ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАР АСАРИ ФАЛОКАТИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ АТОМИИ ЧЕРНОБИЛ ЗАРАР ДИДААНД

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 21/01/2021 - 15:54
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
242
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.03.2007
ҚОНУНИ
 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАР АСАРИ ФАЛОКАТИ НЕРӯГОҲИ БАРҚИ АТОМИИ
ЧЕРНОБИЛ ЗАРАР ДИДААНД
 
(Ахбори Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2007, №3, мод.175; соли 2008, №10, мод.820)
 
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 439, аз 17.12.2020 № 1742)
 
 
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсоне мебошад, ки дар минтақаҳои таъсири омилҳои номусоиди бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил 26 апрели соли 1986 бавуҷудомада зарар дидаанд ва ё дар  рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд, инчунин кӯдаконе, ки падар ё модарашон ба таъсири шуоъхӯрии радиатсионӣ ва таъсири ирсӣ дучор гардидаанд.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- дастгирии давлатии шаҳрвандони бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида (минбаъд - шаҳрвандони зарардида) – низоми чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва ташкилию техникии аз тарафи давлат кафолат додашудае, ки оқибатҳои манфии таъсири радиатсиониро ҷуброн карда, ҳифзи саломатии шаҳрвандони зарардида ва шароити мусоиди зиндагии онҳоро таъмин менамоянд;
 - минтақаи ҷудокунӣ - минтақае, ки солҳои 1986-1987 минтақаи 30-километра номида шуда, аз соли 1988 бошад, минтақаи  зарардидаи ҳудудҳои Федератсияи Россия, Украина ва Белоруссия ном гирифт, ки аз он ҷо аҳолӣ тибқи меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ соли 1986  кӯчонида  шуда буд;
 -андозаи шуоъафканӣ - андозаи қувваи афканишоти иондор, ки бо назардошти ҳассосияти узву бофтаҳои гуногун  ба  бадан  таъсир  расонидааст;
- бемории шуоъ - беморие, ки ҳангоми шуоъхӯрии организми инсон таҳти таъсири аз ҳадди имконпазир зиёди радиатсия ба вуҷуд меояд;
- кӯчонидани аҳолӣ - аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ.
 
Моддаи 3. Қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.ҶТ аз 17.12.2020 № 1742)
 
Моддаи 4. Гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд
Ба гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати  нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсони зерин дохил мешаванд: 
а) шахсоне, ки дар вақти фалокати  нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар минтақаи ҷудокунӣ истиқомат мекарданд, дар минтақаи ҷудокунӣ сафари хизматӣ  доштанд, хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсии фармондеҳиву қатории мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин минтақа хизмат кардаанд, инчунин шахсоне, ки соли 1986 ва солҳои минбаъда аз минтақаи ҷудокунӣ, ки ҷои зисти доимиашон буд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран кӯчида омадаанд ё кӯчонида шудаанд, аз ҷумла кӯдаконе, ки ҳангоми кӯчидан дар батни модар буданд;
б) шаҳрвандоне, ки дар рафъи оқибатҳои фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил иштирок кардаанд, аз ҷумла:
- шаҳрвандони муваққатан ба сафари хизматӣ фиристода, ки дар  рафъи оқибатҳои фалокати  нерӯгоҳи барқи  атомии Чернобил иштирок кардаанд ва (ё) дар ин давра дар ҳудуди минтақаи ҷудокунӣ бо дигар корҳо машғул буданд;
- хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла низомиёни шомили ҷузъу томҳои махсуси наҷотбахш ва шахсони ӯҳдадори ҳарбӣ, ки махсус барои ҳамин мақсад  даъват шуда, сарфи назар аз маҳалли ҷойгиршавӣ ва  иҷрои корҳои вобаста ба  рафъи оқибатҳои фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҷалб гардида буданд, инчунин шахсони роҳбарикунанда ва ҳайати қатории мақомоти корҳои дохилӣ, ки солҳои 1986-1991 дар минтақаи ҷудокунӣ хизмат мекарданд ва (ё) дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил бо дигар корҳо машғул буданд;
в) шахсони дар бандҳои «а» ва «б» ҳамин модда нишондодашуда, ки ба бемории шуоъзада ва бемориҳои дигари вобаста ба фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ё корҳои  рафъи оқибатҳои ин фалокат гирифтор шудаанд;
г) шахсони дар бандҳои «а» ва «б» ҳамин модда нишондодашуда, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ё корҳои  рафъи оқибатҳои ин фалокат маъюб шудаанд;
д) кӯдаконе, ки аз падар ё модари зарардида, инчунин наврасоне, ки тибқи хулосаи мақомоти салоҳиятдори тиббӣ аз наслҳои минбаъдаи гирифтори бемориҳои ирсии вобаста ба фалокати нерӯгоҳи барқи атомии  Чернобил таваллуд ёфтаанд;
е) оилаҳои бесаробонмондаи шахсоне, ки бар асари фалокати  нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд.
 
Моддаи 5. Дастгирии давлатии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд
Дастгирии давлатии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони зарардида дар асоси тадбирҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни товони зараре, ки ба саломатии шаҳрвандони  ҷудогона расидааст;
- ба қайд гирифтани шахсони зарардида ва тартиб додани феҳристи  давлатии тиббии ченкунии андозаи шуоъафканӣ;
- таҳия ва амалӣ гардонидани механизмҳои муайянкунии сабабҳои беморӣ ва маъюбӣ бар асари оқибати ин фалокат;
-  таҳия ва амалигардонии усули илман асосноки ҳисоби ҷудогонаи андозаи шуоъхӯрии шаҳрвандон аз лаҳзаи сар задани ин  фалокат;
- муайян намудани мақоми шахсоне, ки гирифтори  таъсири фалокати  нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил шудаанд, инчунин таҳия ва амалӣ намудани чораҳо барои ҳифзи иҷтимоии онҳо вобаста ба гурӯҳҳои муқарраршудаи зарардидагон;
- ташкили механизми имтиёзноки фаъолияти муассисаҳои тиббии давлатӣ , санаторию курортӣ, ки масъалаҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандони зарардидаро бевосита ҳаллу фасл мекунад; 
- бо мақсади маблағгузории иловагӣ барои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони зарардида ташкил намудани фондҳои махсус;
- амалӣ намудани дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
 
БОБИ II.
ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАР АСАРИ ФАЛОКАТИ НЕРӮГОҲИ   БАРҚИ   АТОМИИ  ЧЕРНОБИЛ  ЗАРАР ДИДААНД
 
Моддаи 6.  Ҳуқуқи шаҳрвандони  бар  асари  фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида ба ҳифзи саломатӣ  
Шаҳрвандони зарардида дар муассисаҳои тиббии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд.
Иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, ки саломатиашон осеб надидааст, ҳар сол аз муоинаи тиббӣ ба таври ройгон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ мегузаранд.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандони бар асари фалокати нерӯгоҳи зарардида ба ҷубронпулӣ ва имтиёзҳо
Давлат ба шаҳрвандони зарардида ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои дар Қонуни мазкур пешбинишударо кафолат медиҳад.
Агар шаҳрвандони зарардида бо якчанд асос ба гирифтани ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҳуқуқ дошта бошанд, ба онҳо ҳуқуқи интихоби  яке аз ин ҷубронпулӣ ва ё имтиёзҳо дода мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди зарардида, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд,  аз ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, истифода мебаранд.
 
Моддаи 8. Ҷубронпулӣ ва имтиёзҳо ба шаҳрвандоне, ки бар асари  фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд
Ба шаҳрвандони зарардида ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- кӯмаки тиббии ройгон дар доираи барномаи кафолатҳои давлатии кӯмаки тиббию санитарии ройгон ба аҳолӣ, гирифтани дорувории ройгон (аз рӯи дастури духтур), табобат ва шинонидани дандонҳои сунъии ройгон ба зарардидагон (ба истиснои қолабҳо аз фулузоти қиматбаҳо);
- табобати ройгони ҳарсолаи санаторию курортӣ ё пардохти ҷубронпулӣ ба андозаи арзиши миёнаи роҳхат дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дар бандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 4 Қонуни мазкур нишон додашуда аз ҷои кор ва барои шахсони дар бандҳои «г», «д» ва «е» моддаи 4 Қонуни мазкур аз мақомоти ҳифзи иҷтимоии маҳалли зист;
- пардохти ҳаққи хизмати алоқа (ғайр аз гуфтугӯҳои телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ), хизмати коммуналӣ (оби гарм ва гармкунӣ, оби хунук), баровардани партовҳо ва хизматрасонии фонди манзилӣ (50 фоиз);
 - нигоҳ доштани андозаи маоши пешина ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- хизматрасонӣ аз тарафи шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ дар хона ба шахсони барҷомонда ва маъюб дар сурати набудани хешу табори наздики онҳо;
- бо пешниҳоди шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ), рафтуо кардан барои табобат бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ барои шахсони дар бандҳои "а". "б" ва "в" моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда дар ҳаӣми 50 фоиз, барои шахсони дар банди "г" моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ҶТ аз 17.12.2020 № 1742);
- истифодаи рухсатии навбатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар вақти барои онҳо мусоид, инчунин гирифтани рухсатии иловагии музднок ба муддати 14 рӯзи тақвимӣ;
- додани ҷубронпулии ҳарсола ба оилаҳои бесаробонмондаи     шахсони бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида дар ҳаҷми арзиши миёнаи роҳхати санаторию курортӣ;
- пардохти хароҷоти рӯзмарра ҳангоми сафар барои муоинаи тиббӣ ҷиҳати муайян намудани таъсири шуоъафканӣ;
- пардохти кӯмакпулии яквақтаи ҳарсола дар ҳаҷми се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба шахсони дар бандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 4 муайяншудаи Қонуни мазкур;
- ба муассисаҳои давлатии таълимии миёнаи махсус ва олӣ тибқи квотаҳои муқарраргардида дохил шудани фарзандони шаҳрвандони зарардида;
- дар хона – интернатҳои кӯҳансолон, маъюбон ва интернатҳои махсусгардонидашуда бе навбат ҷойгир намудани шаҳрвандони зарардида;
- истифода аз қарзҳои имтиёзнок бо мақсади харидан ва ё сохтмони хонаи истиқоматӣ (аз ҷумла қарзи ипотекӣ);
- таъмини нафақаи имтиёзнок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифода аз дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Тартиби пардохти ҷубронпулӣ ва имтиёзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 9. Хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд
Шаҳрвандони дар моддаи 4 Қонуни мазкур зикршуда, инчунин кӯдакони баъди фалокати  нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил  таваллудшудаи онҳо, ки дар он маврид шуоъафкании радиоактивӣ метавонист ба онҳо  низ таъсир расонад, бояд ҳатман таҳти мушоҳидаи тиббии доимӣ қарор гиранд. Барои ба қайд гирифтани ин шахсон феҳристи давлатӣ тартиб дода мешавад.
Хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони зарардида ва мушоҳидаи диспансерии онҳо аз тарафи муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ дар ҷои истиқомат ё кори онҳо амалӣ гардонида мешавад. Хизматрасонии махсуси тиббии ин гурӯҳи шаҳрвандонро муассисаҳое таъмин месозанд, ки номгӯи онҳо, тартиби хизматрасонии тиббӣ, инчунин гузаронидани мушоҳидаи тиббии доимии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Сабабҳои бемории шаҳрвандони зарардидаи дар моддаи 4 Қонуни мазкур зикршударо, ки  бар асари фалокати  нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил бемор ва маъюб гардидаанд, комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатие (КЭТМ) муқаррар менамоянд, ки онҳоро мақомоти ваколатдори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис додааст.
Шаҳрвандоне, ки бо қарори шӯрои экспертӣ ва комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) розӣ нестанд, ҳуқуқ доранд ҷиҳати баррасии такрории парванда ба Комиссияи экспертии тиббию меҳнатии ҷумҳуриявӣ муроҷиат намоянд.
 
Моддаи 10. Ҳифзи иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонии кӯдакону наврасон
Ба кӯдакону наврасони бар асари фалокати  нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида, ки дар банди «д» моддаи 4 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- гузаронидани мушоҳидаи ҳатмии тиббии ҳарсолаи ройгон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ;
- таъмини ройгони доруворӣ (аз рӯи дастури духтур) барои табобати дармонгоҳии кӯдакон ва занҳои ҳомиладори бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида;
- табобати ройгон тибқи дастури тиббӣ дар муассисаҳои санаторию курортии соҳаи дахлдор;
- рафтуои ройгони кӯдакон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи падар ё модар, васӣ ё парастор бо нақлиёти роҳи оҳан, дар ноҳияҳое, ки роҳи оҳан надоранд, бо нақлиёти ҳавоӣ ё нақлиёти байнишаҳрӣ то муассисаи табобатӣ ва санаторию курортӣ;
- ҳузури модар бо кӯдаки бемор дар муассисаҳои табобатӣ бо пешниҳоди духтур дар давраи табобат;
- таъмин кардани кӯдакони зарардида бо озуқа, аз ҷумла дар мактабҳо ва кӯдакистонҳо бо арзиши миёнаи аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда.
Кӯдаконе, ки осеби ба падар ё модарашон расида ба онҳо гузаштааст, аз имтиёзҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд.
Ба падар ё модари кӯдакони то 16-солаи бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- пардохти варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини кӯдаки бемор ба андозаи 100 фоизи маоши миёнаи падар ё модар;
- пардохти 100 фоизаи варақаи корношоямӣ ба падар ё модаре, ки ба кӯдаки бемор дар муассисаи табобатӣ дар давоми табобат ҳамроҳӣ менамояд.
Тартиби хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонии кӯдакону наврасонро, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 11. Кафолатҳои иловагӣ ба шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд
Кафолатҳои иловагиро ба шаҳрвандони зарардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият дар доираи салоҳияташон оид ба беҳбудии шароити моддию маишӣ, маънавӣ, хизматрасонии тиббӣ, инчунин амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар ҳолатҳо нисбати шаҳрвандони зарардида чораҳои иловагӣ меандешанд. 
 
Моддаи 12. Маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд
Чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони зарардида аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ мешаванд:
 - аз маблағи буҷети давлатӣ;
 - аз маблағи фондҳои мақсаднок;
 - аз хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
 - аз дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
 
Моддаи 13. Танзими муносибатҳо вобаста ба таъмини нафақа
Муносибатҳо вобаста ба таъмини нафақаи шаҳрвандони зарардида ва аъзои оилаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
 
БОБИ III.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Э.Раҳмонов
 
ш.Душанбе, 5 марти соли 2007
№ 242