ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/01/2020 - 10:54
Конференсия илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир»

        Мутобиқи Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои Марказ – гузаронидани таҳлилҳои муқоисавӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Дар вобастагӣ ба ҳамин вазифа мувофиқи банди 10 Нақшаи кори Марказ ва банди 8 Нақшаи кори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ барои соли 2015 баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ва муқоисавӣ дар мавзўи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳони муосир» моҳи майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд.

      Ҷиҳати дар сатҳи дахлдор гузаронидани конфронс кумитаи тадорукотӣ созмон дода шуда,ба нишонии 52 муассиса, ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ мактубҳои иттилоотӣ фиристода шуд. Боиси зикр аст, ки вобаста ба 15 мавзўи барои баромад пешниҳодгардида вокунишҳои зиёд сурат гирифта, барнома-даъватномаи дахлдори конфронс омода гардид. Барои баромад дар конфронс аз рўи 18 мавзўи марбут ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқӣ 47 баромад, баромадҳои иловагӣ дар шакли презентатсия ва мақолаҳои илмӣ пешниҳод гардид.

        Санаи 27 майи соли 2015 дар Марказ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ конфронси мазкур доир гардид.

       Мақсад аз баргузории конфронс, муайян намудани ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳони муосир, муаррифӣ гардидани мавқеи низоми  мазкур дар таносуб бо дигар низомҳои ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.

       Дар конфронс директори Марказ д.и.ҳ., профессор М. Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ ва дар мавзўи «Низомҳои ҳуқуқӣ: наздикшавӣ, таъсиррасонӣ ва таҷассуми меъёрҳои онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон д.и.ҳ., З. Ализода зери унвони «Ҳуқуқу озодиҳои инсон асоси низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,н.и.ҳ., Саидвализода Б.С. бо мавзўи «Нақши ҳуқуқи ҷиноятӣ дар низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», д.и.ҳ., профессор Менглиев Ш.М. вобаста ба мавзўи «Ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарон баромадҳо намуданд.

       Инчунин дар конфронс баромадҳо, презентатсияҳои Каримзода К.М., муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., олимони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ Иброҳимов С., д.и.ҳ., профессор, Шарипов Т.Ш., д.и.ҳ., профессор, Меликов У.А., н.и.ҳ., Бобоев Ҷ.Қ., н.и.ҳ., Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ, Пулатов А.С., н.и.ҳ, Юсуфов А., н.и.ҳ., Табаров Н., Сафаров Ю., ва дигарон оид ба вазъи соҳаҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ, ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, криминология, таҳлилҳои муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вобастагӣ бо ҷорӣ намудани вазъи фавқулодда, истифодаи Интернет, андоз, фаъолияти соҳибкории хориҷӣ, гумрук, дар муқоиса бо як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Эрон ва ШМА шунида ва пешниҳод гардиданд.

      Дар ҷараёни конфронс оид ба мавзўҳои баромадкунандагон саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои илмӣ сурат гирифтанд. Музокираҳои тезу тунд ба масъалаҳои мақоми як зумра санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқ ва нақши онҳо дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, декриминализатсияи ҳуқуқи ҷиноӣ, ҷавобгарӣ ва пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи Интернет, ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои ваъдаи миёнаравӣ ва додани пора ва ғайра махсусан тезу тунд сурат гирифтанд.

          Маводҳои конфронс дар шакли маҷмуа ба нашр расонида мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад