ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАМУДҲОИ ШАРТНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 07/07/2025 - 10:26
     Шартномаҳои байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии давлатҳо нақши муҳим дошта заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Баръакси дигар санадҳо, шартномаи байналмилалӣ мавҷудияти иродаи ҳадди аққал ду субъекти ҳуқуқи байналмилалиро дар бар мегирад ва ин иродаҳо дар шартнома ба ҳамдигар мувофиқа карда шуда, ҳамзамон барои расидан ба ҳадафи муайяни ягона равона карда шудаанд. Шартномаҳои байналмилалӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ баста мешаванд, шакли хаттии шартномаи байналмилалӣ шакли маъмулӣ он аст. Аз инҷост, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- ҶТ) дар самти шартномаҳои байналмилалӣ танҳо нисбати шакли хаттии он паҳн мегардад.
     Мутобиқи қонунгузории ҶТ аз ҷумла, Қонуни ҶТ “Дар бори шартномаҳои байналмилалии ҶТ” шартномаи байналмилалии ҶТ яке аз санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки бо давлати хориҷӣ (давлатҳои хориҷӣ) ё созмони байналмилалӣ дар шакли хаттӣ ба имзо расонида шуда, бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад, сарфи назар аз он ки ин шартнома дар як ё якчанд ҳуҷҷати ба ҳам алоқаманд оварда шудааст, инчунин, новобаста ба номи мушаххаси он муқаррар гардидааст[1].
      Қонунгузории ҶТ оид ба шартномаҳои байналмилалӣ ба Конститутсияи ҶТ асос ёфта, аз Қонуни ҶТ “Дар бори шартномаҳои байналмилалии ҶТ” ки аз 23 июни соли 2016 №1326 қабул гардидааст, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.
     Аз ҷумла, Конвенсияи Вена оид ба хуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ аз 23 майи соли 1969, ки Тоҷикистон 11 марти соли 1996 ҳамроҳ шудааст. Конвенсияи мазкур муқаррар менамояд, ки шартномаи байналмилалӣ байни давлатҳо дар шакли хаттӣ баста шуда, бо хуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ танзим карда мешавад[2].
     Шартномаҳои дохилидавлатӣ дар сатҳи давлатӣ баста шуда, хамчун ҷузъи қонунгузории дохилӣ эътироф шудаанд. Онҳо одатан, дар соҳаҳои ҳуқуқи маъмул ба мисоли – ҳуқуқи меҳнатӣ, конститутсионӣ ва ҳуқуқи маданӣ бисёртар истифода карда мешаванд.
   Шартномаи меъёрии байналмилалӣ шартномаест, ки бо давлати хоричӣ ё ташкилоти байналмилалӣ новобаста аз он, ки чунин созишнома дар як хуҷҷат ё дар якчанд хуҷҷатхои ба он алокаманд мавҷуд аст, дар шакли хаттӣ баста шуда, бо меъёрҳои хуқуқи байналмилалӣ ба танзим дароварда мешавад.[3]
     Шартномаҳои байналмилалиро дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ба намудҳои гуногун ҷудо менамоянд. Аз ҷумла, вобаста ба шумораи иштирокчиён:
  • дуҷониба- шартномаҳое, ки дар он ду давлат иштирок мекунанд;
  • бисёрҷониба- иштирокчиёни он якчанд давлатҳо ё шшумораи маҳдуди иштирокчиён (шумораи муайян).
Ҳамчунин, вобаста ба мавзуи шартнома:
  • шартномаҳои умумии бисёрҷониба;
  • шартномаҳои аҳаммияти глобалидошта;
  • шартномаҳои махсус.
Вобаста ба субъектҳои шартномаҳои байналмилалӣ ба:
  • байнидавлатӣ- аз номи давлат;
  • байниҳукуматӣ- аз номи ҳукумат;
  • байниидоравӣ – аз номи мақомоту идораҳои давлатӣ.
Вобаста ба имконияти иштирок:
  • кушода;
  • пӯшида.
     Шартномаҳои кушода чунин шартномаҳое мебошанд, ки ба онҳо давлатҳои дигар ҳуқуқи ҳамроҳ шуданро доранд.
     Ба шартномаи пӯшида давлатҳои дигар ҳуқуқӣ ҳамроҳ шуданро надоранд ба ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ.      Масалан, агар ҳадаф ва сохти иҷтимоию иқтисодии он бо давлатҳои аъзои ин шартнома мувофиқ бошад, метавонанд аз чунин ҳуқуқ истифода баранд.
Ҳамзамон, аз рӯйи объекти танзимӣ:
  • сиёсӣ;
  • иқтисодӣ;
  • илмӣ-техникӣ[4,с.92]
   Объекти шартномаҳои байналмилалӣ ин асосан муносибати байни тарафҳои шартномаи байналмилалӣ имебошад. Инҳо, метавонанд ҳуқуқҳо оид ба неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ инчунин ин ё он амал ва даст кашидан аз иҷрои ин ё он амал бошанд. Ҳамчунин, дилхоҳ масъала, ки ба муносибати байни ин ё он кишвар ё миллат дахл дорад метавонад объекти шартномаи байналмилалӣ бошад[5, с.32-33)]
     Шартномаҳои байналмилалӣ ҳамчун созиши байни давлатҳо аз дигар номгӯҳои шартномаи байналмилалӣ бо мазмун, тартиби ба расмиятдарорӣ ва муҳлати амалаш тафовут дорад. Шартномаҳо инчунин, қоида ва ҳолатҳоеро муқаррар менамояд, ки масъалаҳои муҳими муносибатҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва фарҳангиро ба танзим медарорад.
     Вобаста аз моҳияти ҳадаф ва масъалаҳое, ки шартномаҳои байналмилалӣ ба танзим медароранд, чунин намудҳои шартномаҳои байналмилалиро вохурдан кардан мумкин аст:
- шартномаи сиёсӣ;
- шартномаи иқтисодӣ;
- шартномаҳо доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва фарҳанг;
- шартномаҳои маъмурӣ-ҳуқуқи;
- шартнома дар бораи нақлиёт ва алоқа;
- шартномаҳо дар бораи тандурустӣ ва ғайра.
     Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии зиёда аз 100 шартномаи байналмилалӣ, аз ҷумла 75 шартномаи иқтисодӣ ва 50 шартномаи сиёсию ҳарбӣ мебошад.
   Ҳамин тавр гуфтан мумкин аст, ки номгӯҳои шартнома ҳамчун ҳуҷатҳои байналмилалӣ аз шартномаи сулҳ, шартнома дар бораи бетарафӣ, шартнома дар бораи ҳуҷум накардан, шартнома дар бораи кумакҳои тарафайн, шартномаи тиҷоратӣ ва ғ. иборат аст.
     Ҳангоми бастани шартномаҳои байналмилалӣ ҳар як давлат новобаста аз нуфузи аҳолӣ, иқтидори иқтисодӣ, потенсиали ҳарбӣ ва ҳудуди он баробарҳуқуқ мебошанд.
Ҷараёни бастани шартномаи байналмилалӣ аз марҳалаҳои зерин иборат аст;
- тайёр кардани лоиҳаи шартномаи байналмилалӣ
- имзо намудани  шартномаҳои байналмилалӣ
- ратификатсияи шартномаи байналмилалӣ
- ба қайд гирифтани шартномаи байналмилалӣ
- нашр кардани шартномаи байналмилалӣ
     Шартномаҳои байналмилалӣ новобаста аз намуд ва шаклашон аз қисми муқадимавӣ номи давлатҳои иштирокчӣ ва ҳадафи бастани шартнома нишон дода мешавад. Инчунин, қисми асосӣ моддаҳои шартнома, объекти шартнома, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафайн, шартҳои таъмини иҷрои шартнома иборат мебошанд.
     Дар қисми хотимавӣ, муҳлати амали шартнома, замон макони ва имзо расидани шартнома,забони шартнома, шарти мавриди амал қарор додани он, шарти беэътибордонистани шартнома, тартиби дароз кардани муҳлати он ва агар шартнома бисёртарафа бошад, тартиби ҳамроҳшавӣ ба шартнома нишон дода мешавад.
     Яке аз тарафҳои дигари шартномаи байналмилалӣ халқ ва миллатҳои барои истиқлолият мубориз мебошанд. Онҳо бо давлатҳо доир ба масъалаҳои ташкили давлати мустақил, кумакҳои сиёси ва иқтисодӣ ва ғайраҳо шартнома мебанданд.
   Созмонҳои байналмилалӣ низ яке аз тарафҳои шартномаҳои байналмилалӣ мебошад. Аммо қобилияти ҳуқуқи шартномавии созмонҳои байналмилалӣ, дар муқоиса аз давлатҳо маҳдуд мебошад. Зеро, онҳо ҳуқуқи бастани шарномаи байналмилалиро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии дигар доранд, агар ҳадафи ойиномавиашон мувофиқат кунад.
     Тарафҳо дар шартномаи байналҳалқӣ субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мебошанд, ки ба таври расмӣ ва пурра иштироки хешро дар шартнома изҳор кардаанд, ки аз ин шартнома нисбати иштирокчиҳо ҳуқуқу уҳдадорӣ ба вуҷуд меояд.
     Ҳамин тавр, шартномаҳои байналмилалӣ заминаи ҳуқуқии танзими муносибатҳои байнидавлатиро фароҳам оварда, яке аз воситаҳои асосии амалисозии сиёсати хориҷии кишварҳо мебошанд. Онҳо дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ таҳия шуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайнро ба таври баробар таъмин мекунанд.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1.  Конвенсияи Вена дар бораи ҳуқуқҳои шартномаҳои байналмилалӣ.
  2. Ҳуқуқи байналмилалӣ Ҳакимов Ш.Қ  Умонов Ф.Н (дастури таълими) (с 84-87).
  3. Ҳуқуқи байналмилалӣ: китоби дарсӣ. дастур / В.В.Богатырев; Владимир. Университети давлатии ба номи А. Г. ва Н. Г. Столетов. – Владимир: Нашриёти ВлСУ, 2016. ‒ 276 с.
  4. Ҳуқуқи байналмилалӣ: [китоби дарсӣ] / Н. Н. Меншенина; Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия. – Екатеринбург: Нашриёти Урал. Донишгоҳ, 2016. – 100 с.
 
Ғоибназаров Илҳом Тоирович,
мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)