ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Конфронс дар мавзӯи: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амали татбиқи он».

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Яшб, 19/01/2020 - 14:07
Конфронс дар мавзӯи: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амали татбиқи он».

Бахшида ба 15ум-ин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2009 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс дар мавзўи : «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амали татбики он» - ро барпо намуд.

Ҳозиринро Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Рахимов М.З., мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. ва вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёров Б.Т. хайрамақдам гуфтанд.

Дар конфронс баромад намуданд:
1.    Абдудуллоев Н.А. – Раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин асоси фаъолияти ҳокимияти судӣ».
2.    Зариф Ализода – номзади илмҳои ҳуқуқ,  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Конститутсияи соли  1994 ва нақши он барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол». 
3.    Шермуҳаммад Шоҳиён – Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ».
4.    Рахимов М.З. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва проблемаҳои қонунгузории амалкунанда доир ба руёнидани тавони зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба шахс расонида шудааст». 
5.    Бобоев У.Х.- номзади илмҳои ҳуқуқ, ҷонишини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ».
6.    Баҳриддинов С.Э – номзади илмҳои ҳуқуқ, ҷонишини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Асосҳои конститутсионии қонунгузории ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон».
7.    Азизов У.А. – номзади илмҳои ҳуқуқ, ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзўи: «Татбиқи принсипҳои конститутсиониӣ дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
8.    Бадалов Ш.К. – муаллими кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзўи: «Маъсалаҳои ҳуқукҳои экологии шаҳрвандон дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон».
9.    Ғафуров А.Д. – номзади илмҳои ҳуқуқ, сардори шўъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Доир ба баъзе проблемаҳои сиёсати ҳуқуқии молия, андоз ва буҷет дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон».
10.    Диноршоев А.М. – номзади илмҳои ҳуқуқ, сардори шўъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Усулҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон». 
11.    Каримов А.К. – сармутахассиси шўъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Баъзе масъалаҳои ҷавобгарӣ  барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар бораи рақобат». 
12.    Менглиев Ш – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири кафедраи ҳууқи байналмилалии факултети ҳууқшиносии ДМТ дар мавзўи: «Асосҳои конститутсионии алоқамандии ҳуқуқи дохилӣ бо ҳуқуқи байналмилалӣ».
13.    Набичонова З.К. – муовини сардори шўъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва маорифи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат». 
14.    Нематов А.Р. – номзади илмҳои ҳуқуқ, сармутахассиси шўъбаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Парадоксы законодательства – критерии правотворческой ошибки».
15.    Пулатов А.С. - мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳуқуи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии кафолатҳои фаъолияти соҳибкории субъектони ҳоҷагидорӣ хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
16.    Сафаров А.И. – мутахассиси шўъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Баъзе масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қонунигардонии  маблағҳои пулӣ ё амволи дигаре, ки  ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст».
17.    Сангинов Д.Ш. – муаллими кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзўи: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин сарҷашмаи асосии ҳуқуқи сайёҳӣ».

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад