи соҳаро риоя кунанд;
- чораҳо оид ба таъмини бақайдгирии миқдору сифати маҳсулоти соҳаро таҳия ва амалӣ намоянд; 
- стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талаботи санитарӣ, санитарию байторӣ, экологӣ ва бехатарии маҳсулоти соҳаро риоя намоянд;
- тартиб ва қоидаҳои парвариш, хӯрокдиҳӣ, таъмини афзоиши саршумори парандаро риоя намоянд;
- иншоот ва таҷҳизоти дар ихтиёрашон бударо дар ҳолати хуби техникӣ, санитарӣ ва экологӣ нигоҳ доранд;
- дар муҳлатҳои муайяншуда ба мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ҳисоботи оморию муҳосибиро пешниҳод намоянд;
- воридоти бехатари маҳсулоти соҳаро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида таъмин намоянд;
- барои пешгирии пайдоиш, паҳншавӣ ё барҳам додани касалиҳои паранда, безараргардонӣ ва нобудсозии парандаҳои ба касалиҳои сироятии барои ҳайвонот ва инсон хатарнок гирифторшуда сари вақт тадбирҳои санитарию байторӣ андешанд;
- тибқи талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ, борбандӣ, тамғагузорӣ, интиқол ва нигоҳдории маҳсулоти соҳаро таъмин намоянд;
- ба рушди корҳои илмию тадқиқотӣ, ҷорисозии технологияҳои муосир ва омодасозию бозомӯзии кадрҳои соҳа мусоидат кунанд;
- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.
Моддаи 12. Муқаррар намудани имтиёзу маҳдудиятҳо дар соҳаи парандапарварӣ 
1. Имтиёзҳо барои дастгирӣ ва рушди соҳаи парандапарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ҳангоми ба миён омадани вазъи фавқулода (эпидемия, эпизоотия) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои ворид кардани маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ намояд.
Моддаи 13. Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ 
1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин ҷудо карда мешаванд. 
2. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи объектҳои соҳаи парандапарварӣ бо риояи хусусиятҳои табиию минтақавӣ, талаботи лоиҳаи шаҳрсозӣ, байторӣ, экологӣ, техникӣ, санитарию гигиенӣ, эстетикӣ ва дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Моддаи 14. Иттиҳодияҳои парандапарварон
Субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарварӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иттиҳодияҳо таъсис диҳанд ва (ё) ба ҳайати онҳо дохил шаванд. 
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 16. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паррандапарварӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паррандапарварӣ» аз 21 июли соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 7, мод. 565) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
        
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1822