You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1794 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

-A A +A
Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:51
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
802
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Чоршанбе, 30 Июн, 1999
 
КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(ҚИСМИ ЯКУМ)
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156; №12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, №7, мод. 700, №12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, №7, мод. 504; с. 2015, №3, мод. 200; Қонунҳои ҶТ аз 23.07.2016 с., № 1334; аз 02.01.2019 с., № 1557; аз 02.01.2020 с., №1656; аз  21.01.2020 с., №1657)
 
 
 
ФАСЛИ  I. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ
 
 
 
 
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд
1. Қонунҳои гражданӣ вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои  гражданӣ,  асосҳои ба миён омадан ва тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашёи, ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро муайян намуда, ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва ӯҳдадориҳои дигар, инчунин муносибатҳои дигари молу мулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ  марбут ба онҳоро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақилияти  молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамоянд.
Қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар мавриди муносибатҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, шахси бешаҳрвандӣ ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ низ истифода мешаванд.
3. Қонунҳои гражданӣ муносибатҳои байни шахсони фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда ё иштироки онҳоро танзим  менамоянд.
Соҳибкорӣ фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқаррар кардаи қонун ба қайд гирифта шудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.
4. Қонунҳои гражданӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, нисбати муносибатҳои  молу мулкие, ки ба тобеияти маъмурӣ ё бо тобеияти дигари омиронаи як тараф ба тарафи дигар асос ёфтааст, истифода намешаванд.
 
1. Қонунҳои гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва аз санади дигари қонуние иборатанд, ки муносибатҳои дар қисмҳои 1, 5  моддаи 1 ҳамин Кодекс зикргардидаро танзим менамоянд.
Меъёрҳои қонунҳои граждание, ки дигар қонунҳо ва санади дигари қонунӣ дар бар гирифтаанд, бояд бо ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд.
2. Вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ тибқи ҳолатҳо ва дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва санади дигари қонунгузорӣ метавонанд санади танзимкунандаи муносибатҳои гражданиро нашр намоянд.
 
2. Шаҳрвандон (шахси воқеӣ) ва шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи гражданиро бо азму хоҳиш ва ба манфиати худ ба даст дароварда ва амалӣ  менамоянд. Онҳо дар муқаррар намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ дар асоси шартнома ва муайян намудани ҳар гуна шартҳои хилофи қонунҳо набудаи шартнома озоданд.
3. Ҳуқуқҳои гражданӣ метавонад бо мақсади ҳифзи маънавиёт, тандурустӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси дигар, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, ҳифзи муҳити зист дар асоси қонун маҳдуд карда шавад.
 
Моддаи 4. Амали қонунҳои гражданӣ вобаста ба вақт
Амали қонун танҳо дар сурате нисбати муносибатҳои то ҷорӣ намудани он татбиқ мегардад, ки  агар ин бевосита дар қонун пешбинӣ шуда бошад.
2. Нисбати муносибатҳое, ки то ҷорӣ намудани санади қонунҳои гражданӣ ба миён омадаанд, ин санад, ба истиснои муносиботи тарафҳои шартномаи то ҷорӣ намудани санади қонунгузории гражданӣ басташуда, нисбати ҳуқуқу ӯҳдадориҳое татбиқ мегардад, ки пас аз ҷорӣ намудани он ба миён омадаанд.
 
2. Анъанаи муомилоти корие, ки хилофи муқаррароти қонун ё шартномаи барои иштирокчиёни муносибати дахлдор ҳатмӣ мебошад, истифода намешавад.
 
1. Дар ҳолате  ки муносибатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 5 моддаи 1 ҳамин Кодекс бевосита бо қонунҳо ё созишномаи тарафайн танзим нашудаанду анъанаи дар ин маврид истифодашаванда вуҷуд  надорад, нисбати чунин муносибот меъёри қонунҳои граждании танзимкунандаи муносиботи шабеҳ (шабоҳати қонун) истифода мешавад, зеро ин хилофи моҳияти онҳо намебошад.
 
Моддаи 7. Қонунҳои гражданӣ ва санадҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ
1. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои пешбининамудаи қонунҳои гражданӣ қоидаҳои дигаре  пешбинӣ  шуда  бошанд,  қоидаҳои  шартномаи байналхалқӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ  ГРАЖДАНӢ, АМАЛӢ НАМУДАН ВА ҲИФЗИ  ҲУҚУҚҲОИ  ГРАЖДАНӢ
 
а) аз шартномаҳо ва аҳдҳои дигари пешбининамудаи қонун, инчунин шартномаҳо ва аҳдҳои дигаре, ки гарчанд дар қонун пешбинӣ нашуда бошанд ҳам, хилофи он нестанд;
б) аз санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки дар қонун ба сифати асоси ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои  гражданӣ пешбинӣ шудаанд;
ж) дар натиҷаи дорошавии беасос;
з) дар натиҷаи  амалҳои дигари шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ;
 
Моддаи 9. Амалӣ намудани ҳуқуқи гражданӣ
 
Моддаи 10. Ҳадди амали ҳуқуқҳои гражданӣ
3. Амалӣ намудани ҳуқуқҳои гражданӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои  қонунан ҳифзшавандаи субъектҳои дигари  ҳуқуқро вайрон намояд ва ба муҳити зист зиёни воқеӣ расонад.
4. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд  оқилона ва одилона ва боинсофона талаботи дар қонунгузорӣ дарҷёфтаро, принсипҳои ахлоқи ҷомеаро, соҳибкорон бошанд, қоидаҳои одоби касбиро риоя намоянд. Ин ӯҳдадорӣ набояд ба воситаи шартнома хориҷ ё маҳдуд карда шавад.      
 Амали оқилона, одилона ва боинсофонаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ дар назар дошта мешавад.
5. Дар  ҳолати риоя накардани талаботи моддаи мазкур  суд метавонад аз ҳифзи ҳуқуқи ба шахс таалуқдошта даст кашад.
 
2. Ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ аз тариқи маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба амал бароварда мешавад. Нисбати қароре, ки ба тариқи  маъмурӣ қабул шудааст, метавон ба суд шикоят кард.
 
Ҳуқуқи гражданӣ бо тарзҳои зайл ҳифз мешавад:
- беэътибор донистани аҳдҳои мавриди баҳс ва истифодаи оқибатҳои беэътибор донистани он, истифодаи оқибатҳои беэътибор донистани аҳдҳои беэътибор;
- беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ;
- худмуҳофизаткунии ҳуқуқ;
- водор намудан ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли  асл (натура);
- рўёнидани товони  зиён;
- ситонидани ноустуворона;
- ҷуброни зарари  маънавӣ;
- қатъ кардан ё тағйир додани муносиботи ҳуқуқӣ;
- аз ҷониби суд татбиқ нагардидани санади мухолифи қонун қабул намудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- бо роҳҳои дигари пешбининамудаи қонун.
 
Санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, инчунин санади меъёриеро, ки хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи гражданӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро халалдор месозанд, суд метавонад беэътибор эътироф намояд.
Дар сурати санадро беэътибор донистани суд, ҳуқуқи вайронгардида бояд барқарор шавад ё ба тариқи дигари дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида ҳифз гардад.
 
Моддаи 14. Худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ
Худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ роҳ дода мешавад. Роҳҳои худмуҳофизат бояд бо ҳуқуқвайронкунӣ мувофиқ буда, аз ҳадди амалҳое, ки барои пешгирии он заруранд, нагузарад.
 
1. Шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, агар дар қонун ё шартнома руёнидани зиён ба андозаи камтар пешбинӣ нашуда бошад, метавонад ҷуброни пурраи зиёни ба ӯ расонидашударо талаб намояд.
2.  Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст рафтан ё хароб гардидани молу мулки ӯ (зиёни воқеӣ), инчунин даромади ба даст наомадае, ки ин шахс, агар ҳуқуқаш вайрон намегардид, дар шароити муқаррарии аҳдҳои гражданӣ метавонист ба даст оварад (фоидаи аз дастрафта).
Агар шахси вайронкардаи ҳуқуқ  дар натиҷаи ин даромад ба даст оварда бошад,  шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳақ дорад дар баробари зиёни дигар ҷуброни фоидаи аздастрафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд.
 
Зиёне, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
 
 
 
Таҳти мафҳуми шаҳрвандон (шахси воқеӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои дигар, инчунин шахси бешаҳрвандӣ фаҳмида мешавад. Муқаррароти ҳамин Кодекс, агар дар қонун ё санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, нисбати ҳамаи шаҳрвандон татбиқ мегарданд.
 
1. Қобилияти доштани ҳуқуқу ӯҳдадории гражданӣ (қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ) нисбати ҳамаи шаҳрвандон ба андозаи баробар эътироф карда мешавад.
2. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд ёфтанаш ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад.
 
Шаҳрванд метавонад ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дорои ҳуқуқи моликият ба молу мулк, аз ҷумла асъори хориҷӣ бошад; молу мулкро мерос гирад ва васият кунад; дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона ҳаракат карда, ҷои зист интихоб намояд; ҳудуди ҷумҳуриро озодона тарк карда, ба қаламрави он баргардад; бо ҳар гуна фаъолияти манънакардаи санади қонунӣ машғул шавад; мустақилона ё якҷоя бо  шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқии дигар шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад; ҳар гуна аҳдҳои бо санади қонунӣ манънашударо анҷом дода, дар ӯҳдадориҳо иштирок намояд; дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба ихтироот, асари илмӣ, адабӣ, санъат ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ бошад; ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавиро талаб намояд; ҳуқуқи дигари молу мулкӣ ва шахсӣ дошта бошад.
 
1. Шаҳрванд ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро, агар аз қонун ё анъанаҳои миллӣ тартиби дигаре барнаояд, бо номи худ, ки фамилия ва худи ном, инчунин номи падарро дар бар мегирад, ба даст меорад ва татбиқ менамояд.
Тибқи ҳолат ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун шаҳрванд метавонад аз тахаллус (номи сохта) истифода намояд.
2. Шаҳрванд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳақ дорад номи худро иваз кунад. Номи худро дигар кардани шаҳрванд барои қатъ ё тағйири ҳуқуқу ӯҳдадориҳои бо номи қаблӣ бадастовардаи ӯ асос намебошад.
Шаҳрванд вазифадор аст, ки барои огоҳ намудани қарздорону кредиторони худ дар хусуси дигар кардани номаш чораҳои зарурӣ андешад ва хавфи оқибатҳоеро ба зимма дорад, ки бо сабаби огоҳӣ надоштани ин ашхос дар хусуси дигар кардани ном ба миён меоянд.
Шаҳрванде, ки номашро дигар кардааст, метавонад аз ҳисоби худ ба ҳуҷҷатҳое, ки бо номи қаблии ӯ ба расмият дароварда шуда буд, ворид намудани тағйироти дахлдорро талаб намояд.
3. Номе, ки ба шаҳрванд пас аз таваллудаш гузошта шудааст, инчунин дигар кардани ном бояд мувофиқи тартиби барои бақайдгирии санади ҳолати шаҳрвандӣ пешбинигардида ба қайд гирифта шаванд.
4. Ба даст овардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ба номи шахси дигар роҳ дода намешавад.
5. Зиёне, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии номи ӯ расидааст, бояд мутобиқи ҳамин Кодекс ҷуброн карда шавад.
Дар сурати таҳриф ё истифодаи номи шаҳрванд бо тариқ ё дар шакле, ки шаъну  шараф ё обрӯи кории ӯро халалдор месозад, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 174 ҳамин Кодекс истифода мешаванд.
 
1. Истиқоматгоҳ маҳалле эътироф мегардад, ки шаҳрванд доимӣ ё бештар дар он истиқомат мекунад.
2. Истиқоматгоҳи ноболиғони то чордаҳсола ё шаҳрвандоне, ки таҳти васоят қарор доранд, истиқоматгоҳи намояндагони қонунӣ ё васиёни онҳо эътироф мегардад.
 
1. Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқи гражданӣ, барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд.
2. Агар тибқи қонун издивоҷ то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан иҷозат бошад, шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида аз вақти издивоҷ карданаш пурра қобилияти амалро ба даст меорад.
Қобилияти амали дар натиҷаи издивоҷ бадастомада дар сурати бекор кардани никоҳ низ пурра боқӣ мемонад.
Дар сурати беэътибор донистани никоҳ суд метавонад дар хусуси аз лаҳзаи муайяннамудаи суд қобилияти пурраи амалро аз даст додани ҳамсари ноболиғ қарор қабул намояд.
 
1. Ба истиснои ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амали ҳеҷ касро маҳдуд сохтан мумкин нест.
2. Риоя накардани шарту тартиби дар қонун муқарраргардидаи маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрвандон ё ҳуқуқи машғул шудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар боиси беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми дигаре мегардад, ки маҳдудиятҳои дахлдорро муқаррар намудааст.
3. Пурра ё қисман даст кашидани шаҳрванд аз қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал ва аҳдҳои дигар, ки ба маҳдуд сохтани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал равона гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин аҳдҳоро қонун иҷозат додааст,  эътибор надоранд.
 
1. Шаҳрвандон метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирпи давлатӣ ба сифати сохибкорони инфиродй бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
2. Нисбати фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад, агар аз қонунҳо ё моҳияти муносибати ҳуқуқӣ тартиби дигаре барнаояд, мутобиқан қоидаҳои ҳамин Кодекс истифода мешаванд, ки фаъолияти шахси ҳуқуқии ташкилотҳои тиҷоратӣ бударо танзим менамоянд.
3. Шаҳрвандони ки дар  ҳайати хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд, аз бақайдгирии давлатӣ озод мебошанд.
4. Шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо вайрон намудани қисми 1 моддаи мазкур амалӣ менамоянд, ҳақ надоранд нисбат ба аҳдҳои бастаашон ба он истинод намоянд, ки онҳо соҳибкор намебошанд. Суд метавонад ба чунин аҳдҳо қоидаҳои Кодекси мазкурро оид ба ўҳдадориҳое, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ намояд.
5. Шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, тартиби бақайдгирӣ ва андозбандии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
 
Моддаи 25. Масъулияти молу мулкии  шаҳрвандон
1. Шаҳрванд аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта, ба истиснои молу мулке, ки мутобиқи санади қонунгузорӣ аз он маблағ рӯёндан манъ аст, масъулият дорад.
2. Номгӯи молу мулки шаҳрвандонро, ки аз он маблағ рӯёндан манъ мебошад,  Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
1. Соҳибкори инфиродие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон оиди фаъолияти соҳибкорӣ қодир нест, бо қарори суд мумкин аст муфлис эътироф гардад. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани чунин қарор қайди ӯ ба сифати соҳибкори инфиродӣ беэътибор мегардад.
2. Ҳангоми иҷрои расму қоидаҳои муфлис донистани соҳибкори инфиродӣ кредиторони ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин метавонанд талаботи худро пешкаш намоянд. Талаботи чунин кредиторон, ки бо ҳамин тартиб арз накардаанд, баъди ба итмом расидани расму қоидаҳои муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ эътибори худро нигоҳ медоранд.
3. Талаботи кредиторони соҳибкори инфиродӣ дар сурати муфлис эътироф гардиданаш аз ҳисоби молу мулки ба ӯ тааллукдоштае, ки мумкин аст бо тартиб ва навбати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ аз он маблаг рӯёнида шавад, қонеъ гардонида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
4. Пас аз ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон соҳибкори инфиродии муфлис эътирофгардида аз иҷрои ӯҳдадориҳои боқимондаи марбут ба фаъолияти соҳибкориаш ва талаботи дигаре, ки ҷиҳати иҷро пешниҳод  гардида, зимни муфлис эътироф кардани соҳибкор ба назар гирифта шудаанд, озод карда мешавад.
5. Асос ва тартиби муфлис эътироф кардани соҳибкори инфиродиро суд ё дар хусуси муфлис  эълон кардани ӯро қонун дар бораи муфлисшавӣ  муқаррар менамояд.
 
Моддаи 27. Қобилияти амали ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола
1. Ноболиғони   аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бо ризояти хаттии намояндагони қонунии худ - волидайн, фарзандхондагон ва парасторон, ба истиснои аҳдҳои дар қисми 2 ҳамин модда номбаршуда, аҳдҳои дигарро анҷом медиҳанд.
Аҳдҳои анҷомдодаи чунин ноболиғон, инчунин баъди минбаъд онро хаттӣ маъқул донистани волидайн, фарзандхондагон ва парасторони ӯ боэътибор  мебошанд.
2. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола ҳуқуқ доранд, ки бидуни ризоияти волидайн, фарзандхондагон ва парасторонашон:
а) музди меҳнат, стипендия ва даромади дигари қонунии худро мустақилона ихтиёрдорӣ намоянд;
б) ҳуқуқи муаллифи асари илмӣ, адабӣ ё санъат, ихтироъ ё маҳсули дигари қонунан ҳифзшавандаи натиҷаи фаъолияти зеҳнии худро татбиқ намоянд;
в) мутобиқи қонун дар муассисаҳои кредитӣ амонат гузоранд ва онро ихтиёрдорӣ намоянд;
г) аҳдҳои хурди маишии дар қисми 2 моддаи 29 ҳамин Кодекс пешбинигардидаро анҷом диҳанд.
Ноболиғони ба синни шонздаҳсолагӣ расида ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонун дар бораи кооперативҳо узви кооператив бошанд.
3. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола аз рӯи аҳдҳое, ки мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда анҷом додаанд, мустақилона масъулияти молу мулкӣ бар дӯш доранд. Чунин ноболиғон барои зиёни расонидаашон мутобиқи ҳамин Кодекс масъулият доранд.
       4. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ суд метавонад бо дархости волидайн, фарзандхондагон ё мақоми васояту парасторӣ ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсоларо, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ноболиғ мутобиқи қисми 2 моддаи 22 ё моддаи 28 ҳамин Кодекс қобилияти пурраи амалро ба даст овардааст, ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани музди меҳнат, стипендия ё даромади дигари ӯро маҳдуд кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум созад.
 
1. Агар ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ расида тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла аз рӯи қарордод кор кунад ё бо розигии волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ӯ метавонад дорои қобилияти пурраи амал эълон карда шавад.
Дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболиғ бо розигии ҳардуи волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақоми васояту парасторӣ ё дар сурати набудани чунин розигӣ бо қарори суд сурат мегирад.
 2. Волидайн, фарзандхондагон ва парастор аз рӯи ӯҳдадориҳои ноболиғи дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) - шуда, аз ҷумла аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи зиёни расонидаи ӯ ба миён омадаанд, ҷавобгар нестанд.
 
1. Бар ивази ноболиғони ба синни чордаҳ  нарасида (хурдсолон) аз номи онҳо аҳдро, ба истиснои аҳди дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида, танҳо волидайн, фарзандхондагон ва васиёни онҳо анҷом дода метавонанд.
        Нисбат ба аҳди намояндагони қонунии ноболиғон доир ба молу мулкашон қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода мешаванд.
       2. Ноболиғони аз шаш то чордаҳсола ҳуқуқи мустақилона бастани аҳдҳои зайлро доранд:
       а) аҳди хурди маишӣ (харидани нон, китоб, қалам ва ғайра), ки ҳангоми бастан аз ҷониби худи онҳо анҷом дода мешаванд;
       б) аҳде, ки барои бемузд ба даст овардани фоида равона гардида, тасдиқи нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб намекунанд;
        в) аҳдҳои ихтиёрдорӣ кардани маблағҳое, ки намояндаи қонунӣ ё бо розигии ӯ шахси сеюм барои мақсади муайян ё барои ихтиёрдории озодона додааст.
         3. Аз рӯи аҳди ноболиғи ба синни чордаҳ нарасида, аз ҷумла аҳде, ки ӯ мустақилона анҷом додааст, масъулияти молу мулкиро волидайн, фарзандхондагон ва васиён бар дӯш доранд, агар исбот накунанд, ки ӯҳдадорӣ бо гуноҳи онҳо вайрон шудааст. Ин шахс ҳамчунин  тибқи қонунгузорӣ барои зиёни расонидаи ноболиғон  низ масъулият доранд.
 
1. Суд шаҳрвандеро, ки дар асари бемории рӯҳӣ ё камақлиаш аҳамияти амали худро дарк ё онро идора карда наметавонад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ ғайри қобили амал эътироф карда метавонад. Ӯ таҳти васоят қарор дода мешавад.
 2. Аз номи шаҳрванде, ки ғайри қобили амал эътироф гардидааст, аҳдро васӣ ба иҷро мерасонад.
3. Агар асосе, ки мутобиқи он шаҳрванд ғайри қобили амал эътироф гардида буд, аз миён бардошта шавад, суд ӯро қобили амал эътироф мекунад. Дар асоси қарори суд васояти барои ӯ муқарраргардида бекор карда мешавад.
4. Агар суд аризаи ғайри қобили амал эътироф кардани шахсро қонеъ нагардонад ва муқаррар гардад, ки талабот мусоҳилакорона арз шудааст, шахсе, ки бо чунин амал ба ӯ зиёни рӯҳӣ расонида шудааст, ҳақ дорад аз арзкунанда ҷуброни ин зиёнро талаб намояд.
 
 
Моддаи 31. Маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд
1. Суд метавонад қобилияти амали шаҳрвандеро, ки дар асари сӯиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда худ ё оилаи худро дар вазъияти вазнини моддӣ қарор медиҳад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ маҳдуд созад. Ӯ таҳти парасторӣ қарор дода мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Ӯ ҳуқуқ дорад мустақилона аҳдҳои хурди маишӣ бандад.
Барои анҷом додани аҳдҳои дигар, гирифтани музди меҳнат, нафақа ва даромади дигар ва сарф кардани он ӯ танҳо бо розигии парастор ҳуқуқ дорад. Вале чунин шаҳрванд барои аҳдҳои анҷомдода ва зиёни расонидааш мустақилона масъулияти молу мулкӣ дорад.
2. Агар асосҳое, ки мутобиқи онҳо қобилияти амали шаҳрванд маҳдуд гардида буд, аз миён бардошта шаванд, суд маҳдудияти қобилияти амали ӯро бекор мекунад. Дар асоси қарори суд парастории барои шаҳрванд муқарраргардида бекор карда мешавад.
 
1. Васояту парасторӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта муқаррар мегардад. Васояту парастории ноболиғон ҳамчунин бо мақсади тарбияи онҳо муқаррар карда мешавад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои марбутаи васиёну парасторонро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
      2. Васиёну парасторон бидуни ваколати махсус ҳуқуқу манфиатҳои шахси таҳти васоят ё парасториашонро дар муносибат бо ҳама гуна ашхос, аз ҷумла дар судҳо, ҳифз мекунанд.
       3. Васояту парастории ноболиғон дар сурати волидайн, падару модархонд надоштани онҳо, аз ҳуқуқи волидайн маҳрум гардонида шудани волидайнашон, инчунин дар ҳолатҳое, ки чунин шаҳрвандон бо сабабҳои дигар бидуни парастории волидайн мондаанд, аз ҷумла дар сурати аз тарбия ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон саркашӣ намудани волидайн муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи  33. Васоят
1. Васоят барои хурдсолон, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд онҳоро дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлиашон ғайри қобили амал эътироф намудааст.
2. Васиён мутобиқи қонун намояндагони шахси таҳти васояташон буда, аз номи онҳо ва ба манфиаташон тамоми аҳди заруриро анҷом медиҳанд.
 
 
1. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд қобилияти амали онҳоро бо сабаби сӯиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда маҳдуд сохтааст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Парасторон барои анҷоми он аҳдҳое розигӣ медиҳанд, ки шаҳрвандони таҳти парасторӣ қарордошта барои мустақилона анҷом додани онҳо ҳуқуқ надоранд.
Парасторон ба шахси таҳти парасторӣ барои татбиқи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон мусоидат менамоянд, инчунин онҳоро аз сӯиистифодаи шахси сеюм (ғайр) ҳифз менамоянд.
 
1. Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2.  Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд ё дар бораи маҳдуд сохтани қобилияти амали ӯ барои таҳти васоят ё парасторӣ қарор додани чунин шаҳрванд дар ин хусус ба мақоми васояту парастории маҳалли зисти ӯ хабар диҳад.
3. Мақоми васояту парастории маҳалли зисти шахси таҳти васояту парасторӣ  қарордошта ба фаъолияти васиёну парасторони онҳо назорат мекунад.
 
1. Васӣ ё парастор аз ҷониби мақоми васояту парастории маҳалли зисти шахси ба васоят ё парасторӣ эҳтиёҷдошта дар давоми як моҳи пас аз лаҳзае, ки мақомоти мазкур дар хусуси зарурати таҳти васоят ё парасторӣ қарор додани шаҳрванд огоҳӣ ёфтанд, муқаррар карда мешавад. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷолиби диққат васӣ ё парасторро мақоми васояту парастории маҳалли зисти васӣ (парастор) таъин карда метавонад. Агар барои шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ дар давоми як моҳ васӣ ё парастор таъин карда нашавад, иҷрои вазифаҳои васӣ ё парастор муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.
           Шахси манфиатдор метавонанд нисбати таъини васӣ ё парастор ба суд шикоят намоянд.
          2. Танҳо шаҳрвандони ба балоғат расидаи қобили амал васӣ ё парастор таъин шуда метавонанд. Шаҳрвандонеро, ки аз ҳуқуқи падарию модарӣ  маҳрум карда шудаанд, инчунин шаҳрвандонеро, ки тибқи қонунгузорӣ васоят ё парастор шуданашон манъ карда шудааст, васоят ва парастор таъин кардан мумкин нест.
          3. Шахсро танҳо бо розигии худаш васӣ ё парастор таъин кардан мумкин аст. Зимнан бояд одобу ахлоқ ва сифатҳои дигари шахсӣ, қобилияти иҷро кардани вазифаи васӣ ё парастор, муносибати байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ ва агар имкон бошад, хоҳиши шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта бояд ба назар гирифта шавад.
         4. Васиён ва парасторони шаҳрвандони мӯҳтоҷи васоят ё парасторие, ки дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаҳои дигари шабеҳ  қарор доранд ё ҷойгир карда шудаанд, ин муассисаҳо  ба ҳисоб мераванд.
 
 
1.  Вазифаи васояту парасторӣ, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба таври ройгон иҷро карда мешавад.
2. Васиёну парасторони шаҳрвандони ноболиғ бояд бо шахси таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта якҷоя зиндагӣ кунанд. Ҷудо зиндагӣ кардани парастор бо шахси таҳти парастории ба синни шонздаҳ  расида ба шарте бо иҷозати мақоми васояту парасторӣ иҷозат дода мешавад, ки ин ба тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахси таҳти парасторӣ таъсири манфӣ нарасонад.
Васиёну парасторон вазифадоранд, ки дар хусуси тағйир ёфтани маҳалли зисташон мақомоти васояту парасториро огоҳ созанд.
3. Васиёну парасторон вазифадоранд, ки шахси таҳти васояташон (парасториашон) қарордоштаро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд.
4. Вазифаҳои дар қисми 3 ҳамин модда номбаршуда ба зиммаи парасторони шаҳрвандони болиғе, ки суд қобилияти амалашонро маҳдуд сохтааст, гузошта намешаванд.
5. Агар асосҳое, ки мутобиқи онҳо шаҳрванд дар натиҷаи сӯиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардида буд аз миён бардошта шаванд, васӣ ё парастор вазифадор аст, ки дар хусуси қобили амал донистани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ва бекор кардани васоят ё парастории ӯ ба суд дархост пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
1. Даромади шаҳрванди таҳти васоят (парасторӣ), аз ҷумла даромади аз ҳисоби идораи молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) ба ӯ тааллуқдоштаро, ба истиснои молу мулке, ки шахси таҳти васоят (парасторӣ) мустақилона ихтиёрдорӣ карда метавонад, васӣ ё парастор бо розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ танҳо ба манфиати шахси таҳти васоят (парасторӣ) сарф менамояд.
Бидуни розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парастор ҳуқуқ дорад аз ҳисоби маблағе, ки бояд ба шахси таҳти васоят (парасторӣ) ҳамчун даромад пардохта шавад, маблағи заруриро ҷиҳати таъминоти шахси таҳти васоят (парасторӣ) харҷ  намояд.
2. Васӣ бидуни ризоияти пешакии мақоми васояту парасторӣ барои анҷом додан ва парастор барои додани розигӣ ҷиҳати анҷоми аҳди фурӯш, аз ҷумла иваз ё ҳадя кардани молу мулки шахси таҳти васоят, киро (иҷора), ба истифодаи ройгон додан ё ба гарав мондани он аҳде, ки боиси аз даст додани ҳуқуқи шахси таҳти васоят, тақсими молу мулки ӯ ё аз он ҷудо кардани ҳисса мегардад, инчунин ҳар гуна аҳди дигаре, ки боиси кам шудани молу мулки шахси таҳти васоят мегардад, ҳуқуқ надорад.
Тартиби идораи молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) тибқи қонун муайян карда мешавад.
3. Васӣ, парастор, ҳамсарон ва хешовандони наздики онҳо барои бастани аҳдҳо бо шахси таҳти васояташон (парасториаш), ба истиснои ҳамчун ҳадя ё истифодаи ройгон ба шахси таҳти васоят (парасторӣ) додани молу мулк, инчунин барои намояндагӣ кардани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ҳангоми бастани аҳд ё пешбурди парвандаҳои судӣ байни шахси таҳти васояту (парасторию) ҳамсари васӣ ё парастор ва хешовандони наздики онҳо ҳуқуқ надоранд.
 
Моддаи 39. Идоракунии ваколатии молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ)
1. Дар сурати ҷой доштани зарурати идоракунии доимии молу мулки ғайриманқул ва манқули қиматноки шахси таҳти васоят (парасторӣ) мақоми васояту парасторӣ бо мудир, ки ҳамин мақом муайян кардааст, дар хусуси идоракунии ваколатии чунин молу мулк шартнома мебандад. Дар ин ҳолат васӣ ё парастор ваколати худро нисбати молу мулки шахси таҳти васояташ (парасториаш), ки ба идораи ваколатӣ дода нашудааст, нигоҳ медорад.
Ҳангоми ваколатҳои идораи молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ)-ро иҷро кардани мудир амали қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 ҳамин Кодекс ба мудир дахл дорад.
2. Ихтиёрдории ваколатии молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) аз рӯи асосҳое, ки қонун барои қатъи шартномаи идораи ваколатии молу мулк пешбинӣ намудааст, инчунин дар сурати қатъи васояту парасторӣ қатъ  мегардад.
 
Моддаи 40. Аз иҷрои вазифа озод  ва дур кардани васиёну парасторон
1. Мақоми васояту парасторӣ дар ҳолати баргардонидани кӯдак ба волидайнаш ё ба фарзандӣ қабул гардиданаш васӣ ё парасторро аз иҷрои вазифаҳояш озод мекунад.
Ҳангоми ба муассисаи дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаҳои дигари шабеҳ ҷойгир кардани шахси таҳти васоят (парасторӣ), муассисаи васояту парасторӣ, ба шарте ки ин хилофи манфиатҳои шахси таҳти васоят (парасторӣ) набошад, васӣ ё парастори қаблан таъиншударо аз иҷрои вазифаҳояш озод мекунад.
2. Дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок (беморӣ, тағйир ёфтани вазъи молу мулкӣ, набудани ҳамфикрӣ бо шахси таҳти васоят (парасторӣ ва ғайра) васӣ ё парастор мумкин аст бо хоҳиши худ аз иҷрои вазифаҳояш озод карда шавад.
3. Дар сурати вазифаҳояшро ғайриқаноатбахш иҷро кардани васӣ ё парастор, аз ҷумла дар ҳолати васоят ё парасториро ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани ӯ ё шахси таҳти васоятро (парасториро) бе назорат, бе кӯмаки лозима гузоштанаш, инчунин дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,мақоми васояту парасторӣ метавонад васӣ ё парасторро аз иҷрои ин вазифаҳо дур карда, ҷихати ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун ҷалб кардани шаҳрванди гунаҳкор тадбирҳои зарурӣ андешад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
1. Васояту парасторӣ нисбати шаҳрвандони болиғ дар ҳолатҳои аз ҷониби суд қабул гардидани қарор дар  бораи қобили амал эътироф намудани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ё бекор кардани маҳдудиятҳои қобилияти амали ӯ дар асоси аризаи васӣ, парастор ё мақоми васояту парасторӣ қатъ мегардад.
2. Дар сурати ба синни чордаҳ  расидани шахси таҳти васоят қарордошта васояти ӯ қатъ мегардад ва шаҳрванде, ки вазифаи васиро иҷро мекард, бидуни қарори иловагӣ дар ин хусус парастори ноболиғ мегардад.
3. Парастории ноболиғ дар сурати ба синни ҳаждаҳ расидани шахси таҳти парасторӣ, инчунин дар сурати издивоҷ карданаш ва дар ҳолатҳои дигари то ба балоғат расидан дорои қобилияти пурраи амал гардидани ӯ (қисми 2 моддаи 22 ва моддаи 28) қатъ мегардад.
 
Моддаи 42. Ҳимоя (патронажи)–и шаҳрвандони қобили амал
1. Бо хоҳиши шаҳрванди болиғи қобили амале, ки бо сабаби вазъи саломатиаш ҳуқуқи худро мустақилона татбиқу ҳимоя ва вазифаҳояшро иҷро карда наметавонад, мумкин аст барои ӯ парасторӣ дар шакли ҳомӣ (патронаж) муқаррар карда шавад. Муқаррар намудани ҳомӣ (патронаж) боиси маҳдудшавии ҳуқуқи шахси таҳти парасторӣ намегардад.
2. Парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амалро мақоми васояту парасторӣ танҳо бо ризоияти чунин шаҳрванд таъин карда метавонад.
3. Парастор (ёвар) молу мулки  шахси болиғи қобили амали таҳти парасториаш тааллуқдоштаро дар асоси шартномаи супориш ё идораи ваколатӣ, ки бо шахси таҳти парасторӣ баста шудааст, ихтиёрдорӣ мекунад. Аҳдҳои  маишӣ ва аҳдҳои дигареро, ки ба таъмин ва қонеъ гардонидани талаботи шахси таҳти парасторӣ равона гардидаанд, парастор (ёвари)-и ӯ бо ризоияти шахси таҳти парасторӣ анҷом медиҳад.
4. Ҳимоя (патронаж)-и мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муқарраргардидаи шаҳрванди болиғи қобили амал бо талаби  шаҳрванди таҳти ҳимоя қарордошта қатъ мегардад.
Парастор (ёвар)-и шаҳрванди таҳти ҳимоя қарордошта дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 40 ҳамин Кодекс аз иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда озод карда мешавад.
5. Танҳо шаҳрвандони болиғи қобили амал, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ ё парастор шудани онҳоро манъ накардааст, парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амал таъин шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
Агар дар  тӯли як сол дар ҷои истиқомати шаҳрванд дар хусуси бошишгоҳи ӯ маълумоте набошад, суд бо дархости шахси манфиатдор метавонад  ӯро бедарак ғоиб эътироф намояд.
Дар сурати  муқаррар карда натавонистани рӯзи расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб, оғози ҳисоби мӯҳлат барои эътирофи бедарак ғоиб санаи аввали моҳе, ки пас аз моҳи расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб фаро мерасад ва дар сурати муқаррар карда натавонистани ин моҳ,  якуми январи соли минбаъда ҳисоб мешавад.
 
1. Молу мулки шаҳрванди бедарак ғоиб эътирофгардида дар сурати зарурати муҳофизати он дар асоси қарори суд ба идораи ваколатии шахсе супурда мешавад, ки аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ муайян гардида, дар асоси шартномаи бо ин мақом басташуда дар бораи идораи ваколатӣ амал мекунад.
Идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоиб эътирофгардида иҷрои вазифаҳои шаҳрвандро ба зимма гирифта, аз ҳисоби молу мулки шахси ғоиб қарзи ӯро месупорад, ин молу мулкро ба манфиати чунин шахс идора мекунад. Бо дархости шахси манфиатдор ба шаҳрвандоне, ки шахси бедарак мебоист онҳоро таъмин мекард, таъминотпулӣ дода мешавад.
2. Мақоми васояту парасторӣ то сипарӣ шудани як соли пас аз расидани маълумот дар хусуси ҷои исти шаҳрванди бедарак низ метавонад барои ҳифзи молу мулки ӯ идоракунандаро таъин намояд.
3. Оқибати бедарак ғоиб эътироф намудани шахсро, ки дар ҳамин модда пешбинӣ нашудааст, қонун муайян менамояд.
 
1. Дар сурати ҳозир шудани шаҳрванди бедарак ғоиб эътирофгардида ё муайян гардидани ҷои исти ӯ суд қарорро дар бораи бедарак ғоиб эътироф намудани ӯро бекор мекунад. Дар асоси қарори суд идораи молу мулки шаҳрванд бекор карда мешавад.
2. Агар баъди се соли  таъин  кардани идоракунанда қарори бедарак ғоиб эълон намудани шахс бекор нашуда, дар хусуси фавтида эътироф намудани шаҳрванд ба суд муроҷиате пешниҳод нагардида бошад, мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки бо аризаи фавтида эътироф намудани шаҳрванд ба суд муроҷиат кунад.
 
1. Агар дар маҳалли зисти шаҳрванд дар давоми се сол аз ҷои исташ маълумоте набошад ва агар ӯ дар вазъияте бедарак ғоиб шуда бошад, ки хатари марг ба ҳаёташ таҳдид мекард ё ба гумони аз фалокат вафот кардани ӯ асос медиҳад, дар давоми шаш моҳ суд метавонад чунин шаҳрвандро фавтида эълон намояд.
2. Суд хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрванди дигари бо сабаби амалиёти ҷангӣ бедарак ғоибшударо танҳо баъди як соли пас аз анҷоми амалиёти ҷанг фавтида эълон карда метавонад.
3. Рӯзи вафоти шаҳрванде, ки фавтида эълон шудааст, рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи фавтида эълон намудани ӯ дониста мешавад. Дар сурати фавтида эълон гардидани шаҳрванди дар вазъияте бедарак ғоибшуда, ки ба ҳаёти ӯ таҳдид мекард ё барои гумони дар натиҷаи фалокат вафот кардани ӯ асос медиҳад, суд метавонад рӯзи тахминии вафоти ӯро рӯзи вафоти ин шаҳрванд эътироф намояд.
4. Фавтида эълон намудани шаҳрванд нисбати ҳуқуқу ӯҳдадориҳои чунин шаҳрванд боиси оқибатҳое мегардад, ки вафоти ӯ сабаб шуда метавонист.
 
1. Дар сурати ҳозир шудан ё ошкор гардидани маҳалли буду боши шаҳрванде, ки фавтида эълон шуда буд, суд қарори дахлдорро бекор мекунад.
2. Шаҳрванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 323 ҳамин Кодекс, сарфи назар аз вақти ҳозир шуданаш метавонад аз ҳар шахс баргардонидани молу мулки маҳфузмондаеро талаб намояд, ки пас аз фавтида эълон гардидани шаҳрванд бемузд ба ихтиёри ин шахс гузашта аст.
Ашхосе, ки молу мулки шаҳрванди фавтида эълоншуда дар натиҷаи аҳдҳои бомузд ба ихтиёрашон гузаштааст, агар исбот гардад, ки ҳангоми харидани молу мулк онҳо зинда будани шаҳрванди фавтида эълоншударо медонистанд, вазифадоранд ин молу мулкро ба ӯ баргардонанд. Дар сурати баргардонида натавонистани худи молу мулк арзиши он ҷуброн карда мешавад. Агар молу мулки шаҳрванди фавтида эълоншуда аз рӯи ҳуқуқи мерос ба ихтиёри давлат гузашта, бо риояи шартҳои дар ҳамин модда пешбинигардида фурӯхта шуда бошад, пас аз бекор кардани қарори фавтида эълон намудани шаҳрванд ба ӯ маблағи аз фурӯши молу мулк бадастомада баргардонида мешавад.
3. Соҳиби бовиҷдон ҳуқуқ дорад беҳбудиҳои вориднамудаашро, ба шарте ки онҳоро бе зиён ҷудо кардан мумкин бошад, дар ихтиёри худ монад. Агар чунин ҷудо кардани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, соҳиби бовиҷдон ҳуқуқ дорад ҷуброни маблағи барои беҳбудӣ харҷкардаашро, вале на зиёдтар  аз андозаи арзиши молу мулк, талаб намояд.
 
БОБИ 4. ШАХСИ  ҲУҚУҚӢ
 
 
 1. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият,  пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
Шахси ҳуқуқӣ бояд баланс ё сметаи  мустақил дошта бошанд.
2. Бо сабаби иштирок дар ташкили молу мулки шахси ҳуқуқӣ муассисони (иштирокчиёни) он метавонанд нисбати ин шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадорӣ  ё ҳуқуқи молу мулки ба молу мулки он дошта бошанд.
Ба шахси ҳуқуқие, ки иштирокчиёнашон нисбати онҳо ҳуқуқи ӯҳдадорӣ доранд, инҳо дохил мешаванд: ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ,  кооперативҳои тиҷоратӣ ва кооператсияи матлубот.(ҚҶТ аз 22.07.13с., №976)
Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисони онҳо ба молу мулкашон ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ доранд, корхонаҳои воҳид, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ, инчунин муассисаҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд.
3. Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисонашон (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи молу мулкӣ надоранд, инҳо дохил мешаванд: иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ; фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахси ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳо). (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
Моддаи 49. Қобилияти ҳуқуқдории шахси  хуқуқӣ
1. Шахси ҳуқуқӣ метавонад мутобиқи мақсадҳои фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он пешбинигардида ҳуқуқи гражданӣ ва вобаста ба ин фаъолият ӯҳдадорӣ дошта бошад.
Ташкилотҳои тиҷоратӣ, ба истиснои корхонаҳои воҳид ва намудҳои дигари  ташкилотҳои пешбининамудаи қонун метавонанд ҳуқуқу ӯҳдадориҳое дошта бошанд, ки барои татбиқи ҳар намуди фаъолияти бо қонун манънашуда заруранд. Шахси ҳуқуқӣ бо намудҳои алоҳидаи фаъолияте, ки номгӯи онҳо бо қонун муайян карда мешавад, танҳо  дар асоси иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул шуда метавонад.
2. Ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун метавонад маҳдуд карда шавад. Нисбати қарори маҳдуд кардани ҳуқуқ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
3. Қобилияти ҳуқуқдории  шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи таъсиси он (қисми 2 моддаи 51) ба миён омада, дар лаҳзаи ба охир расидани  он (қисми 8 моддаи 64) қатъ мегардад.
Ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи фаъолияте, ки барои машғул шудан ба он гирифтани иҷозатнома (литсензия) зарур аст (қисми 1 ҳамин модда), агар дар қонунҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, аз лаҳзаи гирифтани чунин иҷозатнома (литсензия) ё дар мӯҳлати дар он зикргардида ба миён омада, бо гузаштани мӯҳлати амали он қатъ мегардад.
 
1. Ташкилотҳое шахси ҳуқуқӣ буда метавонанд, ки ба даст овардани фоидаро мақсади асосии фаъолияти худ қарор додаанд (ташкилотҳои тиҷоратӣ) ё чунин мақсади ба даст овардани фоидаро надошта, фоидаро байни иштирокчиён тақсим намекунанд (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ).
2. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва коммуналӣ таъсис дода шаванд.
3. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли кооперативҳои ғайритиҷоратӣ, кооператсия матлубот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ, муассисаҳои аз ҷониби молик маблағгузоришаванда, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин дар дигар шаклҳои пешбининамудаи қонун таъсис дода шаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с., №976; аз 18.03.15 с., № 1178)
Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ танҳо ба қадре ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд, ки барои мақсадҳои оинномавии онҳо зарур аст.
4. Таъсиси иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ дар шакли ассотсиатсияҳо ё иттифоқҳо ба роҳ монда мешавад.
 
1.Шахси ҳуқуқӣ бояд мувофнқи тартиби муқаррариамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлати шрифта шавад. Маълумот дар бораи бакайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилетхои тиҷоратӣ, номи фирма ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва сохибкорони инфиродй дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Асосхои рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуки мувофиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Рад кардани бақайдгирӣ бо далели мувофиқи мақсад набудани таъсиси шахси ҳукуқи манъ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Дар сурати рад кардани бақайдгнрии давлатӣ, инчунин саркашй кардан аз он ба суд шикоят намудан мумкин аст.
2. Шахси хуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида дониста мешавад.
3. Шахси хукукй танхо дар холатҳои муқаррарнамудаи қонун аз нав ба қайд гирифта мешавад.
(ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
 
1. Шахси ҳуқуқиро як ё якчанд муассис таъсис дода метавонанд.
2. Соҳибмулк ё ин ки мақомоти ваколатдори он ё шахсон ва дар ҳолатҳои махсус пешбиннамудаи қонунгузорӣ дигар шахсони ҳуқуқӣ  муассиси шахси ҳуқуқӣ шуда метавонанд. Дар айни замон шахси ҳуқуқие, ки дорои ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ мебошанд, бо ризоияти молик ё мақоми ваколатдори он метавонад муассисони шахси ҳуқуқии дигар бошад.
 
1. Шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ё шартномаи таъсис ва оиннома ва ё танҳо шартномаи таъсис амал мекунад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ намебошад, дар асоси низомномаи умумии ин намуди ташкилот амал карда метавонад.
Шартномаи таъсиси шахси ҳуқуқиро муассисони (иштирокчиёни) он баста, оинномаро тасдиқ менамоянд.
Шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс аз ҷониби як муассис таъсис ёфтааст, дар асоси оинномаи тасдиқнамудаи ин муассис амал мекунад.
2. Дар оиннома ва ҳуҷҷатҳои дигари таъсисии шахси ҳуқуқӣ бояд номи шахси ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавии он, тартиби идораи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ муайян карда шаванд, инчунин маълумоти дигари пешбининамудаи қонун дар бораи намуди дахлдори шахси ҳуқуқӣ нишон дода шавад.
Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва корхонаҳои воҳид, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бошад, инчунин ташкилотҳои тиҷоратии дигар бояд марому мақсади фаъолияти шахси ҳуқуқӣ муайян карда шавад. Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ мумкин аст марому мақсади муайяни фаъолияти онҳо пешбинӣ карда шавад.
Дар шартномаи таъсис тарафҳо (муассисон) ҷиҳати таъсиси шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадорӣ қабул намуда, тартиби фаъолияти муштарак дар мавриди таъсиси он, шартҳои ба он додани молу мулки худ ва иштирок дар фаъолияти онро муайян менамоянд. Дар шартнома инчунин шарту тартиби тақсими фоидаю зиён миёни иштирокчиён, идора кардани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, аз ҳайати он баромадани муассисон (иштирокчиён) муайян карда мешавад. Бо мувофиқаи муассисон ба шартномаи таъсис мумкин аст шартҳои дигар низ дохил карда шаванд.
3.  Тағйироти ба хуҷҷатҳои таъсисии ҳизбхои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятй, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин ташкилотҳои динӣ воридкардашуда пас аз бакайдгирии давлати барои шахсони ссюм эътнбор пайдо мекунанд. Тагйироти маълумотҳо дар ҳуҷҷатхои таъсисии шахсони ҳуқуқии дигар пас аз ворид намудани онхо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва сохибкорони инфиродй барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640; аз 18.03.15 с., № 1178)
 
1. Шахси ҳуқуқӣ ба воситаи мақомоташ, ки дар асоси қонунҳои амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ҳуқуқи гражданӣ ба даст овардааст, иҷрои ӯҳдадориҳои гражданиро ба зимма мегирад. Тартиби таъин ё интихоби мақомоти шахси ҳуқуқӣ тибқи қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсис муайян карда мешавад.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахси ҳуқуқӣ метавонад ба воситаи иштирокчиёнаш ҳуқуқи гражданӣ ба даст оварда, иҷрои ӯҳдадориҳои гражданиро ба зимма гирад.
3. Шахсе, ки мутобиқи қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шахси ҳуқуқӣ аз номи он баромад мекунад, бояд ба манфиати шахси ҳуқуқии намояндагӣ мекардааш софдилона ва оқилона амал кунад. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ӯ вазифадор аст, ки бо талаби муассисони (иштирокчиёни, аъзои) шахси ҳуқуқӣ зиёнеро, ки ӯ ба шахси ҳуқуқӣ расонидааст, ҷуброн намояд.
 
1. Шахси ҳуқуқӣ номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда мешавад. Номи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳои воҳид ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошта бошад.
Ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), ба реквизитҳои аснод ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дохил кардани чунин ном ё унсурҳои рамзи давлатӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумат иҷозат дода мешавад.
2. Маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, агар мутобиқи қонун дар ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ маҳалли дигаре муқаррар нашуда бошад, маҳалли бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад.
3. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он нишон дода мешавад.
4. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад.
Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно дорад.
Тартиби бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо мутобиқи ҳамин Кодекс муайян менамоянд.
Шахсе, ки номи ба қайд гирифташудаи фирмавии шахси дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад, бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ вазифадор аст истифодаи онро қатъ карда, зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.
 
1. Намояндагӣ воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиати шахси ҳуқуқиро ҳифз ва намояндагӣ менамояд, аз номи он аҳдҳо ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом  медиҳад.
2. Филиал воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, тамоми ё як қисми вазифаҳои он, аз ҷумла вазифаи намояндагиро иҷро мекунад.
3. Намояндагию филиалҳо шахси ҳуқуқӣ набуда, бо қарори мақоми дахлдори шахси ҳуқуқӣ, ки онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ муайян намудаанд, таъсис дода мешаванд. Роҳбарони намояндагию филиалҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ таъин гардида, дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
Намояндагию филиалҳо бояд дар оинномаи шахси ҳуқуқие, ки онҳоро таъсис додааст, нишон дода шаванд.
 
1. Шахси ҳуқуқӣ ғайр аз муассисаҳое, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулкашон масъулият доранд.
2. Корхонаи давлатӣ ва муассисаи аз ҷониби молик маблағгузоришаванда аз рӯи ӯҳдадориҳои худ мувофиқи тартиб ва дар асоси шартҳои пешбининамудаи қисми 8 моддаи 125, моддаҳои 126 ва 127 ҳамин Кодекс масъулият доранд.
3. Муассиси (иштирокчии) шахси ҳуқуқӣ ё молики он, ба истиснои ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинигардида аз рӯи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои муассис (иштирокчӣ) ё молик масъулият надорад.
Агар сабабгори муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ муассисон (иштирокчиён), молики молу мулки  шахси ҳуқуқӣ ё шахси дигаре бошанд, ки ҳуқуқи додани дастурҳои ҳатмиро ба шахси ҳуқуқӣ ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани амалҳои онро доранд, ба зиммаи чунин ашхос дар сурати нарасидани молу мулки шахси ҳуқуқӣ мумкин аст аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияти иловагӣ гузошта шавад.
 
1. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) метавонад бо қарори муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсис дорои чунин ваколат мебошад, ба амал бароварда шавад.
2. Бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) дар қонун мумкин аст ҳолатҳо ва тартиби маҷбуран азнавташкилдиҳии ташкилотҳои тиҷоратӣ дар асоси қарори суд пешбинӣ карда шавад.
Агар муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ,  мақоми  ваколатдори онҳо ё мақоми шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсис барои азнавташкилдиҳии он   ваколатдор аст, азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқиро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қарори суд ба амал набароранд, суд аз ҷумлаи шахси ғайр мудири шахси ҳуқуқиро таъин намуда, ба ӯ супориш медиҳад, ки азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқиро ба амал барорад. Аз лаҳзаи таъин гардидани мудири ғайр ваколати идора намудани корҳои шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи ӯ мегузарад. Мудири ғайр аз номи шахси ҳуқуқӣ дар суд баромад мекунад ва баланси тақсимотро тартиб дода, онро якҷоя бо ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ бавуҷудоянда ҷиҳати тасдиқ ба суд месупорад. Аз ҷониби суд тасдиқ гардидани ҳуҷҷатҳои мазкур барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис асос мебошад.
3. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ  дар шакли муттаҳид, ҳамроҳ кардан ё тағйир додан танҳо бо ризояти мақомоти давлатии ваколатдор ба амал бароварда мешавад.
4. Шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои ҳолатҳои азнавташкилдиҳӣ дар шакли  ҳамроҳкунӣ, аз лаҳзаи бақайдгирии шахси ҳуқуқии навтаъсис азнавташкилшуда дониста мешавад.
Дар сурати азнавташкилдихии шахси хуқуқй дар шакли ба он ҳамроҳшавии шахси ҳуқуқпи дигар, шахсони хуқуқие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби мукарраршуда дар як вакт ба мақомоти анчомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқукӣ ва сохибкорони инфиродй ариза пешниход менамоянд. Шахси хуқуқӣ аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ ёфтани фаъолияти, шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тагйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳукуқй ва сохибкорони инфиродй ворид карда шудаанд.
Азнавташкилдиҳии шахси ҳукуқӣ дар шакли табдилдихӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шаҳсони хуқуқй ва сохибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии шахси хуқуқи ба итмомрасида дониста мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
5.  Азнавташкилдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории бонкӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 59. Ворисии ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ
1.  Ҳангоми муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо мутобиқи санади супурдан ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
2. Дар сурати ҳамроҳкунии шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда мутобиқи санади супурдан ба ихтиёри шахси ҳуқуқии дигар мегузарад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
3. Дар сурати ҷудо кардани шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он мутобиқи баланси тақсимот ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
4. Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ ҷудо кардани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ  мутобиқи баланси тақсимот ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҳар яки онҳо мегузарад.
5. Ҳангоми аз як намуди шахси ҳуқуқӣ ба намуди дигар табдил додани шахси ҳуқуқӣ (тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мутобиқи акти супурдан гузаронида мешаванд.
 
1. Санади супурдан ё баланси тақсимот бояд мувофиқи муқаррарот оиди гузаштани ҳамаи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда нисбати ҳамаи кредиторону қарздорони ӯ, аз ҷумла ӯҳдадориҳои мавриди баҳси тарафайн қарор доштаро ҳам дар бар гирифта бошад.
2. . Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар хусуси азнавташкилдихии шахси ҳуқукй карор қабул намудааст, тасдик гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бакайдгирии давлатӣ барон бакайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис ва барои ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқукй ва сохибкорони инфиродй ворид намудани маълумот дар бораи шахсони хуқуқии азнавташкилшуда пешниход карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
 
Моддаи 61. Кафолати ҳуқуқии кредиторони шахси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии он
1. Муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст, бояд кредиторони шахси ҳуқуқии азнавташкилшавандаро дар ин бора хаттӣ огоҳ созанд.
2. Кредитори шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда ҳуқуқ дорад қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориро, ки аз рӯи он ҳамин шахси ҳуқуқӣ қарздор мебошад, инчунин ҷуброни зиёнро талаб  намояд.
3. Агар баланси тақсимот барои муайян намудани андозаи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ворисони ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда имконият надиҳад, шахси ҳуқуқии навтаъсис аз рӯи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда дар назди кредиторони ӯ масъулияти муштарак доранд.
 
1. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ боиси қатъ гардидани он бидуни ба шахси дигар ба тариқи вориси ҳуқуқ гузаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш мегардад.
2. Шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:
- бо қарори муассисон (иштирокчиён)  ё мақомоти шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ чунин ваколатро дорад, аз ҷумла бо сабаби гузаштани мӯҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ  таъсис дода шуда буд ё  ноил шудан ба мақсадҳои таъсисдодашуда;
- бо ҳалномаи суд ҳангоми таъсисион роҳ додан ба дағалона вайронкунии қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад ё бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё фаъолияти манъ намудаи қонун, ё амалӣ намудани фаъолияти вайронкунии якчандмаротиба ва дағалонаи дигари қонунгузорӣ ё аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалӣ намудани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф мебошад, ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амалӣ намудани амалиётҳои дар иҷозатнома пешбинишуда намуди ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
3. Талаби барҳам додани шахси ҳуқуқиро тибқи асосҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида мақомоти ҳокимияти  давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки мувофиқи қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ дорад,  ба суд пешниҳод карда метавонад.
Бо қарори суд дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ мумкин аст вазифаи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба барҳамдиҳии он ваколатдошта гузошта шавад.
4. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, ё чун кооперативи ғайритиҷоратӣ ва ё фонди ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, бо сабаби муфлис эътироф шуданаш инчунин мутобиқи моддаи 66 ҳамин Кодекс барҳам дода мешавад.
Агар арзиши молу мулки чунин шахси ҳуқуқӣ барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, онро танҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 66 ҳамин Кодекс барҳам додан мумкин аст.  
Муқаррароти бо сабаби муфлисӣ барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба муассисаҳо дахл надорад.
5. Агар бо қонунгузории бонкӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, барҳамдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс сурат мегирад.
 
1. Муассисон (иштирокчиён)–и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси  барҳамдиҳии  шахси ҳуқуқӣ қарорқабулкарда вазифадоранд, ки бетаъхир аз ин хусус мақоми бақайдгирандаи шахси ҳуқуқиро хаттӣ огоҳ созанд ва он ба фехристи   ягонаи   давлатии   шахсони   ҳукуқӣ   ва   сохибкорони инфиродй дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ маълумот ворид месозад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
2. Муассисон (иштирокчиён)–и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабулкарда комиссияи барҳамдиҳи (барҳамдиҳанда)–ро таъин намуда, мутобиқи ҳамин Кодекс тартиб ва мӯҳлати барҳамдиҳиро муқаррар менамоянд.
3. Комиссияи барҳамдиҳӣ аз лаҳзаи таъин гардиданаш барои назорат кардани амали мақомоти шахси ҳуқуқӣ дар мавриди ихтиёрдории молу мулкаш ваколат ба даст меорад. Аз ҷумла тамоми амалиёти мақомоти шахси ҳуқуқӣ, ки ба бегона кардани молу мулки он ё пардохти қарз равона гардидаанд, танҳо бо ризояти комиссияи барҳамдиҳӣ метавонад ба амал бароварда шавад.
 
1. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар рӯзномае, ки маълумоти бақайдгирии давлатии  шахси ҳуқуқиро нашр менамояд, дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва тартибу мӯҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторони он эълонро чоп мекунад. Ин мӯҳлат набояд аз ду моҳи пас аз лаҳзаи нашри эълон дар бораи барҳамдиҳӣ камтар бошад.
Комиссияи барҳамдиҳӣ ҷихати маълум сохтани кредиторон ва гирифтани қарзи дебиторӣ тамоми чораҳои имконпазирро андешида, инчунин кредиторонро дар хусуси барҳам додани  шахси ҳуқуқӣ хаттӣ огоҳ месозад.
2. Пас аз тамом шудани мӯҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳии фосилавӣ тартиб медиҳад, ки дар он маълумот дар бораи таркиби молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, номгӯи талаботи пешкашнамудаи кредиторон, инчунин маълумот дар хусуси натиҷаи баррасии онҳо зикр меёбад.
Баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз ҷониби муассисони  (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Агар маблағи  мавҷудаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда (ғайр аз муассисаҳо) барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, комиссияи барҳамдиҳӣ мувофиқи тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида молу мулки шахси ҳуқуқиро аз тариқи савдои оммавӣ ба фурӯш мерасонад.
4. Пардохти маблағҳои пулӣ ба кредиторони шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳӣ аз рӯи навбати дар моддаи 65 ҳамин Кодекс муқарраргардида, ба истиснои кредиторони навбати чорум, ки маблағи пулӣ ба онҳо пас аз як моҳи баъди санаи тасдиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ пардохта мешавад, мутобиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз рӯзи тасдиқи он сар карда, пардохта мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
5. Пас аз пардохти пулии кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳиро тартиб медиҳад, ки онро муассисон (иштирокчиён)–и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд.
6. Дар сурати нокифоя будани маблағи муассисаи барҳамдодашаванда барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон, онҳо ҳуқуқ доранд, ки барои аз ҳисоби молики молу мулки ин муассиса қонеъ гардонидани қисми боқимондаи талаботашон ба суд муроҷиат намоянд.
7. Молу мулки пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи шахси ҳуқуқӣ, агар дар қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба муассисони (иштирокчиёни) он, ки дорои ҳуқуқи моликият ба ин молу мулк ё ҳуқуқи ӯҳдадорӣ нисбати ин шахси ҳуқуқӣ мебошанд, супурда мешавад.
8. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ баъди дар ин хусус ворид намудани сабт ба феҳрасти давлатӣ шахси ҳуқуқӣ баитмомрасида ва шахси ҳуқуқӣ бошад барҳамдодашуда эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 641. Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)
  1. Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот) ҷудо карда мешаванд ва барои фурӯш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.
  2. Кредитори таъминшуда уҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
  3. Маблағҳои аз фурӯш ба дастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардиданд, равона мегарданд, маблағҳои аз фурӯш боқимонда бошад, ба комиссияи барҳамдиҳӣ барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур равона мегарданд.
  4. Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурухташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
 
1. Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он бо навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557):
  • дар навбати аввал - талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши молу мулки ба сифати таъминот пешниҳодшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;
  • дар навбати дуюм - пардохти кӯмакпулии аз кор рафтан ва музди меҳнати шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохтни мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз руи шартномаҳои муаллифӣ;
  • дар навбати сеюм - пардохти қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
  • дар навбати чорум - ҳисобу китоби кредиторони дигар тибқи қонун.
Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ, талаботи кредиторон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
2. Талаби ҳар навбат пас аз пурра қонеъ гардонидани талаби навбати пешина қонеъ гардонида мешавад.
3. Дар сурати нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ин молу мулк дар байни кредиторон мувофиқи қонунҳои амалкунанда, тақсим карда мешавад.
4. Агар комиссияи барҳамдиҳӣ қонеъ гардонидани талаботи кредиторро рад кунад ё аз баррасии он саркашӣ намояд, кредитор ҳуқуқ дорад, ки то тасдиқ гардидани баланси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ нисбати амали комиссияи барҳамдиҳӣ ба суд даъво  намояд.
Бо қарори суд талаби кредитор мумкин аст аз ҳисоби молу мулки боқимондаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда қонеъ гардонида шавад.
5. Талаби кредитор, ки пас аз гузаштани мӯҳлати барои пешниҳоди он  муқаррарнамудаи  комиссияи  барҳамдиҳӣ пешниҳод гардидааст, аз ҳисоби молу мулки шахси қарздор, ки пас аз қонеъ гардонидани талаби сари вақт пешкашнамудаи кредиторон боқӣ  мондааст, қонеъ гардонида мешавад.
6. Талаби кредиторон, ки бо сабаби нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда қонеъ гардонида нашудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс, пардохташуда дониста мешавад. Талаби кредитороне, ки комиссияи барҳамдиҳӣ онҳоро эътироф накардааст, агар кредитор ба суд бо даъво муроҷиат накарда бошад, инчунин талабе, ки қонеъ гардонидани он бо қарори суд ба кредитор рад шудааст, ҳамчунин пардохташуда дониста мешаванд.
 
1.  Шахси ҳуқуқие, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул мебошад, ба истиснои корхонаҳои махсуси (казонии) давлатӣ, агар қобилияти қонеъ гардонидани талаботи кредиторонро бо сабаби нокифоягии дороиҳои  бозоргир надошта набошад, он гоҳ мумкин аст  муфлис эътироф карда шавад.
2. Шахси ҳуқуқӣ  аз ҷониби суд муфлис эътироф карда мешавад.
Шахси ҳуқуқӣ инчунин метавонад якҷоя бо кредиторон дар хусуси эълони муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳам дода шуданаш қарор қабул намояд.
3. Асосҳои аз ҷониби суд муфлис эътироф гардидани шахси ҳуқуқӣ ё дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани он, инчунин тартиби барҳамдиҳии чунин шахси ҳуқуқӣ тибқи қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар карда мешавад. Талаби кредиторон аз рӯи навбати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 65 ҳамин Кодекс қонеъ гардонида мешавад.
 
1. Аз ҷониби суд муфлис эътироф шудани шахси ҳуқуқӣ инчунин тибқи қарори муштарак бо кредиторон дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани шахси ҳуқуқӣ боиси барҳам додани ин шахси ҳуқуқӣ мегардад.
2. Аз лаҳзаи муфлис дониста шудани шахси ҳуқуқӣ:
а) мӯҳлати пардохти тамоми ӯҳдадориҳои қарзии ин шахси ҳуқуқӣ, агар он пештар фаро нарасида бошад, фарорасида ҳисоб меёбад;
б) зам кардани ҷаримаи аҳдшиканӣ ва фоизи тамоми қарзҳои ин шахси ҳуқуқӣ қатъ мегардад;
в) тамоми маҳдудиятҳои дар қонун пешбинигардида дар мавриди рӯёнидани маблағ аз молу мулки шахси ҳуқуқӣ аз миён бардошта мешаванд;
г) баҳсҳои молу мулкӣ бо иштироки ин шахси ҳуқуқӣ ба сифати ҷавобгар, ба истиснои баҳсҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, қатъ мегарданд;
д) ҳама талабҳои молу мулкӣ ба нисбати ин шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда метавонанд.
3. Дар сурати тибқи қарори муштарак бо кредиторон дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани шахси ҳуқуқӣ, агар дар созишнома бо кредиторон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои қисми 2 ҳамин модда истифода мешаванд.
 
Моддаи 68. Рӯёнидани маблағ аз молу мулки шахси ҳуқуқӣ пас аз барҳам додани он
Агар баъди барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ исбот шавад, ки он бо мақсади халос хӯрдан аз масъулияти назди кредиторони худ ақаллан як қисми молу мулкашро ба шахси дигар додааст ё ба тариқи дигар қасдан пинҳон кардааст, кредитороне, ки талаботҳояшон дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пурра қонеъ нагардидааст, ҳуқуқ доранд қисми пардохта нашудаи қарзашонро аз ҳисоби ин молу мулк рӯёнанд. Дар ин ҳолат мутобиқан қоидаҳои моддаи 324 ҳамин Кодекс истифода мешаванд. Шахсе, ки ин молу мулкро гирифтааст, агар нияти шахси ҳуқуқиро дар мавриди аз кредиторон пинҳон кардани ин молу мулк медонист ё мебоист донад, шахси бевиҷдон дониста мешавад.
 
 
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ташкилотҳои тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон (ҳарифонаашон) ба ҳиссаҳои (пасандозҳои) муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст. Молу мулки аз ҳисоби пасандозҳои муассисон (иштирокчиён) ҳосилшуда, инчунин аз ҷониби ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ дар ҷараёни фаъолияти он истеҳсол ё харидашуда моликияти ҳаққонии он аст.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷамъияти хоҷагидорӣ мумкин аст аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ва ӯ иштирокчии ягонаи он мегардад.
2. Ширкатҳои хоҷагидорӣ мумкин аст дар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) таъсис дода шаванд.
3. Ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ метавонанд дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ё иловагӣ таъсис дода шаванд.
4. Соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ширкатҳои комил ва шарикони комили ҷамъиятҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.
Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳҳомони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта буданро надоранд.
Муассисаҳое, ки онҳоро моликонашон маблағгузорӣ менамоянд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, бо иҷозати молик метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони  ширкатҳо бошанд.
Иштироки гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, мумкин аст тибқи қонун манъ ё маҳдуд карда шавад.
5. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар метавонанд муассисони (иштирокчиёни) ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидории дигар бошанд.
6. Пул, коғазҳои қиматнок, дигар ашё ё ҳуқуқи молу мулкӣ ё ҳуқуқи дигари дорои арзиши пулӣ метавонад ҳисса ё молу мулки ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ бошад.
Арзиши пулии саҳми иштирокчии ҷамъияти хоҷагидорӣ бо мувофиқаи   муассисон  (иштирокчиён)-и ҷамъият муайян карда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун метавонад аз тафтиши мустақилонаи экспертӣ гузаронида шавад.
7. Ширкатҳои хоҷагидорӣ, инчунин ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ барои баровардани саҳмия ҳуқуқ надоранд.
 
Моддаи 70. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ
1. Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ доранд, ки:
- ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 89 ҳамин Кодекс ва қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ пешбинигардида дар идораи корҳои ширкат ё ҷамъият иштирок намоянд;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис дар бораи фаъолияти ширкат ё ҷамъият маълумот гирифта, бо дафтарҳои муҳосибавию санади дигари он шинос шаванд;
- дар тақсимоти фоида иштирок намоянд;
- дар сурати барҳам додани ширкат ё ҷамъият қисми молу мулки пас аз ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон боқимонда ё арзиши онро гиранд.
Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, инчунин метавонанд дигар ҳуқуқҳои дар ҳамин Кодекс, қонунҳо дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ширкат ё ҷамъият пешбинигардидаро дошта бошанд.
2. Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ вазифадоранд, ки:
- мувофиқи тартиб, андоза, усул ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис саҳм гузоранд;
- маълумоти махфиро дар хусуси фаъолияти ширкат ё ҷамъият фош накунанд.
Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ метавонанд ӯҳдадориҳои дигари дар ҳуҷҷатҳои таъсиси он пешбинигардидаро дошта бошанд.
 
Моддаи 71. Табдил додани ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ
1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидории як навъ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс метавонанд бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиён ба навъи дигари ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё кооперативҳои тиҷоратӣ табдил дода шаванд.
2. Дар сурати ба ҷамъият табдил додани ширкат ҳар шарики комиле, ки иштирокчии (саҳмдори) ҷамъият мегардад, дар давоми ду сол аз рӯи ӯҳдадориҳои аз ширкат ба ҷамъият гузашта бо тамоми молу мулки худ масъулияти иловагӣ ба зимма мегирад. Аз ҷониби шарики собиқа бегона кардани ҳиссааш (саҳмаш) ба ӯ тааллуқдошта ӯро аз чунин масъулият озод намекунад. Қоидаҳои дар ҳамин банд баёнгардида мутобиқан ҳангоми ба кооперативи тиҷоратӣ табдил додани ширкат истифода мешаванд.
 
2. ШИРКАТИ  КОМИЛ
 
1. Ширкате комил дониста мешавад, ки иштирокчиёни он (шарикони комил) мутобиқи шартномаи байнашон имзошуда аз номи ширкат бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, аз рӯи ӯҳдадориҳои он нисбати тамоми молу мулки ба онҳо тааллуқдошта масъулият бар дӯш доранд.
2. Шахс иштирокчии танҳо як ширкати комил буда метавонад.
3. Номи фирмавии ширкати  комил бояд инҳоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) ҳамаи иштирокчиёни он, инчунин калимаҳои «ширкати комил» ё номи (унвони) як ё якчанд иштирокчӣ бо илова кардани калимаҳои "ва компания" инчунин калимаҳои «ширкати комил».
 
1. Ширкати комил дар асоси шартномаи таъсис бунёд гардида, амал мекунад ва ин шартнома вазифаи оинномаи ширкати комилро низ анҷом медиҳад. Шартномаи таъсисиро ҳамаи иштирокчиёни он имзо мекунад.
2. Шартномаи таъсиси ширкати комил ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза ва таркиби сармояи шариконаи ширкат; дар бораи андоза ва тартиби тағйир додани ҳиссаи ҳар иштирокчӣ дар фонди оинномавӣ; дар бораи андоза, таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳмгузории он; дар бораи масъулияти иштирокчиён барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои саҳмгузории онро дар бар гирифта бошад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
1. Идоракунии фаъолияти ширкати комил бо мувофиқаи тамоми иштирокчиён сурат мегирад. Дар шартномаи таъсис мумкин аст ҳолатҳое пешбинӣ карда шаванд, ки қарор бо аксарияти овози иштирокчиён қабул мегардад.
2. Агар дар шартномаи таъсис тартиби дигари муайян намудани шумораи овозҳои иштирокчиён пешбинӣ нагардида бошад, ҳар иштирокчии ширкати комил як овоз дорад.
3. Ҳар иштирокчии ширкат, сарфи назар аз он ки барои пешбурди корҳои умумӣ ваколатдор аст ё не, ҳақ дорад  шахсан бо тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба пешбурди кори ширкат шинос шавад. Рад кардани чунин ҳуқуқ ё маҳдуд кардани он, аз ҷумла дар асоси созишномаи иштирокчиёни ширкат, эътибор надорад.
 
Моддаи 75. Идораи кори ширкати комил
1. Ҳар иштирокчии ширкати комил ҳуқуқ дорад, ки аз номи ширкат амал кунад, агар дар шартномаи таъсис муқаррар нагардида бошад, ки ҳамаи иштирокчиёни ширкат идораи корро якҷоя анҷом медиҳанд ё пешбурди кор ба иштирокчиёни алоҳида супурда шудааст. Дар сурати идораи муштараки корҳои ширкат аз ҷониби иштирокчиёни он, барои анҷоми ҳар аҳд ризоияти ҳамаи иштирокчиёни ширкат зарур аст.
Агар пешбурди кори ширкатро иштирокчиёни он ба зиммаи як ё баъзе иштирокчӣ гузошта бошанд, иштирокчиёни боқимонда барои аз номи ширкат анҷом додани аҳдҳо бояд ваколатномаи иштирокчи (иштирокчиён)-ро дошта бошанд, ки пешбурди корҳои ширкат ба зиммааш гузошта шудааст.
Дар муносибат бо шахсони сеюм ширкат ҳуқуқ надорад  ба он ҳавола намояд, ҳолатҳои шартномаи таъсис ваколатҳои иштирокчиёни ширкатро маҳдуд мекунад, ба истиснои ҳолатҳои аз тарафи ширкат исботшаванда, ки шахси сеюм дар лаҳзаи анҷоми аҳдҳо медонист ё баръало мебоист донад, ки иштирокчии ширкат ҳуқуқи аз номи ширкат амалкарданро надошт.
2. Ваколати пешбурдани кори ширкат, ки ба як ё якчанд иштирокчиён дода шудааст, мумкин аст аз тарафи суд бо талаби як ё якчанд иштирокчиёни дигари ширкат, дар мавриди ҷой доштани асосҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар ҳолати аз тарафи шахси (шахсони) ваколатдор дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳои он (онҳо) ё ба идора намудани кор қобилият надоштани он (онҳо) қатъ гардонида шавад. Дар асоси қарори суд ба шартномаи таъсиси ширкат тағйироти зарурӣ ворид карда мешавад.
 
Моддаи 76. Ӯҳдадориҳои иштирокчии ширкати комил
1. Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки мутобиқи шартҳои шартномаи таъсис дар фаъолияти он иштирок намояд.
2. Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии ширкат сад фоизи саҳми худро ба сармояи шариконаи ширкат гузаронад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, агар дар шартнома оқибатҳои дигаре пешбинӣ нагардида бошанд, иштирокчӣ вазифадор аст, ки ба ширкат зиёни расонидаро ҷуброн намояд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., №640; аз 18.03.15 с., № 1178)
3. Иштирокчии ширкати комил бе ризоияти иштирокчиёни боқимонда аз ном ва ба манфиати худ ё ба манфиати шахси сеюм барои анҷоми аҳдҳое, ки мушобеҳи аҳдҳои моҳияти фаъолияти ширкатро ташкилкунанда, ҳуқуқ надорад.
Дар сурати вайрон кардани ин қоида ширкат ҳақ дорад, ки бо хости худ аз чунин иштирокчӣ ҷуброни зиёни ба ширкат расонида  ё ба ширкат супурдани тамоми фоидаи аз чунин аҳдҳо бадастовардаашро талаб намояд.
 
1. Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи дигари иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фоида ва зиёни ширкати комил байни иштирокчиёнаш мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи шарикона тақсим карда мешавад. Созиши аз фоида ё зиён бенасибгардондани ҳар кадоме аз иштирокчиёни ширкат, манъ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Агар дар натиҷаи расидани зиён ба ширкат арзиши активҳои софи он аз андозаи сармояи шариконааш камтар шавад, фоидаи бадастовардаи он то замоне, ки арзиши дороиҳои нақд аз андозаи сармояи шарикона зиёдтар нашавад, байни иштирокчиён тақсим карда намешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640; аз 18.03.15 с., № 1178)
 
1. Иштирокчиёни ширкати комил байни худ муштаракона аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат бо тамоми молу мулки худ масъулияти иловагӣ доранд.
2. Иштирокчии ширкати комил, ки муассиси он намебошад, дар қатори дигар иштирокчиён аз рӯи ӯҳдадориҳои ба миён омада то ба ширкат дохил шуданаш баробари иштирокчиёни дигар масъулият дорад.
3. Иштирокчии аз ширкат хориҷшуда аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат, ки то хориҷшавии ӯ ба миён омадаанд, аз санаи тасдиқи ҳисобот дар бораи фаъолияти ширкат дар соли аз ширкат хориҷ шуданаш баробари иштирокчиёни боқимонда дар мӯҳлати се сол масъулият дорад.
4. Созишномаи иштирокчиёни ширкат дар бораи маҳдуд ё бартараф намудани масъулияти дар ҳамин модда пешбинигардида эътибор надорад.
 
1. Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад бо ризояти иштирокчиёни боқимондаи он саҳми худро дар молу мулки ширкат, ки ба саҳми ӯ дар сармояи шарикона мутобиқ аст, ё як қисми онро ба иштирокчии дигари ширкат ва ё шахси сеюм супорад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Агар ҳисса (қисми ҳисса) ба шахси дигар супурда шавад, ба ин шахс пурра ё як қисми дахлдори ҳуқуқи ба иштирокчии ҳиссаро (як қисми ҳиссаро) супурда тааллуқдошта мегузарад. Шахсе, ки ҳисса (қисми ҳисса) ба қ супурда шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 78 ҳамин Кодекс аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат масъулият дорад.
3. Агар иштирокчии ширкат саҳми худро ба шахси дигар супорад, иштироки ӯ дар ширкат қатъ гардида, ин барои ӯ боиси оқибатҳое мегардад, ки дар қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс муқаррар шудаанд.
 
Рӯёнидани маблағ аз ҳиссаи иштирокчии молу мулки ширкати комил аз рӯи қарзе, ки бо иштироки ӯ дар ширкати алоқаманд набуда (қарзи шахсӣ) танҳо дар сурате роҳ дода мешавад, ки  агар молу мулки дигари ин иштирокчӣ барои пардохти қарзаш нокифоя бошад. Кредиторони чунин иштирокчӣ ҳақ доранд аз ширкати комил пардохти арзиши молу мулки ширкат , ки ба саҳми қарздор дар сармояи шарикона мувофиқ аст ё ҷудо кардани ин молу мулкро бо мақсади аз он рӯёнидани маблағ талаб намоянд. Қисми молу мулки ширкат, ки бояд ҷудо карда шавад ё арзиши он мувофиқи баланси дар лаҳзаи аз ҷониби кредиторон пешкаш гардидани талаб тартибдодашуда муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Дар сурати рӯёнидани маблағ аз тамоми ҳиссаи иштирокчӣ аз молу мулки ширкати комил  иштироки ӯ дар ширкат қатъ гардида, он боиси оқибатҳои дар қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс пешбинишуда мегардад.
 
1. Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад, ки дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкат арз намуда, аз ҳайати он барояд.
Иштирокчӣ дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкати комиле, ки бе ишораи мӯҳлат таъсис гардидааст, бояд на камтар аз шаш моҳи то воқеан аз ҳайати ширкат баромаданаш арз намояд. Пеш аз мӯҳлат даст кашидан аз иштирок дар ширкати комили барои мӯҳлати муайян таъсисгардида танҳо бо сабаби узрнок иҷозат дода мешавад.
2. Созишномаи иштирокчиёни ширкат дар хусуси рад кардани ҳуқуқи аз ҳайати ширкат баромадан эътибор надорад.
 
1. Дар сурати бедарак ғоиб, ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардидани яке аз иштирокчиёни ширкати комил ӯ метавонад бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад. Шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии ширкат буда, нисбати он бо қарори суд иҷрои расму қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ оғоз гардидаанд, метавонад ба ҳамин тартиб аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад.
2. Дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, аз ҷумла дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳо ё надоштани қобилияти ошкоргардидаи пешбурди оқилонаи кор иштирокчиёни ширкати комил ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби судӣ аз ҳайати ширкат хориҷ кардани яке аз иштирокчиёнро бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда талаб намоянд.
3. Аз ҳайати ширкат хориҷ гардидани иштирокчӣ иштироки ӯро дар ширкат қатъ намуда, боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс мегардад.
 
1. Агар дар шартномаи таъсис тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба иштирокчии аз ҳайати ширкати комил баромада арзиши қисми молу мулки ширкат, ки ба ҳиссаи ӯ дар сармояи шарикона мувофиқ аст, пардохта мешавад. Бо мувофиқаи байни иштирокчии аз ширкат баромада ва иштирокчиёни боқимонда пардохти арзиши молу мулк мумкин аст бо додани молу мулк дар шакли асл (натура) иваз карда шавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Қисми молу мулки ширкат, ки бояд ба иштирокчии аз ҳайати ширкат баромада дода шавад ё арзиши он, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 80 ҳамин Кодекс пешбинигардида, аз рӯи  баланси дар лаҳзаи баромадаи ӯ тартибдодашаванда муайян карда мешавад.
2. Аз ҳайати ширкат баромадани иштирокчӣ иштироки ӯро дар ширкат қатъ намуда, боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс мегардад.
 
Моддаи 84. Ворисии ҳуқуқӣ дар  ширкати  комил
1. Дар сурати вафоти иштирокчии ширкати комил  вориси ӯ танҳо бо розигии ҳамаи иштирокчиёни дигар метавонад ба ширкати комил шомил гардад.
2. Шахси ҳуқуқие, ки вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшудаи дар ширкати комил иштирокдошта мебошад, агар дар шартномаи таъсиси ширкат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, сарфи назар аз ризояти иштирокчиёни ширкат ҳуқуқ дорад ба ширкат шомил гардад.
3. Меросхӯри (вориси ҳуқуқии) иштирокчии ширкати комили шомили ширкат нагардида аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат дар назди шахси сеюм, ки иштирокчии хориҷгардида мутобиқи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс масъулият медошт, дар доираи молу мулки ба ӯ меросмондаи иштирокчии хориҷгардидаи ҷамъият масъулият дорад.
 
1. Ширкати комил бо сабабҳои дар моддаи 62 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин дар сурати боқӣ мондани танҳо як  иштирокчӣ дар ширкат барҳам дода мешавад. Ин иштирокчӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давоми шаш моҳи пас аз иштирокчии ягонаи ширкат шуданаш чунин ширкатро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил диҳад.
2. Дар ҳолатҳои аз ҳайати ширкат баромадан ё вафот кардани ягон иштирокчии ширкати комил, аз ширкат хориҷ кардани яке аз онҳо, барҳам додани шахси ҳуқуқии дар ширкат иштироккунанда ё аз ҷониби кредиторони яке аз иштирокчиён рӯёнидани маблағ аз қисми молу мулке, ки ба ҳиссаи ӯ дар сармояи шарикона мувофиқ аст, агар ин дар шартномаи таъсиси ширкат ё созишномаи иштирокчиёни боқимонда пешбинӣ гардида бошад, ширкат метавонад ба фаъолияти худ идома диҳад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
Моддаи 86. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз ширкати комил  баромадани иштирокчӣ
1. Ба иштирокчие, ки аз ҳайати ширкати комил баромадааст ё аз он хориҷ карда шудааст, агар дар шартномаи таъсис тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, арзиши қисми молу мулки ширкат мутобиқи ҳиссаи ин иштирокчӣ дар сармояи шарикона пардохта мешавад. Бо мувофиқаи байни иштирокчии баромада ва иштирокчиёни боқимонда пардохти арзиши молу мулкро бо додани молу мулк дар шакли асл (натура) иваз кардан мумкин аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқии дар ширкат иштироккунанда, ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори барҳамдиҳӣ анҷом дода мешавад.
Ба истиснои ҳолати пешбининамудаи моддаи 80 ҳамин Кодекс қисми молу мулки ширкате, ки бояд ба иштирокчии хориҷшуда дода шавад ё арзиши он аз рӯи баланси дар лаҳзаи хориҷшавии ӯ тартибдодашуда муайян карда мешавад.
2. Ҳисобу китоб бо меросхӯри шомили ширкат нагардидаи иштирокчии ширкати комил ва вориси шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии ширкат буд, мутобиқи қисми 1 ҳамин модда анҷом дода мешавад.
3. Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати аз  ширкат хориҷ  шудани яке аз иштирокчиён, ҳиссаи иштирокчиёни боқимонда дар сармояи шарикона ширкат мутаносибан зиёд мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
 
3. ШИРКАТИ  БА БОВАРӢ АСОСЁФТА
 
Моддаи 87. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкати ба боварӣ асосёфта
1. Ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) он ширкате дониста мешавад, ки дар он дар баробари иштирокчиёне, ки аз номи ширкат фаъолияти соҳибкориро ба  амал бароварда, аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат бо молу мулки худ масъулият доранд (шарикони комил), як ё якчанд иштирокчии саҳмгузоре (коммандистон) ҳастанд, ки таваккали зиёни марбут ба фаъолияти ширкатро дар доираи маблағи саҳмгузориашон бар ӯҳда дошта, дар татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ширкат иштирок  намекунанд.
2. Мавқеи шарикони комиле, ки дар ширкати ба боварӣ асосёфта иштирок доранд ва масъулияти онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат  мувофиқи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар хусуси иштирокчиёни ширкати комил муайян карда мешавад.
3. Шахс танҳо дар як ширкати ба боварӣ асосёфта шарики комил буда метавонад.
Иштирокчии ширкати комил шарики комили ширкати ба боварӣ асосёфта буда наметавонад.
Шарики комил дар ширкати ба боварӣ асосёфта иштирокчии ширкати комил буда наметавонад.
4. Номи фирмавии ширкати ба боварӣ асосёфта бояд аз номи (номгӯи) ҳамаи шарикони комил ва калимаҳои “ширкати ба боварӣ асосёфта" ё "ширкати коммандитӣ" ва ё аз номи (номгӯи) на камтар аз як шарики комил бо иловаи калимаҳои " ва шариконаш" ва калимаҳои “ширкати ба боварӣ асосёфта" ё "ширкати коммандитӣ" иборат бошад.
5. Нисбати ширкати ба боварӣ асосёфта қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи ширкати комил ба ҳамон андозае истифода мешаванд, ки он хилофи қоидаҳои Кодекси мазкур дар хусуси ширкати ба боварӣ асосёфта набошад.
 
Моддаи 88. Шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта
1. Ширкати ба боварӣ асосёфта дар асоси шартномаи таъсис бунёд гардида, фаъолият мекунад. Шартномаи таъсис аз ҷониби ҳамаи шарикони комил ба имзо расонида мешавад.
2. Шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза ва таркиби сармояи шариконаи ширкат; дар бораи андоза ва тартиби тағйир додани ҳиссаи ҳар яке аз шарикони комил дар сармояи шарикона; дар бораи андоза, таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳм гузоштаи онҳо, масъулияти онҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои саҳмгузорӣ; дар бораи андозаи умумии саҳми гузоштаи саҳмгузоронро дар бар гирад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
Моддаи 89. Идораи ширкати ба боварӣ асосёфта ва пешбурди корҳои он
1. Фаъолияти ширкати ба боварӣ асосёфтаро шарикони комил идора мекунанд. Онҳо тартиби идора ва пешбурди кори чунин ширкатро аз  ҷониби шарикони комили он тибқи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар хусуси ширкати комил муқаррар менамоянд.
2. Саҳмгузорон ҳуқуқи иштирок карданро дар идора ва пешбурди корҳои ширкати ба боварӣ асосёфта надоранд ва аз номи он танҳо дар асоси ваколатнома амал карда метавонанд. Онҳо барои мавриди баҳс қарор додани амалҳои шарикони комил дар бобати идора  ва пешбурди кори ширкат ҳуқуқ надоранд.
 
Моддаи 90. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмгузори  ширкати ба боварӣ асосёфта
1. Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта вазифадор аст, ки ба сармояи шарикона саҳм гузорад. Гузоштани саҳмро шаҳодатномаи иштироки аз ҷониби ширкат  ба саҳмгузор додашуда тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта ҳуқуқ дорад, ки:
а) мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис қисми фоидаи ширкатро барои ҳиссааш дар сармояи шарикона гирад; (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
б) бо ҳисоботу баланси ширкат шинос шавад;
в) баъди анҷоми соли молиявӣ аз ҳайати ширкат баромада, мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис саҳми худро гирад;
г) ҳиссаи худро дар сармояи шарикона ё як қисми онро ба саҳмгузори дигар ё шахси сеюм диҳад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Мувофиқи шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи 100 ҳамин Кодекс саҳмгузорон нисбат ба шахси сеюм дар харидани ҳисса (қисми он) ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Дар сурати тамоми ҳиссаи худро ба шахси дигар додани саҳмгузор иштироки ӯ дар ширкат қатъ мегардад.
Дар шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта мумкин аст ба саҳмгузор ҳуқуқҳои дигаре пешбинӣ карда шавад.
 
Моддаи 91. Барҳам додани ширкати ба боварӣ асосёфта
1. Ширкати ба боварӣ асосёфта дар сурати хориҷ гардидани  ҳамаи саҳмгузорони дар он иштирокдошта барҳам дода мешавад. Вале шарикони комил ҳуқуқ доранд, ки ширкати ба боварӣ асосёфтаро барҳам надода, онро ба ширкати комил табдил диҳанд.
Ширкати ба боварӣ асосёфта инчунин тибқи асосҳои барҳамдиҳии ширкати комил (моддаи 85) барҳам дода мешавад. Вале, агар дар ҳайати он ақаллан як шарики комил ва як саҳмгузор монад, ширкати ба боварӣ асосёфта нигоҳ дошта мешавад.
2. Ҳангоми барҳамдиҳӣ, аз ҷумла муфлисшавии ширкати ба боварӣ асосёфта саҳмгузорон барои гирифтани саҳм аз молу мулки пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи ширкат нисбат ба шарикони комил ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи шарикони комилу саҳмгузорон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, молу мулки  пас аз ин боқимондаи ширкат дар байни шарикони комил ва саҳмгузорон мутобиқи ҳиссаи онҳо дар сармояи шариконаи ширкат тақсим карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
4. КОММАНДИТИ  САҲҲОМӢ бо ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 247 хориҷ карда шуд
Моддаи 92 бо ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 247 хориҷ карда шуд
 
5. ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ  МАҲДУД
 
Моддаи 94. Муқаррароти асосӣ дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд
1. Ҷамъияти аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсисгардидае ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба ҳиссаҳои баробар, ба андозаи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон бар дӯш доранд.
Иштирокчиёни пурра саҳм нагузоштаи ҷамъият, аз рӯи ӯҳдадориҳои он дар доираи арзиши қисми пардохтанашудаи саҳми ҳар иштирокчӣ масъулияти муштарак доранд.
2. Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бояд номи ҷамъият ва ибораи "дорои масъулияти маҳдуд"-ро дошта бошад.
3. Мавқеи ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни он бо ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
 
1. Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд набояд аз сӣ нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол, агар шумораи иштирокчиёни он то ҳадди муқарраргардида кам карда нашавад, он бояд  дар давоми сол ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёбад ва баъди гузаштани ин мӯҳлат бошад, бо тартиби судӣ бояд барҳам дода шавад.
2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъияти хоҷагидории дигарро, ки аз як шахс иборат аст, ба сифати иштирокчии ягона дошта наметавонад.
 
1. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд шартномаи таъсиси аз ҷониби муассисони он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар ҷамъиятро як шахс таъсис диҳад, ҳуҷҷати таъсиси он оиннома мебошад.
2. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза, таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳмгузории иштирокчиён, масъулияти онҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳо дар мавриди саҳмгузорӣ; дар бораи андозаи сармояи оинномавии ҷамъият; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо бо як овоз ё бо аксарияти мутлақи овозҳо қабул карда мешаванд, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи қонунро дошта бошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
1. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз арзиши саҳмҳои иштирокчиёни он иборат аст.
Сармояи оинномавӣ андозаи ҳадди ақалли молу мулки ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳанд. Андозаи сармояи оинномавӣ аз маблағи муайяннамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд камтар буда наметавонад.
2. Озод кардани иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз ӯҳдадории саҳмгузорӣ ба сармояи оинномавии ҷамъият, аз ҷумла бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талабот ба ҷамъият роҳ дода намешавад.
3. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорой масъулияти маздуд дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии ҷамъият аз ҷониби иштирокчиёни он бояд пурра пардохта шавад. Дар сурати вайрон кардани ин ӯҳдадорӣ ҷамъият бояд оид ба кам намудани сармояи оинномавии худ то андозаи вокеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронп инфиродӣ ариза пгшниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият карор қабул кунад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
4. Агар баъди анҷоми соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороиҳои нақди ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд нисбат ба сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ эълон дошта, дар ин бора тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои  ворид намудани  маълумот ба  Фехристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқй ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадорӣ ё камтар шудани арзиши дороиҳои ҷамъият аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайяншудаи сармояи оинномавӣ, ҷамъият бояд барҳам дода шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
5. Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро танҳо пас аз огоҳ сохтани тамоми кредиторони он иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат кредиторон ҳуқуқ доранд, ки қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳои дахлдор ва   ҷуброни зиёнашонро талаб намоянд.
6. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият пас аз саҳмгузории пурраи тамоми иштирокчиёни он иҷозат дода мешавад.
7. Бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи тамоми иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, мумкин аст ӯҳдадории онҳо дар мавриди мутаносибан ба ҳиссаҳояшон дар сармояи оинномавии ҷамъият дохил намудани саҳми иловагӣ муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
Моддаи 98. Идораи ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд
1. Мақоми олии идораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.
Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд мақоми иҷроия  (дастҷамъӣ ё инфиродӣ) таъсис дода мешавад, ки роҳбарии ҷориро ба фаъолияти он анҷом дода, ба маҷлиси умумии иштирокчиёни он ҳисобот медиҳад. Мақоми идораи инфиродии   ҷамъият метавонад инчунин на аз ҷумлаи иштирокчиёни он низ интихоб гардад.
2. Салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият, инчунин тартиби қарор қабул намудан ва аз номи ҷамъият амал кардани онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.
3. Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд инҳо дохил мешаванд :
а) тағйир додани оинномаи ҷамъият ва  андозаи сармояи оинномавии он;
б) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;
в) тасдиқ кардани ҳисоботи солона ва баланси муҳосибавии ҷамъият бо тақсимоти фоидаю зиёни он;
г) қабул кардани қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъият;
д) интихоб намудани комиссияи тафтишотии ҷамъият.
Тибқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ мумкин аст инчунин ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста шавад.
Ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мансубро вай ба мақоми иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.
4. Ҷиҳати тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботи солонаи молиявии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар сол аудитори касбии бо ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиати молу мулкӣ надошта (аудитори беруна)-ро ҷалб намояд. Ҳисоботи солонаи молиявӣ инчунин метавонад бо талаботи ҳар яке аз иштирокчиёни он тафтиши аудиторӣ карда шавад.
Тартиби тафтиши аудитории фаъолияти ҷамъият тибқи қонун ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.
5. Аз ҷониби ҷамъият ба табъ расонидани маълумот дар бораи натиҷаи идораи корҳои он (ҳисоботи кушод) ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд зарур нест.
 
1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд метавонад ба таври ихтиёрӣ бо қарори якдилонаи иштирокчиёнаш аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.
Асосҳои дигари азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият, инчунин тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии он бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайян карда мешаванд.
2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд метавонад ба ҷамъияти саҳҳомӣ ё кооперативи тиҷоратӣ табдил ёбад.
 
Моддаи 100. Ба шахси дигар гузаронидани ҳиссаи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
1. Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ дорад, ки ҳиссаи худро дар сармояи оинномавии ҷамъият ё як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ҳамин ҷамъият фурӯшад ё ба тариқи дигар диҳад.
2. Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, иштирокчии ҷамъият метавонад ҳиссаи худро (қисми онро) ба шахси сеюм фурӯшад.
Иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба андозаи ҳиссаи худ барои харидани ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) ҳуқуқи афзалиятнок доранд, ба шарте ки дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни он тартиби дигари татбиқи ин ҳуқуқ пешбинӣ нагардида бошад. Агар иштирокчиёни ҷамъият дар давоми як моҳи огоҳӣ ёфтанашон ё дар мӯҳлати дигари дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни он пешбинигардида аз ҳуқуқи афзалиятноки худ истифода нанамоянд, ҳиссаи иштирокчӣ мумкин аст ба шахси сеюм фурӯхта шавад.
3. Агар мутобиқи оинномаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ба шахси сеюм фурӯхтани ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) имконнопазир буда, иштирокчиёни дигари ҷамъият аз харидани он даст кашанд, ҷамъият вазифадор аст, ки ба иштирокчӣ арзиши воқеии онро бо пул ё молу мулк дар шакли асл (натура) пардозад.
4. То пурра пардохтани маблағи ҳиссаи иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд танҳо ҳамон қисмаш метавонад фурӯхта шавад, ки маблағи он қаблан пардохта шудааст.
5. Агар ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) аз ҷониби худи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд харида шавад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар мӯҳлат ва бо тартиби пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият онро ба иштирокчиёни дигар ё шахси сеюм фурӯшад ё мутобиқи қисмҳои 4 ва 5 моддаи 97 ҳамин Кодекс сармояи оинномавии худро кам кунад.
6. Ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ба шарте ба ихтиёри меросхӯрони шаҳрвандон ва ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии иштирокчиёни узви ҷамъият  мегузарад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият танҳо бо розигии иштирокчиёни боқимондаи ҷамъият имконпазир будани чунин гузариш пешбинӣ нашуда бошад.
Ба гузаронидани ҳисса розӣ нашудани онҳо ҷамъиятро ӯҳдадор месозад, ки  мувофиқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонуни ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият ба меросхӯрони (ворисони ҳуқуқии) иштирокчӣ   арзиши онро пардозад ё муносиби  ҳамин арзиш моли асл (натура) диҳад.
 
Моддаи 101. Аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадани иштирокчӣ
Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, сарфи назар аз ризояти иштирокчиёни дигари ҷамъият,  ҳуқуқи ҳар вақт аз ҳайати ҷамъият баромаданро дорад.
 
Моддаи 102. Рӯёнидани маблағ аз ҳисоби ҳиссаи  иштирокчии  молу мулки  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
1. Рӯёнидани маблағ барои пардохти қарзи шахсии иштирокчӣ аз ҳисоби ҳиссаи ӯ дар молу мулки ҷамъият танҳо дар ҳолате роҳ дода мешавад, ки молу мулки дигари ин иштирокчӣ барои пӯшонидани қарз нокифоя бошад. Кредиторони чунин иштирокчӣ ҳақ доранд аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд мутобиқи саҳми қарздор дар сармояи оинномавӣ пардохтани арзиши қисми молу мулки  ҷамъият ё ҷудо кардани ин қисми молу мулкро бо мақсади рӯёнидани маблағ аз  ҳисоби он талаб намоянд. Қисми молу мулки ҷамъият, ки бояд ҷудо карда шавад, ё арзиши он аз рӯи баланс, ё ки дар лаҳзаи пешниҳоди талаб аз ҷониби кредиторон тартиб додаанд, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Рӯёнидани маблағ аз ҳисоби тамоми ҳиссаи иштирокчии дар молу мулки  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд иштироки ӯро дар ҷамъият қатъ месозад.
 
Моддаи 103. Аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хориҷ кардани иштирокчӣ
Агар иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд оинномаи ҷамъиятро дағалона вайрон карда, бо ҳамин ба манфиати он зиён оварда бошад, метавонад бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи  ҳамаи иштирокчиёнаш қабул шудааст, аз ҷамъият хориҷ карда шавад.
Нисбати қарори маҷлиси умумӣ дар бораи аз ҷамъият хориҷ кардани иштирокчӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
 
1. Ба иштирокчие, ки аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадааст ё хориҷ карда шудааст, мутобиқи ҳиссаи ӯ дар сармояи  оинномавии ҷамъият бо усул ва дар мўҳлати пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ё оинномаи ҷамъият арзиши қисми молу мулки ҷамъият пардохта мешавад.
Бо мувофиқаи иштирокчии хориҷшаванда ва ҷамъият ё ба ивази пардохти арзиши молу мулк  мумкин аст худи молу мулк дар  шакли асл (натура) иваз карда шавад.
Ба истиснои ҳолати дар моддаи 102 ҳамин Кодекс пешбинигардида қисми молу мулки ҷамъият, ки бояд ба иштирокчии хориҷшаванда дода шавад, ё арзиши он аз рӯи баланс, ки дар лаҳзаи хориҷшавии ӯ тартиб дода шудааст, муайян карда мешавад.
2. Агар ба сифати саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқи истифодаи молу мулк пешниҳод шуда бошад, ин молу мулк ба иштирокчии аз ҷамъият хориҷшаванда баргардонида мешавад. Дар ин сурат пастшавии арзиши чунин молу мулк бо сабаби истифодаи мӯҳтадили он ҷуброн карда намешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
3. Ҳисоб бо меросхӯри дар ҳайати ҷамъият набудаи иштирокчии ҷамъият ё вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии он аст, мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда ба амал бароварда мешавад.
 
6. ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ ИЛОВАГӢ
 
1. Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки аз ҷониби як ё чанд шахс таъсис гардида, сармояи оинномавиаш мувофиқи андозаҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсис муайянгардида ба ҳиссаҳо тақсим мешавад; иштирокчиёни чунин ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои он бо молу мулки худ ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият муайянгардидаи барои ҳамаашон баробари арзиши саҳми гузоштаашон масъулияти муштараки иловагӣ доранд. Агар дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият тартиби дигари тақсимоти масъулият пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати муфлисшавии яке аз иштирокчиён масъулияти ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият байни  иштирокчиёни  боқимонда мутаносибан ба саҳмҳояшон тақсим карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ бояд номи ҷамъият, инчунин ибораи  «дорои масъулияти иловагӣ»-ро дар бар гирад.
3. Нисбати ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд истифода мешаванд, зеро дар ҳамин модда қоидаҳои дигаре пешбинӣ нагардидаанд.
 
7. ҶАМЪИЯТИ САҲҲОМӢ
 
1. Ҷамъияти саҳомӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст; иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомӣ (саҳмдорон) аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут аз фаъолияти ҷамъиятро ба андозаи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ба зимма мегиранд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Саҳмдороне, ки арзиши саҳмияҳоро пурра напардохтаанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳҳомӣ дар доираи қисми пардохтанашудаи арзиши саҳмияҳояшон масъулияти муштарак доранд.
2. Номи фирмавии ҷамъияти саҳҳомӣ бояд номи он ва ишораи саҳҳомӣ будани ҷамъиятро дар бар гирифта бошад.
3. Мавқеи ҳуқуқии ҷамъияти саҳҳомӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон мутобиқи ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» муайян карда мешавад.
 
2. Ҷамъияти саҳҳомии кушода ҳар сол ҳисоботи солона, баланси муҳосибавӣ ва ҳисоби фоидаю зиёнро барои маълумоти умум нашр мекунад.
 
Моддаи  108.  Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида
2. Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомии пӯшида набояд аз шумораи муқаррарнамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бештар бошад, дар акси ҳол он бояд дар давоми як сол ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода шавад ва агар пас аз гузаштани ин мӯҳлат шумораи онҳо то ҳадди муқаррарнамудаи қонун кам нашавад, бояд аз тариқи суд барҳам дода шавад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҷамъияти саҳҳомии пӯшида метавонад барои ба маълумоти умум ба табъ расонидани ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида вазифадор карда шавад.
 
1. Муассисони ҷамъияти саҳҳомӣ байни худ шартномае мебанданд, ки тартиби фаъолияти якҷояро оид ба таъсиси ҷамъият анҷом додани онҳо, андозаи сармояи оинномавии ҷамъият, навъҳои саҳмияҳои баровардамешуда ва тартиби паҳн кардани онҳо, инчунин шартҳои дигари пешбининамудаи қонунро дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ муайян менамояд.
Шартномаи таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ ба таври хаттӣ баста мешавад.
Оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи навъҳои саҳмияҳои мебаровардаи ҷамъият, арзиши номиналӣ ва миқдори онҳо; дар бораи андозаи сармояи оинномавии ҷамъият; ҳуқуқи саҳмдорон; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият ва тартиби қарор қабул кардани  онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул мешавад, дар бар гирифта бошад. Дар оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ инчунин бояд маълумоти дигари пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дарҷ гардида бошад.
4. Тартиби анҷом додани амалҳои дигар дар мавриди таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ, аз ҷумла салоҳияти маҷлиси муассисон бо қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ муайян карда мешавад.
5. Дар сурати тамоми саҳмияҳоро харидани як саҳмдор, ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ё аз як шахс иборат бошад. Маълумот дар ин бора бояд дар оинномаи ҷамъият ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродй дарҷ гардида, барои ба иттилои умум расонидан нашр гардад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
 
1. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ аз арзиши номиналии саҳмияҳои аз ҷониби саҳмдорон харидашудаи ҷамъият мураттаб мегардад.
Сармояи оинномавии ҷамъият андозаи ҳадди ақалли молу мулки ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳад. Он аз андозаи пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ камтар буда наметавонад.
2. Аз вазифаи пардохти арзиши саҳмияҳои ҷамъият озод кардани саҳмдорон, инчунин бо роҳи баҳисобгирии талабот ба ҷамъият аз ин вазифа озод кардани ӯ роҳ дода намешавад.
3. Обунаи озод ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ то  лаҳзаи пардохти пурраи сармояи оинномавии он роҳ дода намешавад. Ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ тамоми саҳмияҳои он бояд байни муассисон тақсим карда шавад.
4. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва хар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин бора тибқи тартиби мукарраршуда ба мақомоти анҷомдихандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳукуқӣ ва соҳибкорони инфиродй ариза пешниқод намояд. Дар сурати иҷро нагардидани ӯхдадориҳои мазкур ва ё агар арзиши дороихои софи ҷамъият аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайянгардидаи сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият бояд бархам дода шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
5. Дар қонун ё оинномаи ҷамъият мумкин аст маҳдудиятҳои миқдор, арзиши номиналии умумии саҳмияҳо ё миқдори ҳадди аксари овозҳои як саҳмдор муқаррар карда шаванд.
 
1. Ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон сармояи оинномавиро бо роҳи баланд бардоштани арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд кунад.
2. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ пас аз пардохти пурраи арзиши он иҷозат дода мешавад. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият барои пӯшонидани зиёни ба он расонидашуда роҳ дода намешавад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, дар оинномаи ҷамъият мумкин аст ҳуқуқи афзалиятноки саҳмдорони саҳмияҳои оддӣ (муқаррарӣ) ё саҳмияҳои дигари овоздиҳанда дар мавриди харидани саҳмияҳои иловагие, ки ҷамъият мебарорад, муқаррар гардад.
 
1. Ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё харидани як қисми саҳмияҳо бо мақсади ихтисори миқдори умумии онҳо сармояи оинномавиро кам кунад.
Кам кардани сармояи оинномавӣ баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ огоҳ кардани ҳамаи кредиторони он роҳ дода мешавад. Дар айни замон кредиторони ҷамъият ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҷамъият ӯҳдадориҳои дахлдори онро пеш аз мӯҳлат қатъ ё иҷро карда, маблағи зиёнро ба онҳо ҷуброн намояд.
2. Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ бо роҳи харидан ва пӯшонидани қисми саҳмияҳо ба шарте роҳ дода мешавад, ки чунин имконият дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ гардида бошад.
3. Дар натиҷаи сармояи оинномавиро аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайяншуда (қисми 1 моддаи 110) камтар кардани ҷамъияти саҳҳомӣ  он  барҳам мехӯрад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
 
1. Ҳиссаи саҳмияҳои имтиёзнок дар ҳаҷми умумии сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ набояд аз 25 фоиз зиёд бошад.
2. Ҷамъияти саҳҳомӣ пас аз пардохти пурраи сармояи оинномавӣ барои баровардани вомбарг ба маблағи на бештар аз андозаи сармояи оинномавӣ ё андозаи  таъминоти бо ин мақсад ба ҷамъият пешниҳодкардаи шахси сеюм баъди пурра додани маблағи сармояи оинномавӣ ҳуқуқ дорад. Дар сурати набудани таъминот баровардани вомбарг танҳо пас аз се соли фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ ва ба шарти то ин вақт дуруст тасдиқ кардани ду баланси солонаи ҷамъият  мумкин аст.
3. Ҷамъияти саҳҳомӣ дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи эълон кардану пардохтани дивидендро надорад:
- то пардохти пурраи тамоми сармояи оинномавӣ;
- агар арзиши дороиҳои ҷамъияти саҳҳомӣ аз сармояи  оинномавӣ ва фонди эҳтиётии он камтар бошад ё дар натиҷаи пардохти дивидендҳо аз андозаи онҳо камтар гардад.
 
1. Мақоми олии идораи ҷамъияти саҳҳомӣ маҷлиси умумии саҳмдорони он мебошад.
Ба салоҳияти мустаснои  маҷлиси умумии саҳмдорон инҳо дохил  мешаванд:
а) тағйир додани оинномаи ҷамъият, аз ҷумла тағйир додани андозаи сармояи оинномавии он;
б) интихоб намудани аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ва комиссияи тафтишотӣ (ревизорӣ)-и ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати онҳо;
в) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати онҳо, ба шарте ки дар оинномаи ҷамъият ҳалли ин масъалаҳо ба салоҳияти шӯрои директорон (шӯрои нозирон) мансуб дониста нашуда бошад;
г) тасдиқ намудани ҳисоботи солона, балансҳои муҳосибавӣ, ҳисоби фоидаю зиёни ҷамъият ва тақсими  фоидаю зиёни он:
д) қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъият.
Тибқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон инчунин мумкин аст ҳалли масъалаҳои дигар мансуб дониста шавад.
Ҳалли масъалаҳои тибқи қонун ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб донисташударо он ба мақомоти иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.
2. Дар ҷамъияте, ки шумораи саҳмдоронаш аз панҷоҳ нафар бештар аст, шӯрои директорон (шӯрои нозирон) таъсис дода мешавад.
Мутобиқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, дар сурати таъсиси шӯрои директорон (шӯрои нозирон) дар оинномаи ҷамъият бояд салоҳияти мустаснои он муайян карда шавад. Ҳалли масъалаҳоеро, ки тибқи оиннома ба салоҳияти мустаснои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) мансуб дониста шудаанд, он ба мақомоти иҷроияи ҷамъият супорида наметавонад.
3. Мақоми иҷроияи ҷамъият метавонад дастҷамъӣ (раёсат, маъмурият) ё инфиродӣ (директор, директори генералӣ) бошад. Вай ба фаъолияти ҷории ҷамъият роҳбарӣ карда, ба шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ва маҷлиси умумии ҷамъият ҳисобот медиҳад.
Ҳалли тамоми масъалаҳое, ки салоҳияти тибқи қонун ё оинномаи ҷамъият муайянгардидаи дигар мақомоти идораи ҷамъиятро ташкил намекунанд, ба салоҳияти мақоми иҷроияи ҷамъият мансуб аст.
Бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ваколатҳои мақоми иҷроияи ҷамъият мумкин аст тибқи шартнома ба дигар ташкилоти тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ (мудир) супурда шаванд.
4. Салоҳияти мақомоти идораи ҷамъияти саҳҳомӣ, инчунин тартиби қабул кардани қарор ва аз номи ҷамъият амал кардани онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешаванд.
5. Ҷамъияти саҳҳомие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба нашри ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида барои маълумоти умум вазифадор аст, бояд барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботи солонаи молиявӣ ҳар сол аудитори касбиеро ҷалб намояд, ки бо ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиатҳои моддӣ надорад.
 Фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ, аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомие, ки барои нашри ҳуҷҷатҳои зикргардида ба маълумоти умум вазифадор нест, бо талаби саҳмдороне, ки ҳиссаи умумиашон дар сармояи оинномавӣ даҳ фоиз ё зиёда аз онро ташкил медиҳад, бояд ҳар вақт тафтиши аудиторӣ карда шавад.
Тартиби гузаронидани тафтиши аудитории ҷамъияти саҳҳомӣ тибқи қонун ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.
 
1. Ҷамъияти саҳҳомӣ бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад ихтиёран аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.
Асосу тартиби дигари азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳҳомӣ бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайянкарда мешавад.
2. Ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ё кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад.
8. ҶАМЪИЯТҲОИ ФАРЪӢ  ВА ВОБАСТА
 
1. Агар дигар ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ (асосӣ) бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи байни онҳо ва ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани қарорҳои аз ҷониби чунин ҷамъият қабулшавандаро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории фаръӣ дониста мешавад.
2. Ҷамъияти фаръӣ барои қарзҳои ҷамъият (ширкат)-и асосӣ масъулият надорад.
Ҷамъият (ширкат)-и асосие, ки ҳуқуқи ба ҷамъияти фаръӣ, аз ҷумла тибқи шартнома ба он додани дастурҳои барояш ҳатмиро дорад, аз рӯи аҳдҳое, ки ҷамъияти фаръӣ бо мақсади иҷрои чунин дастурҳо анҷом медиҳад, ба ин ҷамъият масъулияти муштарак дорад.
Дар сурати бо гуноҳи ҷамъият (ширкат)-и асосӣ муфлис шудани ҷамъияти фаръӣ, ҷамъият (ширкат)-и асосӣ аз рӯи қарзҳои он масъулияти иловагӣ дорад.
3. Агар дар қонуни дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, иштирокчиён (саҳомдорон)-и ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ доранд, ки аз ҷамъият (ширкат)-и асосӣ ҷуброни зиёни бо гуноҳи он ба ҷамъияти фаръӣ расидаро талаб намоянд.
 
1. Агар ҷамъияти дигар (бартаридошта, иштироккунанда) бештар аз 20 фоизи  саҳмияҳои овоздиҳандаи ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории вобаста эътироф мешавад.
2. Ҷамъияти хоҷагидорие, ки зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро харидааст, мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳо бояд дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар ин хусус бетаъхир маълумот нашр намояд.
3. Ҳадди иштироки мутақобилаи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар сармояи оинномавии якдигар ва миқдори овозҳое, ки яке аз чунин ҷамъиятҳо дар маҷлиси умумии иштирокчиён ё саҳмдорони ҷамъияти дигар истифода карда метавонад, бо қонун муайян  карда мешавад.
 
§3. КООПЕРАТИВҲОИ ТИҶОРАТӢ
 
1. Кооператив - иттиҳодияи мустақил ва ихтиёрии бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда мебошад, ки дар асоси узвияти шахсон бо мақсади қонеъ намудани талаботи муштараки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар талаботи онҳо, инчунин саъю кӯшиши шахсони мазкур тавассути муттаҳидкунии молу мулк (аъзоҳаққии саҳмӣ) ва таъсиси ташкилоти ба таври демократӣ идорашавандаи молу мулки якҷоя таъсис дода мешавад.
        Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома асосан ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи тиҷоратӣ метавонад дар байни аъзои он тибқи тартиби  муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ва оинномаи кооператив тақсим карда шавад
2. Аъзои кооперативи тиҷоратӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив ба андоза ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи кооперативҳо» ва оинномаи кооператив масъулият доранд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
3. Номи фирмавии кооператив бояд номи он ва калимаҳои "кооперативи тиҷоратӣ дар бар гирифта бошад.
4. Мавқеи ҳуқуқии кооперативҳои тиҷоратӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо»муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
 
1. Ҳуҷҷати таъсиси кооперативи тиҷоратӣ оинномаи тасдиқнамудаи маҷлиси умумии аъзои он мебошад.
2. Оинномаи кооператив ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс пешбинигардида бояд инчунин шартҳои зеринро дар бар гирифта бошад: дар бораи андозаи саҳмпулии аъзои кооператив; дар бораи ҳайат ва тартиби саҳмпулиро супурдани аъзои кооператив ва масъулияти онҳо барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди супурдани саҳмпулӣ; дар бораи тартиби тақсим намудани фоида ва зиёни кооператив; дар бораи андоза ва шартҳои масъулияти аъзои он барои қарзҳои кооператив; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани он, аз ҷумла оид ба масъалаҳое, ки доир ба онҳо қtарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад.
3. Шумораи аъзои кооператив набояд камтар аз се нафар бошад.
 
1. Молу мулке, ки моликияти кооперативи тиҷоратӣ аст, мутобиқи оинномаи кооператив ба саҳмҳои аъзои он тақсим карда мешавад.
Тибқи оинномаи кооператив мумкин аст муқаррар карда шавад, ки қисми муайяни молу мулки ба кооператив тааллуқдошта фондҳои тақсимнашаванда буда, онҳо барои мақсадҳои муайяннамудаи оиннома истифода мешаванд.
Қарори таъсис намудани фондҳои тақсимнашавандаро, агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аъзои кооператив якдилона  қабул мекунанд.
2. Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бакайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
3. Кооператив барои баровардани саҳмияҳо ҳуқуқ надорад.
4. Фоидаи кооператив дар байни аъзояш мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ва оинномаи кооператив тақсим карда мешавад. Молу мулке, ки пас аз барҳам додани кооператив ва қонеъ гардонидани талаботи кредиторони он боқӣ мемонад, дар байни аъзои он мутаносибан бо саҳмашон тақсим карда мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
 
1. Мақоми олии идораи кооператив маҷлиси умумии аъзои он мебошад.
Дар кооперативи дорои шумораи зиёда аз сад аъзо Шӯрои нозирони кооператив таъсис дода мешавад, ки он фаъолияти раёсати кооперативро назорат мекунад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
Раёсати коооператив  ба фаъолияти ҳамарӯзаи кооператив  роҳбарӣ карда, ба шӯрои нозирон ва маҷлиси умумии аъзои кооператив ҳисоботдиҳанда мебошад.
Аъзои шўрои нозирон ва раёсати кооператив, танҳо аъзои кооператив буда метавонад. Узви кооператив дар як вақт узви шӯрои нозирон ва узви раёсати кооператив буда наметавонад.
2. Салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани онҳо тибқи қонун ва оинномаи кооператив муайян карда мешаванд.
3. Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии аъзои кооператив инҳо дохил мешаванд:
а) қабул ва тағйир додани оинномаи кооператив;
б) таъсис додани шӯрои нозирон ва қатъ гардонидани ваколати аъзои он, инчунин таъсис додан ва қатъ намудани ваколати мақомоти иҷроияи кооператив, ба шарте ки ин ҳуқуқ мутобиқи оинномаи кооператив ба шӯрои нозирони он дода нашуда бошад;
в) қабул ва хориҷ кардани аъзои кооператив;
г)  тасдиқ  намудани  ҳисоботи солонаю балансҳои бухгалтерии кооператив ва тақсим кардани фоидаю зиёни он;
д) қабул кардани қарори азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи кооперативҳо» ва оинномаи кооператив ба салоҳияти мустаснои  маҷлиси умумӣ мумкин аст инчунин ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста  шавад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
Ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ ё шӯрои нозирони кооперативро онҳо ба мақомоти иҷроияи кооператив супурда наметавонанд.
4. Узви кооператив ҳангоми қарор қабул кардани маҷлиси умумӣ як овоз дорад.
 
1. Узви кооператив ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ аз ҳайати кооператив барояд. Дар ин сурат ба ӯ бояд арзиши саҳм пардохта ё мутобиқи саҳми ӯ молу мулк дода шавад, инчунин маблағҳои дигари дар оинномаи кооператив пешбинигардида  пардохта шаванд.
Саҳм ва молу мулки дигари узви кооперативи хориҷшаванда пас аз анҷоми соли молиявӣ ва тасдиқи баланси муҳосибавии кооператив дода мешавад.
2. Дар сурати ӯҳдадориҳои тибқи оиннома ба зиммааш гузошташударо иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани узви кооператив, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ва оинномаи кооператив, бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда мешавад.
Узви кооперативи тиҷоратӣ бо сабаби узви кооперативи шабеҳ буданаш метавонад бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда шавад.
Узви кооперативи аз ҳайати он хориҷшуда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда ба гирифтани саҳм, пардохтҳои дигари дар оинномаи кооператив пешбинигардида ҳуқуқ дорад.
3. Узви кооператив, узви собиқ ё вориси узви фавтидаи кооператив метавонанд саҳми худро танҳо ба узви амалкунанда ё ояндаи кооператив гузашт кунанд, ба шарте ки чунин гузашткунӣ ба фоидаи кооператив бошад. Тартиби гузашт кардани саҳм тибқи оинномаи кооператив муқаррар мегардад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
4. Агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати вафот ёфтани узви кооперативи тиҷоратӣ ворисони ӯ метавонанд ба узвияти кооператив қабул карда шаванд.  Дар акси ҳол кооператив ба ворисон арзиши саҳми узви фавтидаи кооперативро медиҳад.
5. Рӯёнидани маблағ аз ҳисоби саҳми узви кооперативи тиҷоратӣ аз рӯи қарзи шахсии ӯ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва оинномаи кооператив, танҳо дар сурати нокифоя будани молу мулки дигари ӯ барои пардохти чунин қарз роҳ дода мешавад.
 
1. Кооперативи тиҷоратӣ мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии аъзои он ихтиёран аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.
Асосҳои дигар ва тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив бо ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муайян карда мешаванд.
2. Кооперативи тиҷоратӣ бо қарори якдилонаи аъзояш метавонад ба ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил дода шавад.
 
§ 4. КОРХОНАҲОИ  ДАВЛАТӢ
 
1. Корхонаҳои давлатӣ дар намудҳои корхонаи воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ  вуҷуд дошта метавонанд.
2. Молу мулки корхонаҳои давлатӣ тақсимнашаванда буда, ба саҳмҳо (ҳиссаҳо), аз ҷумла байни кормандони корхона тақсим карда намешаванд.
3. Номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд ишора ба соҳибмулки онро дошта бошад.
4. Мақоми корхонаи давлатӣ инҳо мебошанд:
–мақоми болоӣ–муассис;
–мақоми идоракунӣ–шӯрои нозирони корохонаи давлатӣ;
–мақоми иҷроия–роҳбари корхонаи давлатӣ. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1656)
5. Корхонаи давлатӣ бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
6. Ҳолати ҳуқуқии корхонаи давлатӣ бо Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» муайян карда мешавад.
 
1. Корхонаи воҳиди давлатӣ ташкилоти тиҷоратиест, ки ҳуқуқи ба молумулки вобастакардаи молик соҳиб шуданро надорад.
2. Корхонаи воҳид бо қарори мақомоти давлатии ваколатдор таъсис дода мешавад.
3. Ҳуҷҷати таъсиси корхонаи воҳид оинномаи аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор тасдиқгардидаи он мебошад.
4. Андозаи фонди оинномавии корхонаи воҳид набояд аз маблағи муайяннамудаи қонун камтар бошад.
5. Фонди оинномавии корхонап вохид бояд аз чониби молик дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он пурра пардохта шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
6. Агар баъди анҷоми соли молиявӣ арзиши дороиҳои софи корхонаи воҳид аз андозаи фонди оинномавии дар оинномаи корхона пешбинигардида камтар шавад, мақоме, ки ваколати таъсис додани чунин корхонаҳоро дорад, вазифадор аст, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида фонди оинномавиро кам кунад. Агар арзиши дороиҳои соф аз андозаи дар қонун муайянгардида (қисми 3 ҳамин модда) камтар гардад, корхона метавонад бо қарори суд барҳам дода шавад.
7. Дар сурати қабул намудани қарори кам кардани фонди оинномавӣ корхона вазифадор аст, ки дар ин хусус кредиторони худро хаттӣ огоҳ созад.
Кредитори корхона метавонад қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳоеро, ки ин корхона аз рӯи онҳо қарздор мебошад,  инчунин ҷуброни зиёнро талаб намояд.
8. Корхонаи воҳиди давлатӣ аз рўи ўҳдадориҳояш ба тамоми молу мулкаш ҷавобгар  буда, аз рўи ўҳдадориҳои  молумулкии  молкаш ҷавобгар намебошад. Соҳибмулк аз рўи ўҳдадориҳои корхонаи воҳиди давлатӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 57 Кодекси мазку рва дигар санади қонунгузорӣ ҷавобгар намебошад.
 
1. Корхонаи воҳиди давлатӣ метавонад бо розигии соҳиби амвол  ба сифати шахси ҳуқуқи корхонаи дигари воҳид (корхонаи фаръи)-ро бо тартиби  муқаррарнамуда бо роҳи ба ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ ба он додани молу мулки худ таъсис диҳад.
2. Муассис оинномаи корхонаи фаръиро тасдиқ ва роҳбари онро таъин менамояд.
         3. Корхонаи воҳиди давлатӣ ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 3 моддаи 57 ҳамин  Кодекс пешбинишуда аз рўи ўҳдадориҳои корхонаи фаръӣ масъулият надорад.
 
1. Ҳамон корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ мебошад, ки молу мулки давлатиро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дар ихтиёр дорад.
2. Корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад.
3. Ҳуҷҷати таъсиси корхона оинномаи он мебошад, ки аз ҷониби муассис тасдиқ мегардад.
4. Номи фирмавии корхонаи ба ҳуқуқи идораи оперативӣ асосёфта бояд ишора ба он дошта бошад, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ аст.
5. Фаъолияти хоҷагии корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ бо мақсаду вазифаҳои дар оиннома сабтгардида муайян карда мешавад.
6. Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳиди марзию маъмурӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ масъулияти иловагӣ доранд.
 
§5. ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ
 
1. Кооперативи ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мутобиқи оинномаи кооператив асосан ба аъзои худ хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи ғайритиҷоратӣ, ки дар натиҷаи хизматрасониҳо ба шахсони сеюм ба даст оварда шудааст, дар байни аъзои он тақсим карда намешавад ва ин даромад ҷиҳати рушди минбаъдаи он сарф карда мешавад. Дар сурати асосан ба шахсони сеюм хизмат расондани кооперативи ғайритиҷоратӣ, он бояд ба кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад.(ҚҶТ аз 22.07.13с., №976)
2. Оинномаи кооперативи ғайритиҷоратӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андозаи аъзоҳаққии аъзои кооператив; дар бораи таркиб ва тартиби супурдани аъзоҳаққӣ аз ҷониби аъзои кооператив ва масъулияти онҳо барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ дар мавриди супурдани аъзоҳаққӣ; дар бораи ҳайату салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад; дар бораи тартиби ҷуброни зиёни ба кооператив расонидашуда аз ҷониби аъзои кооператив, дар бар гирад.
3. Номи кооперативи ғайритиҷоратӣ бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он, инчунин калимаи "кооператив" –ро дар бар гирифта бошад.
4. Вазъи ҳуқуқии кооперативҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои онҳо бо Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ба танзим дароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
 
1. Иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи моддии саҳмдорон бо роҳи муттаҳид сохтани аъзоҳаққии онҳо кооператсияи матлубот эътироф карда мешавад.
2. Асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолият, вазъи ҳуқуқии кооператсияи матлубот ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с., №976)
 
                                    (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
         1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ташкилотҳое эътироф карда мешаванд, ки дар онҳо шаҳрвандон мувофиқи тартиботи муқарраргардида дар асоси умумияти манфиатҳояшон барои қонеъ гардонидани талаботҳои маънавӣ ё дигари ғайримоддӣ ихтиёран муттаҳид гардидаанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Онҳо танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳое, ки баҳри онҳо таъсис гардидаанд, ҳуқуқ доранд ба фаъолияти тиҷоратӣ ва фаъолияти дигари соҳибкории ба ин мақсадҳо мувофиқро анҷом диҳанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Иштирокчиёни (аъзои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ҳуқуқашонро ба молу мулке, ки ба моликияти ин иттиҳодияҳо, ташкилотҳо гузаронидаанд, инчунин ба аъзоҳаққӣ нигоҳ намедоранд. Онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои диние, ки дар онҳо ба сифати узвият иштирок менамоянд, масъулият надоранд, иттиҳодияҳои, ташкилотҳои мазкур бошанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
3. Хусусиятҳои мавқеи ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ҳамчун иштирокчиёни муносибатҳои бо ҳамин Кодекс танзимшаванда тибқи қонун муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
1. Фонди ҷамъиятӣ ташкилоти ғайритиҷоратии узвиятнадоштае эътироф карда мешавад, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ дар асоси пардохтҳои ихтиёрии молу мулки таъсисгардида, мақсадҳои хайрия, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ё мақсадҳои дигари умумии муфидро пеш гирифтааст.
Молу мулке, ки муассисони фонд ба он супурдаанд, моликияти фонд мебошад. Муассисон аз рӯи ӯҳдадориҳои фонди таъсисдодаашон масъулият надоранд, фонд бошад,аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисони худ масъул нест.
2. Фонди ҷамъиятӣ молу мулкро барои мақсадҳое, ки дар оинномааш муайян гардидаанд, истифода менамояд. Фонд ҳуқуқ дорад, ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои умумии муфиде, ки фонд барои он таъсис гардидааст, ба фаъолияти соҳибкории ба ин мақсадҳо муносиб машғул шавад. Барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ фондҳо ҳуқуқ доранд, ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.
Фонд вазифадор аст, ки ҳар сол дар хусуси истифодаи молу мулкаш ҳисоботро ба табъ расонад.
3. Тартиби идораи фонди ҷамъиятӣ ва тартиби ташкили мақомоти он тибқи оинномаи аз ҷониби муассисон тасдиқгардида муайян карда мешавад.
4. Дар оинномаи фонди ҷамъиятӣ ғайр аз маълумоти дар қисми 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида бояд маълумоти зерин дарҷ гардида бошад: номи фонд, ки калимаи "фонд"-ро дар бар гирифтааст; маълумот дар бораи мақсади фонд; маълумот дар бораи мақомоти фонд, аз ҷумла дар бораи шӯрои парасторон, ки ба фаъолияти фонд назорат мекунанд; тартиби таъин намудани мансабдорони фонд ва аз вазифа озод кардани онҳо; маҳалли ҷойгиршавии фонд; тақдири молу мулки фонд дар сурати барҳам дода шудани он .
 
1. Оинномаи фонди ҷамъиятӣ метавонад аз ҷониби мақомоти фонд тағйир дода шавад, ба шарте ки дар оиннома бо ҳамин тартиб тағйир додани он пешбинӣ гардида бошад.
Агар бетағйир мондани оиннома боиси оқибатҳое гардад, ки ҳангоми таъсиси фонд онҳоро пешбинӣ намудан ғайриимкон буда, имконияти тағйир додани он дар оиннома пешбинӣ нашуда бошад ё шахси  ваколатдор онро тағйир надиҳанд, суд ҳуқуқ дорад, ки тибқи аризаи мақомоти фонд, шӯрои парасторон ё мақоми дигари дорои ваколати назорати фаъолияти фонд ба он тағйирот ворид намояд.
2. Қарори барҳам додани фонди ҷамъиятиро танҳо суд дар асоси аризаи шахси манфиатдор қабул карда метавонад.
Фонд дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:
-агар молу мулки фонд барои татбиқи ҳадафҳояш нокифоя буда, имконияти ба даст овардани молу мулки зарурӣ татбиқношуданӣ бошад;
-агар ноил шудан ба мақсадҳои фонд номумкин ва тағйир додани мақсадҳои фонд ғайриимкон бошад;
-дар сурати аз мақсади дар оиннома пешбинигардида дур шудани фаъолияти фонд;
-дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун.
3. Дар сурати барҳам додан фонди ҷамъиятӣ молу мулки пас аз қонеъгардонии талаботи кредиторон боқимондаи он ба шахси дар оинномаи фонд зикргардида дода мешавад.
 
1. Ташкилоте, ки молик барои амалӣ гардонидани вазифаҳои идоракунӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ё вазифаҳои дигари дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ таъсис дода, онро пурра ё қисман маблағгузорӣ мекунад, муассиса дониста мешавад.
Ҳуқуқи муассиса ба молу мулки ба вай вобасташуда ва харидаи он мутобиқи моддаҳои 313 ва 315 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
2. Муассиса аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблағи пулии дар ихтиёраш буда масъулият дорад. Дар сурати нокифоя будани ин маблағ молики молу мулки дахлдор аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияти иловагӣ дорад.
3. Хусусияҳои мавқеи ҳуқуқии намудҳои алоҳидаи муассисаҳои давлатӣ ё муассисаҳои дигар тибқи қонун муайян карда мешаванд.
 
1. Ташкилотҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкориашон, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молу мулкӣ метавонанд тибқи шартномаи байни худ  иттиҳодияҳоро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.
Агар бо қарори иштирокчиён ба зимаи ассотсиатсия (иттифоқ) фаъолияти соҳибкорӣ гузошта шавад, чунин ассотсиатсия (иттифоқ) бояд бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ба ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ табдил дода шавад. Барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ҳуқуқ доранд, ки ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.
2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла муассисаҳо, метавонанд ихтиёран дар ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) ин ташкилотҳо муттаҳид шаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
3. Ассотсиатсия шахси ҳуқуқӣ мебошад.    
Аъзои ассотсиатсия мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.
4. Ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.
Аъзои ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи  тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси  ассотсиатсия пешбинигардида масъулияти иловагӣ доранд.
5. Номи  ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии  фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои "ассотсиатсия" ё "иттифоқ" дар бар гирифта бошад.
Аъзои ассотсиатсия мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.
4. Ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.
Аъзои ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи  тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси  ассотсиатсия пешбинигардида масъулияти иловагӣ доранд.
5. Номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои "ассотсиатсия" ё "иттифоқ" дар бар гирифта бошад.
 
1. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия (иттифоқ) шартномаи таъсиси аз ҷониби аъзоёни он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо мебошанд.
2. Дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида бояд шартҳои зерин дарҷ гардида бошанд: дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ассотсиатсия ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки қарор аз рӯи онҳо якдилона ё бо аксарияти кулли овози аъзои ассотсиатсия қабул карда мешавад ва дар бораи тақсими молу мулке, ки пас аз барҳам додани ассотсиатсия боқӣ мондааст.
 
1. Аъзои ассотсиатсия (иттифоқ) ҳуқуқ доранд, ки аз хизматҳои он ба таври ройгон истифода намоянд, ба шарте ки дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз хусусияти хизматрасонӣ барнаояд.
2. Узви ассотсиатсия (иттифоқ) ҳақ дорад, ки пас аз хотимаи соли молиявӣ бо салоҳдиди хеш аз ҳайати ассотсиатсия барояд. Дар ин сурат ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия дар давоми ду соли пас аз хориҷ шуданаш мутаносибан ба аъзоҳаққии худ масъулияти иловагӣ бар дӯш дорад.
Узви ассотсиатсия дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия муқарраргардида мумкин аст бо қарори иштирокчиёни боқимонда аз он хориҷ карда шавад. Дар мавриди аъзоҳаққии молу мулкӣ ва масъулияти узви хориҷшудаи ассотсиатсия қоидаҳои марбут ба баромадан аз ҳайати ассотсиатсия истифода мешаванд.
3. Бо ризоияти узви ассотсиатсия ба он метавонад узви нав шомил шавад. Ба ассотсиатсия (иттифоқ) шомил шудани иштирокчии нав мумкин аст вобаста ба масъулияти иловагии доштаи он оид ба ӯҳдадориҳои ассотсиатсия (иттифоқ), ки то шомилшавии ӯ ба миён омадааст, сурат гирад.
 
 
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ  танзимшаванда бо иштирокчиёни дигари ин муносибатҳо дар асоси баробар иштирок менамояд.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ, ки бо санади қонунӣ, низомномаҳо ва ё санади дигари муайянкунандаи ҳолати ҳуқуқии ин мақомот муқаррар гардидааст, метавонанд аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молу мулки худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда, татбиқ намоянд ва дар суд баромад кунанд.
Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун бо супориши махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи он дигар мақомоти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон амал карда метавонанд.
3. Баҳсҳои ҳуқуқии гражданӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судҳо ҳал карда мешаванд.
 
1. Воҳиди марзию маъмурӣ дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштирокчиёни ин муносибатҳо баробар иштирок менамояд.
2. Мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроия дар доираи салоҳияти худ, ки бо санади қонунӣ, низомномаҳо ё санади дигари муайянкунандаи статуси ин мақомот муқаррар гардидаанд, метавонанд аз номи воҳидҳои марзию маъмурӣ бо амали худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда,  дар суд баромад кунанд.
Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун мақомоти давлатии маҳаллӣ, шахси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон метавонанд бо супориши махсус аз номи воҳиди марзию маъмурӣ амал кунанд.
3. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонун воҳидҳои марзию маъмурӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ метавонанд аз номи давлат амал намоянд.
4. Агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, муқаррароти ҳамин Кодекс дар хусуси иштироки мутақобилаи давлат ва мақомоти он дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда ба воҳиди марзию маъмурӣ ва мақомоти он дахл доранд.
5. Баҳсҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ бо иштироки воҳиди марзию маъмурӣ аз ҷониби судҳо  ҳал  карда  мешаванд.
 
1. Давлат ё воҳиди марзию маъмурӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо молу мулки дар асоси ҳуқуқи моликияти ба онҳо тааллуқдошта, ғайр аз молу мулке, ки ба шахси ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ ё идораи оперативӣ вобаста карда шудааст, масъулият доранд.
2. Шахси ҳуқуқие, ки аз ҷониби давлат ё воҳиди марзию маъмурӣ таъсис дода шудааст, аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо масъулият надорад.
3. Давлат, воҳиди марзию маъмурӣ, ғайр аз ҳҷолатҳои пешбининамудаи қонун, аз рӯи ҳҳдадориҳои шахси ҳуқуқии аз ҷониби онҳо таъсисгардида масъулият надоранд.
4. Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ  масъулият надорад.
5. Воҳидҳои марзию маъмурӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои якдигар, инчунин аз рӯи ҳҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
6. Қоидаҳои қисмҳои 2-5 ҳамин модда ба ҳолатҳое, ки давлат дар асоси шартномаи имзокардааш аз рӯи ӯҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ ё шахси ҳуқуқӣ замонат (кафолат) додааст ё  субъектҳои мазкур аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат замонат (кафолат) додаанд, дахл надоранд.
 
Хусусиятҳои масъулияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштироки шахси ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷӣ мутобиқи қонун дар бораи масунияти (иммунитети) давлат ва моликияти он муайян карда мешаванд.
 
 
 
1. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ метавонанд неъматҳо ва ҳуқуқи молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкӣ бошанд.
2. Ба неъмату ҳуқуқи молу мулкӣ (молу мулк) инҳо дохил мешаванд: чизу чора, пул, аз ҷумла асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнок, кору хизматҳо, иттилоот, амал, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, номи фирма, тамғаи мол ва воситаҳои дигари фардикунонии маҳсулот, ҳуқуқи молу мулкӣ ва молу мулки дигар.
3. Ба неъмату ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ инҳо дохил мешаванд: ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, шӯҳрати касбӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ваоилавӣ, ҳуқуқи доштани ном, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии асар ва неъмату ҳуқуқҳои дигари ғайримоддӣ.
 
1. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, агар онҳо аз аҳдҳо бароварда нашуда бошанд ё муомилоташон маҳдуд нашуда бошад, метавонанд бо тартиби универсалии воросати ҳуқуқ ё ба тариқи дигар бегона карда шаванд ё аз як шахс ба шахси дигар гузаранд.
2. Намудҳои молу мулки ҳуқуқи граждание, ки дар муомилот будани онҳо роҳ дода намешавад (объектҳои аз муомилот баромада), бояд бевосита дар қонун ишора карда шаванд.
Намудҳои объектҳои ҳуқуқи граждание, ки танҳо ба иштирокчиёни муайяни муомилот тааллуқ дошта метавонанд ё дар муомилот қарор доштани онҳо танҳо бо иҷозати махсус имконпазир аст (объектҳое, ки қобилияти муомилоташон маҳдуд аст), мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян карда мешаванд.
        3. Неъмат ва ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкиро бегона намудан ва бо тарзҳои дигар додан  мумкин  нест, ба истиснои  ҳолатҳое, ки  санадҳои қонунгузорӣ муқаррар намудааст.
 
 
1. Ба ашёи ғайриманқул (молу мулки ғайриманқул) инҳо дохил мешаванд: бино (истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ), иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки дигаре, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам доранд, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст.
2. Ба молу мулки ғайриманқул инчунин киштиҳои ҳавоӣ ва баҳрӣ, киштиҳои дар дохили кишвар шинокунанда, объектҳои кайҳон, ки мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ ашёи дигарро низ ба ҷумлаи молу мулки ғайриманқул нисбат додан мумкин аст, дохил мешаванд, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
3.Ашёе, ки ба молу мулки ғайриманқул дохил намешавад, аз ҷумла пул ва коғазҳои қиматнок, манқула дониста мешавад. Бақайдгирии ҳуқуқ ба ашёи  манқул ғайр аз ҳолатҳои дар қонун зикргардида зарур нест.
 
1. Ҳуқуқи моликияту ҳуқуқи дигари молу мулкӣ ва ашёи дигари ғайриманкул, маҳдуд кардани ин ҳуқуқ, ба миён омадан, гузаштан ва қатъ гардидани онҳо бояд аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад,  дар феҳрасти  ягонаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ҳуқуқҳои зерин бояд ба қайд гирифта шаванд: ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ, ҳуқуқи идораи оперативӣ, ҳуқуқи соҳибияти якумраи меросӣ, ҳуқуқи истифодаи доимӣ, байъи ҷоиз (ипотека), сервитутҳо, инчунин ҳуқуқҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №601).
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, дар баробари ба қайдгирии давлатӣ мумкин аст намудҳои алоҳидаи ашёи ғайриманқул махсус ба қайд ё ба ҳисоб гирифта шавад.
3. Мақоме, ки ҳуқуқи ашёи ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста  ба онро  ба қайди давлатӣ мегирад, вазифадор аст бо дархости шахси ҳуқуқдор бо роҳи додани ҳуҷҷат дар бораи ҳуқуқ ё аҳдҳои ба қайд гирифташуда ё имзо гузоштан дар ҳуҷҷате, ки ҷиҳати ба қайдгирӣ пешкаш гардидааст, амали ба қайдгириро тасдиқ намояд.
4.Мақоме, ки ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ё аҳдҳоро ба амал баровардааст, вазифадор аст, ки ба ҳар шахс дар бораи ба қайдгирӣ ва ҳуқуқи  ба қайд гирифташуда маълумот диҳад.
Маълумот, сарфи назар аз маҳалли ба қайдгирӣ, дар ҳар мақоми ба қайдгирандаи молу мулки ғайриманқул дода мешавад.
5. Дар сурати ба қайди давлатӣ нагирифтани ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ё аҳдҳо бо он ё аз ба қайдгирӣ саркашӣ кардани мақоми марбута ба суд шикоят кардан мумкин аст.
6. Тартиби ба қайдгирии давлатӣ ва асосҳои рад кардани он мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонун дар бораи ба қайдгирии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳо ба он муқаррар карда мешавад.
 
1. Корхона ҳамчун объекти ҳуқуқ комплекси молу мулкие эътироф карда мешавад, ки барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ истифода мегардад.
2. Корхона дар маҷмӯъ ё  як қисми он метавонад объекти хариду фурӯш, гарав, иҷора ва аҳдҳои дигари марбут ба муқаррар намудан, тағйир додан ё қатъ кардани ҳуқуқи молу мулкӣ бошад.
Ба ҳайати корхона ҳамчун комплекси молу мулкӣ, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тамоми намудҳои молу мулки барои фаъолияти он пешбинигардида, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом, ашёи хом, маҳсулот, ҳуқуқи талаб, қарз, инчунин ҳуқуқ ба аломатҳои фардикунанда, маҳсулоти он, кору хизмат (номи фирмавӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ) ва ҳуқуқи мустаснои дигар дохил мешаванд.
 
1. Ашё метавонад тақсимшаванда ва тақсимнашаванда бошад. Ашёи тақсимшаванда молу мулкест, ки қисмҳои он дар натиҷаи тақсимкунӣ таъиноти (функцияи) худро аз даст намедиҳанд.
 
Ашёе, ки тақсимоти он одатан бидуни тағйир додани таъиноташ имконнопазир аст, тақсимнашаванда дониста мешавад.
Хусусиятҳои ҷудо кардани ҳисса дар ҳуқуқи моликият ба ашёи тақсимнашаванда тибқи қонун муайян карда мешавад.
 
Агар ашёи ҳархела чизи томи ба мақсади умумӣ истифодашавандаро ташкил намоянд, онҳо ҳамчун як чиз (ашёи мураккаб) арзёбӣ мешаванд.
Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, амали аҳдҳо дар мавриди ашёи мураккаб ба ҳамаи қисмҳои таркибии он дахл дорад.
 
Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тақдири ашёе, ки барои хизматрасонии ашёи дигар (асосӣ) пешбинӣ гардида, бо он аз рӯи таъиноти (мансубияти) умумӣ алоқаманд мебошад, ба қисмати ашёи асосӣ вобаста аст.
 
Воридоти дар натиҷаи истифодаи молу мулк бадастомада (самара, маҳсулот, даромад), агар дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё шартномаи истифодаи ин молу мулк тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба шахсе тааллуқ дорад, ки аз ин молу мулк дар асоси қонунӣ истифода менамояд.
 
Нисбати ҳайвонот қоидаҳои умумӣ дар хусуси молу мулк истифода мешаванд, зеро дар қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ тартиби дигаре муқаррар нагардидааст.
 
1. Ашёе хоса дониста мешавад, ки аз ашёи дигар бо аломатҳои танҳо хосаи худ фарқ мекунад. Ашёи хоса ивазнашаванда  мебошад.
2. Ашёи бо аломатҳои навъ муайяншаванда он ашёе дониста мешавад, ки нишонаҳои хоси ҳамаи ашёи ҳамин навъро дошта бо миқдор, вазн ва андоза муайян карда мешаванд. Ашёи бо нишонаҳои навъ муайяншаванда ивазшаванда мебошад.
 
Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар, ҳуқуқи мустаснои шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ба натиҷаҳои ба таври объективӣ зоҳиргардидаи фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои ба он баробари фардикунонии шахси ҳуқуқӣ, маҳсулоти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, корҳои иҷрокарда ё хизматҳои расонидаи онҳо (номи фирмавӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва ғайра) эътироф карда мешавад.
Натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунониро, ки ҳадафи ҳуқуқи  мустасно мебошанд, шахси сеюм танҳо бо ризояти дорандаи ин ҳуқуқ истифода карда метавонад.
 
Қонунҳои гражданӣ маълумотеро, ки дорои сирри хизматӣ ё тиҷоратӣ мебошанд, ҳифз менамояд, ба шарте ки  маълумот бо сабаби ба шахси сеюм маълум  набуданаш арзиши воқеӣ ё имконпазири (потенциалии) тиҷоратӣ дошта, дар асоси қонун барои истифодаи озодона дастрас набошад, дорандаи маълумот ҷиҳати махфӣ нигоҳ доштани он тадбирҳо меандешад.
Ашхосе, ки бо усулҳои ғайриқонунӣ чунин маълумотро ба даст овардаанд, инчунин хизматчиёне, ки хилофи шартнома (қарордод) – и меҳнатӣ ё аҳли шартнома, ки хилофи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ сирри хизматӣ ё тиҷоратиро фош кардаанд, бояд зиёни воқеии расонидашударо ҷуброн намоянд.
 
§ 3. АМАЛ  (беамалӣ)
 
Амал (беамалӣ) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун метавонад объекти мустақили ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ бошад.
 
 
 
1. Президента Ҷумҳурии Тоҷикистои низоми пулии мамлакатро муайян мекунад ва пули миллии Тоҷикистон воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад, ки кабули он аз рӯи арзиши эътибории худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.
2. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷнкистон пардохт бо роҳи ҳисоббаробаркунии нақди ва ғайринақдӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
 
Намудҳои молу мулке, ки арзишҳои асъорӣ эътироф карда мешаванд ва тартиби бо онҳо анҷом додани аҳдҳо тибқи қонун дар бораи танзими асъор ва назорати асъор муайян карда мешаванд.
Ҳуқуқи моликият ба арзишҳои асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи асосҳои умумӣ  муҳофизат мешавад.
 
1. Коғази қиматнок ҳуҷҷате мебошад, ки бо риояи шакли муқарраргардида ва реквизитҳои ҳатмӣ ҳуқуқи молу мулкиеро тасдиқ  менамояд, ки татбиқ ё гузашт кардани онҳо танҳо дар сурати нишон додани он имконпазир аст.
Бо додани коғази қиматнок дар маҷмӯъ тамоми ҳуқуқҳои тасдиқнамудаи он мегузарад.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои татбиқ ё гузашт кардани ҳуқуқи дар қоғази қиматнок тасдиқгардида далелҳои дар феҳрасти махсуси (муқаррарӣ ё компютерии) шахсе, ки коғази қиматнокро аз номи худ бароварда, аз рӯи ӯҳдадории дар он  сабтшуда масъулият дорад, кифоя мебошад.
 
1. Ба коғазҳои қиматнок инҳо дохил мешаванд: вомбарг, вексел, чек, сертификати бонкӣ, коносамент, саҳмия ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мутобиқи санади қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнок ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи онҳо ба  ҷумлаи коғазҳои қиматнок мансуб дониста шудаанд.
2. Коғазҳои  қиматнок метавонанд манзурӣ, ордерӣ ва номӣ бошанд.
Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки номӣ ба шахси дар он зикршуда тааллуқ дорад.
Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки манзурӣ ба шахси манзуркунандаи  коғази қиматнок тааллуқ дорад.
Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки ордерӣ ба шахси дар он номбаршуда ва дар сурати мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисми 3, моддаи 160 ҳамин Кодекс ин ҳуқуқро гузашт кардани ӯ  ба шахси ваколатдор тааллуқ дорад.
3. Мутобиқи санади қонунгузорӣ мумкин аст барои баровардани навъи муайяни коғазҳои қиматнок ба сифати номӣ ё ба сифати ордерӣ ва ё ба сифати манзурӣ  имконият дода нашавад.
Дар санади қонунгузорӣ инчунин мумкин аст имконияти баровардани коғазҳои қиматноки дорои нишонаи хелҳои гуногуни коғазҳои қиматнок пешбинӣ карда шавад.
 
1. Намудҳои ҳуқуқи дар коғазҳои қиматнок тасдиқшаванда, реквизитҳои ҳатмии коғазҳои қиматнок, талабот нисбати шакли коғази қиматнок ва талаботи дигари зарурӣ тибқи қонун ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи он муайян карда мешаванд.
2. Дар сурати набудани реквизитҳои ҳатмии коғази қиматнок ё ба шакли барои чунин коғазҳо муқарраргардида мутобиқат накардан он боиси беэътиборшавии он мегардад.
 
1. Барои ба шахси дигар гузашт кардани ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки манзурӣ ба дасти ин шахс супурдани коғази қиматнок кифоя аст.
2.  Ҳуқуқи  тасдиқнамудаи  коғази қиматноки номӣ мувофиқи тартиби барои  гузашткунии талабот (сессия)-и муқарраргардида гузашт карда мешавад. Мутобиқи моддаи 419 ҳамин Кодекс шахсе, ки ҳуқуқашро аз рӯи коғази қиматнок гузашт мекунад, на барои  иҷро нашудани талаботи дахлдор, балки барои беэътибор будани   он  масъулият дорад.
3. Ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматноки ордерӣ бо роҳи дар ин коғаз сабт кардани  навиштаҷоти  интиқолии  индоссант гузашт карда мешавад. Индоссант на танҳо  барои  мавҷудияти ҳуқуқ, балки инчунин барои татбиқи он низ масъулият дорад.
Индоссаменти дар  коғази қиматнок ба амал баровардашуда ҳамаи ҳуқуқи  тасдиқнамудаи коғази қиматнокро ба шахсе медиҳад, ки ба ӯ ё фармони ӯ ҳуқуқ аз  рӯи  коғази қиматнок гузашт карда  шудааст  -  ба  индоссат.  Индоссамент  бланкавӣ  (бидуни зикри шахсе,  ки талаботи ӯ бояд иҷро шавад) ё ордерӣ (бо зикри шахсе, ки талабот ё фармони ӯ бояд иҷро гардад) буда   метавонад.
Индоссамент метавонад танҳо бо супориши татбиқи ҳуқуқи дар коғази қиматнок  тасдиқшуда  бидуни гузашт кардани ин ҳуқуқ ба индоссат (индоссаменти  супоришӣ)  маҳдуд карда шавад. Дар ин ҳолат индоссат ба сифати намоянда амал мекунад.
 
1. Шахсе, ки коғази қиматнокро додааст ва тамоми  ашхосе, ки онро   индоссатсия кардаанд, дар  назди  соҳиби қонуниаш масъулияти муштарак доранд. Дар сурати талаботи соҳиби қонунии коғази қиматнокро дар мавриди иҷрои ӯҳдадориҳои дар он тасдиқгардида як ё якчанд шахс аз ҷумлаи ашхосе, ки аз рӯи коғази қиматнок то ӯ масъулият гирифта буданд, қонеъ гардонанд, онҳо нисбати шахси боқимондае, ки аз рӯи коғази қиматнок ӯҳдадорӣ қабул кардаанд, ҳуқуқи пешниҳод кардани  талаботи  бозпас  (регресс)–ро соҳиб мешаванд.
2. Саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадории тасдиқнамудаи коғази қиматнок бо  истинод  ба  асос  надоштани ӯҳдадорӣ ё беэътибор будани он роҳ дода намешавад.
Дорандаи коғази қиматнок, ки иваз ё сохтакории коғази қиматнокро ошкор намудааст, ҳақ дорад аз шахси коғазро ба ӯ супурда ба таври дахлдор иҷрои   ӯҳдадориҳои тасдиқнамудаи коғази қиматнок ва ҷуброни  зиёнро талаб намояд.
3. Ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматноке, ки дар дасти соҳиби  ғайриқонунӣ аст, татбиқ карда намешавад.
 
Ҳуқуқ аз рӯи коғазҳои қиматноки манзурӣ ва коғазҳои қиматноки ордерии гумшударо суд, бо тартиби дар қонунҳои мурофиавӣ пешбинигардида барқарор менамояд.
 
1. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонун  ё  мувофиқи тартиби муқарраркардаи он ташкилот - депозитарие, ки иҷозатнома (литсензия)-и махсус гирифтааст, мутобиқи шартнома бо эмитент (шартномаи  депозитарӣ) ҳуқуқи бо коғази қиматноки номӣ ё ордерӣ додашавандаро, аз ҷумла бе ҳуҷҷат (бо ёрии  воситаҳои техникаи   ҳисоббарори электронӣ ва ғайра) сабт карда метавонад.
Нисбати чунин шакли сабти ҳуқуқ, агар аз хусусиятҳои сабт тартиби дигаре барнаояд,  қоидаҳое истифода мешаванд,  ки дар ҳамин Кодекс  ва қонунҳои дигар  барои коғазҳои қиматнок  муқаррар гардидаанд.
Сабти ҳуқуқ бо дархости эмитент ё шахси ба сифати дорандаи ҳуқуқи дахлдор бақайд  гирифташуда  ба коғази қиматнок баробар  карда  мешавад  ва  барои  татбиқу гузашти ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматнок кифоя мебошад. Бо талаби соҳиби ҳуқуқ депозитарий вазифадор  аст,  ки  ба  ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабти ҳуқуқро диҳад.
Ҳуқуқи бо роҳи сабт дар  назди  депозитарий  тасдиқшаванда, тартиби фаъолияти депозитарийҳои коғазҳои қиматнок ва ба онҳо додани иҷозатнома (литсензия) барои анҷоми аҳдҳо  бо коғазҳои қиматнок ва  тартиби сабти  расмии  ҳуқуқ  ва  ҳуқуқдор аз ҷониби  депозитарий ва тартиби анҷоми аҳдҳо бо коғазҳои  қиматноки беҳуҷҷат мутобиқи қонун ё бо тартиби муқаррарнамудаи он муайян карда мешаванд.
2. Аҳдҳо  бо  коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат  танҳо  дар   сурати муроҷиат ба депозитарии  расман  сабткунандаи  ҳуқуқ метавонад анҷом дода шавад. Татбиқ, гузашт кардан ва  маҳдуд  кардани ҳуқуқ  бояд  аз  ҷониби  депозитарий расман сабт карда шавад. Депозитарий барои маҳфузи сабти  расмӣ, таъмини махфӣ  доштани  он,  додани маълумоти дуруст дар бораи чунин сабтҳо ва барои сабти расмии аҳдҳои анҷомдода  масъул мебошад.
 
2. НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
 
 
 
 
1. Коғази қиматноке саҳмия  эътироф  карда  мешавад,  ки ҳуқуқи дорандаи  онро  (саҳмдорро)  барои  дар шакли дивиденд гирифтани як қисми фоидаи ҷамъияти саҳҳомӣ,  барои иштирок дар идораи корҳои ҷамъияти саҳҳомӣ, инчунин ба қисми молу мулки баъди барҳам  додани он боқимонда тасдиқ менамояд.
Саҳмияҳо метавонанд манзурӣ ё номӣ, озодона муомилотшаванда ё дорои доираи маҳдуди муомилот бошанд.
2. Ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад дар доираи муқаррарнамудаи қонун саҳмияҳои имтиёзноке барорад,  ки ба дорандагони  онҳо, сарфи назар  аз натиҷаи фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ,  чун қоида бо сабти фоизи  арзиши номиналии саҳмия  гирифтани  дивидендро кафолат медиҳад, инчунин ба онҳо ҳуқуқи нисбат ба саҳмдорони дигар афзалиятноки гирифтани қисми молу мулки пас аз барҳамдиҳии ҷамъияти саҳҳомӣ  боқимонда ва ҳуқуқҳои дигари дар шартҳои баровардани чунин саҳмияҳо пешбинигардидаро медиҳад.
Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, саҳмияҳои афзалиятнок ба дорандагонашон барои иштирок дар  идораи корҳои ҷамъият ҳуқуқ намедиҳанд.
 
Коносамент ҳуҷҷати идоракунии  мол  мебошад,  ки ҳуқуқи дорандаи қонунии онро дар мавриди идора кардани  бори  дар коносамент зикргардида ва гирифтани  бор  пас  аз ҳамлу нақли он тасдиқ менамояд.
Коносамент метавонад  манзурӣ, ордерӣ ё номӣ бошад.
Агар коносамент якчанд нусхаи аслӣ тартиб дода шуда бошад, баъди додани бор аз рӯи коносаменти аввал  нусхаҳои боқимонда беэътибор мешаванд.
 
Сертификати бонкӣ шаҳодатномаи хаттии бонк дар бораи пасандози маблағ мебошад,  ки ҳуқуқи амонатгузорро баъди гузаштани мқҳлати муқарраршуда барои аз ҳар муассисаи ҳамин бонк гирифтани маблағи пасандоз ва фоизи онро тасдиқ   менамояд.
Сертификатҳои бонкӣ метавонанд манзурӣ ё номӣ бошанд.
 
 
1. Ҳаёт ва саломатӣ,  эътибори  шахсӣ,  шаъну шараф, масунияти шахсӣ, номусу  номи  нек,  эътибори корӣ,  дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ,  ҳуқуқи ҷойивазкунӣ ва интихоби озоди истиқомату маҳалли  зист,  ҳуқуқи доштани  номдорӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, дигар ҳуқуқҳои шахсии ғайримоддӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддӣ, ки ба шаҳрванд аз рӯзи таваллуд ё бо ҳукми қонун тааллуқ доранд, бегона  карда ё  ба тариқи дигар гузашт карда намешаванд. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддии  шахси  фавтидаро шахси дигар, аз ҷумла ворисони соҳибҳуқуқ татбиқ ва ҳифз карда метавонанд.
2. Неъматҳои ғайримоддӣ мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар дар  ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи онҳо, инчунин дар ҳолатҳо ва ба он андозае муҳофизат карда мешаванд, ки истифодаи усулҳои муҳофизати ҳуқуқи гражданӣ (моддаи 12) аз моҳияти ҳуқуқи ғайримоддии вайронгардида ва  хусусияти оқибатҳои ин вайронкуӣ бармеояд.
 
Агар ба шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқи шахсии ғайримоддии ӯ ё ба неъматҳои дигари ғайримоддии шаҳрванд таҳдидкунанда зиёни маънавӣ (азобу шиканҷаи ҷисмонӣ  ё рӯҳӣ) расонида шуда бошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун суд метавонад шахси ҳуқуқвайронкардаро вазифадор созад, ки ин зиёнро ҷуброн намояд.
Ҳангоми муайян намудани андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ суд дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳро ба назар мегирад. Суд ҳамчунин бояд дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳии марбут ба  хусусиятҳои инфиродии шахси ҷабрдидаро ба назар гирад.
 
1. Шахсе, ки ҳуқуқи  шахсии  ғайримолу мулкиаш вайрон шудааст, ба ғайр аз  тартиби дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида мувофиқи қоидаҳои ҳамин  Кодекс  инчунин  ба ҷуброни зиёни маънавӣ ҳуқуқ дорад.
2. Ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкиро суд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ муҳофизат менамояд.
3. Ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкӣ сарфи назар аз гуноҳи шахси  вайроннамудаи ҳуқуқ ҳифз карда мешавад. Шахсе, ки ҳифзи ҳуқуқро талаб кардааст,  бояд далели  вайрон  гардидани  ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиашро исбот кунад.
4. Шахсе, ки ҳуқуқи ғайри молу мулкиаш вайрон гардидааст, метавонад бо хости худ рафъи оқибати онро аз шахси гунаҳкор талаб намояд ё аз ҳисоби гунаҳкор  мустақилона амалҳои заруриро анҷом диҳад ва ё иҷрои онҳоро ба шахси сеюм супорад.
 
Дар сурати ҳамзамон вайрон гардидани ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкӣ ва молу мулкӣ, андозаи ҷуброни зиёни молу мулкӣ бо дарназардошти ҷубронпулие, ки бояд ба ҷабрдида барои халалдор кардани ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиаш пардохта  шавад,  зиёд  мешавад.
 
1. Агар шахси  паҳнкардаи  маълумоте,  ки  шаъну  шараф  ё эътибори кории   шаҳрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад,  шаҳрванд ҳақ дорад  аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад.
Бо талаби шахси манфиатдор ҳифзи  шаъну  шарафи  шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст.
2. Агар маълумоте, ки шаъну шараф  ё  эътибори  кории шаҳрвандро паст мезананд, аз тариқи воситаҳои ахбори умум  паҳн гардида бошанд, онҳо бояд  дар  ҳамон  воситаҳои ахбори умум бемузд  рад карда шаванд.
Агар маълумоти  мазкур  дар  ҳуҷҷати ташкилот дарҷ гардида бошад, чунин ҳуҷҷат бояд иваз ё бозхонда шавад.
Тартиби раддияро  дар  ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.
3. Шаҳрванде, ки воситаҳои ахбори умум дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаашро нашр кардаанд, ҳақ дорад дар  ҳамон воситаҳои ахбори умум ҷавоби худро нашр кунад.
4. Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори  умум дар сурате суд баррасӣ мекунад,  ки мақоми ахбори умум нашри онро рад   кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад.
5. Агар  қарори суд иҷро нашуда бошад, суд ҳақ дорад гунаҳкорро ҷарима  бандад,  ки  ба андоза  ва  бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида мешавад. Пардохти ҷарима гунаҳкорро аз ӯҳдадории иҷрои амали дар қарори суд пешбинигардида озод намекунад.
6. Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш  паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи  чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд.
7. Агар муайян  намудани  шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф  ё эътибори  кории шаҳрвандро паст мезанад, имконнопазир бошад, шахсе, ки дар борааш чунин маълумот паҳн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти паҳнгардида ба суд муроҷиат намояд.
8. Қоидаҳои ҳамин модда дар хусуси ҳифзи эътибори кории шаҳрванд мутобиқан дар мавриди ҳифзи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд.
Шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардуруғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171, ва 174 Кодекси мазкур ҳифз  карда мешаванд.( ҚҶТ аз 28.12.12с №928)
 
1. Шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рӯзномаҳо, қайдҳо, руқъаҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ,  адвокатӣ  ва  сирри  пасандозҳо ҳуқуқ дорад.
Фош кардани  сирри ҳаёти  шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санади қонунӣ мумкин аст.
2. Нашри рӯзномаҳо, руқъаҳо, қайдҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар танҳо бо ризоияти муаллифи онҳо,  нашри  мактубҳо бошад, бо ризоияти муаллиф ва унвонӣ (адресат) роҳ дода мешавад. Дар сурати вафот  кардани яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкурро бо ризоияти ҳамсари дар қайди ҳаёт буда ва фарзандони марҳум нашр кардан мумкин аст.
 
1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе  ризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад,  бе ризоияти ворисонаш  истифода намояд.
2. Нашр  намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ӯ иҷозат дода мешавад. Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад, ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад,  чунин  ризоият талаб карда   намешавад.
 
Шаҳрванд ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро доро аст, яъне ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, кӯшишҳои бидуни хоҳиши ӯ зӯран ба  манзилаш ворид шудани касро пешгирӣ намояд.
 
 
 
 
Амали шаҳрвандон  ва  шахси ҳуқуқӣ, ки ба муқаррар намудан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ равона гардидааст, аҳд дониста мешавад.
 
1. Аҳд   метавонад   яктарафа,  дутарафа  ё  бисёртарафа   (шартномаҳо) бошанд.
2. Аҳде яктарафа дониста мешавад, ки барои анҷоми он мутобиқи қонун ё созишномаи  тарафҳо ифодаи иродаи як тараф зарур ё кифоя мебошад.
3. Барои бастани шартнома ифодаи иродаи  мувофиқашудаи ду тараф (аҳди  дутарафа)  ё  се  тараф  ва  ё  бештар  аз он   (аҳди бисёртарафа) зарур аст.
 
Аҳди яктарафа барои шахси анҷомдодаи аҳдҳо ӯҳдадориҳоро ба  миён  меорад. Он ӯҳдадориҳоро барои шахси дигар танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ё созишномаи ин ашхос ба миён оварда метавонад.
 
Нисбати аҳди яктарафа  мутобиқан муқаррароти умумӣ дар бораи ӯҳдадориҳо ва шартномаҳо (фасли III)  истифода  мешаванд, зеро ин хилофи қонун, табиат ва моҳияти аҳд нест.
 
1. Агар тарафҳо ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориро аз шарте вобаста донанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, аҳд бо шарти батаъхир анҷомдодашуда эътироф карда мешавад.
2. Агар тарафҳо қатъи ҳуқуқу ӯҳдадориро ба шарте вобаста карда бошанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, аҳд бо шарти бекоркунӣ анҷомёфта  эътироф  карда мешавад.
3. Агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона монеъ шуда бошад, ки фаро расидани он ба манфиаташ нест, шарт фарорасида эътироф карда мешавад.
Агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона мусоидат карда бошад,  ки  фаро расидани  он  ба  манфиаташ аст,  шарт  фаро нарасида эътироф карда мешавад.
 
1. Аҳд  шифоҳӣ (даҳонӣ) ё хаттӣ (оддӣ ё нотариалӣ) баста  мешавад.
2. Аҳде, ки мумкин аст шифоҳӣ баста шавад, дар он сурат низ анҷомёфта дониста мешавад,  ки рафтори шахс ба азму  хоҳиши бастани аҳд шаҳодат медиҳад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё созишномаи тарафҳо сукут ифодаи иродаи бастани аҳд дониста мешавад.
4. Агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, аҳде, ки бо додани жетон, чипта (билет) ё аломати дигари одатан қабулшуда тасдиқ гардидааст,   анҷомдодашуда эътироф карда мешавад.
 
1. Аҳде, ки дар қонун ё созишномаи тарафҳо барои он шакли хаттӣ  (оддӣ ё нотариалӣ)  муқаррар нагардидааст, метавонад шифоҳӣ баста шавад.
2. Агар  дар  созишномаи  тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ҳамаи  аҳдҳои ҳангоми  бастан иҷрошаванда, ба истиснои аҳдҳое, ки барои онҳо шакли  нотариалӣ муқаррар шудааст ва аҳдҳое, ки бинобар риоя  накардани шакли оддии  хаттиашон  беэътибор  мегарданд, метавонанд ба таври шифоҳӣ баста шаванд.
3. Аҳд бо мақсади иҷрои шартномаи дар  шакли  хаттӣ басташуда бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст шифоҳӣ баста шавад, ба шарте ки ин  хилофи қонун  ё  шартнома  набошад.
 
1. Аҳди хаттӣ бояд бо тартиб додани ҳуҷҷате баста шавад, ки мавзӯи онро ифода  карда,  аз ҷониби як ё ҷамъи каси аҳдбаста ё шахси ба тариқи  дахлдор  ваколатдори онҳо имзо шудааст.
Дар қонунҳо ва созишномаи тарафҳо мумкин аст талаботи иловагие, ки шакли аҳд бояд ба он мутобиқат намояд (дар бланкаи дорои шакли муайян  ба имзо расондан,  мӯҳр гузоштан ва ғайра) муқаррар гардида, оқибати риоя накардани ин талабот пешбинӣ карда шавад. Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо чунин оқибат пешбинӣ  нагардида бошад, пас оқибати риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ истифода мешавад.
2. Ҳангоми бастани аҳд истифодаи акси айнии имзо бо ёрии воситаҳои нусхабардории механикӣ ё воситаи дигар,  имзои электронию рақамӣ ё шакли дигари имзои шахсӣ дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун ё созишномаи тарафҳо роҳ дода мешавад.
3. Агар дар қонун  ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад,  мубодилаи  мактуб, барқия (телеграмма), телефонограмма, телетайпограмма,   факс ва ҳуҷҷатҳои дигари муайянкунандаи субъектҳо ва мавзӯи ифодаи иродаашон  ба шакли хаттии анҷоми аҳдбандӣ баробар карда мешавад.
4. Агар  шаҳрванд бо сабаби иллати  ҷисмонӣ,  беморӣ ё бесаводӣ шахсан имзо гузошта натавонад, бо хоҳиши ӯ аҳдро шаҳрванди дигар  имзо карда метавонад. 
Имзои ин шаҳрванд бояд аз ҷониби нотариус ё мансабдори дигари барои  анҷоми чунин амали нотариалӣ ҳақдошта бо зикри сабабҳое, ки аҳдкунанда бо дасти худ имзо карда натавонистааст, тасдиқ карда шавад.
Вале ҳангоми бастани аҳди дар қисми 4, моддаи 210 ҳамин  Кодекс зикргардида ва додани  ваколатнома барои бастани онҳо имзои шахсе, ки аҳдро имзо мекунад,  инчунин мумкин аст аз ҷониби ташкилоте, ки дар он шаҳрванди бо дасти худ имзо карда наметавониста кор мекунад ё аз ҷониби маъмурияти муассисаи табобатии статсионарие,  ки ӯ дар он  табобат  меёбад,  тасдиқ карда шавад.
 
1. Аҳдҳои зерин ба истиснои аҳде, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, бояд дар шакли оддии хаттӣ баста шаванд:
а) аҳди шахси ҳуқуқӣ байни худ ва бо шаҳрвандон;
б) аҳди байни шаҳрвандон ба маблағе,  ки аз андозаи бо қонун муқарраргардидаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо на камтар аз бист маротиба бештар аст ва дар  ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, - сарфи назар аз маблағи аҳд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №850)
2. Барои аҳде, ки мутобиқи моддаи 184  ҳамин  Кодекс  метавонад ба  таври  шифоҳӣ баста шавад, риояи шакли  оддии хаттӣ талаб карда намешавад.
 
1. Риоя  накардани  шакли  оддии  аҳди  хаттӣ тарафҳоро аз ҳуқуқи  дар  мавриди  баҳс  ҷиҳати тасдиқи аҳд ва шартҳои он аз истинод ба баёноти шоҳидон маҳрум месозад, вале онҳоро аз ҳуқуқи овардани далелҳои хаттӣ  ва далелҳои дигар  маҳрум намесозад.
2. Дар ҳолатҳои бевосита дар қонун ё созишномаи тарафҳо зикргардида риоя  накардани  шакли оддии аҳди хаттӣ он беэътибор мегардад.
3. Риоя накардани шакли оддии аҳди хаттии робитаи иқтисодии хориҷӣ онро беэътибор мегардонад.
 
1. Аҳдҳои  аз ҷониби нотариус тасдиқгардида бо роҳи дар ҳуҷҷати ба талаботи моддаи 185 ҳамин  Кодекс  мутобиқаткунанда   аз ҷониби  нотариус  ё  мансабдори  барои анҷоми  чунин амали  нотариалӣ ҳуқуқдошта сабт  кардани  навиштаҷоти  тасдиқкунанда анҷом дода мешаванд.
2. Тасдиқи нотариалии аҳд дар ҳолати зайл ҳатмист:
а) дар ҳолатҳое, ки дар қонун зикр гардидааст;
б) бо талаби ҳар яке аз тарафҳо.
 
1. Аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул (бегона кардан, ипотека, иҷораи дарозмуддат,  мерос гирифтан  ва ғайра) бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
Тартиби бақайдгирии аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул  ва тартиб додани феҳрасти дахлдор бо қонун муайян карда мешавад.
2. Дар қонунҳо мумкин аст бақайдгирии давлатии аҳдҳои вобаста бо намудҳои муайяни молу мулки манқула муқаррар карда шавад.
 
1. Риоя накардани шакли нотариалӣ ё  талаботи  бақайдгирии давлатии аҳд боиси беэътибории он   мегардад. Чунин аҳд беэътибор дониста мешавад.
2. Агар яке аз тарафҳо аҳдеро,  ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, пурра ё  қисман иҷро карда,  тарафи дигар аз баррасмиятдарории аҳд саркашӣ намояд, суд ҳақ дорад, ки бо талаби тарафи  иҷронамудаи аҳд чунин аҳдро боэътибор донад. Дар ин ҳолат барасмиятдарории минбаъдаи аҳд  зарур   нест.
3. Агар аҳде, ки бақайдгирии давлатиро талаб мекунад, дар шакли дахлдор баста шуда бошад,  вале  яке аз тарафҳо аз бақайдгирии он саркашӣ намояд, суд ҳақ дорад бо талаби тарафи дигар дар хусуси ба қайд гирифтани он қарор қабул кунад. Дар ин ҳолат аҳд мутобиқи қарори суд ба қайд гирифта мешавад.
4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда тарафе, ки беасос аз тасдиқи нотариалӣ ё ба қайдгирии  давлатии аҳд саркашӣ менамояд, бояд ба  тарафи  дигар зиёни аз таъхири бастани аҳд ва ба қайдгирӣ расидаро ҷуброн намояд.
 
 
1. Аҳд аз рӯи асосҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо  сабаби онро беэътибор донистани суд (аҳди мавриди баҳс) ё сарфи назар аз чунин эътироф  (аҳди  беэътибор) беэътибор дониста мешавад.
2. Талаби беэътибор донистани аҳди баҳснок метавонад ба шахси дар ҳамин Кодекс зикргардида пешниҳод  карда шавад.
Истифодаи оқибати аҳди беэътиборро ҳар шахси манфиатдор талаб карда метавонад. Суд  ҳақ дорад, ки чунин оқибатро бо ташаббуси худ истифода намояд.
 
1. Аҳди  беэътибор,  ба истиснои оқибате, ки бо беэътибории он алоқаманд аст, боиси оқибати ҳуқуқӣ намегардад ва аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад.
2. Дар сурати беэътибории аҳд, агар дар қонун оқибати дигари беэътиборӣ пешбинӣ нагардида бошанд, ҳар тараф вазифадор аст, ки ба тарафи дигар тамоми молу мулки аз рӯи аҳд гирифтаашро баргардонад ва агар дар шакли асл (натура) баргардонидани молу мулки гирифташуда имконнопазир бошад (аз ҷумла дар ҳолате ки ашёи гирифта  дар  истифодаи  молу мулк,  кори  иҷрошуда ё  хизматрасонӣ  ифода гардида бошад),  арзиши онро бо пул ҷуброн намояд.
3. Агар аз мазмуни аҳди баҳснок маълум гардад, ки он минбаъд метавонад қатъ  карда шавад, суд аҳдро беэътибор дониста, амали онро барои давраи оянда қатъ менамояд.
 
Аҳде, ки  хилофи талаботи қонун аст, эътибор надорад ба шарте ки қонун баҳснок будани чунин аҳдро муқаррар нанамояд ё дар он оқибати дигари   қонуншиканӣ пешбинӣ  нагардида бошад.
 
Аҳде, ки ошкоро бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ё ахлоқ баста шудааст, эътибор надорад.
Дар сурати нияти ғаразнок доштани ҳар ду тарафи чунин аҳд, агар аҳдро ҳар ду тараф иҷро карда бошанд, тамоми даромади аз ин аҳд бадастовардаи онҳо ба ҳисоби даромади давлат рӯёнида мешавад ва агар аҳдро як тараф иҷро карда бошад, аз тарафи  дигар тамоми даромад ва молу мулки гирифтааш ва тамоми молу мулке, ки он мебоист бар ивази даромад ва молу мулки гирифташуда ба тарафи аввал диҳад, ба фоидаи давлат рӯёнида мешавад.
Дар сурати нияти ғаразнок доштани танҳо як тарафи чунин аҳд, он  бояд  тамоми даромади аз рӯи аҳд гирифтаашро ба тарафи дигар баргардонад, аммо даромаде, ки тарафи ғаразнок амал карда гирифтааст  ё бояд мувофиқи аҳди иҷрошуда мегирифт, ба он дода шавад,  ба фоидаи давлат рӯёнида мешавад.
 
1. Аҳди рӯякӣ, яъне аҳде, ки танҳо рӯякӣ, бидуни нияти барои он бунёд намудани оқибати дахлдори ҳуқуқӣ баста шудааст, эътибор надорад.
2. Аҳди қалбакӣ, яъне аҳде, ки бо мақсади рӯйпӯш намудани аҳди дигар баста шудааст, эътибор надорад. Нисбати аҳде, ки тарафҳо воқеан  дар  назар  дошта  буданд, бо назардошти хусусияти аҳд,  қоидаҳои  ба  он  дахлдор  истифода мешаванд.
 
1. Аҳде, ки шаҳрванди дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ғайри қобили амал эътирофгардида бастааст, эътибор   надорад.
Ҳар яке аз тарафҳои чунин аҳд вазифадор аст, ки ба тарафи дигар тамоми  молу мулки гирифтаашро дар шакли асл (натура) баргардонад ва дар сурати  имконнопазирии дар шакли натура баргардонидани молу мулки гирифташуда  арзиши онро бо пул ҷуброн намояд.
Агар тарафи қобили амал ғайри қобили амал будани тарафи дигарро дониста бошад ё  мебоист донад, тарафи қобили амал ғайр аз ин вазифадор аст,  ки ба тарафи дигар зиёни воқеии ба он расонидашударо ҷуброн намояд.
2. Ба манфиати шаҳрванде, ки бо сабаби бемории рӯҳӣ ғайри қобили амал эътироф гардидааст, аҳди бастаи ӯ бо талаби васиаш аз тарафи суд боэътибор эътироф карда мешавад, агар чунин аҳд ба фоидаи он баста шуда бошад.
 
1. Аҳде, ки ноболиғ (хурдсол)-и то чордаҳсола нарасида бастааст, эътибор надорад. Нисбати чунин  аҳд қоидаҳои дар сарсатрҳои дуюм ва сеюми қисми 1, моддаи 196 ҳамин   Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.
2. Агар аҳди бастаи хурдсол ба манфиаташ  бошад, суд метавонад бо талаби волидайн, фарзандхондагон ё васии ӯ аҳди бастаашро, ки ба манфиати ӯ аст, боэътибор  эътироф намояд.
3. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои хурди маишӣ ва аҳдҳои дигари хурдсолон, ки онҳо мутобиқи моддаи 29 ҳамин Кодекс ба мустақилона бастани онҳо ҳақ доранд, дахл надорад.
 
Аҳдеро, ки шахси ҳуқуқӣ хилофи мақсади фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он аниқ маҳдудгардида ё шахси ҳуқуқие бастааст, ки барои машғул шудан ба фаъолияти дахлдор иҷозатнома (литсензия) надорад, агар исбот   шуда бошад,  ки тарафи дигари аҳд ғайриқонунӣ будани онро медонист ё баръало мебоист донад, бо даъвои ин шахси ҳуқуқӣ, муассис (иштирокчӣ) он ё мақоми давлатии ба фаъолияти шахси ҳуқуқӣ назораткунанда суд метавонад беэътибор эътироф намояд.
 
Агар ваколати шахс барои бастани аҳд  бо шартнома ё ваколати мақоми шахси  ҳуқуқӣ  бо ҳуҷҷатҳои таъсиси он дар муқоиса бо ваколатҳои дар ваколатнома ё қонун муайяншуда маҳдуд  гардида бошад ё вобаста ба шароити бастани аҳдҳо тибқи қонун яқин донистани он мумкин бошад ва чунин шахс ё мақом аз доираи ин маҳдудиятҳо барояд, суд бо даъвои шахсе, ки маҳдудиятҳо ба манфиати ӯ муқаррар гардидаанд,  танҳо дар ҳолате  метавонад  аҳдро беэътибор эътироф намояд, ки тарафи дигари аҳд  дар хусуси  маҳдудиятҳои  мазкур   бараъло медонист ё  мебоист донад.
 
1. Аҳде,  ки ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бидуни ризои волидайн, фарзандхондагон  ё  парасторони худ бастааст, агар чунин ризоят мутобиқи моддаи  27  ҳамин Кодекс зарур бошад, мумкин аст бо даъвои волидайн, фарзандхондагон ё  парасторон аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад.  Агар чунин аҳд беэътибор   дониста  шавад,  мутобиқан қоидаҳои дар сарсатрҳои дуюм ва сеюми қисми 1,  моддаи  196  ҳамин  Кодекс  пешбинигардида татбиқ мешаванд.
2. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои ноболиғоне, ки дорои қобилияти пурраи амал гардидаанд  (қисми  2,  моддаи  22, моддаи 28  ҳамин   Кодекс), дахл надоранд.
 
 
1. Аҳди ихтиёрдории молу мулкро, ки шаҳрванди қобилияти амалаш дар натиҷаи сӯиистеъмоли  машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда аз ҷониби суд маҳдудгардида бидуни  ризоии парастораш бастааст, суд  метавонад  бо  даъвои  парастор беэътибор   эътироф намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
Агар чунин аҳд беэътибор дониста шавад, мутобиқан қоидаҳои дар қисми 1, моддаи 200 ҳамин  Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.
2. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои хурди маишие, ки шаҳрванди қобилияти амалаш маҳдудкардашуда мутобиқи моддаи 31 ҳамин Кодекс ҳақ дорад, мустақилона бандад, дахл надоранд.
 
1. Суд метавонад аҳди шаҳрвандеро, ки қобили амал бошад ҳам, вале дар лаҳзаи бастани  он  дар ҳолате қарор дошт,  ки амалҳои худро дарк намекард ё ба идораи  онҳо қобилият надошт, бо даъвои ин шаҳрванд ё шахси дигаре, ки ҳуқуқ ё манфиати қонунан ҳифзшавандаашон дар натиҷаи бастани он халалдор гардидаанд, беэътибор донад.
2. Агар  исбот  гардад,  ки  дар  лаҳзаи  бастани  аҳд шаҳрванд барои дарки аҳамияти амали худ ё идораи он қодир набуд, суд метавонад аҳди бастаи шаҳрвандеро, ки баъдан ғайри қобили амал эътироф гардидааст, бо даъвои васии ӯ беэътибор донад.
3. Агар аҳд дар асоси ҳамин модда беэътибор дониста шавад, мутобиқан  қоидаҳои бандҳои якум ва дуюми қисми 1, моддаи 196  ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода мешаванд.
 
1. Суд  метавонад  аҳди  дар натиҷаи гумроҳӣ бастаро, ки аҳамияти муҳим дорад, бо даъвои тарафе, ки дар асари гумроҳӣ амал кардааст, беэътибор эътироф намояд.
Гумроҳӣ доир ба табиати аҳд,  шабоҳат  ё чунин  сифатҳои мавзӯи он дорои аҳамияти муҳим мебошанд, ки имкониятҳои аз рӯи таъинот истифода  намудани онро  хеле кам мекунанд. Гумроҳӣ доир ба сабабҳои аҳд дорои аҳамияти муҳим намебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
2. Агар  аҳд  ҳамчун  аҳди бар асари гумроҳӣ басташуда беэътибор  дониста  шавад,  мутобиқан қоидаҳои дар қисми 2, моддаи 192 ҳамин  Кодекс пешбинигардида  татбиқ мешаванд.
Ғайр аз ин, тарафе,  ки  бо  даъвои  он  аҳд  беэътибор   дониста шудааст,  агар исбот кунад, ки гумроҳӣ бо гуноҳи тарафи дигар рӯй додааст,  ҳақ дорад аз тарафи дигар  ҷуброни зиёни воқеиро талаб намояд. Агар ин исбот нашуда бошад, тарафе, ки бо даъвои он аҳд беэътибор дониста шудааст, ҳатто  агар гумроҳӣ бар  асари вазъияте  рух дода бошад,  ки ба тарафи  гумроҳшуда вобаста нест,  вазифадор аст,  бо талаби  тарафи  дигар   зиёни воқеии ба он расидаро ҷуброн намояд.
 
1. Суд  метавонад  аҳдеро,  ки  бо  фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши  бадқасдонаи  намояндаи  як тараф бо тарафи дигар баста шудааст,  инчунин аҳдеро, ки шахс бо сабаби шароити  вазнин  бо  шартҳои барояш тамоман бефоида,  маҷбуран бастааст ва  тарафи дигар аз он истифода намудааст (аҳди асоратовар), бо даъвои ҷабрдида беэътибор донад.
2. Агар  аҳд бо яке аз асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида беэътибор дониста шавад,  тарафи дигар ба ҷабрдида тамоми молу мулки аз рӯи аҳд гирифтаашро бармегардонад ва агар баргардонидани  молу мулк  имконнопазир  бошад, арзиши онро бо пул ҷуброн менамояд.
Молу мулке, ки ҷабрдида аз рӯи аҳд аз тарафи дигар гирифтааст, инчунин молу мулки ба тарафи дигар додаи он, ки  бояд ба он  ҷуброн карда шавад, ба фоидаи давлат рӯёнида  мешавад. Дар сурати имконнопазирии дар шакли асл (натура) ба  фоидаи давлат  додани  молу мулк  арзиши он  бо пул рӯёнида мешавад. Ғайр аз ин тарафи дигар ба ҷабрдида зиёни воқеии ба он расонидашударо ҷуброн менамояд.
 
Агар тахмин  кардан мумкин  бошад, ки аҳд бидуни дохил кардани қисми беэътибори он ҳам метавонист баста шавад, аз ин қисмҳои дигари аҳд беэътибор  намегардад.
 
1. Даъво дар мавриди истифодаи оқибати беэътибории аҳди беэътибор  метавонад  дар  давоми  се  соли пас аз  оғози иҷрои он пешниҳод карда шавад.
2. Даъво дар мавриди беэътибор донистани аҳди баҳснок ва истифодаи оқибати беэътибории он дар давоми се соли пас аз қатъ гардидани зӯроварӣ ё таҳдиде,  ки аҳд  таҳти таъсири  он  баста  шуда буд (қисми 1,  моддаи 204) ва ё аз рӯзе, ки даъвогар дар хусуси шароити дигаре, ки асоси беэътибор донистани аҳд мебошад, хабар ёфтааст ё мебоист хабар ёбад, пешниҳод карда  шуданаш мумкин аст.
 
 
1. Аҳде,  ки  як  шахс  (намоянда) аз номи шахси дигар  (вакилкунанда) дар асоси ваколати бо ваколатнома, нишондоди қонун ё санади  мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ асосёфта баста шудааст, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои граждании вакилкунандаро бевосита ба вуҷуд меорад, тағйир  медиҳад ё қатъ мегардонад.
Ваколат инчунин  метавонад  вобаста ба вазъе  зоҳир  гардад,  ки  намоянда дар он амал  мекунад  (фурӯшанда дар  савдои  чакана, хазинадор (кассир) ва ғайра).
2. Ашхосе, ки гарчанд ба манфиати дигарон аст, вале аз номи худ амал мекунанд (миёнаравони тиҷоратӣ, мудирони озмун (тендер) ҳангоми муфлисӣ, васиён ҳангоми меросгирӣ ва ғайра), инчунин ашхосе, ки  барои анҷоми гуфтушунид дар мавриди аҳдҳои дар оянда имкондошта ваколатдор шудаанд, намоянда   намебошанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1334).
3. Намоянда аз номи ваколатдиҳанда  ба  манфиати  худ  аҳд баста  наметавонад. Ӯ  чунин аҳдҳоро ба манфиати шахси дигаре, ки ҳамзамон намояндаи ӯ низ мебошад, ба  истиснои ҳолатҳои намояндагии тиҷоратӣ  баста наметавонад.
4. Ба воситаи намоянда бастани аҳде, ки бо хусусияти худ метавонад танҳо шахсан баста шавад, инчунин аҳдҳои дигари дар қонун зикргардида роҳ дода намешавад.
 
1. Дар  сурати  набудани ваколати амал кардан аз номи шахси дигар ё баромадан аз доираи чунин ваколат, агар  шахси дигар (ваколатдиҳанда)  минбаъд чунин  аҳдро бевосита маъқул донад, аҳд аз номи шахси анҷомдодаи он ва ба манфиати ӯ суратгирифта эътироф карда мешавад.
2. Аз ҷониби шахси намояндагикунанда минбаъд маъқул дониста шудани аҳд барои ӯ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданиро аз рӯи ин аҳд аз лаҳзаи анҷом дода шуданаш ба вуҷуд меорад, тағйир медиҳад ва қатъ менамояд.
 
1. Шахсе намояндаи  тиҷоратӣ мебошад, ки мунтазам ва мустақилона аз номи соҳибкорон ҳангоми бастани шартнома дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ намояндагӣ мекунад.
2. Намояндагии тиҷоратии тарафҳои мухталифи аҳд ҳамзамон бо ризояти ин тарафҳо ва дар ҳолатҳои дигари дар қонун пешбинигардида роҳ дода мешавад.  Зимнан  намояндаи  тиҷоратӣ вазифадор аст, ки супориши гирифтаашро чун соҳибкори муқаррарӣ ғамхорона иҷро кунад.
Намояндаи тиҷоратӣ ҳақ  дорад,  ки  аз тарафҳои шартнома ба ҳиссаҳои баробар пардохтани мукофотпулии шартшуда ва ҷуброни маблағи ҳангоми иҷрои супориш харҷкардаашро, агар дар созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, талаб намояд.
3. Намояндагии тиҷоратӣ дар асоси шартномае,  ки дар шакли  хаттӣ баста  шуда,  нишондодҳоро  ба ваколати намоянда дар бар мегирад ва дар сурати набудани чунин нишондодҳо, инчунин дар  асоси ваколатнома ба амал бароварда мешавад.
Намояндаи тиҷоратӣ вазифадор аст, ки маълумоти барояш маълумгардидаи аҳдҳои тиҷоратиро пас аз иҷрои супориши  гирифтааш низ махфӣ нигоҳ дорад.
4. Хусусиятҳои намояндагии тиҷоратӣ дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ бо қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд.
 
1. Ваколатнома  аз ҷониби як шахс  ба шахси дигар додани ваколати хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дониста мешавад. Ваколатдиҳанда метавонад ваколатномаро  барои  аҳд бастани намоянда бевосита  ба шахси сеюми дахлдор диҳад.
2. Ваколатнома барои бастани аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд аз ҷониби  нотариус тасдиқ карда шавад.
3. Ба ваколатномаҳои тасдиқкардаи нотариус ваколатномаҳои зайл баробар карда мешаванд:
а) ваколатномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва шахси дигари дар госпиталҳо, санаторияҳо ва муассисаҳои дигари ҳарбии табобати  муолиҷашаванда, ки аз ҷониби сардори чунин муассиса, муовини ӯ оид ба қисми тиббӣ, сардухтур ё духтури навбатдор тасдиқ шудааст;
б) ваколатномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар маҳалҳои ҷойгиршавии қисмҳо, ҷузъу томҳо, муассисаҳои ҳарбӣ ва таълимгоҳҳои ҳарбӣ, ки идораҳои нотариалӣ ва мақомоти дигари анҷомдиҳандаи амалҳои нотариалӣ надоранд, инчунин  ваколатномаи коргарону хизматчиён, аъзои оилаҳои онҳо ва аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз ҷониби командири (сардори)-и ин қисм, ҷузъу том, муассиса ё таълимгоҳ тасдиқ шудаанд;
в) ваколатномаи шахси дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон қарордошта, ки  аз  ҷониби  сардори маҳбасхонаи дахлдор  тасдиқ кардааст;
г) ваколатномаи шаҳрвандони болиғи қобили амали дар муассисаҳои ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  қарордоштае,  ки аз ҷониби маъмурияти ин муассиса ё роҳбари (муовини ӯ)  мақоми  дахлдори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардидааст.
4. Ваколатнома  барои гирифтани музди меҳнат ва пардохтҳои дигари марбут  ба муносибатҳои меҳнатӣ, барои гирифтани мукофотпулии муаллифону ихтироъкорон,  нафақаю ёрдампулӣ ва стипендияҳо, пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ва барои  гирифтани муросилот, аз ҷумла муросилоти пулӣ ва молу мулкӣ аз ҷониби ташкилоте, ки  ваколатдиҳанда дар он кор ё таҳсил мекунад, ташкилоти истифодаи манзилгоҳи  маҳали зисти ӯ ва маъмурияти беморхонае,  ки дар он ӯ муолиҷа мегардад, тасдиқ шуда метавонад.
          Ваколатномае, ки бо телеграф ва ҳамчунин аз тариқи намудҳои дигари алоқа ирсол мегардад,
ба шарте  ки ҳуҷҷатҳоро кормандони алоқа фиристанд, аз тарафи мақомоти алоқа тасдиқ карда мешавад.
5. Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бо имзои роҳбари он ё шахси дигари тибқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ба ин  кор  ваколатдори он ва гузоштани мӯҳри ин ташкилот дода мешавад.
Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқии ба моликияти давлатӣ асосёфта барои  гирифтан  ё  додани  пул  ва  неъматҳои дигари молу мулкӣ инчунин бояд аз ҷониби сармуҳосиби (муҳосиби калон) ин ташкилот имзо карда шавад.
 
1. Мӯҳлати амали ваколатнома зиёда аз се сол буда наметавонад. Агар  дар ваколатнома мӯҳлат нишон дода нашуда  бошад, он эътибори худро дар давоми як соли пас аз санаи  дода шуданаш нигоҳ медорад.
Ваколатномае, ки санаи  дода  шуданаш  зикр наёфтааст, эътибор надорад.
2. Ваколатномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудае, ки барои анҷоми амалҳо дар хориҷа пешбинӣ гардида, дар хусуси мӯҳлати эътибори он ишорае надорад, то аз ҷониби шахси ваколатномаро дода бекор карда шуданаш эътибор дорад.
 
1. Шахсе, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст, амалҳоеро, ки барои иҷрояшон ваколатдор шудааст, бояд шахсан анҷом диҳад. Агар дар ваколатнома чунин ваколат дода шуда бошад ё шахс барои ҳифзи манфиати шахси ваколатномаро дода ба  ин кор маҷбур бошад,  ӯ метавонад иҷрои ин амалҳоро ба шахси дигар вогузор намояд.
2. Шахсе, ки ваколаташро ба шахси дигар вогузоштааст, бояд дар ин хусус шахси ваколатнома додаро огоҳ сохта, дар бораи шахсе, ки ба ӯ ваколаташро вогузоштааст,  маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ шахси ваколаташро вогузоркарда барои амалҳои шахсе, ки соҳиби ваколат шудааст, ҳамчун амалҳои худ масъулият бар дӯш мегирад.
3. Ваколатномае, ки мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4, моддаи 210 ҳамин  Кодекс пешбинигардида  бояд дар идораи  нотариус тасдиқ карда  шавад.
4. Мӯҳлати амали ваколатномаи мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат додашуда набояд аз мӯҳлати амали ваколатномае,  ки дар  асоси он дода шудааст, зиёдтар  бошад.
 
1. Амали ваколатнома дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
         а) иҷрои амалҳое, ки дар ваколатнома пешбинӣ гардидаанд;
б) гузаштани мӯҳлати ваколатнома;
в) ваколатномаро бекор кардани шахсе, ки онро додааст;
г) даст кашидани шахсе, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст;
д) катъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки аз номи он ваколатнома дода шудааст;
е) қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки ба он ваколатнома дода шудааст;
ж) вафот кардани шаҳрванде, ки ваколатнома додааст, ғайри  қобили амал, дорои қобилияти маҳдуди амал ё бедарак эътироф гардидани ӯ;
з) вафот кардани шаҳрванде, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст, ғайри қобили  амал, дорои қобилияти маҳдуди амал ё бедарак  эътироф гардидани ӯ.
2. Шахсе,  ки ваколатнома додааст, метавонад ҳар  вақт ваколатнома ё ба шахси дигар вогузор намудани ваколатро бекор кунад ва шахсе, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст, метавонад аз он даст  кашад. Созишнома дар бораи даст кашидан аз ин ҳуқуқ эътибор надорад.
3. Бо қатъи ваколатнома ба шахси дигар вогузор намудани ваколат низ беэътибор мегардад.
 
1. Шахсе,  ки  ваколатнома  дода,  минбаъд онро бекор  кардааст, вазифадор аст дар хусуси бекор кардани он ба шахсе,  ки ваколатнома дода шудааст, инчунин ба шахси  сеюми ба ӯ маълуме, ки  ваколатнома  барои  намояндагӣ  дар наздашон дода шудааст, маълум созад.  Дар сурати бо сабабҳои дар  зербандҳои   ж) ва  з) қисми  1 моддаи 213 ҳамин Кодекс зикргардида қатъ  гардидани ваколатнома, чунин  ӯҳдадорӣ ба зиммаи  ворисони  ҳуқуқии шахсе гузошта мешавад, ки ваколатномаро додааст.
2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи амали шахси ваколатнома гирифта ба миён омадааст, то лаҳзае  ки ин шахс  дар  хусуси  қатъ гардидани он огоҳӣ ёфтааст ё  мебоист огоҳӣ ёбад, барои шахси ваколатнома додагӣ  ва ворисони ҳуқуқии ӯ нисбати шахси сеюм эътибор доранд. Агар шахси сеюм беэътибор будани ваколатномаро дониста бошад ё бояд медонист, ин қоидаҳо истифода намешаванд.
3. Пас аз беэътибор шудани ваколатнома шахсе, ки онро гирифтаст  ё ворисони ҳуқуқии ӯ,  вазифадоранд,   ваколатномаро фавран баргардонанд.
 
 
 
Мӯҳлати дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё аҳд муқарраргардида ё аз ҷониби суд таъингардида бо санаи тақвим ё гузаштани давраи вақте муайян мегардад, ки бо сол, моҳ, ҳафта, рӯз ё соат ҳисоб карда мешавад.
Мӯҳлат мумкин аст бо ишора ба ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад, низ  муайян карда  мешавад.
 
Ҷараёни мӯҳлати бо давраи вақт муайянгардида дар рӯзи дигари пас аз санаи тақвимӣ ё фаро расидани ҳодисае оғоз  меёбад, ки  бо он муайян шудаааст.
 
1. Мӯҳлате,  ки бо солҳо ҳисоб карда мешавад, дар  моҳу санаи дахлдори соли охири мӯҳлат хотима меёбад.
Нисбати мӯҳлате, ки ним сол  муайян  шудааст,  қоидаҳои барои мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшаванда истифода  мешаванд.
2. Ба  мӯҳлате,  ки  бо семоҳаҳои сол ҳисоб карда мешавад, қоидаҳо барои мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшаванда истифода бурда мешаванд. Дар  айни  замон ҳисоби семоҳа аз аввали сол шурӯъ мешавад.
3. Мӯҳлате,  ки бо моҳҳо ҳисоб карда  мешавад,  дар  санаи дахлдори моҳи охири мӯҳлат хатм меёбад.
Мӯҳлате, ки ним моҳ муайян шудааст, ҳамчун мӯҳлати бо рӯз ҳисобкардашаванда  шуморида  шуда,  баробар  ба  понздаҳ  рӯз  дониста мешавад.
Агар хатми  мӯҳлати бо моҳ ҳисобшаванда ба моҳе рост ояд,  ки санаи  дахлдор  надорад,  пас  мӯҳлат дар рӯзи охирини ҳамин моҳ хотима меёбад.
4. Мӯҳлате, ки бо ҳафта ҳисоб карда мешавад, дар рӯзи дахлдори ҳафтаи охирини мӯҳлат хотима меёбад.
 
Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи хатми мӯҳлат рӯзи наздиктарини кории баъди он фаро расида ба ҳисоб меравад.
 
1. Агар барои иҷрои ягон амал мӯҳлат муайян шуда бошад, онро то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат анҷом додан мумкин аст.
Вале агар ин амал дар ягон ташкилот бояд анҷом дода шавад, пас мӯҳлат дар  ҳамон соате ба охир мерасад, ки иҷрои амали дахлдор дар ин ташкилот мутобиқи тартиби муқарраргардида қатъ карда мешавад.
2. Аризаҳои хаттӣ ва огоҳиномаҳое, ки ба ташкилотҳои алоқа то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат супорида шудаанд, дар мӯҳлати муайян супоридашуда ба ҳисоб мераванд.
 
 
1. Мӯҳлати даъво мӯҳлатест,  ки дар давоми он  талаби даъвои аз сабаби вайрон кардани ҳуқуқи шахс ё манфиати қонунан ҳифзшудааш ба миён омадааст, қонеъ карда шуданаш мумкин аст.
2. Мӯҳлати  даъво  ва  тартиби ҳисоби он тибқи қонун пешбинӣ гардида, онро  бо  шартномаи  байни  тарафҳо тағйир  додан мумкин нест.
3. Асоси боздошт ё танаффуси мӯҳлати даъворо ҳамин Кодекс  ва дигар қонунҳо муқаррар мекунанд.
 
Мӯҳлати умумии даъво се сол муқаррар карда мешавад.
 
1. Барои  навъҳои алоҳидаи даъво қонун метавонад мӯҳлатҳои махсуси даъвои нисбат ба  мӯҳлати  умумӣ  камтар  ё  бештарро муқаррар намояд.
2. Қоидаҳои моддаҳои 220,  223-230 ҳамин Кодекс агар дар қонун тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад, инчунин ба  мӯҳлатҳои махсус  низ татбиқ мегардад.
 
1. Дархостро оиди ҳифзи ҳуқуқи вайронгардида сарфи назар аз гузашти  мӯҳлати  даъво суд ҷиҳати баррасӣ қабул мекунад.
2. Мӯҳлати даъворо суд танҳо тибқи аризаи тарафи иштирокчии баҳс, ки то қабул гардидани қарори суд арз шудааст, татбиқ менамояд.
Гузашти мӯҳлати даъво, ки аз татбиқи он тарафи иштирокчии баҳс арз кардааст, барои радди даъво қарор қабул кардани суд асос шуда метавонад.
Бо гузашти  мӯҳлати  даъво оид ба талаби асосӣ  инчунин  мӯҳлати даъво оид ба талаби иловагӣ (дар бораи талаб карда гирифтани ҷаримаи аҳдшиканӣ, оид ба масъулияти кафил ва ғайра)   низ  хотима меёбад.
 
1. Тартиби баҳисобгирии мӯҳлати даъво мутобиқи қоидаҳои умумии баҳисобгирии  мӯҳлати  даъво,  ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.
2. Ҷараёни мӯҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон  гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад.  Истиснои ин қоидаро ҳамин  Кодекс  ва  дигар қонунҳо муқаррар мекунанд.
3. Мутобиқи ӯҳдадориҳои дорои мӯҳлати иҷро ҷараёни мӯҳлати иҷрои даъво баъди  хатми  мӯҳлати  иҷро оғоз меёбад.
Мутобқи ӯҳдадориҳое, ки мӯҳлати иҷрои онҳо муайян нашудааст ё бо лаҳзаи пасталабкунӣ муайян гардидааст, ҷараёни мӯҳлати даъво аз лаҳзае оғоз меёбад, ки қарздиҳанда ҳуқуқи пешниҳоди талаботи  иҷрои ӯҳдадориро пайдо мекунад ва агар ба   қарздор барои иҷрои  чунин талаб мӯҳлати имтиёзнок дода шавад, баҳисобгирии мӯҳлати  даъво  пас аз   хатми иҷрои мӯҳлати мазкур оғоз меёбад.
4. Дар  мавриди ӯҳдадориҳои акс (регрессивӣ) ҷараёни  мӯҳлати даъво аз лаҳзаи иҷрои ӯҳдадориҳои асосӣ оғоз меёбад.
 
Иваз шудани шахс дар ӯҳдадорӣ боиси тағйир ёфтани мӯҳлати даъво ва тартиби баҳисобгирии он шуда наметавонад.
 
1. Ҷараёни мӯҳлати  даъво  дар  ҳолатҳои  зайл   боздошта мешаванд:
а) агар барои арзи  даъво  дар  шароити  мавҷуда ҳолатҳои фақулодда ё ногувор  (нерӯи  бартараф карда нашаванда) халал расонида   бошад;
б) агар  даъвогар ё ҷавобгар дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда бошад,  ки ба  ҳолати  низомӣ  (ҳарбӣ)  гузаронида   шудааст;
в) дар ҳолати дар асоси қонун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани  ба таъхир гузоштани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ (мораторий);
г) ҳангоми боздошти амали қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои дахлдорро танзим менамояд;
д) агар шахси ғайри  қобили  амал намояндаи қонунӣ надошта бошад;
е) дар дигар ҳолатҳо,  агар он бо қонунҳои махсус  пешбинӣ  гардида бошанд.
2. Ҷараёни мӯҳлати даъво ба шарте боздошта мешавад, ки агар ҳолатҳои дар ҳамин модда зикршуда дар шаш моҳи охири  мӯҳлати даъво ба миён омадаанд ё  идома доштанд ва агар ин мӯҳлат ба шаш моҳ баробар ё аз шаш  моҳ  камтар  бошад,  дар ҷараёни мӯҳлати даъво боздошта мешавад.
3. Аз рӯзи хотима ёфтани ҳолате, ки барои боздошти мӯҳлати даъво сабаб гардидааст, ҷараёни мӯҳлати он идома меёбад. Қисми боқимондаи мӯҳлат то шаш моҳ дароз карда мешавад ва  агар мӯҳлати даъво баробари шаш моҳ ё аз ин камтар бошад, он гоҳ то мӯҳлати даъво дароз карда мешавад.
 
Ҷараёни мӯҳлати даъво ҳангоми тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани даъво, инчунин ҳангоми аз ҷониби шахси  ӯҳдадор анҷом додани амале,  ки оид ба эътирофи қарз ё дигар ӯҳдадориҳо далолат мекунад, канда мешавад.
Пас аз  канда шудани мӯҳлати даъво ҷараёни он аз нав оғоз меёбад; вақте, ки то канда шудани мӯҳлат гузаштааст, ба  мӯҳлати нав ҳисоб карда намешавад.
 
Агар суд даъворо бе муҳокима  монда  бошад,  пас ҷараёни мӯҳлати даъво, ки  то арзи даъво оғоз ёфта буд,  тибқи тартиби умумӣ идома меёбад.
Агар суд даъворо, ки ба парвандаи ҷиноятӣ арз шудааст, бидуни муҳокима  монда бошад,  пас ҷараёни мӯҳлати даъво, ки то арзи даъво оғоз шуда буд, то  эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, ки мутобиқи он даъво мавриди муҳокима қарор нагирифтааст, боздошта мешавад;  вақте, ки дар давоми  он  мӯҳлати даъво боздошта  шуда  буд,  ба  мӯҳлати даъво ҳисоб карда намешавад. Дар айни замон агар қисми боқимондаи мӯҳлат камтар аз шаш моҳ бошад, он то шаш моҳ дароз карда мешавад.
 
1. Дар ҳолатҳое ки суд сабаби гузаронидани мӯҳлати даъворо вобаста ба шахсияти даъвогар (бемории  вазнин,  ҳолати оҷизона, бесаводӣ  ва  ғайра) узрнок  эътироф  кунад,  ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд ҳифз гардад. Сабабҳои гузаронидани мӯҳлати даъворо ҳангоме  узрнок  эътироф кардан  мумкин аст,  ки агар онҳо дар шаш моҳи охири мӯҳлати даъво ҷой доштанд ва  агар ин мӯҳлат баробар  ба шаш моҳ ё аз шаш моҳ камтар бошад, дар ҷараёни мӯҳлати даъво.
 
Қарздор ё дигар шахси ӯҳдадор,  ки ӯҳдадориашро баъди хатми мӯҳлати даъво иҷро кардааст,  ҳақ  надорад ӯҳдадории  иҷрокардаашро  пас  талаб намояд,  ҳарчанд дар лаҳзаи иҷро шахси мазкур аз гузашти мӯҳлати даъво огоҳ набошад.
 
Ба талаботи зерин мӯҳлати даъво татбиқ намегардад:
а) талабот оид ба ҳимояи ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ,  ба ғайр  аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;
б) талаботи амонатгузарон ба бонк оиди  пардохти амонат;
в) талабот  дар  мавриди  товони  зиёне, ки ба ҳаёт  ё саломатии шаҳрванд расонида  шудааст.  Аммо  талаботе,  ки  бо гузашти се  сол  аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқ ба товони чунин зиён арз шудааст, барои мӯҳлати гузашта, вале на бештар аз се соли аз рӯзи арзи  даъво қонеъ карда мешавад;
г) талаботи молик  ё  дигар  соҳиби  молу мулк оид ба рафъи ҳама гуна вайронкунии   ҳуқуқи ӯ, ҳарчанд ин вайронкуниҳо бо маҳрум кардан аз соҳибият алоқаманд  намебошанд   (моддаи 325);
д) талаботи  молик  ё дигар  ашхос дар бораи беэътибор донистани санади мақомоти идораи давлатӣ ва ҳокимиятӣ маҳаллӣ, ки ҳуқуқи шахси зикршударо ба соҳибият истифода ва ихтиёрдории молу мулки марбути онҳо вайрон мекунад;
е) дигар талабот дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.
 
 
 
1. Ҳуқуқи моликият ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект оид ба тибқи  салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкаш  мебошад.
2. Молик ҳуқуқ дорад молу мулки худро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд. Ҳуқуқи соҳибият аз имконияти ҳуқуқии таъминшударо ҳақиқатан татбиқ гардидани моликияти ҳуқуқи молу мулк иборат мебошад.
Ҳуқуқи истифодаи молу мулк имконияти қонунан аз молу мулк ба даст овардани  хосиятҳои табиии фоиданоки он ва ҳамчунин аз он фоида гирифтан аст. Фоида метавонад ба  тариқи даромад, афзоиши самар, насл ё шаклҳои дигар ба даст ояд.
Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ - ин имконияти аз ҷиҳати ҳуқуқӣ таъминшудаи муайян намудани тақдири ҳуқуқии молу мулк иборат мебошад.
3. Молик  ҳақ  дорад  мутобиқи  салоҳдиди худ нисбати молу мулкаш ҳама гуна амалро раво бинад,  аз ҷумла онро ба дигар ашхос фурӯшад, худ молик монаду ҳуқуқҳояшро дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк ба онҳо вогузорад, молу мулкро ба иҷора диҳад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ кунад.
4. Аз  ҷониби молик татбиқ намудани ҳуқуқҳояш набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи дигар ашхосро вайрон кунад. Вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи молик метавонад ҳамзамон бо дигар шаклҳо дар сӯиистифода аз вазъияти инҳисорӣ ва бартаридоштаи молик инъикос гардад.
Молик вазифадор аст  барои пешгирии зиёне воқеие, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳояш  ба саломатии шаҳрвандон ва муҳити атроф расида метавонад, тадбирҳо андешад.
5. Ҳуқуқи моликият бемӯҳлат мебошад. Ҳуқуқи моликияти молу мулк танҳо дар асоси пешбининамудаи ҳамин Кодекс маҷбуран қатъ шуданаш мумкин аст.
6. Тибқи ҳолатҳо, шарт ва ҳадди пешбининамудаи санади қонунӣ молик  вазифадор аст ба дигар ашхос ихтиёран истифодаи   маҳдуди молу мулки худро вогузорад.
 
1. Молик , агар дар  санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, масъулияти нигоҳдошти  молу мулки  худро  ба ӯҳда дорад ва наметавонад  якҷониба  ин  масъулиятро  ба зимаи шахси сеюм вогузорад.
2. Агар молу мулк ҳаққонӣ дар назди шахси сеюм қарор дошта бошад, пас  хароҷоти онҳо барои нигоҳдошти молу мулки ғайр бояд аз ҷониби молик пардохта шавад, ба шарте ки дар шартнома ё қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Ба шахсе, ки молу мулкро бевиҷдонона ё ғайриқонунӣ соҳибӣ кардааст, хароҷоти нигоҳдошти  он  пардохта намешавад (моддаи   324 ҳамин Кодекс).
 
1. Таваккали тасодуфан нобуд ё вайрон шудани молу мулк, агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад, ба зимаи молик гузошта мешавад.
2. Таваккали тасодуфан нобудшавии тасодуфӣ ё ногаҳон вайрон шудани молу мулки  бегона карда шуда, агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳамзамон бо ҳуқуқдории моликият шудан ба харидор мегузарад.
3. Агар шахси аз тасарруф бароваранда гунаҳкорона мӯҳлати додани молу мулкро гузаронида бошад ё бадастоваранда гунаҳкорона мӯҳлати қабули онро гузаронида бошад, таваккали  тасодуфан  нобуд  ё вайрон шудани молу мулк ба зимаи тарафе гузошта мешавад, ки  мӯҳлатро гузаронидааст.
 
1. Субъекти ҳуқуқи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва коллективҳо, воҳидҳои марзию маъмурӣ, давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ,  дигар шахси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии молу мулк ва имконоти татбиқи ҳуқуқи моликияти ҳар як моликро таъмин менамояд.
3. Қонун навъҳои молу мулкеро,  ки танҳо дар моликияти давлатӣ буда метавонанд, муайян менамояд.
 
1. Моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ) мавҷуд мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, ба шарте ки дар қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди шаклҳои мухталифи моликият шароити зарурии баробар
фароҳам меоварад ва ҳимояи онҳоро таъмин мекунад.
 
1. Моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқии ғайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо мебошад.
Моликияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилотҳои динӣ, шакли  махсуси моликияти хусусӣ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
2. Ба моликияти хусусӣ метавонад ҳама гуна молу мулк, ба ғайр аз шаклҳои  алоҳидаи молу мулк,  ки мутобиқи санади қонунӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ бошанд, дохил шавад.
Теъдод ва арзиши молу мулке, ки моликияти хусусӣ мебошад, маҳдуд карда намешавад.
 
1. Моликияти давлатӣ дар шакли моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ баромад мекунад.
2. Моликияти ҷумҳуриявӣ аз хазинаи ҷумҳуриявӣ ва молу мулке, ки мутобиқи  санади  қонунӣ ба шахси ҳуқуқии давлатии ҷумҳуриявӣ вобаста карда шудааст, иборат мебошад.
Маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ, захираи тиллоию асъор ва хазинаи алмос,  объектҳои моликияти истиснои (мутлақ)-и давлатӣ ва дигар молу мулки давлатӣ, ки ба шахси ҳуқуқии давлатӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
3. Моликияти коммуналӣ аз хазинаи маҳаллӣ ва молу мулке, ки мутобиқи санади қонунӣ ба  шахси ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда шудаанд, иборат мебошад.
Маблағҳои молу мулки буҷети маҳаллӣ ва дигар молу мулки коммуналӣ, ки ба шахси  ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи маҳаллиро ташкил медиҳанд.
4. Молу мулкеро, ки таҳти моликияти давлат қарор дорад, ба шахси ҳуқуқии давлатӣ дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ вобаста кардан мумкин аст.
 
1. Замин,  сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу  ҳайвонот, дигар боигарии табиӣ  моликияти истиснои давлатӣ мебошанд.
2. Хусусияти татбиқи ҳуқуқи моликият ба замин ва дигар захираҳои табииро ҳамин Кодекс,  қонуни замин ва дигар қонунҳо муқаррар менамоянд.
 
Хусусияти татбиқи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молу мулкиро ба манзил Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.
 
1. Ба ҳуқуқи молу мулкӣ дар баробари ҳуқуқи моликият инҳо дохил мешаванд:
а) ҳуқуқи истифодаи замин;
б) ҳуқуқи хоҷагидорӣ;
в) ҳуқуқи идораи оперативӣ;
г) дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ.
2. Ҳуқуқи истифодаи замин имконияти қонунии шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, яъне истифодабарандаи замин ҷиҳати истифодаи хосиятҳои фоидабахши он вобаста ба  мақсади таъиноти он  мебошад.  Истифодабарандаи замин инчунин ба молики қитъаи замин, ки таҳти истифодааш мебошад, ҳуқуқ дорад.
Асос ва  тартиби ҳуқуқдор шудан, тағйир ё қатъ ёфтани ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истифодабарандагони замин, аз ҷумла ба шахси дигар вогузор кардани ҳуқуқи  истифодаи заминро Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
 
 
1. Ҳуқуқи моликиятро ба моли наве, ки шахс барои худ, бо риояи қонун ва  дигар санади ҳуқуқӣ тайёр кардааст ё сохтааст, аз ҷониби ҳамин шахс ба даст оварда мешавад.
Ҳуқуқи  моликият ба  самара, маҳсулот, даромадеро, ки аз истифодаи молу мулк ба даст омадааст, дар  асоси  моддаи 149 ҳамин Кодекс соҳиб шудан мумкин аст.
2. Ҳуқуқи соҳибӣ ба молу мулкеро, ки молик дорад, шахси дигар дар асоси шартномаи хариду фурӯш, иваз,  тӯҳфа кардан ё дигар аҳдҳои аз ихтиёрдорӣ  баровардани молу мулк ба даст оварданаш мумкин аст.
Дар сурати фавти шаҳрванд ҳуқуқи моликият ба молу мулки ӯ тибқи васиятнома ё қонун чун мерос ба дигар ашхос мегузарад.
Дар сурати азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи моликият ба молу мулкаш ба шахси ҳуқуқии он - ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда мегузарад.
Бидуни ихтиёри  молик таҳти ихтиёрдории дигар шахс қарор додани молу мулки ӯ ба ғайр  аз ҳолатҳои  пешбининамудаи  ҳамин Кодекс  манъ аст.
Ҳуқуқи моликият ба молу мулке, ки ихтиёран (бо созиш) ё маҷбурӣ нисбати он рӯёниш татбиқ шудааст, бо риояи талаботи қонун ба даст оварда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1657)
3. Шахс тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад ба молу мулке,  ки соҳиб надорад, ба молу мулке, ки соҳибаш номаълум  аст ё ба молу мулке, ки  соҳибаш аз он даст кашидааст ё бо дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ҳуқуқи моликиятро аз даст додааст, ҳуқуқ пайдо кунад.
4. Аъзои кооперативи манзил, сохтмону манзил, бӯстонсаро, гараж ё дигар кооперативи ғайритиҷоратӣ дигар ашхосе, ки ба саҳмгузорӣ ҳақ дошта, саҳми худро барои манзил, бӯстонсаро, гараж ё дигар бинои аз тарафи ҳамин кооператив ба онҳо ҷудокарда пурра пардохтаанд,  ба молу мулки зикргардида ҳуқуқ пайдо мекунанд.
 
Ҳуқуқи моликият ба бино, иншоот ва дигар молу мулки ғайриманқули аз нав таъсисёбанда, ки бояд аз қайди  давлатӣ гузарад, аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ ба миён меояд.
 
1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи моликият  ба молу мулки нави манқул, ки шахс бо роҳи коркард аз масолеҳи бегонабуда тайёр  кардааст,  аз  тарафи  соҳиби масолеҳ ба даст оварда мешавад.
Вале дар сурати аз арзиши масолеҳ хеле баланд  будани арзиши коркард  ҳуқуқи моликии ӯро ба молу мулки нав шахсе пайдо мекунад, ки софдилона амал карда,   коркардро ба манфиати худ анҷом додааст.
2. Агар дар созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, соҳиби масолеҳ,  ки ба маҳсулоти аз  он тайёркардашуда ҳуқуқи моликият пайдо кардааст, вазифадор аст арзиши коркардро ба шахси ин амалро анҷомдода пардозад, дар ҳолати ҳуқуқдор шудани шахс ба моли нав бошад, шахси коркардро анҷомдода вазифадор аст ба соҳиби масолеҳ арзиши онро пардозад.
3. Молики масолеҳ, ки дар натиҷаи амали бевиҷдононаи шахси коркардро анҷомдода аз он маҳрум шудааст, ҳақ дорад масолеҳи нав ва ҷуброни зиёни расидаро талаб намояд.
 
Дар ҳолатҳое ки мутобиқи қонун, бо иҷозати умумие, ки молик додааст ё мутобиқи анъанаҳои маҳаллӣ дар ҷангалзор, обанбор ё дигар минтақа ҷамъоварии ҳосили меваҷот, сайди моҳӣ, сайди ҳайвонот, ҷамъоварии дигар  чизҳо дастраси умум   ва дигар  амал  иҷозат дода шудааст, ҳуқуқи моликиятро ба моли дахлдор шахсе пайдо мекунад,  ки  онро ҷамъоварӣ  ё  шикор кардааст.
 
1. Сохтмони худсарона - сохтмони  хонаи  истиқоматӣ, биною иншоот ё дигар молу мулки ғайриманқуле мебошад, ки дар қитъаи замини мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар  санади ҳуқуқӣ барои чунин мақсад ҷудонашуда ё бидуни гирифтани иҷозати зарурӣ ё ба таври  назаррас вайрон кардани меъёру   қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд шудааст.
2. Шахсе,  ки  сохтмони  худсаронаро анҷом додааст, ба он ҳуқуқи моликӣ пайдо намекунад. Ӯ ҳуқуқ надорад чунин биноро ихтиёрдорӣ кунад, тӯҳфа намояд, ба иҷора  супорад  ва дигар  аҳдҳоро анҷом диҳад.
Иморат бояд аз тарафи шахси онро сохта ё аз ҳисоби ӯ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3   моддаи мазкур, вайрон карда мешавад.
 3. Ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шахс барои сохтмони иморат дода шуда бошад.
Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии иншооти дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ҳуқуқи моликии ин шахс эътироф карда намешавад.(ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
 
1. Ҳуқуқи соҳибмулкии ашёи тибқи шартнома бадастовардашуда аз лаҳзаи  додани он  пайдо мешавад,
 агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад.
2. Агар шартнома оид ба бегона кардани молу мулкро ба қайди давлатӣ гирифтан даркор бошад,
 ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба бадастоварандаи он  аз лаҳзаи бақайдгирии он ба вуҷуд меояд.
 
1. Супоридан, яъне ба бадастдароваранда додани ашёҳо, ҳамчунин ба боркашонанда супоридани ашёҳо барои фиристонидан ё ба ташкилоти алоқа барои бадастдароваранда ирсол додан, фиристонидани ашёҳои дур карда шуда бидуни ӯҳдадории бурдарасонӣ эътироф карда мешавад.
Ашё аз лаҳзаи ҳақиқатан ворид шудан ба ихтиёри бадастдароваранда ё шахси таъин кардаи ӯ ба бадастдароваранда супурдашуда ҳисоб мегардад.
2.  Агар дар лаҳзаи бастани шартнома оиди дур кардани ашёҳо он дар ихтиёри бадастдароваранда қарор дошта бошад, аз ҳамин лаҳза ашё ба ӯ супоридашуда эътироф мегардад.
3. Додани коносамент ё дигар ҳуҷҷати ихтиёрдорӣ намудани мол бо супоридани ашё баробар дониста мешавад.
 
1. Ашёе,  ки соҳиб надорад ё соҳибаш номаълум аст ё ашёе, ки соҳибаш  аз моликии он  даст кашидааст, бесоҳиб дониста мешавад.
2. Агар он  мутобиқи  қоидаҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба ашёе, ки  аз он  молик даст кашидааст (моддаи 250), дар бораи ёфтан (моддаҳои 251-252),  дар бораи ҳайвоноти беназорат (моддаҳои  254-255)  ва ганҷина (257) мустасно набошад,   ҳуқуқи моликият ба молу мулки бесоҳиби манқул мумкин аст  мутобиқи  эътибор (амр)-и   давомнокии  мӯҳлати ба даст овардани ашё  (моддаи 258) пайдо карда шавад.
3. Ашёи ғайриманқули бесоҳиб аз ҷониби  мақоме,  ки молу мулки ғайриманқулро ба қайди давлатӣ мегирад, тибқи аризаи  мақоми  дахлдори  давлатӣ ба ҳисоб гирифта   мешавад.
Пас аз гузаштани ду сол аз рӯзи ба ҳисоб гирифтани ашёи ғайриманқули бесоҳиб, мақоми ваколатдори идораи молу мулки давлатӣ метавонад ба суд бо талабот дар мавриди ба  моликияти  давлатӣ дохилшуда эътироф кардани ин ашё муроҷиат кунад.
Ашёи ғайриманқули бесоҳиб, ки бо қарори суд ба моликияти давлатӣ қабулгардида эътироф нашудааст, метавонад аз тарафи молики онро гузошта аз нав барои соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ қабул гардад ва ё тибқи эътибори давомнокии мӯҳлати ба даст овардани ашё (моддаи 258) соҳибӣ карда шавад.
 
1. Ашёи манқуле, ки молик партофтааст ё ба тарзи дигар бо мақсади даст кашидан аз ҳуқуқи моликӣ ба онҳо вогузоштааст (ашёи партофташуда), шахси дигар метавонад мутобиқи тартиби  пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур моликияти  худ гардонад.
         2. Шахсе, ки молик ва истифодабарандаи  қитъаи замин, обанбор ё дигар объект мебошад ва дар он ашёи партофташудаи  дорои арзиши на камтар аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ин ки партовҳои партофташудаи металл, маҳсулоти нуқсондор, боқимондаҳои хўла, хоктўдаҳои кон ё партове, ки ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок ба вуҷуд омадаанд, партови истеҳсолот ё дигар партовҳо мавҷуд аст, ҳуқуқ дорад соҳибмулки ашё бошад, ба истифодаи он шурўъ намояд ё дигар амалро анҷом диҳад, ки аз табдилёбии ашё ба моликияти шахсӣ гувоҳӣ медиҳад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №850)
Агар мутобиқи аризаи шахс дигар ашёи партофташуда аз ҷониби суд бесоҳиб эътироф шуда бошад, он моликияти шахсии ашёро соҳибӣ карда мегардад.
 
1. Шахсе, ки  ашёи гумшударо  ёфтааст,  вазифадор  аст,  шахси гумкардаи ашё ё дигар шахси  ба  ӯ шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани молро доранд, огоҳ созад ва ба ин шахс ашёро баргардонад.
Агар ашё  дар  бино  ё нақлиёт ёфт шуда бошад,  он бояд ба намояндаи соҳиби ин бино  ё  воситаи  нақлиёт  супурда  шавад. Шахсе, ки  ба  ӯ  ашёи ёфтшуда супурда  шудааст,  ҳуқуқ  ва ӯҳдадории шахси ашёёфтаро пайдо мекунад.
2. Агар  шахсе,  ки  дорои  ҳуқуқи  талаб   кардани   ашёи ёфташударо дорад, номаълум  ё маҳалли буду бошаш аниқ набошад,  шахси ашёёфта вазифадор аст, ба милитсия ё  мақоми  дахлдори давлат хабар диҳад.
3. Шахси ашёёфта ҳақ дорад, онро худаш нигоҳ дорад, барои нигоҳдошт ба милитсия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё  шахси  муайяннамудаи онҳо супорад.
Ашёи зуд вайроншаванда ё ашёеро,  ки хароҷоти нигоҳдошташ нисбат ба  арзиши он хеле гаронтар аст, шахси ашёёфта метавонад фурӯшад ва оид  ба маблағи  фурӯш далели хаттии тасдиқкунанда гирад. Маблағе,  ки  аз фурӯши ашёи ёфташуда ба даст омадааст, бояд ба шахсе,  ки ба  гирифтани  он   ҳақ дорад, баргардонида шавад.
4. Шахси ашёёфта барои гум кардан ё иллатнок кардани ашё танҳо дар ҳолатҳои ғаразнок ё беэҳтиётии дағал ва  ба  андозаи арзиши ашё масъулият дорад.
 
1. Агар  дар  тӯли  шаш  моҳи  арз кардан ба милитсия ё мақоми  дахлдори  давлатӣ  (қисми  2,  моддаи 251) оиди ёфтани ашё шахси  ба гирифтани  ашё  ҳақдошта  муайян нагардад ва аз ҳуқуқи худ  ба ашё ба  шахси  ашёро ёфта  ё   милитсия ё  мақоми дахлдор арз накунад, шахси ашёёфта ба он ҳуқуқи моликӣ пайдо мекунад.
2. Агар шахси  ашёёфта онро соҳибӣ кардан нахоҳад, он ба моликияти давлат мегузарад.
 
1. Шахсе, ки  ашёро ёфта ба шахси ба гирифтани он ваколатдор супоридааст,  барои аз ӯ ва дар ҳолати ба  моликияти давлат гузаштани ашё аз мақоми дахлдори  давлатӣ ба ҷуброни хароҷоти зарурии вобаста ба нигоҳдошт, баргардонидан ё фурӯши   ашё, ҳамчунин ҷуброни хароҷоти ёфтани шахси ба  гирифтани мол ваколатдор ҳақ дорад.
2. Шахси ашё ёфта ҳақ дорад аз шахсе, ки ба гирифтани ашё ваколатдор  шудааст,  барои  бозёфт  то андозаи бист фоизи   арзиши ашё подош талаб кунад.
Агар ҳуҷҷат ё ашёи дигари ёфташуда танҳо барои шахси ба гирифтани он ваколатдор дорои арзиш бошад, андозаи подош тибқи созишномаи байни онҳо, дар  ҳолати ба созиш наомадан - аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Агар шахси ба талаб карда гирифтани ашё ваколатдоршуда ба таври оммавӣ барои баргардонидани ашёи гумшуда мукофот эълон  карда бошад, подош мутобиқи шарти ба таври оммавӣ эълоншуда пардохта мешавад.
Шахси ашёро ёфта ҳақ дорад, то лаҳзаи пардохти  подош ба ғайр аз ҳуҷҷате, ки танҳо аз ҷониби шахси ба талаб карда гирифтани он ваколатдор истифода шуданаш мумкин  аст,  ашёи   ёфтаашро нигоҳ дорад (моддаи 388).
Агар шахси ашёро ёфта аз бозёфти он иттилоъ надода бошад ё барои пинҳон доштанаш кӯшиш карда бошад,  масъалаи ҳуқуқ ба подош ба миён намеояд.
 
1. Шахсе, ки ҳайвоноти беназорат ё бесоҳиб ё дигар ҳайвоноти хонагии бесоҳибро боздоштааст, вазифадор аст онҳоро ба соҳибаш баргардонад ва агар ҳайвонот соҳиб надошта бошад ё ҷои буду боши ӯ маълум набошад, дар давоми на  дертар аз се рӯзи боздошти онҳо ба милитсия ё мақоми дахлдори давлатӣ, ки барои кофтукови соҳибаш тадбирҳо меандешанд, иттилоъ диҳад.
2. Дар тӯли кофтукови соҳиби ҳайвонот онро шахси боздоранда метавонад худаш нигоҳбонӣ кунад ва истифода барад ё барои нигоҳбонӣ ба дигар шахсе, ки барои ин шароити  мусоид дорад, супорад. Мувофиқи хоҳиши  шахсе, ки ҳайвоноти  беназоратро боздоштааст, ҷустуҷӯи шахси барои нигоҳдошти он шароити зарурӣ доштаро ва ба ӯ супоридани ҳайвонотро милитсия ё дигар мақоми дахлдори давлатӣ ҷустуҷӯ мекунад ва месупорад.
3. Шахсе, ки ҳайвоноти беназоратро боздоштааст ва  шахсе, ки ба ӯ ин ҳайвонот  барои нигоҳбонӣ ва истифода супорида шудааст, вазифадоранд онҳоро дуруст  нигоҳбонӣ  кунанд  ва ҳангоми бо гуноҳи онҳо мурдан ва иллатнок шудани ҳайвонот арзиши онро ҳайвонотро медиҳанд.
 
1. Агар дар давоми шаш моҳи аз арз кардан аз боздошти ҳайвоноти беназорати хонагӣ соҳиби он пайдо нашавад ва аз ҳуқуқи худ ба онҳо арз накунад, ҳуқуқи молики  ин ҳайвонот ба шахсе мегузарад, ки он таҳти нигоҳбонӣ ва истифодааш қарор дорад.
Дар сурати  аз соҳибӣ даст кашидани шахсе, ки ҳайвонот таҳти нигоҳбониаш  қарор дорад, он  ба  моликияти давлат мегузарад ва тибқи тартиби муайяннамудаи  мақоми дахлдори давлатӣ истифода мешавад.
2. Дар сурати баъди ба моликияти  шахси  дигар гузаштани ҳайвонот ҳозир  шудани соҳиби аввалини онҳо молик ҳақ дорад, ҳангоми эҳсоси меҳри ҳайвонот нисбат ба ӯ ё огоҳ шудан  аз муносибати бераҳмона ва бевиҷдононаи молики нав ба ҳайвонот дар асоси шартҳои дар созишномаи бо молики нав басташуда  баргардонидани ҳайвонот ва агар ба мувофиқа нарасанд, аз тариқи суд баргардонидани онҳоро талаб кунад.
 
1. Дар  сурати  баргардонидани ҳайвоноти беназорати хонагӣ ба молик, шахсе,  ки ҳайвонотро  боздоштааст  ва шахсе, ки ҳайвонот таҳти нигоҳбонӣ ва истифодааш  қарор  дошт, бо назардошти фоидаи аз  истифодаи  ҳайвонот  ба дастоварда вобаста ба нигоҳбонии ҳайвонот ба  ҷуброни хароҷоти зарурӣ аз ҷониби молик ҳақ доранд.
2. Шахсе, ки ҳайвоноти хонагии беназоратро боздоштааст, ҳақ  дорад, мутобиқи муқаррароти қисми 2, моддаи 253 ҳамин Кодекс аз молики онҳо подош талаб намояд.
 
1. Ганҷ яъне пул, ё чизу чораи қиматноке, ки ба замин гӯр ё ба шакли дигар пинҳон карда шудаанд, ҳисоб карда мешавад. Дар сурати пайдо кардани он ё ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ аз тарафи истифодабарандаи қитъаи замин, соҳиби иморат ва ғайра, ки ба ӯ марбутанд ва инчунин ашхосе, ки ганҷ ва ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро ёфтаанд, ӯҳдадоранд ба давлат супоранд.
Дар айни замон истифодабарандаи қитъаи замин ё соҳибмулки молу мулке дигар, ки дар он ганҷина пинҳон карда шудааст ва шахсе, ки онро ёфтааст, ба гирифтани подош ба андозаи панҷоҳ фоизи арзиши он ҳуқуқ дорад. Подош байни онҳо мутобиқи созишномаи тарафҳо ва дар сурати ба мувофиқа наомаданашон аз тарафи суд тақсим карда мешавад.
2. Шахсе, ки ганҷинаи ба ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ алоқамандро ёфтааст, ҳуқуқ дорад то пардохти подош ин молу мулкро нигоҷ дорад (моддаи 388).
 
1. Шахс – шаҳрванд  ё шахси ҳуқуқӣ, ки молики ашё намебошад, вале софдилона, кушоду озод ва ба таври давомдор ба мисли молу мулки худ молу мулки  ғайриманқулро дар тӯли понздаҳ сол соҳибӣ кардааст ё дигар молу мулкро дар  тӯли  панҷ  сол нигоҳ доштааст, ба ин ашё ҳуқуқи моликӣ пайдо мекунад.  (Давомнокии мӯҳлати ба даст овардан).
Ҳуқуқи моликӣ ба ашёи ғайриманқул ё дигар ашёе,  ки   бояд ба  қайди  давлатӣ  гирифта шавад, аз лаҳзаи чунин бақайдгузорӣ аз ҷониби шахсе, ки ин молу мулкро ба  ҳукми  давомнокии ба даст овардан соҳиб шудааст, ба миён меояд.
2. То пайдо кардани ҳуқуқи  моликӣ ба молу мулки бо ҳукми давомнокии мӯҳлат  бадастовардашуда шахсе, ки молу мулкро чун моликияти шахсӣ дар ихтиёр дошт, ҳуқуқ   дорад, моликияти марбутаашро аз шахси сеюм, ки соҳиби молу мулк намебошанд,   инчунин ба ин молу мулк ба ҳукми дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома ҳуқуқ надоранд, ҳифз намояд.
3. Шахсе, ки бо мурури соҳибиаш ҳавола мекунад, метавонад ба мӯҳлати соҳибии худ тамоми мӯҳлати соҳибии шахсеро, ки ӯ вориси ҳуқуқии он мебошад, низ ҳамроҳ кунад.
4. Ҷараёни мӯҳлати давомнокии ба даст овардан нисбат ба молу мулки дар назди шахси қарордошта, ки мутобиқи моддаҳои 322 ва 326 ҳамин Кодекс онҳоро аз соҳибии ӯ талаб карда гирифтанашон мумкин буд, аз лаҳзаи на барвақттар аз гузашти  мӯҳлати  даъво мутобиқи талаботи дахлдор оғоз меёбад.
 
 
1. Ҳуқуқи моликият ҳангоми аз ҷониби соҳибмулк ба шахси дигар додани молу мулк,  рад  кардани  ҳуқуқи  моликият аз ҷониби молик, нобуд  ё вайрон  шудани молу мулк ва аз даст додани ҳуқуқи моликият ба молу мулк ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санади қонунӣ қатъ мегардад.
2. Маҷбуран гирифтани молу мулки молик ба ғайр аз ҳолатҳои зайл   манъ аст:
а) аз ҳисоби молу мулк ситонидани пардохт мутобиқи ӯҳдадориҳои молик;
б) маҷбуран гирифтани молумулке, ки дар асоси санади  қонунгузорӣ ба шахси мазкур тааллуқ надорад;
в) реквизитсия;
г) мусодира;
д) гирифтани молу мулки ғайриманқул вобаста ба кашида гирифтани қитъаи замин;
е) харидории сарватҳои фарҳангӣ ё  таърихии бесарусомон нигоҳдошташаванда;
ж) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс.
3. Тибқи ҳолатҳо, шарт ва тартиби пешбининамудаи санади қонунӣ оид ба хусусигардонӣ, молу мулке, ки таҳти моликияти давлатӣ мебошанд, ба моликияти хусусии шаҳрвандон ва  шахси ҳуқуқӣ дода  мешаванд.
4. Дар ҳолати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  хусуси ба моликияти давлатӣ гардонидани молу мулки хусусии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ (милликунонӣ) зиёни расида мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо пардохта мешавад.
 
Шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ аз ҳуқуқи соҳибӣ намудани молу мулки худ бо эълон кардани ин ё бо амали  дигар, ки аз ошкоро барканор гардидани ӯ аз соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк бидуни нияти нигоҳ доштани ягон ҳуқуқ ба молу мулк гувоҳӣ медиҳад, метавонад даст кашад.
Даст кашидан аз моликӣ то лаҳзаи ба ин молу мулк ҳуқуқдор гаштани шахси дахлдор боиси қатъи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молик нисбат ба молу мулки дахлдор намегардад.
 
1. Қарзи молик, агар дар қонун ва шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар асоси қарори суд аз молу мулки ӯ рӯёнида мешавад.
2. Ҳуқуқи молике, ки қарзаш аз молу мулки ӯ рӯёнида мешавад, аз лаҳзаи ба ин молу мулк ҳуқуқдор гаштани шахси дигар, барҳам мехӯрад.
 
1. Агар дар асосҳои иҷозатдодаи қонун шахс соҳиби молу мулке шуда бошад, ки аз рӯи қонун аз они ӯ буда наметавонад, ин молу мулк дар давоми як соли ҳуқуқдор гаштани ӯ ба молу мулк, агар қонун мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад, бояд аз  он даст кашад.
2. Агар молик дар мўҳлати муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда аз молу мулк даст кашад, он бо назардошти хусусият ва таъиноташ бо қарори суд, ки мутобиқи аризаи дахлдори мақоми давлатӣ бароварда шудааст, бояд ба таври маҷбурӣ фурӯхта, маблағи он ба молик дода шавад ё молу мулк ба моликияти давлат гузаронида арзиши муайяннамудаи суд ба молики аввал пардохта шавад. Дар ин сурат хароҷоти вобаста ба гирифтани молу мулк рӯёнида мешавад.
3.  Агар таҳти моликияти шаҳрванд ё шахси юридикӣ дар асоси иҷозати қонун молу мулке қарор гирад, ки барои хариданаш иҷозати махсус зарур аст, вале барои додани он ба молик рад шудааст, ин молу мулк мутобиқи тартиби барои молу мулк муқарраршуда, ки наметавонад ба молики мазкур тааллуқ дошта бошад, аз ў гирифта мешавад.
 
1. Ҳуқуқи моликӣ ба молу мулки ғайриманқул вобаста ба қарори мақоми давлатӣ, ки мақсади бевосита гирифтани молу мулкро аз молик надорад, аз ҷумла қарори гирифтани замин, ки дар он хонаи молик, дигар  иморату иншоот ва дарахтзор воқеъ аст, танҳо тибқи ҳолати  тартиби муқаррарнамудаи санади қонунӣ қатъ гардида, ба молик молу мулки баробарарзиш дода, дигар хароҷоти  ӯ ҷуброн карда ё тамоми зиёне ки вобаста ба қатъи ҳуқуқи моликиаш ба ӯ расидааст пурра баргардонида мешавад.
2. Ҳангоми норозӣ будани молик аз қароре, ки боиси қатъи  ҳуқуқи моликиаш мегардад, он то замони бо тартиби судӣ яктарафа шудани бахс татбиқ карда намешавад. Ҳангоми  баррасии баҳс инчунин ҳамаи масъалаҳои пардохтани товони зиёни  расонидашуда ба молик ҳаллу фасл мегарданд.
3. Қоидаҳои моддаи мазкур мувофиқан ҳангоми қатъи  ҳуқуққи моликӣ ба молу мулки ғайриманқул вобаста ба ҳалу фасли қарори мақоми давлатӣ дар мавриди гирифтани қитъаи кӯҳӣ, қитъаҳои акваторӣ ва дигар қитъаҳо, ки дар он молу мулк воқеъ аст, татбиқ мегардад.
 
Агар молики сарватҳои фарҳангие, ки мутобиқи қонунҳо ба ҷумлаи сарватҳои хеле пурарзиш ва аз тарафи қонун ҳифзшуда дохил гардидаанд ин сарватҳоро бенизом нигоҳбонӣ  кунад ва аз ин ба онҳо ҳавфи беаҳамият шудан таҳдид намояд, чунин сарватҳоро давлат тибқи қарори суд метавонад аз ӯ харида гирад ё дар савдои оммавӣ ба фурӯш монад.
Ҳангоми харида гирифтани сарватҳои фарҳангӣ ба молик арзиши  он ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ва  дар сурати баҳс ба андозаи муайяннамудаи суд пардохта  мешавад. Ҳангоми фурӯш аз тариқи савдои оммавӣ ба фурӯш рафтани онҳо ба молик ба ҷуз хароҷоти савдои оммавӣ тамоми маблағи боқимонда пардохта мешавад.
 
Ҳангоми қатъи ҳуқуқи моликӣ молу мулк бо назардошти арзиши бозории он нархгузорӣ мешавад.
 
1. Дар ҳолатҳои офати табиӣ, садама, касалиҳои сироятӣ (эпидемия), муромурии ҳайвонот (эпизоотия) ва дигар ҳолатҳои мустасно фавқулода молу мулк тибқи қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад аз молик мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонун ба манфиати ҷомеа реквизитсия карда ба ӯ арзиши молу мулк пардохта шавад.
2. Оиди нархе, ки мутобиқи он ба молик  арзиши молу мулки реквизитсияшуда пардохта мешавад, ба суд эътироз кардан мумкин  аст.
3. Шахсе, ки молу мулки ӯ реквизитсия шудааст, ҳақ дорад, баъди қатъи ҳолат, ки вобаста ба он молу мулкаш реквизитсия анҷом дода шуда буд, баргардонидани молу мулки осеб надидаашро талаб  намояд ва дар ҳолати радди он ба суд муроҷиат кунад.
 
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун молу мулки моликро мутобиқи қарори суд ҳамчун чораи ҷазо барои содир намудани гуноҳ ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мусодира кардан мумкин аст.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, мусодираро тибқи тартиби маъмурӣ анҷом додан мумкин аст. Оид ба қарор дар мавриди мусодира, ки тибқи тартиби маъмурӣ қабул шудааст, ба  суд эътироз кардан мумкин аст.
 
Бо роҳи милликунонӣ аз моликии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ба моликияти давлат даровардани молу мулк танҳо дар асоси қонунҳои мутобиқи Конститутсия қабулгардида оид ба милликунонии ин молу мулк ва пардохти арзиши молу мулк ва ҷуброни  дигар зиёне, ки вобаста ба миллӣ кунондан ба молик ворид гардидааст, иҷозат дода мешавад.
 
Ҳуқуқи молу мулкӣ, ки ба молик тааллуқ надоранд, мутобиқи тартиби муайяннамудаи қисмҳои 1, 2 моддаи 259 ҳамин Кодекс, инчунин бо қарори молик ва бо тартиби муқаррарнамудаи санади қонунӣ, оинномаи шахси ҳуқуқӣ ё шартномаи молик бо соҳиби молу мулк қатъ мегардад.
 
 
 
 
 
 
  1. Моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
  1. Моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва воҳидҳои марзию маъмурӣ
 
 
 
1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ду ё якчанд шахс қарор дорад, ҳуқуқи моликияти умумии онҳо мебошад.
2. Молу мулк метавонад бо муайян намудани саҳми ҳар яке аз молик ба ҳуқуқи моликият (моликияти ҳиссагӣ) ё бидуни муайян  намудани чунин  саҳм (моликияти якҷоя) таҳти моликияти умумӣ қарор гирад.
3. Моликияти умумӣ ба молу мулк ҳиссагӣ мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун ба ин молу мулк ташкил намудани моликияти  умумиро иҷозат медиҳад.
4. Молу мулк дар сурати  моликияти ду ё чанд шахс шудани он бидуни тағйир додани таъинот тақсим кардани он имконнопазир аст (чизи тақсимнашаванда) ё аз рӯи қонун онро тақсим кардан мумкин  намебошад, умумӣ мегардад.
Молу мулки тақсимшаванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома моликияти умумӣ мешавад.
5. Мутобиқи созишномаи иштирокчиёни моликияти якҷоя, дар сурати ба мувофиқа нарасидан бошад, бо қарори суд доир ба молу мулки умумӣ моликияти ҳиссагӣ доштани ин шахсан муқаррар кардан  мумкин  аст.
 
1. Агар андозаи ҳиссаи иштирокчиёни моликияти саҳмӣ дар асоси қонун муқаррар  ва бо созишномаи ҳамаи иштирокчиёни он  муайян нашуда бошад, ҳисса баробар ҳисобида мешавад.
2. Бо созишномаи байни ҳамаи иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ тартиби муқаррар кардан ва тағйир  додани ҳиссаи ҳар кадоми  онҳо дар ташкил, харидорӣ ва афзун гардонидани молу мулки умумӣ муайян кардан мумкин аст.
3. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ, ки аз ҳисоби худ, бо риояи тартиби муқарраргардидаи истифодаи моликияти умумӣ онро ба таври ҷудонашаванда беҳбуд бахшидааст, ба андозаи дахлдор зиёд кардани ҳиссаи  худ ҳақ дорад.
Беҳбуди ҷудошавандаи молу мулки умумӣ, агар дар созишномаи  иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба моликияти иштирокчие мегузарад, ки ин  беҳбудиро анҷом додааст.
 
1. Ихтиёрдории молу мулки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарордошта мутобиқи шартномаи байни ҳамаи иштирокчиёни он ба амал бароварда мешавад.
2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, мутобиқи салоҳдиди худ ҳиссаи худро фурӯшад, тӯҳфа намояд, васият кунад,  ҳиссаи худро ба гарав монад ё бо риояи қоидаҳои бамузд, ки моддаи 298 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, бегона кунад,  ё бо тарзи дигар  муносибат намояд.
 
1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад, тибқи созиши ҳамаи иштирокчиён ва дар сурати  муяссар нагардидани  созиш бо тартиби муайяннамудаи суд соҳибӣ ва истифода карда мешавад.
2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, аз қисми молу мулки умумӣ ба андозаи ҳиссааш барои соҳибӣ ва истифода ба ихтиёраш вогузошта шудан ва дар ҳолати имконнопазирии он аз дигар иштирокчиён, ки ҳиссаи марбутаашро соҳибӣ ва  истифода мебаранд, ҷубронпулии дахлдорро талаб намояд.
 
Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи молу мулки моликияти ҳиссагӣ ба таркиби молу мулки умумӣ дохил  мешаванд. Тақсимоти баъдии самара, маҳсулот ва даромад байни  иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ, агар созишномаи байни онҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, баробар ба андозаи  саҳм сурат мегирад.
 
1. Ҳар як иштирокчии моликияти ҳиссагӣ вазифадор аст ба андозаи ҳиссаи худ дар пардохти андоз, боҷу хироҷ ва дигар  пардохтҳо оид ба молу мулки умумӣ, инчунин оид ба хароҷоти  нигаҳдошт ва муҳофизати онҳо, агар дар қонун ё шартномаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иштирок намояд.
2. Хароҷоте, ки зарурӣ намебошанд ва аз ҷониби яке аз иштирокчиён бидуни ризоияти дигарон масраф  шудааст, ба  ҳисоби худи ӯ вогузошта мешавад. Баҳсҳое, ки зимни он ба миён  меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
 
1. Ҳангоми фурӯши ҳиссагӣ дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба шахси ғайр иштирокчиёни боқимондаи моликияти ҳиссагӣ барои харидани ҳиссаи фурӯш мутобиқи нархе, ки  он фурӯхта мешавад ва дигар шартҳои баробар, ба ғайр  аз фурӯш дар савдои оммавӣ, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Савдои оммавӣ барои фурӯши ҳисса дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ, ҳангоми розӣ набудани ҳамаи иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ метавонад дар ҳолатҳои  пешбининамудаи қисми 2, моддаи 303 ҳамин Кодекс ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун доир карда шавад.
2. Фурӯшандаи ҳисса вазифадор аст, дигар  иштирокчиёни моликияти ҳиссагиро аз нияти худ, ки ҳиссаашро ба шахси ғайр фурӯхтанист, хатти огоҳ сохта, нарх ва дигар шартҳои фурӯшро ишора намояд. Агар дигар иштирокчиёни  моликияти ҳиссагӣ аз харидорӣ даст кашанд ё ҳиссаи  фурӯхташавандаро дар доираи моликият ба молу мулки ғайриманқул дар давоми як моҳ ва дар муносибат бо дигар молу мулк  дар давоми  даҳ рӯз аз лаҳзаи огоҳӣ ба даст наоранд, фурӯшанда ҳақ  дорад, ҳиссаи худро ба ҳар  кадом шахсе фурӯшад.
3. Ҳангоми фурӯши ҳисса бо вайрон кардани ҳуқуқи  афзалиятнок ҳар кадом иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, дар давоми се моҳ ба суд дар мавриди ба ӯ гузаронидани ҳуқуқ ва  ӯҳдадориҳои харидор талабот арз намояд.
        4.Қоидаҳои моддаи мазкур, инчунин ҳангоми ба каси дигар додани ҳисса аз рўи  шартномаи
мубодила низ татбиқ мегардад.
 
Агар дар  шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ тибқи шартнома аз лаҳзаи бастани шартнома ба харидор мегузарад.
Лаҳзаи гузариши ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ тибқи шартнома, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, мутобиқи қисми 2, моддаи 247 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
 
1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад, мутобиқи шартнома байни иштирокчиёни он тақсим шуданаш мумкин аст.
2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад аз молу мулки умумӣ ҷудо кардани ҳиссаи худро талаб намояд.
3. Ҳангоми ба мувофиқа наомадани иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ оид ба  усул ва шартҳои тақсими молу мулки умумӣ ё ҷудо кардани ҳиссаи яке аз онҳо иштирокчии молу мулки ҳиссагӣ ҳақ  дорад дар шакли асл (натура) ҷудо кардани ҳиссаи худро аз тариқи суд талаб намояд.
Агар дар шакли асл (натура) ҷудо кардани ҳиссаро қонун иҷозат надиҳад ё аз сабаби расидани зиёни воқеии беандоза ба молу мулк  имконнопазир бошад, молики ҷудошаванда  ҳақ дорад, ки арзиши ҳиссаи ӯ аз ҷониби дигар  иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ  пардохта шавад.
4. Фарқи арзиши молу мулке, ки дар шакли асл (натура) дар  асоси ҳамин  модда ба иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ба ивази  ҳиссаи ӯ дар доираи ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ дода мешавад, бояд бо маблағи муайян пушонида ё бо роҳи дигар ҷуброн карда шавад.
Ҷубронпулӣ ба иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ба ивази ҷудо кардани ҳисса дар шакли асл (натура) аз  ҷониби дигар моликон бо додани розигии ӯ дода мешавад. Дар ҳолате ки ҳиссаи молик ночиз буда, онро ба таври воқеӣ дар асл ҷудо кардан имконнопазир  аст, барои истифодаи молу мулки умумӣ дорои манфиати назаррас намебошад, суд метавонад бидуни розигии ин молик низ дигар  иштирокчиёни моликияти ҳиссагиро   вазифадор намояд, ки ҳаққи ӯро ҷуброн кунанд.
5. Молик баъди гирифтани ҷубронпулӣ мутобиқи ҳамин модда ҳуқуқи худро ба ҳиссаи моликияти умумӣ гум мекунад.
 
1. Иштирокчиёни моликияти якҷоя, агар дар шартномаи  байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, молу мулки умумиро аҳлона соҳибӣ ва истифода мекунанд.
2. Молу мулки таҳти моликияти якҷоя қарордошта бо  розигии ҳамаи иштирокчиён, сарфи назар аз он ки кадоме аз иштирокчиён оиди ихтиёрдории молу мулк  аҳдҳо анҷом додааст, ихтиёрдорӣ карда мешавад.
3. Ҳар як иштирокчии молу мулки якҷоя ҳақ дорад оид ба  ихтиёрдории молу мулки умумӣ, агар дар шартномаи ҳамаи иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ  нашуда бошад,  аҳдҳоро анҷом диҳад. Аҳди ихтиёрдорӣ кардани молу мулки умумӣ, ки яке аз иштирокчиёни моликияти якҷоя анҷом додааст, метавонад бо талаби иштирокчиёни дигар бинобар ваколати зарурӣ надоштани иштирокчие, ки аҳдҳоро анҷом додааст, танҳо дар  сурати исбот гардидани он, ки тарафи  дигари аҳд медонист ё бояд пешакӣ аз  ин  огоҳ мебуд, ғайриқонунӣ ҳисобида  шавад (моддаи 199).
4. Қисмҳои 1-3 ҳамин модда ҳангоме татбиқ мегарданд, ки агар Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо барои навъҳои алоҳидаи моликияти якҷоя тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд.
 
1. Молу мулки умумиро байни иштирокчиёни моликияти  якҷоя тақсим кардан, инчунин аз он ҷудо кардани ҳиссаи яке аз онҳо бо шарте мумкин аст, ки  пешакӣ ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ  дар ҳуқуқ ба молу мулки умумӣ муайян карда шавад.
2. Ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ ва аз он ҷудо кардани ҳисса, агар бо қонун ё шартномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад.
3. Асос ва тартиби тақсими  молу мулки умумӣ ва аз он ҷудо кардани  ҳисса мутобиқи  қоидаҳои муайяннамудаи моддаи 300  ҳамин Кодекс муқаррар мегардад, зеро барои намудҳои алоҳидаи  моликияти умумӣ Кодекси мазкур, дигар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ накардаанд ва он  аз моҳияти муносибати  иштирокчиёни моликияти умумӣ барнамеояд.
 
1. Кредитори иштирокчии моликияти ҳиссагӣ  ё умумӣ ҳангоми нокифоя будани дигар молу мулки он ҳақ дорад оиди ҷудо кардани ҳиссаи қарздор аз молу мулки умумӣ барои нигаронидани рӯёниш аз он, талабот пешниҳод кунад.
2. Агар дар чунин ҳолатҳо ҷудо кардани ҳисса дар шакли асл (натура) ғайриимкон бошад ё аъзоёни дигари моликияти ҳиссагӣ ё  умумӣ ба он эътироз кунанд, кредитор ҳақ дорад аз қарздор талаб намояд, ки ҳиссаи худро ба дигар иштирокчиёни моликияти умумӣ бо нархи баробар ба арзиши бозории ин саҳм фурӯшад ва  маблағи аз фурӯш бадастомадаро барои адои қарз супорад. 
Дар  сурати аз харидани саҳми қарздор рад намудани аъзоёни  дигари моликияти умумӣ кредитор ҳақ дорад тибқи тартиби судӣ талаб намояд, ки ба саҳми кредитор дар   моликияти умумӣ рӯёниш нигаронида шавад.
 
1. Молу мулке, ки зану шавҳар дар давоми ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, агар қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигари низоми ин молу мулкро муайян накарда бошад, моликияти  умумии якҷояи онҳо ба ҳисоб меравад.
2. Молу мулке, ки қабл аз никоҳ ба ҳар кадоме аз онҳо тааллуқ  дошт, инчунин молу мулке, ки яке аз онҳо  ҳангоми никоҳ чун тӯҳфа ё чун мерос гирифтааст, моликияти шахсии ӯ ба шумор меравад.
Молу мулки истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба  ғайр аз ҷавоҳирот ва дигар асбобу анҷоми зебу зинат, ҳарчанд дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағи умумии онҳо харидорӣ шудаанд, моликияти он ҳамсаре ба ҳисоб меравад, ки онро истифода бурдааст.
Молу мулки ҳар як ҳамсар, агар муайян карда шавад, ки дар  давоми  ҳамсарӣ аз ҳисоби молу мулки умумии онҳо ё молу мулки шахсии ҳамсари дигар маблағузорӣ  шудааст, ки арзиши онро хеле баланд кардааст (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва ғайра), моликияти   умумии якҷояи онҳо эътироф карда шавад. Агар дар шартномаи байни зану шавҳар тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, ин қоида татбиқ намегардад.
3. Мутобиқи ӯҳдадориҳои яке аз ҳамсарон ба молу мулке, ки дар моликияти ӯ мебошад, инчунин ба саҳми ӯ дар молу мулки умумии зану шавҳар, ки ҳангоми тақсим аз они ӯ шуданаш мумкин аст, рӯёниш нигаронида мешавад.
4. Тартиби муайян намудани саҳми ҳамсарон дар молу мулки умумӣ ҳангоми тақсими он ва тартиби чунин тақсимотро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо муқаррар  менамоянд.
 
1. Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар доираи ҳуқуқи моликияти якҷояи аъзоёни он мебошад, агар тибқи қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Ниҳолзори қитъаи замин, иморатҳои хоҷагӣ ва дигар иморат, иншоотҳои мелиоративӣ ва дигар иншоотҳо, ҳайвоноти маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда, техникаи  кишоварзӣ ва дигар техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом ва дигар молу мулк, ки аз маблағи умумии аъзоёни он ба даст оварда шудааст, таҳти моликияти якҷояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба ҳисоб мераванд.
3. Самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба даст омадааст, молу мулки умумии аъзоёни  хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) буда, мутобиқи созишномаи байни онҳо истифода мегардад.
 
1. Ҳангоми қатъи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба хориҷ шудани ҳама аъзоёни он ё бо асосҳои дигар  молу мулки умумӣ бояд тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои  300 ва 302 ҳамин Кодекс тақсим карда шавад.
2. Воситаҳои истеҳсолот, ки марбути хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аст, ҳангоми аз хоҷагӣ хориҷ шудани яке аз узви он тақсим карда намешавад.
Шахсе, ки аз хоҷагӣ баромадааст, барои гирифтани ҷубронпулии баробар ба саҳми ӯ дар моликияти умумӣ ба ин молу мулк ҳуқуқ дорад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар мутобиқи созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, саҳми аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҳуқуқи моликияти якҷояи молу мулки чунин хоҷагӣ баробар ҳисобида мешавад.
 
1. Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар заминаи молу мулки хоҷагӣ метавонанд ширкати хоҷагидорӣ ё кооператив таъсис диҳанд. Чунин хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) азнавташкилшуда чун шахси ҳуқуқӣ ба молу мулке, ки онро ҳамчун саҳм ва дигар пардохт аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ додааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи қонун намебошанд, ба даст оварда  шудааст, дар ҳуқуқи моликяти он мебошад.
2. Андозаи саҳми аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки иштирокчии ширкати хоҷагидорӣ ё узви кооператив мебошанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи тартиби  пешбининамудаи қисми 3 моддаи 306 ҳамин Кодекс муқаррар  карда мешавад.
 
 
 
        Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ, ки ба он молу мулк ба ҳуқуқи пешбурди
 хоҷагидорӣ тааллуқ дорад, ин молу мулкро дар доираи муайяннамудаи Кодекси мазкур соҳибӣ,
 истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.
 
Объекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ, агар қонунҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ҳама гуна  молу мулк буда метавонад.
 
1. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба молу мулке, ки моликаш дар мавриди ба ихтиёри корхонаи қаблан таъсисёфтаи давлатӣ додани он қарор қабул кардааст, агар дар қонунҳо ё қарори молик тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби ин корхона, аз лаҳзаи ба  баланси  мустақимаш гузаронидани молу мулк пайдо мешавад.
2. Самара, махсулот ва даромад аз истифодаи молу мулк, ки корхона мутобиқи шартнома ё дар асосҳои дигар ба даст овардааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо барои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба хоҷагидории корхона дохил  мешавад.
3. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба молу мулк бо асос ва тартиби пешбининамудаи қонунҳо барои қатъи ҳуқуқи моликият, инчунин дар ҳолати қонунан мусодира намудани молу мулкии корхона бо қарори молик қатъ мегардад.
 
1. Молики молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ қарордошта, мутобиқи  қонун масъалаҳои таъсиси корхона, муайян намудани мақсаду мароми фаъолияти он, азнавташкилкунӣ ва барҳам додани онро ҳал намуда, роҳбари корхонаро таъин менамояд, мутобиқи мақсад истифода ва ҳифз шудани молу мулки марбути  корхонаро таҳти назорат мегирад.
2. Молик ба гирифтани як қисми фоида аз истифодаи молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидории корхона қарордошта  ҳуқуқ дорад.
 
1. Корхонаи  воҳиди давлатӣ, ки дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ фаъолият  мекунад, ҳақ  надорад бидуни розигии молик ё мақоми давлатии  аз ҷониби он ваколатдоршуда шаклҳои зерини фаъолияти соҳибкориро анҷом диҳад:
а) биною иншоот, таҷҳизот ва дигар фондҳои асосии корхонаро фурӯшад ё ба ихтиёри дигар ашхос супорад, иваз намояд, ба иҷораи дарозмуддат (беш аз се сол), муваққатан ба истифодаи бепул  диҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад рўйхати биною иншоот, таҷхизот ва дигар фондҳои асосии корхонаҳои воҳиди давлатиро, ки иҷораашон новобаста аз мўҳлати иҷора  дар мувофиқа бо мақомоти  ваколатдори давлатӣ  амалӣ  мегардад, муайян намояд;
б) филиалҳо ва корхонаҳои фаръӣ созад, якҷоя бо соҳибкорони хусусӣ корхонаҳо ва истеҳсолоти муштарак таъсис  диҳад, сармояи тиҷоратӣ ва пулии худро  дар онҳо гузорад;
в) ба соҳибкорони хусусӣ қарз диҳад, ки фоизи он аз андозаи фоизи кредити тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон поинтар бошад.
2. Корхонаи воҳиди давлатӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, метавонад мустақилона молу мулки манқули дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ ба он вобаста шударо ихтиёрдорӣ кунад.
 
 
1. Корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ, инчунин муассиса ба молу мулки дар ихтиёраш  гузошташуда дар доираи муайяннамудаи қонун, мутобиқи мақсади фаъолияти хеш супоришҳои молик ва таъиноти молу мулк ҳуқуқи соҳибӣ истифода ва ихтиёрдориро  доранд.
2. Молики молу мулке, ки ба ихтиёри корхонаи давлатӣ ё муассиса дода шудааст, ҳақ дорад молу мулки зиёдатӣ, таҳти истифода қарор надошта ва ё мутобиқи мақсад истифоданашударо пас  гирад ва мутобиқи салоҳдиди худ истифода барад.
 
1. Корхонаи махсуси давлатӣ танҳо бо розигии молики ин молу мулк ҳақ  дорад молу мулкро бегона кунад ё бо молу мулки марбутааш бо  усули дигар муносибат кунад.
Корхонаи махсуси давлатӣ махсулоти истеҳсолкардаашро, агар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда  бошанд, мустақилона мефурӯшад.
2. Тартиби тақсими даромади корхонаи махсуси давлатиро молики молу мулки он муайян мекунад.
 
1. Муассиса ҳақ надорад молу мулки ба ихтиёраш гузошташуда ё аз ҳисоби маблағи мутобиқи харҷномаи (сметаи)  барои хариданаш ҷудокардашударо, фурӯшад, ё онро бо усули дигар соҳибӣ намояд.
2. Агар мутобиқи санади таъсисоти ба муассиса иҷозат дода шуда бошад, ки бо фаъолияти даромаднок машғул шавад, дар он сурат даромад ва молу мулки аз ин даромад бадастовардашуда пурра ба ихтиёри муассиса гузашта, дар баланси алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
   1. Ҳуқуқи идораи оперативии молу мулке, ки соҳибмулк онҳоро ба корхонаи махсуси (казонии)
давлатӣ ё муассиса вобаста намудааст, агар дар қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё қарори
соҳибмулк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз лаҳзаи ба ин корхона ё муассиса супоридани
он ба миён меояд.
  2. Самара,  маҳсулот ва даромад аз истифодаи молу мулки таҳти идораи оперативӣ қарордошта,
инчунин молу мулке, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ ё муассиса мувофиқи шартнома ё дигар
асосҳо ба даст овардааст, тибқи тартиби муайянкардаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии
ҳуқуқӣ оид ба даст овардани моликият ба ҳуқуқи оперативии идоракунии корхона дохил мешавад.
       3.Ҳуқуқи идораи оперативии молу мулк мутобиқи асос ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс
ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қатъ намудани ҳуқуқи моликият, инчунин дар ҳолатҳои
бо қарори соҳибмулк ба таври қонунӣ пас гирифтани молу мулк аз корхонаи махсуси давлатӣ ё
муассиса қатъ мегардад.
 
Молике, ки молу мулки ба ихтиёри муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ додааст, ҳақ дорад онро пас гирад ё байни дигар шахси ҳуқуқии таъсисдодааш, агар дар санади қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо салоҳдиди худ аз нав тақсим кунад.
 
1. Рӯёниш аз молу мулке, ки таҳти идораи оперативии муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ қарор дорад, дар асоси тартиби умумӣ мутобиқи қонунҳо, агар ҳамин Кодекс ва санади қонунӣ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, анҷом дода мешавад.
2. Агар  муассиса аз фаъолияти хоҷагӣ даромад ба даст оварда бошад, рӯёниш аз молу мулки вобастакардаи молик, ки таҳти идораи оперативӣ қарор дорад, пас аз ситонидани пардохт аз  даромаде, ки аз фаъолияти хоҷагӣ гирифтааст ва молу мулке, ки аз  ҳисоби даромад ба даст овардааст, анҷом дода мешавад.
3. Муассиса ва корхонаи махсуси давлатӣ мутобиқи ӯҳдадориҳояшон оиди маблағи дар ихтиёрашон қарордошта ҷавобгар мебошанд.
Дар сурати нокифоя будани маблағи муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ масъулияти ӯҳдадориҳо  ба зиммаи молики  муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ гузошта мешавад.
 
         1. Ҳангоми чун комплекси молумулкӣ гузоштани ҳуқуқи соҳибмулкии  корхонаи воҳиди
давлатии ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ ба соҳибмулкии дигари давлатӣ ё коммуналӣ, чунин корхона
 ҳуқуқи пешбурди  хоҷагидориро ба молу мулки худ нигоҳ медорад.
2. Ҳангоми ба дигар шахс гузаштани ҳуқуқи моликият ба муассиса ин муассиса ҳуқуқи идораи оперативиро ба молу мулки худ нигоҳ медорад.
 
3. Ҳуқуқҳои дигари ашёӣ
 
Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ашё, инчунин дар натиҷаи ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ба монанди шартномаи кирои ашё, иҷора, қарз ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба миён меоянд.
 
 
Молик ҳақ дорад эътирофи ҳуқуқи моликияташро талаб намояд.
 
Молик ҳуқуқ дорад аз ба дастоварандаи  ғайриқонунӣ молу мулкашро талаб карда гирад.
 
1. Агар молу мулки музднок аз шахсе ба даст оварда шуда бошад, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва ба дастдароваранда аз ин  огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист (бадастоварандаи бовиҷдон),  ин молу мулкро  молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ дода гум карда бошад ё аз яки онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар, бидуни  ихтиёри онҳо аз тасарруфашон баромада бошад, молик ҳақ дорад онро аз бадастоваранда талаб карда гирад.
2. Агар молу мулк   аз шахсе, ки ба бегона кардани он ҳуқуқ надошт, бе пул гирифта шуда бошад, молик дар ҳама ҳолат  ба талаб карда гирифтани молу мулк ҳақ дорад.
3. Аз бадастдароварандаи бовиҷдон талаб карда гирифтани пул, инчунин коғазҳои қиматноки манзурӣ мумкин нест.
 
Ҳангоми талаб карда гирифтани молу мулк аз ба дастдароварандаи  ғайриқонунии ғайр молик инчунин ҳақ дорад аз шахсе, ки  медонист ё бояд медонист, ки соҳибии ӯ ғайриқонунӣ мебошад (ба дастдароварандаи бевиҷдон) баргардонидан ё ҷуброни ҳамаи даромадеро, ки  ин шахс ба даст овардааст ё мебоист дар тамоми давраи соҳибиаш ба даст орад, талаб намояд; бадастдароварандаи бовиҷдон бошад, тамоми  даромадеро, ки ӯ ба даст овардааст ё мебоист аз лаҳзае, ки ӯ огоҳ гардид ё мебоист аз соҳибияти ғайриқонуниаш ё дар мавриди даъвои молик дар мавриди баргардонидани молу мулк огоҳинома  гирифта буд,  талаб намояд.
Ба дастдароварандаи бовиҷдон дар  навбати худ ҳақ дорад аз молик ҷуброни  хароҷоти  заруриашро нисбати  молу мулк аз вақте, ки ба молик пардохтани  даромад аз молу мулк ба ҳисоб рафтааст, талаб намояд.
Ба дастдароварандаи бовиҷдон инчунин ҳақ дорад беҳбудиҳои анҷомдодаашро, агар ҷудо карда гирифтан онҳо бидуни ворид намудани зиён ба молу мулк имконпазир бошад, дар ихтиёри худ нигоҳ дорад. Агар чунин тарзи ҷудо карда гирифтани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, соҳиби бовиҷдон ҳақ дорад ҷуброни хароҷоти  барои беҳбудӣ масрафшударо, вале на бештар аз арзиши аз нархи зиёдкардашудаи молу мулк талаб намояд.
 
Молик метавонад