ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 23/11/2023 - 16:47
     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории тоҷикон буда, баёнгари соҳибихтиёриву мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, ватандӯстӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи ормонҳои миллии мардуми меҳнатқарини тоҷик аст.
     Мувофиқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми марти соли 2007 «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.
     Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд, ки паҳлўи амудиашон 0,8 ва паҳлўи уфуқиашон 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд. Тоҷ баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2-и рахи сафед васл гардидаанд.
Дар иртибот ба ин, дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 12-уми майи соли 2007) навишта шудааст, ки Парчами давлатӣ, новобаста ба андозааш, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шавад.
     Ҳамчунин, дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30-юми декабри соли 2011 қайд шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозаи он ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14-уми марти соли 2007 тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.
Бинобар ин, масъулини мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки ҳангоми фармоиш ва афрохтани Парчами давлатии мамлакат муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатиро қатъиян риоя кунанд. Зеро эҳтироми волои Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди баору номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳама ҳолат ба ин рамзи давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба он беэҳтиромӣ зоҳир нагардад.
     Ҳамчуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 2022 қайд намуданд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад».
     Лозим ба ёдоварист, ки кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ ҷавобгарӣ муқаррар намудааст. Чунончи, мутобиқи моддаи 4831 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Ҳамчунин, дар асоси моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир кардани рамзҳои  давлатӣ бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, гузошта мешавад.
     Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки боби 2 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, афрохта мешавад.
     Хотирнишон бояд сохт, ки бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон тавассути арҷгузоштан ба Парчами давлатӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 14-уми ноябри соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид гардида, ба ин восита шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқ пайдо намуданд, ки бо сарафрозиву сарбаландӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд.
     Ҳамин тавр, зарур аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтирому арҷгузорӣ намоем ва нагузорем, ки ба ин рамзи муқаддас беэҳтиромӣ зоҳир гардад.
 
 
Фирӯз Сайнозимзода,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
 
Қурбонзода Абдумалик Турахон,
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ
оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ
ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)