ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 21/08/2025 - 12:00
     Ҷаҳони муосир зери таъсири технологияҳои рақамӣ тағйироти босуръатро аз сар мегузаронад. Тағйироти рақамӣ қариб тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонро шуруъ аз истеҳсолот ва савдо то маориф ва идоракунии давлатӣ фаро мегирад. Яке аз мафҳумҳои асосии инъикоси ин равандҳо, иқтисоди рақамӣ мебошад. Ба ақидаи олим Александра Энговатова иқтисодиёти рақамӣ иқтисодиёте мебошад, ки ба усулҳои нави ҳосилкунӣ, коркард, нигоҳдошт ва пешниҳоди маълумот, инчунин, технологияҳои компютерии рақамӣ асос ёфтааст [1].
     Тибқи таърифи OECD (Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд), иқтисоди рақамӣ тамоми равандҳои иқтисодиро дар бар мегирад, ки дар онҳо технологияҳои рақамӣ дар истеҳсол, тақсимот, истеъмоли молҳо нақши калидӣ доранд. Иқтисоди рақамӣ равандҳои тиҷоратро тавассути автоматикунонӣ ва истифодаи технологияҳои нав тезтар ва арзонтар мекунад. [2] Он шаффофиятро дар раванди тиҷорат ва кори соҳаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ баланд мебардорад, ки дар навбати худ ба коҳиши коррупсия мусоидат мекунад. Инчунин, рақамисозӣ намуди бозорҳои навро мекушояд ва дар соҳаҳои гуногун ҷойҳои кории ба шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯро таъмин мекунад. Дар минтақаҳои дурдаст таҳсилоти маҷозӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ тариқи пардохти электронӣ сурат мегирад. Дар ниҳояти кор, ҳамаи ин омилҳо ба рушди босуръати иқтисодӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагӣ мусоидат мекунанд.
     Дар Тоҷикистон, рушди иқтисодиёти рақамӣ ва технологияи иттилоотӣ  дар солҳои охир пешрафтҳои муайянро нишон додааст, ки қабули қонунҳои дахлдор, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва таъсиси мақоми ваколатдори махсус дар самти мазкур аз ҷумлаи онҳост.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. [3] Ин Консепсия инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳамзамон ҳарчӣзудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидани он ва ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои асосӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатнокии байналмилалии кишвар гардад. Дар баробари ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябр соли 2021, №460 Барномаи миёнамуҳлатӣ рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 қабул гардид. [4] Пас аз қабул намудани санадҳои болозикр ва пешбурди сиёсати рушди иқтисодиёти рақамӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад. Аз ҷумла, рушди системаи давлатии электронӣ (E-GOV.TJ) [5] - портали ягонаи сомонаҳои расмии вазорату идораҳо; истифодаи системаи электронии тафтиш ва пардохти андоз ва баҳисобгирии муҳосибӣ дар тиҷорат; системаи миллии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар муассисаҳои давлатӣ; рушди молияи рақамӣ ва пардохтҳои электронӣ; корти ягонаи пардохтии "Корти Миллӣ" бароварда шуд, ки дар дохили кишвар ҳамаҷониба истифода мегардад; истифодаи васеъи кортҳои электронӣ: Amonat - Mobile, Eskhata, IMON, Alif Mobi ва ғайра; афзоиши POS терминалҳо ва эквайринги онлайн, махсусан дар минтақаҳои шаҳрӣ ба назар мерасад.
     Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шудааст [6]. Солҳои наздик барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи муҳими пешрафти иқтисоди рақамӣ, технологияи инноватсионӣ, рушди инфрасохтор ва пешрафти бобарори иқтисодӣ хоҳад буд. Ҳамчунин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” аз 3 августи соли 2018, №1537 [7] ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ” аз 15 марти соли 2023, №1965 қабул гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 апрели соли 2021, №147 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд [9]. Вазифаи асосии Агентӣ пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мебошад.
     Ҳамин тариқ, рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як тақазои замона, балки шарти зарурӣ барои расидан ба мақсадҳои стратегии миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
     Дар шароити ҷаҳони муосир технологияи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ бо суръати баланд пеш рафта, моро водор мекунад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додани иншоотҳои муосир, муассисаҳои инноватсионӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисосро роҳандозӣ намоем ва ба иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун муҳаррики аслии рушди кишвар такя намоем. Танҳо тавассути ба роҳ мондани ҳамаи ин омилҳо, мо метавонем дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир бошем ва ояндаи дурахшони наслҳои баъдинаро таъмин намоем.
Дар ҷамъбасти матн, метавон чунин хулоса кард, ки рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як раванд ва шарти ногузир дар шароити ҷаҳони муосири ба ҳисоб меравад. Технологияҳои рақамӣ на танҳо воситаи афзоиши самаранокии фаъолияти иқтисодӣ ва шаффофияти идоракунӣ ҳастанд, балки муҳаррики асосии рушди устувор, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ низ ба шумор мераванд.
 
Рӯйхати адабиётҳо:
  1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 30 декабри соли 2019, №642.
  2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлатии рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025», аз 26 октябри соли 2021, №460.
  3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”».
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», аз 3 августи соли 2018, №1537.
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», аз 15 марти соли 2023, №1965.
  6. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 3 апрели соли 2021, №147.
 
Қодирзода Бахтиёр Фарҳод,
корманди Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад