ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2006

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 10:21
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
112
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
09.12.2005
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2006
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №12, мод. 627; соли 2006, №7, мод. 337; №10, мод. 410;  №12, мод. 539)
 
Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 аз рўи даромад ба маблағи 1510000 ҳазор сомонӣ бо назардошти баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 10000 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 1542000 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 42000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2006 ба маблағи 42000 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ муқаррар карда шавад. Манбаи пўшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
  • даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ                        - 15000 ҳазор сомонӣ;
  • даромад аз  фурўши векселҳои хазинадорӣ                      - 3000 ҳазор сомонӣ;
  • аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар
       Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2006     - 24000 ҳазор сомонӣ;
Нишондиҳандаи васеи касри буҷет бо назардошти маблағгузории берунии Барномаи сармоягузории давлатӣ барои соли 2006 ба маблағи 378000 ҳазор сомонӣ ё 4,5 фоизи Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ муқаррар карда шавад.
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 108151 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, гранти Иттиҳоди Аврупо ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2006 муайян карда шавад.
 
Моддаи 2. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2006 аз рўи даромад ба маблағи 976635 ҳазор сомонӣ бо назардошти баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 10000 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 1008635 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 42000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 3. Буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 253000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2006 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андоз ва даромадҳои ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурўш                                                                                                                                            - 100 фоиз;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо                                                                                    - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ                                                                                                                                 - 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда, ки ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад                - 100  фоиз;
-пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии ҷумҳуриявӣ, инчунин пардохт
  барои дохил шудан ба қаламрав ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди
  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                               - 100 фоиз.
 
Моддаи 5. Дар соли 2006 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ворид мешаванд, байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
а) андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе ва  шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода –  35 фоиз ба буҷети шаҳр ва 65 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
б) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе)  – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода -  40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе   ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода – 35 фоиз ба буҷети шаҳр ва 65 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
д) аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд,  шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав) – 100 фоиз;
аз вилояти Суғд – 52 фоиз ба буҷети вилоят ва 48 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Шаҳринав – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
е) андози замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
ж) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  – 100 фоиз;
з) андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
и) боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
к) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрхо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
л) андозу дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурўши чакана, андози даромад дар асоси патент, дигар пардохтҳо ва даромадҳои ғайриандозӣ):
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
м) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», корхонаҳои тобеи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Заводи алюминийи Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал  аз даромади корхонаҳо:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ - 100 фоиз;
н) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ – 100 фоиз;
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд воридшудаи андозҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Андози даромад ва шахсони воқеӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд ба буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби заводи алюминии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба Буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт мешаванд.
 
Моддаи 6. Дар соли 2006 воридоти гази табиӣ, барқ ва 50 адад троллейбусҳои тамғаи «ЗиУ 682Г-016 (012)П», ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тролза-Маркет»-и Федератсияи Россия барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе ворид мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд.
Дар соли 2006 воридоти молҳо барои ташаккул додан ва пурра кардани Фонди давлатии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағгузорӣ мегарданд, тибқи номгўй ва ҳаҷми муайяннамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдор оид ба масълаҳои ташаккул ва хизматрасонии Фонди мазкур аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. 
  Фароишгарон ва пудратчиёни  асосии  сохтмони  меҳмонхонаи панҷситорадор  воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кўчаи Айнӣ, меҳмонхонаи  «Исмоили  Сомонӣ»  воқеъ дар хиёбони Рўдакӣ, маҷмааи  меҳмонхона  воқеъ  дар  кўчаи  Бухоро,  меҳмонхонаи  панҷситорадор  воқеъ  дар  кўчаи  Айнӣ,  Маркази  фарҳангии  Осиёи  Миёна дар шаҳри  Душанбе  воқеъ  дар хиёбони  Исмоили  Сомонӣ,  меҳмонхонаи  «Сиренаи  Душанбе»  дар  хиёбони  Рўдакӣ  ва корхонаи ресандагию  бофандагӣ бо сехи рангубор дар шаҳри Душанбе аз  пардохти андозҳои зерин, ки  бевосита ба сохтмони иншоотҳои дар боло номбаршуда дар шаҳри Душанбе алоқаманданд, озод карда мешаванд;
 - андоз  аз арзиши иловашуда;
 - андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
 - андоз  аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
 - андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;
 - андоз аз замин;
 - андоз  аз соҳибони  воситаҳои нақлиёт;
 - андоз аз амволи ғайриманқул;
 - андози  иҷтимоӣ нисбати  шахсоне, ки бевосита дар  сохтмони  иншоотҳои  мазкур  банд мебошад ва  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  намебошанд.
  Воридоти  молҳо барои сохтмони иншоотҳои дар қисми  сеюми ҳамин  модда зикршуда аз  андоз аз арзиши иловашуда ва  боҷи гумрукӣ  тибқи номгўй  ва  дар  ҳаҷмҳое,  ки  аз  ҷониби Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ  гардидаанд, озод карда мешавад.
   Дигар иштирокчиёни сохтмони иншоотҳои дар боло номбаршуда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки бояд бевосита нисбати сохтмони (вобаста ба сохтмони) иншоотҳои дар боло номбаршуда ҳисоб карда шаванд, инчунин аз пардохти андози иҷтимоӣ нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони иншоотҳо банд мебошанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, озод карда мешаванд. Ба сифати дигар иштирокчиёни иншоотҳои ин иншоотҳо шахсони ҳуқуқие фаҳмида мешаванд, ки бевосита бо фармоишгар ё пудратчии асосии сохтмони ин иншоотҳо таввасути аҳд (амалиёт, қарордод, шартнома, созишномаҳо)-ҳо, ки таҳвили молҳо, хизматрасонӣ ва иҷрои кор вобаста ба сохтмони (барои сохтмони) иншоотҳои дар боло номбаршударо пешбинӣ менамоянд, алоқаманд мебошанд. Аҳд (амалиёт, қарордод, шартнома, созишнома)-ҳое, ки ба сохтмони иншоотҳои мазкур  алоқаманданд, аҳд аҳде эътироф карда мешавад, ки дар давраи сохтмони иншоотҳо анҷом ёбанд ва аз ҷониби фармоишгари сохтмони иншоотҳо тасдиқ гардидааст.
Нисбати амалиёти байни фармоишгар, пудратчии асосӣ ва дигар иштирокчиёни сохтмони иншоотҳое, ки дар қисмҳои сеюм ва панҷуми ҳамин модда зикр шудаанд, талаботи моддаи 220 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда намешавад. Нисбати амалиёти байни фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони иншоотҳое, ки дар қисми сеюми ҳамин модда зикр шудаанд, талаботи моддаи 164 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда намешавад.
Мазути камсулфур ба миқдори 30000 тонна, ки ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе» ворид менамояд, аз андози аксизӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Моддаи 7. Андозбандии Заводи алюминии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амлӣ карда шавад.
 
Моддаи 8. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2006 боҷи давлатӣ барои додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ) ё дароз намудани мўҳлати он, инчунин барои сабт ва додани шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ бо розигии зану шавҳар, ки фарзандони ноболиғ надоранд, ба андозаи якунимкаратаи ҳадди ақалли музди меҳнат ситонида шавад.
 
Моддаи 9. Дар соли 2006 ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ба фонди инноватсионии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барки тоҷик» дар ҳаҷми то 20 фоиз аз хароҷоти мустақими истеҳсолӣ, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дохил карда мешавад, бо назардошти нигоҳ доштани ҳамаи пардохтҳои андозӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба Буҷети давлатӣ бе тағйирдиҳии нархномаҳои амалкунанда ба истиснои нархномаҳое, ки дар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, гузаронад. 
 
Моддаи 10. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2006 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавҷудбуда ба маблағи умумии  976635 ҳазор сомонӣ бо назардошти баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 10000 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда                                                    - 458462 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо                                                                                               - 76094 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия)    - 58837 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо                                    - 85531 ҳазор сомонӣ;  
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқ                                                             - 28383 ҳазор сомонӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо                        - 13833 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз  шахсони воқеӣ                                        - 18129 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ                                                                                              - 108120 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард               - 18428 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари гайриандозӣ                                           - 72818 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ                                 - 38000 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 11. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2006 аз рўи тартиби тақсимоти  вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ                                          - 145074 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            - 3165 ҳазор сомонӣ;
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              - 8044 ҳазор сомонӣ;
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии
  Тоҷикистон                                                                                                      - 2970 ҳазор сомонӣ;
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                - 43982 ҳазор сомонӣ;
- Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии
  Тоҷикистон                                                                                                      - 394 ҳазор сомонӣ;
- Кумитаҳои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон                     - 5127 ҳазор сомонӣ;
- дастгирии сиёсати давлатии  ҷавонон                                                  - 372 ҳазор сомонӣ;
- сафарҳои хизматии  хориҷии кормандони мақомоти ҳокимияти
  давлатӣ ва идоракунӣ, кирояи (фрахти) ҳавопаймоҳо                   - 5000  ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули сиёсати молиявӣ
  ва андозу буҷетӣ                                                                                                            - 23342 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти сиёсати берунӣ     - 33935 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули хизматрасониҳое, ки
  барои соҳаҳои иқтисодиёт хусусияти умумӣ доранд                     - 10264 ҳазор сомонӣ;
- тадқиқоти бунёдӣ ва илм                                                                                           - 8479 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         - 5675 ҳазор сомонӣ.
Мудофиа (на барои нашр)
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  судҳо ва прокуратура (на барои нашр)
Аз ҷумла:
- хадамоти милитсия  ва муҳофизат аз сўхтор                                    - 50968 ҳазор сомонӣ;
- дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ                                                                   - 41070 ҳазор сомонӣ;
- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                - 474 ҳазор сомонӣ;
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        - 938 ҳазор сомонӣ;
- Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  - 539 ҳазор сомонӣ;
- Мушовараи ҳарбии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  - 202 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти
  он дар маҳалҳо                                                                                               - 2450 ҳазор сомонӣ;
- Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он, судҳо
  ва дастгоҳи судҳо                                                                                                           - 4424 ҳазор сомонӣ;
- Прокуратураи генералӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо                 - 6105 ҳазор сомонӣ.
Маориф                                                                                                               - 77988 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ                                                                                                          - 16757 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти касбӣ                                                                                                             - 24894 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф                                                                          - 371 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       - 444 ҳазор сомонӣ;
- дигар хароҷот дар соҳаи маориф                                                                           - 35522 ҳазор сомонӣ.
Нигаҳдории тандурустӣ                                                                               - 32138 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- беморхонаҳо                                                                                                    - 12415  ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ                                                                              - 255 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ                                          - 624 ҳазор сомонӣ; Вазорати - тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                - 286 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои соҳаи нигаҳдории
  тандурустӣ                                                                                                       - 18558 ҳазор сомонӣ.
 Суғуртаи  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                  - 77250 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- таъминоти нафақаи сохторҳои қудратӣ                                                             - 19650 ҳазор сомонӣ;
- пардохти ҷубронпулӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ                           - 26181  ҳазор сомонӣ;
- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 - 1572 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои махсус барои маъюбон ва пиронсолон                    - 5263 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои соҳаи таъминоти
  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                                      - 24584 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳифзи табиат                                              - 16010 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали
  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                - 6398 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат                                                - 42 ҳазор сомонӣ;
- Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию
  коммуналӣ»                                                                                                    - 2260 ҳазор сомонӣ;
- ғайраҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ                                         - 7310 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, солимгардонӣ  ва ҷамъиятӣ                - 45508 ҳазор  сомонӣ.
Аз ҷумла:
- телевизион ва радиошунавонӣ                                                                - 16100 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       - 1078 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг                                                                          - 70 ҳазор сомонӣ;
- Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати
  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                - 4827  ҳазор сомонӣ;
- матбуоти даврӣ ва нашриёт                                                                     - 2426 ҳазор сомонӣ;
- ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фарҳанг                                       - 691 ҳазор сомонӣ;
- мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг                                                             - 100 ҳазор сомонӣ;
- дигар чорабиниҳо дар соҳаи фарҳанг                                                  - 20216 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сўзишворию – энергетикӣ                                                   - 25275 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии қишлоқ ва моҳидорӣ                                                                    - 46814 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                - 8251 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- барои хариди тухмӣ                                                                                     - 1000 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва зидди ҳашароти зараррасон  - 1500 ҳазор сомонӣ;
- барои фонди захиравии давлатии заҳрхимикатҳо                                         - 1000 ҳазор сомонӣ.
Истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати
истеҳсоли маъдан ва сохтмон                                                                     - 11281 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия                                                                        - 59066 ҳазор сомонӣ.
Вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти иқтисодӣ
ва хизматрасонӣ                                                                                                              - 4935 ҳазор сомонӣ.
Дигар чорабиниҳо                                                                                                          - 119788 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ                                                      - 51088 ҳазор сомонӣ.
аз онҳо:
пардохти фоизи қарзҳои берунӣ                                                                              - 35088 ҳазор сомонӣ;
пардохти фоизи қарзҳои дохилӣ                                                                              - 16000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанде барои амалӣ намудани
  вазифаҳои пойтахт                                                                                                       - 5000 ҳазор сомонӣ;
- фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати
  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                - 15500 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои иқтисодӣ гурўҳбандӣ
  нашудааст                                                                                                                        - 48200 ҳазор сомонӣ;
 
Моддаи 12. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2006 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат мегирад:
1. Хароҷоти ҷорӣ                                                                                             - 802798 ҳазор сомонӣ.
а) Хароҷот барои молҳо ва хизматрасониҳо                                        - 522307 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- музди меҳнат ва хизматпулӣ                                                                   - 136612 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                        - 16007 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди молҳо ва хизматрасониҳо                                                             - 369688 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
пардохти хизматрасонии алоқа                                                                - 10570 ҳазор сомонӣ;
пардохти хизматрасонии газ, барқ ва об                                                               - 7998 ҳазор сомонӣ;
хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу анҷом, дигар молҳо
ва хизматрасонӣ                                                                                                              - 351120 ҳазор сомонӣ.
б) Пардохти фоизи қарзҳои дохилӣ ва берунӣ                                    - 51088 ҳазор сомонӣ.
 в) Субсидияҳо ва дигар трансфертҳои ҷорӣ                                        - 229403 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- субсидияҳо ба ташкилотҳои давлатӣ                                                    - 22127 ҳазор сомонӣ;
- маблағе, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ дар шакли
  маблағи мақсаднок дода мешавад                                                         - 127619 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба аҳолӣ                                                                                  - 64283 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
таъминоти нафақавии сохторҳои қудратӣ                                           - 19650 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ                                                   - 15374 ҳазор сомонӣ.
2.  Хароҷоти асосӣ                                                                                          - 203120 ҳазор сомонӣ.
 Аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ                                                                                - 33216 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии марказонидашуда                                                  - 159237 ҳазор сомонӣ;
- хариди мол барои ташкили захираҳо                                                  - 9000 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ                                                                                     - 1667 ҳазор сомонӣ.
3. Қарздиҳӣ ба муҳоҷирон ва хизматчиёни давлатӣ
мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        - 2717 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 13. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 ба маблағи 30000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 14. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2006 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ, газ ва хизматрасонии алоқа дохил карда мешаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои алоҳидаи хароҷот, аз ҷумла хароҷоти хизматрасонии коммуналӣ дар ҳолати набудани қарздорӣ аз рўи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо метавонад бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот, ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда, тағйироти дахлдор ворид намояд.
Фонди музди меҳнат, нафақа, стипендия дар раванди иҷрои буҷет, сарфи назар аз ҳаҷми касри буҷет, кам карда намешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 15. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти ин ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ҳар моҳ дар ҳисоботи даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ инъикос меёбанд. Ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои ғайрибуҷетӣ (махсус) ҳар семоҳа ба даромади буҷети дахлдор, ба истиснои маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ ва инчунин  маблағҳои гранту  мададгорӣ (спонсорӣ), ки барои чорабиниҳои хусусияти ғайритиҷоратидошта пешниҳод мегарданд, дохил карда мешаванд.
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2006 40 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Маблағи дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификатсия монондашаванда, тавассути хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сметаи хароҷотҳои тасдиқшуда маблағгузорӣ карда мешавад. Тартиби дар ҷумлаи дуюми қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида ба маблағи дар ихтиёри Агентии мазкур монондашаванда дахл надорад ва андозбандии он тибқи Кодекси андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории амалкунанда чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол  ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
 
Моддаи 17. Дар соли 2006 пардохти ҷубронпулӣ ба ивази озуқаворӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз рўи музди кор ба сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шудаанд, ҳар моҳ ба маблағи 25 сомонӣ ба як шахс муқаррар карда шавад (на барои нашр).
 
Моддаи 18. Муқаррар карда шавад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронида мешаванд. Пардохти ҷубронпулӣ барои ин мақсад дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ  шудааст, анҷом меёбад.
 
Моддаи 19. Муайян карда шавад, ки пардохти роҳхат барои табобати санаторию фароғатии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблағе, ки дар сметаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсадҳо тасдиқ  шудааст, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 20. Муқаррар карда шавад, ки ҳангоми пардохти кўмакпулии яквақта (дар ҳолати фавт  ва маҷрўҳшавӣ) ба хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ба ҳисоби маоши таъминоти пулӣ музди моҳона аз рўи вазифаи ишғолкардашуда ва музди моҳона мувофиқи рутбаи ҳарбӣ (махсус) дохил карда мешавад.
 
Моддаи 21. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо ба маблағи 122619 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, пардохтҳои ба он баробаркардашуда, маблағгузории асосӣ ва дигар хароҷотҳо ҷудо карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2007 ба маблағи  25500 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 23. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2006 тамоми амалиёти молиявии иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешаванд, ба тариқи пулакӣ амалӣ мегарданд. Инчунин аз рўи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 24. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2006 барои ҳавасмандгардонӣ ва инкишофи базаи моддию техникии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқароркунии дидбонгоҳҳои гумрукӣ 20 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари дар рафти корҳои назоратӣ ошкоргардида, инчунин маблағи барои гузаронидани расмиятҳои гумрукӣ (ҳаққи барасмиятдарории гумрукӣ), ки аз тарафи мақомоти гумрук рўёнида мешавад, равона мегардад. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 15 Қонуни мазкур пешбинигардида ба онҳо дахл надорад.
 
Моддаи 25. Хароҷоте, ки бо хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2006 вобаста мебошад, ба маблағи 143239 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз рўи баргардонидани қарзи асосӣ 108151 ҳазор сомонӣ ва пардохти фоизҳо 35088 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад (на барои нашр).
 
Моддаи 26. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 аз рўи даромад ба маблағи 1104269,0 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 1090590,0 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 13679,0 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти Буҷети давлатии соли 2004 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 12717,8 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 27. Муқаррар карда шавад, ки дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бе тағйироти ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
 
Моддаи 28. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе  9 декабри соли 2005
№ 112