ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПЕШГИРИИ ГАРОИШИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 29/04/2026 - 14:33
     Яке аз масъалаҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳарчанд бахши пешрави ҷомеа бошанд ҳам, бо сабаби надоштани таҷрибаи кофӣ бештар ба таъсири омилҳои гуногун дучор мегарданд ва дар бархе ҳолатҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротии динӣ меафтанд.
     Аз ин рӯ, пешгирии ин падида танҳо бо ҳамкории давлат, оила ва ҷомеа имконпазир аст.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.[1]
     Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти террористӣ солҳои охир шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои хешро пайгирӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, ташкилотҳои террористию экстремистӣ айни замон тавассути шабакаи интернет ғояҳои худро ба таври густурда таблиғ намуда, барои бештар кардани ҷонибдорони хеш ҳамарӯза фаъолияти ошкорову пинҳонӣ анҷом медиҳанд. Дар муқобили суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони мамлакат ҳамарӯза ҳуҷумҳои иттилоотии террористӣ анҷом дода мешаванд.
     Чунин ташкилотҳо, ин Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ташкилоти террористию экстремистии бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон», созмони экстремистии «Гурӯҳи 24», Ташкилоти экстремистӣ-террористии «Иҳвон-ул-Муслимин», ҷараёни Салафия мебошанд, ки барои бештар намудани мухолифони давлату ҳукумат кӯшиш намуда, ба сафҳои худ ҷавонони ноогоҳро ҷалб менамоянд.
     Ифротгароии динӣ дар кишвар то андозае бо таъсири марказҳо ва ташкилотҳои хориҷии экстремистӣ ба миён меояд. Баъд аз хатми таҳсил баъзе аз хатмкардагони муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғояҳо ва мафкураҳои динии кишварҳоеро, ки дар он ҷо таълими динӣ гирифтаанд, паҳн менамоянд ва аз ҷониби онҳо тарғиб намудани тарзи ҳаёт, фарҳанг, шакли зоҳирӣ, либос ва урфу одатҳои ба мардуми мо ғайрианъанавӣ ба мушоҳида мерасад. Бозгашти онҳо ва бо худ овардани таълимоту назарияҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайрианъанавии диниву мазҳабӣ фазои ороми диниро халалдор намуда, боиси пеш омадани заминаи низоъҳои динӣ ва сиёсӣ мегардад.
     Яке аз сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ин норасоии огоҳии динӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад. Вақте ки ҷавонон аз ин донишҳо огоҳ нестанд, дар бораи моҳияти экстремизм ва оқибатҳои он маълумоти кофӣ надоранд ва метавонад осон ба таблиғоти бардурӯғи ифротиён бовар кунанд.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории кишвар дастрасии ихтиёрии хоҳишмандонро ба таълими динӣ кафолат дода, ҳуқуқи падару модарро дар тарбияи динии фарзандон таъмин менамояд. Бинобар хусусияти ҳатмӣ ва ҳамагонӣ доштани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълими динии кӯдакони синни мактабӣ фақат дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ва дар вақтҳои фориғ аз барномаҳои таълимии мактабӣ метавонад сурат гирад. [4]
     Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои хеш борҳо таъкид намудаанд: “Террорист ва экстремист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад, дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафия, ки мо пайравони он ҳастем, дини мубини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад”. [2] Террор ҳамчун роҳи расидан ба ҳадафҳо дар муборизаи сиёсӣ тавассути зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳдиди ахлоқӣ ва равонӣ аз замони пайдоиши тамаддуни башарӣ маълум аст. Аммо имрӯз терроризм ба яке аз хатарноктарин мушкилоти глобалии замонӣ мо, таҳдид ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи терроризм ҳамчун амали ҷиноятӣ: “ин амале мебошад, ки пайваста бо мақсади дар байни мардум ва дар сатҳи ҳукумат падид овардани тарс ва таҳлука содир карда мешавад” [6] ба шумор меравад.
     Терроризм, падидаи ҷиноятӣ ва кирдори ғайриқонунӣ буда, бо содир кардани таркишҳо, оташ задан ё дигар амалҳое ифода меёбад ва хавфи талафоти ҷомеаро ба вуҷуд меорад, инчунин боиси зарари калони моливу ҷонӣ ё ба вуҷуд омадани дигар оқибатҳои барои ҷомеа хавфнок мегардад.
     Муҳаққиқи ватанӣ Муродова Н.С. бо маврид қайд мекунад, ки “Терроризми муосир ба раванди инкишофи сиёсии муосир зид аст, зеро он омилҳои зиддиинсониро, ки пеш аз ҳама бо куштори инсон алоқаманд аст, ҷонибдорӣ намуда, амалан истифода мебарад” [5]
     Ёдовар шуд, ки ин кирдорҳо бо мақсади вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё таъсир расондан ба қабули қарорҳои сохторҳои давлатӣ, инчунин, таҳдиди содир намудани амалҳои зикршуда ба ин мақсадҳо амали карда мешавад. Терроризм идеологияи зӯроварӣ ва фаъолиятҳои террористиро дар шаклҳои гуногун истифода мебарад.
     Аз тарафи Ҳукумат барои пешгирӣ ва таъқиби ин намуд ҷиноят пайваста чораҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз шумори онҳо мебошанд.
     Дар ин самт стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
       Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.
     Яке аз ҳуҷҷати дигаре, ки баҳри пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва шомил шудан ба гуруҳои экстримисти равона шудааст, ин Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 қабул шудааст.
     Такмили низоми таълиму тарбия, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии сиёсӣ, тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, ташаккули худогоҳӣ ва тафаккури таҳлилӣ дар замири наврасону ҷавонон воситаи муҳими пешгирии хурофот, ифротишавӣ ва гаравидани онҳо ба ғояҳои иртиҷоӣ маҳсуб меёбад.
     Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ раванди бисёрҷанба буда, ҳамкории давлат, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеаро талаб мекунад. Дар асоси ҳамкорӣ ва чораҳои муштарак метавон амнияти ҷомеа ва рушди устувори онро таъмин намуд.
     Барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистию террористӣ чораҳои муассир, ба монанди баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ ва динӣ дар байни ҷавонон, пешгирии таъсири таблиғоти радикалӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, тарғиби арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ байни миллатҳо, гузаронидани вохӯриҳо бо ҷавонон дар деҳот ва шаҳрҳо бо иштироки мутахассисон, шарҳи мунтазами хатари гурӯҳҳои экстремистӣ тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, фарҳанг, илм ва корҳои ҷамъиятӣ ҳамчун алтернативи ҳаёти солим, баланд бардоштани масъулияти оила дар назорати рафтор ва истифодаи интернети фарзандон бояд ба таври доимӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шаванд.
     Пеш аз ҳама, такмили низоми маориф ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва динӣ дар байни ҷавонон зарур мебошад. Таълими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон нақши муҳим бозад.
     Нақши оила низ дар ин раванд хеле муҳим аст. Муносибати солим байни падару модар ва фарзанд, назорати дуруст ва муҳити дастгиркунанда метавонад хатари таъсири гурӯҳҳои радикалиро коҳиш диҳад.  Ҳамзамон, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл ва рушди касбӣ барои ҷавонон яке аз роҳҳои муҳими паст кардани сатҳи осебпазирии иҷтимоӣ ба шумор меравад.
     Дар замони муосир инчунин назорати муҳити иттилоотӣ аҳамияти махсус дорад. Баланд бардоштани саводи рақамӣ ва омӯзонидани истифодаи дурусти интернет ба ҷавонон имкон медиҳад, ки иттилооти нодуруст ва таблиғоти экстремистиро сари вақт шиносанд ва рад намоянд. Ҷавонони босавод, худогоҳ ва ватандӯст кафолати субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб мераванд.
     Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем[3]
     Васоити ахбори омма дар мубориза бо чунин зуҳуроти даҳшатнок ба монанди экстремизми динӣ чораи самаранок буда метавонад. Ҳимояи фазои иттилоотии ҷомеа аз паҳншавии идеологияи экстремистиву террористӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи ҷаҳон ва Тоҷикистон масъалаи хеле муҳимму ҳатмӣ мебошад. Ҳар яки мо дар баробари мақомотҳои давлатӣ вазифадор ҳастем, ки дар масъалаи ҳимояи фазои иттилоотӣ ва вазъияти динии ҷомеа нақши худро гузорем. Шабакаҳои иттилоотии давлатӣ, вилоятӣ ва мақомотҳои ноҳиявӣ, барои пешгирии экстремизм ва терроризм самаранок ва мақсаднок истифода карда шаванд ва ба ин восита муҳити иттилоотии ҷомеа солим гардонида шавад. Олимону зиёиён ба воситаи тадқиқу пажӯҳиши худ оиди пешгирию муборизаи идеологияи экстремистӣ, шаклу воситаҳои нави пешгирии иттилоотии терроризм ба сохторҳои давлатӣ ёри расонанд ва мусоидат намоянд, ки сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо ин вабои хатарноки замони муосир муваффақ шаванд.
     Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вазифаи муҳими давлату ҷомеа мебошад.
     Аз ин рӯ, дар сурати ҳамкории давлат, ҷомеа ва оила, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон метавон ин падидаи хатарнокро пешгирӣ кард.
      Адабиёт
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23.01.2015, шаҳри Душанбе.
2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23.12.2022, шаҳри Душанбе.
3. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024.
4. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 қабул шудааст.
5. Муродова Н. С. Терроризм - таҳдид ба ҷомеаи муосир // Терроризм ва экстремизм - хатар ба амнияти инсоният// Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ/таҳти назари д.и.и., профессор Шарифзода М. М.- Хуҷанд: Дабир, 2023. – 619 с.
6. Келин С.Г. Терроризм: психологические корни и правовие оценки государство и право, 1995 № 4.
Раҳмонов Ҳикматулло Раҳмонқул
Муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад