Бо Қарори Шўрои олимони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2014 таҳти №4 тасдиқ шудааст
КОНСЕПСИЯИ РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
САРСУХАН
Рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ дар садаи нав зарурати такмили ҷанбаҳои гуногуни қонунгузориро ба вуҷуд овардааст. Имрўз дар қонунгузорӣ бисёр масъалаҳое мавҷуданд, ки таҷдиди назарро мехоҳанд. Барои ин лозим аст, ки ҷараёни рушди қонунгузорӣ дар маҷмўъ ва ба таври комплексӣ арзёбӣ гардад. Тавре дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 омадааст, «вазъи имрўзаи қонунгузорӣ гузаронидани мониторинги ҳуқуқиро тақозо дорад». Гузаронидани чунин мониторинг нерўи зиёди инсонӣ (касбию тахассусӣ, ҷалби доираҳои илмӣ ва ғайра), институтсионалӣ (мақомоту ниҳодҳои гуногун), моддӣ, техникию технологӣ (аз ҷумла омодасозии махзани маълумоти ҳуқуқии мукаммал) ва аз ҳама муҳим вақтро талаб менамояд.
Аз ин рў, дар ин самт бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз соҳаҳои муҳими қонунгузорӣ – қонунгузории гражданӣ (маданӣ) то як дараҷа корҳои муфид анҷом дода шуд.
Дар ин бахш чандин конфронсу семинарҳо ва мизҳои мудаввару вохўриҳо гузаронида шуда, сафарҳои хориҷӣ анҷом ёфтаанд. Ҳамчунин таҷрибаи дигар давлатҳои пешқадам омўхта шуда, зарурати қабул ва мутобиқсозии он дар шароити Тоҷикистон аз лиҳози манфиатҳои миллӣ ва ҳадафу вазифаҳои давлат баҳо дода шудааст.
Гузашта аз он, тадқиқоти илмии солҳои охир анҷомёфта низ мавриди омўзиш қарор гирифта, бо тамоми мутахассисон ва олимони соҳа дар шакли гуногун (семинар, конфронс, суҳбатҳои телефонӣ, мукотиботи электронӣ ва ғайра) вохўрию нишастҳо ва мулоқот ташкил карда шуд. Дар ҷараёни чунин ҳамкориҳо фикру ақидаҳо ва пешниҳоду дархостҳои сершумор аз сохторҳои гуногун ворид шуданд, ки ҳамаи онҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Консепсияи такмили қонунгузории граждании (мадании) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шакли фишурда пешкаш мегардад, ҷамъбасти тамоми таҳлилҳои гузаронидашуда мебошад. Он муҳимтарин фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳоро фаро гирифта, инъикосгари воқеияти ҳаёти ҷамъиятии имрўза ва сатҳи пешрафти ҷомеа мебошад. Онро ҳамчун як навъ мониторинги қонунгузории гражданӣ (маданӣ) ва консепсияи рушди минбаъдаи он баррасӣ намудан мумкин аст.
Ҳамчун роҳбари гурўҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба мураттибон ва ҳамаи он шахсоне, ки дар таҳияи консепсияи такмили қонунгузории граждании (мадании) Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, хусусан ба докторони илмҳои ҳуқуқ, профессорон М.А. Маҳмудов, Ш.Т. Тағойназаров, Ш.М. Менглиев, Ш.М. Исмоилов, Ш.К. Ғаюров, Ҷ.С. Муртазоқулов, номзадҳои илмҳои ҳуқуқ, дотсентон И. Ҳ. Бобоҷонов, У.Х. Бобоев, Б.Саидвалиева, А. Қ. Нуров, Ф. Маҳмадшоев, Б. Расулов, Ф.С. Сулаймонов, Ҷ. Бобоев, Д.Ш. Сангинов, Х.Т. Носиров ва дигарон изҳори миннатдорӣ менамоям.
Раҳимов М.З., директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, док. илмҳои ҳуқуқ, профессор
МУҚАДДИМА
Қонунгузории граждании (мадании) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими қонунгузорӣ ба шумор рафта, барои рушди шахсият ва иқтисодиёт нақши калидӣ дорад. Қонунгузории гражданӣ (маданӣ) аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар Кодекси гражданӣ ва садҳо қонуну санадҳои зерқонунии дигар ифода гардидаааст.
Дар маҷмӯъ такмил додани қонунгузории гражданӣ (маданӣ) аз якчанд омилҳо вобаста аст, аз ҷумла: раванди босуръати рушди муносибатҳои гражданӣ (маданӣ) дар кишвар ва ҷаҳонишавии он, қабули қонунҳои алоҳида вобаста ба муносибатҳои гражданӣ (маданӣ), бартараф намудани мухолифати дохилии қонунҳои амалкунанда ва КГ ҶТ, ки татбиқи онҳоро дар амал душвор мегардонанд, аз ҷиҳати истилоҳот коста будани мазмуну мундариҷаи қонунгузории гражданӣ (маданӣ) ва ғ. Ҳамзамон солҳои 1990-2014 дар Тоҷикистон зиёда аз 50 рисолаи номзадӣ ва 6 рисолаи докторӣ вобаста ба мушкилоти ҳуқуқи гражданӣ (маданӣ) ва соҳибкорӣ эҷод шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои алоҳидаи такмили қонунгузории гражданӣ (маданӣ) мавриди таҳлил қарор дода шуд ва барои такмили он пешниҳодҳо карда шудаанд.
Бояд зикр намоем, ки баъди қабули КГ ҶТ дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад, ки дар қонунгузории гражданӣ (маданӣ) инъикоси худро наёфтаанд.
Зарурати танзими чунин дигаргуниҳо на танҳо дар шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва фазои ҳуқуқии ҶТ, инчунин дар дигар давлатҳои пасошўравӣ низ ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз, давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодии Аврупо ва Осиё лоиҳаи Консепсияи такмили қонунгузории гражданиро (маданиро) дар асоси Қарори ҷаласаи худ аз 23 декабри соли 2011 қабул намуданд. Дар таҳияи консепсияи такмили қонунгузории граждании (мадании) худ давлатҳои ИДМ низ кор карда истодаанд, аз ин рў, Тоҷикистон низ набояд аз ҷараён дур бошад. Зеро қисми асосии муомилот маҳз тавассути меъёрҳои қонунгузории гражданӣ (маданӣ), хусусан Кодекси гражданӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Дар ин ҷараён Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, № 1021 ва Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №96 тасдиқ шудааст, қабул гардидаанд. Санадҳои мазкур моро водор менамояд, ки қонунгузории гражданиро (маданиро) такмил дода, мутобиқати онро бо қонунҳои дигар таъмин намоем.
Дар партави санадҳои зикршуда дар ҷумҳурӣ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 3 апрели соли 2012 мизи мудаввар доир ба мавзӯи «Консепсияи такмили қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар гурӯҳи олимон ва мутахассисон иштирок намуда, масъалаҳои баҳсталаби қонунгузории гражданиро (маданиро) мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамзамон гурӯҳи корӣ дар назди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро омода намуд, ки он бо иштироки мутахассисон ва олимони соҳа дар санаҳои 12-14 декабри соли 2012 дар Хоҷа Оби гарм мавриди баҳсу мунозира қарор дода шуд.
Дар ҷараёни такмил додани лоиҳаи консепсияи мазкур гурӯҳи олимон ва мутахассисон ба хулоса омаданд, ки КГ ҶТ дар маҷмӯъ ниёз ба таҳрир дорад.
Ҳамзамон зарурати дар таҳрири нав омода намудани КГ ҶТ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 низ пешбинӣ гардид. Бо ин мақсад дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2013, № АП-2257 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М.З. Раҳимов ҷиҳати таҳияи Кодекси гражданӣ дар таҳрири нав таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ вазифадор шудааст, ки то охири соли 2014 Кодекси гражданиро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд.
Ҷараёни зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки такмили қонунгузории гражданӣ (маданӣ) ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлат, олимон ва мутахассисони соҳа мебошад.
Бинобар ин, як қатор масъалаҳои муҳими вобаста ба такмили қонунгузории гражданиро (маданиро) дар шакли фишурда баён хоҳем кард. Умедворем, ки ҳолатҳои дар консепсияи мазкур зикршуда барои таҳияи Кодекси гражданӣ дар таҳрири нав ва умуман қонунгузории гражданӣ (маданӣ) мусоидат хоҳад намуд.
I. ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНӢ (МАДАНӢ) ДАР ИРТИБОТ БО ҚИСМИ ЯКУМИ КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бобати техникаи қонунгузории гражданӣ (маданӣ)
1. Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон ҳангоми қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ техникаи қонунгузорӣ мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар лаҳзаи қабули санад амалкунанда анҷом дода шудаанд. Дар Тоҷикистон қонун дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ се маротиба (солҳои 1998, 2003 ва 2009) қабул гардидааст, ки дар онҳо қоидаҳои гуногуни техникии ифодаи меъёрҳои ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд. Бинобар ин, вобаста аз он ки санади меъёрии ҳуқуқӣ кай қабул гардидааст, техникаи он фарқ менамояд. Яъне, дар қонунгузории Тоҷикистон техникаи қонунгузорӣ то ҳол ягона нест. Аксарияти санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки то соли 2009 қабул шудаанд, то ҳол ба талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида нашудаанд. Мушкилот дар он аст, ки дар Қонуни мазкур вазъи техникаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблӣ муайян нашудааст (ин на танҳо ба сохтори чунин санадҳо, балки ба мазмуни мафҳуму истилоҳоти алоҳида таъсир мерасонад). Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҳангоми такмили қонунгузории гражданӣ (маданӣ) ба ин масъала аҳамияти зарурӣ дода шавад. Хусусан, қонунгузории граждание (мадание), ки то мавриди амал қарор додани Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009 қабул шудаанд, ба талаботи ҳамин қонун мутобиқ карда шаванд.
2. Меъёрҳои қонунгузории гражданӣ (маданӣ), хусусан КГ ҶТ бо забони давлатӣ тарзе ифода шудаанд, ки баъзан барои фаҳмидани онҳо ҳатман зарурати қиёс бо дигар санадҳо ва истифодаи матни русӣ пеш меояд. Дар ҳуқуқшиносӣ шакл муҳим аст, аммо мазмун аз он ҳам муҳимтар мебошад. Бинобар ин, меъёрҳое, ки шакли ифодаашон душворфаҳм аст, дар таҳрири нав навишта шаванд.
3. Дар КГ ҶТ дар баъзе ҳолатҳо истилоҳот бо забони тоҷикӣ номушаххас, гуногунмаъно, гуногуншакл ва тарзе истифода шудаанд, ки вазни меъёрии онро коста менамоянд. Масалан, калимаю истилоҳоти «ҷуброн», «рӯёнидан», «ситонидан», «товон», «зиён», «зарар», «нафъ», «фоида» «шахс», «шахси ҳуқуқӣ», «шахси воқеӣ», «қонунҳои гражданӣ», «қонунгузории гражданӣ», «қарори суд», «ҳалномаи суд», «санади судӣ», «нодорамӣ», «муфлисшавӣ» «ноустуворона», «ҷаримаи аҳдшиканӣ», «нашри санад», «қабули санад», «муҳлати оқилонаи», «муҳлати қобили қабул», «аҳдҳои беэътибор», «тасарруф», «молик», «соҳибмулк», «соҳиб», «истифода», «ихтиёрдорӣ» ва ғайраҳо дар баъзан мавридҳо ғалат ё бидуни дарназардошти моҳияту мазмуни истилоҳ истифода карда шудаанд, ҳол он ки ҳар яки он вобаста аз ҳолат бояд дар макони худ истифода шаванд.
4. Калимаю истилоҳоти иқтибосӣ дар КГ ҶТ бидуни зарурат зиёд истифода шудаанд, ки қисме аз онҳо ҳатто ба табиату қонуниятҳои овоии забони тоҷикӣ созгор нестанд, дар ҳоле ки муодили онҳо дар забони илмӣ, қонунгузорӣ ва ҳатто гуфтугўӣ роиҷ мебошанд. Масалан, калимаҳои «гражданӣ», «регресс», «пеня», «легат», «фоиз», «новатсия», «ставка», «ипотека», «госпитал», «заклад», «суғурта», «ўгай», «кўмак», «чипта», «яроқ» ва ғ. ва ғайраҳо. Аз ин ҷо зарурати бо забони давлатӣ ва адабии фаҳмо ифода кардани калимаҳое, ки дар қонунгузорӣ истифода шудаанд, ба миён меояд. Дар ҷараёни истилоҳофарӣ бояд талаботи оммафаҳм будани калима ва ибораҳо риоя гардад. Дар баробари ин, бояд ба инобат гирифт, ки маънои хосса додан ба калимаю ибораҳои нав ҳамчун истилоҳ барои ғайримутахассисон баъзе душвориҳоро ба миён оварда метавонад. Масалан, калимаҳои «тасарруф» ва «соҳибӣ»; «молик», «соҳиб» ва «соҳибмулк»; «соҳибият» ва «моликият»; «мол», «ашё», «молу мулк», «амвол», «чиз», «коло» ва ғайра ба маънои умумииҷтимоӣ ҳаммаъно истифода мешаванд. Ё худ калимаи «меъёр» маъноҳои хеле гуногун дорад. Дар забони қонунгузорӣ бошад ҳар як истилоҳ маънои хосро доро буда, истифодаи муродифи он ва ё шарҳи умумииҷтимоии он ҷоиз нест ва ҳатто хатарнок низ ҳаст. Гузашта аз он, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида истилоҳоти махсус низ истифода мешавад, ки он аз истилоҳоти умумиҳуқуқӣ фарқ карда метавонад. Масалан, мафҳуми «оила», «аъзои оила», «хешовандони наздик» дар қонунгузории гражданӣ (маданӣ), оилавӣ, ҷиноятӣ ва андоз ба маъноҳои гуногун истифода мешаванд.
Аз ин рў, шояд дар солҳои аввали истифодаи истилоҳоти нав каме душворӣ пеш ояд, аммо бо мурури замон истилоҳоти мазкур дар ҳуқуқшиносӣ маъмул мешаванд.
5. Бо дарназардошти маҷмўи омилҳои меъёрию забонӣ зарурати дар қонунгузории Тоҷикистон ба ҷойи истилоҳи «гражданӣ» истифодаи истилоҳи «маданӣ» ба вуҷуд омадааст ва дар ҳамин радиф номи КГ ҶТ низ бояд иваз карда шавад.
6. Дар қонунгузории ҶТ яке аз мушкилоти муҳим таносуби байни КГ ҶТ ва дигар қонунҳо (аз ҷумла кодексҳо) мебошад. Тибқи моддаи 7 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» кодекс ва қонун дар як сатҳқарор доранд. Аммо дар моддаи 2 КГ муқаррар шудааст, ки «Меъёрҳои қонунҳои граждание, ки дигар қонунҳо ва асноди дигари қонунӣ дар бар гирифтаанд, бояд бо ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд». Ҳол он ки тибқи моддаи 70 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» санади меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқии ҳамин дараҷа ҳангоми мавҷуд будани ихтилофҳо дар ҳолатҳои зерин қувваи бештари ҳуқуқӣ дорад:
- агар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз рўи ҳамон як мавзўи танзим нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ баъдтар қабул шуда бошад;
- агар мавзўи танзими ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки умумӣ мебошад, махсус бошад.
Бинобар ин, зарурати бо ҳам мутобиқгардонии меъёрҳои КГ ҶТ бо дигар қонунгузории маданӣ ба вуҷуд омадааст. Дар чунин ҷараён бояд мавқеъ ва нақши КГ дар низоми қонунгузории маданӣ ба инобат гирифта шавад.
7. Таркиби КГ ҶТ бояд ба талаботи моддаи 34 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ карда шавад.
Дар бобати муқаррароти умумӣ
1. Дар муносибатҳои маданӣ баробарии иштирокчиёни муносибатҳо ҳамеша дар мадди аввал аст. Гарчанде дар моддаи 1 КГ ишора ба баробарии иштирокчиёни муносибатҳои мавзўи танзими он шуда бошад ҳам, аммо принсипи (усули) баробарӣ махсус зикр нагардидааст. Аз ин лиҳоз, дар КГ бояд принсипи баробарии иштирокчиёни муносибатҳои маданӣ пешбинӣ гардад.
2. Дар доираи муомилоти маданӣ падидаи манфие ба назар мерасад, ки онро дар илм «давр задани қонун» (ё худ «сарфи назар намудани қонун») меноманд, зеро баъзеҳо кўшиш менамоянд, ки муқаррароти қонунро нодида гиранд (давр зананд) ва ҳамзамон масъул набошанд. Ҳатто «ҳикмате» низ маъруф шудааст, ки «қонунро вайрон кардан мумкин нест, аммо давр задан мумкин». Чунин шахсон ба хотири ба даст овардани нафъ тавассути амалҳои бевиҷдонона аз ҳуқуқҳои худ сўиистифода менамоянд. Масалан, дар қитъаи замин сохтмонеро анҷом дода, бо бастани шартномаи хариду фурўши ин сохтмон дар асл қитъаи замин хариду фурўш карда мешавад ё бо додани ваколатнома аҳди хариду фурўши воситаи нақлиёт анҷом дода мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, дар моддаи 10 КГ ҶТ меъёреро бо мазмуни манъи гирифтани нафъ ҳангоми сўиистифода аз ҳуқуқ ва рафтори бевиҷдонона пешбинӣ намудан зарур аст.
3. Яке аз масъалаҳои муҳим дар муносибатҳои имрўзаи маданӣ ин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҷуброн намудани зараре мебошад, ки дар натиҷаи амали дурусти («ҳуқуқии», ё ин ки «дар доираи муқаррароти қонун (ҳуқуқ) анҷомдодаи») мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва шахсони мансабдори онҳо расонида шудааст. Ба хотири ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маданӣ қонунгузорӣ ҳолатҳоеро пешбинӣ намуда метавонад, ки зарари дар натиҷаи амали дурусти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва шахсони мансабдори онҳо расонидашуда низ бояд ҷуброн шавад. Бинобар ин, хуб мешавад, агар доир ба ин ҳолат меъёри алоҳида дар боби 2 бо мазмуни зайл ифода карда шавад: «Зарари дар натиҷаи амали дурусти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва шахсони мансабдори онҳо расонидашуда дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ҷуброн карда мешавад».
4. Дар баъзе ҳолатҳо тавассути санадҳои ташкилотҳо (давлатию ғайридавлатӣ) ба ҳуқуқу манфиатҳои мадании шахс эҳтимоли расонидани зарари моддию маънавӣ вуҷуд дорад. Вобаста ба ҳамин масъала дар моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ заминаи ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, ки «товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад». Бинобар ин, шахс бояд имкон дошта бошад, ки барои беэътибор донистани чунин санадҳо ё аз ҷониби суд татбиқ накардани онҳо муроҷиат намояд. Аз ин лиҳоз, беэътибор донистани чунин санадҳо ва аз ҷониби суд татбиқ накардани онҳо ҳамчун тарзи ҳимояи ҳуқуқҳои маданӣ бояд дар моддаи 12 КГ ифода гардад.
Дар бобати шахсони воқеӣ
1. Бо сабаби он ки дар танзими муносибатҳои маданӣ мансубияти шаҳрвандӣ аҳамият надорад, зарурат ҷой дорад, ки истилоҳи хоссаи «шаҳрвандие», ки дар қонунгузории маданӣ истифода мешавад (моддаи 17 КГ ҶТ), бо истилоҳи «шахсони воқеӣ» иваз карда шавад. Дар мавридҳое, ки зарурати ишора маҳз ба шаҳрванди Тоҷикистон ва ё шаҳрванди хориҷӣ ҷой дорад, калимаҳои «шаҳрванди Тоҷикистон», «шаҳрванди хориҷӣ» ва «шахсони бешаҳрвандӣ»-ро истифода намудан мумкин аст.
2. Истифодаи ном ё тахаллуси шахсони воқеӣ бо розигии онҳо аз ҷониби шахсони дигар дар фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар намуди фаъолияти иқтисодӣ маъмул шудааст, ки зарурати инъикоси онро дар қонунгузорӣ ба миён овардааст. Аз ҳамин лиҳоз, меъёрҳои КГ вобаста ба масъалаи мазкур, хусусан доир ба ҳифзи ном ва тахаллус бояд такмил дода шавад ва истифодаи ном ё тахаллус бояд тарзе сурат гирад, ки нафарони дигарро ба иштибоҳ наандозад. Инчунин зарур аст, ки ҳангоми танзими номи шахсони воқеӣ танҳо муқаррарот вобаста ба фардикунонии онҳо боқӣ монда, муқаррарот вобаста ба ҳуқуқ ба ном ҳамчун ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ дар алоҳидагӣ танзим карда шавад.
3. Дар шароити муосир баъзе шахсони воқеӣ дар чанд маҳал зиндагонӣ ё фаъолият мекунанд, аз ин рў, бояд нишониеро ба кредиторон ё қарздорон ва дигар иштирокчиёни муомилот диҳанд, ки тамос воқеӣ ва саривақтӣ сурат гирифта тавонад. Дар ин ҳолат ба мақсад мувофиқ аст, агар дар КГ меъёре бо мазмуни зайл пешбинӣ гардад: «Дар ҳолате, ки шахс ҳамчун маҳалли зист нишонии ғалатро нишон медиҳад, тамоми оқибати номусоиде, ки вобаста ба он ба миён меояд, ба зиммаи худаш гузошта мешавад».
4. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бо сабаби муштоқи қиморбозӣ гаштани яке аз аъзои хонавода, бахусус падар ё писар, дигар аъзои хонавода дар ҳолати ногувори моддӣ қарор мегиранд. Хуб мешуд агар муштоқ ва вобастаи қимор шудан ҳамчун асоси аз ҷониби суд маҳдуд кардани қобилияти амали шахс дар КГ инъикос гардад ва мутобиқан дар моддаҳои дахлдор ба онҳо таъини парастор пешбинӣ карда шавад.
Дар бобати шахсони ҳуқуқӣ
1. Дар боби 4 КГ муқаррароти умумӣ доир ба шахсони ҳуқуқӣ муқаррар гардида, дар партави он қонунҳои алоҳида доир ба ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, ҷамъиятҳои саҳомӣ, кооперативҳо, корхонаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра қабул шудааст. Ҳангоми такмили КГ ва қонунҳои номбурда ҳатман вобастагии онҳоро ба инобат гирифтан зарур аст.
2. Тибқи талаботи КГ шахсони ҳуқуқӣ ба ду гурӯҳҷудо мешаванд: тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ. Доир ба фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ду масъала мавриди таваҷҷуҳ аст. Аввалан, бояд ёдрас шуд, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ дорои қобилияти маҳдуди ҳуқуқдорӣ мебошанд, аммо новобаста аз ин, дар таҷриба дар аксарияти оинномаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ мақсад ва самтҳои фаъолияти онҳо монанд ба ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошад ва ҳатто барои васеъ ва «номаҳдуд» намудани доираи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ чунин ибораро истифода мебаранд: «ташкилот тамоми дигар фаъолиятҳоеро, ки қонун манъ накардааст, метавонад амалӣ намояд». Шояд аз як тараф хуб аст, ки самтҳои фаъолият барои ташкилоти ҷамъиятӣ васеъ аст, аммо он набояд ба ҳадде бошад, ки боиси намондани фарқ дар байни ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ гардад.
3. Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ (шартномаи таъсисӣ ва оиннома ё низомнома) тибқи КГ ва дигар қонунҳо муқаррар шудааст. Барои баъзе шахсони ҳуқуқӣ (масалан, ҶДММ) доштани ҳам шартномаи таъсисӣ ва ҳам оиннома талаб карда мешавад. Талабот нисбат ба оиннома ва шартномаи таъсисӣ қариб ҳаммазмун мебошанд, бинобар ин, хуб мешавад, ки агар таносуби онҳо муқаррар гардад.
4. Муқоисаи бисёре аз оиннома ва низомномаи корхонаву муассисаҳои давлатӣ, ки фаъолияташон ҳамрадиф аст, нишон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо аз якдигар хеле фарқ менамояд. Дар оиннома ва низомномаҳои корхонаю муассисаҳои давлатӣ масоили асосӣ бояд, ки як хел танзим шавад ва дар ҳолати зарурат вобаста ба соҳа метавон дар оиннома ё низомнома меъёрҳои иловагӣ ворид намуд. Боиси дастгирист агар оинномаи намунавӣ барои корхонаҳои давлатӣ таҳия карда шавад ва минбаъд мавриди истифода қарор гирад[2].
5. Ҳангоми бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ тибқи низоми «равзанаи ягона» оиннома ё шартномаи таъсисӣҳамчун ҳуҷҷати таъсисӣ талаб карда намешавад. Яъне, аз як тараф, мавҷудияти оиннома ё шартномаи таъсисиро КГ ва қонунҳо ҳатмӣ мешуморанд, аммо қайдгирии онҳо дар мақомоти бақайдгиранда сурат намегирад. Бинобар ин, хуб мешавад, ки оинномаи тасдиқнамудаи муассисон ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ супорида шавад (вале бидуни экспертизаи ҳуқуқӣ) ва вобаста ба ин ҳолат дар қонуни соҳавӣ иловаю тағйироти зарурӣ дохил карда шавад.
6. Дар Тоҷикистон як қисми шахсони ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия, қисми дигар дар мақомоти андоз, инчунин ташкилотҳои динӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба дин ба қайд гирифта мешавад. Аз ин сабаб феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Бо истифодаи техникаи муосири шабакавӣ метавон дар назди яке аз мақомоти давлатӣ як марказе таъсис дод, ки тавассути он пешбурди феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.
7. Масъулияти роҳбарони ташкилотҳо барои қарор ва амалҳояшон, ки ба ташкилот зарар меоваранд, бояд мушаххас гардад. Зеро маҳз заиф будани меъёрҳо дар ҳамин самт сабабгори хароб гаштани вазъи молумулкии бисёре аз ташкилотҳои давлатӣ мегардад. Ҳамзамон мақомоти дастҷамъии ташкилот, ки бо қарори қабулнамудаи худ ба ташкилот зарар овардаанд ё шахсоне, ки бевосита ба фаъолияти ташкилот ва роҳбарияти он таъсир расонида, амалашон боиси зарар ба ташкилот гаштааст, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
8. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба КГ ҶТ аз 29 декабри соли 2010 дар масъалаи бақайдгирӣ ва ба феҳраст ворид намудани шахсони ҳуқуқӣ дар моддаҳои алоҳидаи КГ (масалан, моддаҳои 51, 53 ва ғ.) танҳо ишора ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» шудааст. Ҳол он ки масъалаи бақайдгирӣ дар дигар қонунҳо, аз ҷумла дар Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» низ муқаррар шудааст. Беҳтар аст агар дар КГ ҶТ меъёрҳо доир ба бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва ба феҳраст ворид намудани онҳо ба таври умумӣ ифода карда шавад.
9. Маълумот доир ба барҳамхўрии шахсони ҳуқуқӣ на танҳо тибқи моддаи 64 КГ ҶТ бояд дар рӯзномаҳо нашр шаванд, инчунин онҳо бояд дар торнамои мақомоти давлатие, ки бақайдгирии ташкил ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқиро мегузаронанд, анҷом дода шавад. Зеро дар Тоҷикистон зиёда аз 300 рӯзномаю маҷалла вуҷуд дорад. Барои донистани он, ки ташкилот барҳам дода шудааст ё не фавран дастрас намудани онҳо душвор аст. Агар чунин маълумот дар торнамо бошад, он ҳамеша ва сари вақт дастрас буда метавонад.
10. Муқаррароти умумӣ доир ба вазъи ҳуқуқии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар КГ ҶТ ва танзими муфассал дар қонунҳои алоҳида муқаррар шудааст, ки мантиқан дуруст аст. Дар давоми зиёда аз 10 соли амали КГ ва қонунҳои алоҳида низоми муайян ва пайвандии меъёрҳо ба вуҷуд омадааст. Дар заминаи қонунҳои алоҳида доир ба ҷамъиятҳои хоҷагидорӣҳазорҳо ташкилоти тиҷоратӣ ташкил шудаанд. Муҳим он нест, ки ҳамаи меъёрҳо доир ба вазъи ҳуқуқии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар КГ бошад, муҳим он аст, ки меъёр ба рушди ташкилотҳои тиҷоратӣ муосидат намояд.
11. Дар Тоҷикистон бештари шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, кооперативҳо, муассиса, корхонаи воҳиди давлатӣ ва ҷамъияти саҳомии пўшида ташкил карда мешаванд. Дар ин раванд шумораи ками ташкилотҳо дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ва ширкати ба боварӣ асосёфта ташкил шудаанд. Воқеан, шахсони ҳуқуқӣ дар шаклҳои ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ва ширкати ба боварӣ асосёфта кам таъсис меёбанд, аммо ин сабаб шуда наметавонад, ки чунин шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ сарфи назар гардида, ихтисор карда шаванд. Зеро муассисон ҳуқуқи интихоби шакли ташкилиюҳуқуқии шахсони ҳуқуқиро доранд. Сабаби кам таъсис шудани шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ва ширкати ба боварӣ асосёфта шояд дар он бошад, ки муассисони чунин шахсониҳуқуқӣ масъулияти бештаре доранд. Яъне, айни ҳол муассисон кӯшиш менамоянд, ки масъулияти маҳдудтар дошта бошанд. Аммо шояд дар оянда сатҳи масъулиятшиносии муассисон ва соҳибкорон баланд шавад ва он вақт аз ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта истифода намоянд.
12. Сармояи оинномавии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣяке аз масъалаҳои муҳим аст. Айни ҳол талабот нисбати ҳадди ақали сармояи оинномавии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар сатҳи зарурӣ нест. Масалан, барои ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ҳадди ақали сармояи оинномавӣ панҷсад сомонӣ ва барои ҷамъиятҳои саҳомии шакли пўшида ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти саҳомии шакли кушода панҷҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Сармояи оинномавӣ дар муомилот ҳамчун кафолати қонеъ гардонидани талаботи кредиторон фаҳмида мешавад (моддаи 97 КГ ҶТ). Дар таҷриба ташкилот барои пардохти музди меҳнати як нафар корманд бо дарназардошти андозҳо дар як сол тақрибан аз 10 000 сомонӣ зиёд сарф менамояд. Ин таносуб нишон медиҳад, ки муқаррароти мавҷуда вобаста ба андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ бо талаботи воқеии муомилот мувофиқ нест. Бинобар ин, хуб мешавад, ки ҳадди ақали сармояи оинномавии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ на кам аз 10 000 сомонӣ муқаррар гардад. Чунин андоза садди роҳи соҳибкорӣ намешавад. Агар муассис чунин маблағ надошта бошад, метавонад дар шакли соҳибкори инфиродӣ амал намояд. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои Аврупо (масалан, Олмон) татбиқ мегардад. Баъдан, чунин талабот садди роҳи шахсони ҳуқуқии «якрӯза», ки аксаран барои фиреби муштариён ва давлат таъсис дода мешаванд, мегардад. Ҳамзамон талабот гузоштан зарур аст, ки сармояи оинномавӣ пешакӣ пурра пардохт шавад. Зеро пешакӣ пардохт намудани сармояи оинномавӣ яке аз омилҳои муҳими устувории муомилот аст.
13. Бештари ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд аз ҷониби як нафар таъсис дода мешаванд ва баъдан муассис роҳбарии фаъолияти ҷории ташкилотро амалӣ менамояд. Бинобар ин, хуб мешавад, ки агар дар қонунгузории маданӣ меъёре муқаррар гардад, ки агар ҷамъияти хоҷагидорӣ аз ҷониби як нафар таъсис гардад, пас барои уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи иҷрои азму иродаи муассис ба вуҷуд омадаанд, худи муассис масъулияти иловагӣ дорад (ҳатто дар ҳолате, ки муассис роҳбарии фаъолияти ҷории ҷамъиятро ба зимма надошта бошад ҳам).
14. Ҳаҷм ва тартиби масъулияти иловагии аъзои кооперативҳои тиҷоратӣ дар қонунгузорӣ мушаххас нашудааст. Қонуни ҶТ «Дар бораи кооперативҳо» низ масъалаи мазкурро мушаххас нанамуда, балки онро ба оинномаи кооперативҳо ҳавола менамояд. Ҳалли чунин масъалаҳои муҳимро бояд дар қонун муқаррар кард, чунки агар ҳавола ба оиннома намоем, он натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.
15. Дар моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» муқаррар шудааст, ки «Аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатдиҳӣ манъ аст». Аммо дар таҷриба чунин меъёр риоя намешавад. Хуб мешавад, ки агар меъёри мазкур боз ҳам мушаххастар дар қонунгузорӣ доир ба иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ муқаррар карда шавад. Ҳамзамон меъёри мазкур бо тариқи умумӣдар КГ ҶТ (моддаҳои 124- 127) муқаррар карда шавад.
16. Дар КГ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» салоҳияти молики корхонаҳои давлатӣ доир ба додани розигӣ баҳри бастани аҳдҳое, ки дар он манфиати роҳбарият ё маблағи калон вуҷуд дорад, номушаххас аст. Аҳдҳое, ки танҳо бо розигии молик баста шуда метавонанд, бояд муқаррар гардад.
17. Дар КГ ҶТ ва умуман дар қонунгузорӣ низоми дақиқи ташкилоти ғайритиҷоратӣ вуҷуд надорад. Дар моддаи алоҳидаи КГ ҶТ намудҳои дақиқи ташкилоти ғайритиҷоратӣ номбар карда шавад ва дар моддаҳои алоҳида муҳимтарин талабот нисбати ҳар як шакли ташкилиюҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратӣ муқаррар карда шавад. Дар асоси он танзими муфассалро доир ба шаклҳои алоҳидаи ташкилиюҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратӣ дар қонунҳои алоҳида анҷом додан зарур аст.
18. Дар КГ (моддаи 130) мушаххас намудан зарур аст, ки давлат низ метавонад дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳо дар таъсис ва идораи фондҳо иштирок намояд. Зеро дар таҷриба ҳолатҳое ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, ки агар фондҳо бо иштироки давлат таъсис дода шаванд, барои ҷомеа муфид хоҳад буд.
19. Дар КГ (моддаи 132) чунин ба назар мерасад, ки муассисаҳо танҳо давлатӣ мешаванд. Аммо агар ба қисми 3 моддаи 132 КГ нигарем, дар он ибораи «муассисаҳои давлатӣ ё муассисаҳои дигар» зикр шудааст, ки диққати моро сӯи «муассисаҳои ғайридавлатӣ» мебарад. Воқеан, дар баъзе ҳолат зарур мешавад, ки муассисаи ғайридавлатӣ таъсис дода шавад, аммо ин масъала дар КГ мушаххас нашудааст. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар КГ вазъи ҳуқуқии муассисаҳои ғайридавлатӣ мушаххас нишон дода шавад. Гузашта аз он, танзими вазъи муфассали он дар доираи қонуни алоҳида (ҳамчун навъи ташкилоти ғайритиҷоратӣ) мувофиқи мақсад аст.
20. Дар моддаи 143 КГ ҶТ бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул пешбинӣ шудааст ва дар заминаи он Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» қабул шуд. Дар моддаи 11 Қонуни мазкур барои анҷом додани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он таъсиси корхонаҳои воҳиди давлатӣ пешбинӣ шудааст. Аён аст, ки корхонаи воҳиди давлатӣ ташкилоти тиҷоратӣ мебошад. Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ин ваколати мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми такмили КГ ва қонунҳои алоҳида ин масъала ба инобат гирифта шавад.
21. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи ягонаи давлатӣ, ки барои шиносоӣ дастраси умум аст, ворид карда мешавад. Истифодаи чунин маълумот оқибати муайяни ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ки дар КГ онҳо бояд ба инобат гирифта шаванд. Хусусан ба инобат гирифтан зарур аст, ки шахсе, ки бовиҷдонона ба маълумоти феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бовар карда амал кардааст, ҳақ дорад чунин пиндорад, ки он дуруст аст. Бинобар ин, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣҳақ надоранд нисбат ба шахси истифодабурдаи маълумот аз феҳристи ягонаи давлатӣ баҳона пеш оранд, ки ин маълумот ба феҳрист ворид нашудаанд ё нодуруст ворид шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин маълумоти нодуруст дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони дигар бидуни иродаи шахсони ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ворид шуда бошад.
Дар КГ инчунин бояд оқибати пешниҳод накардан, нодуруст ё сари вақт пешниҳод накардани маълумот ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ карда шавад. Шахсони ҳуқуқӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд зарареро, ки дар натиҷаи пешниҳод накардан, нодуруст ё сари вақт пешниҳод накардани маълумот ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба дигар иштирокчиёни муомилоти маданӣ расонидаанд, пардохт намоянд.
Дар бобати объектҳои ҳуқуқҳои маданӣ
1. Номгӯи объектҳои ҳуқуқҳои маданӣ дар моддаи 140 КГ ҶТ баҳсангез аст. Мутахассисон вобаста аз мавқеъ ва мансубият ба мактабҳои ҳуқуқӣ доир ба объектҳо ақидаҳои гуногун доранд. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки объектҳои ҳуқуқҳои маданиро вобаста ба доираи фарогирии танзими КГ ва пайдарҳамии танзими онҳо дар моддаи 140 КГ ҶТ пешбинӣ намоем.
2. Дар муомилоти маданӣ масъалаҳои вобаста ба ашёи комплексӣ (роҳи оҳан, хатти интиқоли барқ, хатти қубур ва ғайра) пайдо шуда истодааст. Бинобар ин, хуб мешуд, ки агар низоми ҳуқуқии онҳо дар КГ ҶТ мушаххас карда шавад.
3. Дар КГ сиррӣ хизматӣ дар баробари сирри тиҷоратӣҳамчун объект мавриди ҳифз қарор гирифтааст (моддаи 153). Бояд зикр намуд, ки сирри хизматӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи оммавӣҳифз мегардад ва омехта кардани он бо объектҳои ҳуқуқи маданӣ ба мақсад мувофиқ нест. Гузашта аз он, масъалаи мазкур бояд бо дарназардошти такмили қисми сеюми КГ ҶТ дар масъалаи моликияти зеҳнӣ таҷдиди назар карда шавад.
4. Коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат дар замони муосир яке аз объектҳои муҳими ҳуқуқҳои маданӣ ба шумор меравад. Дар КГ ҶТ зарурати ҷойгирнамоии меъёрҳои муфассалтар доир ба коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат ҷой дорад. Ҳамчунин зарур аст, ки дигар масъалаҳо вобаста ба коғазҳои қиматнок мушаххас карда шавад, аз ҷумла бояд қонун ва дигар санадҳои зерқонунӣ оид ба низоми ҳуқуқии коғазҳои қиматноки алоҳида қабул карда шаванд.
5. Дар моддаи 143 КГ ҶТ масъалаи масъулият барои дурустии маълумот доир ба қайди давлатии молу мулки ғайриманқул дар феҳраст бояд муқаррар карда шавад. Инчунин хуб мешавад, ки агар чунин феҳраст дар шабакаи интернет дастрас бошад.
Дар бобати аҳдҳо ва намояндагӣ
1. Дар таҷрибаи муомилоти маданӣ гирифтани розигии шахси дигар (махсусан падару модар ё дигар шахсон, масалан, розигии ҳамсар ҳангоми фурўхтани хона, розигии мақомоти шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти давлатӣ ва ғ.) зиёд ба назар мерасад. Аз ҳамин лиҳоз бояд дар КГ ҶТ меъёрҳои мушаххас доир ба шакл ва тартиби гирифтани чунин розигӣ ва оқибати ҳуқуқии он мушаххас гардад.
2. Дар шароити ҳозира ҳолатҳои зиёде ба назар мерасанд, ки роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ аҳдҳоеро мебанданд, ки бештар ба манфиати шахсии худашон ва ба зарари ташкилот анҷом дода мешавад. Бинобар ин, меъёрҳои вобаста ба аҳдҳое, ки дар он бархӯрди манфиатҳо вуҷуд дорад, оқибатҳои он ва тартиби беэътибор донистани онҳоро мушаххас намудан зарур аст.
3. Дар моддаи 213 КГ ҳолатҳои қатъ шудани ваколатнома муқаррар шудааст. Хуб мебуд агар ин номгў васеътар карда шавад.
4. Барои огаҳмандии мардум доир ба саҳеҳияти ваколатномаҳо бояд як феҳрасти электронии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.
5. Дар КГ ҶТ ҳолатҳои беэътибории аҳдеро, ки дар натиҷаи гумроҳии ҷиддӣ анҷом дода шудааст, мушаххас намудан зарур аст. Хусусан ба сифати гумроҳии ҷиддӣ чунин ҳолатҳоро метавон эътироф кард: тараф ба хато дар тавзеҳот, хато дар мазмуни матн, хато дар ифодаи матн ва ғ. роҳ дода бошад; тараф вобаста ба мавзӯи аҳд, аз ҷумла он сифатҳое, ки дар муомилот муҳим мебошанд, гумроҳ шуда бошад; тараф вобаста ба табиати аҳд гумроҳ шуда бошад; тараф нисбати шахсе, ки бо он аҳд мебандад ё дигар шахсе, ки бо аҳд алоқаманд аст, гумроҳ шуда бошад; тараф ҳангоми анҷоми аҳд нисбати ҳолате, ки ӯ иродаашро ифода кардааст ё мавҷудияти чунин ҳолат бараъло барои тарафи дигар маълум буд, гумроҳ шуда бошад ва ғ.
6. Дар КГ доир ба ваколатномаи бозхонднашаванда меъёрҳои мушаххас заруранд. Зеро дар фаъолияти соҳибкорӣ ниёз ба истифодаи чунин ваколатномаҳо зиёд ба чашм мерасад ва он яке аз воситаҳои ҳуқуқии ҳимояи манфиатҳои тарафҳо мебошад.
Дар бобати муҳлати даъво
1. Мафҳуми муҳлати даъво бояд дақиқ баён карда шавад.
2. Барои даъво кардан муайян будани ҷавобгар муҳим аст. Аз ин лиҳоз, барои барқарор намудани муҳлати даъво муайян набудани шахси ҷавобгар метавонад асос бошад. Хуб мешавад агар ин ҳолат дар қонунгузорӣба инобат гирифта шавад. Инчунин ҳангоми бо тариқи ғайрисудӣҳал намудани баҳсҳо муҳлатҳои зиёде мегузарад, дар чунин ҳолат беҳтар аст, агар муҳлати даъво боздошта ҳисобида шавад. Зеро шахсони бевиҷдон метавонанд аз фурсат истифода бурда, баъди ҳал нашудани баҳс дар давраи баррасии ғайрисудӣ муҳлати даъворо гузашта ҳисоб кунанд.
3. Қоидаҳои муҳлати даъво аз рўи аҳдҳои беэътибор таҷдиди назар карда шавад.
Дар бобати ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ
1. Дар замони муосир инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ дар ҷойи аввал меистанд. Бинобар ин, эътироф ва танзими муфассалтари мусбати ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар КГ ҶТ ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣқисман дар моддаҳои алоҳида (дар доираи объектҳои ҳуқуқҳои маданӣ) муқаррар шудаанд, аммо ба таври муфассал танзим нагардидаанд.
Таҳаввулоте, ки ҷомеаи имрўзаи моро фаро гирифтааст, ба соҳаи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии шахсони воқеӣ низ дахл кардааст. Танзими ҳуқуқии мадании масъалаи мазкур талаботи замон мебошад.
Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста (моддаи 5), ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатӣ, дахлнопазирии шахс (моддаҳои 18 ва 36), дахлнопазирии манзил (моддаи 22), маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс (моддаи 23), ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он (моддаи 24), ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ ва сирри он (моддаҳои 24 ва 25), озодии виҷдон (моддаи 26), озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситақои ахбор, озодии эҷодиёт (моддаҳои 30 ва 41), ҳуқуқ ба ташкили оила (моддаи 34), ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ, ҳуқуқ ба муҳити солими зист (моддаи 38) ва ғайраро эътироф намудааст.
Бо сабаби мавҷуд набудани дақиқият дар фаҳмиши ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва василаи амалишавию ҳимояи онҳо қонунгузории мадании аксарияти давлатҳои собиқ шўравӣ бо якчанд моддаҳои дорои хислати умумӣ дар танзими ин муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ маҳдуд шудаанд. Василаҳои самаранок ва дорои аҳамияти амалӣ танҳо дар доираи ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳуқуқи ҷиноятӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар натиҷа, танзими мусбати муносибатҳои мазкур берун монда, ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар сатҳи дахлдор амалӣ нашуда истодаанд ва истифода аз тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои маданӣ низ бинобар номуайяниҳо қариб мушоҳида намегардад.
Бо рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафт ва дастовардҳои бузурги илми ҳуқуқи хусусӣ дар ин ҷода бояд муносибатро комилан тағйир дод. Ҳоло байни мутахассисон баҳс атрофи он ки оё ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ танҳо ҳифз мешаванд ва ё ин муносибатҳо мавриди танзим қарор гирифта метавонанд, қариб намондааст.
Давлате, ки бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла эъмори ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифтааст, набояд масъалаи инкишофи озодонаи шахсият, фароҳам овардани шароити ҳаматарафаи зоҳирсозии имконияти ҳар як инсонро аз мадди назар берун монад.
2. Дар қонунгузории маданӣ ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ қисмати мустақил ҷудо нашудааст, ки тавонад тамоми хусусиятҳои ин падидаро фаро гирад, ин дар ҳолест, ки он яке аз зерсоҳаи муҳими ҳуқуқи маданӣ ба шумор меравад. Тавсифи алоҳидаи ин ҳуқуқҳо дақиқиро ба миён оварда, боиси фаъолгардии соҳибҳуқуқ шуда метавонад. Дар ин масъала тавозун байни зерсоҳаҳои ҳуқуқи маданӣ вайрон гардидаанд. Аз ин нуқтаи назар беҳтар аст агар ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар КГ ҳамчун як фасли алоҳида танзим гарданд. Дар он муқаррароти умумӣ ва ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки ҳастии табиӣ ва иҷтимоии шахси воқеиро таъмин мекунанд, метавонад пешбинӣ гардад.
3. Бо густариши технологияи иттилоотӣ масъалаи ҳимояи шаъну шараф дар шабакаи интернет низ имрўзҳо мубрам шуда, василаҳои амалии ҳимоявӣ дар қонунгузории амалкунанда мушоҳида намегардад. Аз ин рў, такмили КГ дар ин масъала низ мувофиқи мақсад буда, кафолати муҳими ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ буда метавонад.
Дар бобати ҳуқуқҳои ашёӣ
1. Фасли II КГ ҶТ («Ҳуқуқи моликият. Дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ») бояд пурра аз нав таҳрир гардад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки ба ин фасл бобҳои нав ( бобҳои «Соҳибӣ», «Муқаррароти умумӣ оид ба ҳуқуқҳои ашёӣ», «Ҳифзи ҳуқуқҳои ашёӣ») ворид гардад ва фасл «Ҳуқуқҳои ашёӣ» номгузорӣ шавад.
2. Дар боби «Соҳибӣ» соҳибиятро ҳамчун факт (муносибатҳои воқеӣ) бояд эътироф намуд. Чунин соҳибиятро дар КГ аз ваколати «соҳибӣ», ки дар таркиби ҳуқуқи моликият мебошад, бояд ҷудо кард. Ҳамзамон намудҳои соҳибиро бояд мушаххас кард.
Дар маҷмӯъ дар боби бахшида ба соҳибият мафҳуми соҳибӣ, субъектҳои соҳибӣ, объектҳои соҳибӣ, ба даст овардани соҳибӣ, соҳибии қонунӣ, соҳибии бовиҷдонона, ҳуқуқ ба ҳимояи соҳибӣ, талаби ҳимояи соҳибӣ, тақсими гаронии исбот ҳангоми ҳимояи соҳибӣ, норозигӣ муқобили талаб оид ба ҳимояи соҳибӣ, муҳлати даъво аз рўи талаби ҳимояи соҳибӣ, ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми қонеъ намудани талабот оид ба ҳимояи соҳибӣ ва дигар ҳолатҳоро мушаххас намудан зарур аст.
3. Дар фасли мазкур як боби алоҳида доир ба муқаррароти умумии ҳуқуқҳои ашёӣ пешбинӣ намудан зарур аст. Пеш аз ҳама, дар ин боб меъёрҳо доир ба мафҳуми ҳуқуқи ашёӣ, объектҳои ҳуқуқҳои ашёӣ, намудҳои ҳуқуқҳои ашёӣ (ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ, ҳуқуқи идораи оперативӣ, сервитути ашёи ғайриманқул ва ғ.), ба даст овардан ва муқаррар намудани ҳуқуқи ашёӣ ва амалӣ кардани ҳуқуқи ашёӣ бояд пешбинӣ карда шаванд.
4. Боби 19 КГ «Ҳифзи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои ашёӣ» ном дорад, ки онро дар таҳрир нав ҳамчун «Ҳифзи ҳуқуқҳои ашёӣ» қабул намудан зарур аст. Дар боби мазкур меъёрҳо доир ба тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои ашёӣ, эътирофи ҳуқуқи ашёӣ, талаб карда гирифтани ашё аз соҳибии ғайриқонунӣ, талаб карда гирифтани молу мулк аз соҳибикунандаи бовиҷдон, ҳисоббаробаркунӣҳангоми баргардонидани молу мулк аз соҳибии ғайриқонунӣ, бартараф намудани вайронкуниҳои ҳуқуқи ашёие, ки ба маҳрум кардан аз соҳибият алоқаманд намебошанд, аз ҳабс озод кардани ашё (аз рӯйхат баровардан)-ро муқаррар намудан лозим аст.
5. Доир ба сохтмони худсарона меъёрҳои КГ ба такмил ниёз доранд. Хусусан, ҳуқуқҳои шахсе, ки ҳангоми вайрон кардани сохтмони худсарона поймол шудааст, бояд ҳимоя гарданд. Ҳамзамон ҳолатҳои эътироф кардани ҳуқуқи моликияти шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода бояд мушаххас карда шавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ имконияти ба моликияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ додан ва ҳамзамон пардохти хароҷоти шахси сохтмонкардаро муайян намудан зарур аст.
6. Дар ҳар як давлат объектҳои стратегӣ мавҷуданд, ки доштан ва истифода намудани онҳо ба амнияти миллӣ ва рушди ҷомеа таъсири бевосита дорад. Дар фасли мазкур мақсаднок аст, ки моддаи нав оид ба низоми ҳуқуқии объектҳои стратегӣ илова намуда, тартиби соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани объектҳои мазкур муқаррар гарданд.
7. Қисми 1 моддаи 235 КГ-ро дар таҳрири нав қабул намудан лозим аст, зеро ки дар он субъектҳои ҳуқуқи моликият бенизом номбар шудаанд. Зимнан, бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, ки дар моддаи мазкур ба сифати субъекти ҳуқуқи моликият баъзе аз шахсони ҳуқуқӣ номбар шудаанд, на ҳамаашон. Ҳамчунин дар моддаи мазкур номбар намудани коллективҳо ҳамчун субъект нофаҳмӣ ва шубҳаро ба вуҷуд меорад.
8. Масъалаи шаклҳои моликият, ҳолати моликияти (ашёи) оммавӣ, намудҳои моликияти давлатӣ, ҳолати моликияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра бояд таҷдиди назар карда шаванд.
9. Қобили қабул аст, ки ба моддаи 304 КГ тағйирот илова карда шуда, муқаррар гардад, ки даромади яке аз ҳамсарон аз истифодаи ҳуқуқи моликиятии зеҳнӣ моликияти умумии ҳамсарон ҳисобида мешавад, агар дар шартномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
10. Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ яке аз ҳуқуқҳои ашёие мебошад, ки дар боби 18 КГ ҶТ пешбинӣкарда шудааст. Дар он масъалаҳои ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ, ҳуқуқи идораи оперативӣ ва ҳуқуқҳои дигари ашёӣ ба танзим дароварда шудаанд. Зарур аст, ки ба боби мазкури КГ ҶТ боби нав - сервитути ашёи ғайриманқул илова карда шавад. Доир ба сервитутҳои ашёи ғайриманқул меъёрҳои мушаххас пешбинӣ намудан зарур аст. Аз ҷумла, меъёрҳо доир ба ҳуқуқи маҳдуди истифодаи ашёи ғайриманқули бегона, сервитути ихтиёрӣ, сервитути ҳатмӣ, нигоҳ доштани сервитут ҳангоми додан, гузаштани ҳуқуқи моликиятӣ ба бино ва иншоот ва қатъ шудани сервитут бояд мушаххас гарданд.
11. Тарзҳои махсуси ҳимояи ҳуқуқҳои ашёӣ бояд васеъ карда шуда, қоидаҳои аз ҳабс озод кардани ашё (аз рӯйхат баровардан) дар КГ ҶТ ҷойгир карда шавад.
Дар бобати ҳуқуқи уҳдадорӣ
§1. Мафҳум, асосҳои ба миён омадан ва тарафҳои уҳдадорӣ
1. Таҳлили КГ ҶТ нишон медиҳад, ки мафҳуми уҳдадориҳое, ки дар моддаи 328 пешбинӣ шудааст, тамоми амалҳои тарафҳоро, ки мавзўи уҳдадориро ташкил медиҳад, дар бар намегирад (масалан, хизматрасонӣ). Хизматрасонӣ яке аз амалҳое мебошад, ки дар таҷриба ба онҳо бисёр дучор шудан мумкин аст. Ифодаи худро наёфтани чунин амалҳо дар моддаи мазкур боиси нопурра гаштани меъёрҳои КГ мегардад.
2. Дар қисмати умумии боби 20 уҳдадориҳо ба намудҳои мушаххас тақсим карда нашудааст. Дар ҳолате, ки дар моддаи 343 КГ иҷрои уҳдадориҳои алтернативӣ пешбинӣ карда шудааст. Вале мафҳум ва моҳияти уҳдадории мазкур дар боби муқаррароти умумӣ дода нашудааст. Бояд қайд кард, ки дар қонунгузории давлатҳои пешқадам дар баробари уҳдадориҳои алтернативӣ инчунин уҳдадории факултативӣ (иловагӣ) ва натуралӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҷудо кардани уҳдадориҳо ба намудҳои зикршуда боиси пурра гардидани танзими муносибатҳои вуҷуддошта мегардад.
§2. Иҷрои уҳдадориҳо
3. Яке аз принсипҳои муҳиме, ки дар муносибатҳои маданӣ бояд риоя карда шавад, ин принсипи бовиҷдонона иҷро намудани уҳдадориҳо мебошад. Тарафҳои уҳдадорӣ риояи принсипи мазкурро бояд дар ҷойи аввал монда, тамоми амалҳои худро вобаста ба риояи принсипи мазкур равона намоянд. Мусаллам аст, ки дар муносибатҳои маданӣ тарафҳо уҳдадориҳоро бояд дар доираи шарту шароити муайяннамуда иҷро намоянд. Дар ин раванд принсипи бовиҷдонона иҷро намудани уҳдадориҳо бояд дар ҷойи аввал бошад ва дар боби 21 таҷассуми худро ёбад.
4. Масъалаи гузоштани иҷрои уҳдадориҳо ба зиммаи шахси сеюм ба доираи муносибати байни шахси сеюм ва қарздор тааллуқ дошта, манфиати кредиторро халалдор наменамояд. Барои ҳамин ҳам қоидаҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳо аз тарафи шахсони сеюм ҳангоми қабул ва рад кардани қабули иҷро бояд танҳо ба танзими муносибати байни шахсони сеюм ва кредитор маҳдуд шавад. Аз ин ҷо муқарраротро оид ба гузоштани иҷрои уҳдадориҳо ба шахсони сеюм аз қисми 1 моддаи 334 КГ хориҷ кардан лозим аст. Ҳамзамон ба КГ қоидаи диспозитивие илова карда шавад, ки тибқи он дар муносибатҳои соҳибкорие, ки шахсони сеюм манфиати қонунӣ доранд, ҳангоми гузаронидани муҳлати иҷрои уҳдадориҳо онҳо метавонанд аз ҳисоби худ талаботи пулии кредиторро бе розигии қарздор қонеъ гардонанд. Зеро барои кредитор аҳамияти ҷиддӣ надорад, ки худи қарздор ё шахси сеюм маҳз уҳдадориро оид ба пардохти воситаҳои пулӣ иҷро менамояд.
5. Дар КГ оид ба муайян намудани муҳлати иҷрои уҳдадориҳо мухолифати дохилӣ мавҷуд мебошад. Зеро КГ дар баъзе мавридҳо муҳлати иҷрои уҳдадориҳоро муайян намекунад ё имконияти муайян намудани онро намедиҳад (моддаи 335). Агар аз қонун ё шартнома, ё ин ки моҳияти уҳдадорӣ дигар тартиб барнаояд, дар уҳдадориҳое, ки муҳлат муайян карда нашудааст ё имконият намедиҳанд муайян ва муқаррар карда шавад, уҳдадорӣ дар муҳлати ҳафт рӯз баъди талаботро пешниҳод намудани кредитор иҷро карда мешавад. Ҳангоми дурудароз ва беасос мавҷуд набудани талабот оид ба иҷрои чунин уҳдадорӣқарздор бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки аз кредитор қабули иҷроро дар муҳлати оқилона талаб намояд.
6. Дар замони ҳозира воситаҳои нави иҷрои уҳдадориҳои пулӣ пайдо шудааст, ки вақт ва маблағро сарфа менамоянд. Ин воситаҳо асосан бо инкишоф ёфтани хизматрасониҳои бонкӣ дастрас гашта, истифодаи ин воситаҳо дар иҷрои уҳдадориҳои пулӣ роҳат мебошад. Хуб мешуд, агар воситаҳои мазкур, яъне иҷрои уҳдадориҳои пулии ғайринақдӣ дар моддаи 440 КГ инъикоси худро ёбад. Ҳамзамон бо мақсади бартараф намудани номуайянӣ нисбати лаҳзаи иҷрои уҳдадориҳои пулӣ оид ба гузаронидани воситаҳои пулии ғайринақдӣқоидаи муайян муқаррар карда шавад. Тибқи он уҳдадории қарздор оид ба пардохти воситаҳои пулии ғайринақдӣ дар ҳолате иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки воситаҳои пулӣ ба суратҳисоби бонке, ки кредитор дар он суратҳисоб кушодааст ва ё дар дигар бонке, ки кредитор нишон додааст, гузаронида шуда бошад.
7. Дар моддаи 343 КГ ҶТ иҷрои уҳдадории алтернативӣ муқаррар карда шудааст. Вале агар қарздор дар муҳлати муқарраршуда ҳуқуқи худро оид ба интихоб кардани иҷрои уҳдадорӣ амалӣ нагардонад, пас масъалаи гузаштани муҳлати иҷро пайдо мегардад ва ҳуқуқи кредитор вайрон карда мешавад. Аз ин рў, дар моддаи мазкур бояд пешбинӣ карда шавад, ки агар қарздор ҳуқуқи худро оид ба интихоб намудани иҷрои уҳдадорӣ дар муҳлати муқарраршуда амалӣ нагардонад, пас кредитор аз қарздор иҷрои уҳдадориро бо интихоби худ талаб намояд.
§3. Таъмини иҷрои уҳдадориҳо
а) гарав
8. Дар қисми 5 моддаи 360 КГ ҶТ гарави коғазҳои қиматнок, дар қисми 4 моддаи 362 КГ ҶТ гарави ҳуқуқ (ҳуқуқи уҳдадорӣ), аз ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ, пешбинӣ карда шудааст. Вале гарави объектҳои мазкур ба таври мушаххас танзим нашудааст. Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон давра ба давра бозори коғазҳои қиматнок инкишоф ёфта истодааст ва барои рушди соҳаи мазкур қонуни махсус - Қонун ҶТ «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» қабул карда шудааст. Рушди соҳа на танҳо аз қабул намудани қонуни махсус вобаста аст, балки бо фароҳам овардани имкониятҳои мусоид дар бозори мазкур бо роҳи пурра ва мушаххас пешбинӣ кардани ҳуқуқҳои соҳибони коғазҳои қиматнок имконпазир аст.
9. Дигар масъалае, ки дар таҷриба ба вуҷуд омадааст ва ҳалли худро то ҳол наёфтааст, ин масъалаи ба даст овардани мавзўи гарав аз тарафи гаравгир ҳангоми баргузор нашудани савдои такрорӣ мебошад. Тибқи қисми 4 моддаи 379 КГ гаравгир ҳуқуқ дорад тибқи созишнома бо гаравдеҳ молу мулки гаравро ба даст орад ва онро ба ҳисоби маблағи арзиши талаботаш, ки бо гарав таъмин шудааст, дохил кунад. Оид ба чунин созишнома қоидаҳои хариду фурӯш татбиқ мегарданд. Вале тартиби амалии гузаштани мавзўи гарав ба гаравгир мушкилоти зиёдро ба вуҷуд овардааст.
10. Мувофиқи мақсад аст, ки меъёрҳои қисми 4 моддаи 362 КГ ҶТ вобаста ба гарав мондани ҳуқуқи уҳдадорӣ, инчунин гарави ҳуқуқҳои молумулкӣ ба моликияти зеҳнӣ мушаххас ва такмил дода шавад. Мушаххас ва такмил додани меъёрҳо вобаста ба гарав мондани ҳуқуқи уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои молумулкӣ ба моликияти зеҳнӣ имконияти барои бештар гардидани ин намудҳои гарав шароит фароҳам меорад.
б) замонат
11. Дар КГ замонат ҳамчун тарзи таъмини иҷрои уҳдадорӣ ба таври васеъ танзим гардидааст. Вале баъзе меъёрҳои он мухолифи моҳияти падидаи мазкур буда, субъектҳоро дар ҳолати нобаробарӣқарор медиҳад. Масалан, қисми 4 моддаи 392 КГ ҶТ, ки ба масъулияти бонк, ташкилотҳои кредитӣ ва суғуртавӣ бахшида шудааст. Меъёрҳое, ки дар қисми мазкур баён гаштааст, субъектҳои муносибатҳои замонатиро дар ҳолати нобаробар қарор дода, ба моҳияти падидаи мазкур мухолиф мебошад. Меъёрҳои мазкур аслан ба падидаи кафолат хос мебошад. Дар КГ байни меъёрҳое, ки ба замонат ва кафолат бахшида шудааст, тафриқа ҷой надорад. Барои ҳамин дар давраи ҳозира зарурат ба чунин тафриқа ба миён омадааст.
в) кафолат
12. Падидаи мазкури таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар қонунгузории маданӣ нав мебошад. Дар замони ҳозира бо инкишоф ёфтани хизматарсониҳои бонкӣ ва дигар ташкилотҳои кредитӣ чунин тарзи таъини иҷрои уҳдадориҳо васеъ истифода бурда мешавад. Вале бояд қайд кард, ки танзими падидаи мазкур аз камбудӣ холӣ нест. Кафолат имрўз танҳо аз ҷониби доираи маҳдуди субъектон дода шуда метавонад. Номи параграф шаҳодати он аст, ки ин падида на танҳо ба бонкҳо, балки ба дигар субъектҳо низ тааллуқ дорад. Вале дар моддаи 397 КГ ҶТ, ки дар он мафҳуми кафолат оварда шудааст, сухан дар бораи кафолати бонкӣ меравад. Чунин мафҳум сабаби дар таҷриба танҳо аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои бонкӣ додани кафолатнома гардид ва ҳамчун яке аз намуди фаъолияте, ки дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад, ба Низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ворид карда шудааст. Масъалаи дигаре, ки дар параграфи мазкур вуҷуд дорад, ин масъалаи субъектҳое, ки ҳуқуқи додани кафолатро доранд, мебошад. Дар қисми 1 моддаи 397 КГ ҶТ омадааст, ки ба ғайр аз бонк ва ташкилотҳои кредитӣҳуқуқи додани кафолат ба ташкилоти суғуртавӣ низ тааллуқ дорад. Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» додани кафолат ба яке аз намудҳои амалиёти бонкӣ дохил мегардад. Амалиётҳои бонкӣ бошад танҳо аз ҷониби бонк ва дигар ташкилоти кредитӣ ва танҳо баъд аз гирфитани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Ва инчунин мувофиқи қисми 6 моддаи 6 Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти суғуравӣ» ташкилотҳои суғуртавӣғайр аз фаъолияти суғуртавӣҳуқуқӣ ба дигар фаъолият машғул шуданро надоранд.
Қобили қайд аст, ки дар давлатҳои пешқадам кафолат на танҳо аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, балки аз тарафи дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ низ дода мешавад. Чунин ҳуқуқ ба ташкилотҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад, ки сарчашмаи даромади худро зиёд кунанд ва ба дигар субъектҳо бошад имконияти интихоби озоди ташкилотҳое, ки ҳуқуқи додани кафолатро доранд, медиҳад.
§4. Иваз шудани шахс дар уҳдадорӣ
13. Дар қисмати мазкур зарур аст, ки гузашт кардани ҳуқуқҳое, ки дар оянда пайдо мешавад, яъне он ҳуқуқҳое, ки ҳангоми бастани созишнома ба вуҷуд наомадаанд, пешбинӣ карда шаванд.
14. Мувофиқи мақсад аст, ки ба моддаи 423 КГ ҶТ муқаррароти зерин илова карда шавад: истифода намудан аз дигар воситаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои вайронгардида, ки бо қонунҳо ё шартнома пешбинӣ карда шудааст, кредиторро аз ҳуқуқи ҷуброни зарари ба ў расонидашуда дар натиҷаи вайрон кардан ё иҷро накардани уҳдадорӣ маҳрум наменамояд.
§5. Масъулият барои вайрон кардани уҳдадорӣ
15. Бояд қайд кард, ки дар таҷриба масъалаҳои зиёде вобаста ба исботкунии зарари расонидашуда ва инчунин андозаи чунин зарар аз ҷониби кредитор пайдо шудааст. Асосан ин гуна масъалаҳо бо сабаби нопурра мушаххас будани исботкунии зарари расонидашуда ва андозаи чунин зарар мебошад. Агар кредитор исбот ҳам карда тавонад, ки дар натаҷаи иҷро нагардидан ё иҷрои номатлуби уҳдадорӣ ба ў зарар расонида шудааст, андозаи чунин зарарро исбот кардан хеле мушкил ё умуман ғайриимкон аст. Аз ин рў, мувофиқи мақсад аст, ки моддаи алоҳида ба муайян кардани андозаи зарари ситонидашаванда ворид карда шуда, масъалаҳои зерин фаро гирифта шаванд:
- агар дар қонунҳо ё шартнома ягон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, қарздор уҳдадор аст, ки зарари дар натиҷаи вайрон гардидани уҳдадорӣ ба кредитор расонидаро пурра ҷуброн намояд, пурра ҷуброн намудани зарар маънои онро дорад, ки кредитор ба ҳолате оварда мешавад, ки агар уҳдадорӣ ба таври дахлдор иҷро мегардид;
- андозаи зарари ҷуброншаванда бояд бо дараҷаи оқилона саҳеҳ муқаррар карда шавад, вале суд наметавонад бо сабаби аз тарафи кредитор исбот карда натавонистани андозаи зарари ҷуброншаванда қонеъ намудани талаботро рад намояд. Суд дар чунин ҳолат андозаи зарари ҷуброншавандаро дар асоси принсипи одилӣ, оқилӣ, мутаносибии ҷавобгарӣ ба уҳдадории вайронгардида ва ҳолатҳои воқеии кор муайян менамояд.
§6. Қатъи уҳдадорӣ
16. Дар моддаи 440 КГ ҶТ қатъи уҳдадорӣ бо иҷро намудани он пешбинӣ карда шудааст. Вале меъёрҳое, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ба иҷрои уҳдадориҳо вобаста аст. Яъне, меъёрҳое, ки дар ҳамин қисм баён шудааст, ба боби иҷрои уҳдадориҳо дахл дорад. Инчунин бояд қайд кард, ки меъёр бо чунин мазмун дар моддаи 351 КГ ҶТ аллакай пешбинӣ карда шудааст.
17. Дар моддаи 449 КГ ҶТ қатъи уҳдадорӣ дар натиҷаи қабули санади мақомоти давлатӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҳамин асоси қатъи уҳдадорӣ эҳтиёҷ ба такмил ва мушаххаснамоиро дорад, чунки дар таҷриба ҳолатҳои бисёре ба назар мерасад, ки сабаби асосии қабул намудани санад аз тарафи мақомоти давлатӣ амалҳои худи қарздор (мисол, ҳабси молу мулк ва ғ.) мебошад. Қонунгузор бояд барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кредиторон дар ҳолатҳои мазкур чораҳои мушаххас пешбинӣ намояд. Мувофиқи мақсад аст, ки қонунгузор дар моддаи 449 КГ ҶТ санади мақомоти давлатиро, ки бо сабаби амалҳои худи қарздор қабул карда шудааст, ҳамчун асос барои қатъи уҳдадорӣ эътироф нанамояд.
Дар бобати ҳуқуқи шартнома (муқаррароти умумӣ)
1. Дар қисмати мазкур масъалаҳои бисёре вуҷуд дорад, ки бояд ҳалли худро ёбад. Аз ҷумла, тавре таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, аз ҳама зиёд даъвоҳое, ки пешниҳод карда мешаванд, ин даъвоҳо оид ба беэътибор донистани шартномаҳо мебошад. Шумораи зиёди чунин даъвоҳо гувоҳи он аст, ки тарафҳо аз ҳолати қонунгузорӣ сўйистифода намуда, оқибати беэътибор донистани шартномаро бо мақсади фиреб ва дорошавӣ истифода менамоянд. Қонунгузор бояд ҳолатҳои мазкури сўйистифодаи меъёрҳои КГ-ро пешгирӣ намуда, тарафҳоро барои иҷрои дахлдори уҳдадориҳои ба зиммаашон гирифта ҳавола намояд. Новобаста аз он, ки муносибатҳо вобаста ба беэътибор донистани аҳдҳо дар боби 7 КГ ба танзим дароварда шудааст, масъалаи беэътибор донистани шартномаҳо бояд дар боби шартномаҳо ба таври умумӣ инъикоси худро ёбанд. Пешниҳод карда мешавад, ки дар боби мазкур ҳолатҳои зерин оид ба беэътибор донистани шартномаҳо баён карда шаванд:
1) муқаррароти кодекси мазкур оид ба беэътибор донистани аҳдҳо (боби 7) нисбат ба шартномаҳо дар ҳолате татбиқ карда мешавад, ки агар намуди алоҳидаи шартномаҳо ва моддаи боби мазкур дигар ҳолатҳоро муқаррар накарда бошад;
2) суд шартномаро танҳо бо талаби яке аз тарафҳои шартнома ва шахсе, ки дар КГ ва қонунҳо пешбинӣ намудааст, беэътибор дониста метавонад;
3) суд наметавонад оқибати беэътибории шартномаи беэътиборро бо ташаббуси худ татбиқ намояд;
4) як тарафи шартнома, ки аз тарафи дигар иҷрои уҳдадориро вобаста ба шартномае, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад, қабул намудааст ва худ уҳдадориҳояшро қисман ё пурра иҷро накарда бошад, ҳуқуқ надорад, ки оид ба беътибор донистани шартнома талабот пешниҳод намояд.
2. Таҳлили падидаи шартномаи заминавӣ нишон дод, ки ҳарчанд он дар таҷриба васеъ истифода бурда шавад ҳам, дар КГ пешбинӣ нашудааст. Асосан фарқияти шартномаи мазкур аз шартномаи пешакӣ дар он мебошад, ки дар шартномаи пешакӣ тарафҳо уҳдададор мешаванд, ки дар оянда дар мавриди додани мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ (шартномаи асосӣ) тибқи шартҳои пешбининамудаи шартномаи пешакӣ шартнома банданд, дар шартномаи заминавӣ бошад сухан дар бораи шартномае меравад, ки шартҳои алоҳидаи он дар оянда мувофиқа карда мешаванд (яъне, шартнома бо шартҳои кушода, шартҳое, ки дар оянда мувофиқа карда мешавад). Шартномаи номбаршуда бояд дар КГ танзим гардад. Ҳамчунин зарурати танзими шартномаҳои абонентӣ ба вуҷуд омадааст.
3. Масъалаи дигаре, ки дар КГ танзим нашудааст, ин масъалаи гуфтушунидҳои пеш аз бастани шартнома мебошад. Боиси зикр аст, ки ин масъала аз бисёр ҷиҳат ҷолиби диққат аст. Аввалан, дар заминаи мазкур тарафҳо оид ба шартҳои шартнома ба мувофиқа меоянд, ё ин ки аз бастани шартнома даст мекашанд ва ғайра. Дуюм, дар ҳамин давра тарафҳо метавонанд амалҳои бевиҷдонона анҷом дода, ба тарафи дигар зарар расонанд. Сеюм, тарафҳо метавонанд маълумоти махфие, ки ба онҳо дар давраи гуфтушунид маълум гаштааст, ба манфиати худ истифода намоянд. Пешниҳод карда мешавад, ки дар КГ моддаи алоҳида оид ба гуфтушунидҳои пеш аз бастани шартнома бахшида шавад, то ин ки масъалаҳои номбаршударо дар бар гирад.
4. Дар масъалаи тағйир додан ва бекор кардани шартнома масъалаи талаб намудани чизе, ки тарафҳо мутобиқи уҳдадорӣ то рўзи тағйир додан ё бекор кардани шартнома анҷом додаанд (қисми 4 моддаи 485 КГ ҶТ) муҳим мебошад. Чунки дар таҷриба тарафҳо дар бисёр ҳолатҳо меъёри мазкури КГ-ро бо мақсади дорошавии беасос истифода менамоянд, ки дар натиҷа ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигар вайрон карда мешавад. Мувофиқи қисми 4 моддаи 485 КГ ҶТ агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, тарафҳо ҳуқуқ надоранд баргардонидани чизеро, ки онҳо мутобиқи уҳдадорӣ то рўзи тағйир додан ё бекор кардани шартнома анҷом додаанд, талаб намоянд. Агар аз ҷониби яке аз тарафҳо ба таври назаррас вайрон кардани шартнома барои тағйир додан ё бекор кардани шартнома асос шуда бошад, тарафи дигар ҳуқуқ дорад товони зиёни аз тағйир додан ё бекор кардани шартнома расидаро талаб намояд. Мувофиқи меъёри мазкури КГ тарафе, ки амали тарафи дигар боиси ба таври назаррас вайрон кардани шартнома гаштааст, танҳо ҳуқуқи талаби ҷуброни зарари расонидашударо дорад. Меъёри мазкур дар таҷриба боиси вайрон гардидани ҳуқуқу манфиатҳои тарафи шартнома, ки уҳдадориҳояшро бовиҷдонона иҷро менамояд, гаштааст. Тарафе, ки бовиҷдонона уҳдадориҳояшро иҷро намудааст, дар чунин ҳолат бояд на танҳо ҳуқуқи ҷуброни зарар, балки ҳуқуқи баргардонидани чизе, ки то тағйир додан ё бекор кардани шартнома иҷро намудааст, дошта бошад.
II. ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНӢ (МАДАНӢ) ДАР ИРТИБОТ БО ҚИСМИ ДУЮМИ КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бобати муносибатҳои қарзию кредитӣ
1. Мувофиқи моддаи 807 КГ ҶТ мавзўи шартномаи қарзро пул ё ашёи дорои аломати навъи муайян ташкил медиҳад. Ба қарз додани воситаҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок, ки дар таҷриба зиёдтар ба назар мерасад, аз доираи мавзўи шартномаи қарз берун мондааст. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар қисми 3 моддаи 830 КГ ҶТ баргардонидани қарз ба воситаи гузаронидани маблағи пулӣ ба суратҳисоби кредитор пешбинӣ гардидааст. Инъикос нагардидани воситаҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок ба сифати мавзўи шартномаи қарз боиси ба вуҷуд омадани мухолифат гардидааст.
2. Дар солҳои охир ташкилоти зиёди қарзие таъсис ёфтаанд, ки фаъолияти асосии онҳо аз додани қарзҳои хурд иборат мебошад. Қисмати зиёди соҳибкорон ва шаҳрвандон аз қарзҳои такшилоти мазкур истифода бурда, масъалаҳои гуногуни худро ҳал менамоянд. Дар таҷриба инчунин додани қарз байни шахсони ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ ба кормандони худ зиёд гардидааст. Ҳолати мазкур зарурати такмили қонунгузориро дар ин самт ба вуҷуд овардааст.
3. Дар замони имрӯза зарурати ба танзим даровардани фоизҳо (баҳра) оид ба шартномаи қарз ва тартиби ҳисоб намудани онҳо ба вуҷуд омадааст.
4. Ҳамчунин дар таҷриба зарурати танзим намудани фоизҳои баланд ба вуҷуд омадааст. Қобили қайд аст, ки асосан чунин фоизҳо ҳангоми додани қарз байни шаҳрвандон, аз ҷониби ломбардҳо ва ғайра ба назар мерасад. Дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон фоизҳои баланд манъ карда шудааст.
5. Бояд қайд кард, ки ҳар сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва ё маҳаллӣ маблағҳои зиёд барои ба қарз додан бо фоизҳои хеле кам ҷудо карда мешавад. Масалан, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба андозаи 70,0 миллион сомонӣ бо меъёри 10% солона ҷудо карда шудааст. Муносибатҳо вобаста ба додани қарзҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва ё маҳаллӣ яке аз намудаҳои муносибатҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои умумии КГ ҶТ ба танзим дароварда шудааст. Вале вобаста ба ин масъала меъёрҳои махсус вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, пешниҳод карда мешавад, ки масъалаи мазкур танзими мушаххаси худро дар КГ ҶТ ёбад.
6. Дар муносибатҳои қарзию кредитӣ санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон нақши хеле калон доранд. Мувофиқи қисми 2 моддаи 2 КГ ҶТ Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари дигар вазорату идораҳо ҳуқуқи баровардани санадҳоеро дорад, ки муносибатҳои маданиро ба танзим медарорад. Ба танзим даровардани муносибатҳои маданӣ аз ҷониби мақомоте, ки ваколатҳои маъмурӣ дорад, хеле нозук мебошад, чунки дар ин раванд мумкин аст манфиатҳои хусусӣ халалдор гарданд. Аз ин рў, хуб мешуд агар ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар муносибатҳои қарзию кредитӣ мушаххас карда шавад.
7. Бо дарназардошти муносибатҳои воқеие, ки миёни субъектони ҳуқуқи маданӣ дар ҶТ ба вуҷуд омадааст ва ояндаи ҷорӣ намудани фаъолияти бонкдории исломӣ дар ҶТ зарурат ҷой дорад, ки заминаҳои ҳуқуқии мадании чунин муомилот омӯхта шуда, танзими он дар КГ ҶТ ба роҳ монда шавад.
Дар бобати уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани
зарар ба миён меоянд
Дар танзими уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба миён меоянд, як қатор камбудию мухолифат ва норасоиҳо мушоҳида мешавад. Хусусан чунин вазъ дар мавриди ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор ҷой дорад. Аз ин рў, бо дарназардошти қонунҳои махсус боби 55 КГ ҶТ бояд такмил дода шавад.
III. ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНӢ (МАДАНӢ) ДАР ИРТИБОТ БО ҚИСМИ СЕЮМИ КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маълумоти умумӣ
Қисми сеюми КГ ҶТ 30 ноябри соли 2004 қабул гардида, аз 5 марти соли 2005 амал карда истодааст. Дар ин муддат ба он як маротиба тағйирот ворид гардидааст. Таркибан қисми сеюми КГ аз се фасл - фасли V «Моликияти зеҳнӣ», фасли VI «Ҳуқуқ ба мерос» ва фасли VII «Ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ» иборат аст, ки моҳиятан се зерсоҳаи ҳуқуқи маданиро фаро мегирад: ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос ва ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ.
Бо қабул шудани қисми сеюми КГ ҶТ раванди фаъолияти кодификатсионӣ дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ моҳиятан анҷом ёфта, қабул шудани дигар қисмҳо дар назар дошта намешавад.
Дар бобати такмили ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
1. Мазмун ва сарбории меъёрии фасли V КГ ҶТ, ки меъёрҳои танзимкунандаи муқаррароти умумии моликияти зеҳниро фаро гирифтааст, сатҳ ва сифати кодификатсияи қонунгузории маданиро коста месозад. Андешаҳои асосӣ ва бунёдие, ки ҳангоми таҳияи КГ ба роҳбарӣ гирифта шуда буданд, дар ин фасл то ба охир амалӣ нашуданд. Сохтори фасли мазкур бо сохтори Кодекси амсилавии гражданӣ, ки бо қарори Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз 17 феврали соли 1996 қабул шудааст, мувофиқ нест.
Ҳангоми ҳалли масъалаи тарзи танзими ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ се роҳ пеш омада буд: а) пешбинӣ кардани тамоми масъалаҳо вобаста ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар Кодекси гражданӣ (низоми истиснокунанда); б) пешбинӣ кардани масъалаҳои умумии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва муқаррароти умумии объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ дар Кодекси гражданӣ, мувофиқан пешбинӣ кардани масъалаҳои хосаи объектҳои алоҳида дар қонунҳои ҷудогона (низоми пурра); в) пешбинӣ кардани танҳо масъалаҳои умумии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар Кодекси гражданӣ (низоми кўтоҳшуда).
Қисми сеюми КГ ҶТ аз лиҳози мавқеи сеюм таҳия шудааст, вале мутаассифона таҷрибаи қариб даҳсолаи татбиқи он нишон дод, ки дар қисмати моликияти зеҳнӣ он чандон самаранок намебошад. Дар ин муддат санадҳои зиёди меъёрии дорои сатҳи гуногун қабул шудаанд, вале бо сабаби набудани муқаррароти умумӣ баъзан дар фаҳмиш ва татбиқи онҳо мушкилот ба вуҷуд меояд.
Аз ин рў, зарурати такмили қисми сеюми КГ ҶТ дар бахши моликияти зеҳнӣ пеш омадааст.
2. КГ ҶТ намудҳои асосии объектҳои моликияти зеҳниро муқаррар менамояд. Асосан се намуди объектҳои моликияти зеҳнӣ дар он пешбинӣ карда шудааст:
а) натиҷаҳои фаъолияти эҷодии зеҳнӣ;
б) воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ;
в) натиҷаҳои дигари фаъолияти эъҷодии зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонии аҳдҳои гражданӣ.
Зарурати таҷдиди номгўи объектҳо ва дар шакли маҳдуд муқаррар намудани онҳо пеш омадааст.
Таҳлили КГ ҶТ нишон дод, ки эътироф намудани сирри хизматӣ ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ баҳснок мебошад. Зеро дар фаъолияти хизматии кормандони мақомоти давлатӣ маълумоти зиёде пайдо мешаванд ва қисме аз онҳо бо тартиби муайян ҳамчун сир ҳифз мегарданд (масалан, сирри тафтишот дар парвандаҳои ҷиноятӣ, сирри давлатӣ). Чунин сирҳо арзиши молию тиҷоратӣ надоранд ва барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷомеа, давлат ва шахс нигаронида шудаанд. Аз ин рў, пешниҳод карда мешавад, ки сирри хизматӣҳамчун яке аз намудҳои объекти моликияти зеҳнӣ аз КГ ҶТ хориҷ карда шавад.
Ҳамчунин зарурати ворид намудани нишони (аломати) тиҷоратӣ ҳамчун яке аз намудҳои объекти моликияти зеҳнӣ ба КГ ҶТ ба вуҷуд омадааст. Бояд қайд кард, ки нишони тиҷоратӣ аз рӯи мазмуни худ ба номи фирмавӣ монанд мебошад, лекин якчанд хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад.
Дар замони муосир, ки ҳамчун замони иттилоот ном бурда мешавад, зарурати инкишоф додани намудҳои объекти моликияти зеҳнӣ дар соҳаи техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин замина мумкин аст сайт (торнамо) ҳамчун объекти мураккаб объекти ҳифзшавандаи моликияти зеҳнӣ эътироф карда шавад.
3. Бо сабаби аҳамияти калон доштани маҳз тиҷоратикунонии ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ зарурати танзими хоссаи ихтиёрдории ҳуқуқҳои истисноӣ ҷой дошта, аз ҷумла бояд масъалаи имконияти бегонакунии ин ҳуқуқҳо дақиқан дарҷ карда шавад.
4. Зарур аст, ки вобаста ба масъалаҳои асосии моликияти зеҳнӣ муқаррароти умумӣ дар қисми сеюми КГ ҶТ такмил дода шавад. Ин сатҳи сифати кодификатасияро боло бурда, ҳамзамон норасоиҳои дорои хусусияти умумиро дар тарзи танзими мавҷуда аз байн мебарад.
5. Такмили қисми сеюми КГ ҶТ вобаста ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро дар қонунҳои алоҳида ба миён меорад.
Дар бобати такмили ҳуқуқи мерос
1. Танзими муносибатҳо вобаста ба мерос қариб бапуррагӣ бо КГ ҶТ фаро гирифта шудаанд. Бо сабаби номукаммалии фасли VI КГ ҶТ дар таҷрибаи судӣ баъзе мушкилот пеш омадааст.
2. Зарурат пеш омадааст, ки таркиби мерос дақиқ муайян карда шавад.
3. Қоидаҳо оид ба меросгирӣ тибқи васиятнома бояд такмил дода шавад. Аз қабили имконияти васеътари васиятгузорӣ, иштироки ҳатмии шоҳид ҳангоми тасдиқи васиятнома, асосҳо оид ба беэътибории васиятнома, имконияти васеътари таъини меросгири иловагӣ ва ғайра. Бояд қоидаҳо оид ба васиятномаҳои шартдор муфассал танзим карда шаванд. Дар масъалаи супоришҳои махсуси васиятгузор зарурати такмили падидаҳои супориши васияткунандаи мерос (легат) ва базиммагузорӣ пеш омадааст.
4. Қоидаҳо оид ба меросгирӣ тибқи қонун низ бояд такмил дода шаванд. Дар таҷрибаи судӣ баҳсҳои зиёд вобаста ба меросгирии шахсони корношояме, ки таҳти саробонии меросгузор қарор доранд, пеш омадааст. Масъалаҳо вобаста ба ҳиссаи меросии онҳо ва имконияти меросгири мустақил буданашон бояд дақиқ карда шавад. Дар ин замина зарур аст, ки онҳо меросгирони навбати чорум эътироф карда шаванд.
5. Дар КГ ҶТ ҳолати ҳуқуқии давлат ҳамчун меросгири тибқи қонун муаллақ буда, меъёри дақиқе ҷой надорад, ки маҳз кадом давлат меросгир мебошад, инчунин дақиқ нашудааст, ки кадом мақомот ва маҳз кадом молу мулкро мерос мегирад. Дар таҷриба мушкилоти вобаста ба тарзи қабули мерос аз ҷониби давлат, ҳамчунин муҳлати он ба вуҷуд омадааст.
6. Меъёрҳои қонунгузории маданӣ вобаста ба қабули мерос низ ниёз ба такмил доранд. Масъалаҳои тақсими моликияти умумӣ, ҳиссаи ҳар як меросгир, ҳифзи манфиатҳои меросгирони алоҳида ҳангоми тақсими мерос, ҳуқуқи бартарии меросгирони алоҳида ҳангоми тақсими мерос ва ғайра бояд такмил дода шаванд.
7. Падидаи ҷавобгарии меросгирон аз рўи қарзҳои меросгузор бояд таҷдиди назар карда шавад. Қоидаҳои дар он пешбинишуда ба муомилоти инкишофёфтаи маданӣ мувофиқ намебошанд.
8. Айни замон қонунгузории маданӣ масъалаҳои умумии меросгириро танзим намуда, ба хусусияти меросгирии объектҳои алоҳида диққат надодааст. Масалан, хусусиятҳои меросгирии ҳуқуқ ба қитъаи замин, меросгирӣ вобаста ба иштирок дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагӣ, кооперативҳо ва ғайра танзим нашудааст. Такмили қонунгузории маданӣ дар ин ҷода зарур аст.
9. Такмили қисми сеюми КГ ҶТ вобаста ба ҳуқуқи мерос зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро дар қонунҳои алоҳида ба миён меорад.
Дар бобати такмили ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ
1. Дар қисмати мазкур меъёрҳои коллизионӣ, ки бевосита барои муайян намудани қонуни татбиқшаванда ҳангоми ҷавобгарии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи қарздории худи шахси ҳуқуқӣ равона шудаанд, вуҷуд надорад. Аз ин рў, пешниҳод карда мешавад, ки камбудии мазкур дар асоси таҷрибаи қонунгузории давлатҳои Аврупо бартараф карда шавад.
2. Меъёрҳои коллизионие, ки тартиби ғайрисудии ба ҳисоб гирифтани талаботи муқобил, раво будан ва амалигардонии онро танзим мекунанд, вуҷуд надорад, ки бояд пурра карда шавад.
3. Ҳамчунин зиёд намудани доираи уҳдадориҳои ғайришартномавие, ки нисбат ба онҳо танзими коллизионӣ пешбинӣ гаштааст, мувофиқи мақсад мебошад. Хуб мешуд агар меъёрҳои коллизионӣ оид ба амалҳое, ки рақобати озодро маҳдуд менамоянд ва ҳуқуқ ба моликияти зеҳниро вайрон мекунанд, пешбурди корҳои ғайр бидуни супориш ва ғайра дар КГ инъикос гарданд.
4. Дар КГ ҶТ имконияти истифода намудани давлат аз масунияти судӣ, таъмини пешакии даъво ва моликият дар муносибатҳои маданӣ, инчунин имконияти аз масуният даст кашидани онро пешбинӣ намудан зарур аст.
[1]Ба ҳамагон маълум аст, ки дар меҳвари қонунгузории гражданӣ (маданӣ) асосан Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КГ ҶТ) қарор дорад, бинобар ин, таваҷҷуҳи асосӣ дар Консепсияи мазкур ба КГ ҶТ бахшида шудааст. КГ ҶТ қисм ба қисм (1999 - 2005) қабул шуд ва ба бобҳои алоҳидаи он то имрўз 16 маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Миёни онҳо тағйиру иловаҳои назаррас аз 12 майи соли 2007 мебошад, ки тибқи ин тағйиру иловаҳо якчанд моддаҳо (моддаҳои 10, 124, 236, 247, 316, 340, 366, 370 ва ғ.) дар таҳрир нав қабул гардиданд, якчанд калимаю истилоҳот (хурдсол, ашхос, амвол, тасарруф) ба калимаю истилоҳоти нав иваз гардиданд, якчанд бобҳо (боби 14 – моликияти шаҳрвандон, боби 15- моликияти коллективӣ (шахсони ҳуқуқӣ), боби 15 – моликияти давлат ва воҳидҳои марзию маъмурӣ) хориҷ гардиданд ва ғ. Албатта, тағйиру иловаҳои мазкур КГ ҶТ-ро то дараҷае такмил доданд, аммо он комилан такмил наёфтааст ва ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб зиёд аст.
[2] Барои қиёс дар ҶТ низомномаҳои намунавӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ доир ба муассисаҳои соҳаи маориф тасдиқ шудааст.