ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 25/04/2025 - 14:27
     Танзими ҳуқуқӣ - раванди таъсири мақсадноки давлат ба муносибатҳои ҷамъиятӣ бо ёрии воситаҳо ва усулҳои махсуси ҳуқуқӣ буда, ба мӯътадилсозӣ ва батартиб даровардани онҳо равона шудааст.
     Танзими ҳуқуқӣ яке аз унсурҳои таркибии таъсири ҳуқуқӣ буда, на танҳо фаъолияти мақсаднок оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки таъсири ғайримустақими воситаҳо ва усулҳои ҳуқуқиро ба субъектҳое, ки бевосита ба танзими ҳуқуқӣ дохил намешаванд, дар бар мегирад.
     Ба мавзуи танзими ҳуқуқӣ муносибатҳои устувори якхелаи ҷамъиятӣ дохил мешаванд, ки бо ёрии воситаҳо ва усулҳои махсуси ҳуқуқӣ ба тартиб дароварда мешаванд [1]. Яке аз муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки мавзуи танзими ҳуқуқӣ мебошад, ин нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
     Танзими ҳуқуқии нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ба роҳ монда шудааст, ки онҳоро аз рӯи эътибори ҳуқуқиашон ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Қонунҳои конститутсионӣ;
3) Кодексҳо ва қонунҳо;
4) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ.
     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими ҳуқуқии нишондиҳанда барои ҳисобҳо мавқеи асосиро ишғол менамояд. Зеро Конститутсия қонуни асосии давлат буда, дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ инъикоси худро меёбанд. Меъёрҳои он асосҳои ҳуқуқии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро муайян мекунанд. Конститутсия чун санади ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, дар он масъалаҳои асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мушаххас муайян карда шудаанд [2].
     Тибқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
     Мутобиқи моддаи 59 Конститутсия лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад ва тибқи моддаи 60 Конститутсия бошад, қонун дар бораи буҷети давлатӣ танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад. Маҳз дар заминаи Конститутсия қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор” андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола дар ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.
   Танзими ҳуқуқии нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба таври ғайримустақим дар қонунҳои конститутсионӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” [3], “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” [4] ва “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” [5].
     Масалан, тибқи қисми сеюми моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз маблағҳои зерин метавонанд ташкил карда шаванд:
- маблағҳои шахсии номзад ба вакилӣ, ки он набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд;
- маблағи ҳизби сиёсӣ барои номзаде, ки ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатии интихобот пешбарӣ намудааст, набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;
- маблағҳои хазинаи интихоботии ҳизби сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудааст, набояд аз 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд.
     Дар баробари Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ кодексҳо низ дар  танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо нақши назаррас доранд. Аз ҷумла, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Масалан: дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 22 маврид нишондиҳанда барои ҳисобҳо танзим гардидааст, ки барои ҳисоб кардани андозҳо татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, мутобиқи қисми якуми моддаи 189 Кодекси мазкур даромадҳои шахсони воқеӣ андозбандӣ карда намешаванд, агар:
- арзиши туҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд набошад;
- арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд набошад;
- арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд набошад ва ғ.
    Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳисоб кардани ҷарима ҳамчун ҷазо танзим гардидааст.
    Масалан: тибқи қисми дуюми моддаи 25 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият дониста мешавад, ки дар натиҷаи он ба шахси воқеӣ ба андозаи то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахси ҳуқуқӣ ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарари моддӣ расонида шуда бошад. Ё ин ки тибқи қисми дуюми моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз сад то бисту як ҳазору нӯҳсад андозаи муқарраршудаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир шудани ҷиноят амал мекард таъин карда мешавад.
     Дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими ҳуқуқии нишондиҳанда барои ҳисобҳо мавқеи хоса доранд. Аз ҷумла: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор” “Дар бораи боҷи давлатӣ” “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”; “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” “Дар бораи ҳимояи рақобат” “Дар бораи хизмати дипломатӣ” “Дар бораи гаравхона” “Дар бораи нотариати давлатӣ”; “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ” “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии чернобил зарар дидаанд” “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок” “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ” “Дар бораи муфлисшавӣ” “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва  “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”.
     Бояд қайд намуд, ки санади меъёрии ҳуқуқии махсус ва соҳавие, ки бевосита муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба нишондиҳанда барои ҳисобҳоро танзим менамояд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” мебошад.
     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” 20 июни соли 2024, № 2065 қабул гардида, аз 3 модда иборат аст.
     Мутобиқи моддаи 1 Қонуни мазкур нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҷарима ҳамчун ҷазо, ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзишӣ (ҳадди ақал ва ё ниҳоӣ), кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
     Муқаррар намудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, чун қоида, бо назардошти сатҳи таваррум, ки тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дарпешистодаи банақшагирӣ муқаррар шудааст, сурат мегирад.
     Боиси зикр аст, ки бо қабули Қонуни мазкур дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” , ки 5 январи соли 2008, №350 ќабул гардида буд, аз эътибор соқит дониста шуд. Қонуни мазкур низ аз 3 модда иборат буд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба нишондиҳанда барои ҳисобҳоро танзим менамуд.
     Санади дигари меъёрии ҳуқуқие, ки бевосита ҳар сол андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳоро муайян менамояд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор” мебошад.
     Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” аз 1 январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 75 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
     Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 72 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Қобили зикр аст, ки дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низ дар танзими ҳуқуқии нишондиҳанда барои ҳисобҳо нақши назаррас доранд. Аз ҷумла: қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҳодисаҳои фалокатовар ҳатман суғуртаи давлатӣ кардани заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд” “Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт” “Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо” “Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо” “Дар бораи тадбирҳои таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ, ки муваққатан дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд” “Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)” “Қоидаҳои таъин ва пардохти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Тартиби баҳисобгирии давлатии сӯхтор ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст” “Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ” “Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ” “Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон” “Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҷубронпулии ҳармоҳа ба хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷораи хонаи истиқоматӣ” “Дар бораи тартиб ва андозаҳои ҷуброни хароҷоти машваратчиёни халқӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳо дар суд” “Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд” “Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат” “Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаина ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ” “Меъёрҳо ва тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд”; “Тартиби гузаронидани экспертизаи ғайридавлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва аккредитатсияи коршиносон” “Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ” “Тартиб ва меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда” “Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; “Дар бораи андоза ва тартиби пардохти ҳаққи хизмат барои адвокате, ки ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иштирок менамояд” “Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун дар хусуси ба консессия пешниҳод намудани объект” “Тартиби хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” “Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ” “Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ” “Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”; “Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда” “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” “Тартиби пардохт ва андозаи ҳаққи хизмати адвокатҳо барои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа” “Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда” “Тартиби амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” “Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Тартиб ва шартҳои таъмини имтиёзноки гурӯҳи шахсон бо дору ва молҳои тиббӣ” “Тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводди рекламавии шахси ҳуқуқӣ” ва “Тартиби таъин намудани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
     Масалан: тибқи банди 8 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт” аз 10 июни соли 1996, №264 ҷуброни суғуртавӣ барои зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидашуда - то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои расонидани зарари моддӣ ба шаҳрвандон - то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохта мешавад. Ё ин ки тибқи банди 3 тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводди рекламавии шахси ҳуқуқӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №176 тасдиқ шудааст, ташкилотҳои тиҷоратӣ ба номи худ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат)-ро дар ҳолатҳое истифода бурда метавонанд, агар андозаи саҳм дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ на камтар аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил диҳад.
     Ҳамин тариқ, танзими ҳуқуқии нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, бо доираи васеи санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар яке аз онҳо аз рӯи эътибори ҳуқуқиашон дар танзими ҳуқуқии нишондиҳанда барои ҳисобҳо мавқеи хоса доранд.
 
Рўйхати адабиёт:
2. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Душанбе – 2017. – с. 84;
3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811 с. 2014, № 3, мод. 140, № 7, қ. 1, мод. 382 с. 2017, № 7-8, мод. 562; с. 2018, № 2, мод. 61, №9-10, мод. 581) (Қонуни конст.ҶТ аз 15.07.2004 № 44, от 12.05.2007 № 256, от 6.10.2008 № 444, аз 01.08.2012 № 896, аз 14.03.2014 № 1065, аз 26.07.2014 № 1086, аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508, аз 19.07.2019 № 1639);
4. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 517; с. 2003, № 12, мод. 689; с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, № 7, мод. 397; с. 2006, № 3, мод. 145; с. 2007, № 7, мод. 654; с. 2011, № 12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, № 8, мод. 812; с. 2016, № 7, мод. 601; с. 2017, №7-9, мод. 564); (Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 61, аз 9.12.2004 № 71, аз 25.07.2005 № 106, аз 3.03.2006 № 163, аз 30.07.2007 № 304, аз 26.12.2011 № 795, аз 26.12.2011 № 796, аз 01.08.2012 № 897, аз 23.07.2016 № 1324, аз 18.07.2017 № 1454, аз 17.12.2020 № 1749, аз 25.06.2021 № 1799, аз 08.06.2022 № 1871, аз 19.07.2022 № 1889);
5. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олип Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ.1, мод. 379; с. 2015, № 3, мод. 197, № 7-9, мод. 697); (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175, аз 8.08.2015 № 1211, аз 30.05.2017 № 1409, аз 23.12.2021 №1805, аз 23.12.2021 №1806).
 
 
Шеров Шералӣ Зафарович,
 cардори шуъбаи қонунгузорӣ оид
ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти
бонкии Маркази миллии қонунгузории
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад