ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПАЁМАДҲОИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 08/08/2024 - 10:25
    Бо дарки муҳимияти падидаи оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуд.
     Дар радифи ин меъёри конститутсионӣ аз солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шуданд.
     Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" боиси беҳтар шудани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.
    Дар баробари қонунҳои болозикр муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998, №682 ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои ҳуқуқии баробарии тамоми иштирокчиёни раванди амалисозии манфиатҳои қонунии онҳо равона гардидааст.
     Ҳамчунин соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро ба тасвиб расонид. Барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
    Вобаста ба коҳиши зӯроварӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа чандин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ва ғайраҳо қабул карда шуданд.
     Қобили зикр аст, ки аз иқдомҳои бузург дар ин самт бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ҳамчун “Соли оила” эълон гардид, ки ба ташаккули фарҳанги оиладории тоҷик мусоидат намуд.
  Имрӯзҳо дар самти баробарҳуқуқии мардону занон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст ва занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар баробари мардон фаъолият намуда истодаанд.
  Аммо ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилиҳое ҷой доранд, ки онҳо ҳалли худро тақозо менамоянд. Яке аз онҳо, то ҳанӯз ҷой доштани хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа, инчунин зӯроварӣ нисбати занон, фарзандони онҳо ва пиронсолон дар оила мебошад, ки ҳаёти аъзои оиларо душвор намуда, ба пошхӯрии он ва содиршавии кирдорҳои номатлуби дигар оварда мерасонад.
     Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷудияти ҳама гуна хушунату зуроварӣ дар оила, бахусус нисбати занон манъ карда шудааст. Тибқи қисми 2 моддаи 18 “Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад”. Зӯроварӣ муносибати ғайриинсонӣ буда, зидди талаботи моддаи мазкур мебошад.
    Сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳоро бармаҳал оиладор кардани навхонадорон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, вобастагии молиявии онҳо аз волидайн, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати хешовандони наздик ва хушунати оилавӣ ташкил медиҳад.
   Зӯроварӣ бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла лату кӯб кардан, таҳқир, рафтори дурушт ва ғайра содир мешаванд. Мутаассифона баъзе ҳамсарон амалҳои зӯроваронаро ҳамчун як шакли таъсиррасонӣ ба муносибату рафтор истифода мебаранд.
      Дар натиҷаи вайрон шудани оилаҳо дар ҷомеаи имрӯза теъдоди кӯдакони беназоратмонда афзоиш ёфта, ки баъди гирифтани осеби рӯҳӣ онҳо ба оворагардӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб даст мезананд. Дар баробари ин, зӯроварӣ дар оила боиси поймол намудани ҳуқуқҳои бунёдии инсон, коста шудани меҳру муҳаббати аъзои оила нисбати ҳамдигар гардида, ба вазъи рӯҳию равони ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ба қатори паёмадҳои ҳикршуда метавон боз чандин оқибатҳои манфиро илова намуд, ки дар заминаи зӯроварӣ ба амал меоянд.
     Дар пешгирии ин падидаи номатлуби ҷомеа ҳамаи субъектони давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд фаъол бошанд ва нагузоранд, то шахс мавриди шиканҷа, зулму хушунат дар оила қарор гирад. Дар баробари ин, мувофиқи мақсад мебошад, ки дар ҷодаи баланд бардоштани масъулият дар таълим ва тарбияи кӯдак, такмили мазмуну моҳияти чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон минбаъд низ фаъолият тақвият бахшида шавад.
 
Собирзода Ҳ. сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи
байналмилалии Маркази миллии қонунгузорӣ

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад