ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 22/07/2021 - 17:04
ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
   Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин самт таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
   Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа ва шаҳрвандон низ зарур аст.
   Бо мақсади муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сатҳи мукаммали муқовимат бо ин падидаи номатлуб аз ҷониби давлатҳо ба роҳ монда шавад. Дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм аз ҷиддитарин таҳдидҳо алайҳи субботу амнияти ҷаҳонист, аз ин рӯ, барои муқовимат ба ин падидаҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ – динӣ андешида шудааст. Ҳамзамон, барои таъмини самаранокии механизмҳои муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар кишвар заминаи ҳуқуқии муқовимат гузошта шудааст. Давлатҳои муосир кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки қонунгузории миллии худро дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм боз ҳам мустаҳкам намоянд.
   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардиданд.
   Асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизмро санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ташкил медиҳад:
  •  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  •  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  •  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”;
  •  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”;
  •  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”;
  •  Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст;
  • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст;
  •  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ карда шудааст;
  • Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 тасдиқ карда шудааст;
  • Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003.
   Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бозўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст, инчунин тибқи моддаи 11 санади болозикр Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Меъёри мазкур муқаррар менамояд, ки кирдоре, ки барои бозўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳи хусусияти террористиву эктремистидошта оварда мерасонад дар кишвар манъ карда шудааст.
   Содир намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин ҳисобида шуда, яке аз воситаҳои асосии пешгирии ин падидаҳои номатлуби ҷомеа дар қонунгузории ҷиноятӣ мустаҳкам намудани ҷазои вазнин нисбати онҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сатҳи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ пешбинӣ шудааст. Такмили пайвастаи қонунгузорӣ дар бораи ҷавобгарӣ барои экстремизм ва терроризм, аз ҷумла сари вақт ҷиноят эътироф намудани шаклҳои нави зоҳиршавии онҳо, инчунин муқаррар намудани муҷозоти мувофиқ барои содир намудани онҳо зарур мебошад.
   Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷиноятҳо ба амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҷовуз менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қаттор меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир кардани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, моддаҳои 179, 179, 179, 179, 181, 182, 184, 184, 184, 184, 185, 187, 193, 194, 194, 194, 194, 194, 194, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ муқаррар намудааст.
   Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;
ошкор ва пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм маҳсуб меёбад.
   Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат; барҳам додани таҳдиди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;  ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда; татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм; таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмўӣ ва дурнамои муқовимат ба экстремизм; таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм, аз ҷумла иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқовимат ба экстремизм; баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм; дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини мубориза бо экстремизм; муқовимат ба маблағгузории экстремизм; андешидани тадбирҳои иловагӣ дар маҳалҳои аз ҷиҳати паҳншавии мафкураи экстремизм нисбатан осебпазир вазифаҳои асосии муқовимат бо экстремизм дар кишвар ба шумор меравад.
   Дар самти муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як қаттор стратегияву консепсияҳо низ қабул шуданд. Аҳамияти санадҳои мазкур дар он ифода меёбад, ки агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло номбаршуда асосҳои умумӣ, субъектҳо, принсипҳо, самтҳои фаъолияти муқовиматро пешбинӣ намоянд, стратегияву консепсияҳо бошанд, самтҳои алоҳида, омилҳо ва тамоюлҳои терроризм ва экстремизм, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин самт, такмил додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ва чанде дигар тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати самаранокии муқовимат ба терроризм ва экстремизм роҳандозӣ менамоянд.
   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бо фармони Президенти ҶТ аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст.
   Самтҳои афзалиятноки муқовимат бо экстремизм ва терроризм тибқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 инҳо мебошанд:
а) баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс;
б) бартараф намудани омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии экстремизм ва тундгароие, ки ба содир намудани кирдорҳои террористӣ оварда мерасонад . Дар сатҳи паст қарор доштани омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар давлатҳои мушаххас ба афзоиши терроризм ва экстремизм оварда мерасонад. Аз ин рӯ, паст намудани сатҳи номутобиқатии иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ пешбурди сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодиеро тақозо менамояд, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сатҳи фарҳанги аҳолӣ, ташаккули ангеза барои тарзи ҳаёти солим ва созанда, таъмини имконияти мутобиқшавӣ ва иштироки гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, муайян ва бартараф намудани омилҳои номутобиқатии иҷтимоӣ ва ғайра равона шуда бошад.
в) ташаккули андешаи миллӣ ва пурзӯр намудани корҳои мафкуравӣ. Ҷанбаи муҳими муқовимат бо экстремизм ва терроризм ташаккули корпуси нерӯманди мафкуравӣ ва тарзу усулҳои ба таҳдидҳои мавҷуда мувофиқи кори мафкуравӣ ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ташаккули корпуси нерӯманди мафкуравӣ, таҳкимбахшии иқтидори он дар пешгирии терроризм ва экстремизм, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани нақши пешгирикунандаи воситаҳои ахбори омма дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст.
г) пешгирии экстремизм ва ташаккули фарҳанги таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ. Муҳити динӣ бар асари омилҳои гуногун аз лиҳози паҳншавии мафкураи тундгароӣ ва назариёти экстремистӣ аз ҳама бештар осебпазир мебошад. Озодии виҷон ва эътиқод мувофиқи Конститутсия (моддаи 26) дар қаттори дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф карда шуда, бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудааст. Шарти муҳими пешгирии тундгароӣ дар муҳити динӣ ин бартараф намудани низоъҳо ва таъмини ҳамдигарфаҳмӣ дар он мебошад.
д) муқовимат ба истифодаи Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ. Технологияи муосири иттилоотӣ, махсусан шабакаи Интернет омили стратегие мебошад, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди густурдаи фаъолияти худ истифода мебаранд. Вобаста ба ин зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос доир ба пешбурди ҷанги иттилоотӣ ва мафкуравӣ дар шабакаи Интернет чораҷӯӣ карда шавад, ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои муқовимат аз истифодабарии Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ такмил дода шаванд.
ё) такмили чораҳои таъқиб ва ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ ва террористӣ. Сари вақт пешгирӣ намудан аз ташвиқоти экстремистию терористӣ, инчунин ошкор ва мавриди тафтиш қарор додани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ҷузъи муҳими муқовимат бо ин падидаҳои манфии ҷомеа мебошад. Терроризм ва экстремизм дар замони муосир дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад, аз ин рӯ, такмили пайвастаи қонунгузории ҷиноятӣ дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, аз ҷумла сари вақт криминализатсия намудани шаклҳои нави зоҳиршавии онҳо, инчунин муқаррар намудани муҷозоти мувофиқ барои содир намудани онҳо мақсаднок мебошад.
ж) иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм.
Дар раванди муқовимат бо экстремизм ва терроризм иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ ва ҳар як аъзои ҷомеа самарабахш мебошад. Гузаронидани ташвиқоти васеъ оид ба таъсири харобовари экстремизм ва терроризм ба иқтисодиёту ҷомеа ва тағйирдиҳии ҷаҳонбинии аҳолӣ, тарбияи ҳисси таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм ва терроризм яке аз воситаҳои муҳими муқовимат дар ин самт маҳсуб меёбад.
Тибқи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми байналмилалӣ ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бояд ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳамагуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар нигаронида шавад.
   Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003 муқаррар намуда буд, ки терроризми замони ҳозира ҷинояткории оламшумул буда, ҳамкории ҳамаҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ва хадамоти махсусро тақозо мекунад. Имрўз терроризм бо назардошти таҳдиди терроризми технологӣ, ки дар он аслиҳаи ядроӣ, химиявӣ, бактериологӣ истифода шуда метавонад, ҳамчунин аз тарафи террористҳо интихоб кардани иншооти амалиёти террористӣ, на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиати шахсони ҷудогона, ҷомеа ва давлате дониста мешавад, балки ба мўътадил гардонидани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ низ зиён мерасонад.
   Дар ҳамин замина чи тавре ки ба мушоҳида мерасад, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шудааст. Стратегияи мазкур самтҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизмро муқаррар менамояд, ки амалинамоии он барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб метавонад таъсиррасон бошад.
   Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 қабул карда шуд. Тибқи муқаррароти умумии санади мазкур баланд бардоштани самаранокии тафтиш ва пешгирии ҷиноят дар шароити муосир аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо равона намудани тамоми қувва ва имкониятҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, балки такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини муносибати бонизом ва маҷмӯӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷустуҷӯи шакл ва тарзҳои нави ғайримуқаррарии таъсиррасонӣ ба ҷинояткориро талаб менамояд. Дар баробари ин Барномаи мазкур ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва экстремизм мақомоти ҳифзи ҳуқуқро уҳдадор менамояд, ки бо мақомоти марбутаи давлатҳои дигар ҳамкориро таҳким бахшад.
   Ҳамин тавр, дар асоси гуфтаҳои боло қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати танзими ҳуқуқии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ низ нақш ва аҳамияти хоссаи худро дороянд. Махсусан, солҳои охир рушди қонунгузории муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 давра ба давра такмили қонунгузории ҷиноятиро дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм муқаррар намудааст. Такмили қонунгузорӣ ва андешидани чораҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ барои аз байн бурдани кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ заминаи хуби ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад. 
 
Ҳакимов Яқуб Бахтиёриддинович,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)