ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Конститутсия 1 КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Қонун 184 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 06.12.1990 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
ҚОНУН 378 ДАР БОРАИ ТАҒЙИР ДОДАНИ НОМИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ СОЦИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.08.1991 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2023

-A A +A

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2022

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 01/02/2023 - 10:27
   Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 феврали соли 2023 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2022 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
   Вақти баргузорӣ: соати 10:00
   Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефон барои тамос: 227-08-07, 988-94-33-95.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2022

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 02/02/2023 - 16:56
   2 феврали соли 2023 нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маркази миллии қонунгузорӣ дар соли 2022 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
   Зимни нишаст аз ҷониби роҳбарияти Марказ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2022 ба хабарнигорон гузориши мухтасар пешниҳод гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 20/02/2023 - 15:36
     17 феврали соли 2023 ҷаласаи Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
     Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
     1. Ҳисоботи муовини якуми директор - Соҳибзода М.М. оид ба рафти иҷрои Нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2022;
     2. Тасдиқи мавзуъҳои рисолаҳои номзадии кормандони Марказ ва роҳбарони илмии онҳо;
     3. Ба нашр тавсия намудани тафсирҳо ва дигар маводи чопӣ.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 22/02/2023 - 14:43
     21 феврали соли 2023 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647 тасдиқ шудааст, мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» таҳти унвони «Рушди забонҳои модарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 23/02/2023 - 09:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1920
Мақомот: 
Маҷлиси Олӣ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.02.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2022,№ 887

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 332

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- Ватан - Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд;

- ватандӯстӣ - муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан;

- дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ - маҷмуи чораҳои ташкилии таълимӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва чораҳои дигари аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул ва амалишаванда, ки ба муҳайё намудани шароити мусоид барои кори ватандустӣ нигаронда шудаанд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамояд;

- низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - маҷмуи субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, маънавӣахлоқии фаъолияти таълимӣ ва оммавию тарбиявӣ, инчунин маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати ташаккули тафаккур ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон;

- тарбия - падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ, ки ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд;

- тарбияи ватандӯстӣ - фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст;

- тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ - маҷмуи тадбирҳое, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор, ки ба хизмати сазовор ба Ватан равон карда шудааст;

- тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ - маҷмуи тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю бељаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равон карда шудааст;

- тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ - маҷмуи тадбирҳо, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқи худ, дастовардҳои он ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу љанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёгон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокшуда нигаронда шудааст;

- ҳисси шаҳрвандӣ - ҷонибдории шахс аз манфиати давлат ва ҷомеа, низоми муносибат, рафтор ва фаъолияти ба он мувофиқ дар шароити давлат.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

1. Мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз инҳо иборат аст:

- ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон;

- тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат;

- ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманданд.

2. Вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон инҳоянд:

- ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, љояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо;

- ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги љанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо;

- тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар љамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд;

- тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан;

- ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, љамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ.

Моддаи 4. Принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- муносибати мураттаби ташкилӣ, ки ҳамоҳангии кори тамоми ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар бар мегиранд;

- кори унвонию фардӣ бо шаҳрвандон, усул ва воситаҳои гуногуншакл, ки манфиат, майлу раљбат, сатҳи таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва љайраро дар бар мегирад;

- гуногунҷабҳа ва алоқаманд будани самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, ки муносибати тому маҷмуии амалигардонии онҳоро дар бар мегиранд;

- ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ, этникӣ-маданӣ ва хусусиятҳои дигар дар ташаккули љояҳои ватандӯстӣ ва арзишҳо, ки мазмун ва мундариҷаи ватандӯстиро муайян мекунанд;

- ошкор ва мустақилияти арзёбии натиҷаи иҷрои тадбирҳои ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигарондашуда.

2. Принсипҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бо ҳам алоқаманд буда, дар ягонагӣ амал мекунанд.

3. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон инҳоянд:

- фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон;

- таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҷалби фаъоли онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, экологӣ ва масъалаҳои дигари давлат;

- навсозӣ ва љанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он;

- ташкили механизми илҳомбахш ва ҳамоҳангсози фаъолияти самараноки низоми тарбияи ватандӯстии гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандон дар ҳамаи сатҳҳо;

- тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- тавсеаи субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- ташкил ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон.

Моддаи 5. Субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ

1. Субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ инҳоянд:

- мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд;

- коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва љайра;

- муассисаҳои таълимӣ;

- муассисаҳои фарҳангӣ;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) чамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта;

- ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ;

- ҳизбҳои сиёсӣ;

- воситаҳои ахбори умум;

- оила;

- шаҳрвандон.

2. Субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо восита ва имкониятҳои ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дорои салоҳияти зерин мебошад:

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- ташаккул додани заминаи меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар доираи салоҳияти худ таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд;

- муайян кардани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок мекунанд ва аз дастгирии давлатӣ бархӯрдоранд;

- муайян кардани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

- таъмини татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- тасдиқ ва амалӣ намудани нақшаҳои мақсадноки рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- маблаљгузории соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҷалби ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳалли масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- муайян кардани сохтори ваколатдори соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

- таъмини татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- тасдиқ ва амалӣ намудани нақшаҳои мақсадноки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- иштирок дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- ташкили кори тарбияи ватандустӣ бо шаҳрвандон дар ҷои истиқомат (маҳалли будубош);

- мусоидат ба фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҳудуди дахлдор;

- баррасии гузориши роҳбарони ташкилотҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқии ҳудуди шаҳрак ва деҳот доир ба кори тарбияи ватандӯстӣ.

Моддаи 10. Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ

1. Ҳадафи танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ муқаррар намудани кафолатҳои давлатии механизмҳои амалигардонии ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни соҳаи тарбияи ватандӯстӣ мебошад.

2. Вазифаи асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ инҳоянд:

- таҳия ва қабули заминаи ҳуқуқие, ки фароҳам овардани шароит барои фаъолияти озод ва рушди низоми тарбияи ватандӯстиро таъмин менамояд;

- фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои мутобиқ гардондани манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;

- муайян намудани вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;

- тақсим кардани ваколатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ байни мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракуниро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамоянд.

Моддаи 11. Низоми тарбияи ватандӯстӣ

1. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон низоми давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ки барои муттаҳид ва ҳамоҳангсозии кори гуногунҷабҳа дар ин соҳа нигаронда шудааст, ташкил карда мешавад.

2. Низоми тарбияи ватандӯстӣ ташаккул додани талаботи давлат ҷиҳати ташкили тарбияи ватандӯстӣ, барномаҳои тарбияи ватандӯстии намуд, сатҳ ва самташон гуногунро дар бар мегирад.

3. Сохтори низоми тарбияи ватандӯстӣ иборат аст аз:

- ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, кормандони (мутахассисон) омӯзгорӣ, шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони ноболиљ ва волидайни (намояндагони қонунии) онҳо;

- мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари амаликунандаи тарбияи ватандустӣ, мақомоти маслиҳатию машваратӣ ва мақомоти дигаре, ки онҳо созмон додаанд;

- ташкилотҳое, ки таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва арзёбии сифати тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамоянд.

4. Оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ дар низоми тарбияи ватандӯстӣ ҷойи махсусро ишљол мекунад.

5. Тарбияи ватандӯстӣ муттасил буда, дар доираи барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва ҳамчунин барномаҳои таълимии сатҳи гуногуни таълим амалӣ карда мешавад.

6. Низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба таъмини мақсадноки ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандон, фарогирии ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳалли вазифаҳои муҳимми иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккул ёфтани тафаккури онҳо мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ нигаронда шудааст. Низом бояд ҷовононро омода карда, намояндагони наслҳои дигарро ба чунин фаъолияти фаъолона ташвиқ намояд, ки дар он донишу таҷрибаи ҳаётӣ бо мавқеи қарзи шаҳрвандию ватандӯстӣ ва манфиатҳои шахсӣ бо манфиатҳои ҷомеа пайванд шаванд.

БОБИ 3. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Моддаи 12. Таъмини иттилоотӣ-таҳлилии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

1. Самаранокии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо таваҷҷуҳи доимии истифодаи унсурҳои шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ ва маънавӣахлоқии тарбияи шаҳрвандон, навсозӣ ва љанӣ гардондани муҳтавои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайянсозӣ ва истифодаи шакл ва технологияҳои инноватсионии ҷалби шаҳрвандон, алалхусус насли наврас, ба арзишҳои олӣ ва рушди маънавии онҳо дар фаъолияти воситаҳои ахбори умум таъмин карда мешавад.

2. Нақши асосӣ дар таъмини иттилоотӣ-таҳлилии тарбияи ватандӯстӣ ба манбаъҳои чопӣ ва электронӣ дода мешавад.

3. Дар ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро ба амал мебароранд, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо (китобхонаҳои электронӣ (рақамӣ)) ташкил карда мешаванд, ки дастрасиро ба манбаъҳои иттилоот, системаҳои ахборотӣ-маълумотӣ ва ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин ба манбаъҳои дигари иттилоот таъмин менамоянд. Фонди китобхона бояд бо китобҳои дарсии чопӣ ва (ё) электронӣ, нашрияҳои методӣ ва даврӣ дар мавзуи тарбияи ватандӯстӣ таъмин бошанд.

4. Рӯйхати нашрияҳои таълимӣ, ки барои амалӣ намудани барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ истифода мешаванд, аз тарафи ташкилоте, ки фаъолиятро оид ба тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамояд, бо дарназардошти талаботҳои давлатӣ ба ташкили тарбияи ватандӯстӣ ва барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ муайян карда мешавад.

5. Ташкилоти амаликунандаи фаъолият оид ба тарбияи ватандӯстӣ манбаъҳои иттилоотии кушода ва дастраси умумро, ки иттилоот дар бораи фаъолияти онҳоро дорад, ташкил намуда, дастрасиро ба манбаъҳо тавассути ҷойгир намудани онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла дар сомонаи расмии ташкилот (мақомот) дар Интернет, таъмин менамояд.

6. Мақомот ошкоро ва дастрас будани иттилооти зеринро таъмин менамояд:

- санаи таъсиси мақомот, муассиси он, маҳалли ҷойгиршавӣ, низоми кор, телефони тамос (рақам) ва сурољаи почтаи электронӣ;

- сохтор ва мақоми идоракунии ташкилот;

- барномаҳои амалишавандаи (ҷории) тарбияи ватандӯстӣ ва чорабиниҳои гузаронидашаванда;

- роҳбари мақомот, муовинони ӯ, роҳбарони филиалҳо (агар бошанд).

7. Бо мақсади ошкоро будани низоми тарбияи ватандӯстӣ мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи ватандӯстиро амалӣ менамояд, ҳамчунин ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ мекунанд, дастрасии иттилооти зеринро таъмин менамоянд:

- омори расмӣ, ки ба низоми тарбияи ватандӯстӣ дахл дорад;

- мониторинги низоми тарбияи ватандӯстӣ;

- маълумоти дигаре, ки дар ҷараёни амалисозии вазифаҳои худ аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти дигари идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, ҳамчунин ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, ба даст оварда мешавад.

Моддаи 13. Таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ

1. Таъмини илмии тарбияи ватандӯстӣ нигаронида шудааст:

- барои ташкили тадқиқи масъалаҳои мубрами соҳаи тарбияи ватандӯстӣ ва истифодаи натиҷаҳои онҳо дар фаъолияти амалӣ;

- барои таҳияи заминаҳои методологии ташаккул ва рушди шахсияти шаҳрванд;

- барои таҳияи муҳтаво ва шакли тарбияи ватандӯстӣ тавассути ба он ворид намудани унсурҳои таълимӣ, фарҳангию таърихӣ, маънавию ахлоқӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, меҳнатӣ, экологӣ ва қисматҳои дигар дар заминаи дастовардҳои муҳим дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣгуманитарӣ, аз ҷумла таҷрибаи мусбати ҷаҳонӣ дар ин соҳа;

- барои асосноксозии илмии ҷалби шаҳрвандон ба арзишҳои ватандӯстӣ ва дарки маънавии онҳо.

2. Таъмини илмӣ-методии тарбияи ватандӯстӣ таҳияи бунёдии маҷмуи барномаҳои таълимӣ ва махсус, методикаи ташкил ва гузарондани тарбияи ватандӯстӣ, истифодаи ҳамаи гуногунии шаклҳои педагогӣ, усулҳо ва воситаҳо бо дарназардошти хусусиятҳои гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандон, бозомӯзӣ ва такмили тахассуси ташкилотчиёни тарбияи ватандӯстиро дар бар мегирад.

3. Дар низоми тарбияи ватандӯстӣ метавонанд ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамчунин ташкилотҳое, ки таъмини илмӣ-методӣ, захиравӣ ва иттилоотӣ-технологии тарбияи ватандӯстӣ ва идоракунии низоми тарбияи ватандӯстӣ ва арзёбии сифати онро ба амал мебароранд, ташкил дода шаванд ва фаъолият намоянд.

4. Бо мақсади иштироки кормандони педагогӣ, илмӣ, мутахассисон ва намояндагони ҷомеа дар таҳияи талаботҳои давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои амаликунандаи тарбияи ватандӯстӣ, дар таъмини сифат ва вусъатдиҳии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ ва дар низоми тарбияи ватандӯстӣ метавонанд иттиҳодияҳои методӣ ташкил карда шаванд.

Моддаи 14. Таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тавассути:

- такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва муайян намудани вазъи иҷтимоию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ;

- муайян кардани нақш, ҷой, масъала, вазифаи ҳар як мақоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун унсури таркибии системаи ягонаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 15. Таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

1. Таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мақсади таҳияи барнома ва методикаҳои махсус доир ба ташкил ва гузарондани тарбияи ватандӯстӣ дар шаклҳои гуногуни он, истифодаи ҳамаи гуногунии усулу воситаҳои омӯзгорӣ бо дар назар доштани хусусиятҳои ин ё он гурӯҳи шаҳрвандон, пеш аз ҳама ҷавонони донишҷӯ, ҷамъбаст намудани таҷрибаи пешқадам, воқиф намудан аз навовариҳои роҳбарон ва ташкилкунандагони корҳои оммавӣ, ҳамчунин интишори мунтазами адабиётҳоро дорад, ки фаъолияти соҳаи мазкурро равшан менамоянд.

2. Дар низоми тарбияи ватандӯстӣ метавонанд барномаҳои намунавии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар асоси талаботи давлат таҳия карда шаванд.

3. Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таъмин карда мешавад:

- дар ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд;

- берун аз ташкилотҳои амаликунандаи тарбияи ватандӯстӣ (дар шакли тарбия дар оила).

4. Муҳтавои барномаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муҳлати азхуд намудани он аз тарафи мақоми амаликунандаи тарбияи ватандӯстӣ, ки тибқи талаботи давлат ва ташкили тарбияи ватандӯстӣ таҳия ва тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 16. Таъмини идоракунии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

1. Идоракунии низоми тарбияи ватандӯстӣ дар асоси принсипҳои қонуният, демократӣ, ошкоро будани иттилооти низоми тарбияи ватандӯстӣ ва ба инобат гирифтани афкори ҷомеа ба амал бароварда шуда, тинати давлатию ҷамъиятӣ дорад ва иборат аст аз:

- ташаккули низоми ҳамкории мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;

- амалӣ намудани банақшагирии стратегии рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ;

- қабул ва амалӣ намудани барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ки ба рушди низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон равона шудаанд;

- гузарондани мониторинг дар низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- таъмини иттилоотӣ-методии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракуниро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамоянд;

- танзими давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- арзёбии мустақили сифати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракуниро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамоянд.

2. Танзими давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба муқаррар намудани расмиёт ва талаботи ягонаи амалигардонии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ба ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, нигаронда шудааст.

Моддаи 17. Омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ

1. Ташкили тарбияи ватандӯстӣ аз ҷониби мутахассисоне, ки барои ҳалли самараноки вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон лаёқат доранд, мувофиқи стандартҳои таълимии давлатӣ таъмин карда мешавад.

2. Такмили ихтисоси кадрҳо дар низоми таълими касбии иловагӣ ташкил карда мешавад.

3. Таълими касбии иловагӣ барои қонеъ намудани талаботи таълимию касбӣ, рушди кордонии кормандони ташкилотҳои тарбияи ватандӯстӣ, таъмини мутобиқатии тахассусии онҳо ба шароити таљйирёбандаи фаъолияти омӯзгорӣ ва муҳити иҷтимоӣ равона шудааст. Таълими иловагии касбӣ тавассути татбиқ намудани барномаҳои иловагии касбӣ (барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ) амалӣ карда мешавад.

4. Барномаи баланд бардоштани дараҷаи ихтисос барои такмил ё гирифтани малакаи нав аз ҷониби мутахассис, ки барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии он дар ҳудуди ихтисоси мавҷудбуда зарур аст, равона шудааст.

5. Барномаи бозомӯзии касбӣ барои гирифтани малакаи зарурӣ, ки барои иҷрои намуди нави фаъолият, гирифтани тахассуси нав дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ зарур аст, равона шудааст.

6. Муҳтавои барномаҳои иловагии касбӣ бояд стандартҳои касбӣ ва талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гиранд.

7. Таълим бо барномаҳои иловагии касбӣ дар як вақт, муттасил ва давра ба давра, аз ҷумла тавассути азхудкунии дарсҳои алоҳидаи таълимӣ, курсҳо, фанҳо, модулҳо, таҷрибаомӯзӣ бо истифода аз шаклҳои шабакавӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи барномаи таълимӣ ва (ё) шартномаи таҳсилот амалӣ карда мешавад.

Моддаи 18. Таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ

1. Таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ аз ҳисоби маблаљҳои буҷети давлатии сатҳи гуногун ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба амал бароварда мешавад.

2. Барои маблаљгузории чорабиниҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташкил намудани фондҳои махсус мумкин аст. Тартиби ташаккул ва хароҷоти воситаҳои фондҳо, ташкилотҳои хайрия, сарпарастон ва ташкилоти дигарро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

3. Таъмини молиявии хизматрасониҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои дигар дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои муқаррароти Қонуни мазкур амалӣ карда мешаванд.

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Моддаи 19. Амалигардонии танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

1.Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти дигар дар доираи ваколаташон амалӣ менамоянд.

2. Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз инҳо иборат аст:

- таҳлил, арзёбӣ, пешгӯӣ ва тарҳсозии вазъи кори низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо назардошти тамоюлҳои рушди ҷомеа;

- муайян ва масъалагузории вазифаҳои ҷорӣ ва ояндаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- банақшагирии илман асосноки тарбияи ватандӯстӣ, интихоб, омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо;

- таҳлили вазъ ва таъсирбахшии кори тарбияи ватандӯстӣ ва мунтазам иттилоъ додани мақомоти давлатӣ аз рафти амалисозии вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

- тасҳеҳи саривақтии низоми таъсиррасониҳои тарбиявӣ;

- таъмини дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо захираҳои зарурии таълимӣ, воситаҳо, ҳамчунин усул ва технологияҳои пешқадами тарбияи ватандӯстӣ бо ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон.

3. Давлат дар амалисозии танзим ва идоракунии соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз институтҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода мебарад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1920

 

ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 23/02/2023 - 13:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1922
Мақомот: 
Маҷлиси Олӣ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.02.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 октябри соли 2022,№ 867

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 339

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - шахси ҳуқуқӣ, воҳиди сохторӣ ё алоҳидаи ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё ташкилоти дигари илмӣ ва муассисаи таълимӣ, ки тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ менамоянд;

2) натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - донишҳои нави бо усулу воситаҳои дахлдори илмии дар рафти иҷрои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бадастовардашудае, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт гардидаанд, инчунин модел, амсила, намунаҳои нави маҳсулот, мавод ва моддаҳо;

3) натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ - ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионӣ, топологияи микросхемаҳои интегралӣ, махзани маълумот ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ, ки дар натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба даст оварда шудаанд;

4) тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - фаъолияте, ки ба истифодаи амалии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ бо мақсади ба бозор баровардани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасонӣ барои ба даст овардани фоида, равона шудааст;

5) ширкати хизматрасон - шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии машваратӣ, инжинирингӣ, сертификатонӣ, патентӣ ва хизматрасонии дигари барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ заруриро пешниҳод менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсади сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақсади сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ иборат аст аз:

1) дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҷорӣ намудани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасониҳо барои ба даст овардани фоида;

2) саноатикунонии босуръати кишвар ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ;

3) рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) муътадилгардонии шароити субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

5) рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) афзалиятнокии ҷалби бахши хусусӣ дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) шаффофият дар ҳамкории иштирокчиёни раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) кафолатнокии ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ширкаткунанда;

5) ошкорбаёнӣ дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

6) адолатнокӣ дар раванди баргузории озмунҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

7) рақобатпазирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар бозор.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дохил мешаванд:

1) тасдиқи консепсия, стратегия ва барномаҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) муайян намудани чораҳои дастгирии давлатии субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:

1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) банақшагирӣ ва амалисозии тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) мониторинги амалишавии барномаҳои дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

5) ҷойгиронии иттилооти таҳлилии ҷамъбастшуда оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар шакли кушодаи дастрас дар интернет-захираҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар нашрияҳои даврӣ, ба истиснои маълумоти мансуб ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ;

6) таъминоти методологии самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) таъмини иҷрои барномаҳои дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

2) пешниҳоди иттилоот оид ба самаранокӣ ва амалисозии тадбирҳо оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

3) таъминоти методологии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

4) банақшагирӣ, амалисозии тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

5) иштирок дар амалисозии барнома оид ба тайёркунӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисос дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

6) мониторинги амалишавии барномаи дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) мусоидат ба ҷалби грантҳо ва сармоягузории бахши хусусӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва иштирок дар маблағгузории онҳо;

2) амалисозии тадбирҳо оид ба таъмини ҳамкории бахши хусусӣ бо субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади таъсиси истеҳсолоти муштарак;

3) таъсисдиҳӣ ва иштирок дар ташаккулёбии сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ нигаронида шудааст;

4) иштирок дар таъминоти методологии самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

5) иштирок дар мониторинги амалишавии барномаи дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 9. Мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсадҳои зерин гузаронда мешавад:

1) арзёбии самаранокии хароҷот барои амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) арзёбии ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок ва индикаторҳои амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) арзёбии самаранокии иҷтимоию иқтисодӣ аз амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) муайянкунии вазифаҳои рушд ва такмили барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.

БОБИ 3. СУБЪЕКТ ВА ВОСИТАҲОИ САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 10. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ инҳо мебошанд:

1) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;

2) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) ширкатҳои хизматрасон;

5) паркҳои технологӣ;

6) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сармоягузориро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ амалӣ менамоянд.

Моддаи 11. Воситаҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ тавассути воситаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

1) бастани шартномаи гузашт кардани ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) таъсиси ширкатҳои хизматрасон;

3) ҷорӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар истеҳсолоти шахсӣ.

БОБИ 4. ТАДБИРҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ДАСТГИРИИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 12. Тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ба тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирӣ, ки ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод карда мешаванд, мансубанд:

1) ҷудо кардани грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

2) мусоидат ба ташкили истеҳсолоте, ки истеҳсоли маҳсулоти баландсифати технологӣ ва технологияҳои навро дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мекунанд;

3) ташкили барномаҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ барои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 13. Маблағгузории тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Маблағгузории тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

2. Грант барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ба субъекти аккредитатсияшудаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва субъектҳои дигар бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои маблағгузории заминавӣ ва барномавии мақсадноки фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, инчунин маблағгузории грантии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод карда мешавад.

3. Грант барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад, ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бо тартиби аз ҷониби ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии маблағгузорикунандаи тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муайяншуда пешниҳод мегардад.

БОБИ 5. ҲУҚУҚҲОИ СУБЪЕКТҲОИ САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқ доранд:

1) лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникиро барои тиҷоратикунонӣ пешниҳод намоянд;

2) дар раванди тиҷоратикунонӣ бо ҳамдигар дар асоси шартнома ҳамкорӣ намоянд;

3) ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, инчунин даромад аз фаъолияти ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои молумулкӣ дошта бошанд.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ доранд:

1) мустақилона аз ҳуқуқҳои истисноии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ истифода намоянд;

2) дар асоси шартномаи гузашт кардани ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқи истисноиро ба ҷониби дигар бегона кунанд;

3) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба гарав гузоранд;

4) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намоянд;

5) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро бо таври дигар ихтиёрдорӣ намоянд;

6) бо мақсади тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро ба сифати муассисони ширкатҳои хизматрасони таъсисдодашаванда ҷалб намоянд;

7) ҳангоми барҳам додани ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро, ки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намудаанд, ихтиёрдорӣ намоянд.

3. Тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар баробари фаъолияти таълимӣ ва илмӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ самти афзалиятноки фаъолият мебошад.

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникии дар доираи иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории бадастовардаро метавонанд якҷо истифода намоянд, агар тартиби дигаре дар шартномаи байни онҳо пешбинӣ нашуда бошад.

2. Дар мавриди дар шартномаи байни субъектҳои самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудани ҳолати ба субъекти самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ мансуб будани ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бахши хусусӣ ҳуқуқи истифодаи ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар истеҳсолоти шахсӣ соҳиб мегардад.

БОБИ 6. МАРКАЗҲОИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 16. Мақсади марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақсади марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ расондани маҷмуи хизматрасонӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла ҷустуҷў ва арзёбии технологияҳо барои тиҷоратикунонӣ, тадқиқоти маркетингӣ, пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ташкили ҳамкории субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бахши хусусӣ ва бастани шартномаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, мебошад.

Моддаи 17. Фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ дар доираи ҳаҷми маблағгузории грантӣ, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҷудо карда шудааст, таъмин мегардад.

2. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ маблағҳои заруриро ба онҳо аз маблағҳои аз фурчши моликияти зеҳнӣ дар асоси шартномаҳои басташуда бадастоварда равона мекунанд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1922

 

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 23/02/2023 - 16:31

     Санаи 23 феврали соли 2023 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

     Директори Марказ - Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ҳозиринро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 24/02/2023 - 15:46
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИҶИКСИТОН
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад