ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 08/06/2026 - 14:31
     Масъалаи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад. Қабули қонунгузории махсус дар ин самт аз зарурати ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, инчунин нигоҳдошти арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ сарчашма гирифтааст. Таҳқиқи раванди ташаккул ва рушди қонунгузории танзими ҷашну маросим имкон медиҳад, ки нақши ин институти ҳуқуқӣ дар таҳкими суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муайян карда шавад.
     Таърихи ташаккули қонунгузории танзими ҷашну маросим ба солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҷомеаи Тоҷикистон имкони эҳё ва рушди озоди анъанаҳо, расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои миллиро пайдо намуд. Аммо дар баробари ин, дар солҳои баъдӣ тамоюли афзоиши хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва рақобати иҷтимоӣ ҳангоми баргузории маъракаҳо ба мушоҳида мерасид. Бисёр шаҳрвандон барои гузаронидани тӯю маъракаҳо маблағҳои зиёд сарф намуда, ҳатто ба қарздорӣ рӯ меоварданд. Ин ҳолат на танҳо ба сатҳи зиндагии оилаҳо таъсири манфӣ мерасонд, балки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа низ монеа эҷод мекард.
     Бо дарназардошти чунин вазъият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба низом даровардани анъанаҳо ва маросимҳоро ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ матраҳ намуд. авре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ аз 24 майи соли 2007 таъкид намудаанд, ҳадафи давлат аз танзими ҷашну маросим аз байн бурдани анъанаҳои миллӣ нест, балки муайян намудани меъёрҳои оқилонаи баргузории онҳо ва раҳоии ҷомеа аз исрофкорӣ, худнамоӣ ва хурофотпарастӣ мебошад. Дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ, ки 24 майи соли 2007 баргузор гардид, зарурати таҳияи санади махсуси ҳуқуқӣ дар ин самт асоснок карда шуд.
     Пеш аз қабули қонуни махсус, масъалаҳои марбут ба танзими маъракаҳо тавассути як қатор санадҳои зерқонунӣ ба танзим дароварда мешуданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 1999 «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» [1], Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ [2] ва Тавсияномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими расму оинҳо ва ҷашну маросими мардумӣ заминаи ибтидоии ташаккули сиёсати давлатӣ дар ин самтро фароҳам оварданд. Бо вуҷуди ин, амалияи татбиқи онҳо нишон дод, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи масъала қабули қонуни махсус зарур мебошад.
     Марҳилаи нави рушди қонунгузорӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 оғоз гардид [3]. Ин қонун аввалин санади қонунгузории мустақил дар фазои пасошӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ки масъалаҳои марбут ба танзими анъанаҳо, расму оинҳо ва ҷашну маросимҳоро дар сатҳи қонун ба танзим медаровард. Мақсади асосии қонун ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, паст намудани сатҳи исрофкорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ буд.
     Аҳамияти таърихии Қонуни соли 2007 дар он зоҳир мегардид, ки он барои нахустин бор меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқиро оид ба тартиби баргузории тӯйҳо, маросимҳои азодорӣ ва дигар маъракаҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуд. Ҳамзамон қонун ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили худнамоӣ, хурофотпарастӣ ва тақлиди бемаврид мусоидат кард. Тибқи арзёбиҳои расмӣ, татбиқи қонун ба коҳиш ёфтани хароҷоти оилаҳо ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии аҳолӣ мусоидат намуд.
     Бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тағйирёбии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ зарурати такмили қонунгузорӣ ба миён омад. Дар давраи амали Қонуни соли 2007 ба он якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, солҳои 2008, 2010, 2017 ва 2021 қонун бо назардошти таҷрибаи амалии татбиқ ва талаботи нави ҷомеа такмил дода шуд. Ин тағйиротҳо асосан ба мушаххас намудани тартиби баргузории маъракаҳо, тақвияти механизмҳои назорат ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи қонун равона гардида буданд.
     Марҳилаи сифатан нави рушди қонунгузорӣ бо қабули таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024 оғоз гардид. Дар таҳрири нав аз номи қонун калимаи «анъана» хориҷ карда шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба танзими ҷашну маросимҳо равона гардид. Қонуни нав аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, бо дарназардошти талаботи замон ва таҷрибаи зиёда аз шонздаҳсолаи татбиқи қонунгузорӣ таҳия шудааст [4].
     Қонуни амалкунанда мақсади худро дар ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон муайян намудааст. Дар он мафҳумҳои асосии «ҷашн» ва «маросим» мушаххас гардида, доираи амали қонун ва низоми мақомоти масъули татбиқи он муайян шудааст.
     Яке аз хусусиятҳои муҳими қонуни нав тақвияти механизми институтсионалии татбиқи он мебошад. Қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятиро мушаххас намудааст. Ин сохторҳо барои таъмини риояи қонун, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо масъул мебошанд.
     Дар таҳрири нави қонун тартиби баргузории ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, маросимҳои ҳаҷ ва умра, инчунин маросимҳои дафну азодорӣ ба таври муфассал ба танзим дароварда шудааст. Масалан, муқаррар шудааст, ки зодрӯз танҳо дар доираи оила гузаронида шавад, маросимҳои вобаста ба таваллуди кӯдак бе забҳи чорво баргузор гарданд ва тӯйи домодию арӯсӣ бо маҳдудияти муайяни шумораи меҳмонон гузаронида шавад.
      Таҳлили таҷрибаи татбиқи қонун нишон медиҳад, ки он дар ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим бозидааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар солҳои амалисозии қонун сатҳи хароҷоти зиёдатӣ барои маъракаҳо коҳиш ёфта, имкониятҳои шаҳрвандон барои равона намудани маблағҳо ба таҳсил, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва рушди соҳибкорӣ зиёд гардидааст. Ҳамзамон шумораи зиёди оилаҳои ҷавон имкони беҳтари ташкил намудани зиндагии мустақилро пайдо кардаанд.
     Дар баробари ин, қонун ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими масъулияти иҷтимоӣ ва рушди арзишҳои сарфакорӣ мусоидат намудааст. Он дар шуури ҷомеа муносибати навро нисбат ба маъракаҳо ташаккул дода, онҳоро аз воситаи намоиши имкониятҳои молиявӣ ба воситаи ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ табдил додааст.
     Ҳамин тариқ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҷашну маросим марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва рушдро тай намуда, имрӯз ҳамчун падидаи муҳими низоми ҳуқуқии миллӣ эътироф гардидааст. Аз санадҳои аввалини тавсиявию ташкилӣ то қабули Қонуни соли 2007 ва таҳрири нави он дар соли 2024, қонунгузории мазкур пайваста такмил ёфта, ба талаботи ҷомеа мутобиқ гардонида шудааст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт намунаи нодири истифодаи воситаҳои ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад.
 
            Рӯйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:
  1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 9-уми июли соли 1999 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаидастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.05.2026).
  2. Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 тасдиқ шудааст // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаидастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.05.2026).
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007, №272 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаидастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.05.2026).
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024, №2048 // [Захираи электронӣ]. Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. Манбаидастрасӣ: www.mmih.tj. (санаи муроҷиат: 13.05.2026).
 
Акбарализода Ҷ.А.,
сардори шуъбаи қонунгузории
гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузорӣ
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад