ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАҚШ ВА АҲАММИЯТИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО ДАР РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 05/08/2025 - 16:45
     Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҷарима ҳамчун ҷазо, ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзишӣ (ҳадди ақал ва ё ниҳоӣ), кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
     Нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола бо дарназардошти сатҳи таваррум, ки тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дарпешистодаи банақшагирӣ муқаррар шудааст, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” барои соли молиявии дахлдор муайян карда мешавад [1].
     Мутобиқи қисми 3 моддаи 1 Конститусия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Нақши нишондиҳандаҳо дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона дар он зоҳир мегардад, ки нишондиҳандаҳо муайянкунандаи ҳадди ниҳоии пардохтҳои андозҳо, боҷҳо, кумакпулиҳо, иловапулиҳои иҷтимоӣ, ҷаримаҳо ҳамчун ҷазо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ иборат аст [2].
     Нақш ва аҳаммияти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар иҷтимоиёт дар он аст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷумла: маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ғайраҳо оид ба муайян намудани кумакпулиҳо, иловапулиҳо ва унвонпулиҳои иҷтимоӣ мебошад.
     Кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд ва имконияти мустақилона аз ин ҳолат баромаданро надоранд, муқаррар карда шудааст. Инчунин кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ин мусоидат намудан ба коҳиш додани вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар аст пешбини шудааст.
      Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаклҳои пулӣ ва моддӣ расонида мешаванд. Масалан, кумаки пулӣ ба андозаи умумӣ бо назардошти аъзои оилаҳои камбизоат, ки ба гирифтани кумаки пулӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешавад. Дар ҳолати зиндагии якҷояи якчанд оила, ки даромади оилавии алоҳида доранд, кумаки пулӣ ба ҳар оила дар алоҳидагӣ таъйин карда мешавад.
     Кумаки моддӣ бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ харидорӣ мешаванд, пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.
     Барои бархурдор гардидан аз кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ашхоси ниёзманд метавонанд тавассути шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ё портали ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд то аз ин кумакҳо бархурдор гарданд.
     Муайян намудани шахсони ниёзманд ва ҳаҷми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30 августи соли 2024 таҳти № 488 қабул гардидааст, татбиқ карда мешавад [3].
     Мутобиқи муқаррарнамудаи қарори мазкур андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои соли 2025 ба 11 нишондиҳанда, ки 825 дар бар мегирад муайян шудааст.
     Бояд қайд кард, ки дар асоси қарори мазкур кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдаки то 16-сола, ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси маъюб дошта, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ё мактаб-интернатҳо фаро гирифта нашудаанд ва ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои пиронсолони аз 80-сола болои аъзои оилаи камбизоат, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд ва дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта нашудаанд, муқаррар шудааст
    Дар баробари нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ, дар рушди давлат нақш ва аҳаммияти нишондиҳандаҳои иқтисодӣ низ хело ҳам назаррас мебошад, ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар иқтисодиёт маҷмӯи маълумотҳое мебошанд, ки вазъи иқтисодии кишварро баррасӣ мекунанд. Онҳо барои арзёбии вазъи иқтисод, муайян кардани сатҳи рушди иқтисодӣ, истифодаи нишондодҳои ҳарсолаи таваррум, индекси нархи истеъмолӣ, нишондиҳандаи маҳсулоти дохилии умумӣ ва индекси истеҳсолот пешгӯии тамоюлҳои оянда ва қабули қарорҳои асоснок оид ба сиёсати иқтисодӣ истифода мешаванд.
     Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нақши муҳим дар рушди давлатдории миллӣ мебозанд, зеро онҳо ба давлат имкон медиҳанд, ки вазъи иқтисодиро назорат кунад, мушкилотро муайян созад ва сиёсатеро таҳия намояд, ки рушди иқтисодиро таъмин намояд.
     Нақш ва аҳаммияти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар иқтисодиёт дар баррасӣ, ҳисоб, муайян намудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) хело зиёд мебошад. ММД арзиши умумии молҳо ва хизматрасониҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар давоми як давраи муайян истеҳсолшударо ҳисоб мекунад. Афзоиши ММД нишонаи рушди иқтисодӣ буда, коҳиши ММД нишонаи қафомонии иқтисодӣ мебошад.
     Нақш ва аҳаммияти дигари нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар иқтисодиёт ин сатҳи таваррум мебошад, ки афзоиши умумии нархҳо дар иқтисодиётро муайян мекунад. Таварруми баланд метавонад боиси коҳиши харидории пул гардад ва ба иқтисодиёт таъсири манфӣ расонад.
      Ғайр аз ММД ва таваррум, як қатор нишондиҳандаҳои дигар низ дар иқтисодиёт мавҷуданд, ки барои баррасии вазъи иқтисодиёт истифода мешаванд. Ба инҳо сатҳи бекорӣ, сатҳи фоизӣ, сатҳи асъор, тавозуни савдо ва қарзи давлатӣ дохил мешаванд [4].
     Нақши нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар иқтисодиёт барои қабули қарорҳо оид ба сиёсати иқтисодӣ хело назарас мебошад. Масалан, агар ММД суст афзоиш ёбад, ҳукумат метавонад сиёсатеро амалӣ созад, ки ҳавасмандии иқтисодиро тақвият диҳад, ба монанди кам кардани андозҳо ё зиёд кардани хароҷоти давлатӣ. Агар таваррум баланд бошад, ҳукумат метавонад сиёсатеро амалӣ созад, ки таваррумро паст кунад, ба монанди баланд бардоштани меъёрҳои фоизӣ.
     Ҳамин тариқ нишондиҳандаҳо на танҳо рақамҳо, балки воситаҳои муҳими таҳлил ва қабули қарорҳо мебошанд, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлат таъсири бевосита мерасонанд.
     Истифодаи дурусти онҳо ба идоракунии самараноки захираҳо, беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодиёт мусоидат мекунад.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Рӯйхати адабиёт:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.mmk.tj (санаи муроҷиат: 21.07.2025);
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 25.07.2025);
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 27.07.2025);
4. Светлана Васильевна Макроэкономические показатели и их роль в экономике страны.[Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://www.bibliofond.ru/view.aspx?id=825399 (санаи муроҷиат: 23.07.2025).
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)