ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2019

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 03/02/2020 - 00:00

3 феврали соли 2020 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 баргузор гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидализода Фозил ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, телевизион ва радио иштирок намуданд.

Дар оғоз Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба фаъолияти Марказ дар соли 2019 гузориши мухтасар пешниҳод карданд.

Зикр гардид, ки гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии Марказ ба ҳисоб меравад, ки дар давраи ҳисоботӣ Марказ 105 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо 932 таклиф пешниҳод намуд.

Соли 2019 Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми ваколатдори гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаи 18 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкориро ҷиҳати фарогир будани онҳо ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, оид ба огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаҳои мазкур ва гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кард. Хусусан ба лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва ғайра.

Дар самти таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бошад, Марказ давоми соли сипаришуда 8 лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаҳои Кодексҳои экологӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав, лоиҳаҳои  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва «Дар бораи гаравхона (ломбард)» таҳия намуд, ки лоиҳаҳои зикршуда дар баррасӣ қарор доранд.

Дар робита ба таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқгардониву мукаммалсозии қонунгузории муқовимат бо коррупсия ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар ҳайати намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, корҳои назаррас иҷро гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ тадқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба табъ расиданд. Аз ҷумла, таҳлилҳои муқоисавӣ -  ҳуқуқии қонунгузории бонкӣ, муҳоҷират, мубориза бар зидди коррупсия, мурофиаи ҷиноятӣ ва қонунгузории сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ дар сомонаи расмии Марказ саҳифаи махсуси «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият мекунад, ки дар давраи ҳисоботӣ 105 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз инвентаризатсия гузаронида шуд.

Дар соли 2019 бо ташаббуси Марказ як Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯъҳои «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва дурнамо», «Конститутсияи соли 1994 ҳамчун санади асосии рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон», бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ”, инчунин 3 семинар ва 4 мизҳои мудаввар гузаронида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ дар кори 30 чорабиниҳои илмии дохилию хориҷӣ иштирок ва баромадҳо намуданд.

Нишондод оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқ - як корманди Марказ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Кормандони дигар дар мавзӯъҳои муайяни илмӣ фаъолият доранд. 

Фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии Марказ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ин самт баромадҳо тариқи радио, телевизион ва сафарҳои хизматӣ ба маҳалҳо ба роҳ монда шуд. Роҳбарият ва кормандон ба 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Дарвоз, Роштқалъа, Ванҷ, Ишкошим, Қубодиён, Шаҳритуз, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Лахш, Рашт ва шаҳрҳои Кӯлоб ва Исфара сафарҳои хизматӣ анҷом дода, доир ба фаҳмондадиҳии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо барпо намуданд.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти марбутаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи зиёди маводи ҳуқуқӣ дар шакли китоб ва тафсир дастрас карда шуд.

Тариқи ВАО, аз ҷумла, телевизион ва радио 41 баромад анҷом дода шуд.

Дар соли 2019, 9 тафсири илмию амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омода ва нашр гардид, бахусус Тафсирҳои Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи гаравхона (ломбард)”, “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” ва “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”.

Тафсирҳои илмию амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”, “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” ва “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ”  бошад, таҳия гардида, дар арафаи нашр қарор доранд.

Дар самти тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ низ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Бо мақсади нашр намудани мақолаҳои илмии олимони соҳаи ҳуқуқ, маводи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон шумораҳои 1-4 Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»  нашр гардид. Маҷаллаи мазкур ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА)  шомил мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади мутобиқ намудани сомонаи расмии Марказ ба талаботи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 сол, №344 тасдиқ гардидааст, корҳо дар самти таҷдиди сомона анҷом ёфта, Сомонаи нав бо се забон ва дар се суроға: www.mmk.tj, www.ncz.tj ва  www.ncl.tj  фаъолият дорад. Дар як моҳи охир аз сомона 140 000 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода намуда, қонунҳо ва дигар маводи ҳуқуқиро дастрас намуданд.

Таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ самти дигари фаъолият аст. Бо ҳамин мақсад дар сомонаи Марказ рубрикаи «Китобхона» фаъол аст, ки дар он номгӯйи 1332 адабиёти илмӣ ва ҳуқуқии Марказ ҷойгир гардидаанд. Инчунин, дар Марказ китобхона фаъолият менамояд, ки он дорои беш аз 2000 номгӯи китоб ва маводи ҳуқуқӣ мебошад.

Дар соли 2019 ба Марказ 202 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи хаттӣ, шифоҳӣ, электронӣ ва телефонӣ ворид шуд. Муроҷиатҳо саривақт дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардида, ба муаллифон ҷавобҳои мушаххас ирсол гардид. Ҳамчунин, тибқи ҷадвали тасдиқшуда, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Марказ ба роҳ монда шудааст.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба гузориши мазкур ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ саволҳои худро манзур намуданд, ки ба онҳо аз ҷониби директори Марказ посухҳои мушаххас дода шуд.

 

 

                                                              Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии ММҚ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад