ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Қарздиҳии хурд ва рушди соҳибкории занон: роҳе ба сӯи баробарии гендерӣ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 07/07/2025 - 09:40
     Дар ҷомеаи муосир дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди фарогир ва таъмини баробарии гендерӣ ба шумор меравад. Яке аз роҳҳои муассири ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон таъмини дастрасии онҳо ба имкониятҳои иқтисодӣ, хусусан тавассути қарздиҳии хурд ва рушди соҳибкории хусусӣ маҳсуб меёбад.
     Қарздиҳии хурд на танҳо механизми молиявии дастгирии аҳолии дорои имкониятҳои маҳдуд, балки воситаи муҳими ташаккули соҳибкории хурду миёна, ташвиқи фаъолияти мустақилона ва таҳкими иқтидори шахсии занон ба шумор меравад [1].
     Рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҳамаҷонибаи занон, махсусан ҷиҳати баланд бардоштани рушди соҳибкории занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 бахшида ба Рӯзи Модар иброз намуданд, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз василаҳои баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.
     Тайи даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд. Илова бар ин, дар ин давра барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудаанд [2].
     Бо мақсади фарогирии бештари занон ба шуғл ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву ҳунармандии онҳо, Пешвои миллат супориш доданд, ки соли 2025 ҳаҷми грантҳои президентӣ се маротиба зиёд шуда, ба 15 миллион сомонӣ расонда шавад.
    Маҳз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат аст, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ аз 362 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ 110 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 18 ҳазор нафар зиёд буда аз 180 ҳазор роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 53 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд.
     Бо мақсади густариши соҳибкории занон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии касбӣ ва молиявии онҳо мунтазам чорабиниҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.
     Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” ҳамасола озмунҳо ташкил мегарданд. Танҳо дар соли 2023, ба 80 нафар бонувони соҳибкор дар ҳаҷми умумии 2,5 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид ва дар соли 2024 бошад бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 апрели соли 2024 маблағи грантҳо ба 5 миллион сомонӣ расонида шуда ва лоиҳаҳои 120 зани соҳибкор дастгирӣ ёфтанд.
     Илова бар ин, бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор “Кадбону” 24 апрели соли 2025 озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдорӣ” ва “25 беҳтарин соҳибкорзани муваффақи Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид. Дар маросими ифтитоҳӣ гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат барои дастгирии соҳибкории бонувон тавассути зиёд намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ тадбирҳои муайян ва заруриро анҷом дода истодааст.
     Тибқи маълумоти Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 31 марти соли 2025 дар кишвар 66 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд ва аз ҷониби онҳо ба зиёда аз 910 ҳазор нафар занону бонувон ба маблағи беш аз 6,2 млрд сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 28,7 фоиз зиёд мебошад. Дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба бонувон пешниҳодшуда 24,8 миллиард сомониро ташкил додааст. Инчунин, теъдоди бонувон дар низоми бонкӣ сол аз сол тамоюли зиёдшавиро касб намуда, дар ин давра қариб 41 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 843 нафар зиёд мебошад [3].
     Ин нишондодҳо шаҳодати равшани дастгирии доимии занон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи баланд бардоштани мақому манзадати занону бонувон дар ҷомеа мебошанд.
   Мардон ва занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва шаклҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои баробар доранд. Давлат баробарии ҳуқуқи мардон ва занонро дар таъсиси ташкилотҳои тиҷоратӣ, дастрасии баробар ба гирифтани иҷозатнома, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани андозбандии имтиёзноки соҳибкоронро новобаста аз ҷинс, инчунин, ҳавасмандгардонии занонро баҳри пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад [4].
     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкории занон диққати махсус медиҳад. Дар ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки 16 марти соли 2022 баргузор гардид, доир ба такмили минбаъдаи низоми дастгирии занони соҳибкор ва таҳияи Барномаи рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027 қарор қабул гардид.
     Айни замон, бо истифода аз барномаҳои давлатӣ ва ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалӣ, тадбирҳои дастгирии молиявӣ ва хизматрасонӣ барои занони соҳибкор амалӣ шуда истодаанд.
     Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2023, №545 тасдиқ шудааст, маҳз бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳибкории занон таҳия шудааст. Ин Барнома ба татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар солҳои 2021–2030 мусоидат намуда, ташкили ҷойҳои кории нав, рушди худфаъолиятӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии занонро ҳадаф қарор медиҳад.
     Дар кишвар барои ташаккули муҳити мусоид ва низоми ҳамаҷониба дар соҳаи қарздиҳӣ ва қарздиҳии хурд ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон тадбирҳои мухталиф андешида мешаванд. Ин тадбирҳо на танҳо дастгирии молиявиро фарогиранд, балки хизматрасониҳои машваратӣ ва омӯзиширо низ дар бар мегиранд.      Амалисозии созишномаҳои дуҷониба бо ниҳодҳои байналмилалии рушд низ самти муҳими ин раванд ба ҳисоб меравад.
     Ҷиҳати амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №05 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025" ба андозаи 2 500 000 сомони маблағ пешбинӣ гардидааст, ки бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №151 "Дар бораи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда" номгӯйи 108 намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар хона тасдиқ карда шуд, ки комилан аз андоз озод мебошанд [5].
     Механизми доимамалкунандаи машваратӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъсис ёфтааст, ки ба масъалаҳои дастгирии соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд машғул мебошад.
     Ҳамин тарик, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, бахусус тавассути қарздиҳии хурд, яке аз воситаҳои асосии таҳкими мақоми иқтисодии занон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии давлатӣ ва барномаҳои ҳадафманд, шумораи занони соҳибкор пайваста афзоиш меёбад ва онҳо дар бахшҳои муҳими иқтисод фаъолона ширкат меварзанд. Маълумоти оморӣ ва иқдомҳои амалишуда, аз ҷумла грантҳои президентӣ, қарзҳои имтиёзнок ва чорабиниҳои омӯзишӣ шаҳодат медиҳанд, ки муҳити мусоиди рушди соҳибкории занон дар кишвар ташаккул ёфтааст.
 
ОДИНАЗОДА ФАРИДА ШАМСУЛЛО
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда:
  1. Истилоҳи соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон // Зери таҳрири директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибалло, - Душанбе: Меҳроҷ-Граф, 2020. - 256с.
  2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар аз 23.05.2025, Манбаи дастрасӣ: https://president.tj/event/speeches/49921.
  3.  АМИТ «Ховар»/ ДУШАНБЕ, 26.04.2025 / [Захираи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ:https://khovar.tj/2025/04/dar-dushanbe-ozmun-oi-zanon-va-so-ibkorzanoni-muvaffa-i-to-ikiston-ambast-shudand/ (санаи муроҷиат 20.06.2025)
  4. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 аз 30.04.2021 №167//Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 20.06.2025).
  5. Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 аз 29.11.2023 №545//Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 26.05.2025).
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)