ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ: ТАҲЛИЛ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 27/02/2026 - 17:21
     Ифротгароӣ (экстремизм) дар адабиёти илмӣ ҳамчун раванд ё ҳолати андешавӣ ва рафторӣ маънидод мешавад, ки шахс ё гурӯҳе барои расидан ба ҳадафҳои худ ақидаҳо ва амалҳои тундравонаро қабул ва татбиқ мекунад ва берун аз меъёрҳои қонун ва ахлоқ қарор мегиранд.
     Таҳлилҳои муқоисавӣ-ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки дар замони муосир ҳизбу ҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки дар сурати муборизаи муташаккилона набурдан бар зидди онҳо, метавонанд давлат ва миллатро ба нестӣ оварда расонанд. Инчунин, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро на танҳо дар байни мусулмонон, балки дар байни пайравони динҳои дигари ҷаҳонӣ низ дида мешаванд ва рафтори онҳо аслан бо усул ва таълимоти ҳеҷ як дин ё мазҳабе мувофиқат надоранд. Баръакс, ҳамаи онҳо бо таълимотҳои бунёдии худ амал намуда, танҳо барои татбиқи манфиату ғаразҳои сиёсию моддии худ аз шиорҳои динӣ истифода мебаранд.
     Дар замони ҷаҳонишавӣ зуҳуроти ифротгароии динӣ ҳамчун як падидаи хатарноки динию сиёсӣ хусусияти глобалӣ гирифта, ба амнияти миллии тамоми давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамояд. Бинобар ин, барои аз байн бурдани ин падидаи хатарнок ҳамоҳангӣ ва ҳамкории кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бештар зарур шуморида мешавад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилал оид ба  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душенбе баргузор гардида буд, таъкид намуданд, ки “гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд”. Бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгири аз ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирӣ ва танзими онро дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардаст.
     Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҷомеаи муосир бо мушкилоту таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мегардад. Яке аз чунин падидаҳои хатарнок ин ифротгароии динӣ мебошад. Ин раванд на танҳо ба амният ва суботи давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад, балки метавонад боиси ихтилофҳои иҷтимоӣ, коҳиши таҳаммулпазирӣ ва заъиф гардидани ваҳдати миллӣ гардад. Аз ин лиҳоз, давлатҳои демократию дунявии Аврупо кайҳо динро аз сиёсату ҳуқуқ ҷудо намуданд ва ин омил барои рушди илм, давлат, таълимоти динӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худшиносии онҳо заминаи хубе фароҳам овардааст. Ин таҷрибаи пурсамарро  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ васеъ истифода мебарад. Масалан, мутобиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд”. Муқаррароти мазкур давлати дунявӣ будани Тоҷикистонро муққарар намуда, мутобиқи он дин ва давлат аз ҳам ҷудо буда, ҳар кадом дар доираи талаботи санадҳои қонунгузорӣ мустақилона фаъолият мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сабабҳо, омилҳо ва паёмадҳои ифротгароии динӣ ва инчунин муайян намудани роҳҳои самараноки пешгирии онҳо ҷиҳати таъмини амнияти ҷомеа ва давлат аҳаммияти муҳим дорад. Зеро, танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории зичи ҷомеа ва давлат метавон ба муқовимати бар зидди ин падида ноил гардад.
    Дигар мушкилӣ он аст, ки имрӯз вазъияти нооромии сиёсии ҷаҳон фаъолшавии ташкилотҳои тундрави исломиро рӯйи кор оварда ба ифротгароии динӣ шакли нав ва фарогиртар мебахшад. Масалан, давлатҳои Шарқии Миёна ва Наздик, шимоли Африқо ва Афғонистон майдони муборизаҳои сиёсии буда, ба рушди ифротгароӣ ва терроризм заминаҳои фароҳам муҳаё месозанд.   
     Роҳҳои дигари паҳн гардидани ифротгароии динӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи нодуруст шарҳ додани таълимоти динӣ, паст будани маърифати ҳуқуқию динӣ, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсири таблиғоти ғаразнок ба вуҷуд меояд. Мутахассисон рушди ин падидаро пеш аз ҳама ба таблиғоти ғаразнок ва паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд медонад.  Ба андешаи А. Ғ. Холиқзода “роҳбарони ифротиён бештар ба асосҳои ғоявии амалҳои ифротӣ ва сарчашмаҳои динӣ (муҳим нест, ки онҳо дуруст маънӣ мебардоранд ва ё не, муҳим он аст, ки онҳо дуруст ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ диҳанд) такя мекунанд”.             Дурустии будани андешаи муаллиф дар он собит мегардад, ки воқеан ифротгароии динӣ (экстремизм) зуҳуроти ғоявӣ буда, нуктаи аслии асосноккунии он андешаҳо ва консепсияҳои исломӣ мебошанд.
    Омузиши вазъи мушкилоти давлатҳои ҷаҳон дар муносибат бо ифротгароии динӣ нишон медиҳад, ки омилҳо ва неруҳо гуногун ва гуногунмазмунанд. Таҳлил, омӯзиш ва муқовимат ба он кори як рисола ё як муассисаи илми набуда, балки заҳмати дастаҷамъонаи неруҳои илмӣ ва хидмати содиқонаи ходимони динро дар роҳи дурусти маънавии ҷомеа талаб мекунад.
     Таҳлили вазъи ифротгароии динӣ нишон дод, ки ин зуҳуроти манфӣ пеш аз ҳама хусусияти дохилӣ-динӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва раванди демократикунонии давлатҳои муосир ва ҷавонон таҳдиди ҷиддие фаро меорад.
     Дар асоси таҳлилҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва андешаҳои мутахассисон муайян гардид, ки роҳҳои пешгирии ифротгароии динӣ пеш аз ҳама тавассути танзими давлатӣ (қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), баланд бардоштани ҷаҳонбинии динии ҷомеа, рушди заминаҳои илмӣ ва фазои иттилоотонӣ амалӣ карда мешавад.   
    А.Ғ. Холиқзода дар хусуси муқовимати оқилона доштан  ба ин зуҳуроти манфӣ таъкид менамояд, ки мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ таълим, тадрис, ва тарғиби арзишҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ, ва маънавии шохаҳои мовароунаҳрии мазҳаби ҳанафӣ, ки арҷгузорӣ ба низом ва тартиби давлатдориро баландтарин неъмат ва рукни имондорӣ меҳисобат, бояд дар доираи талаботи иттиҳодияҳои динии кишвар дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон  ва марказҳои исмоилия роҳандозӣ гардад”. Ба андешаи А.Ғ. Бобокалон то замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагарданд, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқи мемонад.
     Тазаккур бояд дод, ки роҳҳои асосии пешгирии танзими давлатии ифротгароии динӣ ин чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва маърифатиест, ки давлат барои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ (экстремизм) амалӣ менамояд. Зеро, ҳадафи асосӣ таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи суботи ҷомеа ва нигоҳ доштани озодии виҷдон дар доираи қонун мебошад. Ба андешаи мутахассисон Ҷ.З.  Маҷидзода ва Н. Назаров “Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилотҳое, ки нисбати онҳо аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, мувофиқи таъиноти муқарраркардаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.  Тасдиқи ин гуфтаҳо дар он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде оид ба танзими ифротгароии динӣ мавриди амал қарор доранд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, ки  2 январи соли 2020, №1655 қабул гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
     Мутобиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ифротгароӣ (экстремизм) манъ мебошад. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Муқаррароти мазкур хусусияти муайянкунанда ва ҳифзкунанда дошта, яке аз роҳҳои пешгирии таъмини бехатарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи сохтори конститутсионии давлат маҳсуб мешавад. 
      Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии муқовимат ба ифротгароӣ вазифаҳои зеринро муайян намудааст:
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат;
- барҳам додани таҳдиди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмӯӣ ва дурнамои  муқовимат ба экстремизм;
- таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм, аз ҷумла иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқовимат ба экстремизм;
- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм;
- дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини мубориза бо экстремизм;
- муқовимат ба маблағгузории экстремизм;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ дар маҳалҳои аз ҷиҳати паҳншавии мафкураи экстремизм нисбатан осебпазир.
     Дар асоси таҳлилҳои илмӣ-амалӣ метавон чунин хулоса намуд, ки пешгирии ифротгароии динӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши манфиатҳои гурӯҳҳои ифротгаро, ҳамзамон бо афзоиши талаботи иқтисодию сиёсии шаҳрвандон, зарурати таҳияи сиёсати муназзам ва ҳамоҳангро тақозо менамояд. Ин раванд андешидани тадбирҳои муассирро дар доираи сиёсати дохилии ҳар як давлат талаб мекунад, то ки манфиатҳои миллӣ, суботу амният ва оромии ҷомеа, ки дар Конститутсияи онҳо муқаррар гардидаанд, ҳифз ва таъмин карда шаванд. Зеро, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва динӣ, тақвияти ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки пешгирии ифротгароӣ арзёбӣ мегарданд.
 
Муовини якуми директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамшедзода Комрон Ҷамшед
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)