ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.1, мод.305; с.2010, №1, мод.14;
с.2012, №12, мод.1013; Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1124)
Қонуни мазкур асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷўянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳоро муайян намуда, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳоро муқаррар мекунад.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонун мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилале, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
Моддаи 2. Мафҳуми асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– гуреза – шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асосноки дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурўҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба давлати истиқомати доимии худ баргардад;
– шахси паноҳҷўянда- шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки давлати шаҳрвандии худ ё ҷои истиқомати пештараашро бо мақсади пешниҳод намудани дархост барои гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарк намудааст;
– ҷойи зисти муваққатӣ – ҷойи сукунати муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод намудаанд ё гуреза дониста шудаанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷўянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– маркази ҷойгиркунии муваққатӣ – Маркази махсусгардонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар бораи гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– ҳуҷҷати сафарӣ – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахсони гуреза донисташуда барои аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баромадан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан дода мешавад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– шаҳодатномаи гуреза – ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷўяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд;
– мақоми гуреза – вазъи ҳуқуқии (маҷмўи ҳуқуқҳои умумӣ, озодиҳо, ўҳдадориҳо ва манфиатҳои қонунии муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон) шахсони паноҳҷўянда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шудаанд.
Моддаи 3. Шахсони ба ҳимояи байналмилалӣ сазовор набуда ё эҳтиёҷ надошта
1. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:
- агар асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол ҷиноятҳои ҳарбӣ ё ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ ва амнияти инсониятро содир намудаанд, ки онҳоро санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- агар асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол пеш аз ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он ҷинояти вазнини хусусияти сиёсинадошта содир кардаанд;
- агар асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол дар содир намудани кирдори хилофи мақсад ва принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид гунаҳгоранд;
- агар онҳо аз ҳимоя ё кӯмаки мақомот ё муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ғайр аз Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо истифода баранд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур ҳамчунин нисбат ба шахсоне татбиқ намегардад, ки давлати мансубияти шаҳрвандии худро (маҳалли истиқомати пештараи худро) бинобар сабабҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар натиҷаи гуруснагӣ, эпидемия ё ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва хусусияти техногенидошта тарк намудаанд.
(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
Моддаи 31. Принсипҳои кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо
Кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
- ғайритабъиз;
- берун накардан;
- муттаҳидшавии оила;
- маҳрамият;
- афзалияти ҳимояи манфиатҳои шахсони осебпазир.
(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
Моддаи 4. Мақомоти идораи давлатӣ оид ба масъалаҳои гурезаҳо
Мақомоти идораи давлатӣ, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо таъмин мекунанд, инҳоянд:
– мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
(ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
Моддаи 5. Ваколат ва ҳамкории мақомоти идораи давлатӣ
1. Мақомоти корҳои дохилӣ:
– фаъолияти мақомоти идораи давлатиро оид ба масъалаи гурезаҳо ҳамоҳанг месозад;
– фаъолияти воҳидҳои мақомоти дахлдори корҳои дохилиро дар маҳалҳо роҳбарӣ ва назорат менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– тибқи тартиби муқарраргардида маълумотро дар хусуси вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, санитарию эпидемиологӣ дар кишвари мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) шахси дар хусуси гуреза дониста шудан дархост карда, инчунин маълумотро оид ба тағйирот дар низоми шиносномавию раводидии (визавии) давлатҳои хориҷӣ ва қоидаҳои истиқомати шахсони паноҳҷўянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад ва ба мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ ирсол менамояд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590).
– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи шаҳодатномаи гуреза, намунаҳои бланкаҳои шаҳодатномаи гуреза, ҳуҷҷати сафарӣ, инчунин ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин соҳа таклифҳо пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– барои шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ таъсис дода, фаъолияти онҳоро таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият ба тарзи ройгон иттилоотеро мегирад, ки барои тафтиши маълумоти пешниҳоднамуда оид ба дархости шахси паноҳҷўянда дар хусуси гуреза донистанаш зарур мебошад; (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
– ба шахсе, ки дар хусуси гуреза дониста шудан дархост намудааст ё гуреза донисташуда, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст ва бе ҳамроҳии намояндаи қонунии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, дар дастрас намудани маълумот оид ба мавҷуд будан ва ҷои истиқомати падару модар, ё дигар намояндагони қонунӣ, ё хешовандонаш ёрӣ мерасонад; (ҚҶТ аз 28.12.12с.. № 919)
– дар асоси қарори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза барои пешниҳод намудани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад ё додани иҷозатро рад менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– дар асоси ҳуҷчатҳои бақайдгирии шахсонеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост пешниҳод намудаанд, санҷида, дурустии маълумоти додаи онҳоро муайян менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯяндаро медиҳад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– ба шахсоне, ки мақоми гуреза гирифтаанд, шаҳодатномаи гуреза, инчунин ҳуҷҷати сафарии намунааш муқарраршуда медиҳад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– азнавбақайдгирии ҳарсолаи гурезаҳоро якҷоя бо воҳидҳои дахлдор анҷом медиҳад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур дар хусуси аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи маҳрум намудан аз мақоми гуреза қарор қабул менамояд;
– бо мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеї ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон оид ба масъалаҳои дигаре, ки ба салоҳияти он вогузор гардидаанд, ҳамкорӣ мекунад; (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
– шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳоро ба қайд мегирад ва мӯҳлати бақайдгирии онҳоро тамдид менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– барои шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида гуреза дониста шудаанд ва аъзои оилаи онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати муваққатии зистро ба расмият дароварда, ба онҳо месупорад ва мўҳлати амали онро дароз мекунад;
– ҳангоми зарурат расмиёти айниятгардонии (идентификатсияи) шахсияти онҳоеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, анҷом медиҳад;
– дактилоскопияи (нақши панҷаҳо) шахсонеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд, анҷом медиҳад; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
– дар сурати қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ихтиёран тарк накардани шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, дар доираи ваколати худ маҷбуран берун кардани онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро мерасонад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
2.Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-дар доираи салоҳияти худ оид ба ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 3 ва 7 Қонуни мазкур доир ба шахсони паноҳҷўянда, ки изҳори хоҳиши гуреза дониста шудан намудаанд ё дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост кардаанд, ба мақомоти корҳои дохилӣ маълумот пешкаш менамояд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-дар мувофиқа бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хориҷ кардани шахсоне, ки нисбати онҳо қарори ниҳоӣ дар хусуси рад намудани бақайдгирии дархости гуреза донистани онҳо, дар хусуси рад намудани гуреза донистан, дар бораи беэътибор донистани мақоми гуреза ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза ва аъзои оилаи онҳо, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати муқарраргардида нарафта бошанд, қарор қабул мекунад;
-хориҷ кардани шахсонеро, ки нисбати онҳо дар бораи хориҷ карда шуданашон қарор кабул шудааст, амалӣ менамояд, дар сурате, ки хориҷшавандагон дар мўҳлати як ҳафтаи баъди қабули қарор дар ин бора ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят накарда бошанд;
– мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳангоми убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳо ё берун аз онҳо шахсони паноҳҷўяндаро, ки барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома надоранд, вале бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми моддаи 2 Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданро изҳор намудаанд, бозмедорад ва дар мўҳлати на дертар аз 72 соат вазифадор аст бо риояи принсипи берун накардан дар ин хусус воҳидҳои мақомоти дахлдори корҳои дохилиро огоҳ созад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)
3.Мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар музокирот, таҳия ва омодасозии лоиҳаҳои аҳдномаю созишномаҳо ва ворид намудани пешниҳодот оид ба бастани онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо дар масъалаи гурезаҳо иштирок менамояд;
-вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, санитарию эпидемиологиро дар ин ё он кишвари мансубияти шахсони паноҳҷўянда, оид ба гуреза дониста шудан дархост намудаанд, таҳлил намуда, ҳамоҳанг месозад ва дар ин хусус маълумот пешниҳод менамояд;
-дар бораи тағйиротҳои шиносномавию раводидӣ (визавӣ) ва қоидаҳои зист дар кишварҳои хориҷӣ маълумот тайёр менамояд;
-ҷараёни иҷрои аҳдномаи байналмилалӣ ва шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои гурезаҳо назорат менамояд;
-якҷоя бо дигар мақомоти ваколатдор масъалаҳои ҳолати ҳуқуқии шахсони паноҳҷўяндаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;
-барои шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида гуреза дониста шудаанд ва аъзои оилаи онҳо ҳуҷҷатҳои хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, ба онҳо месупорад ва мўҳлати амали онҳоро дароз мекунад;
-дар доираи ваколатҳои худ ва иҷрои талаботи Қонуни мазкур, таъмини аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани шахсоне, ки гуреза донистани онҳо рад шудааст, аз мақоми гуреза маҳрум гардида ё мақоми гурезаро аз даст додаанд, мусоидат менамояд.
4.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ: (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-ҷои сукунати муваққатии шахсонеро, ки дархости гуреза донистани онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудааст, муайян мекунанд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-ба ҳамгироии шахсони гуреза дониста шуда, бо назардошти мавҷуд будани ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои ишғолнагардида дар бозори меҳнат кўмак мерасонанд;
-ба шахсони гуреза донисташуда, ки имконияти мустақилона сокин шудан надоранд, барои истиқомати муваққатӣ ҷойи зист пешниҳод мекунанд.
Моддаи 6. Тартиби муроҷиат ва баррасии дархост дар бораи гуреза донистани шахсони
паноҳҷўянда
1.Шахсе ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ ҷустан дорад, метавонад ба намояндагиҳои дипломатӣ ё консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати сукунати вай бо дархост оид ба гирифтани мақоми гуреза муроҷиат намояд.
2.Шахси паноҳҷўянда, ки изҳори хоҳиши гуреза дониста шудан намуда, ба синни ҳаждаҳ расидааст, ўҳдадор аст шахсан ё ба воситаи намояндаи ваколатдоршуда ба мақомоти зерин бо дархости хаттӣ муроҷиат намояд: (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– дар гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар сурати убури иҷбории ғайриқонунии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як шабонарўз аз лаҳзаи убури Сарҳади давлатӣ. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои аз шахсони паноҳҷўянда вобаста набуда, ки барои сари вақт бо дархост оид ба гуреза дониста шудани ў муроҷиат намуданаш монеъ мешаванд, мўҳлати муроҷиат метавонад аз ду шабонарўз зиёд бошад, вале на бештар аз давраи ҷой доштани ҳолатҳои бамиёномада; (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
– шахси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ қарордошта, бинобар ҳолатҳои дар кишвари мансубияташ бавуҷудомада, метавонад бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур бо дархост дар бораи гирифтани мақоми гуреза муроҷиат намояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолатҳои ба таври қонунӣ омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати на дертар аз як моҳ. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
3.Агар шахси паноҳҷўянда бинобар вазъи саломатӣ имкони шахсан дар хусуси гуреза дониста шудан муроҷиат кардан надошта бошад, ин корро метавонад намояндаи ваколатдори ў бо пешниҳоди ҳуҷҷати тиббӣ оид ба вазъи саломатии пешниҳодшаванда анҷом диҳад.
4. Шахсе, ки Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷборан ғайриқонунӣ убур намудааст ва дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шудан изҳори хоҳиш кардааст, бе истифодаи чораҳои ҷазои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ў барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ғайриқонунӣ қарор доштан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии мақомоти амнияти миллӣ боздошт мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
5. Ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии мақомоти амнияти миллӣ дар хусуси хоҳиши шахсони паноҳҷўянда барои гуреза дониста шудан ба наздиктарин мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ барои баррасии масъалаи бақайдгирии дархост дар муддати 72 соат хабар медиҳанд. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)
6. Маълумот дар бораи аъзои оилаи шахсони паноҳҷўяндаи ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки ҳамроҳи ў омадаанд, ба дархости падар ё модар, дар сурати набудани падару модар ба дархости намояндаи қонунии онҳо ё ба дархости яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоқу тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба шонздаҳ нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, ворид карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
7. Дар ҳолати бе ҳамроҳии намояндаи қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахсоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд ва хоҳиши гуреза дониста шуданро изҳор намудаанд, мақомоти корҳои дохилӣ бо онҳо пурсиш гузаронида, варақаи пурсишнома пур мекунад. То қабули қарор оид ба муайян намудани вазъи ҳуқуқии онҳо мувофиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба мақомоти васоят ва парастории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдани ин шахсон тадбирҳо андешида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
8. Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷўянда, ки ғайри қобили амал дониста шудаанд ва хоҳиши гуреза дониста шуданро доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
9. Баррасии дархости шахсони паноҳҷўянда, ки аъзои як оила мебошанд, нисбат ба ҳар як узви ба синни ҳаждаҳ расидаи оила, дар алоҳидагӣ бо назардошти талаботи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
10. Дар сурати ҷой надоштани ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур нисбати яке аз аъзои ба синни ҳаждаҳ расидаи оила, бо мақсади таъмини муттаҳидшавии оила ин узви оила низ бо хоҳиши ў гуреза дониста мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
11. Қарор дар бораи бақайдгирии дархости шахс, дар хусуси гуреза донистани ў аз ҷониби комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза дар мўҳлати даҳ рўзи корӣ пас аз лаҳзаи пешниҳод гардидани дархост тибқи натиҷаҳои тартиб додашудаи анкетавии шахси паноҳҷўянда, тартиб додани варақаи баёнот дар асоси доир намудани сўҳбати инфиродӣ, инчунин тибқи натиҷаҳои тафтиши дурустии маълумотҳои бадастомада дар бораи ин шахс ва аъзои оилаи ў, ки ҳамроҳаш омадаанд, қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
12. Маълумот дар бораи аъзои оилаи ба синни ҳаждаҳ нарасидаи шахсони паноҳҷўянда, ба шаҳодатномаи падар ва модар, дар сурати набудани волидайн – ба шаҳодатномаи намояндаи қонунии онҳо ё ба шаҳодатномаи яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоқу тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба шонздаҳ нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, сабт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
13. Ҳамчунин ба шахси паноҳҷўяндаи ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки бе ҳамроҳии намояндаи қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва дар хусуси гуреза дониста шудан дархост пешниҳод намудааст, бо назардошти таклифҳои мақомоти васоят ва парасторӣ метавонад шаҳодатнома супурда шавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
14. Шаҳодатнома барои бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомат ба қайд гирифтани шахс ва аъзои оилаи ў, ки дар хусуси гуреза дониста шудан дархост пешниҳод намудаст, дар мўҳлати дида баромадани дархост асос мегардад.
15. Шаҳодатнома ҳамчунин дар сурати зарурат барои сукунати муваққатӣ роҳхат гирифтани шахси паноҳҷўянда ва аъзои оилаи ў асос мебошад;
16. Комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мақомоти корҳои хориҷӣ иборат мебошад. Тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
Моддаи 7. Маҳдудкунии ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза донистан
дархост пешниҳод намудаанд
Ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷўяндае, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд, мумкин аст танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини ҳимоя ва амнияти давлат, ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, ахлоқ, саломатии аҳолӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои дигар шахсон маҳдуд карда шаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
Моддаи 8. Асосҳо барои рад кардани додани мақоми гуреза ба шахси паноҳҷӯянда
(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
Барои рад кардани додани мақоми гуреза ба шахси паноҳҷӯянда ҳолатҳои зерин асос мешаванд, агар: (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-дархости шахс комилан беасос бошад ё хусусияти сўиистифода дошта бошад;
-ҳолатҳои истиснокунандаи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ошкор гарданд;
-дархости шахс пештар дар бораи гуреза дониста шудани ў бинобар мавҷуд набудани ҳолатҳои хавфи дучории таъқиб гаштан рад шуда бошад, дар сурате, ки вазъият дар кишвари мансубияти шаҳрвандии ў (маҳалли истиқомати пештараи ў) аз рўзи радия гирифтан то рўзи пешниҳоди дархости нав тағйир наёфта бошад;
-шахс шаҳрванди давлати сеюме бошад, ки метавонад аз ҳимояи он истифода намояд ё ҳуқуқ дорад дар асоси қонунӣ дар қаламрави кишвари сеюм бе хавфи дучори таъқиб шудан дар ин кишвар истиқомат кунад;
– шахс бевосита аз қаламрави кишвари сеюми бехатар омада бошад, ки то ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан дар қаламрави он таҳти таъқиб қарор надошт ё метавонист мувофиқи тартиби муқарраргардида паноҳгоҳ ё мақоми гуреза гирад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– шахс давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худро бинобар хавфи ҷазо гирифтан мутобиқи қонунгузории ин давлат барои ғайриқонунӣ берун шудан аз қаламрави он ё барои содир намудани дигар ҷиноят дар қаламрави он тарк намуда бошад ва бо ҳамин сабабҳо намехоҳад ба давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худ баргардад;
– шахс иҷборан ғайриқонунӣ Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади пешниҳод намудани дархост дар хусуси гуреза дониста шудан убур намуда бошад ва мутобиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур бе сабабҳои узрнок бо дархост дар бораи хоҳиши гуреза дониста шуданаш муроҷиат накарда бошад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– шахс аз додани маълумот дар бораи худ саркашӣ намояд, дар бораи худ ё ки дар бораи ҳолатҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданаш маълумоти бардурўғ пешниҳод намояд;
– шахс бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайди никоҳ бошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирад;
– шахс барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (иҷозатномаи зист) дошта бошад.
Моддаи 9. Оқибати рад кардани додани мақоми гуреза
(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
1. Дар сурате, ки агар ба шахси паноҳҷӯянда додани мақоми гуреза рад карда шавад, мақомоти корҳои дохилӣ дар мӯҳлати то панҷ рӯзи корӣ пас аз рӯзи қабули қарор дар ин хусус ба ӯ бо зикри сабабҳои радкунӣ ва тартиби овардани шикоят аз рӯи қарори қабулшуда, инчунин шарҳи вазъи ҳуқуқии минбаъдаи ӯ ва аъзои оилааш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳинома месупорад ё ирсол менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
2. Мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллиро дар хусуси қабули қарори ниҳоӣ дар бораи рад намудани бақайдгирии дархости шахс дар хусуси гуреза донистани ў дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор менамояд. Ҳамзамон ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ин шахс додани раводиди хуруҷ ба мўҳлате, ки барои шикоят намудан аз болои қарор дар хусуси рад намудани бақайдгирии дархости ў дар хусуси гуреза донистан вақт медиҳад, дархост менамояд. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
3.Шахсе, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ дар хусуси гуреза дониста шуданаш дархост намудааст ва дар бораи рад гардидани бақайдгирии дархост огоҳинома гирифтааст, вале ҳуқуқи шикоят аз болои ин қарорро мутобиқи Қонуни мазкур истифода набурдааст ва дар сурати надоштани дигар асосҳои қонунӣ барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ўҳдадор аст дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз рўзи гирифтани огоҳинома дар хусуси рад гардидани дархосташ, якҷоя бо аъзои оилаи худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо
(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
1. Шахси паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқҳои зерин доранд: (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-гирифтани иттилоот оид ба тартиби гуреза донистани онҳо ва оид ба ҳуқуқу ўҳдадориҳои худ мувофиқи Қонуни мазкур;
-истиқомат дар давраи баррасии дархост дар маҳалҳои сукунати муваққатӣ бо роҳхати мақомоти корҳои дохилӣ ё сокиншавии мустақилона дар оилаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-ёрии таъҷилии тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тиббӣ;
-гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёна;
– гирифтани ёрии иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– ҳуқуқ ба меҳнат ва фаъолияти соҳибкорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-пешниҳоди ариза дар хусуси қатъи баррасии дархост.
2. Шахсони паноҳҷӯянда, инчунин аъзои оилаи онҳо ӯҳдадоранд: (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд; (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
– мақомоти корҳои дохилиро дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи иваз намудани маҳалли истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба мақсади аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтан огоҳ созанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-тартиби муқарраргардидаи истиқоматро риоя намоянд ва талаботи муқарраргардидаи меъёрҳои санитарию гигиении истиқомат дар маҳалли сукунати муваққатиро иҷро кунанд;
– тибқи тартибе, ки мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян менамояд, фавран аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– ба мақомоти муҳоҷират маълумоти саҳеҳро барои қабули қарор дар асоси дархост пешниҳод намоянд;
– аз тағйироти маълумотҳои анкетавӣ ва маҳалли истиқомат ба мақомоти муҳоҷират хабар диҳанд.
Моддаи 11. Тартиби гуреза донистани шахсони паноҳҷўянда
1. Асосҳо ва тартиби гуреза дониста шудани шахси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳҷӯянда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ бо роҳи муқаррар намудани талаботи зерин муайян карда мешаванд: (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– натиҷаи маълумотҳои анкетавии шахси паноҳҷўянда дар асоси доир намудани сўҳбатҳои инфиродӣ; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
– дурустии маълумоти бадастомада дар бораи шахси паноҳҷўянда ва аъзои оилааш, ки ўро ҳамроҳӣ мекунанд;
-сабабҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан;
-мазмуни ҳуҷчатҳои пешниҳодшуда;
-баёноти ба тариқи расмӣ таҳияшуда, агар онҳо мавҷуд бошанд;
-дигар ҳуҷчатҳо.
2. Дархости гуреза донистани шахс дар мўҳлати на дертар аз се моҳи пас аз ба қайд гирифта шудани он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ карда мешавад. Мўҳлати амали бақайдгирӣ низ ба ҳамин муддат дароз карда мешавад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
3. Мўҳлати баррасии дархост дар сурати мавҷуд будани мушкилот дар муайян намудани асоснокии хавфи таҳти таъқиб қарор гирифтани аризадиҳанда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст, дароз карда шавад, вале на бештар аз 3 моҳи пас аз ба қайд гирифта шудани дархост дар хусуси гуреза донистан. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
4. Расмиёти гуреза донистан метавонад дар ҳар марҳила боздошта шавад, агар дар ҷараёни баррасии дархост маълум гардад, ки шахс дидаю дониста дар бораи худ маълумоти бардурўғ пешниҳод намудааст ё кирдоре содир намудааст, ки амнияти давлати истиқоматро таҳти хатар мегузорад ё тартиботи ҷамъиятиро халалдор месозад.
5. Қарор дар бораи гуреза донистан ё дар хусуси рад намудани гуреза донистан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси хулосаи комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза, ки бо назардошти расмиёти анчомдодаи баррасии дархост ва ҳуҷҷатҳои парвандаи шахсони паноҳҷўянда пешниҳод гардидааст, қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)
6. Ба шахси паноҳҷўяндаи гуреза донисташуда, ки ба синни ҳаждаҳ расидааст, мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи Дастурамали шаҳодатномаи гуреза, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, шаҳодатномаи намунааш муқарраргардида медиҳад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590) (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
7. Ҳамчунин ба шахси гуреза донисташудаи ба синни ҳаждаҳ расидае, ки бе ҳамроҳии намояндаи қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мақомоти васоят ва парасторӣ метавонад шаҳодатнома супурда шавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
8. Шаҳодатнома дар баробари пешниҳодоти мақомоти корҳои дохилӣ барои гирифтани иҷозати зист ба мўҳлати гуреза донистани шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ў асос мебошад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
9. Шахси паноҳҷӯянда ба мӯҳлати 3 сол гуреза дониста шуда, ба ӯ ба ин муддат шаҳодатномаи гуреза дода мешавад. Ҳангоми дар давлати мансубияти шаҳрвандии (ё маҳалли истиқомати пештараи) ӯ боқӣ мондани ҳолатҳое, ки ӯ мавриди таъқиб қарор гирифта буд, дар асоси қарори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза мӯҳлати гуреза дониста шудани ӯ ва мӯҳлати амали шаҳодатномаи гуреза ба ҳар 3 соли минбаъда тамдид карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
10. Мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти дахлдорро аз қабули қарори ниҳоӣ дар хусуси рад намудани гуреза донистани шахс хабардор сохта, онро аз қайд мебарорад ва ба вай ва ба аъзои оилааш барои додани раводиди хуруҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мекунад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
11. Шахсе, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур дар бораи рад гардидани гуреза донистан огоҳинома гирифтааст, дар сурати надоштани дигар асосҳои қонунӣ барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ўҳдадор аст дар мўҳлати на дертар аз як моҳ пас аз гирифтани огоҳинома дар хусуси рад гардидани дархосташ якҷоя бо аъзои оилаи худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд.
12. Шахсе, ки гуреза донистани ӯ рад карда шудааст, бинобар пайдо шудани ҳолатҳои нав ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур такроран барои гирифтани мақоми гуреза ба мақомоти корҳои дохилӣ дархост пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахси гуреза донисташуда
1.Шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ў, ки ҳамроҳаш омадаанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:
-гирифтани иттилоот дар бораи ҳукуқ ва ўҳдадориҳои худ, инчунин иттилооти дигар мувофиқи Қонуни мазкур;
-истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гуреза будан дар маҳалҳои аҳолинишине, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардааст;
-сокиншавии мустақилона дар оилаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-иштирок дар барномаҳои ҳамгироие, ки мақомоти корҳои дохилӣ таҳия менамояд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-ёрии тиббӣ, таъминшавӣ бо кор, кор дар асоси кироя ё фаъолияти соҳибкорӣ, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;
-гирифтани тањсилоти ибтидоӣ ва миёна; (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
-кўмаки мақомоти корҳои дохилӣ дар дарёфти маълумот дар бораи хешовандоне, ки дар давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) шахси гуреза истиқомат мекунанд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
– муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳалли будубоши худ бо мақсади расонидани кӯмак ба ӯ ва аъзои оилааш дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои сафарӣ дар мувофиқа бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-аз мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат мувофиқи тартиби муқарраргардида гирифтани иҷозати зист ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор;
-бо ариза муроҷиат намудан дар хусуси додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳое, ки ба мақоми гуреза вобастагӣ надоранд ё мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудан ба мақоми шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ихтиёран баргаштан ба давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худ;
-рафтан ба давлати дигар барои истиқомат;
-гирифтани ёрдампулӣ ва дигар навъи кўмак тибқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
-истифода аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда пешбинӣ намудааст.
2.Шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ў, ки ўро ҳамроҳӣ мекунанд, ўҳдадоранд:
-талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд; (ҚҶТ аз 28.12.12с., № 919)
-ҳангоми сокиншавии мустақилона дар мўҳлати на дертар аз се рўзи корӣ пас аз гирифтани шаҳодатнома дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат аз қайд гузаранд;
-пас аз гирифтани роҳхат барои сукунати муваққатӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ дар мўҳлати на дертар аз се рўз ба маҳалли аҳолинишини нишондодашуда омада, баъди расидан дар мўҳлати на дертар аз се рўзи корӣ дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ аз кайд гузаранд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-дар мўҳлати на дертар аз як ҳафтаи корӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар хусуси тағйири ному насаб, ҳайати оила, вазъияти оилавӣ, дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии дигар давлат ва дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунанд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-аз мақсади тағйир додани ҷойи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кўчида рафтан берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилиро хабардор намоянд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
– дар сурати иваз намудани ҷойи истиқомат аз қайди мақомоти корҳои дохилӣ бароянд ва дар давоми се рўзи корӣ пас аз расидан ба маҳалли нави истиқомат дар мақомоти корҳои дохилии он маҳал аз қайд гузаранд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-дар мўҳлатҳое, ки мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар менамояд, ҳар сол аз нав аз қайд гузаранд; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
-дигар ўҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқоматкунанда пешбинӣ намудаанд, иҷро кунанд.
Моддаи 13. Қатъ гардидани мақоми гуреза ва маҳрум намудан аз он
(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
1. Мақоми гуреза қатъ мегардад, агар шахс: (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифта бошад;
-шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлатро соҳиб шуда бошад;
-барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта бошад;
– ихтиёран аз ҳимояи давлати мансубияти шаҳрвандӣ ё истиқомати худ аз нав истифода барад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
- ихтиёран ба кишвари мансубияти худ, ки қаблан бинобар хавфи таъқибот тарк карда буд, баргардад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-аз ҳимояи давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо сабабҳое, ки ў гуреза дониста шуда буд, даст кашида натавонад, агар ин сабабҳо дигар вуҷуд надошта бошанд.
2.Шахс дар ҳолатҳои зерин аз мақоми гуреза маҳрум карда мешавад, агар :
-дидаю дониста маълумоти бардурўғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакие пешниҳод намуда бошад, ки барои гуреза донистани ў асос шуда бошанд;
– яке аз ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур ошкор гардад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
-ба амнияти миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва ахлоқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд.
3. Қарор дар бораи қатъ гардидани мақоми гуреза ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза аз ҷониби комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
4. Огоҳинома оид ба қарори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза дар бораи қатъ гаштани мақоми гуреза ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза бо нишон додани сабабҳои қабули қарор дар ин бора ва тартиби шикоят овардан аз рӯи қарор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз панҷ рӯзи корӣ пас аз қабули қарор ба ин шахс супорида ё ирсол карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
5. Мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти дахлдорро аз қарори қабулгардида дар бораи аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намудани шахс хабардор намуда, онро аз қайд мебарорад, ҳамзамон дар хусуси ба расмият даровардани раводиди хуруҷи ў ва аъзои оилааш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост менамояд. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
6.Дар сурати аз даст додани мақоми гуреза ё маҳрум гардидан аз ин мақом, шаҳодатнома ба мақомоти корҳои дохилӣ супурда шуда, он беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
7.Шахсе, ки бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якум ва дуюми ҳамин модда мақоми гурезаро аз даст додааст ё аз мақоми гуреза маҳрум гардидааст ва ҳуқуқи пешниҳод намудани даъворо нисбати ин қарор мутобиқи Қонуни мазкур истифода намекунад, инчунин барои сукунат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар асосҳои қонунӣ надорад, ўҳдадор аст дар мўҳлати на дертар аз як моҳ пас аз гирифтани огоҳинома дар хусуси мақоми гурезаро аз даст додан ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намудан якҷоя бо аъзои оилаи худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд.
8.Шахсе, ки бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якум ва дуюми ҳамин модда мақоми гурезаро аз даст додааст ё аз мақоми гуреза маҳрум гаштааст ва аъзои оилаи ў баъд аз қарори ниҳоӣ ҳуқуқи истифодаи истиқоматгоҳеро, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои истиқомати муваққатӣ пешниҳод намудаанд, аз даст медиҳад. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
Моддаи 14. Кафолатҳои ҳуқуқии шахсони паноҳҷўянда ва гуреза донисташуда
1.Шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд, гуреза дониста шудаанд, мақоми гурезаро аз даст додаанд ё аз мақоми гуреза маҳрум карда шудаанд, хилофи иродаи онҳо ба қаламрави давлате, ки дар он ба ҳаёт ё озодии онҳо бинобар нишонаҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурўҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсӣ хатари таъқиб таҳдид мекунад, баргардонида намешаванд.
2.Муқаррароти дар банди якуми ҳамин модда нишондодашуда ба гурезаҳое, ки бо асосҳои муайян сабаби хавфи бехатарии давлате, ки дар ҳудуди он мебошанд, шуда метавонанд ё маҳкумшудагоне, ки мувофиқи ҳукм ба гурўҳи содиркунандагони ҷинояти махсусан вазнин дохил шуда, барои давлат хатари умумӣ доранд, татбиқ карда намешавад.
3.Маълумот дар бораи шахсоне, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд, ё ин ки гуреза дониста шудаанд, ба мақомоти ҳокимият ва ташкилотҳои ҷамъиятии давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) онҳо бе розигии хаттии ин шахсон пешниҳод карда намешавад.
4.Нисбати қарор ва амалҳои (беамалии) мақомоти идораи давлатӣ ва шахсони мансабдор вобаста ба иҷрои Қонуни мазкур ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят пешниҳод намудан мумкин аст.
5.Мўҳлати пешниҳоди шикоят аз рўзи гирифтани огоҳинома дар бораи рад гардидани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан, дар хусуси аз даст додани мақоми гуреза, дар бораи маҳрум гардидан аз мақоми гуреза ба мақомоти болоӣ ё ба суд набояд аз як моҳ зиёд бошад. Шикоят ба мақомоти болоӣ шикояти судиро истисно намегардонад. Дар сурати шикоят ба мақомоти болоӣ баъди гузаштани мўҳлати на дертар аз як моҳ агар шахс ҷавоб нагирифта бошад ё ҷавоби рад гирифта бошад, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
6. То қабули қарор тибқи шикоят шахси шикоят пешниҳоднамуда ва аъзои оилаи ў дорои ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Зимнан мӯҳлати амали шаҳодатномаи муваққатии шахси паноҳҷӯянда ё шаҳодатномаи гуреза аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба мӯҳлати баррасии шикоят ва қабули қарор аз тарафи мақомоти суд тамдид карда мешавад. Ҳамзамон, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ мӯҳлати бақайдгирии шахси паноҳҷӯянда ё мӯҳлати амали шаҳодатномаи гуреза ва иҷозати зисти онҳо тамдид карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
7. Шахсе, ки дар бораи рад гардидани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан, дар бораи рад гардидани гуреза донистан, дар бораи аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи маҳрум гардидан аз мақоми гуреза мувофиқи Қонуни мазкур огоҳинома гирифтааст ва ҳуқуқи пешниҳод намудани шикоятро нисбати ин қарор мутобиқи ҳамин модда истифода намудааст, ўҳдадор аст Ҷумҳурии Тоҷикистонро якҷоя бо аъзои оилаи худ дар мўҳлати на дертар аз як моҳ пас аз гирифтани огоҳинома дар бораи рад гардидани шикоят, дар сурати набудани дигар асосҳои қонунӣ барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарк намояд.
Моддаи 15. Сокин намудани шахсони паноҳҷўянда ва гуреза донисташуда
1.Шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд ва барои мустақилона сокин шудан имконият надоранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ, ки дархостро ба қайд гирифтааст, сокин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590)
2. Барои сокиншавии шахсоне, ки дар хусуси гуреза донистан дархост намудаанд, метавонанд марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ таъсис дода шаванд. Ин ҷойҳо бо пешниҳоди мақомоти корҳои дохилӣ ва бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)
3.Шахсоне, ки гуреза дониста шудаанд ва имконияти мустақилона сокин шудан надоранд, мутобиқи квотаҳои қабули гурезаҳо барои ҳар як вилоят ва ноҳияи ҷумҳурӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол муқаррар менамояд, тақсим карда мешаванд.
4.Истиқоматгоҳ барои сукунати муваққатии шахсоне, ки гуреза дониста шудаанд, аз ҷониби раисони вилоятҳо ва ноҳияҳо тибқи квотаҳои муқарраргардида дар асоси шартномаи иҷора, ки бо ин гуна шахсон баста мешаванд, барои мўҳлати гуреза будани онҳо пешниҳод карда мешавад.
5. Қарор дар бораи ба шахси гуреза донисташуда додани истиқоматгоҳ барои сукунати муваққатӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор мувофиқи тартибе, ки тибқи Низомномаи истиқомати гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, қабул карда мешавад.
6.Дар сурати ба таври оммавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза дониста шудан бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун дархост пешниҳод кардаанд, сокин намудани ин шахсон ва шароити нигоҳдории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 16. Маблағгузори вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур
Маблағгузорӣ оид ба қабул, расонидани кўмак ба шахсони паноҳҷўянда, гуреза ва аъзои оилаи онҳо ва инчунин хароҷоти вобаста ба хориҷ кардани онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди рад гардидани дархости гуреза донистани онҳо, аз даст додани мақоми гуреза, маҳрум гардидан аз мақоми гуреза ва аъзои оилаи онҳо тибқи тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз созмонҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои (созишномаҳои) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда ворид мегарданд ва хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 17. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гурезаҳо
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои гурезаҳо ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1024)
Моддаи 19. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи гурезаҳо»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи гурезаҳо» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №15-16, мод.243; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод. 117 ; с. 2001, № 4, мод. 182) аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе, 10 майи соли 2002,
№ 50