ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ КОРРУПСИЯ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 21/05/2025 - 15:51
     Коррупсия яке аз падидаҳои манфии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти муътадил ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин бармеояд, ки коррупсия як зуҳуроти иҷтимоӣ аст ва дар тамоми ҷаҳон чи дар давлатҳои мутараққӣ ва чи дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ новобаста аз сохти идоракунии давлатии онҳо паҳн гаштааст. Коррупсия дар ҳама давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад.
     Барои дарки дурусти мафҳуми коррупсия зарур аст, ки мазмун ва моҳияти онро равшан кард. Вобаста ба ин, дар адабиёти илмӣ андешаҳои гуногун ҷой дорад. Чунончи, истилоҳи «коррупсия» дар тарҷумаи лотинӣ ба мазмуни пора, вайроншавӣ, таназзул, каҷравӣ, бетартибӣ ва ғайра фаҳмида мешавад. Дар луғати забони англисӣ «corruption» ҳамчун фурӯхташавандагӣ, каҷравӣ ва ғайра муайян шудааст.
     Дар луғати ҳуқуқии амрикоии Генри Блэк таҳти мафҳуми коррупсия «кирдоре, ки бо нияти пешниҳод намудани имтиёзоте, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидааст ва мухолифи уҳдадориҳои расмию мансабии шахси мансабдор мебошад», инчунин «кирдори шахси мансабдор, ки ғайриқонунӣ аз ваколатҳояш ё мақомаш баҳри гирифтани афзалиятҳо барои худ ё дигар шахс суиистифода мекунад ва ин бар зидди ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дигарон равона шудааст», фаҳмида мешавад.
     Ба мазмуни муосир коррупсия мафҳуми васеъ аст, ки фарогири амалҳои гуногуни ба ҷамъият хавфнок ва хатаровар мебошад. Дар гузашта онро бештар бо додан ва гирифтани пора марбут медонистанд. Аммо, тавре зикр гардид, коррупсия амалҳои гуногунро дар бар мегирад, ки аз додану гирифтани пора берун мебошанд.          Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.
     Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст.        Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
      Мавриди зикр аст, ки дар адабиётҳои ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, инчунин қонунгузорӣ истилоҳи «мубориза бо коррупсия» ва «муқовимат бо коррупсия» татбиқ мегардад. Масалан, қаблан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005, №100 амал менамуд ва қонуни амалкунанда бошад, мушоҳида мегардад, ки номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро касб намудааст. Пеш аз ҳама номи қонун, ки истилоҳи «муқовимат»-ро касб намудааст, беасос нест.
      Сабаби асосии табдили «мубориза» ба «муқовимат» пеш аз ҳама фарогирии ҳама паҳлуҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва тадбирҳои зиддикоррупсионӣ дар мафҳуми мазкур мебошад. Яъне, мафҳуми «муқовимат» васеътар буда, моҳиятан мафҳуми «мубориза»-ро дар худ таҷассум менамояд. Тасдиқи ин гуфта дар мафҳуми муқовимат ба коррупсия, ки дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз аз 25 июли соли 2005, №100 пешбинӣ шуда буд, ки мубориза бо коррупсия ҷузъи таркибии мафҳуми муқовимат ба коррупсия муайян мегардид.
      Муҳаққиқони ватанӣ моҳияти коррупсияро бо роҳи муқоиса кардани он падидаҳои ба он монанд ё умумӣ, аз қабили порагирӣ (ришвахӯрӣ) дуруст дарк намуда, чунин менависад: аввалан, коррупсия – ин сӯистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ буда, порагирӣ (ришвахӯрӣ) яке аз шаклҳои коррупсия мебошад. Сониян, коррупсия ба ғайр аз порагирӣ метавонад боз дар дигар шаклҳо, аз ҷумла баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, истифода бурдан ё додани имтиёзу бартариятҳои ғайриқонунӣ дар мавриди тақсимоти сарватҳои ҷамъиятӣ, азхудкунӣ ё исрофкории амволи боваркардашуда, сохтакории хизматӣ, хешутаборчигӣ, гурӯҳбозӣ, дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектони хоҷагидор, маҳдудкунии рақобат ва ғайра зоҳир мешавад.
      Ш.М. Шарифзода чунин иброз менамояд, ки моҳияти коррупсия аз ду қисми таркибӣ иборат аст: 1) истифодаи амалҳои давлатӣ, ба даст овардани неъматҳои моддӣ, дигар неъматҳо ва афзалиятҳо; 2) ғайриқонунӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ супоридани чунин неъмату афзалиятҳо.
      Тибқи сархати якуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ.
      Дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бо коррупсия, ки 31 октябри соли 2003 қабул карда шудааст, мафҳуми коррупсия чунин шарҳ ёфтааст, «аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ, сӯиистифодаи салоҳиятҳое, ки ба онҳо бовар карда шудаанд, ба онҳо дар баробари порагирӣ, тасарруф, азхудкунӣ ё дигар намуд истифодабарии ғайриқонунии моликият, сӯиистифода аз нуфӯз ё мақоми хидматӣ, дорошавии ғайриқонунӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, қонунигардонии даромадҳо аз ҷиноят ва як қатор ҷиноятҳои дигар дохил мешаванд». Ҳамчунин, дар ин ҳуҷҷати барномавии СММ дар бораи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия чунин таърифи кутоҳ ва пурмазмун оварда шудааст: «Коррупсия – ин сӯиистифодаи ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ мебошад».
      Ба андешаи олимони ватанӣ У.А. Азиззода, Р.Л. Раҳимов коррупсия дар мазмуни маҳдуд ҳамчун ришваситонии шахсони мансабдори давлатӣ, ки қонунгузории ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо ҷиноят муқаррар кардааст, фаҳмида мешавад. Дар мазмуни васеъ бошад, мафҳуми коррупсия на танҳо ришваситонӣ, балки дигар амалҳои монанд ба ришваситонӣ (азонихудкунӣ, пора, таъмаҷӯӣ ва ғайра), инчунин доираи васеътари субъектонро фаро мегирад.
     Профессор С.В. Максимова қайд менамояд, ки коррупсия ин аз ҷониби мансабдорони давлатӣ ё дигар шахсони мансабдор (аз ҷумла вакилон ва судяҳо) ё кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо (аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ) истифодаи мақоми худ, барои ғайриқонунӣ ба даст овардани амвол, ҳуқуқ ба амвол, хидматрасониҳо ё имтиёзҳо (аз ҷумла хусусияти ғайримолумулкӣ дошта) ё пешниҳоди чунин амвол, ҳуқуқ ба он, хидматрасонӣ ё имтиёзҳо (аз ҷумла хусусияти ғайримолумулкӣ дошта) ба шахсони мансабдори хориҷӣ мебошад».
     Ба назари В.А. Баҳромбеков, Ф.С. Миров коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноке ба ҳисоб меравад, ки он барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон монеа шуда, роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамонро мебандад, нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат ба вуҷуд меорад ва минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудратӣ омадани шахсони тасодуфӣ заминагузорӣ менамояд.
     Купиршенко Н.П. бар он ақидааст, ки баҳсҳо дар самти истилоҳ ва ё мафҳуми коррупсия, ки андешаҳои гунонуни олимонро дар бар мегирад, хело зиёд мебошанд, ин олим изҳор доштааст, ки коррупсия, ин ришва, порагирӣ (таърифи маҳдуд) ва тамоми равандҳои манфӣ дар худи механизми идоракунии давлатӣ (таърифи васеъ) мебошад.
     С. Хурсандзода чунин иброз менамояд, ки коррупсия ин падидаи сирф номатлуби ҷамъиятӣ буда, барои давлату ҷомеа оқибатҳои харобиовар ва хисороти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро ба бор меорад. Коррупсия падидаи манфии иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, фаҳмишҳои мухталиф ва васеъро доро мебошад. Коррупсия бо мафҳумҳои «ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ» маҳдуд намегардад. Ҳангоми ҷой доштани ҳуқуқвайронкуниҳои коррпусионӣ падидаи мазкур аз нуқтаи назари меъёрӣ-ҳуқуқӣ баҳогузорӣ карда мешавад, аммо коррупсия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ мазмунан васеъ буда, мавзӯи омӯзиши дигар соҳаҳои илм низ мебошад.
     В.В. Астанин мафҳуми коррупсияро чунин ифода менамояд: «коррупсия падидаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии таназзули муносибатҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳокимият мебошад, ки дар порагирӣ, истифодаи мақоми хизматиашон ва имкониятҳо аз ҷониби шахсони мансабдор зоҳир мегардад».
     Коррупсия амали норавову ғайриқонунӣ буда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ аз ҷониби ашхоси дорои ваколатҳои мансабӣ ва барои иҷрои кори шахсони корафтода содир мегардад.
      Ба андешаи А.Л. Симон коррупсия гарчанде як кирдор, як амали фарогиру маҷмӯӣ бошад, он аз ҷузъиётҳои мушаххас иборат аст ва танҳо дар раванди пурраи гардидани ин ҷузъиётҳо он шакли мукаммалро ба худ касб мекунад. Яъне манзур аз ин навиштанҳо дар он аст, ки қабул накардани коррупсия ҳамчун омили ба ҷомеа зараровар, пеш аз ҳама аз қабул нагардидани ҷузъиётҳои он иборат аст, агар онҳо қабул нагарданд ва аз нуқтаи назари менталӣ ҷомеа ба онҳо ҳисси нафрат пайдо нанамояд, пас муқовимат низ самаранок нахоҳад буд.
     Ш.М. Шарифзода чунин қайд менамояд, ки коррупсия фарсудашавии ҳокимият аст, ҳамон тавре, ки занг оҳанро фарсуда менамояд, коррупсия низ дастгоҳи давлатро хароб намуда, устувории ахлоқи ҷомеа ва бовариро ба он коста мегардонад ва ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ соҳаҳои асосии ҳаётан муҳими шаҳрвандонро фаро гирифта, ба шуурнокии ахлоқӣ ва ҳуқуқии онҳо, инчунин тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад.
     С. Стефан иброз менамояд, ки коррупсия истифодаи мақоми боваринок дар ин ё он шохаҳои ҳокимияти давлатӣ (иҷроия, қонунгузор ва судӣ) ё дар созмонҳои сиёсӣ ва дигар ташкилот бо мақсади гирифтани манфиати моддӣ барои худ ва дигарон, ки қонунӣ нест, мебошад.
      Инчунин, коррупсия падидаи бисёрсамта (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва психологию ахлоқӣ) буда, моҳиятан маҳсули ҷамъият мебошад, чунки ин падида арзиши ҷамъиятӣ дошта, аз тарафи аъзоёни ҷамъият пардохта мешавад, ба ҷараёнхои муҳимтарини ҷомеа худро мерасонад, решаи чуқури таърихӣ ва аҳамияти глобалӣ касб намуда, чун ба одати муқаррарӣ ё қоидаи рафтори ҳатмӣ табдил меёбад.
     Коррупсия чунин оқибатҳои номатлуби иҷтимоиро ба вуҷуд меорад:
  •  васеъ гаштани доираи иқтисоди пинҳонӣ, ки ба кам шудани андоз ва заиф гардидани буҷаи давлатӣ боис мегардад;
  •  хароб гаштани рақобати солим дар бозор;
  •  ғайрисамаранок истифода гардидани буҷаи давлатӣ;
  • фазои сармоягузорӣ хароб мегардад;
  •  намояндагони фасодзадаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мустаҳкамшавии гурӯҳҳои ҷиноятӣ мусоидат мекунанд;
  • ҳуқуқ ҳамчун воситаи зӯроварӣ истифода мешавад;
  •  шиддати иҷтимоӣ боло меравад ва ба устувории иҷтимоӣ ва сиёсӣ хатарҳо эҷод менамояд;
  •  мансабдорон ва дигар мақомоти давлатӣ на ба манфиати шаҳрвандон, балки барои таъмини ҳокимияти гурӯҳи ҳукумрон хизмат мекунанд;
  •  боварӣ ба ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ поён меравад, аҳолӣ аз ҳокимият бегона мегарданд;
  •  обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ поён меравад;
  •  нигилизми ҳуқуқӣ меафзояд, арзишҳои демократӣ моҳияти худро дар чашми аҳолӣ гум мекунанд.
      Ба андешаи С. Хурсандзода оқибатҳои манфии иҷтимоии коррупсия низ хеле зиёданд – коррупсия арзишҳои дар ҷомеа эълоншударо осебпазир менамояд, дар равони аъзоёни ҷомеа «стандартҳои дугона»-ро шакл медиҳад, дар ахлоқ ва рафтори инсонҳо арзишҳои номатлубро ҷой мекунад, коррупсия барои тақсими беадолатонаи неъматҳо мусоидат намуда, нуфузи ҳуқуқро ҳамчун механизми танзими ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ ба поён мебарад, эътимоди ҷомеа ба ҳокимиятро коҳиш медиҳад.
     Муқовимат ба коррупсия  ин фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
     Яке аз ҷузъҳои таркибии муқовимат ба коррупсия пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад. Пешгирии коррупсия - фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти огоҳ, пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, кушодан, таҳқиқу тафтиши кирдорҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат мекунанд.
     Пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;
5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
     Вазифаҳои асосии пешгирии коррупсия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия; амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқобилият бо коррупсия; васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; тавсеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия иборат мебошад.
      Ҳамин тавр, коррупсия сӯиистифода аз мақоми хизматӣ, додан ва гирифтани пора, сӯиистифодаи ваколатҳои хизматӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ ё истифодаи дигари ғайриқонунии шахси воқеӣ аз мақоми мансабии худ, бар хилофи манфиатҳои қонунии ҷомеа ва давлат бо мақсади ба даст овардани манфиат дар шакли пул, ашёи қиматбаҳо ва ё дигар амвол фаҳмида мешавад.
 
Тоирзода Малика Тоир,
сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Исмоилӣ Ифтихор Исроил,
сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)