ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Пешгирии зӯроварӣ дар оила - қадами устувор ба сӯи ҷомеаи амн ва солим

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 30/05/2025 - 16:59
 “Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарки аҳаммияти ниҳоди оила дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафти давлат, инчунин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ принсипи ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ташаккули ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила эътибори конститутсионӣ касб намуд ва ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гардид”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
     Оила пояи асосии ҷамъият ва макони ташаккули шахсият, ахлоқ ва ҷаҳонбинии инсон маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди оилаи солиму устувор ва таълиму тарбияи кӯдакон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
     Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд[1].
    Дар ҷараёни амалишавии ҳуқуқҳои зикршуда, зӯроварӣ дар муҳити оилавӣ ҳамчун як падидаи нигаронкунанда ба назар мерасад, ки на танҳо ба саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии аъзои оила осеб мерасонад, балки барои тамоми ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
     Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдона ё таҳдиди содир намудани кирдори дорои хусусияти ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ, инчунин муносибати беэътиноёнаи аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои ин шахсонро поймол мекунанд ва ё поймол карда метавонанд, шаъну шарафи онҳоро паст мезананд, зарари ҷисмонӣ ва ё руҳӣ мерасонанд ва ба маҷбуран ё қасдан маҳрум сохтан аз озодӣ оварда мерасонанд [2].
     Сабабҳои асосии зӯроварӣ дар оила гуногун буда, метавонанд аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, беназоратӣ дар муносибатҳои оилавӣ, вобастагии моддӣ, нашъамандӣ ё майнӯшии яке аз аъзои хонавода ва дигарҳо омилҳо маншаъ гиранд. Зӯроварӣ дар оила ин як навъ поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад, ки худмуҳофизаткунии ҷабрдидаро ғайриимкон месозад. Яъне, барои ин амал нобаробарии қувва хос буда, як тараф аз ҷиҳати қувваю қудрат нисбати тарафи дигар бартарӣ пайдо намуда, ӯро тобеи худ месозад ва бечунучаро иҷрокунандаи хоҳишҳои шахсии худ мегардонад. Зӯровар мехоҳад, ки аз лиҳози иқтисодӣ, моддӣ, ҷисмонӣ, ақлӣ ва равонӣ бартарии худро нисбат ба аъзои оила нишон диҳад.
     Бо назардошти муҳимияти масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат бо ин падида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013, № 954 қабул карда шуд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
     Дар баробари Қонуни болозикр дар ин раванд бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ду марҳила (солҳои 2014-2023 ва 2025-2030) барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
     Барномаҳои мазкур ҷиҳати муайян намудани мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар ин самт равона шудааст. Ҳадафи санадҳои зикршуда ҳифзи ҳуқуқҳои оила ҳамчун асоси ҷамъият, пешгирии зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, баланд бардоштани масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, густариши ҳамкории вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт мебошад [3].
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамчун маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро, танҳо ба ҳамин восита ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда имконпазир мегардад.
     Яке аз роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила таҳкими маърифати оиладории ҳар як аъзои он ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон фанни «Маърифати оиладорӣ» ҳамчун дарси асосии таълимӣ ва фанни «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» ба сифати дарси иловагии тарбиявӣ ба барномаҳои таълим ворид карда шуд [4].
     Бояд зикр намуд, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила масъулияти ҳам давлатӣ ва ҳам ҷамъиятӣ мебошад. Яъне, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт давлат ва ҷомеа бояд ҳамкорӣ намоянд то муҳити оилавии барои ҳар як узви оила солим ва осоишта таъмин карда шавад.
     Татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуку манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад. Кумита дар ҳамкорӣ бо субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила мусоидат менамояд.
     Инчунин, бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 116 Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Вазифаҳои асосии Шуро аз инҳо иборатанд:
- таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба амалисозии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва расонидани кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ;
- омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳияи пешниҳодҳо доир ба дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила;
- гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳолати ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила;
- ҳалли масъалаҳои дигари марбут ба пешгирии зӯроварӣ дар оила[5].
     Дар самти амалисозии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд пайваста ҳамкорӣ менамояд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021 барномаи муштараки ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо “Нури рушноӣ” тасдиқ гардида амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи барнома хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ва бархурдор гардидани онҳо аз ҳуқуқҳояшон мебошад.
     Мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад[6].
     Кодекси оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии зану мардро дар муносибати оилавӣ танзим намуда, ба таҳкими оила ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои он мусоидат мекунад, Кодекси оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи ҳуқуқуқу озодиҳои ҳар як узви оила асос ёфта, баробарии зану мардро дар оила таъмин мекунад. Ин Кодекс барои мустаҳкам кардани муносибатҳои солим ва дӯстона дар муҳити оилавӣ замина фароҳам оварда муқаррароташ ба тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми тарафайн ва пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ равона шудааст.
     Бояд қайд намуд, ки қонунгузор вобаста ба зӯроварӣ дар оила ҷавобгарии маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
Ҷавобгарии маданӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила метавонад дар ҳолатҳои зерин амали шавад.
- Ба аъзои оила зарари молиявӣ ё маънавӣ расонида шудааст;
- Ҳуқуқи шахсӣ, молу мулк, шаъну шараф, обрӯ ва ғайра поймол шудааст.
     Масалан моддаи 16 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон «Товонӣ заррари маънавӣ» мебошад. Агар ба шахси воқеӣ дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиаш ё амалҳои суиқасдкунанда ба неъматҳои дигари ғайримолумулкиаш, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун зарари маънавӣ (азоби руҳӣ ё ҷисмонӣ) расонда шуда бошад, суд метавонад шахси вайронкардаро ба товони зарар уҳдадор кунад.
     Нақши ин модда дар пешгирии зӯроварӣ дар оила хело муҳим аст. Ин модда барои қурбониёни зӯроварии оилавӣ  асоси ҳуқуқии муроҷиат ба суд барои ҷуброни зарари маънавӣ фароҳам меорад. Он метавонад барои ҳолатҳои зерин истифода шавад:
- латукӯб ё таҳдиди ҳамсар ё фарзанд;
- таҳқир ва фишори равонӣ дар хона;
- манъи озодӣ ва дахолат ба ҳаёти шахсӣ.
Мувофиқи моддаи 1226-и ҳамин Кодекс «Андозаи товони зарарӣ маънавӣ» чунин мебошад.
1. Зарари маънавӣ дар шакли пулӣ товон карда мешавад.
2. Андозаи товони зарари маънавӣ вобаста ба хусусияти ба ҷабрдида расондани азоби руҳӣ ё ҷисмонӣ, инчунин дараҷаи гуноҳи расонандаи зарар дар ҳолатҳое, ки агар гуноҳ асоси товон бошад, аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани андозаи товони зарар бояд талаботи оқилона ва одилона ба инобат гирифта шаванд.
3. Хусусиятҳои азоби руҳӣ ё ҷисмонӣ аз ҷониби суд бо назардошти ҳолатҳои воқеӣ, ки дар натиҷаи он зарари маънавӣ расонда шудааст ва ҳолатҳои инфиродии ҷабрдида баҳо дода мешавад.
4. Зарари маънавӣ, новобаста ба ҷуброни зарари молумулкии ситонидашаванда, товон карда мешавад[7].
     Мутобиқи моддаи 93(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Мувофиқи Кодекси мазкур барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад[8].
     Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳида вобаста ба зӯроварӣ дар оила мавҷуд набуда, дар сурати содир гардидани кирдорҳои алоқаманд бо моддаҳои 110 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), моддаи 111 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ), моддаи 112 (қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ), моддаи 116 (лату кӯб), моддаи 117 (азобу уқубат) ва моддаи 120 (таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) Кодекси зикршуда банду баст намудани кирдори шахс имконпазир мегардад. Ҳар яке аз ин моддаҳо вобаста ба дараҷаи зарар ё таҳдид ҷазоҳои мувофиқро пешбинӣ менамояд [9].
     Хулоса, зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба рушди устувори ҷомеа, мустаҳкамии оила ва таъмини амнияти шахсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳурот, ки аксаран дар муҳити маҳрамонаи оилавӣ рух медиҳад, на танҳо ба ҷисму равони қурбониён, балки ба тамоми низоми арзишҳои иҷтимоӣ латма мерасонад. Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои гуногуни зӯроварӣ, аз ҷумла сатҳи пасти маърифат, мушкилоти иқтисодӣ, бартариятҳои гендерӣ ва набудани муҳити солими муошират, ба таври возеҳ дарк мегардад, ки мубориза бо ин зуҳурот бояд ҳамаҷониба ва пайваста бошад.
     Ҷомеае, ки мехоҳад дар он адолат, амният ва рушди инсонӣ ҳукмрон бошад, бояд решаҳои зӯровариро бишиносад ва бар зидди он тадбирҳои муассир андешад. Пешгирии зӯроварӣ дар оила ин танҳо як амали ҷудогона нест, балки раванди пайдарпай ва мутамарказонаест, ки ҳамкорӣ ва иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фардро талаб мекунад. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем ба сӯи ҷомеае, ки дар он эҳтиром, баробарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пояи асосии муносибатҳои иҷтимоиро ташкил медиҳанд, қадами устувор гузорем.
 
ОДИНАЗОДА ФАРИДА ШАМСУЛЛО
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Руйхати адабиётҳои истифодашуда:
  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 4.05.2025);
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, №954// Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 01.05.2025);
  3. Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 -2030, 26 декабри соли 2024, № 689// Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 20.05.2025);
  4. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар аз 07.03.2025, Манбаи дастрасӣ: https://president.tj/event/speeches/49921;
  5. Низомномаи Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2025 №116//Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 20.05.2025);
  6. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, №682 // Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 01.05.2025);
  7. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.12.2022, №1918// Манбаи дастрасӣ: https://mmk.tj/content (санаи муроҷиат: 20.05.2025);
  8. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №455 Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 26.04.2025)
  9. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, №574 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 02.05.2025).
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад