ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2004

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 10:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
75
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
16.12.2003
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2004
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №12, мод. 703)
                
                  Маҷлиси намояндагон 16 декабри соли 2003 қабул кардааст
 
 
Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004 аз рўи даромад ба маблағи 917300 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 942800 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 25500 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2004 ба маблағи 25500 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмўи  Маҳсулоти  Дохилӣ муқаррар карда шавад. Манбаи пўшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
  • даромад аз хусусигардонии моликияти
давлатӣ                                                                                                 – 6000 ҳазор сомонӣ;
  • даромад аз  фурўши векселҳои хазинадорӣ                          – 2000 ҳазор сомонӣ;
  • кредити Бонки умумиҷаҳонӣ                                                      – 16250 ҳазор сомонӣ;
  • аз ҳисоби депозитҳои буҷети
ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии
Тоҷикистон ба 1 январи соли 2004                                           – 1250 ҳазор сомонӣ;
 
Нишондиҳандаи васеи касри буҷет бо назардошти маблағгузории берунии Барномаи сармоягузории давлатӣ барои соли 2004 ба маблағи 178300 ҳазор сомонӣ ё 3,5 фоизи Маҷмўи  Маҳсулоти  Дохилӣ  муқаррар карда шавад.   
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 53352 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва гранти Иттиҳоди Аврупо муайян карда шавад.
 
Моддаи 2. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2004 аз рўи даромад ба маблағи 631743 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 657243 ҳазор сомонӣ ва каср ба маблағи 25500 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 3. Буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 130000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2004 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андоз ва даромадҳои ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
 
- андоз аз фурўш                                                                                             - 100 фоиз;
- боҷҳои гумрукӣ                                                                              - 100 фоиз;
- андози замин                                                                                  - 15 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда, ки аз  тариқи  
   мақомоти гумрук ворид мешавад                                         - 100  фоиз;
- аксизҳо                                                                                               - 100  фоиз;
 
- боҷ ва даромадҳои ғайриандозии аҳамияти
   ҷумҳуриявӣ дошта, инчунин пардохт барои дохил
   шудан ба қаламрав ва истифодаи роҳҳои
   автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон                             - 100 фоиз.
 
Моддаи 5. Дар соли 2004 ҷудо кардани маблағ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносуби (фоизи) зерин тасдиқ карда шавад:
а) андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо   (ғайр  аз  вилояти  Суғд, шаҳри Душанбе ва  шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
вилояти Суғд – 72 фоиз ба буҷети вилоят ва 28 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Душанбе – 35 фоиз ба буҷети шаҳр ва 65 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Турсунзода –  10 фоиз ба буҷети шаҳр ва 90 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
б) андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз амволи корхонаҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода)  – 100 фоиз;
шаҳри Душанбе – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Турсунзода –  20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
шаҳри Турсунзода -  35 фоиз ба буҷети шаҳр ва 65 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) андози замин.
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 85 фоиз;
д) андозе, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд тибқи системаи соддакардашуда пардохт мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
е) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода) -100 фоиз;
вилояти Суғд – 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Душанбе – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Турсунзода – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ж) андозҳо аз истифодабарандагони конҳо (қаъри замин):
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
з) боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрхо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
и) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
к) андозу боҷҳои маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ, андоз аз фурўши чакана, андоз барои нигаҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш, пардохти патент, боҷҳо ва дигар даромадҳои ғайриандозӣ, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд):
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
л) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», корхонаҳои тобеи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Заводи алюминии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андоз аз моликияти корхонаҳо:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ - 100 фоиз;
аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз аз фоида ва андоз аз амвол:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ – 100 фоиз;
м)  муайян карда шавад, ки андози замин ба даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид гардида, бо тартиби муқарраркардаи Қонуни  мазкур истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 6. Дар соли 2004 меъёри андоз аз фурўши алюминийи аввалия  ба андозаи 1 фоиз ва нахи пахта ба андозаи 10 фоиз муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 7. Муқаррар карда шавад, ки андози ягона барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки соли 2003 дар ноҳияҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи озмоиш ҷорӣ карда шудааст,  дар соли 2004 низ дар ин ноҳияҳо давом дода мешавад.
Дар соли 2004 мўҳлат ва меъёри пардохти андози ягона барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) аз маблағи яксола ба таври зайл муқаррар карда шавад: 15 март – 15 фоиз, 15 июн – 20 фоиз, 15 сентябр – 25 фоиз, 15 декабр – 40 фоиз.
 
Моддаи 8. Дар соли 2004 пахтаи коркарднашуда, содироти  алюминийи аввалия, нахи пахта, воридоти гази табиӣ ва  барқ аз андози арзиши иловашуда озод карда шавад.
 
Моддаи 9. Муқаррар карда шавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва ҷузъҳои таркибии  онро (ки маҷмўи ягонаро ташкил медиҳанд ва инчунин бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули бевоситаи фонди оинномавии корхонаҳо ё  баланд бардоштани савияи техникии онҳо дар асоси таҷдиди куллии таҷҳизот, технология ва ташкили истеҳсолоти амалкунанда ворид мешаванд ва аз пардохтҳои гумрукӣ  озод мебошанд, бо назардошти  номгўи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян менамояд.
 
Моддаи 10. Дар соли 2004 таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий, родий, иридий, рутений, осмий, инчунин ҳар кадом пайвастагиҳои кимиёвӣ ва хўлаҳои ҳамин  металлҳо, алмосҳои табиӣ, ёқути кабуд, зумуррад, ёқути сурх, александрит, марворид, гавҳар ва сангҳои алоҳидаи суфташуда, намунаҳои лаъл ва дигар сангҳои қиматбаҳои ороишӣ ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи меъёри сифрӣ бо андози арзиши иловашуда андозбандӣ карда мешавад.
 
Моддаи 11. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2004 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавҷудбуда ба маблағи умумии  631743 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
Аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда                                                    - 283516 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо                                                                                               - 44934 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурўши нахи пахта ва
  алюминийи аввалия                                                                     - 82342 ҳазор сомонӣ;
- андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ                                           - 13532 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз амволи корхонаҳо                                                       - 8316 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз  шахсони воқеӣ                                        - 4259 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фаъолияти иқтисодии
  хориҷӣ (боҷи гумрукӣ ва дигар               
  пардохтҳои гумрукӣ)                                                    - 90015 ҳазор сомонӣ;
- андози замин                                                                  - 1949  ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
  роҳҳои автомобилгард                                                 - 18655 ҳазор сомонӣ;
- андозу даромадҳои дигар                                                          - 41725 ҳазор сомонӣ;
- грантҳо аз ташкилотҳои                                                             - 42500 ҳазор сомонӣ.
  байналмилалӣ 
 
Моддаи 12. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2004 аз рўи тартиби тақсимоти  вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
 
Маблағгузории мақомоти
ҳокимият ва идоракунӣ                                                            - 100367 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 1377 ҳазор сомонӣ;
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      - 4693 ҳазор сомонӣ;
Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   - 361 ҳазор сомонӣ;
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 27376 ҳазор сомонӣ;
Раёсати хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         - 476 ҳазор сомонӣ; 
кумитаҳои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 3621 ҳазор сомонӣ;
дастгирии сиёсати давлатии  ҷавонон                     - 240 ҳазор сомонӣ;
сафарҳои хизматии  хориҷии мақомоти
ҳокимият ва идоракунии давлатии
ҷумҳурӣ ва кирояи (фрахти)
ҳавопаймоҳо                                                                                      - 4500  ҳазор сомонӣ;
вазоратҳо ва идораҳои машғули
сиёсати молиявӣ ва андозу буҷетӣ                                           - 14701 ҳазор сомонӣ;
вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти сиёсати берунӣ                                                          - 34426 ҳазор сомонӣ;
вазоратҳо ва идораҳои машғули
хизматрасониҳое, ки барои соҳаҳои
иқтисодиёт хусусияти умумӣ доранд                                      - 4657 ҳазор сомонӣ;
тадқиқоти бунёдӣ ва илм                                                              - 3939 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 2909 ҳазор сомонӣ.
 
Маориф                                                                                              - 36574 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
таҳсилоти умумӣ                                                                             - 8861 ҳазор сомонӣ;
таҳсилоти касбӣ                                                                                - 10700 ҳазор сомонӣ;
илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф                                             - 118 ҳазор сомонӣ;
Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 332 ҳазор сомонӣ;
дигар хароҷот дар соҳаи маориф                                              - 16563 ҳазор сомонӣ.
 
Нигаҳдории тандурустӣ                                                           - 21868 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
Беморхонаҳо                                                                                      - 6348 ҳазор сомонӣ;
дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ                                 - 133 ҳазор сомонӣ;
илмҳои амалӣ дар соҳаи
нигаҳдории тандурустӣ                                                 - 246 ҳазор сомонӣ;
Вазорати тандурустии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 162 ҳазор сомонӣ;
дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои
соҳаи нигаҳдории тандурустӣ                                    - 14979 ҳазор сомонӣ.
 
Суғуртаи  иҷтимоӣ ва
ҳифзи иҷтимоӣ                                                                              - 46810 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
таъминоти нафақаи
хизматчиёни давлатӣ                                                                     - 5965 ҳазор сомонӣ;
пардохти ҷубронпулӣ барои
дастгирии иҷтимоии аҳолӣ                                                         - 28939  ҳазор сомонӣ;
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   - 815 ҳазор сомонӣ;
ташкилотҳои махсус барои маъюбон
ва пиронсолон                                                                   - 4400 ҳазор сомонӣ;
дигар ташкилотҳо ва
чорабиниҳои соҳаи таъминоти
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                         - 6691 ҳазор сомонӣ.
 
Хоҷагии манзилию коммуналӣ                                            - 6749 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
Вазорати ҳифзи табиати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 2730 ҳазор сомонӣ;
илмҳои амалӣ дар соҳаи
ҳифзи табиат                                                                                     - 19 ҳазор сомонӣ;
Корхонаи воҳиди давлатии
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»                                            - 800 ҳазор сомонӣ;
ва ғайраҳо аз рўи хоҷагии
манзилию коммуналӣ                                                   - 3200 ҳазор сомонӣ.
 
Чорабиниҳои фарҳангӣ – оммавӣ,
солимгардонӣ  ва ҷамъиятӣ                                                   - 20210 ҳазор  сомонӣ.
Аз ҷумла:
телевизион ва радиошунавонӣ                                   - 10111 ҳазор сомонӣ;
Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 803 ҳазор сомонӣ;
илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг                                             - 31 ҳазор сомонӣ;
Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                - 911 ҳазор сомонӣ;
матбуоти даврӣ ва нашриёт                                                        - 1171 ҳазор сомонӣ;
ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва
мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг                                - 507 ҳазор сомонӣ;
дигар чорабиниҳои соҳаи фарҳанг                                           - 6676 ҳазор сомонӣ.
 
Комплекси сўзишворию  энергетикӣ                                               - 13165 ҳазор сомонӣ.
 
Хоҷагии қишлоқ, хоҷагии ҷангал,
моҳидорӣ ва шикор                                                                     - 30627 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                         - 5690 ҳазор сомонӣ;
аз инҳо:  
чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва
ҳашароти зараррасони соҳаи
кишоварзӣ.                                                                                       - 1500 ҳазор сомонӣ.                                                      
Истеҳсол ва коркарди маъданҳо,
саноати истеҳсоли маъдани
кўҳӣ ва сохтмон                                                                             - 6647 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия                                                    - 50624 ҳазор сомонӣ.
 
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти иқтисодӣ ва
хизматрасонӣ                                                                  - 4821 ҳазор сомонӣ.
 
Дигар чорабиниҳо                                                                       - 133422 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ                                         - 85000 ҳазор сомонӣ:
 
аз онҳо:
пардохти фоизҳои қарзи берунӣ                                               - 65000 ҳазор сомонӣ;
пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ                                               - 20000 ҳазор сомонӣ;
 
хароҷоти шаҳри Душанбе барои
амалӣ намудани вазифаи пойтахт                                           - 4000 ҳазор сомонӣ;
фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             - 10000 ҳазор сомонӣ;
хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои
иқтисодӣ гурўҳбандӣ нашудааст                                              - 34422 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 13. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2004 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат гирад:
 
I. Хароҷоти ҷорӣ                                                                                           - 539821 ҳазор сомонӣ.
 
  1. Хароҷот барои молҳо ва
хизматрасониҳо                                                                             - 331257 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
музди меҳнат ва хизматпулӣ                                                      - 59799 ҳазор сомонӣ;
маблағҷудокунӣ ба Фонди
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                                                  - 7472 ҳазор сомонӣ;
дигар хариди молҳо ва
хизматрасониҳо                                                                - 263986 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
пардохти хизматрасонии алоқа                                 - 7887 ҳазор сомонӣ;
пардохти хизматрасонии
коммуналӣ                                                                                         - 7354 ҳазор сомонӣ;
хариди таҷҳизоти арзон, асбобу
анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ                                     - 248745 ҳазор  сомонӣ.
 
2. Пардохти фоизҳо аз рўи қарзҳои
    дохилӣ ва берунӣ                                                                       - 85000 ҳазор сомонӣ.
 
3. Субсидия ва дигар трансфертҳо                                      - 123564 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
субсидия ба корхонаҳо ва
ташкилотҳои давлатӣ                                                                     - 8728 ҳазор сомонӣ;
маблағҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ
ба тариқи маблағҳои мақсаднок
дода мешаванд                                                                  - 62528 ҳазор сомонӣ;
 
трансфертҳо ба аҳолӣ                                                     - 32984 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
таъминоти нафақавии
сохторҳои қудратӣ                                                                           - 5965 ҳазор сомонӣ;
трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ                                     - 19324 ҳазор сомонӣ.
 
II. Хароҷоти асосӣ                                                                         - 114900 ҳазор сомонӣ.
 Аз ҷумла:
хариди сармояи асосӣ                                                   - 24885 ҳазор сомонӣ;
маблағҳои асосии марказонидашуда                                     - 83070 ҳазор сомонӣ;
хариди молҳо барои ташкили захира                                     - 6000 ҳазор сомонӣ;
трансфертҳои асосӣ                                                                        - 945 ҳазор сомонӣ.
 
III. Маблағҳои қарзӣ барои  муҳоҷирон
      ва хизматчиёни давлатӣ мувофиқи
      қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       - 2522 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 14. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004 ба маблағи 18200 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 15. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2004 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, истифодаи қувваи барқ ва  газ дохил карда мешаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои алоҳидаи хароҷот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маблағгузории моддаҳои хароҷот, ғайр аз моддаҳои ҳимояшаванда, тағйироти дахлдор ворид менамояд.
Моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар раванди иҷрои буҷет, сарфи назар аз ҳаҷми касри буҷет кам карда намешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти ин ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ҳар моҳ дар ҳисоботи даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ инъикос меёбанд. Ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои ғайрибуҷетӣ (махсус)  ҳар семоҳа ба даромади буҷет дохил карда мешавад, ғайр аз маблағҳои грант ва мададгорӣ (спонсорӣ), ки барои чорабиниҳои хусусияти ғайритиҷоратидошта пешкаш мегарданд.
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2004 аз маблағи додани сертификат ва литсензияҳо ба дастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва инспексияи савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 40 фоиз ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.   
 
Моддаи 17. Муқаррар карда шавад, ки  имтиёзи роҳкиро ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ ва бозгашт, ки барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории амалкунанда чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол  ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
 
Моддаи 18. (На барои нашр).
 
Моддаи 19. Муқаррар карда шавад, ки ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Пардохти ҷубронпулӣ барои ин мақсад дар ҳаҷми маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ мешавад, анҷом меёбад.
 
Моддаи 20. Муайян карда шавад, ки пардохти табобати санаторию курортии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳои дар сметаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсадҳо ҷудокардашуда амалӣ карда мешавад.   
 
Моддаи 21. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо ба маблағи 58528 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағи мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, маблағҳои ба он баробаршуда, маблағгузории асосӣ ва бо назардошти иҷрои даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешавад.
 
Моддаи 22. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2005 ба маблағи  13000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 23. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2004 тамоми амалиёти молиявӣ аз рўи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» гузаронида мешаванд, ба тариқи пулакӣ амалӣ мегарданд. Инчунин аз рўи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 24. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2004 барои инкишофи базаи моддию техникии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқароркунии дидбонҳои гумрукӣ, ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти мазкур 20 фоизи  маблағи умумии  пинҳон кардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари дар рафти корҳои назоратию иқтисодӣ ошкоргардида, инчунин 0,15 фоизи арзиши гумрукии мол, ки барои гузаронидани расмиятҳои гумрукӣ, ҳаққи ба расмиятдарории гумрукӣ аз тарафи мақомоти гумрук рўёнидашуда равона мегардад. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд.
 
Моддаи 25. (на барои нашр). 
 
Моддаи 26. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 аз рўи даромад ба маблағи 566940,4 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 542965,0 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 23975,4 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти Буҷети давлатии соли 2002 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 19540 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии дохилӣ  8605 ҳазор сомонӣ, барои пардохти қарзи асосии берунӣ  10935 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 27. Муқаррар карда шавад, ки дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бе тағйироти ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
 
Моддаи 28. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ аз 1 январи соли 2004 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                 Э.Раҳмонов
 
ш.Душанбе,
16 декабри соли 2003
№ 75