ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 04/08/2023 - 10:33
    Пардохтҳои гумрукӣ пардохтҳои ҳатмие мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.
   Институти пардохтҳои гумрукӣ бо мафҳуми гумрукӣ-тарифии танзими фаъолияти савдои хориҷӣ зич алоқаманд аст. Хусусияти низоми пардохтҳои гумрукӣ аз он иборат аст, ки он боҷҳо, андозҳо ва хироҷҳое, ки табиати гуногуни ҳуқуқӣ доранд, дар бар гирифта, бо функсия ва мақсадҳои умумии истифодаи пардохтҳои номбаршуда вобаста аст.
     Табиати ҳуқуқии пардохтҳои гумрукӣ аҳамияти бузурги амалӣ дошта, мақсад ва истифодаи маблағҳои тибқи Кодекси гумрук ситонидашударо муайян мекунад. Пардохтҳои гумрукӣ дар баробари даромадҳои давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамоянд.
    Пардохтҳои гумрукӣ дорои як қатор аломатҳои хоси худ мебошад: якум, асоси ҳуқуқии пардохтҳои гумрукиро Кодекси гумрук ташкил мекунад (фасли 3, боби 41); дуюм, пардохтҳои гумрукӣ – даромадҳои махсуси буҷети давлат ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи пардохтҳои гумрукӣ даромадҳои фискалии буҷети давлатро ташкил дода, ба дигар мақсадҳо хароҷот карда намешаванд; сеюм, пардохтҳои гумрукӣ – танҳо ҳангоми интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд; чорум, ба мақомоти гумрук ҳуқуқи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дода шудааст; панҷум, пардохти пардохтҳои гумрукӣ ҳатмӣ буда, бо қувваи маҷбуркунии давлат таъмин карда мешавад. Барои напардохтан, вайрон кардани муҳлати пардохт, саркашӣ аз пардохти пардохтҳои гумрукӣ шахси гунаҳкор ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад.
    Истифодаи самараноки институти пардохтҳои гумрукӣ аҳамияти онро барои давлат баланд мебардорад. Нақши пардохтҳои гумрукӣ дар функсияҳои он зоҳир мегардад. Ду функсияи асосии он – танзимкунанда ва фискалӣ ҷудо карда мешаванд.
Функсияи танзимкунанда дорои доираи васеи чораҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дошта, ба ҳимояи истеҳсолкунандагони дохилӣ аз рақибони хориҷӣ, ҷалби молҳо ба кишвар нигаронида  шудааст. Функсияи фискалӣ (аз калимаи лотинии “fiscus - хазина, сабад”), яъне пур кардани қисми даромади Буҷети давлатӣ мебошад.
Дар баробари функсияҳои номбаршуда пардохтҳои гумрукӣ дорои намудҳои зерин мебошад:
1) боҷи гумрукӣ;
2) андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад;
3) аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад;
4) пардохти махсуси гумрукӣ.
Бояд қайд намуд, ки боҷи гумрукӣ ҳамчун намуди пардохти гумрукӣ яке аз фишангҳои муҳими танзими тиҷорати хориҷӣ ба шумор рафта, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- фискалӣ, яъне пур кардани қисми даромади Буҷети давлатӣ;
- батанзимдарорӣ, яъне танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, бахусус тиҷорати хориҷӣ;
- протексионистӣ, (аз калимаи лотинии “protection–ҳимоя, пуштибонӣ”) яъне ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ.
Дар таҷрибаи байналмилалӣ санади меъёрие, ки дар он маҷмӯи меъёрҳои боҷҳои гумрукии молҳои боҷгузоришаванда мувофиқи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда шудаанд, тарифи гумрукӣ номида мешавад. Тарифи гумрукӣ метавонад воридотӣ ва ё содиротӣ бошад. Тарифи гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399 «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо дарназардошти уҳдадориҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия гардидааст, қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014с., №377 «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содирот» нисбати як қатор молҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда боҷҳои гумрукӣ муақаррар гардидааст.
Андоз аз арзиши иловашуда яке аз намудҳои дигар пардохти гумрукӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқи моддаи 244 Кодекси андози Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар тамоми марҳилаҳои муомилоти мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур пардохт карда мешавад. Андоз аз арзиши иловашуда шакли ба даст овардани як қисми арзиши иловашуда дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолот мебошад ва ҳамчун фарқи байни арзиши молҳои фурӯхташуда, кор, хизматрасонӣ ва арзиши хароҷоти моддии мансуб ба истеҳсол ва муомилот муайян карда мешавад. Мувофиқи моддаи 264 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андоз аз арзиши иловашуда, барои амалиётҳои андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда меъёрҳои зерини андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда мешаванд:
1) меъёри стандартӣ - 15 фоиз;
2) меъёри пасткардашуда, ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, нисбат ба иҷрои кори сохтмонӣ, хизматрасонии меҳмонхонавӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ - 7 фоиз ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии таълимӣ ва фаъолият оид ба хизматрасонии тиббӣ дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо бе ҳуқуқи баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда - 5 фоиз;
3) меъёри сифрӣ.
Аксиз яке аз намудҳои дигари пардохти гумрукӣ буда, андози ғайримустақим мебошад, ки ҳангоми воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Номгӯи молҳои зераксизӣ, ки тибқи моддаи 282 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, инҳо мебошанд:
- ҳамаи намудҳои спирт, нӯшокиҳои спиртдор, ғайриспиртӣ ва нерудиҳанда, ба истиснои оби софи нӯшокӣ;
- тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку;
- маҳсулоти дорои никотин, моеъҳои дорои никотин, маҳсулоти дорои тамокуи тафсон, сигорҳои электронӣ ва дастгоҳҳои интиқоли дуд;
- сӯзишвории минералӣ, ҳама намудҳои нафти хом ва маҳсулоти коркарди он, моддаҳои битумдор, мумҳои минералӣ, гази моеъ;
- резинчарха ва гирдорезинҳои ҳаводор, яклухт ё нимҳаводор, протекторҳои резинчархагӣ ва тасмаҳои ҳошиядори резинӣ;
- автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна воситаҳои нақлиёте, ки барои кашонидани одамон пешбинӣ шудаанд;
- маҳсулоти тайёри қолинии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
- ҳама гуна обҳои воридотӣ, аз ҷҷумла обҳои газдор, маснуот барои интиқол додан ё борпечонии молҳо аз пластмасса: пӯк, сарпӯш, каллапӯш ва воситаҳои дигари маҳкамкунии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
- маҳсулоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин қисмҳои онҳо аз металлҳои қиматбаҳо ва (ё) бо металлҳои қиматбаҳо рӯйпӯшкардашуда.
Тибқи моддаи 285 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Меъёрҳои андози аксиз мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 «Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда» муқаррар шудаанд.
Пардохти махсуси гумрукӣ намуди дигари пардохти гумрукие мебошад, ки меъёри он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ва ё содироти моли муайян муқаррар карда мешавад. Дар сурати муайян намудани пардохти махсуси гумрукӣ пардохтҳои гумрукии дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ситонида намешаванд.
Бояд қайд намуд, ки пардохти махсуси гумрукӣ дар қонунгузории гумрукӣ мафҳуми нав аст ва он аввалин маротиба бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.2018, №1545 “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шудааст. Пардохти махсуси гумрукӣ аз рӯи моҳият ва усули татбиқ ба пардохти маҷмӯии гумрукӣ монанд буда, меъёри он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Хусусиятҳои фарқкунандаи пардохти махсуси гумрукӣ инҳо мебошанд:
- он нисбати воридот ва ё содироти намудҳои алоҳидаи мол муқаррар карда мешавад;
- ҳангоми муқаррар кардани пардохти махсуси гумрукӣ дигар пардохтҳои гумрукие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ситонида намешаванд.
Маблағи пардохти махсуси гумрукӣ бо асъори миллӣ тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули декларатсияи бори гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук ва ё иҷозати молҳо пардохт карда мешавад. Айни замон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, №477 “Дар бораи муқаррар намудани меъёри пардохти махсуси гумрукӣ” барои воридоти маснӯоти заргарӣ пардохти махсуси гумрукӣ бо андозаҳои зерин муқаррар карда шудааст:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснӯоти заргарӣ аз металли тилло 2 (ду) доллари ИМА;
- барои воридоти маснӯоти заргарӣ аз металли нуқра 0,34 (сифру аз сад сиву чор) доллари ИМА.
Ҳамин тариқ, пардохтҳои гумрукӣ пардохтҳои ҳатмие мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шуда, дар баробари даромадҳои давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамоянд.
 
 
 
Шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия,
                                                           андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)