ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ФАЪОЛИЯТИ ИФРОТГАРОЁНАИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 08/07/2025 - 16:30
     Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои амну осоиштаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Мутаассифона баъзе аз ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва нотавонбинони давлату миллат пешрафту суботи кишвари моро нодида гирифта, пайваста ба самти Тоҷикистон санги маломат зада, мардумро ба ҷангу низоъ даъват карда истодаанд, ки яке аз чунин ташкилотҳо - ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (минбаъд ҲНИТ) мебошад.
    Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ ҳанӯз 20 апрели соли 1973 дар даврони Шӯравӣ аз ҷониби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳаммаслаконаш Муҳаммадҷон Ғуфронов, бо тахаллуси Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро бо номи «Наҳзати ҷавонон» ба таври пинҳонӣ ташкил намуданд.
     Ин гурӯҳи хурди экстремистиву террористӣ дар нимаи соли 1980 давоми ду сол ба таври махфӣ рӯзномаи “Ҳақиқати Ислом”-ро нашр намуда, бинобар ошкор гардидани фаъолияти махфиёнаи ҳизби мазкур аз тарафи мақомоти давлатӣ 22 июни соли 1986 дар шаҳри Душанбею навоҳии водии Вахш 40 узви фаъоли ин ҳизб боздошт шуда, худи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ барои 1,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
     Бо заиф гардидани давлати Шӯравӣ дар давраи солҳои 1986-1990 барои ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои нави ақидаҳои тундгароёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муносиб фароҳам оварда, ба ташкилоту гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ бахусус ҲНИТ неруи тоза бахшид. Бо истифода аз шароити муносиб душманони миллат бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар байни мардум афкору ақидаҳои тундраву ифротгаронаро ҷой ва паҳн намуданд.
     Онҳо дар аввал ақидаҳои ифротии худро бо истифода аз маросиму маъракаҳои мардум, ҳамчун минбари таблиғ ва ҳидоят ба «озодандешӣ» ва «демократия» истифода менамуданд. Наҳзатиҳо аз сустшавии пояҳои давлатдорӣ дар кишвар истифода намуда, атрофи худро бо шахсони ба сиёсати ҳукмрон мухолиф, ноустувор ва ба ақидаҳои тундрав майлдоштаро ҷамъ намуда, рӯз ба рӯз доираи фаъолият ва нуфузи худро дар байни аҳолӣ зиёд намуда, “пешсафони” нави худро пайдо карданд.
     Пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ бо истифода аз фурсати муносиб ҲНИТ, ки ягона ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешуд, 26 октябри соли 1991 таъсис ва моҳи декабри ҳамон сол расман худро сабти ном намуд ва роҳбарии ҲНИТ-ро Муҳаммадшариф Ҳиммадзода уҳда гирифт.
     Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом якҷоя бо “Ҳизби демократ” ва созмони “Лаъли Бадахшон” моҳи феврали соли 1992 чун нишони эътироз ба сиёсати ҳукмрон мардумро ба роҳпаймоӣ даъват намуда, издиҳоми ҷамъомадагонро ба ғасби давлати конститутсионӣ роҳнамо сохта, талаби истеъфои Ҳукумати конститутсиониро намуданд ва дар натиҷа байни Ҳукумати қонунӣ ва ифротгароён задухӯрди мусаллаҳона ба миён омада, ҳазорон нафар аз ҳарду ҷониб инчунин шарвандони бегуноҳ занону кӯдакон ҳалоку захмӣ гардиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ авҷ гирифт. Кишвар оғуштаи хун гардид. Ҷавонони зиёде кушта шуданд. Мардум хонаву дар, зану фарзанд ва ёру бародарро гум карданд. Фазои ноумедиҳо мамлакатро фаро гирифт.
   Моҳи ноябри соли 1992 дар пайи шикасти иттиҳоди нерӯҳои мухолифин раҳбарону ташкилкунандагони ҲНИТ дар кишвар хоинона ҳаммаслакони худ ва мардумони раҳгумзадаро дар алангаи ҷанг партофта, бо умеди ихтиёри зиндагии орому осуда ба хориҷи кишвар фирор намуданд. Аввалҳои соли 1993 Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард. Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд. Ва ин ҷангу ҷидол ваҳшату даҳшат то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федеретсия Россия идома ёфт. Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуда, раисии онро Сайид Абдуллоҳ Нурӣ то соли 2006 ба ӯҳда дошт ва ба ҷойи ӯ Муҳиддин Кабирӣ таъин шуд.
     Бояд хотиррасон намоем, ки самараи сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон тавонист, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба қатори давлатҳои рӯ ба инкишоф шомил шуда, ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ба маҷрои рушди муътадил ворид гардид. Пешрафту шукуфоии миллат ба аъзои Ташкилоти террористи экстремистӣ ҲНИТ хуш наомад, ки ахиран ба ҷиноятҳои вазнин, ташкили задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишвар, кӯшиши амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ даст заданд.
     Ҳаракатҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳи террористӣ бо сардории Муҳиддини Кабирӣ бо далелҳои қотеъ исбот шуда, мутобиқи қисми 5 моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-сентябри соли 2015 фаъолияти он аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 16 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон гардид. Шаҳрвандони фирефташуда ва гумроҳ якҷоя аз аъзогии ин ҳизби террористию экстремистӣ баромада бо ҳамроҳии саркардаҳои он ба хориҷи кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуданданд.
     Имрӯзҳо аъзоёни ҲНИТ фаъолияти ифротгароёнаи худро таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷии худ дар хориҷи кишвар бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ба монанди «Ҳаракати исломи Туркистони ғарбӣ», «Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломи Ӯзбекистон), «Иғвон –ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ашар-ул-лоқ», «Салафия», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра», идома додаистода, аъзоёни онҳо бо амалҳои ифротию террористии худ дар амри ангезиши зиддияти фарҳангу тамаддунҳо, давлату миллатҳо ва мардуми осоишта талош доранд. Гузашта аз ин, зиёда аз 1000 нафар аъзои ҲНИТ дар муноқишаҳои Сурия, Ироқу Яман, Афғонистон ва Фаластин иштирок доранд.
     Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконот сари қудрат омадан тавассути интихобот боис гардиду ниқоб аз чеҳраи аслии аъзои он бардошта шуд. Охирин талоши наҳзатиён барои сари қудрат омадан табаддулоти соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода, бо тахаллуси «Ҳоҷӣ Ҳалим» буд, ки шикаст хӯрд. Ба таври дигар гӯем, сенарияи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути нерӯҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид. Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро ба сиёсат омехтан маънии миёни ҷомеаи мусалмонӣ ихтилоф ангехтанро дорад.  Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки рахна ба таҳкурсии бақои давлату миллат мезанад.
     Ҳадафи асосии хоҷагони хориҷии ҲНИТ ташкил кардани инқилоби исломӣ дар давлатҳои мусалмонӣ, инчунин дар Тоҷикистон буд. Аз ин лиҳоз, дар бархе аз кишварҳо, аз қабили Ироқ ва Сурия, шуъбаҳои «Ҳизбуллоҳ» таъсис дода шудааст. Дар Тоҷикистон вазифаи ин шуъбаро ҲНИТ иҷро мекард. Яъне ба ном Ҳизби наҳзат буд, аммо моҳиятан шуъбаи «Ҳизбуллоҳ» маҳсуб мешуд ва фаъолияти идеологӣ-сиёсии онро пеш мебурд. Фаъолияти он то кунун пинҳонкорона дар Тоҷикистон ва Аврупо дар зери ниқоби дини мубини Ислом бо истифода аз ҷавонони сустирода давом дорад.
     Чи тавре, ки дар боло қайд гардидааст, ҳанӯз дар аввалҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оваранд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои онҳо танҳо як арзиш – ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озод ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд ва танҳо ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд, аммо ин танҳо сароб, дуррӯғ асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи шайёд пулу манфиатҳои бегона қарор дорад.
     Имрӯзҳо ҷавонони далеру шуҷоъ ва ҳушёру зираки мо аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи боз ҳам ободу зебо намудани Ватани азизамон бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.
     Ҳамин тариқ, дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ набояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)