ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 25/01/2021 - 09:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1019
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.09.2013
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, № 8 - 9, мод. 652; с 2015, №12, қ.1, мод.1114)
Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 с., № 1268, аз 17.12.2020 № 1743)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият танзим менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
фаъолияти волонтёрӣ – фаъолияте, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
волонтёр – шахси воқеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- дафтарчаи волонтёрӣ - ҳуҷҷати расмии бақайдгирии фаъолияти волонтёрӣ, ки дорои маълумот оид ба собиқаи меҳнатии волонтёрӣ, мукофотҳо ва тайёрии иловагӣ мебошад;
шаҳодатномаи волонтёрӣ – ҳуҷҷати расмие, ки тасдиқкунандаи шахсияти волонтёр мебошад; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва рушди он амалӣ менамояд; 
ташкилоти ҷалбкунанда – шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратие, ки шахсони воқеиро барои амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷалб менамояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
маҷмӯи тадбирҳои ҷамъиятӣ – тадбирҳое, ки барои расидан ба мақсадҳои муайяни манфиатбахши ҷомеа амалӣ карда мешаванд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- самтҳои фаъолияти волонтёрӣ - самтҳои дорои хусусияти иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, туризм, эҳсонкорӣ, ҳифзи муҳити зист, ки барои рушди онҳо фаъолияти волонтёрӣ амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки ба фоидаи ӯ фаъолияти волонтёрӣ бидуни ғаразҳои сиёсӣ, инчунин бе мақсади пайравӣ намудан ба дин ва паҳн кардани эътиқоди динӣ амалӣ карда мешавад;
- шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ - созиши хаттии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, дар он шартҳои амалишавии фаъолияти волонтёрӣ нишон дода мешаванд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз аз 17.12.2020 № 1743).
 
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур 
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо; 
- муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда; 
- муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи шахс дар ҳаёти ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилотҳои ҷалбкунанда;
- ташаккули мавқеи фаъоли шахси ба фаъолияти волонтёрӣ машғулбуда дар ҷомеа.
– дастгирии иштироки волонтёр дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
– муайян намудани мақоми ҳуқуқии волонтёр, ки он ба уҳдадориҳо, принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ ва риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ асос меёбад. (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
 
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ
Фаъолияти волонтёрӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ихтиёрӣ будани иштирок дар фаъолияти волонтёрӣ;
- интихоби озоди шакл, намуд ва усули амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ;
- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар фаъолияти волонтёрӣ; 
- бемузд амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ; 
- баробарҳуқуқии шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда.
 
БОБИ 2.
ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
 
Моддаи 5. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ
1. Фаъолияти волонтёрӣ метавонад дар асоси шартнома оид ба фаъолияти волонтёрии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда басташуда амалӣ карда шавад.
2. Ташкилоти ҷалбкунанда ӯҳдадор аст бо волонтёр шартнома оид ба фаъолияти волонтёриро банданд, агар ӯ на кам аз 20 соат дар як моҳ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул бошад. 
3. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад ва як нусхаи он дар ташкилоти ҷалбкунанда нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба волонтёр супорида мешавад. 
4. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ мумкин аст бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони ба синни 16 расида низ баста шавад.
 
Моддаи 6. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ
1. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ шартҳои зеринро дар бар мегирад:
- тавсифи фаъолияте, ки волонтёр дар доираи қобилият ва имкониятҳои худ бояд амалӣ намояд;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои шартнома;
- аз тарафи ташкилоти ҷалбкунанда ҷуброн кардани сарфи маблағҳои барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрӣ зарурӣ;
- муқаррар намудани талаботи касбии бо шаҳодатномаи дахлдор ва ё бо ҳуҷҷати намунаи муқарраршуда тасдиқшуда, дар ҳолатҳои зарурӣ; 
– таъмини бехатарии фаъолият ва шароит барои ҷуброни хароҷот, ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои волонтёр заруранд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- талабот оид ба вазъи саломатӣ, ки бо маълумотномаи тиббӣ тасдиқ шудааст;
- масъулияти тарафҳо, аз ҷумла барои расонидани зарари моддӣ, асосҳо ва тартиби тағйир додан ва қатъ намудани  шартнома.
2. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки амалӣ намудани ӯҳдадориҳои ба зиммаи волонтёр гузошташударо мушкил намоянд, шартнома бо иштироки тарафҳо аз нав дида баромада мешавад. 
3. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки иҷрои минбаъдаи шартномаро ғайриимкон мегардонанд, он аз ҷониби яке аз тарафҳо бекор карда мешавад.
4. Бекор намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби яктарафа аз ҷониби волонтёр ва ё ташкилоти ҷалбкунанда бо шарти дар ин хусус 7 рӯз қабл огоҳонидани тарафи дигар бо нишон додани сабабҳояш амалӣ карда мешавад, агар дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волонтёр
1. Волонтёр ҳуқуқ дорад:
– самт ва намуди фаъолияти худро озодона интихоб намояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳое, ки дар асоси онҳо шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ баста шудааст, фаъолона иштирок намояд;
- дар соҳаи дахлдор дар доираи имкониятҳои худ ва мувофиқи қоидаҳои ҷории ташкилоти ҷалбкунанда фаъолият намояд;
- аз суғуртаи тиббии ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;
- ҷуброни маблағҳоеро, ки барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрии дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинишуда заруранд, талаб намояд;
– ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда ва ё бевосита аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсияномаеро, ки амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ, таҷриба ва маҳорати бадастовардаашро тасдиқ мекунанд, дастрас намояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- аз ҳуқуқ ва кафолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, андоз, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ пешбинигардида истифода барад; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- бо пешниҳоди шаҳодатномаи волонтёрӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1743);
– ба фаъолияти меҳнатии бемузд машғул шавад; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- оид ба ташкилоти ҷалбкунанда, фаъолияти ташкилӣ ва барномаҳои он маълумоти воқеӣ ва дақиқ гирад;
- дар курсҳои омӯзишӣ, ки бо ташаббус ва ё тавсияи ташкилоти ҷалбкунанда барои иҷрои босифати фаъолияти волонтёрӣ доир мегарданд, иштирок намояд;
- тибқи талаботи қисми 4 моддаи 6 Қонуни мазкур  роҳбари ташкилоти ҷалбкунандаро ба таври хаттӣ огоҳ намуда, фаъолияти худро қатъ намояд.
2. Волонтёр ӯҳдадор аст:
– дар доираи Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунад; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- супоришҳои ташкилоти ҷалбкунандаро дар доираи ӯҳдадориҳои шартномавӣ иҷро намояд;
- ҳангоми иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба роҳбари ташкилоти ҷалбкунанда итоат намояд; 
- молу мулки дар раванди фаъолияти волонтёрӣ истифодашавандаро ҳифз намояд;
- қоидаҳои ифшо накардани маълумоти таъиноташ махфиро оид ба ташкилот риоя кунад;
- ӯҳдадориҳои тибқи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ ба зиммагирифтаашро бе розигии ташкилоти ҷалбкунанда ба дигар шахсон вогузор накунад; 
- дар самти (соҳаи) интихобнамудаи фаъолияти волонтёрӣ дониш ва маҳорату малака аз худ намояд;
- дастурҳоро оид ба ҳифзи меҳнати волонтёр ва супоришҳои роҳбарии ташкилоти ҷалбкунандаро риоя ва иҷро намояд;
- фаъолияти худро ройгон амалӣ намояд;
- дар ҷаласаҳои умумӣ ва ташкилии гурӯҳи волонтёрон ширкат варзад.
 
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои ташкилоти ҷалбкунанда
Ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:
– қабули волонтёронро амалӣ намояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- аз тарафи волонтёр амалӣ намудани фаъолияти волонтёриро дар шароити бехатар бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва дигар шароити барои иҷрои ӯҳдадориҳо зарурӣ таъмин кунад;
- ҳифзи маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии истифодабарандагони фаъолияти волонтёрӣ, ки волонтёр онро истифода мебарад, таъмин намояд;
- ҷиҳати татбиқи шартҳои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тайёрии касбӣ, бозомӯзии касбӣ, такмили маҳорат ва таҷрибаи волонтёриро дар робита бо аз худ намудани воситаҳои муайяни техникӣ ва қоидаҳои бехатарии меҳнат амалӣ гардонад;
- ба волонтёр ҷиҳати иҷрои корҳои барои ҳаёт ва саломатиаш зараровар ё хатарнок иҷозат надиҳад;
- ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш ё беморие, ки дар натиҷаи иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба вуқӯъ омадааст, волонтёрро бо хизматрасонии тиббӣ таъмин намояд;
– ҷуброни хароҷотеро (роҳкиро, ҷойи хоб, хӯрок, суғуртаи тиббию иҷтимоӣ ва дигар), ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои волонтёр заруранд, таъмин намояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
– ба волонтёр дар сурати доштани собиқаи меҳнатии волонтёрии на кам аз 20 соат дар як моҳ барои таъмин гардидан бо дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур муосидат намояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- дафтари бақайдгирии волонтёронро, ки дар он маълумот оид ба шахсияти ҳар як волонтёр, шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ, миқдори соатҳои кории волонтёр, роҳбари бевоситаи волонтёр дар ташкилоти ҷалбкунанда сабт карда мешавад, пеш барад ва мутобиқи ин сабтҳо ба волонтёр маълумотнома диҳад; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- аз рӯи зарурат бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ дастрасии волонтёрро ба таҷҳизоти хизматӣ ва манбаъҳои иттилоотӣ таъмин намояд;
- ба волонтёрон оид ба намудҳои дигари фаъолият дар ташкилоти ҷалбкунанда иттилоъ диҳад;
– оид ба амалисозии самтҳо ва намудҳои фаъолияти волонтёрӣ, ҳайат, шумора ва натиҷаи фаъолияти волонтёрон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳар сол маълумот пешниҳод намояд; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- ӯҳдадориҳои дигареро, ки шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.
 
Моддаи 9. Масъулияти тарафҳо ва ҳалли баҳсҳо
1. Ташкилоти ҷалбкунанда дар назди истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ барои зиёни ба ӯ расонидаи волонтёр масъул аст, ба истиснои зараре, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷинояти аз тарафи волонтёр содиршуда расонида шудааст.
 2. Баҳсҳои марбут ба бастан, тағйир додан, иҷро ва ё қатъ намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд, агар онҳоро тарафҳои шартнома мустақилона ҳал карда натавонанд.
 3. Тарафҳо барои иҷро накардан ва ё иҷрои номатлуби талаботи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тибқи муқаррароти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
 
БОБИ 3.
АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
 
Моддаи 10. Cалоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ мансубанд: 
- муайян намудани сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;
- тасдиқ намудани барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;
- тасдиқ намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1268);
- тасдиқ намудани тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ (ҚҶТ  аз 17.12.2020 № 1743);
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ 
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд: 
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;
– таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268) 
– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ ва бо истифода аз усулҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла технологияи интернетӣ, ба қайд гирифтан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти волонтёрии шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
таъсиси Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар ташкилотҳо; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
– мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти волонтёрӣ ва дар ҳолати зарурӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур қабул намудани қарорҳои дахлдор, аз ҷумла оид ба қатъ намудани фаъолияти волонтёрии шахс; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- тасдиқи шакл ва намунаи дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ; (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ; 
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷалбкунанда оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ; 
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
 
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба фаъолияти волонтёрӣ
Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ амалӣ менамоянд. 
 
Моддаи 13. Иштироки ташкилотҳои ҷалбкунанда дар рушди фаъолияти волонтёрӣ 
Ташкилотҳои ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар иҷрои тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ҳамкорӣ менамоянд.
 
БОБИ 4.
ТАДБИРҲО ОИД БА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
 
Моддаи 14. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ 
1. Давлат рушди фаъолияти волонтёриро тавассути тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. 
2. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ бо назардошти қоидаҳои шаффофияти қабули қарорҳо ва риояи принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ таҳия мегарданд. 
3. Тартиби татбиқи тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, тартиби додани дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ муайян карда мешаванд. 
4. Давраи машғул шудан ба фаъолияти волонтёрии мувофиқ ба соҳаи таҳсилот ва ихтисоси таълимӣ, ки бо дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тасдиқ мегардад, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба эътибор гирифта мешавад. 
5. Давраи машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи меҳнатии волонтёрӣ эътироф карда мешавад, агар он шарти ҳатмии ба кор қабул кардан бошад ва волонтёр дар соҳаи ҷавобгӯй ба ихтисоси дахлдори гирифтааш кор карда, ин ҳолат бо дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тасдиқ карда шавад.
6. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳо ва фондҳои волонтёрӣ дар маҳалҳо аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тавассути амалӣ гардонидани фармоишҳои иҷтимоӣ, таъмин намудан бо бино, воситаи алоқа ва дигар хизматрасонӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1268)
 
Моддаи 15. Тадбирҳо оид ба эътироф ва қадрдонии фаъолияти волонтёрӣ 
Бо мақсади эътироф ва қадрдонии хизматҳо дар рушди фаъолияти волонтёрӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо мукофотҳои давлатӣ ва намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонида шаванд.
 
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 16. Фаъолияти байналмилалии волонтёрӣ
Фаъолияти байналмилалии волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                        Эмомалӣ  РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 19 сентябри соли 2013,
№1019