ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1655
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст;  
- фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд;
- маблағгузории экстремизм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан, ҷамъ овардани молу мулк ва воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо барои банақшагирӣ, ташкил ва содир кардани амалҳои экстремистӣ ва хусусияти экстремистидошта ва дастгирии фаъолияти экстремистӣ ё дарки он ки маблағҳои мазкур барои ин мақсадҳо муқаррар гардидааст;
- ташкилоти экстремистӣ - гурӯҳи муташаккили шахсон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилоти дигаре, ки нисбати онҳо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд аст;
- маводи экстремистӣ - ҳуҷҷат ва иттилоот дар ҳама намуди ҳомилҳо, ки дорои мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ мебошад;
- ҳуҷҷат - ҳомили моддие, ки дар он ҳама намуди иттилоот дар шакли матнҳои дастнавис ё чопӣ (варақаҳо, адабиёт, маҷалла, рӯзнома ва китобчаҳо), сабти овозӣ, тасвирӣ ё якҷоя (маводи аккосӣ, навори кино, видеороликҳо, сабти аудиою видео) сабт шуда, дорои маълумоти имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунонии он мутобиқ ба мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи фаъолияти экстремистӣ мебошад;
- муқовимат ба экстремизм - фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст;
- ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта - кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) бо мақсади маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расондани зарар ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин ба сулҳу амнияти байналмилалӣ равона гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;
- ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта - кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  муқовимат ба экстремизм   
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  
 
Моддаи 3. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад.
2. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад:
- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;
- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;
- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;
- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ; 
- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар  ва шахсони мансабдори онҳо;
- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;
- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;
 - даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.
 
Моддаи 4. Принсипҳои муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои қонунии ташкилотҳо;
- бартарияти таъмини амнияти давлат;
- бартарияти чораҳои пешгирикунандаи фаъолияти экстремистӣ;
- ба таври мунтазам, маҷмӯӣ ва мувозинавӣ ба роҳ мондани тадбирҳои сиёсӣ, иттилоотию ташвиқотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ – маъмурӣ, ҳуқуқӣ – ҷиноятӣ ва чораҳои дигари муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар дар муқовимат ба экстремизм;
- ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ;
- мутобиқати чораҳои муқовимат ба экстремизм ба дараҷаи хавфнокии фаъолияти экстремистӣ.
Моддаи 5. Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст;
- огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта;
- ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм.
Моддаи 6. Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм 
Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм инҳоянд:
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат;
- барҳам додани таҳдиди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмӯӣ ва дурнамои  муқовимат ба экстремизм;
- таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм, аз ҷумла иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқовимат ба экстремизм;
- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм;
- дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини мубориза бо экстремизм;
- муқовимат ба маблағгузории экстремизм;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ дар маҳалҳои аз ҷиҳати паҳншавии мафкураи экстремизм нисбатан осебпазир.
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ ИДОРАКУНИИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 7. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатии муқовимат ба экстремизмро муайян менамояд. 
 
 Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои салоҳияти зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба экстремизм роҳбарӣ менамояд;
- консепсия, стратегия, барномаи давлатӣ ва нақшаҳоро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ё тасдиқ намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ва тасдиқ менамояд;  
- маблағгузории чораҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизмро таъмин мекунад;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
 
Моддаи 9. Субъектҳои муқовимат ба экстремизм
Субъектҳои муқовимат ба экстремизм аз субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, иборат мебошанд.
Моддаи 10. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда
Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда  
1. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- фаъолияти субъектҳои муқовимат ба экстремизмро дар самти   ошкор ва пешгирии экстремизм ва рафъ намудани фаъолияти экстремистӣ ҳамоҳанг месозад;  
- бо тартиби муқарраргардида ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи муқовимат ба экстремизм маълумот пешниҳод мекунад;
- лоиҳаҳои консепсия, стратегия ва барномаи давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба экстремизм мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул ва тасдиқ пешниҳод менамояд;
- ҷиҳати огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин муайян ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатиро аз ҷониби аъзои ташкилоти экстремистӣ пешгирӣ менамояд;
- ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатӣ гузарондани маводи экстремистӣ  ва ҳамчунин силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивиеро, ки метавонанд дар фаъолияти экстремистӣ истифода гарданд, пешгирӣ мекунад; 
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва амнияти шахсони дар муқовимат ба экстремизм ҳамкорикунандаро таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, огоҳонӣ, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудан, инчунин муайян ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- маълумотҳои омориро оид ба самти муқовимат ба экстремизм  ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркард намуда, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва шахсони чунин ҷиноятҳо содирнамударо амалӣ менамояд;
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирии амалҳои экстремистӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мемонад; 
- бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳимоя ва амнияти шахсони дар муқовимат ба экстремизм ҳамкорикунандаро таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад: 
- фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳои вобаста ба экстремизм ҳамоҳанг менамояд;
- риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар самти муқовимат ба экстремизм назорат ва барои бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии прокурорӣ қабул менамояд; 
- барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ тадбирҳо меандешад ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро анҷом медиҳад;
- дар судҳо айбдоркунии давлатиро оид ба парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистидошта таъмин менамояд; 
- оид ба экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳо ба суд аризаҳо пешниҳод менамояд;
- дар самти муқовимат ба экстремизм ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро амалӣ менамояд;
- якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ва ё аз тарафи кишварҳои хориҷӣ экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудаанд, чораҳои зарурӣ меандешад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- назорати риояи оинномаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро амалӣ менамояд ва дар сурати ошкор гардидани аломатҳои экстремизм огоҳии хаттӣ медиҳад, инчунин тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздоштан ё қатъ намудани фаъолияташон чораҳо меандешад;
- оид ба ошкор, огоҳонӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чораҳо меандешад.
5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- ба фаъолияти экстремистӣ, ки ба амнияти давлат хатар дорад, муқовимат мекунанд;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамоянд;
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ корҳои тарбиявӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мемонанд.
6. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин таҳқиқ ва тафтиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамояд.
7. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин таҳқиқ ва тафтиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамояд.
8. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- фаъолияти иттиҳодияҳои динии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро омӯхта, таҳлил менамояд;
- фаъолияти иттиҳодияҳои диние, ки бе бақайдгирӣ амал менамоянд, ошкор ва огоҳ мекунад, масъалаҳои вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ намуда, огоҳӣ медиҳад ва оид ба қатъ ва манъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки Қонуни мазкурро вайрон кардаанд, ба суд ариза пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои гирифтани таълимоти динӣ дар дохил ва хориҷи кишварро бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба танзим медарорад;
- чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ, аз ҷумла экспертизаи давлатии диншиносӣ мегузаронад.
9. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- масъалаи тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбия дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, иштироки онҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва забони давлатиро баррасӣ менамояд;
- тарғибу ташвиқи идеологияи экстремизмро дар байни ҷавонон пешгирӣ мекунад;
- таъмини иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин ба ҳаёти ҷомеа фаъолона ҷалб намудани онҳоро таъмин менамояд.
10. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизмро ба воситаи пешгирии аз сарҳади гумрукӣ гузарондани маводи экстремистӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок, инчунин адабиёт, варақа, маводи видео ва аудиоии мазмуни экстремистидошта амалӣ мегардонад. 
11. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:   
- ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ тамоми шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоиро таҳти назорат қарор медиҳад;
- дар сурати ошкор кардани маводи хусусияти экстремистидошта иттилооти мазкурро ба мақомоти амнияти миллӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба салоҳияти онҳо пешниҳод менамояд:
- аз рӯи тамоми хизматрасониҳои алоқа тариқи шабакаи интернет, аз ҷумла сомонаҳои иҷтимоӣ мониторинг гузаронда, дар сурати зарурати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ шабакаҳои зикршударо маҳдуд ё боз медорад;
- дар самти пешгирӣ намудани муқовимат ба экстремизм бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;
- ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода (амалиётҳои ҷангӣ, террористӣ, экстремистӣ ва офатҳои табиӣ), ки ба амнияти   давлат хатар доранд, барои истифодаи афзалиятнок, маҳдуд ва боз доштани тамоми хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва намудҳои дигари алоқа, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳуқуқ дорад;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии амаликунандаи фаъолияти хизматрасонии алоқа, аз ҷумла интернет-провайдерҳоро уҳдадор менамояд, ки нигоҳдории иттилооти хусусияти экстремистидоштаро дар муҳлати то 6 моҳ дар серверҳояшон таъмин намояд.
12. Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи чорабиниҳо вобаста ба муқовимат ба маблағгузории экстремизмро ба роҳ мемонад.
13. Субъектҳое, ки дар доираи ваколатҳои худ ба экстремизм бевосита муқовимат мекунанд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- дар таҳия ва такмили лоиҳаҳои консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд;
- дар самти муқовимат ба экстремизм санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул менамоянд;
- корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ менамоянд;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти муқовимат ба экстремизм ба роҳ мемонанд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 12. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, инҳо мебошанд:
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм бо тартиби пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ иштирок менамоянд.
 
Моддаи 13. Ваколатҳои субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барномаҳои тарбиявӣ ва санадҳои меъёрии дар самти такмили маърифати ҳуқуқӣ қабулгардидаро бо мақсади расондани таъсир ба шуури наврасону ҷавонон ҷиҳати роҳ надодани ҷалби онҳо ба ташкилотҳои экстремистӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд;
 - дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ  менамояд;
- дар байни муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи кишвар корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба сафи созмонҳои экстремистӣ ба роҳ мемонад;
- фаъолияти ташкилотҳоро оид ба бакортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар назорат мекунад;
- барои пешгирӣ ва бартарафсозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ чорабиниҳоро татбиқ мекунад;
- масъалаҳои вобаста ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат мекунад;
- дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мавод таҳия карда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод менамояд.  
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ахбори омма бо мақсади роҳ надодани ташвиқу тарғиб ва дастгирии экстремизм ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд, фазои таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар байни шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) фароҳам меоранд, инчунин дар доираи ваколатҳои худ дар самти мазкур чораҳои дигар меандешанд.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ва ё аз тарафи давлатҳои хориҷӣ экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудаанд, чораҳои дахлдор меандешад.  
5. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкор, огоҳонӣ, пешгирӣ ва рафъ намудани фаъолияти экстремистӣ иштирок менамояд.
6. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни занон тарзи ҳаёти солимро ташвиқ менамояд,   омилҳои номатлуби экстремистиро миёни онҳо ва оила огоҳ ва пешгирӣ менамояд. 
7. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чораҳо меандешанд, вазъи муҳити диниро дар маҳал меомӯзанд ва таҳлил мекунанд, чорабиниҳо ва корҳои тарғиботиро дар ҳудуди ба онҳо дахлдор ташкил менамоянд.
 
Моддаи 14. Уҳдадориҳо оид ба муқовимат ба экстремизм
1. Мақомоти давлатӣ, ки тибқи Қонуни мазкур ба рӯйхати субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, ҳамроҳ карда  нашудаанд, новобаста аз тобеияти идоравӣ, дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд чораҳои муқовимат ба экстремизм равонагардидаро андешанд.
2. Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд ба мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ ё субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм оид ба тамоми воқеаҳое, ки дар бораи тайёрӣ ба амалиёти хусусияти экстремистидошта шаҳодат медиҳанд, фавран хабар расонанд. 
 
Моддаи 15. Кафолати давлатӣ нисбати шахсоне, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мерасонанд
Давлат ҳимоя ва амнияти шахсонеро, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мекунанд, кафолат медиҳад. Иттилоот дар бораи чунин шахсон махфӣ буда, ошкор намудани он боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
 
БОБИ 3. ЧОРАҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 16. Чораҳо оид ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ
1. Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
- ташкил, бақайдгирӣ ва фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ё ташкилотҳое, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд;
- фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл, табъу нашр ва паҳн кардани маводи экстремистӣ;
- созмон додан ва фаъолияти ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории (филиалҳо, намояндагиҳои) ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ, ки мақсад ва амалҳояшон ба фаъолияти экстремистӣ алоқаманд аст; 
- истифодаи номи ташкилоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътирофшуда дар номгузории ташкилотҳои нав таъсисёбанда;  
 - ворид шудан, баромадан ё гузаштани транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд, инчунин ба онҳо додани ҳуҷҷат барои иқомат;
- додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;
- гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- истифодаи шабакаҳои коммуникатсионии истифодаи умум, шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои интишори даъватҳои экстремистӣ;
- кирдорҳои дигари барқасдона, ки ба фаъолияти экстремистӣ шароит фароҳам меоваранд.
2. Пешгирии фаъолияти экстремистӣ метавонад чораҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофнамуда пешбинӣ кардаанд, дар бар гирад.
 
Моддаи 17. Манъ ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти хусусияти экстремистидошта
1. Ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистӣ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад.
2. Қатъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот барои пешгирии таблиғоти экстремизм дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.   
Моддаи 18. Асосҳо, тартиби эътирофи ташкилоти экстремистӣ ва оқибатҳои он 
1. Асос барои ташкилоти экстремистӣ эътироф намудани гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё ташкилоти дигар мавҷуд будани аломатҳои экстремизм дар фаъолияти онҳо мебошад.
2. Гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё ташкилотҳои дигар метавонанд танҳо бо санади суд, ки дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст,  экстремистӣ эътироф карда шаванд.
3. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, уҳдадоранд маводи аз фаъолияти экстремистии ин ё он гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилотҳои дигар шаҳодатдиҳандаро ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилотҳои дигаре, ки нисбати онҳо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи экстремистӣ эътироф намудани онҳо ва барҳам додан ё манъ намудани фаъолияташон бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд мебошад, ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф мегарданд ва иштирок дар фаъолияти онҳо манъ аст.
5. Санади эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилоти дигар бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ҷиҳати ворид намудан ба рӯйхати ташкилотҳои экстремистӣ аз тарафи судҳо ба мақомоти амнияти миллӣ ирсол карда мешавад ва мундариҷаи он дар матбуоти даврии расмӣ нашр карда, дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад. 
6. Молу мулки ташкилоте, ки фаъолияташ бо тартиби дар Қонуни мазкур пешбинишуда барҳам дода шудааст, баъд аз қонеъ намудани талаботи қарздорон (дар сурати иштирок надоштани онҳо дар фаъолияти экстремистӣ) ба фоидаи давлат гузаронда мешавад. Санад дар бораи ба фоидаи давлат гузарондани молу мулки мазкур аз тарафи суд дар як вақт бо санад оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ қабул карда мешавад.  
7. Дар сурати манъ намудани фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар ин хусус барои хабардор кардани давлати дахлдори хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда мешавад. 
 
Моддаи 19. Тартиби экстремистӣ эътироф намудани мавод
Мавод дар асоси хулосаи экспертиза, ки аз ҷониби муассисаи давлатии ваколатдоркардашуда дода шудааст, экстремистӣ эътироф мегардад. 
 
Моддаи 20. Додани огоҳии расмӣ, амр ва овардани пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ
1. Ҳангоми мавҷуд будани иттилооти боэътимод дар бораи амалҳои зиддиҳуқуқии хусусиятҳои экстремистидошта, ки тайёр шуда истодаанд ё содир шудаанд, вале асоси кофӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидан мавҷуд нест, ба роҳбарони гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаи ахбори омма ё ташкилоти дигар, инчунин шахси воқеии дахлдор огоҳии расмӣ дар бораи роҳ надодан ба фаъолияти мазкур, амр дар бораи фавран бартараф намудани  ҳуқуқвайронкунӣ ё пешниҳод дар бораи бартараф сохтани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
2. Пешниҳод аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори дахлдори ба ӯ тобеъ оварда мешавад. Огоҳии расмӣ аз ҷониби Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чунин пешниҳод ё огоҳии расмиро метавонанд субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм бароранд.
3. Дар ҳолате, ки аз болои ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии расмии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда бо тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шикоят оварда нашудааст ё бо қарори суд ин санадҳо ғайриқонунӣ эътироф нагардидаанд, вале аз ҷониби гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилотҳои дигар, ки ба онҳо ин санадҳо дода шудаанду дар муҳлатҳои муқарраргардида бе иҷро мондаанд, масъалаи нисбати онҳо татбиқ намудани ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ карда мешавад.  
 
Моддаи 21. Муқовимат ба маблағгузории экстремизм
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар ва сохторҳои минтақавӣ ва тобеи онҳо, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятбаранда, ки ба маблағгузории экстремизм ва фаъолияти ба он монанд равона гардидаанд, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
2. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба шахсони ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидаанд, рад намоянд. 
3. Назорати иҷрои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда дар доираи ваколатҳои онҳо гузошта мешавад.
 
 
БОБИ 4. БАҲИСОБГИРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА Ё МАҲКУМ ШУДААНД, ҶАВОБГАРӢ БАРОИ АМАЛҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
 
Моддаи 22. Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсоне, ки барои фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд
1. Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ, инчунин назорати шахсони ба фаъолияти экстремистӣ алоқамандидошта аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Баҳисобгирии шахсоне, ки барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд ва (ё) барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.  
 
Моддаи 23. Роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оммавӣ
1. Ҳангоми гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ ташкилкунандагони ин чорабиниҳо барои риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби   гузарондани чунин чорабиниҳо, роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин пешгирии саривақтии он масъул мебошанд.  
2. Ташкилкунандагони маҷлисҳо, гирдиҳамоӣ ва чорабиниҳои дигари оммавӣ ҳангоми бо сабаби хунукназарӣ роҳ додан ба ҳолатҳои фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин наандешидани чораҳо барои пешгирии саривақтии он ҷавобгаранд.
 
Моддаи 24. Чораҳои муқовимат ба фаъолияти ташкилоте, ки  экстремистӣ эътироф шудааст
Экстремистӣ эътироф гардидани ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси оқибатҳои зерин мегардад: 
- бекор кардани бақайдгирии давлатӣ ва аккредитатсия;  
- манъ намудани пешбурди ҳама гуна фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манъ намудани чопи ҳама гуна мавод аз номи ташкилоти мазкур дар воситаи ахбори омма;
- манъ намудани гузарондани чорабиниҳои  оммавӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин иштирок дар чунин чорабиниҳо ба сифати намояндаи ташкилоти мазкур;
- манъ намудани созмон додани ташкилоти вориси ҳуқуқии ташкилоти мазкур новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- манъ намудани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба сифати намояндаи ин ташкилот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 25. Ҷавобгарии шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ
1. Шахсони мансабдор ё хизматчиёни давлатӣ барои баён намудани андешаҳо ба таври оммавӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё бо зикри мансаби ишғолнамуда дар бораи зарурат, ҷоиз будан, имконпазирӣ ё хоҳиши амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин аз ҷониби шахсони мансабдор дар доираи ваколатҳояшон наандешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани фаъолияти экстремистӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори болоӣ уҳдадоранд ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ба амалҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда роҳ додаанд, фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
 
Моддаи 26. Ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва роҳбарони онҳо барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданӣ-ҳуқуқии муқаррарнамудаи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
2. Барои шахсе, ки дар амалишавии фаъолияти экстремистӣ иштирок карда, барои ин кирдораш суд шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин кор дар муассисаҳои таълимӣ маҳдуд карда мешавад. 
3. Агар роҳбар ё узви мақоми роҳбарикунандаи шахси ҳуқуқӣ изҳороти оммавии даъвати амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ намояд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки ҳукми суд нисбати чунин шахс барои ҷинояти хусусияти экстремистидошта эътибори қонунӣ пайдо карда бошад, шахси ҳуқуқӣ уҳдадор аст, ки дар муддати панҷ шабонарӯз аз санае, ки хабардор шудааст, дар бораи норозӣ буданаш ба изҳороти баёншуда ё кирдорҳои чунин шахсон изҳороти оммавӣ намояд.
4. Агар шахси ҳуқуқӣ чунин изҳороти оммавӣ пахш накунад, ин беамалӣ метавонад ҳамчун далели мавҷуд будани нишонаҳои  экстремизм дар фаъолияти он баҳо дода шуда, нисбаташ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шаванд.
 
БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 27. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муқовимат ба экстремизмро амалӣ менамоянд, ҳамкорӣ менамояд. 
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлати худ шахсони аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ дар экстремизм гумонбар ва айбдоршавандаро танҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи басташуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардааш таъқиб менамояд.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 29. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 697; с. 2007, №3, мод. 158;         с. 2014, №11, мод. 655) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
   ш. Душанбе,
2 январи соли 2020,
         № 1655