ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАН АВВАЛАН ИФТИХОР МЕКУНАМ, КИ ТОҶИКАМУ БАЪДАН МУСУЛМОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 24/12/2025 - 15:41
     Ман аввал тоҷикам - фарзанди миллати кӯҳанбунёд, ки таърихаш бо фарҳанг, забон ва хирад дар ҷаҳони муттамаддин маъруф мебошад. Дар ҳақиқат тоҷик будан барои мо танҳо насаб ё забон нест, балки ин маънои доштани реша, асолат ва ҳувияти миллӣ аст. Миллати бузурги тоҷик пеш аз он, ки дини мубини Исломро қабул намояд, соҳиби тамаддуни бузурги ориёӣ буд, яъне бо ахлоқи неки инсонӣ, илм, ҳунар ва одоби зебои зиндагӣ маъруф буд. Аввалин бор номи тоҷикро ҳамчун «тожик», олим Маҳмуди Қошғарӣ, ки ҳамасри ибни Сино буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънидод кардааст.
     Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рӯзгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале забони худро гум накардаанд. Хушбахтона, халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардаанд. Ислом, ки дини асосӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, дар қарни ҳафтум тавассути арабҳо оварда шуд ва ҳоло ба бахши ҷудоинопазири фарҳанги тоҷикон табдил ёфтааст. Ислом дар тоҷикзамин аз лашкаркашиҳои сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим (аз соли 705) ривоҷ ёфта, зуд ҷои зардуштия, оташпарастиро гирифтааст.
     Дар ҷомеае, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги оламгир ва мардуми тамаддунсозу тамаддундор аст, шинохти шахсияти инсон аз ду унсури асосӣ таркиб меёбад: ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона, дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихӣ аст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «миллате, ки гузаштаи худро намешиносад, оянда надорад!»
     Аз ин рӯ, вақте мегӯям «ман аввал тоҷикам», ин маънои инкор намудани дини Ислом нест албатта, балки таъкид бар он аст, ки ман дини худро ҳамчун тоҷик эътироф менамоям, бо забон, фарҳанг ва ахлоқи тоҷиконаам. Ман мехоҳам мусулмон бошам, вале бо чеҳраи тоҷикӣ - бо рӯҳи Рӯдакӣ, Сино, Хайём, Берунӣ, Хоразмӣ ва Бедил, ки бузургони миллати тоҷик буданд ва ин фарзандони миллат дар саросари ҷаҳон ҳамчун мутафаккирони тоҷик – мусулмон шинохта шудаанд.
     Бояд қайд намуд, ки тоҷик будан ва мусулмон будан ҳеҷ зиддияте надоранд. Вале бояд бидонем, ки миллати куҳанбунёди мо танҳо бо нигоҳ доштани фарҳанг ва пос доштани забон ва ҳувияти худ метавонад дар ҷаҳони имрӯза бо сари баланд  умр ба сар баранд. Дар тӯли таърих мо тоҷикон, ҳамеша бо ду рукни асосӣ ҳастии миллӣ-миллат ва дин зиндагӣ кардем. Ҳарду арзиш барои мо муқаддасанд, аммо муносибати дурусти байни онҳо зарур аст, то ки шахсият ва ҷомеаи мо устувор бимонад. Одам ба дунё меояд ва пеш аз он ки динро биомӯзад, забон, фарҳанг, таърих, замин, одобу маънавиёт ва меъёрҳои миллии хешро мерос мегирад. Яъне тоҷик будан як ҳақиқати модарзодӣ аст. Миллат решаест, ки баҳри инсон пайвастагӣ бо гузаштагон ва устуворӣ дар ҷомеаро таъмин мекунад. Тоҷикон бо фарҳанги бойи ниёгон, забони ширини тоҷикӣ, адабиёти ҷаҳонӣ, суннату анъанаҳои беназир ва ахлоқи миллии худ дар ҷаҳони имрӯза шинохта мешаванд. Агар ин рукнро аз шахс ҷудо намоем, вай береша мемонад. Дар яке аз суханронии хеш, зери фарогири як баромадашон Пешвои миллат гуфтаанд: «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон», ин иқтибосҳо нишон медиҳанд, ки Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳувияти миллӣ («тоҷик будан») ва эътиқод («мусалмон будан») — ду рукни комил ва дурусти давлату ҷомеаи Тоҷикистон медонад, ва таъкид мекунад, ки ин ду ҳуввият чандон бояд бо ҳам дар бар гирифта шаванд.
     Агар саҳифаҳои таърихи миллатро варақ гардонем, албатта возеҳу равшан мегардад, ки тоҷикон аз аввалин давраҳои пайдоиши худ ҳамчун халқ ё қавм ё миллат зери парчами ваҳдату якдилӣ дар эъмори ҷомеаи мутамаддини башар нақши бориз гузоштаанд. Имрӯз, бо хушнудӣ метавон гуфт, ки тоҷикон аз саҳмдорони ҷомеаи башарианд, зеро Куруши Кабир дар таърих аз меъморони барҷастаи оламу одам ёд мешавад. Империяи абадқудрати Сосониён низ шоҳкориҳое дар бунёду созандагии ҷомеаи башарӣ аз худ ба ёдгор мондааст. Исломро миллати мо бо фарҳанги тоҷикӣ ҳамроҳ намуда, дар тули таърихи беш аз 1400 - сола онро ғанӣ гардонид. Мо Исломро бо хирад ва фарҳанги худ пазируфтем, байни тоҷикон ранги хоси тоҷикӣ гирифт, чунки ин дини пок, меҳрубонӣ, эҳтиром ба зан, илм ва меҳнатро аз ҷумлаи арзишҳои инсонӣ баҳои воқеӣ додааст.
     Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки миллат ва дин ду сутуни устуворанд, ки якдигарро пурра ва қавӣ мегардонанд. Агар динро аз фарҳанги худ ҷудо кунем, рӯҳи онро аз маъно холӣ месозем. Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд.   Гарчанде, ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусулмон, аз дини ниёгон даст кашида, дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд.
     Давлати Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз хизматҳои мондагори Салмони Форс, Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ ёдрас кардан кофист. Зеро, парчамбардорони дини ислом дар ҷаҳон маҳз ана ҳамин тоҷикон будаанд. Ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳеҷ гоҳ аз миллияти худ канор нарафтаанд, танҳо ба дини ислом рӯй овардаанду онро то ба қуллаҳои баланди шукуфоӣ расонидаанд. Ҷои ифтихор аст, ки то дунё боқист ин бузургони мо ҳамчун густаришдиҳандаи дини ислом бо номи миллати тоҷик ёд мешаванд.  Ҳамин аст, ки имрӯз вақте сухан аз Тоҷикистон меравад, пеши рӯ фарзандони фарзонаи ин миллат намоён мегарданд ва вақте сухан аз бузургони илму адаб, қаҳрамонони халқи тоҷик ва сиёсатмадорони номдор меравад, пеши рӯ ҳамоно Тоҷикистони азиз ҷилвагар мегардад
     Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд. Қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров барои таълифи китоби «Тоҷикон», ки чун шиносномаи халқи тоҷик дониста мешавад, заҳматҳои зиёд кашидааст Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи таърихнигорӣ дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи тоҷик аст ва бо итминон гуфта метавонем, ки номи неки ин абармарди таърихнигори миллати тоҷик то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.
     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки миллат бе худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва ҳифзи забону фарҳанг пойдор намемонад. Аз ин рӯ, гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон» метавонад мардуми мамлакатро барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, ки дин ҷузъе аз он мебошад, муттаҳид созад. Имрӯз зарур аст ҷавонон бидонанд, ки мусулмон будан ҳеч гоҳ бо тоҷик будан дар таноқуз ва таоруз нест, аммо бо ифтихор аз тоҷик будан метавон аз дини худ ҳам ба таври шоиста ҳимоят кард. Бо гузашти қарнҳо тоҷик будан худ ба маънои мусулмон будан аст. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид медоранд, ки «дини мо ё мусулмонии моро касе аз мо дигар гирифта наметавонад», яъне мусулмон шудани мо тоҷикон ҷараёни ба охиррасида мебошад. Тоҷик будан худ пояи устувори худшиносӣ ва диндорӣ аст. Тоҷик ҳамакнун рукни имон ва шиносоии динӣ дар замони ҷаҳонишавӣ бояд маҳсуб шавад ва тоҷик будан худ бояд сипаре бар зидди ифротгарои динӣ бошад.
      Аз ин рӯ, гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон» паёми ваҳдати миллӣ ва динии тоҷикон ва шинохти ҳувияти миллӣ ва динии миллат ба ҳисоб рафта, ба мо пайғом медиҳад, ки миллатро бишнос, то динатро бифаҳмӣ.
 

Мирзозода Меҳриддин Сайфиддин,

мутахассиси шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)