ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 28/04/2026 - 11:33
     Дар шароити ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои бисёр мубрам ванигаронкунанда фасод, ё худ коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия ва дигар кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ монеа эҷод намуда, ҳамзамон ба татбиқисамараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мушкилҳоро ба вуҷудмеоранд. Илова бар ин, чунин падида ба суботу амнияти давлат таъсири манфӣ расонида, муҳимтар аз ҳама, боиси коҳиши эътимоди ҷомеа нисбат ба мақомоти давлатӣ мегардад.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26-уми январи соли 2021 қайд намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯйӣ карда шавад» [1].
     Бояд қайд намуд, ки падидаи мазкур дорои таърихи хеле куҳан буда, ҳанӯз дар тамаддунҳои қадим мафҳуми «коррупсия» бо маъноҳои фасод, вайронсозӣ, зарароварӣ ва хариду фурӯши мансаб тавсиф мегардид [2, c. 68]. Он ҳамчун шакли рафтори ғайриқонунӣ, ки истифодаи имкониятҳои мансабиро ба манфиатҳои шахсӣ равона мекунад, дарк шуда, шахсони ба чунин кирдор дастзада дар тамоми давраҳои таърихӣ аз ҷониби ҷомеа маҳкум мешуданд. Дар айни замон, муносибати шаҳрвандон нисбат ба коррупсия гуногунҷанба буда, он бештар бо мафҳумҳое чун ришваситонӣ, суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ, судхӯрӣ, тамаллуқкорӣ ва дигар амалҳои ношоиста иртибот дода мешавад. Бо вуҷуди гуногунандешӣ дар шарҳу тавзеҳи ин зуҳурот, аксарияти ҷомеа онро ҳамчун омили манфие арзёбӣ менамояд, ки метавонад пояҳои сохтори иҷтимоиро заиф гардонида, рушди муназзами ҷомеаро халалдор созад, вазъи ахлоқии шаҳрвандонро коҳиш диҳад ва боиси коҳиши эътимоди аҳолӣ нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ гардад.
     Дар адабиёти ҳуқуқӣ вобаста ба муайян намудани мафҳуми коррупсия ягонафикрӣ вуҷуд надорад, зеро муҳаққиқон онро аз дидгоҳҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Дар маҷмӯъ, коррупсия бештар ҳамчун суиистифодаи қасдонаи ваколатҳои мансабӣ ва ё вазъи хизматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ маънидод мегардад [3, c. 12]. Ин падидаметавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад, аз ҷумла дар хариду фурӯши мансабдорон, созишҳои ғайриқонунии байни кормандони мақомоти давлатӣ ва шахсони манфиатдор, инчунин ҳамчун унсури ҷинояткории муташаккил баррасӣ мешавад. Ҳамзамон, ба ақидаи Н.А. Лопашенко, дар баъзе ҳолатҳо коррупсия бо порагирӣ ҳаммаъно дониста шуда, он ҳамчун амал ё беамалие тавсиф меёбад, ки дар натиҷаи он шахси мансабдор ваколатҳои худро бар хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ истифода мебарад [4, c. 136]. Таъсири иҷтимоии коррупсия низ хеле манфӣ арзёбӣ мегардад, зеро он эътимоди шаҳрвандонро ба давлат коста намуда, имкониятҳои табақаҳои осебпазири аҳолиро барои расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳдуд месозад.
     Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми коррупсия ба таври расмӣ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бакоррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, №1714 муқаррар гардидааст.    Мутобиқи он коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад [5].
     Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза ва муқовимат ба коррупсияро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ эътироф намуда, ба ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии марбут ба ин соҳа оғоз бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мазкур, дар миёни кишварҳои ИДМ яке аз давлатҳои пешсаф баҳисоб рафта, ҳануз соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул намуд [6]. Ҳамзамон, бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддикоррупсионӣ, марҳилаи нави сифатии сиёсати давлатӣ дар ин самт оғоз гардид [7]. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия ва комиссияҳои ҷамъиятӣ дарсатҳҳои гуногуни идоракунӣ таъсис дода шуданд.
     Дар идомаи таҳкими заминаҳои институтсионалӣ, бо таъсиси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонуни дахлдор соли 2008, механизми махсусгардонидашудаи муқовимат ба коррупсия ба роҳ монда шуд. Ин ниҳод вазифадор гардидааст, ки истифодаи мақсадноки захираҳои давлатӣ, риояи қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини манфиатҳои давлату ҷомеаро назорат намояд. Дар баробари ин, қабули қонунҳои нав, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25-уми июли соли 2005, №100 [8] ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, №1714 [5], заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ин падидаро боз ҳам такмил дод ва доираи ваколатҳои мақомоти масъулро мушаххас намуд.
     Дар давраи истиқлолият як қатор стратегияҳои давлатӣ дар самти мубориза ва муқовимат ба коррупсия қабул гардиданд, аз ҷумла «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008, №34 [9], «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013,№1504 [10] ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, №222 [11], ки онҳо чораҳои таъсиррасонии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегиранд. Стратегияҳои мазкур ба баландбардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули муҳити тоқатнопазирнисбат ба коррупсия, бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ва дармаҷмӯъ паст намудани сатҳи коррупсия равона гардидаанд. Мақсади асосии онҳо таҳкими арзишҳои демократӣ ва мусоидат ба рушди устувори иҷтимоиюиқтисодӣ мебошад.
     Ҳамзамон, бо мақсади мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, инчунин механизми экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд, ки ба коҳиши омилҳои эҳтимолии коррупсионӣ дар раванди қонунгузорӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, тадбирҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва санҷиши пешакии довталабон ба хизмати давлатӣ, ба низоми идоракуниидавлатӣ ворид карда шуданд.
     Қобили зикр аст, ки дар рушди сиёсати зиддикоррупсионӣ гузариш аз мафҳуми «мубориза бо коррупсия» ба «муқовимат ба коррупсия» ба назар мерасад. Агар мафҳуми аввал бештар ба ошкор, тафтиш ва ҷазодиҳии кирдорҳои содиршуда нигаронида шуда бошад, мафҳуми дуюм дорои хусусияти фарогиртар буда, пеш аз ҳама ба пешгирии пайдоиши чунин кирдорҳо равона мегардад. Дар доираи муқовимат чораҳое татбиқ мешаванд, ки заминаҳои ба вуҷуд омадани коррупсияро маҳдуд месозанд, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ, таъмини шаффофият, таҳкими назорати дохилӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон [12, c. 67].
     Дар маҷмӯъ, коҳиш додани сатҳи коррупсия тақозо менамояд, ки тадбирҳои комплексӣ ва ҳамоҳангшуда амалӣ гарданд. Бо дарназардошти он, ки сиёсати зиддикоррупсионӣ метавонад бо мушкилоти гуногун дар сатҳҳои мухталифи идоракунӣ рӯ ба рӯ гардад, зарур аст, ки самаранокии чораҳои андешидашуда мунтазам арзёбӣ карда шавад. Коррупсия ҳамчун омили таҳдидкунанда метавонад ба суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки уҳдадории умумии тамоми ҷомеа маҳсуб ёфта, иштироки фаъоли ҳар як шаҳрвандро талаб менамояд.
 
      Рӯйхати сарчашмаҳо ва адабиёт:
1. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 // [Захираи электронӣ]. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Манбаи дастрасӣ: https://www.president.tj/node/25005 (санаи муроҷиат: 13.03.2026).
2. Ҳасанов Ш.Қ. Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқии коррупсия. – Душанбе: «Ирфон», 2014. – 360 с.
3. Кузнецов А.А. Присвоение и растрата, совершаемые с использованием своего служебного положения : методические рекомендации. – Омск: «Омская академия МВД России», 2015. – 36 с.
4. Лопашенко Н.А. Взяточничество: проблемы квалификации // Правоведение. – 2001. – № 6 (239). – С. 132-141.
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»аз 7 августи соли 2020, №1714 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаи дастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.03.2026).
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зиддикоррупсия» аз 11 декабри соли 1999, №875 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0.Манбаи дастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.03.2026).
7. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодва коррупсия (ришватхӯрӣ)» аз 21 июли соли 1999, №1262 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаи дастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат:13.03.2026).
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зиддикоррупсия» аз 25 июли соли 2005, №100 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаи дастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.03.2026).
9. Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бароисолҳои 2008-2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 тасдиқ шудааст // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаидастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.03.2026).
10. Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бароисолҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30августи соли 2013, №1504 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаидастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.03.2026).
11. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи 2021, №222 тасдиқ шудааст // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия».Шакли 7.0. Манбаи дастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.03.2026).
12. Сиёсати зиддикоррупсионӣ: воситаи таълимӣ // Зери таҳрири Ф.Р.Шарифзода, С.Ҳ. Ҳусейнзода. «Ирфон». – Душанбе, 2018. – 800 с
Акбарализода  Ҷасур Акбаралӣ,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ,
                                  соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузорӣ
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад