ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 29/09/2023 - 16:32
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1950
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

 

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 январи соли 2023, № 960

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2023, № 359

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро муқаррар намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) амалиёт ё аҳд бо молу мулк (воситаҳо) - амалҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ки барои муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ нисбат ба маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк равона гардидаанд;

2) амалиёт ё аҳди шубҳанок - амалиёт ё аҳд бо молу мулк (воситаҳо), аз ҷумла кӯшиши анҷом додани амалиёт ё аҳд, новобаста аз маблағи он, ки нисбат ба он шубҳа вуҷуд дорад, ки он метавонад бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд бошад;

3) бонки ниҳонӣ - бонке, ки дар кишвари бақайдгирифта воқеан вуҷуд надорад, соҳиби иҷозатнома аст ва бо ягон гурӯҳи молиявии танзимшаванда, ки бояд таҳти назорати муштарак қарор гирад, муттаҳид нашудааст;

4) воситаҳои гардони манзурӣ - коғазҳои қиматноки манзурӣ (аз ҷумла саҳмияҳо, вомбаргҳо, чекҳо, векселҳо ва супоришномаҳои пулӣ) ё коғазҳои қиматноки дигар (аз ҷумла чекҳо, вомбаргҳо ва супоришномаҳои пулии пуркарданашуда), ки ҳуқуқ ба онҳоро бо пешниҳод намудан бе нишон додани номи гиранда медиҳанд;

5) гурӯҳи молиявӣ - гурӯҳи иборат аз шахси ҳуқуқӣ (ширкати асосӣ), ки фаъолият ва вазифаҳои иштирокдорони боқимондаи гурӯҳро бо мақсади назорати гурӯҳии онҳо, аз ҷумла филиалҳо, корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ва намояндагиҳои он, ки ба онҳо сиёсату тартиботи татбиқшавандаи ҳамаи гурӯҳ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ мегардад, роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозӣ менамояд;

6) ғайрифаъолгардонӣ - манъ кардани интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ ё амалиёти дигар бо молу мулк (воситаҳо)-е, ки дар моликият ё таҳти назорати шахс ё ташкилот, муштарӣ, контрагент ё молик-бенефитсиари ба рӯйхати шахсон, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои бо терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд дохилшуда қарор доранд;

7) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - молу мулк (воситаҳо)-е, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд;

8) дороии маҷозӣ - ифодаи рақамии дороие, ки метавонад ба тарзи рақамӣ савдо карда шавад ё интиқол дода шавад ва метавонад барои пардохт ё сармоягузорӣ истифода бурда шавад, ба истиснои маблағҳои электронӣ ва асъори рақамӣ, ки аз ҷониби давлатҳо бароварда шудаанд, коғазҳои қиматнок ва дигар дороиҳои молиявӣ;

9) идоракунии хавфҳо - ошкор кардан, баҳо додан ва дарк намудани хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва татбиқи минбаъдаи чораҳо барои пешгирӣ ё коҳиш додани оқибатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки ба хавфҳои ошкоршуда мутобиқ мебошанд;

10) кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд - давлатҳо ва ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, инчунин минтақаҳои оффшорӣ;

11) контрагентҳои хориҷӣ - мақомоти салоҳиятдори хориҷӣ, ки дар доираи ҳамкории дархостшаванда уҳдадорию вазифаҳои монандро иҷро мекунанд;

12) қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ё бо мақсади мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, инчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк;

13) маблағгузории терроризм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ истифода мегарданд ва ҳамчунин, агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ, ҳатто агар он бо амал (амалҳо)-и мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад, ё барои маблағгузории сафарҳои шахсон ба давлатҳое, ки давлати будубош ё шаҳрвандии онҳо намебошанд, барои мақсадҳои содир кардан, ба нақша гирифтан, тайёр кардан ё иштирок намудан дар содир намудани амалҳои террористӣ ё дар тайёр кардани террористҳо ё гузаштан аз чунин тайёрӣ истифода нашуда бошанд;

14) маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва (ё) ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд, истифода мегарданд;

15) мақоми ваколатдор - мақоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

16) мақомоти назоратӣ - мақомоти салоҳиятдоре, ки ба зиммаи онҳо уҳдадории назорат дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баҳри таъмини риоя гардидани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда вогузор шудааст;

17) молик-бенефитсиар - шахс (шахсон)-и воқеие, ки бевосита ё бавосита (тавассути шахсони сеюм, аз ҷумла тавассути силсилаи соҳибият) соҳиби ҳуқуқи моликият (соҳиби иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ) мебошад (мебошанд) ё муштариро воқеан назорат мекунад (мекунанд), ё шахси воқеие, ки аз ном ё ба манфиати ӯ амалиёт (аҳд) анҷом дода мешавад, инчунин шахс (шахсон)-и воқеие, ки шахси ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷиро назорат мекунад (мекунанд);

18) молу мулк (воситаҳо) - ҳар гуна дороии моддӣ ё ғайримоддӣ, ашёи манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳои гуногуншакл, аз ҷумла дар шакли электронӣ ё рақамӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, чекҳои роҳ, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо, дороиҳои маҷозӣ ва ғайра;

19) мониторинги молиявӣ - маҷмуи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, ошкор ва роҳ надодани қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда, мақоми ваколатдор ва мақомоти давлатии дигар амалӣ карда мешаванд;

20) муассиси созмони ҳуқуқии хориҷӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибият ба молу мулк (воситаҳо)-и худро ба мудири созмони ҳуқуқии хориҷӣ тавассути шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ё созиши дигари ба ин монанд вогузор менамояд;

21) муносибатҳои корӣ - муносибатҳои байни муштарӣ ва субъекти ҳисоботдиҳанда, ки дар асоси созишнома оид ба хизматрасонии молиявӣ ё хизматрасонии дигар, аз ҷумла амалӣ намудани амалиёт (аҳд) ба вуҷуд омадаанд;

22) муносибатҳои муросилотии бонкӣ - муносибатҳои шартномавӣ байни як ташкилоти қарзии молиявӣ (ташкилоти муросил) бо ташкилоти қарзии молиявии дигар (респондент) бо мақсади иҷрои амалиёти мутақобила, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба идоракунии маблағи пули нақд, клиринги чекҳо, суратҳисобҳои транзитӣ, мубодилаи асъор ва ҳисоббаробаркунии мутақобила;

23) мушаххаскунии муштарӣ - маҷмуи чорабиниҳо оид ба муйаян кардани маълумоти мушаххаскунанда вобаста ба муштарӣ (намояндаи муштарӣ);

24) муштарӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, инчунин созмони ҳуқуқии хориҷӣ, ки таҳти хизматрасонии субъекти ҳисоботдиҳанда мебошад;

25) назорати ҳатмӣ - маҷмуи чораҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор андешидашаванда оид ба назорат кардани амалиёт ва аҳдҳо бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар дар асоси иттилооти пешниҳодкардаи субъекти ҳисоботдиҳанда ё мақомоти давлатӣ, инчунин оид ба санҷиши ин иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

26) муносибати ба хавф нигаронидашуда - чорабиниҳо оид ба идоракунии хавфҳо ва истифодаи чораҳои қатъӣ ҳангоми ҷой доштани хавфи баланд ё чораҳои содашуда ҳангоми ҷой доштани хавфи сатҳи паст мутобиқи расмиёти идоракунии хавфҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;

27) рӯйхатҳои таҳримӣ - рӯйхатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои бо терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд, ки нисбат ба онҳо талабот оид ба ғайрифаъолгардонӣ паҳн мегардад;

28) созмони ҳуқуқии хориҷӣ - низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ (трастҳо ва сохторҳои дигари шабеҳ), ки аз ҷониби шахси воқеӣ (муассиси созмони ҳуқуқии хориҷӣ) мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсис дода шуда, дар он молу мулк (воситаҳо)-и ба ӯ тааллуқдошта таҳти назорат ва идоракунии шахси воқеии дигар (мудир ё сарпараст) қарор дода мешавад, то ки аз ин молу мулк (воситаҳо) ба манфиати бадастоварандаи фоида ё бо мақсади муайян даромад (фоида) гирифта шавад ва ба шарте ки мудир ё сарпараст дар амалҳои худ нисбат ба истифода бурдан ё ихтиёрдорӣ кардани ин молу мулк (воситаҳо) дастурҳои барои ӯ муқарраргардида ва талаботи қонунгузории давлати хориҷиро дастури амал қарор диҳад;

29) сохтори ғайритиҷоратӣ - шахси ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷии ғайритиҷоратие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, ба ҷамъоварӣ ё пешниҳоди маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар барои мақсадҳои хайриявӣ, динӣ, фарҳангӣ, таҳсилотӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ё барои амалӣ намудани корҳои дигар машғул мебошад;

30) хавф - маҷмуи таҳдидҳо, осебпазирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва оқибатҳои бо онҳо алоқаманд барои давлат, мақомоти давлатӣ ва (ё) субъектҳои ҳисоботдиҳанда;

31) шахси мансабдори оммавӣ - яке аз шахсони воқеии зерин:

а) шахси мансабдори оммавии хориҷӣ - шахсе, ки вазифаҳои муҳимми давлатӣ ё сиёсиро дар давлати хориҷӣ иҷро мекунад ё иҷро мекард (сарони давлатҳо ё ҳукуматҳо, ходимони баландпояи сиёсӣ, шахсони мансабдори олии ҳукумат, судҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фискалӣ ва мақомоти давлатии дигар, шахсони мансабдори баландпояи корхонаҳои давлатӣ, инчунин роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ);

б) шахси мансабдори оммавии миллӣ - шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби сиёсии хизмати давлатӣ ё мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ё мансабҳои давлатии ба онҳо баробарро дар қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти давлатии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад ё дар гузашта ишғол карда буд, инчунин шахсони мансабдори баландпояи корхонаҳои азими давлатӣ, роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) шахси мансабдори оммавии ташкилоти байналмилалӣ - шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ, ки ба ӯ вазифаҳои муҳимми ин ташкилоти байналмилалӣ бовар карда шудааст ё бовар карда шуда буд (роҳбарон, муовинони роҳбарон ва аъзои раёсат ё шурои мудирони ташкилоти байналмилалӣ ё шахсони дигари ба онҳо баробаркардашуда дар ташкилоти байналмилалӣ).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Муқаррароти Қонуни мазкур ба амалҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, бо назардошти меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷониби шахсони зерин анҷом дода мешаванд, татбиқ мегардад:

1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) шаҳрвандони хориҷӣ;

3) шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;

4) субъектҳои ҳисоботдиҳанда, аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои онҳо;

5) шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дигар иштирок мекунанд;

6) мақомоти давлатие, ки ба зиммаи онҳо уҳдадории муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва (ё) маблағгузории терроризм ва (ё) маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вогузор шудааст.

2. Қонуни мазкур муносибатҳои шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидаро бо мақсади пешгирӣ, ошкор намудан ва роҳ надодан ба амалҳое, ки бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд, танзим менамояд.

БОБИ 2. ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ПЕШБУРДИ МАЪЛУМОТИ ОМОРӢ

Моддаи 4. Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ таъсис дода мешавад, ки ҳайат ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 5. Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии дигар дар доираи ваколатҳои худ пешбурди маълумоти омориро оид ба масъалаҳои ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дахлдошта ба роҳ мемонанд, ки бояд иттилооти зеринро дар бар гиранд:

1) дар бораи миқдори субъектҳои ҳисоботдиҳандаи таҳти назорат қарордошта;

2) дар бораи иттилооти қабулгардида, санҷидашуда ва фиристондашуда оид ба амалиёту аҳди шубҳанок, инчунин дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда;

3) дар бораи парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида, қатъшуда ва ба суд фиристонидашуда оид ба ҷиноятҳои асосӣ ва ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин дар бораи натиҷаҳои баррасии онҳо дар суд;

4) дар бораи молу мулк (воситаҳо)-и ғайрифаъолгардонидашуда, ҳабсшуда ва мусодирашуда аз рӯйи ҷиноятҳои асосӣ ва ҷиноятҳои алоқаманд бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

5) дар бораи пешниҳод (гирифтан)-и ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар доираи пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ё дархостҳои дигари байналмилалӣ дар хусуси ҳамкорӣ бо контрагентҳои хориҷӣ оид ба ҷиноятҳои асосӣ ва ҷиноятҳои алоқаманд бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

6) дар бораи натиҷаҳои истифода шудани иттилооту маводи аз мақоми ваколатдор гирифташуда;

7) иттилооти дигари барои низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аҳаммиятнок.

2. Барои назорати самаранокии чораҳое, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ ба мақоми ваколатдор маълумоти омории дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ва иттилооти дигари аҳаммиятнокро оид ба чораҳои дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешидашуда пешниҳод менамоянд.

3. Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

БОБИ 3. СУБЪЕКТҲОИ ҲИСОБОТДИҲАНДА ВА ЧОРАҲОИ БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ РАВОНАГАРДИДА

Моддаи 6. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда

Субъектҳои ҳисоботдиҳанда инҳоянд:

1) ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

2) иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок;

3) ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва брокерҳои суғуртавӣ;

4) ташкилотҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ);

5) нуқтаҳои мубодилаи асъор;

6) шахсоне, ки фондҳои сармоягузорӣ ё фондҳои ғайридавлатии нафақаро ба таври касбӣ идора мекунанд;

7) ташкилотҳои алоқаи почта;

8) гаравхонаҳо;

9) биржаҳои мол ё биржаҳои дигаре, ки бо молҳои биржавӣ амалиёти молиявиро анҷом медиҳанд;

10) ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ;

11) шахсоне, ки ба таври касбӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз онҳо, инчунин шикастапораҳои ин маснуотро хариду фурӯш мекунанд;

12) шахсоне, ки ба таври касбӣ амалиётро бо молу мулки ғайриманқул анҷом медиҳанд;

13) ташкилот ва субъектҳои дигаре, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозии лото, лоторея ва бозиҳои дигар, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузаронанд, ки дар онҳо фонди ҷоизавӣ аз маблағҳои ҷалбшудаи иштирокдорони он таъсис дода мешавад;

14) адвокатҳо, шахсоне, ки амалиёти нотариалиро анҷом медиҳанд, муҳосибони касбӣ ва ташкилотҳои муҳосибӣ, шахсоне, ки хизматрасонии ҳуқуқӣ мерасонанд, дар ҳолате ки онҳо барои муштариёни худ аҳдҳои зеринро омода ё анҷом медиҳанд:

а) харид ё фурӯши молу мулки ғайриманқул;

б) идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк (маблағҳо)-и муштариён;

в) идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ ё суратҳисоби коғазҳои қиматнок;

г) ташкили ҷалби ҳақгузориҳо (ҷамъ кардани маблағҳо) бо мақсади таъсис, таъмини фаъолияти ширкатҳо ё идора кардани онҳо;

д) таъсис ва таъмини фаъолият ё идоракунии шахси ҳуқуқӣ ё хариду фурӯши корхонаҳо;

15) шахсоне, ки хизматрасонии созмони ҳуқуқии хориҷиро анҷом медиҳанд ё барои ташкили ширкатҳо хизмат мерасонанд, ҳангоми ба шахсони сеюм расондани яке аз хизматҳои зерин:

а) ба сифати агент оид ба таъсиси шахси ҳуқуқӣ амал мекунанд;

б) ба сифати директор ё котиби ширкат, иштирокдори ширкат ё ҳамин гуна мансаб нисбат ба шахсони ҳуқуқии дигар амал мекунанд (ё барои шахсони дигар имконият муҳайё мекунанд, ки ба ин сифат амал кунанд);

в) дафтари бақайдгирифташуда, суроғаи ҳуқуқӣ ё бино, суроғаи муросилотӣ ё маъмурӣ барои ширкат, рафоқат ё шахси дигари ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд;

г) ба сифати мудир ё сарпараст ва ё мансабҳои дигари ба онҳо баробар дар созмони ҳуқуқии хориҷӣ амал мекунанд (ё барои дигар шахсон имконият муҳайё мекунанд, ки ба ин сифат амал кунанд);

д) ба сифати дорандаи номиналии саҳмияҳо барои шахси дигар ё намояндаи ваколатдор амал мекунанд (ё барои шахсони дигар имконият муҳайё мекунанд, ки ба ин сифат амал кунанд).

Моддаи 7. Чораҳо оид ба баҳодиҳӣ ва коҳиш додани хавфҳо

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд:

1) барои муайянсозӣ (ошкорсозӣ), баҳодиҳӣ ва дарки хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳои дахлдор андешанд;

2) ҳангоми баҳодиҳии хавфҳо натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки дар сатҳи миллӣ ё соҳавӣ гузаронда шудаанд, ба инобат гиранд;

3) ҳамаи омилҳои дахлдори хавфро пеш аз муайян кардани сатҳи умумии хавф, инчунин намуд ва ҳаҷми чораҳои зарурие, ки барои коҳиш додани он андешида мешаванд, баррасӣ намоянд;

4) баҳодиҳии хавфҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намоянд ва мунтазамна камтар аз як маротиба дар як сол ҳангоми ҷой доштани хавфи баланд ё на камтар аз як маротиба дар се сол дар ҳолатҳои дигар, нав кунанд;

5) ба мақомоти дахлдори назоратӣ ва мақоми ваколатдор дар бораи баҳодиҳии хавфҳо иттилоот пешниҳод намоянд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардидаро нисбат ба субъектҳо ва объектҳои зерин андешанд:

1) муштариёни худ;

2) кишварҳо ё минтақаҳои ҷуғрофие, ки муштариён аз он ҷо мебошанд ё дар онҳо қарор доранд;

3) кишварҳо ё минтақаҳои ҷуғрофие, ки дар онҳо субъекти ҳисоботдиҳанда фаъолият мекунад;

4) маҳсулот, хизматрасонӣ, амалиёт ва роҳҳои таҳвили субъекти ҳисоботдиҳанда.

3. Хусусият ва миқёси баҳодиҳии хавфҳо бояд ба хусусияту фаъолияти субъекти ҳисоботдиҳанда мутобиқат намоянд.

4. Барои амалӣ намудани талаботи қисмҳои 1-3 моддаи мазкур субъекти ҳисоботдиҳанда:

1) барнома (қоида, расмиёт)-и назорати дохилиро таҳия ва амалӣ менамояд, ки он аз ҷониби роҳбарияти олӣ (вобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мақоми идоракунӣ (шурои нозирон (шурои директорон) ё мақоми иҷроия (раёсат) ё ҳангоми ҷой доштани мақоми яккасардории иҷроия директори генералӣ (директор) тасдиқ мегардад;

2) амалӣ шудани барнома (қоида, расмиёт)-и назорати дохилиро мунтазам назорат намуда, ҳангоми зарурат онро тақвият мебахшад;

3) дар сурати ошкор шудани хавфҳои баланд барои танзими босамар ва коҳиш додани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад;

4) қабули чораҳои қатъӣ ё чораҳои дахлдорро барои танзими босамар ва коҳиш додани хавфҳои ошкоршуда мутобиқи баҳодиҳии хавфҳо ва дастурҳои мақоми ваколатдор ва мақомоти дахлдори назоратӣ таъмин менамояд.

5. Тартиби баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Моддаи 8. Ҷорӣ намудани технологияҳои нав

1. Субъекти ҳисоботдиҳанда уҳдадор аст хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки метавонанд вобаста ба таҳияи маҳсулоту хизматрасонии нав ё усулҳои нави пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла механизмҳои нави таҳвилро бо истифода аз технологияҳои нав ё тараққикунанда ҳам барои маҳсулоти нав ва ҳам мавҷуда муайян ва баҳодиҳӣ намояд.

2. Субъекти ҳисоботдиҳанда уҳдадор аст хавфҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо қабл аз роҳандозӣ ё истифода намудани чунин маҳсулот, усулҳо ё технологияҳо баҳо диҳад, инчунин барои танзим ва коҳиш додани онҳо чораҳои дахлдор андешад.

Моддаи 9. Чораҳо оид ба санҷиши дахлдори муштариён

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд нисбат ба муштариёни худ чораҳои зерини санҷиши дахлдори муштариро татбиқ намоянд:

1) то ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё анҷом додани амалиёти якдафъаина ё дар вақти он:

а) шахсияти муштариро мушаххас намоянд ва санҷанд;

б) шахсияти молик-бенефитсиарро мушаххас карда, барои санҷиши шахсияти молик-бенефитсиар бо истифода аз иттилооти саҳеҳ ё маълумоти аз манбаи боэътимод дастрасшуда чораҳои зарурӣ андешанд;

2) дар ҳолати аз номи муштарӣ намоянда ё шахси бовариноки ӯ дар асоси ваколатҳои бо ваколатнома, қонун ё дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот додашуда баромад намудан, шахсияти шахсеро, ки аз муштарӣ намояндагӣ мекунад, мушаххас ва санҷиш намуда, ваколатҳои дахлдор доштани ӯро санҷанд;

3) ҳадафу хусусияти эҳтимолии муносибатҳои кориро муайян ва дар ҳолати зарурӣ оид ба он иттилоъ гиранд, инчунин нисбат ба муштариёне, ки шахсони ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд, хусусияти фаъолияти муштарӣ, сохтори моликият ва идоракунии онро донанд;

4) мунтазам муносибатҳои кориро таҳлил намоянд, инчунин амалиёту аҳдҳоеро, ки дар рафти чунин муносибатҳо анҷом дода мешаванд, барои таъмини он, ки амалиёти иҷрошаванда ба маълумоти субъекти ҳисоботдиҳанда дар бораи муштарӣ, фаъолияти хоҷагии вай ва хусусияти хавф, аз ҷумла дар ҳолати зарурат оид ба манбаи маблағҳо мутобиқат намоянд, санҷанд;

5) ҳуҷҷатҳо, маълумот ё иттилоотеро, ки дар раванди санҷиши дахлдори муштарӣ мутобиқи моддаи мазкур ҷамъоварӣ шудаанд, махсусан ҳангоми ҷой доштани дараҷаи баланди хавф, мунтазам нав кунанд.

2. Субъекти ҳисоботдиҳанда уҳдадор аст чораҳоро оид ба санҷиши дахлдори муштариён, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дар ҳолатҳои зерин андешад:

1) ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ;

2) ҳангоми анҷом додани ҳар гуна амалиёт ва аҳди якдафъаина ё якчанд амалиёт ё аҳди ба ҳам алоқаманд ба андозаи баробар ба маблағи муайяннамудаи мақоми ваколатдор ва ё зиёда аз он;

3) ҳангоми мавҷуд будани шубҳа ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, новобаста аз маблағи амалиёт ё аҳд ё ягон истиснои дигар;

4) дар ҳолате, ки субъекти ҳисоботдиҳанда ба дурустӣ ё мутобиқатии иттилооти қаблан дар бораи мушаххаскунии муштарӣ дастрасшуда шубҳа дошта бошад.

3. Дар ҳолате, ки субъекти ҳисоботдиҳанда талабот оид ба санҷиши дахлдори муштариёнро ба таври дахлдор иҷро карда натавонад, он гоҳ он уҳдадор аст:

1) ба муштарӣ суратҳисоб накушояд, бо ӯ муносибати корӣ барқарор накунад ва амалиёт анҷом надиҳад, инчунин муносибатҳои кориро қатъ намояд;

2) зарурати нисбат ба муштарӣ фиристодани хабарномаро оид ба аҳд ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдор баррасӣ намояд.

4. Агар субъекти ҳисоботдиҳанда доир ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шубҳа пайдо намуда, бовар дошта бошад, ки анҷом додани расмиёти санҷиши дахлдори муштарӣ ба ифшо кардани иттилоот ба муштарӣ ва огаҳӣ ёфтани он аз шубҳа боис мегардад, субъекти ҳисоботдиҳанда метавонад расмиёти санҷиши дахлдори муштариро нагузаронда, ба мақоми ваколатдор дар бораи амалиёти шубҳанок мутобиқи моддаи 18 Қонуни мазкур хабарнома ирсол намояд.

5. Чораҳои санҷиши дахлдори муштариён, ки дар моддаи мазкур муқаррар шудаанд, ба ҳамаи муштариёни нав ва мавҷудаи субъекти ҳисоботдиҳанда, бо дар назар доштани санҷиши дахлдори муштарӣ, ки қаблан гузаронда шудааст ва дараҷаи хавф, татбиқ мегарданд. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда санҷиши дахлдори чунин муносибатҳои ҷойдоштаро дар вақти муносиб гузаронда, қаблан замони андешидани чунин чораҳо ва дурустии маълумоти дастрасшударо ба назар мегиранд.

6. Ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда кушодани суратҳисоб ба соҳибони номаълум ё пеш бурдани суратҳисобҳои мавҷуда ба номҳои сохта манъ мебошад.

7. Санҷиши дахлдори муштарӣ, ки дар моддаи мазкур муқаррар шудааст, тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 10. Ба анҷом расондани санҷиши дахлдори муштарӣ баъд аз ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ

Санҷиши дахлдори муштарӣ ва молик-бенефитсиар метавонад бо риояи муқаррароти моддаи 9 Қонуни мазкур баъди ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ба анҷом расонда шавад, ба шарте ки:

1) он барои халалдор накардани раванди муқаррарии пешбурди фаъолияти хоҷагӣ зарур бошад;

2) субъекти ҳисоботдиҳанда расмиёти идоракунии хавфҳоро нисбат ба шароите ҷорӣ намудааст, ки дар доираи он муштарӣ метавонад муносибатҳои кориро пеш аз санҷиш истифода барад;

3) хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баланд набуда, самаранок танзим мегарданд;

4) раванди санҷиш дар кӯтоҳтарин муҳлати оқилона ба анҷом расонда мешавад.

Моддаи 11. Чораҳои содашудаи санҷиши дахлдори муштарӣ

1. Ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда иҷозат дода мешавад, ки нисбат ба тадбирҳои дар қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинигардида чораҳои содашудаи санҷиши дахлдори муштариро тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор татбиқ намоянд, агар дараҷаи пасти хавфи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муқаррар шуда, яке аз шартҳои зерин мавҷуд бошад:

1) муштарӣ мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилот (корхона, муассиса)-и таъсисдодаи давлат ё субъекти ҳисоботдиҳанда мебошад;

2) муштарӣ ҷамъияти саҳомие мебошад, ки саҳмияҳояш дар биржаи фондӣ савдо мешаванд ва нисбат ба он талабот оид ба ифшои иттилооти тибқи қоидаҳои биржаи фондӣ ё қонунгузорӣ ва (ё) ба воситаи чораҳои иҷрояшон ҳатмӣ татбиқ мегардад, ки мутобиқи он барои таъмин намудани шаффофияти моликбенефитсиар уҳдадор гардидааст;

3) муштарӣ шахси воқеӣ буда, амалиёт бо он воқеан хавфи паст дорад.

2. Чораҳои содашудаи роҳандозишаванда бояд ба омилҳои хавфи пасти ошкоршуда муносиб бошанд.

3. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:

1) агар оид ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шубҳа мавҷуд бошад;

2) нисбат ба муштарӣ ё амалиёт имкони татбиқи сенарияҳои мушаххаси хавфи баланд мавҷуд бошад.

4. Мақоми ваколатдор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори назоратӣ нисбат ба чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда метавонад истисно муқаррар намояд ё татбиқи чораҳои содашудаи санҷиши дахлдори муштариро ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда иҷозат диҳад, агар баъди таҳлили лозимӣ аз тарафи ин мақомот дараҷаи пасти хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ошкор гардида бошад.

Моддаи 12. Чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ

Субъектҳои ҳисоботдиҳанда нисбат ба муштариён ва амалиётҳое, ки дорои хавфи баланди қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошанд, уҳдадоранд чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштариро, ки мутаносиб ба хавфҳои баланди ошкоршуда мебошанд, татбиқ намоянд.

Моддаи 13. Уҳдадории субъектҳои ҳисоботдиҳанда вобаста ба муайян намудани шахсони мансабдори оммавӣ

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда илова ба чораҳои санҷиши дахлдори муштарӣ, ки дар қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, уҳдадоранд:

1) барои ошкор намудани шахсони мансабдори оммавӣ аз байни муштариён ва молик-бенефитсиарҳо, ки ба онҳо хизмат расонда мешавад ё барои хизматрасонӣ қабул карда мешаванд, низоми идоракунии хавфҳоро истифода баранд;

2) муштариён ва молик-бенефитсиарҳоро, ки шахсони мансабдори оммавӣ ҳастанд ё шахсони мансабдори оммавӣ шудаанд, танҳо дар асоси иҷозати хаттии роҳбари субъекти ҳисоботдиҳанда ё муовини ӯ, инчунин роҳбари воҳиди сохтории алоҳидаи субъекти ҳисоботдиҳанда, ки ба он аз ҷониби роҳбари субъекти ҳисоботдиҳанда ё муовини ӯ ваколатҳои дахлдор дода шудаанд, барои хизмат қабул кунанд ё хизматрасониро ба онҳо идома диҳанд;

3) барои муайян намудани манбаи пайдоиши маблағҳои пулӣ ва молу мулки дигари муштариён ва молик-бенефитсиарҳо, ки шахсони мансабдори оммавӣ мебошанд, чораҳои асоснок ва дастрас андешанд;

4) мониторинги мунтазаму қатъии ин муносибатҳоро амалӣ намоянд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд чораҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкурро инчунин нисбат ба шахсони зерин татбиқ намоянд:

1) хешовандони наздики шахсони мансабдори оммавӣ (зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахсони дигаре, ки аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи онҳо ё маълумоти дастрас бо шахси мансабдори оммавӣ ба таври доимӣ якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд);

2) шахсоне, ки аз номи шахсони мансабдори оммавӣ амал мекунанд.

Моддаи 14. Кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд

1. Субъекти ҳисоботдиҳанда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт ва аҳд бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла субъектҳои ҳисоботдиҳанда, ки аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд мебошанд, уҳдадор аст чораҳои қатъии санҷиши дахлдор ва чораҳои дигари ба хавфҳо мувофиқро татбиқ намояд.

2. Мақоми ваколатдор ва мақомоти назоратӣ чораҳои ҷавобии ба хавфҳо мувофиқро барои ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт ва аҳд бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд тибқи дархости Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ё ташкилотҳои байналмилалии дигар, инчунин новобаста аз мавҷудияти чунин дархост татбиқ менамоянд.

3. Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшавандаро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Моддаи 15. Истифодаи тарафҳои сеюм барои гузарондани чораҳои санҷиши дахлдори муштарӣ

Субъектҳои ҳисоботдиҳанда метавонанд барои гузарондани чораҳои санҷиши дахлдори муштарӣ, ки дар бандҳои 1) - 4) қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, миёнаравон ё тарафҳои дигари сеюмро истифода баранд. Дар чунин ҳолат масъулияти ниҳоӣ барои андешидани чораҳои мазкур оид ба санҷиши дахлдори муштариён ба зиммаи субъекти ҳисоботдиҳанда, ки аз хизматрасонии тарафи сеюм истифода мебарад, вогузор мегардад. Шартҳое, ки тибқи онҳо субъекти ҳисоботдиҳанда метавонад барои гузарондани санҷиши дахлдори муштарӣ аз хизматрасонии миёнаравон ё тарафҳои дигари сеюм истифода барад, бо дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор муайян карда мешаванд.

Моддаи 16. Нигоҳдории маълумоту ҳуҷҷатҳо дар бораи амалиёт ва муштариён

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд маълумоту ҳуҷҷатҳои зеринро на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ бо муштарӣ, баста шудани суратҳисоб ё анҷом додани аҳди якдафъаина нигоҳдорӣ намоянд:

1) маълумот, мукотибаи корӣ, беруннавис оид ба суратҳисобҳо ва нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи гузарондани санҷиши дахлдори муштарӣ мутобиқи Қонуни мазкур гирифта шудаанд;

2) маълумоту ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамаи амалиёт (аҳд)-и гузарондашуда;

3) натиҷаи таҳлилҳои гузарондаи амалиёт (аҳд)-и муштариён;

4) маълумоту ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом пешбинӣ намудааст.

2. Маълумоту ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда бояд дар ҳаҷми кофие нигоҳдорӣ шаванд, ки барои барқарор кардани амалиётҳои алоҳида ё пайгирӣ намудани воситаҳо имкон диҳанд, то ин ки дар ҳолати зарурӣ онҳо зимни тафтиш ва мурофиаи судӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун далел ҳисобида шаванд. Маълумоту ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақомоти салоҳиятдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 17. Хусусиятҳои татбиқи меъёрҳои Қонуни мазкур аз ҷониби субъектҳои алоҳидаи ҳисоботдиҳанда

Талаботи моддаҳои алоҳидаи Қонуни мазкур нисбат ба субъектҳои ҳисоботдиҳандаи дар моддаи мазкур муқарраршуда дар ҳолатҳои зерин татбиқ мегарданд:

1) шахсоне, ки ба таври касбӣ амалиётҳоро бо молу мулки ғайриманқул анҷом медиҳанд, талаботи дар моддаҳои 9-16 Қонуни мазкур пешбинишударо дар ҳолате иҷро мекунанд, ки агар онҳо амалиёти хариду фурӯши молу мулки ғайриманқулро барои муштариёни худ анҷом диҳанд;

2) шахсоне, ки ба таври касбӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз онҳо, инчунин шикастапораҳои ин маснуотро хариду фурӯш мекунанд, талаботи дар моддаҳои 9-16 ва 18 Қонуни мазкур пешбинишударо дар ҳолате иҷро мекунанд, ки агар онҳо бо муштарӣ амалиётро бо маблағҳои пулӣ ба маблағи баробар ба ҳадди муқарраршуда ё зиёда аз он анҷом диҳанд;

3) ташкилотҳо ва субъектҳои дигаре, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозии лото, лоторея ва бозиҳои дигар, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузаронанд, ки дар онҳо фонди ҷоизавӣ аз маблағҳои ҷалбшудаи иштирокдорони он таъсис дода мешавад, талаботи дар моддаҳои 9-16 Қонуни мазкур пешбинишударо дар ҳолате иҷро мекунанд, ки агар онҳо амалиёт бо маблағҳои пулиро бо муштарӣ баробар ба маблағи ҳадди муқарраршуда ё зиёда аз он анҷом диҳанд.

Моддаи 18. Хабар додан дар бораи амалиёт ё аҳди шубҳанок

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд ба мақоми ваколатдор дар бораи ҳама гуна амалиёту аҳди шубҳанок, ки муштариёнашон анҷом додаанд, ё дар бораи ҳама гуна кӯшиши анҷом додани амалиёту аҳди шубҳанок фавран бо тартиби муқарраркардаи мақоми ваколатдор хабар диҳанд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок дар ҳолатҳое хабар медиҳанд, ки агар:

1) асосҳои оқилонаи шубҳанокӣ ҷой дошта бошанд, ки молу мулк (воситаҳо) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда, аз ҷумла аз ҳисоби ҷиноятҳои асосӣ мебошанд ё амалиёт ва аҳд бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд;

2) яке аз тарафҳои амалиёт ё аҳд шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки нисбат ба он маълумот ё асосҳои оқилонаи шубҳанокӣ вуҷуд доранд, ки он дар фаъолияти террористӣ ё паҳнсозии силоҳи қатли ом иштирок мекунад, ё шахси ҳуқуқии бевосита ё бавосита дар моликият ё зери назорати чунин шахсон қарордошта ё шахси воқеии аз ном ё бо супориши чунин ташкилотҳо ё шахсон амалкунанда мебошад, дар ҳолатҳое, ки агар чунин шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба рӯйхати таҳримҳо дохил набошад.

3. Хабар дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок, аз ҷумла дар бораи кӯшиши анҷом додани амалиёту аҳди шубҳанок бояд новобаста ба маблағи амалиёт (аҳд)-и анҷомдода ё анҷомдодашаванда фиристода шавад.

4. Тартиби пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок, инчунин феҳристи аломатҳои амалиёту аҳди шубҳанокро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

5. Субъекти ҳисоботдиҳанда тибқи дархости мақоми ваколатдор бо мақсади ба он пешниҳод намудани иттилооти иловагӣ дар бораи амалиётҳо ё аҳде, ки дар бораашон мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур хабарнома ирсол гардида буд ва интиқоли ҳуҷҷатҳои ба ин амалиётҳо тааллуқдошта фавран ҳамкориро ба роҳ мемонад.

Моддаи 19. Амалиёти ҳатман назоратшаванда

1. Амалиёт бо молу мулк (воситаҳо) ҳатман назорат карда мешавад, агар он аз рӯйи хусусияти худ ба яке аз намудҳои амалиётҳое, ки онҳоро мақоми ваколатдор ҳамчун амалиёти ҳатман назоратшаванда муайян кардааст, тааллуқ дошта бошад.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд ба мақоми ваколатдор дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда иттилоот пешниҳод намоянд. Намудҳои амалиёти ҳатман назоратшаванда ва тартиби пешниҳоди иттилоот дар бораи онҳо бо дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор муайян карда мешаванд.

Моддаи 20. Боздоштани амалиёт

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда амалиёту аҳди дар қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур зикршударо, ба истиснои амалиёти ба суратҳисоб ворид кардани маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ воридшуда ба муҳлати се рӯзи корӣ аз санае, ки фармоиши муштариён оид ба анҷом додани онҳо бояд иҷро шавад (дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор), бозмедоранд ва фавран на дертар аз бисту чор соат баъд аз боздоштани амалиёт ба мақоми ваколатдор иттилоот пешниҳод менамоянд.

2. Ҳангоми дар ҷараёни давомияти муҳлати боздории дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда нагирифтани қарори мақоми ваколатдор оид ба боздоштани амалиёти дахлдор, ки тибқи қисми 5 моддаи мазкур қабул гардидааст, субъектҳои ҳисоботдиҳанда амалиёт ё аҳдро бо фармоиши муштарӣ ба анҷом мерасонанд, агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дигаре оид ба маҳдудкунии амалӣ намудани он қабул нашуда бошад.

3. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда иҷро кардани фармоиши муштариро оид ба анҷом додани амалиёт ё аҳд, ки аз рӯйи он ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба қайд гирифтани иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод нашудаанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод шудааст, рад менамоянд ва масъалаи ба мақоми ваколатдор фиристодани хабарномаро мутобиқи моддаи 18 Қонуни мазкур баррасӣ менамоянд.

4. Боздоштани амалиётҳо мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва рад кардани иҷрои амалиётҳо мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур ҷиҳати ба миён омадани ҷавобгарии ҳуқуқии мадании субъекти ҳисоботдиҳанда барои риоя накардани шартҳои шартномаи дахлдор асос шуда наметавонад, ба истиснои беасос ҳисобидани чунин боздошт ва радкунӣ.

5. Мақоми ваколатдор дар бораи ба муҳлати то понздаҳ рӯзи корӣ боздоштани амалиёт ва аҳде, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидаанд, қарор қабул менамояд, агар иттилооте, ки он аз субъекти ҳисоботдиҳанда мутобиқи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур гирифтааст, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши пешакӣ асоснок ҳисобида шавад. Мақоми ваколатдор метавонад қарорро дар бораи ба муҳлати то понздаҳ рӯзи корӣ боздоштани амалиёт ва аҳд, инчунин ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои шубҳа ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ё ба ҷиноятҳои асосӣ, новобаста ба ҳама гуна ҳолат, қабул намояд.

6. Иҷрои қарори мақоми ваколатдор дар бораи боздоштани амалиёт ва аҳд аз ҷониби ҳамаи субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҳатмӣ мебошад.

7. Дар рӯзи қабул гардидани қарор дар бораи боздоштани амалиёт ё аҳд мақоми ваколатдор рӯзи қатъ гардидани амали қарори мазкурро ба субъекти ҳисоботдиҳанда хабар медиҳад.

8. Мақоми ваколатдор қарорро дар бораи боздоштани амалиётҳо бо маблағҳои пулӣ ва молу мулки дигар фавран бекор мекунад, агар иттилооти мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур гирифтаашро аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши пешакӣ беасос эътироф намояд.

Моддаи 21. Уҳдадориҳо оид ба ғайрифаъолгардонии молу мулк (воситаҳо)-и шахсоне, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил карда шудаанд

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд бе таъхир ва бе огоҳии пешакӣ амалиёт (аҳд) ва молу мулк (воситаҳо)-и шахсон ва ташкилотҳоро, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил шудаанд, ғайрифаъол намоянд.

2. Ғайрифаъол карда мешаванд:

1) молу мулк (воситаҳо)-е, ки барои содир кардани фаъолияти террористӣ, маблағгузории терроризм, террористони алоҳида ё ташкилотҳои террористӣ, инчунин барои паҳнсозии силоҳи қатли ом истифода ё пешбинӣ шудаанд;

2) молу мулк (воситаҳо)-е, ки дар моликият ё моликияти умумӣ, ё таҳти назорати бевосита ё бавоситаи (тариқи шахсони дигар) шахсон ва ташкилотҳои ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда қарор доранд;

3) молу мулк (воситаҳо)-е, ки аз молу мулк (воситаҳо)-и бевосита ё бавосита таҳти моликият ё таҳти назорати шахсон ва ташкилотҳои ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда гирифта ё истеҳсол шудаанд;

4) молу мулк (воситаҳо)-и шахсон ва ташкилотҳо, ки аз ном ё бо супориши шахсон ва ташкилотҳои ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда амал мекунанд.

3. Амалиёт (аҳд) ва молу мулк (воситаҳо)-и шахс ё ташкилоте, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил шудаанд, ба муҳлати номуайян ғайрифаъол карда мешаванд ва ҳангоми хориҷ кардани шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯйхати таҳримҳо ё дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол гардонда мешаванд.

4. Ғайрифаъолгардонии амалиёт (аҳд) ва молу мулк (воситаҳо)и шахс ва ташкилоти ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда ҷиҳати ба миён омадани ҷавобгарии ҳуқуқии мадании субъектҳои ҳисоботдиҳанда барои вайрон кардани шартҳои шартномаҳои дахлдор асос намебошад. Ҳангоми татбиқ намудани чораҳои манъсозӣ ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони бовиҷдони сеюм, ки оқилона ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, таъмин карда мешавад.

5. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда бевосита ё бавосита, пурра ё қисман пешниҳод кардани ягон молу мулк (воситаҳо), захираҳои иқтисодӣ, хизматрасонии молиявӣ ё хизматрасонии дахлдори дигар ба манфиати шахсон ва ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати таҳримҳо дохилшуда, ташкилотҳое, ки бевосита ё бавосита таҳти моликият ё таҳти назорати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба рӯйхати таҳримҳо дохил шудаанд ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз ном ё бо супориши шахсон ва ташкилоти амалкунанда, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохиланд, манъ мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

6. Тартиби гузарондани чорабиниҳоро оид ба ғайрифаъолгардонӣ ва фаъол гардондани воситаҳои молиявӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 22. Манъи додани иттилоот ба муштариён ва шахсони дигар дар бораи чораҳое, ки доир ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда, роҳбарон ё кормандон (доимӣ ва муваққатӣ)-и онҳо дар вақти фиристодани огоҳинома ё пешниҳоди иттилоот ба мақоми ваколатдор ё мақомоти назоратӣ ҳуқуқ надоранд, ки муштариёни худ ё шахсони дигарро дар ин хусус хабардор намоянд.

2. Пешниҳоди иттилоот ва ҳуҷҷатҳо ба мақоми ваколатдор ё мақомоти назоратӣ аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда, филиалҳо, роҳбарон ё кормандони онҳо риоя накардани сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда ҳисобида намешавад ва боиси ҷавобгарии маданӣ, интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ намегардад.

БОБИ 4. БАРНОМАҲОИ НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР СУБЪЕКТҲОИ ҲИСОБОТДИҲАНДА, ФИЛИАЛҲОИ ХОРИҶӢ ВА КОРХОНАҲО (ҶАМЪИЯТҲО)-И ФАРЪИИ ОНҲО

Моддаи 23. Барномаҳои назорати дохилӣ дар субъектҳои ҳисоботдиҳанда, филиалҳои хориҷӣ ва корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръии онҳо

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд барномаҳоеро, ки барои иҷрои самараноки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом имкон медиҳанд, бо дар назар доштани хавфҳое, ки мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур ва хусусияти фаъолияти ташкилот муайян шудаанд, таҳия ва амалӣ намоянд. Барномаҳои мазкур бояд инҳоро дар бар гиранд:

1) расмиёт ва қоидаҳои дохилӣ оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ ва нигоҳдории маълумоте, ки дар натиҷаи чунин санҷиш ба даст омадаанд;

2) тартиб ва дастур оид ба назорати амалиёту аҳд ва ошкор кардани амалиёту аҳди шубҳанок, инчунин амалиёту аҳди ҳатман назоратшаванда;

3) расмиёти интихоб ва санҷиш ҳангоми киро кардани кормандон;

4) талабот барои омодасозӣ ва таълими кормандон, барномаи таълимии кормандон;

5) на камтар аз як маротиба дар ду сол омодасозӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

6) тартиби аудити дохилӣ ё берунаи мустақил барои санҷиши низоми чораҳои назорати дохилӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар субъекти ҳисоботдиҳанда;

7) талабот нисбат ба шахси масъул (мутахассиси комплаенс (мувофиқа) ва шахсони ӯро ивазкунанда, ки барои риояи барномаву қоидаҳои назорати дохилӣ дар самти қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом масъул мебошанд;

8) амалӣ намудани чораҳо доир ба таъмини иҷрои дахлдори уҳдадориҳо оид ба ғайрифаъолгардонии молу мулк (воситаҳо)-и шахсоне, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил карда шудаанд.

2. Гурӯҳҳои молиявӣ ва гурӯҳҳои ба онҳо монанди субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд дар сатҳи гурӯҳ барномаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки нисбат ба ҳамаи филиалу намояндагиҳо, корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ бо иштироки назораткунанда амал мекунанд, татбиқ намоянд. Чунин барномаҳо, илова ба чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ҳамчунин инҳоро бояд дар бар гиранд:

1) расмиёт ва қоидаҳо оид ба мубодилаи иттилоот дар сатҳи гурӯҳ, ки барои мақсадҳои санҷиши дахлдори муштариён ва идоракунии хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом зарур мебошанд;

2) дар сатҳи гурӯҳ таъмин намудани мутобиқати низоми чораҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудит ва вазифаҳои дахлдори дигар дар сатҳи гурӯҳӣ, пешниҳоди маълумот дар бораи муштариён, суратҳисобҳо ва амалиётҳои аз филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ гирифташуда ҳангоми зарур будани он барои мақсадҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

3) кафолатҳои таъмини муносиби маҳрамият ва истифодаи иттилооти гирифташуда.

3. Иттилооти дар банди 2) қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда иттилоот ва маълумоти таҳлилӣ оид ба амалиётҳо ва навъҳои фаъолиятеро, ки ғайримуқаррарӣ мебошанд, дар бар мегиранд, ба шарте ки чунин таҳлил гузаронда шуда бошад. Филиалҳо ва корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ бояд чунин иттилоотро аз сохторҳои дахлдор дар сатҳи гурӯҳи молиявӣ гиранд, агар он барои мақсадҳои идоракунии хавфҳо зарур ва ба мақсад мувофиқ бошад. Мақоми ваколатдор метавонад андозаи иттилооти дар доираи гурӯҳи молиявӣ пешниҳодшавандаро вобаста ба маҳрамияти иттилоот, инчунин аҳаммияти он барои мақсадҳои идоракунии хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян кунад.

4. Субъекти ҳисоботдиҳанда бояд аз ҷониби филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ва вобастаи хориҷии он татбиқ шудани чораҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки ба талаботи Қонуни мазкур мувофиқ мебошанд, таъмин намояд, агар талаботи ҳадди ақали қонунгузории кишвари ҷойгиршавии филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ё вобастаи он нисбатан сабуктар буда, инро қонуну санадҳои меъёрии кишвари ҷойгиршавии онҳо иҷозат диҳанд. Дар ҳолате, ки агар қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар кишвари ҷойгиршавии филиалу корхонаҳо (ҷамъиятҳо)-и фаръӣ ё вобастаи субъекти ҳисоботдиҳанда татбиқи талаботи Қонуни мазкурро манъ намоянд ё монеаи он гарданд, он гоҳ гурӯҳҳои молиявӣ бояд чораҳои иловагии мақсаднокро барои идоракунии ин хавфҳо андешида, дар ин хусус мақомоти дахлдори назоратӣ ва мақоми ваколатдорро огоҳ намоянд.

5. Таҳвилгарони хизматрасонии пардохтӣ, ки фаъолияти агенти бонкии пардохтиро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд агентҳо (субагентҳо)-и бонкии пардохтии худро ба барномаҳои худ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил кунанд.

6. Талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.

БОБИ 5. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ ДИГАР

Моддаи 24. Бонкҳои ниҳонӣ

Таъсис ва пешбурди фаъолияти бонкҳои ниҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

Моддаи 25. Муносибатҳои муросилотии бонкӣ

1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ё муносибатҳои дигари ба онҳо монанд уҳдадоранд:

1) маълумоти кофӣ дар бораи респондент ҷамъоварӣ намоянд, то ки хусусияти фаъолияти иқтисодии онро пурра донанд, инчунин дар асоси иттилооти дастрасиаш умум нуфузу эътибор ва сифати назоратро, аз ҷумла дар бораи он, ки оё он объекти тафтиш ё танзим вобаста ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буд ё не муайян намояд;

2) механизмҳои назорати муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли оми респондентро баҳо диҳанд;

3) қабл аз ба роҳ мондани чунин муносибатҳои нав ризоияти роҳбар ё шахси ивазкунандаи ӯро гиранд;

4) уҳдадориҳои тарафҳоро оид ба пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар созишнома бо респондент дақиқ муайян намоянд.

2. Агар дар муносибатҳои муросилотии бонкӣ суратҳисобҳои транзитӣ истифода шаванд, субъекти ҳисоботдиҳанда бояд боварӣ ҳосил намояд, ки бонки респондент уҳдадориҳоро оид ба гузарондани санҷиши дахлдори муштариёне, ки ба суратҳисоби бонки муросил дастрасии бевосита доранд, иҷро менамояд, инчунин маълумоти зимни чунин санҷиши дахлдори муштариён бадастоварда метавонад дар асоси дархост ба бонки муросил пешниҳод карда шавад.

3. Ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ниҳонӣ ё идома додани чунин муносибатҳо манъ аст. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки ташкилотҳои молиявӣ-респондентҳо истифода намудани суратҳисобҳои худро ба бонкҳои ниҳонӣ иҷозат намедиҳанд.

Моддаи 26. Чораҳое, ки нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ татбиқ мегарданд

1. Шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба қайд гирифта шудаанд, уҳдадоранд:

1) иттилооти дурустро дар бораи шахси воқеӣ, ки моликбенефитсиари он мебошанд, дар асоси иттилооти мавҷуда ва дастрас ташаккул дода, мунтазам онро нав намоянд;

2) иттилоот дар бораи молик-бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ, инчунин иттилооти дигари дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷудбударо на камтар аз панҷ сол аз рӯзи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё ба тариқи дигар қатъ гардидани амали он нигоҳ доранд;

3) ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар бораи ҳар гуна тағйироти иттилооти асосӣ ё иттилоот дар бораи молик-бенефитсиар бо тартиб ва муҳлатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда хабар диҳанд.

2. Дорандагони феҳристи ҷамъияти саҳомӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ (дар ҳолате, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдоронро мустақилона таъмин менамоянд) уҳдадоранд:

1) феҳристи саҳмиядорони ҷамъияти саҳомиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда, онро мунтазам нав намоянд;

2) феҳристро на камтар аз панҷ сол аз санаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ нигоҳ доранд.

3. Шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба қайд гирифта шудаанд, инчунин дорандагони феҳристи ҷамъияти саҳомӣ уҳдадоранд дар асоси дархост иттилооти дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишударо ба мақоми ваколатдор ё мақомоти дигари давлатӣ пешниҳод намоянд.

4. Мудирон ва сарпарастони созмони ҳуқуқии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсис ёфта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, уҳдадоранд ба субъектҳои дахлдори ҳисоботдиҳанда оид ба ҳолат (мақом)-и худ, инчунин оид ба муассис, молик-бенефитсиар ва молу мулк (воситаҳо)-и барои назорат ва идоракунӣ қабулнамуда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё анҷом додани амалиёти якдафъаина ба маблағи баробар ё зиёда аз ҳадди аз ҷониби мақоми ваколатдор муайяншуда маълумот диҳанд.

Моддаи 27. Чораҳое, ки нисбат ба сохторҳои ғайритиҷоратӣ татбиқ мегарданд

1. Назорати фаъолияти сохторҳои ғайритиҷоратӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба таври зерин амалӣ мегардад:

1) нисбат ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - аз тарафи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) нисбат ба ташкилотҳои динӣ - аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин;

3) нисбат ба шаклҳои дигари сохторҳои ғайритиҷоратӣ - аз тарафи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Бо ҳамоҳангсозии комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ мақомоти назораткунандаи сохторҳои ғайритиҷоратӣ якҷо бо мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мунтазам хавфҳои маблағгузории терроризмро нисбат ба сохторҳои ғайритиҷоратие, ки ба ҷамъоварӣ ё пешниҳоди маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар барои мақсадҳои хайриявӣ, динӣ, фарҳангӣ, таҳсилотӣ, иҷтимоӣ ё ҷамъиятӣ, ё барои амалӣ намудани корҳои дигар машғул мебошанд, баҳодиҳӣ менамоянд.

3. Мақомоти назораткунандаи сохторҳои ғайритиҷоратӣ:

1) аз рӯйи натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳои маблағгузории терроризм номгӯйи сохторҳои ғайритиҷоратиеро, ки дорои хавфи истифода дар маблағгузории терроризм мебошанд, муайян мекунанд ва дар асоси баҳодиҳии хавфҳо барои назорати сохторҳои ғайритиҷоратӣ чораҳои ба дараҷаи хавф асосёфтаро таҳия мекунанд;

2) барои коҳиш додани хавфҳои ошкоршуда чораҳо меандешанд, аз ҷумла дар байни сохторҳои ғайритиҷоратие, ки дорои хавфи истифода шудан дар маблағгузории терроризм мебошанд, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Моддаи 28. Чораҳо оид ба ошкор ва пешгирӣ кардани интиқоли ғайриқонунии пули нақд ва воситаҳои гардони манзурӣ

1. Интиқоли пули нақд ва воситаҳои гардони манзурӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин назорати ҳамлу нақли онҳо бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат мегирад.

2. Мақомоти гумрук иттилоот дар бораи пули нақд ва воситаҳои гардони манзурии эъломияшуда ё бо тариқи дигар ошкоршуда, ки тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд, аз ҷумла маблағи он ва маълумоти мушаххаскунандаи шахсияти шахси интиқолдиҳандаи онҳоро дар ҳолатҳои зерин ҷамъоварӣ ва ба муҳлати на камтар аз панҷ сол нигоҳдорӣ менамоянд:

1) ҳангоме, ки маблағи дар эъломияи ҳатмии хаттӣ нишондодашуда аз маблағи ҳадди ақали барои эъломиякунонӣ муқарраршуда зиёд бошад;

2) ҳангоми дар эъломия нодуруст нишон додани маблағи пули нақд ва воситаҳои гардони манзурии тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда;

3) ҳангоми шубҳа доштан ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.

3. Иттилооти дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардида бояд ба мақоми ваколатдор дастрас ва бо дархости он пешниҳод карда шавад.

БОБИ 6. НАЗОРАТ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Моддаи 29. Мақомоти назоратӣ

Танзими давлатӣ ва назорат дар самти пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва муқовимат ба онҳо мутобиқи Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти назоратии зерин сурат мегирад:

1) аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба:

а) ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

б) ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва брокерҳои суғуртавӣ;

в) нуқтаҳои мубодилаи асъор;

2) аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба:

а) иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок;

б) биржаҳои мол ё биржаҳои дигаре, ки бо мол амалиёти молиявӣ мегузаронанд;

в) ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ;

г) муҳосибони касбӣ ва ташкилотҳои муҳосибӣ;

д) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба таври касбӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз онҳо, инчунин шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурӯш мекунанд;

е) гаравхонаҳо;

ж) ташкилотҳо ва субъектҳои дигаре, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозии лото, лоторея ва бозиҳои дигар, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузаронанд, ки дар онҳо фонди ҷоизавӣ аз маблағҳои ҷалбшудаи иштирокдорони он таъсис дода мешавад;

3) аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки амалиёти нотариалӣ анҷом медиҳанд;

4) аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ташкилотҳои алоқаи почта;

5) аз тарафи мақоми ваколатдор нисбат ба субъектҳои дигари ҳисоботдиҳанда, ки барои онҳо Қонуни мазкур мақомоти назоратӣ муайян накардааст.

Моддаи 30. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти назоратӣ

1. Дар доираи ваколатҳои соҳавӣ мақомоти назоратӣ дорои вазифаҳои зерин мебошанд:

1) фаъолияти субъектҳои ҳисоботдиҳандаро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом танзим менамоянд;

2) аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда риоя шудани талаботи Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро назорат менамоянд ва месанҷанд;

3) нисбат ба субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор меандешанд;

4) бо мақомоти ваколатдори дахлдори дигар ҳамкорӣ ва табодули иттилоот намуда, ҳангоми зарурат дар баррасии парвандаҳо, расмиёти ҳалли қоидавайронкуниҳо ва даъвоҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми ворид шудани дархости дахлдор мусоидат менамоянд;

5) дастурҳои роҳбарикунанда қабул карда, барои расондани ёрӣ ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар татбиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла дар ошкор кардани амалиёту аҳди шубҳанок ва пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо, инчунин баҳодиҳии хавфҳои худ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаи мутақобилро таъмин менамоянд;

6) бо ташаббуси худ ва дар муҳлати кӯтоҳтарин дар бораи риоя нашудани талаботи пешниҳоди иттилоот дар бораи амалиёти шубҳанок ё амалиёти ҳатман назоратшавандаи дар моддаҳои 18 ва 19 Қонуни мазкур пешбинигардида, ки дар рафти назорату санҷиши субъектҳои ҳисоботдиҳанда ошкор шудаанд, ба мақоми ваколатдор хабар медиҳанд.

2. Барои амалӣ намудани вазифаҳои худ мақомоти назоратӣ ҳуқуқ доранд:

1) дар ҷойҳои кории субъектҳои ҳисоботдиҳанда, ки таҳти назорати онҳо қарор доранд, бе ризоияти пешакии субъектҳои ҳисоботдиҳанда ё иҷозати ягон мақоми дигар санҷиш гузаронанд;

2) аз субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда дилхоҳ иттилооту ҳуҷҷатҳои барои назорату санҷиш заруриро талаб намоянд ва гиранд;

3) ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба субъекти ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда дастуру амрнома ё фармоиш (фармон) диҳанд ё чораҳои дигари таъсиррасонии дар моддаи 32 Қонуни мазкур пешбинишударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намоянд;

4) бо мақомоти салоҳиятдори дигар ва контрагентҳои хориҷӣ доир ба масъалаи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳамкорӣ ва табодули иттилоот намоянд.

Моддаи 31. Муносибати ба хавф нигарондашуда дар фаъолияти назоратӣ

1. Ҳангоми назорат кардани риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мақомоти назоратӣ даврият ва амиқии фаъолияти худро дар асоси нишондиҳандаҳои зерин муайян мекунанд:

1) хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва чораҳои андешидашаванда, механизмҳои назорати дохилӣ ва расмиёти дохилии бо субъектҳои назоратшавандаи ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳҳои молиявӣ алоқамандбуда;

2) хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранд;

3) тавсифи фаъолияти субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда ё гурӯҳҳои молиявӣ, аз ҷумла гуногунӣ ва миқдори субъектҳои ҳисоботдиҳанда, инчунин озодии амал, ки ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳҳои молиявӣ дар доираи муносибати ба хавф нигарондашуда дар заминаи баҳодиҳии хавфҳо додашуда, ки дар Қонуни мазкур истифода мешавад.

2. Баҳодиҳии сохтори хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли оми субъекти ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳи назоратӣ, аз ҷумла хавфи номутобиқатии меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ давра ба давра, инчунин ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои муҳим ё тағйирот дар соҳаи идоракунӣ ва фаъолияти субъекти ҳисоботдиҳанда ё гурӯҳи молиявӣ гузаронда мешавад.

Моддаи 32. Чораҳои таъсиррасонӣ ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда

1. Мақомоти назоратӣ метавонанд нисбат ба субъектҳои ҳисоботдиҳандаи назоратшаванда, роҳбарон ва шахсони мансабдори онҳо, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иҷро намекунанд ё номатлуб иҷро мекунанд, чораҳои таъсиррасонии зеринро татбиқ намоянд:

1) оид ба бартараф намудани камбудиҳо дастуру амрнома диҳанд;

2) дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ фармоиш (фармон)-и хаттӣ диҳанд;

3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъин намоянд;

4) вобаста ба боздоштан ё қатъ кардани амали иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ки ба субъекти ҳисоботдиҳанда дода шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намоянд;

5) чораҳои таъсиррасонии дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намоянд.

2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда метавонанд нисбат ба қарорҳо (санадҳо)-и қабулнамудаи мақомоти назоратӣ оид ба татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ бо тартиби судӣ шикоят намоянд.

Моддаи 33. Дастур, амрнома ва фармоиш (фармон)-и мақомоти назоратӣ

1. Мақомоти назоратӣ ба субъекти ҳисоботдиҳандаи назоратшавандае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иҷро намекунанд ё ба таври номатлуб иҷро мекунанд, дар шакли хаттӣ дастуру амрномаҳо медиҳанд.

2. Мақомоти назоратӣ фармоиш (фармон)-ро дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ё барои пурра риоя накардан ё сари вақт риоя накардани дастуру амрномаҳо мутобиқи Қонуни мазкур қабул менамоянд.

3. Фармоиш (фармон)-и мақомоти назоратӣ дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда метавонад вақте қабул шавад, ки агар хатари ҳуқуқвайронкунӣ мавҷуд бошад. Мақомоти назоратӣ фармоиш (фармон) дар бораи аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда қатъ намудани амали ғайриқонунӣ барои қоидавайронкунӣ қабул намекунанд, агар чунин фармоиш (фармон)-и дигар барои ҳамин гуна қоидавайронкунӣ амал кунад.

4. Пеш аз қабул намудани фармоиш (фармон) дар бораи он ки субъекти ҳисоботдиҳанда амали ғайриқонуниро қатъ намояд, мақомоти назоратӣ ба субъекти ҳисоботдиҳанда барои муайян кардани мавқеи худ имкон медиҳанд, агар бинобар зарурати ниҳоӣ чизи дигар талаб нашавад.

5. Дар дастур, амрнома ва фармоиш (фармон) оид ба қатъ намудани амали ғайриқонунӣ аз ҷониби субъекти ҳисоботдиҳанда чораҳое, ки андешидани онҳо ба субъекти ҳисоботдиҳанда зарур мебошанд ва агар зарур бошанд, даврае, ки дар давоми он ин чораҳо бояд андешида шаванд, нишон дода мешавад.

6. Фармоиш (фармон) оид ба қатъ намудани амали ғайриқонунӣ дар шакли хаттӣ таҳия шуда, дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

1) сана ва маҳалли ба расмият даровардани фармоиш (фармон), инчунин мақоме, ки фармоиш (фармон) қабул намудааст;

2) номи субъекти ҳисоботдиҳандае, ки ба он фармоиш (фармон) дода мешавад, маҳалли ҷойгиршавии он;

3) оид ба ҳуқуқвайронкунӣ ва санади меъёрии ҳуқуқие, ки вайрон карда шудааст;

4) ҳолати ошкор кардани ҳуқуқвайронкунӣ;

5) маълумоти зарурии дигар.

7. Мақомоти назоратие, ки дар бораи қатъ намудани амали ғайриқонунӣ фармоиш (фармон) баровардаанд, метавонанд онро бекор кунанд, муҳлати амали фармоиш (фармон)-ро ба вақти муайян боздоранд ё онро ба дастур ё амрнома иваз намоянд.

Моддаи 34. Боздоштан ё қатъ кардани амали иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Мақомоти назоратие, ки ба субъекти ҳисоботдиҳанда иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ додаанд, метавонанд иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии субъекти ҳисоботдиҳандаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздоранд ё амали онҳоро қатъ намоянд.

БОБИ 7. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Моддаи 35. Мақоми ваколатдор

1. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Вазифаҳои асосии мақоми ваколатдор инҳоянд:

1) ҷамъоварӣ (гирифтан), таҳлил, коркард ва нигоҳдории маълумот дар бораи амалиёт (аҳд)-и шубҳанок ва иттилооти дигаре, ки мутобиқи Қонуни мазкур пешниҳод мегардад;

2) ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ, ки аз алоқамандии амалиёт (аҳд) ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шаҳодат медиҳанд, фиристодани иттилооту маводи дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои онҳо;

3) ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори назоратӣ, ки мутобиқи моддаи 29 Қонуни мазкур муайян карда шудаанд;

4) ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ бо контрагентҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) татбиқи чораҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур.

3. Мақоми ваколатдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ мустақилона амал карда, аз мақомоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста намебошад ва ҳама гуна дахолат ба фаъолияти мақоми ваколатдор ё таъсиррасонӣ ба он аз тарафи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ё шахсони дигар манъ аст.

4. Кормандони мақоми ваколатдор ҳангоми иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ҳифзу нигоҳдории тамоми иттилооти ба фаъолияти мақоми ваколатдор вобастаро, ки сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро дар бар мегирад, таъмин менамоянд ва барои ифшои ғайриқонунии ин маълумот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5. Мақоми ваколатдор метавонад якҷо бо мақомоти назоратӣ ё мустақилона санҷиши субъектҳои ҳисоботдиҳандаро оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронад.

Моддаи 36. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мақоми ваколатдор

1. Барои амалӣ намудани вазифаҳояш мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:

1) дилхоҳ иттилооту ҳуҷҷатҳоеро, ки бояд мутобиқи Қонуни мазкур дар субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҷамъ гардида, нигоҳ дошта шаванд, дархост намояд;

2) дилхоҳ иттилооту ҳуҷҷатҳоеро, ки мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр доранд ва нигоҳдорӣ мекунанд, барои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дастрас намояд;

3) дар ҳолати ошкор гардидани аломатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи боздоштани амалиётҳо бо молу мулк (воситаҳо) ба муҳлати муқарраркардаи моддаи 20 Қонуни мазкур қарор қабул намояд;

4) бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ё бо мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом созишномаҳо ба имзо расонад;

5) бо ташаббуси худ ё мутобиқи дархост бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин ҷиноятҳои асосӣ табодули иттилоот намояд;

6) бо ташаббуси худ ё мутобиқи дархост бо мақоми салоҳиятдори давлати хориҷӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом табодули иттилоот намояд;

7) дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок намояд;

8) ҳангоми аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба онҳо огоҳинома дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ирсол намояд;

9) шахсони воқеию ҳуқуқии дорои таҷрибаи илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибаи дигари заруриро барои иштирок дар фаъолияти таҳлилии худ, аз ҷумла барои гузарондани таҳлили экспертӣ, таҳияи дастурамалҳо, гузарондани чорабиниҳои таълимӣ, таҳияи маводи методӣ, таъминоти барномавӣ ва воситаҳои дигари дастгирии иттилоотӣ, инчунин ташкили низоми иттилоотӣ дар соҳаи мониторинги молиявӣ бо шарти риояи дахлдори талаботи ҳифзи сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда ҷалб намояд;

10) барои пешниҳоди иттилоот оид ба амалиёт (аҳд)-и шубҳанок ё амалиёт (аҳд)-и дигар ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда амрномаю дастурҳо диҳад, инчунин онҳоро дар бораи усулҳо, тамоюлҳо, таҷриба ва аломатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом огоҳ намояд;

11) ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар бораи сифату самаранокии ҳисоботи пешниҳодкардаи онҳо сари вақт фикру мулоҳиза пешниҳод намояд;

12) ба кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ дар бораи усулҳо, таҷриба, тамоюлҳо ва аломатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тавассути ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва ирсоли ҳуҷҷатҳои дахлдор иттилоот пешниҳод намояд.

2. Зимни иҷрои вазифаҳои худ мақоми ваколатдор уҳдадор аст:

1) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти худ таъмин намояд;

2) низоми дахлдори нигоҳдорӣ, ҳифзи иттилооти дар рафти фаъолият дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, бонкӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда мебошад, таъмин намояд;

3) пешбурди маълумоти омориро дар асоси иттилооте, ки аз мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба масъалаҳои марбут ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи моддаи 5 Қонуни мазкур гирифта шудаанд, ба роҳ монад.

Моддаи 37. Уҳдадории мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди иттилоот ба мақоми ваколатдор

1. Мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатие, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, уҳдадоранд:

1) иттилооти заруриро ба мақоми ваколатдор барои мониторинги молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд;

2) низоми дахлдори нигоҳдорӣ ва ҳифзи иттилооти дар рафти ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андозӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда мебошад, таъмин намоянд;

3) ба мақоми ваколатдор дар бораи натиҷаҳои санҷиш, таҳқиқу тафтише, ки аз рӯйи дархостҳо ва огоҳиномаҳои аз мақоми ваколатдор гирифташуда гузаронда шудаанд, иттилоот пешниҳод намоянд;

4) дастрасии низомҳои иттилоотӣ ва махзани иттилооти худро ба мақоми ваколатдор таъмин намоянд.

2. Мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин уҳдадоранд:

1) мақоми ваколатдорро ҳангоми мустақилона ошкор кардани амалиёт (аҳд)-и шубҳаовари марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабардор намоянд;

2) ҳангоми мустақилона ошкор кардан ба мақоми ваколатдор дар бораи вайрон шудани меъёрҳои Қонуни мазкур аз тарафи субъектҳои ҳисоботдиҳанда хабар диҳанд;

3) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти назоратӣ таъмин намоянд.

3. Пешниҳоди иттилоот аз ҷониби мақомоти давлатӣ ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андозӣ ё сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда намебошад.

БОБИ 8. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Моддаи 38. Мубодилаи иттилоот ва ёрии ҳуқуқӣ

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ҳамкории байналмилалиро бо контрагентҳои хориҷӣ дар масъалаи пешгирӣ, ошкор ва роҳ надодани қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом ва ҷиноятҳои асосии дигар таъмин намуда, дар доираи ваколатҳои худ бо контрагентҳои хориҷӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мубодилаи иттилоот анҷом медиҳанд.

2. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ба контрагентҳои хориҷӣ тибқи дархости онҳо ё бо ташаббуси худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, маълумоти дахлдор пешниҳод менамоянд.

3. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, барои пешниҳод ё мубодилаи иттилоот ё расондани ёрӣ шартҳои маҳдудкунандаи бедалелу беасос намегузоранд ва бо контрагентҳои хориҷӣ, новобаста ба он, ки онҳо салоҳияти маъмурӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ё дигарро доранд ё дархост ҳамчун дархости марбут ба масъалаҳои фискалӣ баррасӣ мешавад ё на, мубодилаи иттилоот анҷом медиҳанд.

4. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ҳамаи чораҳои зарурӣ, аз ҷумла чораҳои амниятиро меандешанд, то кафолат дода шавад, ки иттилоот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ба мақомоти дигари давлатӣ ё шахсони дигар бе розигии пешакии контрагенти хориҷӣ, ки иттилоот ё ҳуҷҷат пешниҳод кардааст, дастрас намешаванд.

Моддаи 39. Гирифтани дархост аз контрагенти хориҷӣ ва баррасии он

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, афзалиятнокии иҷрои дархостҳо дар бораи пешниҳоди иттилоот аз контрагентҳои хориҷӣ гирифташавандаро муайян намуда, ба ин дархостҳо сари вақт ҷавоб ирсол менамоянд.

2. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд ҳар иттилооти ба онҳо дастрасбуда, аз ҷумла иттилооти аз контрагенти хориҷӣ гирифташударо ҷамъоварӣ намуда, мавриди таҳлил ё омӯзиш қарор диҳанд.

3. Ҳангоми пешниҳоди иттилоот ё ҳуҷҷатҳо ба контрагенти хориҷӣ мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд ифшои иттилоотеро, ки метавонад ба манфиатҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тафтиши парвандаи ҷиноятии аз тарафи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондашаванда зарар расонад ё дар ҳолатҳои истисно манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор намояд ё ба ягон тарзи дигар ба принсипҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намояд, рад намоянд. Ин гуна радкунӣ аз тарафи мақоми салоҳиятдоре, ки аз контрагенти хориҷӣ дархости пешниҳоди иттилоот гирифтааст, бояд ба таври дахлдор асоснок карда шавад.

4. Ҳангоми пешниҳоди иттилоот ё ҳуҷҷатҳо ба контрагенти хориҷӣ мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд маҳдудият ё шартҳоеро муқаррар намоянд, ки иттилоот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда танҳо бо мақсадҳое, ки онҳо пешниҳод шудаанд ва аз ҷониби он идораҳое истифода шаванд, ки ба онҳо чунин иттилоот ва ҳуҷҷатҳо пешниҳод гардидаанд, инчунин метавонанд талаб намоянд, ки контрагенти хориҷӣ бе розигии пешакии онҳо иттилоот ё ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо ба шахсони сеюм ифшо накунад ва дар рафти тафтишоти пешакӣ ё мурофиаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ё маданӣ истифода набарад.

Моддаи 40. Фиристодани дархост ба контрагенти хориҷӣ

1. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, дар ҳар як дархости барои пешниҳоди иттилоот фиристодашаванда шарҳи мухтасари далелҳои дахлдореро, ки ба мақоми давлатии дархосткунанда маълуманд, зикр намуда, бо кадом мақсадҳо истифода шудани иттилооти дархостшавандаро нишон медиҳанд.

2. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, метавонанд иттилоот ва ҳуҷҷатҳои аз контрагенти хориҷӣ гирифтаро танҳо бо мақсадҳое, ки онҳо пешниҳод шудаанд ва барои идораҳое, ки чунин иттилоот ва ҳуҷҷатҳо дархост гардидаанд, истифода баранд, инчунин иттилоот ё ҳуҷҷатҳои дастрасшударо бе розигии пешакии контрагенти хориҷӣ, ки чунин иттилоот ё ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардааст, набояд ба шахсони сеюм ифшо созанд ё дар рафти тафтишоти пешакӣ ё мурофиаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ё маданӣ истифода баранд.

3. Мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, тибқи дархост ба контрагентҳои хориҷӣ, ки аз онҳо кумаки иттилоотӣ гирифтаанд, дар бораи истифода шудан ва фоиданокии маълумоти дастрасшуда сари вақт иттилоот пешниҳод мекунанд.

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 42. Дар бораи аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 152; с. 2013, №6, мод. 405, мод. 406; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 397; с. 2017, №1-2, мод. 27; с. 2018, №5, мод. 272) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 43. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 15 марти соли 2023, № 1950