ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Пшб, 08/04/2021 - 18:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1759
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.01.2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ
 
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 ноябри соли 2020, № 251
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 январи соли 2021, № 119
ҷонибдорӣ карда шуд.
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда алоқамандро бо мақсади таҳкими низоми амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ танзим менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- агенти биологӣ - ҳама намуди микроорганизм, вирусҳо ё ҷавҳари сирояткунандае, ки метавонанд боиси беморӣ ё фавти инсон, нобудшавии ҳайвонот, наботот ва дигар организми зинда, бадшавии сифати маводи озуқа, таҷҳизот, захира ё маводи дигар ва тағйирёбии номатлуби муҳити зист гарданд;
- агенту токсинҳои биологии назоратшаванда - ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда ва токсини онҳо, ки барои саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, муҳити зист, ҳайвонот ва наботот, маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарварӣ хатари ҷиддӣ доранд ва метавонанд ҳамчун силоҳи биологӣ истифода карда шаванд;
- амнияти биологӣ - таъмини чораҳои бехатарӣ дар ҳамбастагӣ бо расмиёти таъмини муҳофизати биологӣ, ки барои коҳиш додани хавфи талаф, тасарруф ё истифодаи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ба сифати силоҳи биологӣ, тахрибкорӣ, биотерроризм ё технология ва усулҳои амалии пешгирии паҳншавӣ ва озодшавии тасодуфии онҳо истифода мешаванд;
- баҳодиҳии хавфи биологӣ - раванди арзёбии хавфи марбут ба хатари биологӣ бо дар назар доштани мувофиқати механизмҳои мавҷудаи назорат, инчунин қабули қарорҳо дар хусуси ҷоиз будан ё набудани хавфи биологии мазкур;
- воситаҳои дастраснамоӣ - силоҳҳои стратегӣ ва системаҳои дигари бесарнишин, ки барои ба нишон расонидани силоҳи биологӣ ё токсинӣ қодир буда, барои истифода бо ҳамин мақсадҳо истеҳсол карда шудаанд;
- идоракунии хавфи биологӣ - таъмини идоракунии муташаккил дар объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ бо мақсади паст кардани хавфи марбут ба агенту токсинҳои биологии назоратшаванда;
- маҳсулот - натиҷаи фаъолият, ки дар шакли моддӣ пешниҳод шудааст ва барои истифодаи минбаъда бо мақсадҳои хоҷагӣ ва дигар мақсадҳо муқаррар гардидааст;
- муҳофизати биологӣ - маҷмӯи чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, санитарию техникӣ ва муҳофизати инфиродӣ, ки барои пешгирӣ намудани талаф, тасарруф, ихроҷ, таҳвил, истифодаи нодуруст ё қасдан паҳн кардани агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин дастрасии беиҷозат равона карда шудаанд;
- нишондиҳандаи бехатарии биологӣ - тавсифи омили бо усулҳои муосири таҳқиқот ошкор гардидаи муҳити зисти инсон, ки дар он таъсири мустақим ва ғайримустақими номусоид ба саломатии наслҳои имрӯз ва оянда мавҷуд набуда, қобилияти корӣ ва шароити санитарию маишии зисти инсонро коҳиш намедиҳад; объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ - ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии онҳо бо муомилот бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда алоқаманд мебошад;
- объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ – ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии онҳо бо муомилот бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда  алоқаманд мебошад;
- ҳолати садамавӣ - ҳолати ғайримуқаррарӣ дар объекти эҳтимолан хатарноки биологӣ, ки дар минтақаи истеҳсолӣ ва муҳити зист хатари эҳтимолии тасодуфан паҳн шудани агенту токсинҳои биологии назоратшавандаро ба миён оварда, метавонад боиси оқибатҳои дарҳол ё дертари манфӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист гардад;
- силоҳи биологӣ ё токсинӣ - агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, ки барои нобудсозии оммавии қувваи зиндаи душман, ҳайвонот, зироатҳои кишоварзӣ, заҳролудсозии маводи озуқа ва манбаъҳои об, инчунин аз кор баровардани таҷҳизоту воситаҳои ҳарбӣ таъйин гардидаанд;
- таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа - таҷҳизот ва технологияҳое, ки бо мақсадҳои осоишта истифода гардида, метавонанд барои тайёр кардани силоҳи қатли ом истифода шаванд;
- токсин - моддаи заҳрноки органикие, ки аз микроорганизмҳо ва растаниҳо ҳосил гардида, қобилияти вайрон кардани функсияи организмро дорад;
- хавфи биологӣ - тавъамшавии эҳтимолияти ба вуҷуд омадани таъсири зарарнок ва дараҷаи он дар ҳолатҳое, ки манбаи чунин таъсиррасонӣ агенту токсинҳои биологии назоратшаванда мебошанд;
- хатари биологӣ - имконияти эҳтимолии таъсири омилҳои хатарноки биологӣ ба инсон ва муҳити зист, аз ҷумла ба ҳайвонот ва наботот, ки оқибати он метавонад боиси ба вуҷуд омадани вазъи хатарноки биологӣ ва табдил ёфтани он ба вазъи фавқулодаи хусусияти биологидошта гардад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Принсипҳои таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ дар асоси принсипҳои зерин таъмин карда мешаванд:
- қонуният;
- бамеъёрдарорӣ;
- муносибсозӣ;
- пешгирӣ.
 
Моддаи 4. Таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
1. Таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ маҷмӯи чораҳо ва воситаҳо (ташкилӣ, ҳуқуқӣ, техникию технологӣ ва табобатию пешгирӣ)-ро вобаста ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳангоми истеҳсол, ҳамлу нақл, истифода, нигоҳ доштан, фурӯш, истеъмол, нобудсозии маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар бар мегирад.
2. Таъмини муҳофизати биологӣ чораҳои муҳофизат, назорат ва ҳисоботдиҳиро, ки барои пешгирӣ намудани талаф, тасарруф, нодуруст истифода бурдан, барқасдона ба муҳит ихроҷ ё паҳн кардани агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва захираҳои бо онҳо алоқаманд, инчунин дастрасӣ, нигоҳ доштан ва ҳамлу нақли беиҷозати чунин мавод истифода карда мешаванд, дар бар мегирад.
3. Таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ бо тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- танзими давлатии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, истеҳсол, ҳамлу нақл, ҷойивазкунӣ, таҳвил ва намудҳои дигари фаъолияте, ки бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа алоқаманд;
- назорати коркард, тайёр кардан, ба даст овардан, ҳамлу нақл, нигоҳ доштан, таҳвил ва истифодаи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа;
- муайян кардани ваколатҳо ва масъулияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист, ҳайвонот ва наботот, объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ мутобиқи талаботи меъёрӣ;
- таъмин, назорат ва таҷдиди мунтазами рӯйхати миллии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа;
- дастрас будани иттилоот, баланд бардоштани сатҳи огоҳонии аҳолӣ;
- асосноккунии илмӣ ҳангоми қабули қарорҳо;
- ба субъектҳои ғайридавлатӣ манъ кардани истеҳсол, ба даст овардан, соҳибӣ кардан, коркард, ҳамлу нақл, таҳвил ё истифодаи силоҳи биологӣ ё токсинӣ ва воситаҳои дастрас намудани он, инчунин иштирок дар амалҳои дар боло зикргардида ба сифати шарик, расонидани кумак ё маблағгузории онҳо.
 
Моддаи 5. Нишондиҳандаҳои амнияти биологӣ
1. Барои таъмини амнияти биологии аҳолӣ ва муҳити зист нишондиҳандаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- ҳадди ҷоизи ғилзати агентҳои биологӣ дар муҳити зист ва таркиби маҳсулот;
- органолептикӣ (тамъ ва бӯйи барои маҳсулот хос);
- зоҳирӣ (тамомияти борпеч, зичӣ ва ранг, мавҷуд набудани омехтаҳои бегона, ҳашарот, кирмак), ки барои агентҳои биологӣ ва маҳсулот хос мебошанд;
- заҳрнокӣ (дараҷаи зарарнокӣ ба организм);
- вирулентнокӣ (хусусияти ба касалӣ гирифтор кардан ва ё нобуд сохтани организм);
- сироятнокӣ (хусусияти паҳншавии бемориҳои сирояткунанда);
- кансерогенӣ (қобилияти ангезонидани варами ганда);
- мутагенӣ (қобилияти тағйир додани организм);
- тератогенӣ (хусусияти халалдор кардани инкишофи бофтаҳо ва ҷанин).
2. Нишондиҳандаҳои амнияти биологӣ барои объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ ва маҳсулот аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва нобудсозии онҳо анҷом медиҳанд, таҳия карда мешаванд.
3. Нишондиҳандаҳои амнияти биологӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба танзим дароварда мешаванд.
 
БОБИ 2. ТАДБИРҲОИ МАНЪКУНӢ ДАР СОҲАИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ
 
Моддаи 6. Манъ кардани фаъолияти беиҷозат вобаста ба агенту токсинҳои биологии назоратшаванда
Ба шахсони ҳуқуқӣ манъ аст:
1) коркард, истеҳсол, ба даст овардан, ҷамъ кардан, ҳамлу нақл ва нигоҳ доштани силоҳи биологӣ ё токсинӣ, инчунин мустақим ё ғайримустақим таҳвил додани агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ба субъектҳои ғайридавлатии дар содир кардани амалҳои беиҷозат гумонбаршуда;
2) иштирок дар коркард оид ба истифодаи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ба сифати силоҳи биологӣ ё токсинӣ;
3) сохтан ва ба даст овардани объектҳои барои истеҳсоли силоҳи биологӣ ё токсинӣ пешбинигардида;
4) анҷом додани фаъолияти беиҷозат дар объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ, инчунин бо борпеч ё зарфи биологии изолятсияшудаи дорои агенту токсинҳои биологии назоратшаванда бо мақсади ихроҷи онҳо ба муҳити зист;
5) тасарруфи агент ё токсинҳои биологии назоратшаванда аз объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ, воситаҳои нақлиётӣ ва паҳнсозии онҳо бо мақсадҳои тахрибкорӣ;
6) расонидани кумак, ҳавасманд ва мусоидат намудан ба шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдор ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти беиҷозат вобаста ба истифодаи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда;
7) додани фармоиш, фармон, кӯшиш ё таҳдид намудан барои содир кардани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, инчунин ба сифати шарик амал кардан ва маблағгузорӣ намудани фаъолияти беиҷозат вобаста ба истифодаи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ба сифати силоҳи биологӣ ё токсинӣ.
 
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ
 
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ дорои салоҳияти зерин мебошад:
1) муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ;
2) ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ;
3) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талабот ва тартиби гирифтани иҷозатро барои таҳвили агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа муқаррар менамоянд;
4) муайян намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оид ба таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ;
5) дохил намудани масъалаҳои амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ ба барномаҳои тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ;
6) қабули барномаҳои давлатӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо, тасдиқи рӯйхати агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа;
7) амали намудани салоҳияти дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
2) амалӣ намудани назорати иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ дар доираи ваколатҳои худ;
3) таҳия ва татбиқи барнома, стратегия, нақшаи миллии амал ва лоиҳаҳо, амалӣ намудани ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) гузаронидани баҳодиҳии хавфи биологӣ ва таҳлилҳо оид ба ихроҷ ва паҳншавии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ба муҳити зист;
5) тартиб додан ва навсозии давравии рӯйхати миллии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа;
6) додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолият вобаста ба ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа;
7) додани иҷозат барои воридот, содирот ва транзити ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа;
8) андешидани чораҳои маъмури (боздоштан, бозхондан ва бекор кардани иҷозатнома барои анҷоми фаъолият вобаста ба истифода, омӯзиш ва озмоиш, истеҳсол, инчунин воридот ва содироти ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда) нисбати шахсони ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур, меъёру қоидаҳо дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, инчунин талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ;
9) назорати иҷрои санадҳои меъёрие, ки талабот ва расмиёти гирифтани иҷозатро барои таҳвили агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа муқаррар менамоянд;
10) қабули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дастурамалҳое, ки талабот ва расмиёти воридот, содирот ё транзити агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафаро тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд;
11) қабули дастурамалҳо оид ба ҳамлу нақли дохилии маводи биологии хатарнок ва талабот нисбати борпечӣ ва тамғазании онҳо;
12) таҳияи принсипҳои асосӣ оид ба таҳлил, арзёбӣ ва идоракунии хавфҳои биологии ихроҷи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ба муҳити зист ва паст кардани оқибатҳои он;
13) таҳияи меъёрҳои баҳодиҳӣ ва дараҷабандии хавфи объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ;
14) гузаронидани маҷмӯи тадбирҳо, аз ҷумла чорабиниҳои карантинӣ оид ба нобуд сохтани агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, паст кардани хатари таъсири манфӣ, баланд бардоштани сатҳи муҳофизати аҳолӣ ва муҳити зист, инчунин арзёбии самаранокии чунин тадбирҳо;
15) амалӣ намудани таҳлили маҷмӯии ҳолатҳо, ошкор намудани таҳдидҳои нави биологӣ ва пешгӯии оқибатҳои имконпазири онҳо;
16) ҷорӣ намудани усулҳои нави тасниф ва ҳаммонандкунии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда мутобиқи таснифоти байналмилалӣ;
17) ташкил ва ҳифзи коллексияҳои миллии микроорганизмҳои патогенӣ (ангезандаи бемориҳои сирояткунанда) аз дастрасии беиҷозат ва тасарруфи онҳо;
18) таҳияи меъёрҳои гигиении мавҷудияти агенту токсинҳои биологии назоратшаванда дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва муҳити зист;
19) такмили усулҳои арзёбии амнияти маҳсулоти нав истеҳсолшаванда, аз ҷумла бо истифодаи организмҳои зиндаи тағйирдодашуда, био ва нанотехнология бадастовардашуда;
20) гузаронидани таснифот ва ташкили феҳристи объектҳои эҳтимолан хатарноки биологии амалкунанда, инчунин ҳудудҳои объектҳои барҳамдодашуда;
21) таъмини назорати истеҳсолӣ ва назорати давлатии муомилот бо партовҳои биологӣ;
22) ташкили низоми давлатии иттилоотии таъмини амнияти биологӣ;
23) омода намудани шиносномаи тиббию санитарӣ ва байтории объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ, мониторинги биологӣ дар ҳудуди минтақаҳои санитарии онҳо, инчунин таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии чораҳо оид ба паст ва бартараф намудани сатҳи хавф;
24) гузаронидани иктишофи биологии истифодаи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин бо роҳи инженерияи генӣ бадастовардашуда, ба сифати силоҳи биологӣ ё токсинӣ бо мақсади таҳияи тадбирҳои эътино ва паст намудани оқибати манфии онҳо;
25) тақвияти назорат дар сарҳад оид ба агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа дар доираи муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ бо мақсади пешгирӣ намудани таҳдидҳои террористӣ;
26) тасдиқи шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ барои пешниҳоди маълумот ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ё мақомоти дигари давлатӣ;
27) пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ҳангоми коркард, ба даст овардан, истеҳсол, соҳибӣ кардан, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, таҳвил ё истифодаи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, инчунин таъмини муҳофизати объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ;
28) мубодилаи иттилоот бо давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои ба имзорасида;
29) тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисони касбӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ;
30) пешниҳоди ҳисоботи ҳарсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ;
31) таъин намудани нозирони омӯзонидашуда доир ба масъалаҳои амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ ва амалӣ намудани фаъолияти нозиротӣ;
32) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод оид ба мусодира кардани агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, таҷҳизот ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа, боздоштан ва мусодира кардани воситаҳои пулии алоқаманд бо ҳамаи намуди фаъолиятҳое, ки Қонуни мазкур манъ намудааст;
33) амалӣ намудани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 4. ТАЪМИНИ ТАЛАБОТ ДАР СОҲАИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ
 
Моддаи 9. Санҷишҳо дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Санҷишҳо дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 10. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 11. Баҳисобгирӣ ва назорати давлатии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ
1. Агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ таҳти баҳисобгирӣ ва назорати давлатӣ қарор дода мешаванд.
2. Низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорат амалӣ намудани чораҳоро вобаста ба муайян намудани миқдор, маҳалли ҷойгиршавӣ, пешгирии талаф, тасарруф ва дастрасии беиҷозат, пешниҳоди иттилооти фаврӣ дар бораи мавҷудияту ҷойивазкунии онҳо, инчунин маълумот дар бораи нобудсозӣ, воридот ва содироти агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва объектҳои эҳтимолан хатарноки биологиро, ки дар шартномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
3. Шахсони дорои иҷозатнома бояд ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии агенту токсинҳои биологии назоратшавандаро мутобиқи фаъолияти ба онҳо иҷозатдодашуда пеш баранд.
4. Шахсони дорои иҷозатнома ухдадоранд, ки баҳисобгирии агенту токсинҳои биологии назоратшавандаро дар ҳамаи марҳилаҳоаз лаҳзаи воридшавии онҳо ба объект то нобудсозии онҳо ё ба шахсони дигари дорои иҷозатнома супориданашон амалӣ намоянд.
5. Шахсони дорои иҷозатнома ба мақоми ваколатдори давлатӣ, ки маълумоти зарурӣ ва давравии ҳисоботро муайян менамояд, ҳисоботдиҳанда мебошанд.
6. Шакли ҳуҷҷатҳои баҳисобгирию ҳисоботӣ ва муҳлати нигоҳдории онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамоянд.
7. Тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва объектҳои эҳтимолан хатарноки биологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 12. Талабот ба таъмини муҳофизати ҷисмии объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ
1. Талабот ба таъмини муҳофизати ҷисмии объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Меъёру қоидаҳо оид ба муҳофизати ҷисмии объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ вобаста ба дараҷаи хатарнокии микроорганизмҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Муҳофизати ҷисмии объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ бояд мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъмин карда шавад.
 
Моддаи 13. Ҳамлу нақли агенту токсинҳои биологии назоратшаванда
1. Ҳамлу нақли агенту токсинҳои биологии назоратшаванда аз тарафи ташкилотҳои нақлиётие амалӣ карда мешавад, ки барои чунин хизматрасонӣ иҷозатнома доранд.
2. Ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда мутобиқи қоидаҳои байналмилалӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамлу нақли маводи хатарнок ва бо риояи талабот ба борпечӣ ва тамғазании онҳо амалӣ карда мешавад.
3. Ташкилоти нақлиётие, ки ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалии агенту токсинҳои биологии назоратшавандаро амалӣ менамояд, бояд талабот ба ҳамлу нақл, борпечӣ ва тамғазанӣ, инчунин чораҳо оид ба пайгирии борҳо, таъмини амният, ҳифзи ҳайати кормандон ва воситаҳои нақлиётро риоя намояд.
 
Моддаи 14. Воридот, содирот ва транзити агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва таҷҳизоту технологияҳои таъиноти дуҳадафа
1. Воридот, содирот ва транзити агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, таҷҳизоту технологияҳои таъиноти дуҳадафа, кор ва хизматрасониҳои ба коркард, истеҳсол, харид, ҷамъ кардан ва интиқол додани силоҳи биологӣ ё токсинӣ алоқаманд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талабот ва расмиёти воридот, содирот ё транзити агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва таҷҳизоту технологияҳои таъиноти дуҳадафаро муқаррар менамоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 15. Назорати таҳвили дохилии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда
1. Таҳвили агенту токсинҳои биологии назоратшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шахсони ҳуқуқии дорои иҷозатнома ва объектҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Таҳвили агенту токсинҳои биологии назоратшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозат ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ талаботи иловагии техникиро нисбати таъмини ҳифз ҳангоми таҳвил, чораҳо оид ба пайгирии агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва тасдиқи гирифтани мавод аз ҷониби қабулкунандаи он барои таъмини имконияти баҳисобгирии қатъии агенту токсинҳои биологии назоратшавандаро муқаррар менамоянд.
 
Моддаи 16. Талабот нисбат ба борпеч ва тамғагузории агенту токсинҳои биологии назоратшаванда
1. Борпечи агенту токсинҳои биологии назоратшаванда бояд талабот ва шартҳои дахлдорро (реҷаи ҳароратро) барои ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалӣ таъмин ва ихроҷи онҳоро ба муҳити зист пешгирӣ намояд.
2. Борпеч бояд бо ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда бо зикри иттилооти дахлдор дар бораи тавсифи агенту токсинҳои биологии назоратшавандаи дар он мавҷудбуда мутобиқи таснифоти дараҷаи хатарнокӣ ва тамғагузории онҳо ба расмиёт дароварда шавад. Талабот ба борпеч ва тамғагузории агенту токсинҳои биологии назоратшаванда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 17. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
1. Шахсони ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ ҳуқуқ доранд:
1) амнияти биологӣ ва муҳофизати биологии объектҳои эҳтимолан хатарноки биологии зертобеи худро таъмин намоянд;
2) агенту токсинҳои биологии назоратшавандаро бо риояи талаботу қоидаҳои муқарраргардида коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақл намоянд.
2. Шахсони ҳуқуқие, ки коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли агенту токсинҳои биологии назоратшавандаро анҷом медиҳанд, уҳдадоранд:
1) талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро риоя намоянд;
2) назорати истеҳсолиро дар объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ, ки бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда кор мекунанд, таъмин намоянд;
3) маълумот, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зикргардидаро дар маҳалли фаъолияти ташкилот ё интиқолдиҳанда дар шакл ва дар муҳлати муайянгардида маҳфуз нигоҳ доранд;
4) маълумот, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои дархостнамудаи мақомоти ваколатдори давлатиро, ки дар ихтиёри онҳо ё таҳти назорати онҳо қарор доранд, дар шаклу муҳлати зикргардида пешниҳод намоянд;
5) вазорату идораҳои дахлдорро дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ дар бораи ҳолатҳои садамавӣ, боз доштани истеҳсолот, вайрон шудани ҷараёнҳои технологӣ, ки ба амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва муҳити зист хатар эҷод мекунанд, сари вақт хабардор намоянд;
6) миқдори тайёри маҳсулотро бо иттилооти зарурӣ оид ба зарари имконпазир ва дар бораи омилҳое, ки ба ҳаёт ё саломатии инсон зарар мерасонанд, аз ҷумла ҳангоми истифода ва нигоҳдории тӯлонии ин маҳсулот ҷамъ мешаванд, таъмин намоянд;
7) ба нозир ва коршинос барои иҷрои ваколатҳояшон кумак расонанд, инчунин бо дархости асосноки онҳо маълумоти заруриро, ки ба иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва ҳуҷҷатҳои дигари танзимкунанда дахл дорад, пешниҳод намоянд;
8) зарари ба саломатӣ ва молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд;
9) кормандонеро, ки курсҳои пешакӣ ва давравии омӯзишро оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ нагузаштаанд, ба кор дар объектҳои эҳтимолан хатарноки биологӣ роҳ надиҳанд.
 
Моддаи 18. Уҳдадориҳои роҳбарони ташкилотҳо барои таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Роҳбарони ташкилотҳо барои таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ уҳдадоранд:
- шахси масъулро оид ба таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ таъин намоянд;
- гузаштани кормандонро аз курсҳои бозомӯзӣ оид ба амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин намоянд;
- дастурамалҳои мансабии кормандон ва шахсони масъул барои амнияти биологӣ ва муҳофизати биологиро дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ намоянд.
 
Моддаи 19. Тартиби вокуниш ва таҳқиқи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти биологӣ
Вокуниш ва таҳқиқи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти биологӣ, ки ба саломатии инсон, муҳити зист, ҳайвонот ва наботот таъсир мерасонанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 20. Робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ
Робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти марбути давлатҳои хориҷӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз шаш моҳ аз рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон    
ш. Душанбе
29 январи соли 2021, № 1759