ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.455; соли 2008 №12, қисми 2, мод.1013, ҚҶТ аз 22.07.2013 с., № 1008; аз 02.01.2019 с., № 1571)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникй ва фарҳанги милливу ҷаҳонй дар соҳаи фаъолияти китобдорй танзим менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
БОБИ I.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:
- китобхона - муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии дорои фонди муташаккили ҳуҷҷатҳо, ки онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба ихтиёри истифодабарандагон гузошта, инчунин хизматрасониҳои дигари китобдориро ба анҷом мерасонад;
- китобхонаи дастраси умум - китобхонае, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон имконияти истифодабарӣ аз фонди китобхона ва хизматрасонии китобдориро фароҳам меоварад; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008).
- фаъолияти китобдорӣ - соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишие мебошад, ки ба вазифаҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фондҳои онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо, таёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- ҳуҷҷат - объекти моддие, ки дар он иттилоот ба шакли матн, сабти овоз ва ё тасвир дарҷ гардида, бо мақсади ҳифзу мавриди истифодаи умум қарор додан ва барои ба замону макон таҳвил намудан таъин гардидааст;
- нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо - нусхаҳои ҳуҷҷатҳои гуногуне, ки бояд аз тарафи таҳиягарон ба муассиса ва дигар ташкилотҳои дахлдор ба миқдори муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд;
- истифодабарандаи китобхона - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии китобхона истифода мебарад;
- системаи марказонидашудаи китобхонаҳо - муттаҳид кардани китобхонаҳо дар воҳиди томи сохторӣ, ки дар асоси фонди умумӣ ва ягонагии ташкилию техникӣ фаъолият менамояд;
- муассиси китобхона – маќомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)
- фонди китобхона - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои мундариҷа, таъинот ва моҳияти гуногун, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаашон бо мақсади хизматрасонии китобдорӣ ҳатмӣ мебошад;
- китобҳои нодир - китобҳои дастнавис, литографӣ ва чопие, ки дорои арзиши баланди маънавию моддӣ буда, аҳамияти хоси таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ доранд ва нисбат ба онҳо реҷаи махсуси ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифода муқаррар шудааст. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.(ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 679; аз 02.01.2019 с., № 1571).
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур ба китобхонаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё буҷетҳои маҳаллӣ пурра ва ё қисман маблағгузорӣ мегарданд, паҳн шуда, дар бобати танзими масъалаҳои ҳифз ва истифодабарии фондҳои китобхонаҳо чун ҷузъи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, нисбат ба ҳама намудҳои китобхонаҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон амал мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 479; аз 02.01.2019 с., № 1571).
Моддаи 4. Намудҳои асосии китобхонаҳо
Маќомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таъсис додани китобхонаҳо ҳуқуқ доранд.
Тибқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият намудҳои зерини китобхонаҳо мавҷуданд:
1) китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:
– Китобхонаи миллӣ;
– китобхонаи ҷумҳуриявӣ;
– китобхонаҳои вазорату идораҳо ва ди-ар мақомоти давлатӣ;
2) китобхонаҳои вилоятй, шаҳрӣ, ноҳнявй, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд;
3) китобхонаҳои шаҳрак ва деҳот, ки аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешаванд;
4) китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотй, муассисаҳои таълимӣ;
5) китобхонаҳои корхонаҳо, муассисиҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият;
6) китобхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
7)китобхонаҳои хусусӣ;
8) китобхонаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, ннчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. (ҚҶ Т аз 29.12.10с №679)
БОБИ 2.
ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ
Моддаи 5. Ҳуқуқ барои хизматрасонии китобдорӣ
Ҳар шаҳрванд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, таҳсилот, синну сол ва ҳолатҳои ҷисмонию равонӣ ва молу мулк аз ҳуқуқи хизматрасонии китобхона бархӯрдор мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Ин ҳуқуқ таъмин карда мешавад:
- бо роҳи таъсис додани шабақаи давлатии китобхонаҳои дастраси умум, оммавӣ, илмӣ ва махсус;
– бо истифода аз намудҳои гуногуни китобхонаҳо; (ҚҶ Т аз 29.12.10с №679)
- бо танзими давлатии таъсиси китобхонаҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият, тахассус ва доираи фаъолияташон.
Ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии китобдорӣ нисбат ба ҳуқуқи дар ҳамин соҳа доштаи давлат ва ҳама гуна сохторҳои он, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳо афзалият дорад.
Моддаи 6. Ҳуқуқ барои фаъолияти китобхонаҳо
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаҳо таъсис диҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар фаъолияти шӯроҳои сарпарастон, истифодабарандагони китобхонаҳо ва ё дигар навъҳои иттиҳодияҳои хонандагон, ки бо мувофиқаи роҳбарони китобхонаҳо ва ё муассисони онҳо созмон дода мешаванд, ширкат варзанд.
Кормандони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд бо мақсади мусоидат кардан барои рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳидии касбӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию тахассусии худ ассотсиатсияҳо созмон диҳанд.
Дар сурати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот чун ҳуҷҷатҳо ва коллексияҳои дорои аҳамияти махсус ва китобҳои нодир сабт шудани моликияти хусусии шаҳрванд ӯ ҳуқуқ дорад, ки ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдории онҳо аз дастгирии давлат бархурдор бошад. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008; аз 02.01.2019 с., № 1571).
Моддаи 7. Ҳуқуқи истифодабарандагони китобхонаҳо
Истифодабарандаи китобхона ҳуқуқ дорад ба таври ройгон дар ҳама гуна китобхона тавассути кор кардан бо феҳристҳо оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мушаххас дар фондҳои китобхона иттилоот ба даст оварад.
Дар китобхонаҳои дастраси умум шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:
-бо пешниҳоди ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, истифодабарандаи китобхона гарданд;
-ба таври ройгон тавассути низоми маълумотию библиографии хизматрасонии китобдорӣ доир ба фондҳои китобхона иттилооти пурра ба даст оваранд;
-ба таври ройгон ҷиҳати ҷустуҷӯ ва интихоби манбаъҳои иттилоот ёрии машваратӣ гиранд;
-ба таври ройгон ё бо музд аз фондҳои китобхонаҳо ба мӯҳлати тибқи қоидаҳои истифодаи китобхона муқарраргардида, барои истифодаи муваққатӣ ҳама гуна ҳуҷҷатро дастрас намоянд;
-тавассути абонементи байникитобхонавӣ ҳуҷҷатҳо ва ё нусхаҳои онҳоро аз китобхонаҳои дигар ба даст оваранд;
-аз дигар навъҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои музднок, ки номгӯи онҳо аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, истифода баранд.
Дар китобхонаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот истифодабарандагони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд аз хизматрасонии китобхонаҳо ва гирифтани ҳуҷҷатҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалкунанда баҳравар гарданд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Истифодабарандаи китобхона дар ҳолати аз ҷониби корманди расмии китобхона маҳдуд кардани ҳуқуқҳояш ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
Истифодабарандагони китобхона, вобаста ба талабот ва шавқу рағбати худ, аз ҳуқуқи интихоби озодонаи китобхона бархурдоранд. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)
Моддаи 8. ҳуқуқи гурӯҳҳои махсуси истифодабарандагони китобхона
Маъюбон ба хизматрасонии китобдорӣ ва гирифтани ҳуҷҷат тавассути интиқолдиҳандагони махсуси иттилоот аз китобхонаҳои махсус ва дигар китобхонаҳои дастраси умум ҳуқуқ доранд.
Истифодабарандагоне, ки бо сабабҳои кӯҳансолӣ ва норасоии ҷисмонӣ наметавонанд бевосита ба китобхона раванд, ҳуқуқ доранд тавассути шаклҳои хизматрасонии ғоибона ва ё сайёр, ки маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор ва маблағҳои барномаҳои давлатӣ таъмин карда мешавад, ҳуҷҷатҳои заруриро аз фондҳои китобхонаҳои дастраси умум ба даст оваранд.
Истифодабарандагони хурдсол ва ҷавон ба хизматрасонии китобдорӣ дар китобхонаҳои дастраси умум ва махсус, инчунин дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, тибқи тартибе, ки дар оинномаи ин китобхонаҳо муайян шудааст, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 9. Ҷавобгарии истифодабарандагони китобхонаҳо
Истифодабарандагони китобхонаҳо вазифадоранд, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя намоянд.
Истифодабарандагоне, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя накарда, ба китобхона зарар мерасонанд, онро дар ҳаҷми тибқи қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо муайяннамуда ҷуброн карда, инчунин дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)
БОБИ 3.
ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ КИТОБХОНАҲО
Моддаи 10. Муассиси китобхона
Муассиси китобхона фаъолияти онро маблағгузорӣ карда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онро назорат менамояд ва инчунин роҳбари китобхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Муассиси китобхона ҳуқуқ надорад, ба истиснои мавридҳое, ки дар оинномаи китобхона ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба фаъолияти эҷодии китобхона дахолат намояд.
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои китобхонаҳо
Китобхонаҳо ҳуқуқ доранд:
- бо мувофиқаи муассисон қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳоро тасдиқ намоянд;
- ҳангоми пешниҳод намудани нашрияҳои нодир ва арзишнок, инчунин дигар ҳолатҳои дар муқаррароти қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо дарҷгардида маблағи кафолатро муайян намоянд;
- мутобиқи муқаррароти қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо намудҳо ва андозаҳои ҷуброни зарари аз ҷониби истифодабарандагони китобхонаҳо расонидашударо муайян намоянд;
- ба мақсади васеъ намудани номгӯи хизматрасонии истифодабарандагони китобхонаҳо ва рушди иҷтимоию эҷодии китобхонаҳо, дигар хизматрасониро анҷом диҳанд, ба шарте, ки ба фаъолияти асосии онҳо зарар нарасонад;
- дар асоси шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартҳои истифодабарии фондҳои китобхонаҳоро муайян намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- барои шаҳрвандон хизматрасонии муздноки китобдорӣ ташкил намоянд;
- истифодаи фондҳои китобхонаро аз тариқи иҷора ба роҳ монанд;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои китобдориро таъсис диҳанд;
- дар асоси озмун ва дигар асосҳо барои амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ ва минтақавии рушди фаъолияти китобдорӣ, дар таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои китобдорӣ иштирок намоянд; (ҚҶТ аз 31.12.08с №479).
- тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориҳоро бо китобхонаҳо ва дигар идораю муассисаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули байналмилалии китобҳо, мувофиқи тартиби муайянгардида ба ҳайати ташкилотҳои байналмилалӣ шомил гардида, барои амалӣ гардонидани барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат варзанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с №479).
- мустақилона манбаъҳои пуррагардонии фондҳои худро муайян намоянд;
- тибқи тартиби хориҷкунии ҳуҷҷатҳо, ки бо муассисони китобхонаҳо мувофиқа карда мешавад ва инчунин мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоро аз фондҳои худ бароварда, ба фурўши музоядавӣ гузоранд. Дар айни замон, китобхонаҳо сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳои ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқдоштаро, ки низоми ҳифз ва истифодабарии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, аз ҳисоб бароварда ба фурӯш расонанд; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)
- ба шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла умумиҷаҳонӣ, пайваст шаванд ва сомона (сайт)-ҳои электронии худро кушоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №679)
Китобхонаҳо дар харидорӣ кардани ҳуҷҷатҳое, ки тибқи барномаҳои давлатии чопи китобҳо интишор мегарданд, инчунин дар навбати аввал харидорӣ кардани асноди китобхонаҳои барҳам додашуда ҳуқуқи бартариятнок доранд.
Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои китобхонаҳо
Дар фаъолияти худ китобхонаҳо баамалбарории ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъмин менамоянд. Китобхонаҳо ба истифодабарандагон тибқи оинномаҳои худ, қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонанд.
Китобхонаҳое (сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон), ки дар фондҳои худ нашрияҳои аҳамияти махсусдошта ва коллексияҳои ба объектҳои мероси миллӣ тааллуқдоштаро доранд, барои сабти саривақтии онҳо дар феҳристҳои маҷмӯавӣ ва бақайдгирии онҳо ҳамчун падидаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин барои ворид намудани онҳо ба базаи автоматикунонидашудаи маълумот дар доираи барномаҳои давлатии ҳифз ва рушди фарҳанг масъул мебошанд.
Китобхонаҳо ӯҳдадоранд, ки мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисони худ ва мақомоти давлатии омор ҳисобот диҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Китобхонаҳои давлатӣ ӯҳдадоранд, ки тибқи дархости истифодабарандагон ба онҳо оид ба фаъолияти худ барои ташаккул ва истифодаи фондҳояшон маълумот пешниҳод намоянд.
Китобхонаҳо ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба таркиби фондҳояшон дохиланд, таъмин менамоянд.
Китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар ӯҳдадориҳоро низ амалӣ намоянд. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)
Моддаи 13. Мақоми китобхонаҳо
Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз лаҳзаи тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданашон мақоми шахси ҳуқуқиро доро мегарданд.
Мақоми китобхонаҳои дигар аз тарафи муассисони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 4. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)
Моддаи 14. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)
Асоси сиёсати давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ принсипи фароҳам овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишҳои фарҳангие ташкил медиҳад, ки дар китобхонаҳо ҷамъ оварда, барои истифодаи умум пешниҳод карда мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Давлат рушди хизматрасонии китобдории гурӯҳҳои аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ камтар ҳифзшаванда (кӯдакон, ҷавонон, маъюбон, нафақахӯрон, гурезаҳо, бекорон, модарони серфарзанд, деҳотиён, сокинони минтакаҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои ба онҳо баробаркардашуда)-ро дастгирӣ менамояд.
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шахрак ва деҳот ҳуқук надоранд китобхонаҳоро ба биноҳои ба талаботи ҳифзи меҳнат, нигаҳдории фонд ва хизматрасониашон номувофиқ кӯчонанд, қароре қабул купанд ё амалеро иҷро намоянд, ки сабаби бадшавии вазъи таъминоти моддию техникии китобхонаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда гардад. Аз рӯи чунин қарорҳои мақомоти мазкур ва амалҳои шахсони мансабдори онҳо, ки манфиатҳои қонунии истифодабарандагони китобхонаҳоро махдуд менамоянд, ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 15.Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571):
– сиёсати давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ муайян менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдориро тасдиқ мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
– мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ муайян менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
– маблаггузории давлатии соҳаи фаъолияти китобдориро таъмин мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
– дигар ваколатҳоро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- таъсис ва маблағгузории муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фаъолияти китобдориро ба роҳ мемонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- стандартҳои давлатии китобдориро муайян ва ташкили низоми таъминоти иттилоотии фаъолияти китобдориро таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)
Моддаи 151. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)
Мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571):
–барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдориро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
– нигаҳдории фонди мавҷудаи китобхонаҳоро назорат ва ба ғанитар шудани он мусоидат мекунад;
– ба таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии фаъолияти китобдорӣ мусоидат менамоад;
– баҳисобгирии давлатии омории китобхонаҳоро амалӣ мегардонад;
– ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти китобхонаҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба роҳ мемонад;
– бақайдгирӣ ва назорати риояи низоми нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди китобхонаҳоеро, ки ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ эътироф шудаанд, анҷом медиқад;
- тайёр кардан, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва бо кор таъмин намудани кормандони соҳаи фаъолияти китобдориро амалӣ месозад (ҚҶТ аз 22.07.13 с., № 1008; аз 02.01.2019 с., № 1571);
– дигар ваколатҳоро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Моддаи 152. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571):
– фаъолияти китобдориро дар ҳудуди шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳот ба роҳ мемонанд;
– ҳамоҳангсозим робитаҳои байниминтақавӣ ва байниидоравии хизматрасонии иттилооотию китобдорй, аз ҷумла, иттилоотонии ҷомеаро ташкил менамоянд;
– ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасии китобхонаҳо ва хизматрасонии китобдорӣ таъмин менамоянд;
– маблағгузории саривақтии китобхонаҳоро барои таҳкими базаи моддию техникии онҳо, харидории адабиёти нав ва дигар маводҳои иттилоотӣ анҷом медиҳанд;
– дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ амалӣ мегардонанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд тавассути дастгирии моддӣ китобхонаҳои гайридавлатиро, ки ба аҳолӣ ройгон хизмат мерасонанд, ҳавасманд намоянд. (ҚҶ Т аз 29.12.10с №679)
БОБИ 5.
ШАРОИТҲОИ МАХСУСИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ
МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ
Моддаи 16. Фондҳои китобхонаҳо ҳамчун объекти мероси миллӣ
Фондҳои китобхонаҳо, ки дар асоси тартиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо таъмин карда шуда, инчунин нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳои махсусан арзишнок ва нодир мебошанд, мероси миллӣ ҳисобида мешаванд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамчун объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ эълон карда шаванд.
Фонди китобхонаҳое, ки ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад, таҳти низоми махсуси ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодабари қарор дошта, ба хориҷи кишвар баровардан, нусхабардорӣ, чопи электронӣ ва интиқоли матни онҳо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.120.10с №679)
Дар ҳолате, ки агар китобхона барои ҳифзу дастраси умум гардонидани фонди ба объектҳои таърихию фарҳангӣ тааллуқдошта шароитҳои заруриро фароҳам оварда натавонад, фонд аз таркиби он хориҷ карда шуда, бо қарори молики он ва пешниҳодоти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ба таркиби китобхонаи дигар дода мешавад (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 679; аз 02.01.2019 с., № 1571).
Китобҳои нодир бахши махсусан пурарзиши фонди китобхона буда, ба китобҳои ягонаи нодир ва коллексияҳои китобҳои нодир, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, тақсим мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.13 с., № 1008)
Моддаи 17. Китобхона ҳамчун ҷузъи мероси таърихию фарҳангӣ
Фонди китобхонаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда объектҳои мероси таърихию фарҳанги дониста шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ нигаҳдорӣ ва ҳимоя карда мешаванд.
Китобхонаҳое, ки мақоми онҳо тибқи қисми якуми моддаи мазкур муайян шудааст, ҳуқуқ доранд пайваста ва ба таври ройгон ду нусхаи ҳатмии маводҳои чопии дар ҳудуди мамлакат ва берун аз он нашршудаи ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста аз шакли моликияташон, дастрас намоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 679)
Моддаи 18. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳти низоми махсуси ҳифзу истифодабарӣ қарор дорад.
Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии фарҳангӣ, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмию тадқиқотӣ, илмию иттилоотӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз лиҳози вазифаҳои ба зимма доштааш ба талаботи асосии ЮНЕСКО барои ҳамин шакли китобхонаҳо мутобиқат менамояд.
Вазифаҳои асосии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошад: (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 679)
- ташкил, ҳифз, коркарди илмӣ, феҳристнигорӣ ва таъмини нигоҳдории воқеии маҷмӯаи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷие, ки аҳамияти илмӣ доранд;
- ташкил ва таъмини фонди китобхонаҳо бо ҳуҷҷатҳо ва нашрияҳое, ки бо забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шудаанд ва ё новобаста ба ҷои чопашон оид ба Тоҷикистон мебошанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдорӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ, фаъолияти иттилоотӣ ва дигар илмҳои вобаста ба он;
- идораи умумӣ ва батанзимдарории фаъолияти китобхонаҳо бо мақсади таъмини назорат доир ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳама намудҳои китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 479).
- ташаккул ва созмондиҳии ҳуқуқи истифодаи бонкҳои иттилоотӣ ва ширкат дар ташкили шабакаҳои иттилоотию китобдории компютерӣ;
- хизматрасонии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии истифодабарандагони китобхона;
- ба роҳ мондани фаъолияти таҳририю интишорӣ ва иттилоотию рекламавӣ;
- ҳамкорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ассотсиатсияҳои китобдорию иттилоотӣ;
- харид, ҷамъоварӣ, ҳифз ва тадқиқоти мероси хаттӣ;
- иштирок дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);
- ташкили маркази татбиқи технологияи нави китобдорӣ бо мақсади тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон;
- ташкили китобхонаи электронӣ;
- таъмини дастрасии китобхонаи электронӣ барои истифодабарандагон ва дигар китобхонаҳо;
- таъмини бехатарии техникӣ, амнияти истифода ва хизматрасонии китобхонаи электронӣ (ҚҶТ аз 22.07.13 с., № 1008);
- иҷрои вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).
Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи муздноки китобхонаи электрониро ба роҳ монда, маблағи бадастомадаро барои такмили низоми электронии ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои он истифода барад. (ҚҶТ аз 22.07.13 с., № 1008)
БОБИ 6.
ТАШКИЛИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ КИТОБХОНАҲО
Моддаи 19. Китобхонаҳои марказӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятшҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва нохияхо метавонанд ба китобхонаи умумии пешбар мақоми китобхонаи марказиро диҳанд. Вазифаи китобхонаи марказиро инҳо амалӣ менамоянд:
– дар вилоят - китобхонаи марказии вилоятӣ;
– дар шаҳр - китобхонаи марказии шахрӣ;
– дар ноҳия - китобхонаи марказии ноҳиявӣ. (ҚҶТ аз 29.12.10 с.. № 679)
Китобхонаи марказӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди барои хизматрасонӣ фарогирифтаи худ маҷмӯи нисбатан умумии ҳуҷҷатҳоро ташкил намояд, ҳифз намояд ва ба истифодабарандаи китобхона пешниҳод намояд, истифодаи муштараки захираи китобхонаро созмон диҳад ва ба китобхонаҳо ёрии методӣ расонад.
Тибқи тартиби муқарраргардида вазифаҳои китобхонаҳои марказиро байни якчанд китобхонаҳо тақсим кардан имконпазир аст. Дар ин ҳолат хароҷоти онҳо вобаста ба ҳаҷми фаъолияташон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 679)
Моддаи 20. Ҳамкории мутақобилаи китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ ва бойгониҳо
Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии давлатӣ, китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ, бойгониҳо, дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки маркази иттилоотии маълумоти дараҷаҳои гуногун доранд, ҳамкорӣ менамоянд.
Тартиби ҳамкории мутақобила тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин шартномаҳои миёни ин муассисаҳою ташкилотҳо басташуда муайян карда мешавад.
БОБИ 7. ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ
Моддаи 21. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Молу мулки китобхонаҳо
Китобхонаҳо дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ дорои молу мулки ба онҳо вобаста кардашуда мебошанд, ки аз онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.(ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 679)
Китобхонахои давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум барои беҳтар намудани хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ ҳуқуқи ройгон истифодабарии қитъаҳои замин ва биноҳои истеҳсолиро доранд.
Тартиби истифодабарии воситаҳои молиявии китобхона тибқи оинномаи он танзим карда мешавад.
БОБИ 8.
ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА
Моддаи 23. Ҳимояи иҷтимоии кормандони китобхонаҳо
Ҳифзи иҷтимоии кормандони китобхонаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
БОБИ 9.
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 24. Ҳуқуқ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ
Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, иттилоотонӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои марбут ба китобхонаҳо дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба таркиби созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ шомил гардида, дар татбиқи барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат намоянд.
Моддаи 25. Ҳуқуқи аз фондҳои китобхонаҳо ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон
баровардани ҳуҷҷатҳо
Баровардани ҳуҷҷатҳо аз фондҳои китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 479).
Боби 10. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 251. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
1 августи соли 2003
№32