ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 30/04/2026 - 11:53
     Дар ҷаҳони муосир масъалаи иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ яке аз масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Зан ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа на танҳо дар оила, балки дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши калидӣ мебозад. Имрӯз пешрафти ҳар як давлат аз сатҳи иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва қабули қарорҳои муҳим вобастагии зиёд дорад.
     Зан дар ҷомеа на танҳо ҳамчун модар ва тарбиятгар, балки ҳамчун неруи созанда ва фаъол шинохта мешавад. Ӯ дар ташаккули маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми босазо дорад.
       Пешрафти ҷомеа аз сатҳи маърифат, фаъолияти меҳнатӣ ва фаъолнокии иҷтимоии занон вобаста аст. 
     Дар шароити муосир занон дар тамоми соҳаҳо – маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият менамоянд. Ин фаъолият барои рушди устувори ҷомеа мусоидат мекунад. Иштироки занон дар сохторҳои давлатӣ барои таҳкими адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ аҳамияти калон дорад. Иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба баланд шудани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва рушди фарҳанги шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Қонунгузории миллӣ барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Махсусан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳуқуқу озодиҳои занону мардонро кафолат медиҳад. Пеш аз ҳама, моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз ҷинс, дар назди қонун баробаранд. Ин меъёр ҳуқуқи баробари занонро барои иштирок дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад [1].
     Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» қабул гардидааст, ки механизми таъмини ҳуқуқҳои занонро муайян менамояд. Ин қонун барои ҷалби бештари занон ба фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ равона гардидааст [2].
         Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ низ қабул шудаанд, аз ҷумла:
     Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду давра, барои солҳои 2011-2020 ва 2021 – 2030 бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таҳия ва амалӣ карда мешавад [3].
     Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд бошад бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давра барои солҳои 2007 - 2026, 2017 - 2022 ва 2023 -2030 қабул гардидааст [4].
     Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ яке аз омилҳои муҳими рушди демократия мебошад. Занон имрӯз дар мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ фаъолият менамоянд. Онҳо дар таҳияи сиёсати давлатӣ, қабули қарорҳо ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Иштироки занон дар мақомоти давлатӣ боиси беҳтар гардидани сиёсати иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои оила ва кӯдак, таҳкими адолати иҷтимоӣ, баланд шудани самаранокии идоракунӣ мегардад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда масъулиятшинос ва ташаббускор мебошанд. Онҳо ба масъалаҳои инсонмеҳварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир шумораи занон дар хизмати давлатӣ афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи мусбати сиёсати давлатӣ мебошад.
     Фаъолияти ҷамъиятии занон ба ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳкими арзишҳои ахлоқӣ мусоидат мекунад.            Занон дар ҷомеа ҳамчун тарғибгари сулҳ, ваҳдат ва суботи иҷтимоӣ баромад мекунанд. Нақши онҳо дар тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешбурди ташаббусҳои ҷамъиятӣ бисёр муҳим аст.
     Дар таҷрибаи байналмилалӣ масъалаи иштироки занон дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътироф гардидааст. Дар бисёр кишварҳои пешрафта барои таъмини баробарии гендерӣ қонунҳо ва барномаҳои махсус қабул шудаанд. Ҳамчунин, санадҳои байналмилалӣ, ба монанди Конвенсия оид ба барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон (CEDAW), давлатҳоро уҳдадор месозанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар чораҳо андешанд.
     Яке аз омилҳои асосии фаъол гардидани занон дар ҷомеа ин сатҳи маърифати онҳо мебошад. Занони дорои маълумоти олӣ ва малакаҳои касбӣ имконияти бештар барои иштирок дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ доранд. Таҳсилот ба занон имконият медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро донанд ва ҳифз намоянд, дар фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаъол бошанд, дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кунанд, дар рушди иқтисодиёт саҳм гузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи зиёд ба таҳсили духтарон дода мешавад. Барномаҳои давлатӣ барои дастгирии таҳсил ва рушди қобилияти занон амал мекунанд. Дар баробари фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, занон дар рушди иқтисодиёт низ саҳми муҳим доранд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолот фаъолият мекунанд. Соҳибкории занон ба зиёд шудани ҷойҳои корӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо, рушди иқтисоди маҳаллӣ, баланд шудани мустақилияти иқтисодии занон мусоидат мекунад. Дастгирии давлатии соҳибкории занон, аз ҷумла додани қарзҳои имтиёзнок ва барномаҳои омӯзишӣ, ба рушди ин соҳа мусоидат менамояд. Занони соҳибкор на танҳо манбаи даромад, балки омили рушди иҷтимоӣ низ мебошанд.
     Фаъолияти занон бо арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ алоқамандии зич дорад. Дар ҷомеаи тоҷик зан ҳамеша ҳамчун ҳомии оила, тарбиятгари фарзанд ва нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ шинохта мешавад. Бо вуҷуди ин, дар шароити муосир нақши занон васеъ гардида, онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъол мебошанд. Муҳим аст, ки рушди иҷтимоии занон бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ҳамоҳанг бошад.
     Ҳамин тавр нақши фаъолияти пурмаҳсули занон дар соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои рушди устувори давлат аҳамияти бузург дорад. Занон ҳамчун қувваи созанда дар пешрафти ҷомеа, таҳкими демократия, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Баланд гардидани нақши занон дар ҷомеа на танҳо ба манфиати худи занон, балки ба рушди тамоми давлат ва ҷомеа хизмат мекунад.
 
  Бахши таҳлили таъсири
танзимкунии Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Руйхати адабиётҳои истифодашуда:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 22.04.2026);
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» аз аз 1-уми марти соли 2005, №89// Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 22.04.2026);
3. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021, №167 «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 22.04.2026);
4. Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз 27-уми апрели соли 2022, №204  «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 22.04.2026).
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)