ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Ҷум, 09/04/2021 - 11:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1761
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.01.2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
 
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳамкории мақомоти давлатӣ, корфармоён ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисонро ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар доираи низоми миллии тахассусҳо муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) муассисаи тайёр намудани мутахассисон - ташкилоти таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ, ки раванди таҳсилоти касбӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркуниро ба роҳ монда, як ё якчанд барномаҳои таълимиро амалӣ мегардонад;
2) мутахассис - шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст, ки ба ӯ имконият медиҳад дар соҳаи муайян фаъолияти касбӣ намояд;
3) низоми миллии тахассусҳо - маҷмӯи механизмҳои танзими тахассуси қувваи корӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
4) низоми иттилоотии бозори меҳнат - равзанаи ягона дар шабакаи интернет, ки дар он маълумот дар бораи дастрасии кор, интихоби касб, имкониятҳои муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон оид ба ташаккули малакаҳои касбӣ ва дигар маълумоти зарурӣ дар бораи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ҷамъ оварда шудааст;
5) стандарти салоҳияти ҳар як касб - ҳуҷҷате, ки ҳадди ақалли талаботи меъёриро ба салоҳияти барои касби мушаххас зарурӣ муайян мекунад ва талабот ба салоҳияти касбӣ ва умумифарҳангии шахсиро дар бар мегирад;
6) талаботи бозори меҳнат - эҳтиёҷоти корфармоён ба қувваи корӣ аз рӯи гурӯҳҳои мушаххаси касб ва намудҳои машғулият;
7) таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати меъёрие, ки гурӯҳбандии машғулиятҳо ва касбҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбударо вобаста ба сатҳ ва рамзгузории байналмилалӣ таъмин менамояд;
8) таснифоти миллии тахассусҳо - ҳуҷҷати меъёрие, ки доираи тахассусҳоро бо назардошти талаботи бозори меҳнат муайян ва танзим менамояд;
9) таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ - намуди фаъолияти таълимӣ, ки ба ташаккул, таҳким ва такмили дониш, маҳорат, малака ва муносибати таълимгирандагон дар раванди иҷрои намудҳои муайяни кори ба фаъолияти минбаъдаи касбӣ алоқаманд равона гардидааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба амалӣ намудани тадбирҳои зерин равона гардидааст:
1) фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои тайёр намудани мутахассисон ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат;
2) мусоидат ба таҳия ва амалишавии механизми танзими низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
3) ҷорӣ намудани методологияҳои муосир дар низоми тайёр намудани мутахассисон дар доираи низоми миллии тахассусҳо;
4) таъмини ҳамкории субъектҳо дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
5) мусоидат ба ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисон барои омӯзиши ҳолати воқеии бозори меҳнат;
6) муайян кардани талаботи имрӯза ва ояндаи бозори меҳнат ба мутахассисон мутобиқи дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаҳо ва минтақаҳо;
7) фароҳам овардани шароит барои иштироки корфармоён дар муаяйн намудани талабот ба тахассусҳо, ташкили раванди тайёр намудани мутахассисон ва баҳодиҳии натиҷаи таҳсилот дар асоси стандарти салоҳияти ҳар як касб;
8) таъсис додани низоми самарабахши иттилооти касбӣ ва машварати касбӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолии қобили меҳнат ба фаъолияти меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат;
9) фароҳам овардани шароит барои таҳкими неруи кадрӣ ва тавсеаи доираи шуғли самаранок.
 
Моддаи 4. Принсипҳои тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) дастрас будани низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
2) таъмини рушди бомароми низоми тайёр намудани мутахассисон мутобиқи талаботи низоми миллии тахассусҳо;
3) таъмини шаффофият дар гирифтани тахассус;
4) афзалияти тайёр намудани мутахассисони босалоҳият аз рӯи касбҳои техникӣ ва рушди малакаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
5) мустақилияти баҳодиҳии салоҳият;
6) ҳамгироии низоми миллии тайёр намудани мутахассисон бо меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ.
 
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ҲАМКОРӢ ДАР НИЗОМИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
 
Моддаи 5. Субъектҳои ҳамкорӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Субъектҳои ҳамкорӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат мақомоти давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, инчунин муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон мебошанд.
 
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
2) тасдиқи консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
3) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои давлатӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
4) тасдиқи таснифоти миллии тахассусҳо;
5) тасдиқи тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб;
6) тасдиқи тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо;
7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
 
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат дохил мешаванд:
1) арзёбии талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ба салоҳият, омодасозии таҳлил ва дурнамоҳо бо ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо;
2) таъсис ва пешбурди низоми иттилоотии бозори меҳнат бо ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ, корфармоён ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон бо ҷалби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
3) ҳамоҳангсозии раванди таҳияи таснифоти миллии тахассусҳо, тартиби таъмини сифати тахассусҳо бо ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо;
4) тасдиқи таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) таҳия ва тасдиқи маълумотномаи ягонаи тахассусии касбҳои кормандон ва намуди дигари маълумотномаи касбҳои гуногун бо ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо;
6) таҳия ва тасдиқи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб дар ҳамкорӣ бо корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон;
7) амалӣ намудани ваколатҳои диг ари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти давлатии дорои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Ба ваколатҳои мақомоти давлатии дорои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат дохил мешаванд:
1) арзёбии талаботи соҳаҳои алоҳида ба салоҳият, омодасозии таҳлил ва дурнамоҳо оид ба рушди захираҳои инсонии соҳаҳои алоҳида ва иштирок дар пешбурди низоми иттилоотии бозори меҳнат;
2) иштирок дар раванди таҳияи таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумотномаи ягонаи тахассусии касбҳои кормандон ва дигар намуди маълумотномаи касбҳои гуногун, мувофиқаи стандартҳои салоҳияти касбҳои алоҳида, стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои таълимӣ, тартиби таъмини сифати тахассусҳо, воситаҳои баҳодиҳӣ;
3) омӯзиши зарурати таҳияи стандартҳои салоҳияти касбҳои алоҳида;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 9. Ваколатҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Ба ваколатҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат дохил мешаванд:
1) иштирок дар раванди таҳияи таснифоти миллии тахассусҳо, таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баҳодиҳии салоҳият, маълумотномаи ягонаи тахассусии касбҳои кормандон ва намуди дигари маълумотномаи касбҳои гуногун, стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ, инчунин иштрок дар рушди низоми иттилоотии бозори меҳнат;
2) пешниҳоди дархост оид ба зарурати таҳияи стандартҳои салоҳияти касбҳои алоҳида;
3) бастани созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон барои ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисос;
4) иштирок дар арзёбии сифати тайёр намудани мутахассисон;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 10. Ваколатҳои муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Ба ваколатҳои муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат дохил мешаванд:
1) ҷалби омӯзгорон ва кормандони баландихтисоси соҳавӣ барои тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
2) омӯзиши талаботи бозори меҳнат барои ташкили раванди тайёр намудани мутахассисон, иштирок дар пешбурди низоми иттилоотии бозори меҳнат;
3) иштирок дар раванди таҳияи стандартҳои салоҳияти касбҳои алоҳида, барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳии салоҳият;
4) ташкили раванди тайёр намудани мутахассисон ва дар асоси шартнома ҷорӣ намудани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ бо корфармоёни алоҳида;
5) ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар асоси дархости корфармоён;
6) арзёбии сифати тайёр намудани мутахассисон бо ҷалби корфармоён;
7) мусоидат барои бо кор таъмин кардани хатмкунандагон бо ҷалби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамъоварии омори дахлдор;
8) амалӣ намудани ваколатҳои диг ари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 11. Ҳамкории субъектҳо дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
Ҳамкории субъектҳо дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
1) ба роҳ мондани ҳамкории шартномавӣ байни субъектҳо;
2) таҳия, қабул ва татбиқи барномаҳои муштарак дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат, бокортаъминкунии мутахассисон бо ҷалби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
3) иштирок дар таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳии салоҳият;
4) ташкил ва ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандон;
5) ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият бо назардошти санадҳои шарикии иҷтимоӣ - созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) дигар самтҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
 
БОБИ 3. НИЗОМИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
 
Моддаи 12. Низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
1. Раванди тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба низоми миллии тахассусҳо асос меёбад.
2. Низоми миллии тахассусҳо иборат аст, аз:
1) таснифоти миллии тахассусҳо;
2) таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) маълумотномаи ягонаи тахассусии касбҳои кормандон ва дигар намуди маълумотномаи касбҳои гуногун;
4) стандартҳои салоҳияти ҳар як касб;
5) тартиби таъмини сифат ва тасдиқкунии тахассусҳо.
 
Моддаи 13. Хусусиятҳои низоми миллии тахассусҳо
1. Низоми миллии тахассусҳо дорои хусусиятҳои зерин мебошад:
1) таснифоти миллии тахассусҳо аз якчанд сатҳ иборат мебошад, ки робитаҳои байнисоҳавии тахассусӣ ва супоридани ҳуҷҷати намунаи давлатиро оид ба гирифтани касб дар бар мегирад;
2) бо назардошти сатҳҳои таснифоти миллии тахассусҳо таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ва стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ (дар қисмати талабот ба сатҳи тахассус) таҳия карда мешаванд;
3) дар асоси таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи ягонаи тахассусии касбҳои кормандон ва намудҳои дигари маълумотномаи касбҳои гуногун дар алоқамандӣ бо гурӯҳҳои машғулиятҳо ва дараҷаҳои тахассусӣ таҳия карда мешаванд;
4) ҳар як гурӯҳи таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ном ва рамзи таснифотӣ аст, ки дар таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб истифода мешаванд;
5) дар асоси стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ва бо назардошти талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ барномаҳои таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисон ва воситаҳои баҳодиҳӣ таҳия мешаванд.
2. Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои таълимӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 4. РАВАНДИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН, БОЗОМӮЗИИ КАСБӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОНҲО БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
 
Моддаи 14. Раванди тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзии касбй ва такмили ихтисоси онҳо
1. Муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон дар асоси шартномаҳои баимзорасонида байни корфармо (фармоишгар) ва таълимгиранда (корманди имконпазир) раванди тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси онҳоро ташкил менамоянд.
2. Субъектҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини шароит барои тайёр намудани мутахассисон ва рушди мунтазами малакаҳои касбии онҳо чораҷӯӣ менамоянд.
3. Субъектҳои ҳамкорӣ бо истифода аз имкониятҳои корфармоён ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон барои таъмини бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ва рушди малакаҳои касбии онҳо тадбирҳо меандешанд.
 
Моддаи 15. Фаъолияти муштарак оид ба ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ
1. Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ қисмати ҳатмии раванди тайёр намудани мутахассисон мебошад.
2. Субъектҳои ҳамкорӣ дар асоси шартнома фаъолияти муштаракро оид ба ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии таълимгирандагон таъмин менамоянд.
3. Барои ба таври самарабахш ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ субъектҳо дар мувофиқа бо якдигар:
1) ба сифати роҳбарони таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ мутахассисони ботаҷрибаро таъин мекунанд;
2) барнома, натиҷаҳои банақшагирифташаванда ва супоришҳоро оид ба таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ муайян мекунанд;
3) ба таҷрибаомӯзон ҷойи кор пешниҳод менамоянд ва дар ин самт бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд;
4) барои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ шароити бехатари меҳнатро муҳайё менамоянд;
5) дар таҳияи воситаҳои баҳодиҳӣ ва санҷиши натиҷаҳои азхудкунии тахассус дар давраи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ иштирок менамоянд;
6) барои гирифтани иттилооти дахлдор бо мақсади такмили салоҳиятнокӣ бо назардошти касби интихобкарда (тахассуси касбӣ) шароити зарурӣ муҳайё мекунанд.
 
БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИИ НИЗОМИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
 
Моддаи 16. Шаклҳои иқтисодии таъмини маблағгузории низоми тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат
1. Субъектҳои ҳамкорӣ шаклҳои иқтисодии таъмини амали мутақобилаи низоми тайёр намудани мутахассисонро бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди иқтисодиёт инкишоф медиҳанд.
2. Субъектҳои ҳамкорӣ ба рушди шаклҳои иқтисодӣ, ки ба дастрасии васеи таҳсилоти касбии сифатнок мусоидат менамоянд, бо роҳҳои зерин кумак мекунанд:
1) рушди механизмҳои маблағгузории низоми тайёр намудани мутахассисон, ки талаботи иқтисодиёти миллӣ ва маҳаллиро бо мутахассисони босалоҳият таъмин менамоянд;
2) истифодаи манбаъҳои гуногуни маблағгузорие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд;
3) таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон, аз ҷумла бо ҷалби имкониятҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
 
Моддаи 17. Ҳавасмандгардонӣ дар низоми тайёр намудани мутахассисон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таклифҳои субъектҳои ҳамкорй барои муҳайё кардани шароити ҳавасмандгардонӣ ба сармоягузорони маблағгузорикунандаи соҳаи тайёр намудани мутахассисон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар сохторҳо, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон ҷойҳои корӣ таъсис медиҳанд, тадбирҳо меандешад.
 
Моддаи 18. Заминаи моддию техникии низоми тайёр намудани мутахассисон
1. Субъектҳои ҳамкорӣ бо тартиби афзалиятнок рушди заминаи моддию техникии низоми тайёр намудани мутахассисонро бо назардошти дурнамои барномаҳои рушди инноватсионии соҳаҳои дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ таъмин менамоянд.
2. Заминаи моддию техникӣ бояд ҷавобгӯи талаботи тайёр намудани мутахассисон дар асоси салоҳият буда, роҳандозии ҳама намудҳои омодагии мутахассисон, корҳои озмоишӣ, корҳои амалӣ ва илмию тадқиқотии таълимгирандагонро, ки дар барномаҳои таълимии дахлдор пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
3. Заминаи моддию техникӣ бояд бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва фосилавии муосир, паркҳои инноватсионию технологӣ ва илмӣ, шаҳракҳои илмӣ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои компютерӣ инкишоф ёбад.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 20. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №8, мод. 832) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2021, № 1761