ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 17/04/2026 - 16:22
     Ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон яке аз омилҳои асосии татбиқи самарабахши сиёсати андозу буҷет буда, дар баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ нақши муҳим дорад. Ин раванд дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ зарур мебошад. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд [1].
     Зеро маҳз маърифати молиявӣ, ки маънои тавоноии шаҳрвандон дар идоракунии маблағҳо ва дарки низоми молиявиро дорад, дар заминаи фарҳанги андозсупорӣ - яъне муносибати софдилона ба иҷрои уҳдадориҳои пулӣ, устувории ҷомеаро таъмин менамояд. Ин ду мафҳум робитаи мустақим доранд, чунки андоз сарчашмаи асосии даромадҳои буҷети давлатӣ буда, пайдоиши он бо ташаккули давлат алоқаманд аст.
     Аз ин ҷост, ки дар адабиёти илмиву таълимӣ андозро ҳамчун яке аз нишонаҳои асосӣ ва ҳатмии давлат меҳисобанд. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки вобаста ба муқаррар кардан ва ситонидани андозҳо ба вуҷуд меоянд, тавассути меъёрҳои ҳуқуқи андоз (зерсоҳаи ҳуқуқи молиявӣ) танзим мешаванд. Ин меъёрҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногун ифода ёфта, се элементи таркибиро дар бар мегиранд:
     1. Гипотеза - дар шакли умумиҳатмӣ ва маҷбурӣ будани андозҳо, ҳангоми гирифтани даромади муайян фоида, соҳиб шудани молу мулке, ки қисми меъёри ҳуқуқ буда, категорияи шахсонеро муайян менамояд, ки меъёри ҳуқуқӣ ба онҳо равона карда шудааст, инчунин ҳолате, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо вай татбиқ карда мешавад, ифода меёбад.
     2. Диспозитсия - қисми меъёри ҳуқуқ мебошад, ки дар он нишондоди муқараркардаи давлат ифода меёбад. ин қоида он вақт амал мекунад, ки агар шартҳои дар гипотезаи меъёри андоз буда ба вуҷуд оянд.
     3. Санксия - қисми сеюми меъёри ҳуқуқи андоз мебошад, ки дар он оқибатҳои номусоиде пешбинӣ гардидаанд, ки ҳатман ба миён меоянд, агар андозсупоранда нишондоди меъёрро вайрон намояд (ҷарима пардохт менамояд).
     Маҷмӯи ин меъёрҳои ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқии муносибатҳои андозиро ташкил дода, ҷараёни амалишавии онҳоро таъмин менамоянд.
     Ҳаминтавр муносибатҳои ҳуқуқии андоз гуфта муносибатҳои ҷамъиятии молиявӣ фаҳмида мешавад, ки вобаста ба муқарар намудан, ҷорӣ кардан ва ситонидани андозу боҷҳо ба низоми буҷетӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз, ҳангоми вайрон кардани қонунгузории андоз ба вуҷуд омада, тавассути меъёрҳои ҳуқуқи андоз ба танзим дароварда мешаванд.
     Маҳз баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ имкон медиҳад, ки иштирокчиёни ин муносибатҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дуруст дарк намуда, дар доираи фарҳанги андозсупорӣ ба иҷрои ихтиёрии талаботи қонунгузорӣ мусоидат намояд.
     Дар ин замина қонунгузории андоз муайян менамояд, ки ҳангоми муайян намудани андозҳо бояд ҳамаи унсурҳои андозбандӣ, манбаи андоз; меъёри андоз; давраи андоз; тартиби ҳисоб кардани андоз; тартиб ва мӯҳлати пардохти андоз; дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва асосҳо барои ба даст овардани (истифодаи) онҳо аз ҷониби андозсупоранда муайян карда мешавад.
    Андозсупорандагон шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки ба зимаашон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, андозсупоранда эътироф мешавад. Мувофиқи тартиби муқараршудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ уҳдадориҳои ин шахсонро оид ба пардохти андозҳо дар маҳали ҷойгиршавии ин воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ иҷро менамоянд [2].
     Муносибати ҷомеа ба андоз дар фарҳанги андозии онҳо ифода меёбад, ки ба дарки зарурати объективии андозбандӣ ва муносибати онҳо ба пардохти андоз асос ёфтааст. сатҳи баланди фарҳанги андоз гарави рушди бомуваффақ ва шукуфоии давлат ба ҳисоб меравад.
     Яке аз воситаҳои муассири афзоиши воридоти андоз ба буҷети давлатӣ механизми амалисозии маҷмуи тадбирҳо дар самти ташаккули муҳити созгори рушди низоми андоз мебошад, ки маҷмуи ниҳодҳои қонунгузорӣ, иқтисодиву фарҳангиро дар бар мегирад. Ҳамин тариқ, ташаккули фарҳанги андози андозсупорандагон, ки асоси онро риояи ихтиёрии қонунгузории андоз ташкил медиҳад, душвор ба назар мерасад. Фарҳанги андоз аз дарки муҳиммияти пардохти андоз барои давлат ва ҷомеа (ҳамчун ҷузъи фарҳанги сиёсӣ) ва ҳуқуқу ӯҳдадории худро донистани шаҳрвандон (ҳамчун ҷузъи фарҳанги ҳуқуқӣ) иборат аст, ки дар маҷмуъ фарҳанги андозро ташкил медиҳад. Баланд бардоштани маърифати андозӣ ва фарҳанги андози иштирокдорони муносибатҳои андозӣ бидуни дарки он ки андозсупоранда шарики давлат мебошад, ғайриимкон аст.
     Дар ташаккули фарҳанги андоз муносибати боэҳтиром ба мушкилоти андозсупоранда омили муҳим ба ҳисоб меравад аз ин ҷост, ки самтҳои зерини рушди самарабахши фарҳанги андоз ба мақсад мувофиқ ба назар мерасанд:
     1. Байни қишри васеи аҳолии кишвар баланд бардоштани эътимод ва аҳаммияти иқтисодии фаъолияти мақомоти андоз ҳамчун яке аз сохторҳои муҳим ва ояндадори давлатӣ.
     2. Тақвият додани кори нозирони минтақавии мақомоти андоз дар маҳалҳои таҳти назорати онҳо ҷиҳати аниқ намудани маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии андозсупорандагон, мавҷуд будани объектҳои андозбандӣ, инчунин ошкор сохтани шаҳрвандони машғул ба соҳибкории ғайриқонунӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ва ғайра.
     3. Ҳавасмандгардонии пардохти ихтиёрии андоз бо ёрии усулҳои иқтисодии маъмурӣ ва психологӣ. баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андози ҳамаи иштирокдорони истеҳсолоти андозӣ бидуни истисно муносибатро нисбат ба аксари танзимгарони андоз тағйир медиҳад. Аз он ҷумла, усули муносибгардонии андозӣ ҳамчун усули аз ҷиҳати методологӣ муҳим барои андозсупоранда набояд аз ҷониби кормандони мақомоти андоз кирдори зиддиҳуқуқӣ арзёбӣ ва аҳдҳои хоҷагие, ки бо мақсади муносибгардонии андозӣ дар доираи қонун баста шудаанд, беасос дониста шаванд.
     4. Таҳияи стратегияи ташаккули фарҳанги андоз. набудани консепсияҳои мақсаднок оид ба баланд бардоштани маърифати андозӣ ва ташаккули фарҳанги андозӣ дар байни аҳолӣ боиси он гардид, ки истифодаи усулҳои мураккаби канорагирӣ аз андозбандӣ аз ҷониби андозсупорандагон ҳамчун қаҳрамонӣ арзёбӣ карда мешавад. Баланд бардоштани фарҳанги андозӣ бояд як стратегияи муайянро пешбинӣ кунад.
     Ҳамоҳангсозии муносиби манфиатҳои давлат ва андозсупорандагон, ки ба барпо намудани муносибатҳои шариконаи миёни онҳо равона шудааст, заминаи мустаҳками фарҳанги андозро ташкил медиҳад. Он нукта ҷолиб аст, ки дар амалия муносибатҳои шарикона дар соҳаи андоз аз назари баъзе муҳаққиқон комилан ғайриодӣ мебошад. Давлат дар шахси мақомоти андоз бо истифода аз механизмҳои гуногуни пардохти иҷбории андоз ҳама гуна норозигии андозсупорандагонро аз ҳисоби бартарии қудрат пахш менамояд. Барои мақомоти андоз чунин равиш ҳалли нисбатан муваффақонаи масъалаи ҷамъоварии андозро таъмин менамояд [3].
    Бояд қайд намуд, ки давлат аз ҳокимияти сиёсии худ истифода бурда, баҳри таъмини молиякунонии буҷетӣ, пардохти андозро барои ҳамаи андозсупорандагон ҳатмӣ гардонида, онро инфиродии ғайриэквивалентӣ (беподош) эълон менамояд. Андозсупоранда маблағи андозро супурда, аз он ба таври доимӣ маҳрум мемонад ва ҳақ надорад, ки баргардонидани онро талаб намояд. Дар навбати худ давлат ҳам ӯҳдадор нест, ки маблағи дар шакли андоз гирифтаашро ба андозсупоранда баргардонида диҳад [4].
     Ҳаминтавр ташаккули додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ омили калидии устувории иқтисодӣ мебошад, зеро андоз сарчашмаи асосии буҷет ва нишонаи ҳатмии давлатдорӣ ба шумор меравад. Дарки дурусти унсурҳои андозбандӣ заминаи муносибатҳои шариконаро фароҳам меорад ва кафолат медиҳад, ки муносибатҳои ҳуқуқии андоз дар доираи қонун ва масъулияти баланд иҷро гарданд.
 
МИРЗОЗОДА МЕҲРИДДИН САЙФИДДИН
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда:
1. Султонбии Р. Фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун унсури такмилдиҳандаи муносибатҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://www.facebook.com/javonon.shohmansur/posts (санаи муроҷиат 9.04.2026).
2. Абдуллоев  Ф.Р.   Холхуҷаев  З.И.   Ҳуқуқи молиявӣ. (маҷмуи таълимӣ методӣ).  Душанбе;  “Озар”, 2014. - 384с.
3. Салимова  М.М. Муаммоҳои баланд бардоштани фарҳанги андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: muammo-oi-baland-bardoshtani-far-angi-andoz-dar-um-urii-to-ikiston (2).pdf  (санаи муроҷиат 9.04.2026).
4.  Ҳуқуқи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоити таълими/ Зери назари номзади илмҳои ҳуқуқ, додсент  Шонасридинов  Н.Ш. Душанбе, 2012. -  352с.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад