Бо баробари рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва зарурияти танзими мақсадноки як қатор муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, дар самти қонунгузории соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар семоҳаи якуми соли 2020 як қатор навигариҳо ба вуҷуд омаданд. Дар робита ба ин, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо дар таҳрири нав ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳо қабул карда шуданд. Аз ҷумла:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2020, № 1659;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2020, № 1661;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2020, №1662;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 2 январи соли 2020, №1664;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» аз 2 январи соли 2020, №1665;
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 2 январи соли 2020, № 1670;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» аз 2 январи соли 2020, №1671;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 2 январи соли 2020, №1672;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 2 январи соли 2020 №1680;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» аз 2 январи соли 2020, №1658.
Тағйиру иловаҳои зерин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2020, № 1659 ворид гардиданд:
- Дар моддаи 4744 дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то чил» ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад», дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» ба калимаҳои «аз дусад то сесад» иваз карда шуданд.
- Дар моддаи 476 дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз чил то панҷоҳ» ва «аз чорсад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» ва «аз ҳафтсад то як ҳазор» , дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз сад то дусад» ва дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз чил то панҷоҳ» ва «аз чорсад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз сад то дусад» ва «аз ҳаштсад то як ҳазор» иваз карда шуданд.
- Дар моддаи 477 Кодекси мазкур дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то панҷоҳ» ба калимаҳои «аз сад то дусад», дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз се то ҳафт» ба калимаҳои «аз ҳафтод то сад» ҳамчунин дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз чил то панҷоҳ» ва «аз дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «аз чил то панҷоҳ», «аз сад то дусад» ва «аз ҳаштсад то як ҳазор» иваз карда шуданд.
- Дар моддаи 478 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз понздаҳ то бист», «аз сӣ то чил» ва «аз дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад», «аз сесад то панҷсад» ва «аз ҳаштсад то як ҳазор», дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз бист то сӣ» ва «аз сесад то чорсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз дусад то сесад» ва «аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад» ва дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз чил то панҷоҳ» ва «аз чорсад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз сесад то панҷсад» ва «аз ду ҳазор то се ҳазор» иваз карда шуданд.
- Дар моддаи 5271 дар ном ва матни модда калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», дар санксия калимаҳои «аз панҷоҳ то сад», «аз сад то дусад» ва «аз дусад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз сад то дусад», «аз сесад то панҷсад» ва «аз як ҳазор то ду ҳазор» иваз карда шуда, калимаҳои «бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» хориҷ карда шуданд.
- Дар моддаи 566 дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то панҷоҳ» ба калимаҳои «аз ҳафтод то сад» , дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз сӣ то чил» ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» иваз карда шуданд.
- Ҳамчунин қисми 4 моддаи 578 дар таҳрири зерин ифода карда шуд:
«4. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эъломия накардан ё носаҳеҳ эъломия кардани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, ки бояд ҳатман ва ба таври хаттӣ мавриди эъломиякунӣ қарор гирад, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ҳангоме ки пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи эъломиянашуда ё носаҳеҳ эъломияшуда бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд бошад ё дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои асосӣ ба даст оварда шуда бошад, инчунин бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо таъйин карда мешавад.
Эзоҳ: Воситаҳои гардони манзуршаванда - коғазҳои қиматноки манзуршаванда (саҳмияҳо, вомбаргҳо, чекҳо, векселҳо, пардохтҳои пулӣ) ё коғазҳои қиматноки дигаре (чекҳо, уҳдадориҳо ва пардохтҳои пулии пур накарда), ки ҳуқуқ ба онҳоро бо пешниҳод намудан бе нишон додани номи гиранда медиҳад.»
- Дар моддаи 6031 дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз ду то се», «аз панҷ то даҳ», «аз даҳ то понздаҳ» ва «аз бист то сӣ» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ», «аз бист то сӣ», «аз сӣ то чил» ва «аз сад то дусад» ивазх карда шуданд ва дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз панҷ то ҳафт», «аз даҳ то бист», «аз бист то сӣ» ва «аз чил то панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то понздаҳ», «аз сӣ то панҷоҳ», «аз панҷоҳ то ҳафтод» ва «аз дусад то сесад» ҳамчунин дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз ҳафт то даҳ», «аз понздаҳ то бист», «аз сӣ то сию панҷ» ва «аз панҷоҳ то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз бист то сӣ», «аз панҷоҳ то ҳаштод», «аз сад то дусад» ва «аз чорсад то панҷсад» иваз карда шуданд.
- Ҳамчунин дар санксияи қисми 4 калимаҳои «аз бист то сӣ» ва «аз чил то панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» ва «аз сад то дусад» иваз карда шуда қисми 5 бо мазмуни зерин илова гардид:
« 5. Барои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод накардан, сари вақт пешниҳод накардан ва ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ дар бораи молик-бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2020, № 1661 як қатор тағйиротҳо ворид гардид, аз ҷумла:
1. Ба моддаи 1431;
- дар диспозитсияи қисми 1) калимаҳои «ки содир намудааст» ба калимаҳои «ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст» иваз карда шуд;
- санксияи қисми 1) дар таҳрири зерин ифода карда шуд:
«бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;
- дар санксияи қисми 2) калимаҳои «панҷ то ҳашт» ва « то панҷ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳашт то дувоздаҳ» ва «аз панҷ то даҳ» иваз карда шуд;
- дар санксияи қисми 3) калимаҳои «даҳ то понздаҳ» ва «то панҷ» мувофиқан ба калимаҳои «дувоздаҳ то понздаҳ» ва «аз даҳ то понздаҳ» иваз карда шуд. .
2. Ҳамчунин бо Қонуни дигар аз 2 январи соли 2020, №1662 ба моддаи 1421 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тағйиру иловаҳо ворид карда шуд:
- диспозитсияи қисми 2) дар таҳрири зерин ифода карда шуд:
«Ҳамин ҳаракат, агар нисбат ба шахси ноболиғ содир шуда бошад ё боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардида бошад,-»;
- қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«Ҳаракатҳое, ки дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.».
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 2 январи соли 2020, №1664 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» чунин тағйиру иловаҳо ворид карда шуд:
1. Дар моддаи 1 қонуни мазкур сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шуд:
«- сирри давлатӣ – маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;»;
2. Ҳамчунин сархатҳои ҳабдаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«- номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда – маҷмӯи дараҷаҳои маълумот, ки мувофиқи онҳо маълумот ба сирри давлатӣ мансуб дониста, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ гардонида мешавад;
- дараҷаи махфият – дараҷае, ки муҳимияти маълумоти махфӣ, маҳдудияти дастрасӣ ва сатҳи ҳифзи он аз тарафи давлат муқаррар гардидааст;
- ҳифзи сирри давлатӣ – маҷмӯи чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, техникӣ, криптографӣ ва оперативӣ, ки барои ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар карда шудаанд.».
3. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«- Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;».
4. Сархати ҳаждаҳуми моддаи 10: бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«- Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;».
5. Дар моддаи 24 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шуд:
« 5. Муҳлати раванди махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ аз лаҳзаи ба ҳомилҳои онҳо гузоштани муҳри махфият оғоз мегардад.».
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» аз 2 январи соли 2020, №1665 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шуд:
1. Дар моддаи 32 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«6. Ҳангоми ворид гардидани муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷа нисбат ба ноболиғ, аз ҷониби на кам аз се корманди тиббие, ки дар тобеияти муассисаи ҷойи нигоҳдории гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ нестанд, ҷиҳати муайян намудани дараҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ, нишонаҳои зӯроварӣ, истифодаи шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронида мешавад.».
2. Аз сархати дуюми банди 1) қисми 2 моддаи 34 калимаҳои «, дар ҳолатҳои истисно бо розигии прокурор дар камераҳое, ки ноболиғон нигоҳ дошта мешаванд, ҷойгир кардани калонсолони хислати мусбат зоҳирнамуда, ки бори аввал ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ҷинояти содиркардаи онҳо аз қабили ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нест, иҷозат дода мешавад» хориҷ карда шуд.
3. Сархати дуюми моддаи 38 дар таҳрири зерин ифода карда шуд:
«- ҷойгир кардан дар карсер, камераи якнафара ва гауптвахта ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз, ба истиснои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ.».
Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 2 январи соли 2020, №1670 чунин тағйирот ворид гардид:
Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шуд:
«Моддаи 15. Вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ намояндаи ваколатдори аҳолии ҳудуди дахлдор буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб шудааст.
Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар асоси санадҳои қонунгузорӣ, дастури Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои пешазинтихоботӣ фаъолият карда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, зимни баррасии масъалаҳо ва қабули қарорҳо мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқ, инчунин ҳолатҳои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати ӯро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» муайян менамояд.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» аз 2 январи соли 2020, №1671 тағйироту иловаҳои зерин ворид гардид:
- Моддаи 31 бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«Моддаи 31. Савганди вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ чунин савганд ёд мекунад:
«Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти (шаҳри, ноҳияи) ___________ бо дарки масъулият савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона ва поквиҷдонона иҷро менамоям.».
2. Дар ном ва матни моддаи 24 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шуд.
3. Дар матни моддаи 25 калимаи «ду» ба калимаи «се» иваз карда шуд.
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 2 январи соли 2020, №1672 ба моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» чунин тағйиру иловаҳо ворид карда шуд:
Қисми 6 моддаи 13 бо мазмуни зерин илова гардид:
«6. Муқаррар намудани ҳама гуна табъиз, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, мансабӣ ва молумулкии шаҳрванд, ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ манъ аст.».
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 2 январи соли 2020 №1680 тағйиру иловаҳои зерин ворид гардид:
Моддаи 5 қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«9. Барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ситонида намешавад.».
Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 дар таҳрири нав қабул гардида аз 30 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» аз 2 январи соли 2020, №1658 қабул гардида аз 29 модда иборат аст қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон танзим менамояд.
Настарани Абдуғафор
мутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ