Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
 
 
Хуш омадед ба сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

 

Мо шодем, ки Шумо нисбати Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудед.

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, № 637 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфтааст.

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, гузаронидани мураттабсозӣ ва ташхиси қонунгузории амалкунанда, пешгӯии самаранокии қонунҳои қабулшаванда, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва тайёр намудани кормандони илмии баландихтисосро амалӣ месозад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Марказро мураттабсозӣ ва ташхиси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқатии онҳо ба талаботи муосир, коркарди тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои инкишоф додани қонунгузорӣ, гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои таҳияшавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир доранд, ташкил медиҳад.

Имрӯз Марказ дорои потенсиали назарраси эҷодӣ мебошад, ки ба мусоидати муваффақонаи ҷараёни қонунэҷодкунӣ бо роҳи иштирок дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон медиҳад. Инчунин дар Марказ кормандони илмӣ кору фаъолият менамоянд, аз он ҷумла 5 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ ва 6 нафар аспиранту унвонҷӯён.

Дар сомонаи мазкур Шумо метавонед ҳамагуна маълумоти лозимиро дар бораи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоед, бахусус: Низомномаи Марказ, сохтори Марказ, хабарҳои навтарин оид ба қонунэҷодкунӣ, конфронсҳо ва семинарҳои Марказ. Инчунин дар сомонаи мо Шумо метавонед қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намоед.

Сомонаи мо барои Шумо – алоқамандон ва истифодабарандагони гиромӣ бисёр муфид ва ҷолиб ҳоҳад буд. Шумо дар саҳифаҳои сомонаи мазкур иттилооти мавриди ниёзи хешро бидуни шубҳа дарёфт хоҳед кард.

 

Бо умеди ҳамкориҳои ҳамешагӣ,

Директори Маркази миллии қонунгузории

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

н.и.ҳ. Саидзода Иззатулло Ҳабибулло