ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПАЁМ – ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ СТРАТЕГӢ ОИД БА РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Сшб, 10/02/2026 - 09:32
(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16.12.2025
 
Ҳамаи мову шумо медонем, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардида, тавассути тамоми васоити ахбори омма пахш ва дар рӯзномаву маҷалаҳо нашр гардид.
Паёми навбатӣ, 25-умин паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки ҳануз аз моҳи апрели соли 2001 то имрӯз ироа шуда истодаанд ва хоҳад ёфт.
Имсол ин Паёми пурмуҳтаво ба мардуми Тоҷикистон ироа гардида дарки масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Чуноне дар Паём ироа гардид: "Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид".
Паёми Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он дастовардҳо натиҷагирӣ карда шуда, роҳнамоест, ки нақшаи амали тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, инчунин ҳама сокинони кишварро барои фаъолияти минбаъда муайян мекунад. Аз ҷумла, масъулият, азму ирода, садоқат ба Ватан, худшиносӣ, ободкорию созандагӣ ва пешрафтро тақозо менамояд.  Дар ҳошияи Паём диққати махсус ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, фарҳанг, тандурустӣ, илму технология, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва масъалаи таъмин кардани шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул равона карда шудааст.
Аз ҷумла, зикр карданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.
Пешвои миллат ба ҳиссаҷудокунии молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин иброз намуданд, ки барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ба маблағи 20,9 миллиард сомонӣ таъмин гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2026 дар ҳаҷми 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.
Агар ҳисобӣ намоем, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 66, 99 миллиард сомониро ташкил диҳад, аз ин 29,5 миллиард сомонӣ танҳо барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст, ки ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимии  Пешвои миллат зоҳир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли сию се сол роҳбариашон ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намуданд ва имрӯз намуда истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаи ҳалокатовар зада буд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ хусусан дар вилояти Хатлон бисёр биноҳои мактабҳо хароб, сузонда шуда ва ба марказҳои ҷангӣ табдил дода шуда буданд. Кори мактабҳо мушкил гардида, буд. Талабагон барои ба дарс рафтан танқисӣ мекашиданд, ҳатто ҳазорҳо мактаббачагон мактабро тарк карданд.
Умуман, он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, сарсону саргардонӣ, ҳатто ноумедӣ ба зиндагии осоишта ва ҳатто хушунат байни одамону маҳалҳо фаро гирифта буд, ки ягон шахс кафолат ва масъулияти амнияти шахси дигарро дода наметавонист.
Хушбахтона, Иҷлосияи шонздаҳуми даъвати дувоздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба кори худ шурӯъ намуда, муҳимтарин ва арзишмандтарин рисолати таърихии он ин барқарорсозӣ ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлол ва наҷоти миллат ва кишвар аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ буд, ки роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992-2026 дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикоси худро ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Пешвои миллат соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва қабул гардиданд. Аз ҷума, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар алоҳидагӣ қабул гардидаанд, ки ҳамаи онҳоро дар мақола ҷой додан имконнопазир аст.
Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳалли масъалаи соҳаи маориф ва илм самти муҳимми фаъолияти давлат ба ҳисоб рафта, рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ маҳз аз ин ниҳод сарчашма мегирад, ба замми ин ояндаи ҳар халқу миллат ва пойдори кишвар ба рушди соҳаи маориф вобастагии калон дорад, ки дар ин самт Пешвои миллат ҳамеша таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ  зоҳир менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, ба ҳиссаҷудокунии молиявии соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Агар ҳисобӣ намоем, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 66, 99 миллиард сомониро ташкил диҳад, аз ин 29,5 миллиард сомонӣ барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шуда бошад, ба ин соҳаи ҳаётан муҳим, соҳаи маориф 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф инчунин дар он зоҳир мегардад, ки  шумораи хонандагони мамлакатро таҳлил намуда дар 25 соли оянда ба чор миллион нафар расиданро таъкид намуданд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намуда, вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил бояд дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, чунин зикр намуданд, соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардидааст.
Вобаста ба ин, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода шуд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, яке аз низоми кредитии таҳсилот, ки низоми аврупоии таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки алҳол дар аксари ин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ донишҷӯён тибқи ин низом таҳсил карда истодаанд. Дар ин самт, Пешвои миллат зикр намуданд, ки  ба хотири ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон соли 2004 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат оғоз гардид ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои зикршуда ба ин низом гузаронида шуданд, ки акнун вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд. Инчунин, сохтору мақомоти зикргардида, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода шуд, ки доир ба ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.
Чун анъана, Пешвои миллат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд ва таъкид намуданд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ки бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.
Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон ба ин давра ва таҷлили ҷашни он, диққати махсус дода, зикр намуданд, ки дар даҳ соли охири он 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода дода шуд ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ карда шудааст. Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Инчунин, бо дастури Пешвои миллат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Пешвои миллат мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистоноро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик номида ва нигаронӣ аз танзими ҳуқуқии ин соҳаи муҳим намуданд, ки чунин зикр намуданд: “... бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест”. Вобаста ба ин, масъулини соҳаро муваззаф намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Вобаста ба ин, ҳаминро бояд тазаккур дод, ки дар ҳамкорӣ бо масъулини соҳа ва дигар вазорату идораҳо, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст дар таҳияи лоиҳаи қонун саҳми худро гузорад.
Дар ин самт аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян шудааст, ки тавассути меъёрҳои соҳавӣ хусусан, қонуни соҳаи бостоншиносӣ танзим намудани муносибатҳо дар соҳаи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси бостоншиносӣ маҳсубёфта ва инчунин, ҳифзи давлатии бозёфтҳои бостоншиносӣ, ки аз маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ ва дигар тадбирҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардонад, иборат мебошад, бояд амалӣ шаванд.
Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳтиром ба таърихи халқи худ ва то наслҳои минбаъда бурда расондани он ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, Пешвои миллат зикр намуданд, ки соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат, дар асари пурмуҳтавои худ «Чеҳраҳои мондагор» оид ба мақому манзалати Куруши Кабир баҳои арзишманди илмӣ додааст. Дар Паёми навбатӣ низ оид ба мақому манзалати Куруши Кабир эътибори махсус дода зикр намуданд, ки танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад, инчунин бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ ҳамчун яке аз аввалин мусиқидонон ва оҳангсозони касбии ҷаҳони ориёӣ эътироф гардидааст, таъкид намуданд, ки дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг супориш доданд, ки ҷиҳати ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва ҷаҳонишавии Наврӯзи оламафрӯз  хеле калон буда,  аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба оламиён муаррифӣ намудааст ва имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, хусусан бо ташаббуси Пешвои миллат ва ҷалб намудани сарварони як зумра аз давлатҳои дигар 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас, ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ бо Қатъномаи «А/64/L» пешниҳоди кишварҳои ташаббускорро бо унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» барои муҳокима қабул кард. Чи тавре дар Паём зикр намуданд, воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд ва вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат Академияи миллии илмҳо, дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи марказҳои зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ногуфта намонад,  дар давраи соҳибистиқлолии Тоқикистон (аз соли 1999 то 2025), хусусан бо саъю талошҳои Пешвои миллат, даҳҳо ёдгориҳои таърихии меросию фарҳангии Ватани азизамон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
Ҷиҳати ёдгориҳои таърихии меросию фарҳангӣ ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки чи тавре дар манбаъҳои илмӣ ва васоити ахбори омма қайд гардидааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 413 обидаҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд. Аз ин шумора 2 ҳазору 408 ёдгории бостонӣ, 798 ёдгории меъморӣ ва 441 ёдгории монументалӣ мебошад.
Соҳаи тандурустиро низ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсубёфта ҳисобида, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  
Пешвои миллат ба ҳиссаҷудокунии молиявӣ дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин иброз намуданд, ки дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуд. Яъне буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин самт Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд ва ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад. Инчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Вобаста ба ин, ҳаминро бояд тазаккур дод, ки дар ҳамкорӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2025, №2-11/583 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»  ва Нақшаи амалисозии «Барномаи давлатии рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, нисбат ба он таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуд.
Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа зикр намуданд, ки фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати таъмин намудани самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд ва ҳамзамон таъкид намуданд, ки бояд, аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар радифи дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба масъалаи таъмин кардани шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Пешвои миллат ироа карданд, ки Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Пешвои миллат, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони қобилияти субъектҳуқуқии меҳнатидошта, чунин зикр намуданд, ки ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд ва оиди масъалаи мазкур супориш доданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд чораҳои судманд андешида шаванд ва инчунин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳоро вазифадор намуданд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.
Пешвои миллат, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони қобилияти субъектҳуқуқии меҳнатидошта диққати махсус дода, зикр намуданд, ки хусусан, масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз,  музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, супориш доданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз  аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.  
Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳисобида ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешиданро таъкид намуданд.
Хулоса, мо шаҳрвандони Ватани азизу маҳбубамон, дастуру супоришҳоро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардида, ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ оид ба рушди соҳаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, вазифадор мебошем, ки ҷиҳати тандурустии ҷомеа, таълиму тарбия, забондониву донистани технологияи муосир,  фарҳанги ҳуқуқӣ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва умуман соҳаи иҷтимоӣ, минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба Ватани азизамон хизмат намоем.
 
Бобокалон Ғоиб Мерган,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат,
муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)