ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 21/07/2020 - 10:12

     20 июли соли 2020 дар толори АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидализода Фозил ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, телевизион ва радио иштирок намуданд.
     Дар оғоз Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2020 гузориши мухтасар пешниҳод карданд.
    Зикр гардид, ки дар самти таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии Марказ мебошад, баррасии лоиҳаҳои Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав идома ёфт.
     Лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи рӯзҳои ид» ва лоиҳаи «Консепсияи Методологияи гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардиданд.
     Ҳамчунин, Марказ дар таҳияи лоиҳаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав иштирок дорад.
     Гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии Марказ ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра Марказ 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо 226 таклиф пешниҳод намуд.
     Дар робита ба ин самти фаъолият оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин” мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуда, тавсияҳо оид ба такмили муқаррароти он омода гардид, ки 18 таклифро дарбар мегирад. Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад, 13 таклиф рӯи кор омад.
     Дар нимсолаи якуми соли 2020 Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми ваколатдори гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаи 13 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкориро дар робита ба таҳлили таъсири танзимкунӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кард.
     Ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони Марказ 20 мақолаҳои илмӣ - амалӣ таҳия гардиданд.
     Дар ин давра таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, аз ҷумла, таҳлили муқоисавӣ -ҳуқуқии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» бо қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом дода шуданд. Натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» нашр карда мешаванд.
     Бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ дар Сомонаи расмии Марказ саҳифаи махсуси «Махзани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушода шудааст, ки дар он инвентаризатсия ва мураттабсозии қонунгузории кишвар дар шакли электронӣ амалӣ мегарданд. Дар саҳифаи мазкур матни 385 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда шудааст. Дар давраи мазкур 38 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз инвентаризатсия гузаронида шуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
     Дар нимсолаи якуми соли 2020 бо ташаббуси Марказ ду Конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъҳои «Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо» ва «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ», инчунин 5 семинар ва 5 мизҳои мудаввар гузаронида шуданд, ки дар кори конференсияҳо ва мизҳои мудаввар намояндагони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Илова бар ин, кормандони Марказ дар кори 15 чорабиниҳои илмӣ иштирок ва баромадҳо намуданд.
     Бо мақсади таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Сомонаи расмии Марказ дар суроғаи http://www.mmk.tj ҳамчун воситаи асосии пешбурди корҳои ташвиқотиву тарғиботии Марказ ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад, ки дар ин давра шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зиёда аз 6 000 000 маротиба ҷиҳати дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он истифода намудаанд.
     Фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии Марказ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ин самт баромадҳо тариқи радио, телевизион ва сафарҳои хизматӣ ба маҳалҳо ба роҳ монда шуданд.
     Бо ҳамин мақсад роҳбарият ва кормандони Марказ 4 маротиба сафари хизматӣ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ анҷом дода, бо сокинон вохӯрданд.
     Тариқи ВАО, аз ҷумла, телевизион ва радио 10 баромад анҷом дода шуд.
     Ҳамзамон, 5 тафсири илмию амалии қонунҳои ҷумҳурӣ, 4 Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2 Истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардиданд.
     Бахусус, Тафсири Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”, “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи баҳои замин” ва “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, инчунин Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
     Дар самти тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ низ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Бо мақсади нашр намудани мақолаҳои илмии олимони соҳаи ҳуқуқ, маводи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» шумораҳои №1 (37), 2020 ва №2 (38), 2020 нашр гардид. Маҷаллаи мазкур ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА)  шомил мебошад.
     Таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ самти дигари фаъолият аст. Бо ҳамин мақсад, дар сомонаи Марказ рубрикаи «Китобхона» фаъол аст. Дар баробари ин, кормандони Марказ тариқи Интернет аз китобхонаҳои илмии электронӣ истифода менамоянд. Инчунин, дар Марказ китобхона фаъолият менамояд, ки он дорои беш аз 2000 (ду ҳазор) номгӯи китоб, теъдоди зиёди маҷалла, рӯзнома ва дигар маводи ҳуқуқӣ мебошад.
     Кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ самти афзалиятноки фаъолияти Марказ маҳсуб меёбад. Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба Марказ 45 муроҷиати шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ворид гардидааст. Муроҷиатҳо сари вақт дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардида, ба муаллифон ҷавобҳои дахлдор ирсол гардид. Ҳамчунин, тибқи ҷадвали тасдиқшуда, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Марказ ба роҳ монда шудааст.
     Марказ инчунин, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои илмиву таълимии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои корӣ дорад, ки баҳри тақвияту густариши чунин ҳамкориҳо ва робитаҳои мутақобилан судманд ҳамеша омодаву ҳавасманд мебошад.
     Намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ва баҳои замин, вазъи ҳуқуқии ветеранҳо, уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, вазъи ҳуқуқии маъюбон, масоили оила, тағйиру иловаҳои охирин ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, вазъи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳолати баррасии лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби Марказ ва хулосаҳои ҳуқуқӣ, инчунин оид ба самтҳои дигари фаъолияти Марказ саволҳои худро манзур намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.

 

Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии ММҚ   

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад